Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
Скачать 0.67 Mb.
|
бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дувоздањ то понздањ сол ва ё якумра мањрум сохтан аз озодї ва ё љазои ќатл љазо дода мешавад.Моддаи 342. Таљовуз ба њаёти Президенти Љумњурии Тољикистон Таљовуз ба њаёти Президенти Љумњурии Тољикистон, ки бо маќсади ќатъ намудани фаъолияти давлатии ў ва ё ќассос барои чунин фаъолият содир шуда бошад, -бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дувоздањ то понздањ сол ва ё якумра мањрум сохтан аз озодї ва ё љазои ќатл љазо дода мешавад.Моддаи 343. Тарѓиб ё даъвати оммавї барои ѓасб ё нигоњ доштани њокимият, њамчунин ѓасб ё нигоњ доштани њокимият ва ё бо зўроварї таѓйир додани сохтори конститутсионии Љумњурии Тољикистон ё фаъолияти људоихоњї 1. Тарѓиб ё даъвати оммавї барои бо зўроварї ѓасб кардан ё бо зўроварї нигоњ доштани њокимият бар хилофи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ноустувор сохтани амнияти давлат ва ё бо зўроварї таѓйир додани сохтори конститутсионии Љумњурии Тољикистон ё вайрон кардани ягонагї ва тамомияти арзии Љумњурии Тољикистон, дахлнопазирї ва таќсимнопазирии њудуди он ва ё зидди њамгироии давлат, њамчунин тайёр, нигоњ доштан бо маќсади пањн кардан ё пањн кардани маводи ин гуна мазмундошта, - бо љарима ба андозаи аз панљсаду чил то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то панљ сол љазо дода мешаванд. 2. Њамин кирдорњо, ки бо истифода аз мақоми хизматї ва ё аз љониби роњбари иттињоди љамъиятї ва ё бо истифода аз воситањои ахбори омма ё интернет ё шабакањои алоќаи барќї ва ё аз љониби гурўњи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо созиши пешакї, аз љумла бо истифодаи воситањое, ки аз сарчашмањои хориљї гирифта шудаанд, содир шуда бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муњлати аз панљ то дањ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд. 3. Њаракатњое, ки барои бо зўроварї ѓасб кардан ё бо зўроварї нигоњ доштани њокимият бар хилофи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва ё бо зўроварї таѓйир додани сохтори конститутсионии Љумњурии Тољикистон равона карда шудаанд, аз љумла бо маќсади вайрон кардани ягонагї ва тамомияти арзии Љумњурии Тољикистон, дахлнопазирї ва таќсимнопазирии њудуди он ва ё зидди њамгироии давлат содир шуда бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ сол ҷазо дода мешаванд. 4. Аз љониби намояндагони давлатњои хориљї, ташкилоти байналмилалї ё хориљї амалї намудани салоњияте, ки ба ваколати маќомоти дахлдор ва шахси мансабдори Љумњурии Тољикистон мансуб аст, - бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то як њазору дусаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол ҷазо дода мешаванд. Моддаи 344. Исёни мусаллаҳона 1. Ташкили исёни мусаллаҳона бо мақсади барњам ё тағйир додани сохтори конститутсионї ва ё вайрон кардани ягонагї ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дахлнопазирї ва таќсимнопазирии њудуди он, ҳамчунин ғасб ё нигоҳ доштани ҳокимият,- бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад. 2. Иштирок дар исёни мусаллаҳона,- бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад. Моддаи 345. Ташкил ё роњбарї ба гурўњ, ташкилот ё иттињоди экстремистї (ифротгарої) ё њамоњангсозї ва ё иштирок дар фаъолияти онњо 1. Ташкили гурўњ, ташкилот ё иттињоди экстремистї (ифротгарої) бо маќсади тайёр ва содир кардани љиноятњои экстремистї (ифротгарої) ё роњбарї намудан ба онњо, њамчунин њамоњангсозии фаъолияти онњо, - бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад. 2. Иштирок дар фаъолияти гурўњ, ташкилот ё иттињоди экстремистї (ифротгарої), - бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки бо истифода аз маќоми хизматї ва ё аз љониби роњбари иттињодияи љамъиятї содир шуда бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муњлати аз дувоздањ то понздањ сол бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни ҷазо дода мешаванд. Эзоҳ: шахсе, ки ихтиёран иштирокашро дар фаъолияти гурўњ, ташкилот ё иттињоди экстремистї (ифротгарої) ќатъ намудааст, агар дар њаракатњои ў таркиби дигар ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятї озод карда мешавад. Моддаи 346. Даъвати оммавї ба экстремизм ё сафедкунии оммавии экстремизм ё додани иљозат барои нашри маводи экстремистї дар матбаа ё пањн намудани он дар воситањои ахбори омма ва ё ташкили таълим ё гурўњи таълимии хусусияти динии экстремистидошта 1. Даъвати оммавї барои амалї намудани фаъолияти экстремистї ва ё сафедкунии оммавии экстремизм, аз љумла бо истифодаи воситањои ахбори омма ё интернет ё шабакањои алоќаи барќї, њамчунин додани иљозат барои нашри маводи экстремистї дар матбаа ё пањн намудани он дар воситањои ахбори омма бо маќсади анљоми фаъолияти экстремистї, агар дар давоми то як соли пас аз татбиќи љазои маъмурї барои чунин њуќуќвайронкунињо содир шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи аз яксаду њаштод то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат ҷазо дода мешаванд. 2. Ташкили таълим ё гурўњи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роњбарї ё иштирок дар чунин таълим новобаста аз љойи таълим, - бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешаванд. 3. Кирдорњои дар ќисми дуюми њамин модда пешбинишуда, ки бо истифода аз маќоми хизматї содир шуда бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодї ба муҳлати аз панљ то њашт сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд. Эзоњ: зери мафњуми сафедкунии оммавии экстремизм тарѓиби оммавї дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таљрибаи экстремизм, таклифи таќлид ва дастгирии он фањмида мешавад. Моддаи 347. Тањрибкорї 1. Бо маќсади ноустувор сохтани амнияти иќтисодї ва иќтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани таркиш, сўхтор ё дигар њаракатњое, ки барои аз кор баровардан ё вайрон кардани корхона, иншоот, роҳ ва воситањои наќлиёт, воситањои алоќа, объектњои таъминоти њаётии аҳолї, њамчунин ба њамин маќсадњо содир кардани зањролудкунии оммавї ё пањнкунии эпидемия ва эпизоотї равона шуда бошанд,- бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то даҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешаванд. 2. Њамин кирдорњо якчандкарата ё аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї ва ё гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз даҳ то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешаванд. Моддаи 348. Fайриќонунї љамъ ё пањн кардан ва ё ифшои сирри давлатї 1. Ѓайриќонунї љамъ кардани маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медињад, њамчунин пањн кардани маълумоти ѓайриќонунии дастрасгардида, ки сирри давлатиро ташкил медињад, њангоми мављуд набудани аломатњои хиёнат ба давлат ё љосусї,- бо мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодї ба њамин муҳлат ҷазо дода мешаванд. 2. Ифшои маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медињад, аз љониби шахсе, ки ин маълумот ба ў бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат, кор ва ё бо дигар асосњои бо ќонуни Љумњурии Тољикистон пешбинишуда ба ў маълум гардидааст, њангоми мављуд набудани аломатњои хиёнат ба давлат, - бо маҳрум сохтан аз озодї ба муҳлати то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки боиси фаро расидани зарари калон ё оќибатњои вазнин гардида бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодї ба муҳлати аз панљ то њашт сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд. Моддаи 349. Гум кардани њомилњои маълумоти дорои сирри давлатї 1. Аз беэњтиётї гум кардани њомили маълумоти дорои сирри давлатї аз ҷониби шахсе, ки ба ў вобаста ба хизмат, кор ва ё бо дигар асосњои бо ќонун пешбинишуда бовар карда шудааст, агар гум кардан дар натиљаи вайрон намудани қоидаҳои муқарраргардидаи муносибат бо ин њомилњо ба миён омада бошад, - бо љарима ба андозаи то яксаду панљоњ нишондињанда барои њисобњо бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки боиси фаро расидани зарари калон ё оќибатњои вазнин гардида бошад, - бо мањдуд кардани озодї ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд. БОБИ 31. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТИИ КОРРУПСИОНЇ ВА ДИГАР ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТЇ БА МУЌОБИЛИ МАНФИАТЊОИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТЇ ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТЇ Моддаи 350. Суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ 1. Аз љониби шахси ба иҷрои вазифањои давлатӣ ваколатдоршуда ва ё шахси ба ў баробаркардашуда ва ё шахси мансабдор истифода намудани ваколатњои хизматии худ бархилофи манфиатҳои хизматӣ бо мақсади гирифтани даромад ва бартарият барои худ ё шахсони дигар ё ташкилот ва ё расонидани зиён ба шахсони дигар ё ташкилот, агар ин кирдор боиси расонидани зиёни назаррас ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилот ва ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷомеа ё давлат гардида бошад, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 2. Кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз ҷониби шахси мансабдори давлатї ё роњбари маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ишѓолкунанда содир шуда бошад, - бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар қисмњои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки: 1) ба манфиати гурўњи љиноятї содир шуда бошанд; 2) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо мусодираи молу мулк, бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешаванд. Моддаи 351. Баромадан аз ҳадди њокимият ё ваколатҳои мансабї 1. Баромадан аз ҳадди њокимият ё ваколатҳои мансабї, яъне аз љониби шахси ба иҷрои вазифањои давлатӣ ваколатдоршуда ва ё шахси ба ў баробар кардашуда ва ё шахси мансабдор содир кардани њаракатњое, ки баръало аз њадди њуќуќ ва ваколатњои ў баромада ва боиси расонидани зиёни назаррас ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилот ва ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷомеа ё давлат гардида бошад, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 2. Кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз ҷониби шахси мансаби давлатї ё роњбари маќомоти мањаллии њокимияти давлатиро ишѓолкунанда содир шуда бошад,- бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар қисмњои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки: 1) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он; 2) бо истифодаи силоҳ ё воситаҳои махсус; 3) бо мақсади гирифтани фоида ва бартариятњо барои худ ё шахсони дигар ё ташкилот ва ё расонидани зиён ба шахсони дигар ё ташкилот содир шуда бошанд; 4) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо мусодираи молу мулк, бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешаванд. |