Главная страница

Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


Скачать 0.67 Mb.
НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
АнкорУголовный кодекс Таджикистана
Дата27.07.2022
Размер0.67 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файла1604807476303297.docx
ТипКодекс
#636887
страница39 из 51
1   ...   35   36   37   38   39   40   41   42   ...   51
Моддаи 384. Ѓайриќонунї истифода бурдани аломатњо ва нишонаҳои Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх

Ѓайриќонунї истифода бурдани аломатњо ва нишонаҳои фарќкунандаи Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх, њамчунин номи Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх, -

бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад.
Моддаи 385. Вайрон кардани ќоидањои њифзи хат ва иншооти алоќа, инчунин объектњое, ки тањти њифзи давлатї ќарор доранд

1. Вайрон кардани ќоидањои њифзи хати алоќа ё иншооти алоќа, агар ин кирдор боиси ќатъ гардидани алоќа гардида бошад ё тањдиди ќатъ гардидани алоќаро ба вуљуд оварда бошад, -

бо корњои њатмї ба муњлати то сад соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то се моњ ва ё љарима ба андозаи то сад нишондињанда барои њисобњо љазо дода мешавад.

2. Вайрон кардани ќоидањои њифзи хати алоќа, ки боиси вайрон гардидани хати кабелии алоќаи байнишањрї ё ќатъ гардидани алоќаи байнишањрї гардида бошад, -

бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад.

3. Вайрон кардани талабот оид ба таъмини бехатарии объектњое, ки тањти њифзи давлатї ќарор доранд, биноњои маќомоти давлатї ва муассисањои давлатї, ки боиси ѓасби онњо ё расонидани дигар оќибатњои вазнин гардида бошад, -

бо ҷарима ба андозаи то сесаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол љазо дода мешавад.
Моддаи 386. Ѓайриќонунї ворид, тайёр кардан, истењсол, соњиб шудан, ба соњибияти каси дигар додан ё истифодаи воситањои махсуси техникии барои пинњонї ба даст овардани иттилоот

1. Ѓайриќонунї ворид, тайёр кардан, истењсол, соњиб шудан, ба соњибияти каси дигар додан ё истифодаи воситањои махсуси техникии барои пинњонї ба даст овардани иттилоот, -

бо љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

2. Њамин кирдорњо, ки аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї ё ба андозаи калон содир шуда бошанд, -

бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешаванд.

3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, -

бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешаванд.
Моддаи 387. Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маљлисњо, гирдињамоињо, пикетгузорињо, роњпаймоињо ва намоишњои кўчагї

Ташкил, гузаронидан ва ё иштирок дар маљлис, гирдињамої, роњпаймої, пикетгузорї, намоиши ѓайриќонунї ё дигар чорабинии оммавии ѓайриќонунї, њамчунин мусоидат кардан барои ташкил ё гузаронидани чунин чорабинињо бо роњи додани бино, воситањои алоќа, таљњизот, наќлиёт, агар ин кирдорњо ба њуќуќ ва манфиатњои ќонунии шањрвандон ё ташкилот ё ин ки манфиатњои бо ќонун њифзшавандаи љамъият ё давлат зиёни назаррас расонида бошанд, -

 бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад.
Моддаи 388. Роњбарї намудан ба корпартої дар шароити вазъияти фавќулода

Роњбарї намудан ба корпартої дар шароити вазъияти фавќулода, њамчунин монеъ шудан ба кори корхона, муассиса ва дигар ташкилот дар шароити вазъияти фавќулодда, -

бо ҷарима ба андозаи то сесаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.


Моддаи 389. Њаракатњои барангезанда барои давом додани иштирок дар корпартоии аз љониби суд ѓайриќонунї эътирофшуда

1. Даъват барои идома додани иштирок дар корпартоии аз љониби суд ѓайриќонунї эътирофшуда, ки ба таври оммавї ё бо истифода аз воситањои ахбори омма ё шабакањои телекоммуникатсионї содир шудаанд, њамчунин додани ришва ба коргарон бо ин маќсад, -

бо љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то як сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

2. Њамин кирдорњо, ки ба њуќуќ ва манфиатњои ќонунии шањрвандон ё ташкилот ва ё манфиатњои бо ќонун њифзшавандаи љамъият ё давлат зиёни назаррас расонидаанд ва ё боиси бетартибињои оммавї гардида бошанд, -

бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

Моддаи 390. Дахолати ѓайриќонунии аъзои иттињодияњои љамъиятї ба фаъолияти маќомоти давлатї

1. Аз тарафи аъзои иттињодияњои љамъиятї монеъ шудан ба фаъолияти ќонунии маќомоти давлатї ё соњиб шудани вазифањои маќомоти давлатї ё шахсони мансабдори онњо, њамчунин дар маќомоти давлатї ташкил кардани ташкилоти њизбњои сиёсї, агар ин кирдорњо ба њуќуќ ва манфиатњои ќонунии шањрвандон ё ташкилот ё ин ки манфиатњои бо ќонун њифзшавандаи љамъият ё давлат зиёни назаррас расонида бошанд, -

бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то як сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

2. Њамин кирдорњо, ки аз љониби роњбари иттињодияи љамъиятї содир шуда бошанд, -

бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.
Моддаи 391. Ташкил, роњбарї ва иштирок дар фаъолияти иттињодияњои љамъиятї ва дигар иттињодияњои ѓайриќонунї

1. Ташкил ё роњбарї ба иттињодияњои динї ё љамъиятї, ки фаъолияти он бо зуроварї ба шањрвандон ё расонидани зиён ба саломатии онњо алоќаманд аст ва ё ба водор намудани шањрвандон аз саркашї кардан аз иљрои уњдадорињои шањрвандї ва ё содир кардани дигар кирдорњои зиддињуќуќї алоќаманд аст, њамчунин ташкил ва роњбарї ба њизби дар заминаи динї асос ёфта ва ё њизби сиёсї ва иттифоќи касбии аз сарчашмањои бо ќонунњои Љумњурии Тољикистон манъшуда маблаѓгузоришаванда, -

бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

2. Ташкили иттињодияњои љамъиятї, ки тањаммулнопазирї ё махсусияти иљтимої, нажодї, миллї, мањалгарої ё динї (мазњабї) ё дигарро эълон мекунад ё амалї месозад, бо зуроварї аз байн бурдани сохти конститутсионї, ноустувор сохтани амнияти давлат ё таљовуз ба тамомияти худуди Љумњурии Тољикистон даъват менамояд, њамчунин роњбарї ба чунин иттињодия,-

бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

3. Иштироки фаъол дар фаъолияти иттињодияњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, -

бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол дода мешавад.
Моддаи 392. Ташкил ва иштирок намудан дар фаъолияти иттињодияи љамъиятї ё динї ва ё ташкилоти дигар баъди ќарори суд оид ба манъи фаъолият ё барњамдињии онњо бо сабаби аз љониби онњо ба амалбарории экстремизм (ифротгарої) ё терроризм

1. Ташкили фаъолияти иттињодияи љамъиятї ё динї ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он ќарори эътибори ќонунї пайдо кардаи суд дар бораи манъ ё барњам додани фаъолияти онњо бо сабаби аз љониби онњо ба амалбарории экстремизм (ифротгарої) ё терроризм, -

бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

2. Иштирок дар фаъолияти иттињодияи љамъиятї ё динї ё дигар ташкилоте, ки нисбати он ќарори эътибори ќонунї пайдокардаи суд дар бораи манъ ё барњам додани фаъолияти онњо бо сабаби аз љониби онњо ба амалбарории экстремизм (ифротгарої) ё терроризм, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онњо бо истифода аз воситањои ахбори омма, интернет ё шабакањои алоќаи барќї, -

бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

Эзоњ: шахсе, ки иштирокашро ихтиёран дар фаъолияти иттињодияњои љамъиятї ё динї ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он ќарори эътибори ќонунї пайдо кардаи суд дар бораи манъ ё барњам додани фаъолияти онњо бо сабаби аз љониби онњо ба амалбарории экстремизм (ифротгарої) ё терроризм ќатъ намудааст, аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад, агар дар кирдори ў таркиби љинояти дигар мављуд набошад.
Моддаи 393. Мусоидат намудан ба њизбњои сиёсї ва иттифоќњои касбии давлатњои хориљї

Маблаѓгузорї, додани бино ё молу мулк, њамчунин расонидани мусоидати дигар ба њизбњои сиёсї ё иттифоќњои касбии давлатњои дигар, агар ин кирдор боиси расонидани зиёни назаррас ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилот ва ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷамъият ё давлат гардида бошад, -

бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад.
Моддаи 394. Худсарона ишѓол намудани ќитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он

1. Худсарона ишѓол намудани ќитъаи замин, ки дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад, -

бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

2. Сохтмони худсарона дар ќитъаи замини худсарона ишѓолнамуда, новобаста аз татбиќи љазои маъмурї, -

бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол љазо дода мешавад.

3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки:

1) якчандкарата;

2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї содир шуда бошанд,-

бо љарима ба андозаи аз панљсаду чил то як њазору њаштод нишондињанда барои њисобњо ё мањрум сохтан аз озодї ба мўњлати аз се то шаш сол љазо дода мешаванд.
Моддаи 395. Ѓайриќонунї додани ќитъаи замин

1. Ѓайриќонунї додани ќитъаи замин, -

бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол љазо дода мешавад.

2. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, агар:

1) якчандкарата;

2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї;

3) бо истифода аз маќоми хизматї содир шуда бошад,-

бо љарима ба андозаи аз панљсаду чил то як њазору њаштод нишондињанда барои њисобњо ё мањрум сохтан аз озодї ба мўњлати аз се то шаш сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба мўњлати то панљ сол љазо дода мешавад.

БОБИ 33. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТЇ БА МУЌОБИЛИ АДОЛАТИ СУДЇ ВА ТАРТИБИ ИЉРОИ ЉАЗО
1   ...   35   36   37   38   39   40   41   42   ...   51


написать администратору сайта