Главная страница
Навигация по странице:

  • АЗ СИЛСИЛАИ «АХТАРОНИ АДАБ» ҲАЙАТИ МУШОВАРА

  • ҲАЙАТИ ТАҲРИРИЯ

  • АБДУЛ

  • Абдулқодири Бедил . Мунтахабот .

  • ҒАЗАЛ ДАР ЭҶОДИЁТИ БЕДИЛ

  • Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи


    Скачать 0.85 Mb.
    НазваниеАхтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
    АнкорШпаргалка
    Дата15.09.2021
    Размер0.85 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлаАхтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил.docx
    ТипДокументы
    #232339
    страница1 из 35
      1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   35


    АХТАРОНИ АДАБ

    37

    ҲАЙАТИ МУШОВАРА ВА ТАҲРИРИЯИ

    50-ҶИЛДАИ ОСОРИ КЛАССИКОН ВА МУОСИРОН

    АЗ СИЛСИЛАИ «АХТАРОНИ АДАБ»

    ҲАЙАТИ МУШОВАРА
    Абдуҷаббор Раҳмонзода

    Шамсиддин Орумбекзода

    Фарҳод Раҳимӣ

    Низом Қосим

    Гулназар

    Сахидод Раҳматуллозода

    Гурез Сафар

    ҲАЙАТИ ТАҲРИРИЯ
    Абдулҳамид Самад

    Кароматулло Олимзода

    Абдураҳмон Абдуманнон

    Абдунабӣ Сатторзода

    Аламхон Кӯчаров

    Мирзо Муллоаҳмад

    Алии Муҳаммадии Хуросонӣ

    Муҳтарам Ҳотам



    АБДУЛҚОДИРИ БЕДИЛ



    МУНТАХАБОТ


    Душанбе

    «Адиб»

    2018




    ББК 84 Тоҷик 7-5

    Б-12

    Бо саъю кӯшиш ва муқаддимаву тавзеҳоти

    Бобобек Раҳимӣ

    Муҳаррир Мубашшир Акбарзод


    Б-12 Абдулқодири Бедил. Мунтахабот.

    – Душанбе, «Адиб», 2018, 480 саҳ.
    Дар ин маҷмӯа 500 ғазал аз ғазалиёти Бедил, ки наздик ба се ҳазоранд, интихоб ва таҳия гардидааст. Кӯшиш ба кор рафтааст, ки ғазалҳои нисбатан сода ва оммафаҳми шоир интихоб шаванд.

    ISBN 978-99947-2-538-0

    © Нашриёти «Адиб», 2018

    ҒАЗАЛ ДАР ЭҶОДИЁТИ БЕДИЛ
    Дар эҷодиёти Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) навъи адабии ғазал мақоми асосиро ишғол менамояд. Шуҳрат ва маҳбубияти шоир, пеш аз ҳама, ба ғазалиёти ӯ вобастагӣ дорад. Тамоми пайравон ва муқаллидони Бедил, асосан, ба ғазалҳои ӯ татаббуъ намудаанд. Худи шоир низ ба жанри ғазал таваҷҷуҳи хоса доштанашро зикр намудааст. Ба ақидаи ӯ, шоири ҳақиқӣ он аст, ки дар баҳри ғазал шиноварӣ карда тавонад:
    Бедил, гуҳари назм касерост, ки имрӯз

    Дар баҳри ғазал заврақи андеша давонад.
    Ба ақидаи Бедил, ғазал бояд баёнгари мавзӯи рӯз, баёнгари масъалаҳои воқеии зиндагӣ бошад, бар хилофи қасида, ки ифодагари орзуҳои хаёлист:
    Имрӯзат аз амал пайи фардо гирифтааст,

    Эй ғофил аз ғазал, ба хаёли қасида рав.
    Бедил аз он хуш аст, ки шеъри ӯ бозтобандаи авзои ҷаҳон аст. Дар шеъри ӯ ҳақиқати офоқро метавон мутолаа кард. Шеъри ӯ, ба монанди мавҷ, аз корномаи дарё хабар медиҳад:
    Сатре агар зи вазъи ҷаҳон вонавиштаем,

    Гардондаем рангу чалипо навиштаем.

    Аз нақши мо ҳақиқати офоқ хонданист,

    Чун мавҷ корномаи дарё навиштаем.
    Ба андешаи шоир, шеъре писанди хотири хонанда ё шунаванда шуда метавонад, ки дорои таъсири азиме бошад. Таъсири сухани ҳақиқиро бо асари тиру туфанг баробар кардан мумкин аст ва Бедил бо он менозад, ки каломи ӯ дорои ҳамин гуна таъсир аст.

    Хуш дор, ки бар гӯши азизон натавон хӯрд,

    Гар нест суханро асари тиру туфанге.
    Қобили қайд аст, ки таъсири шеъри Бедил бетараф ва умумӣ нест, балки таъсири душмангудозу дӯстнавоз аст:
    Мисраи тоза, ки аз баҳри хаёлам мавҷ аст,

    Дӯстро оби ҳаёт асту ба душман теғ аст.
    Дар осори шоир ғазал аз ҷиҳати миқдор низ мақоми аввалро дорост. Нашри кобулии ғазалиёти ӯ, ки комилтарин нусхаи чопист, аз 2838 ғазал иборат аст, ки теъдоди абёташ беш аз 30 ҳазор мебошад.

    Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) дар рисолае бо номи «Мутолааи Бедил дар партави андешаҳои Бергсон» навиштааст, ки аз ғазалиёти Бедил нусхаи хаттие дар назди ӯ мавҷуд аст, ки шомили 30 ҳазор байт мебошад (Ниг. Алҳоҷ Муҳаммад Иброҳими Зарғун. Нақди рисолаи Бедил дар партави андешаҳои Бергсон, Ҳирот-Афғонистон, саҳ.15).

    Дар китобхонаи Ризо Ромпури Ҳиндустон нусхае аз девони ғазалиёти Бедил мавҷуд аст, ки дорои 2870 ғазал буда, миқдори байтҳояш наздик ба 33 ҳазор аст. Дар ин нусхаи девон ғазалҳое ба назар мерасанд, ки аз нашрҳои комили куллиёти Бедил – нашри Сафдарӣ (Бамбай, 1299 қ) нашри Кобул (1341 ҳ.ш.) ва нашри Теҳрон (1376 ш.) берун мондаанд.

    Як хусусияти ин нусха ин аст, ки як идда ғазалҳои шоир – ғазалҳои мадҳӣ, ғазалҳои ҳаҷвӣ, ғазалҳои хайримақдам, ғазалҳои идона, ғазалҳои таърих, чанд ғазали бенуқта ва як ғазали муаммо ба он дохил нашудаанд. Агар ин гурӯҳ ғазалҳоро низ ба ғазалҳои нусхаи мазкур зам намоем, теъдоди ғазалҳои он афзунтар мешавад.

    Яке аз вижагиҳои ғазалиёти Бедил, чун ғазали аксари шоирони сабки ҳиндӣ, гуногунии мавзӯъ ва парешонии афкор дар доираи як ғазал аст. Дар ин ё он ғазал мавзӯъ ва масо­или гуногун ва ҳатто хилофи якдигар метавонанд паиҳам оянд. Дар ин гурӯҳи ғазалҳо ҳар як байт дорои мазмуни мус­тақил буда, маъмулан, як фикри тамомшударо дар бар мегирад. Барои мисол ғазалеро метавон зикр кард, ки матлааш байти зер аст:
    Безанг дар ин маҳфил оина намебошад,

    Он дил, ки тиҳӣ бошад аз кина, намебошад.
    Чунон ки гуфтем, дар ғазалиёти Бедил як маънии баитмомрасида дар доираи як байт ифода меёбад. Аммо, дар ниҳояти камӣ ҳам бошад, ифодаи як маъниро дар доираи ду байт низ дидан мумкин аст. Ду байти зер мисоли ин фикр шуда метавонанд:
    Назму насре, ки мекунам таҳрир,

    Беҳ, ки дар зиндагӣ кунад шодам.

    Варна, ҳайф аст нақшам аз паси марг.

    Гул занад бар мазори Беҳзодам.
    Дар девони Бедил ғазалҳои дар як мавзӯъ ё мавзӯъҳои ба ҳам наздик сурудашуда низ кам нестанд. Ба ин гурӯҳи ғазалҳо ғазалҳои «Танпарастон, ки ба ин обу намак айёшанд», «Дар такаллум аз надомат ҳеҷ кас осуда нест», «Ту гар худро набинӣ, нест олам ғайри дидораш»-ро дохил намудан мумкин аст.

    Мавзӯъ ва мундариҷаи ғазалиёти Бедил басо рангоранг ва доманадор мебошад. Баёни масъалаҳои ирфону тасаввуф, тасвири ишқу лаҳзаҳои гуворои ошиқӣ, тараннуми зебоиҳои ҳаёт, тасвири лаҳзаҳои гуногуни зиндагӣ, тасвири ҳолатҳои тағйирёбандаи рӯҳӣ, ситоиши инсон ва мақоми он дар зиндагӣ, тасвири баҳор ва манзараҳои зебои табиат, васфи хислатҳои ҳамидаи инсон, танқиди норасоиҳои ҷамъият, мазаммати хулқу атвори ношоистаи инсонҳо аз умдатарин мавзӯъҳои ғазалиёт ба шумор мераванд. Дар девони шоир дар мавзӯъҳои ҳасбиҳолӣ, ифтихор аз ҳунари шоирӣ, мадҳу ситоиши гурӯҳи муайяни одамон, изҳори дӯстӣ ва самимият нисбат ба шахсони наздик ва ғайра низ ғазалҳои зиёдеро пайдо намудан мумкин аст. Ғазалҳои Бедилро ба гурӯҳҳои ғазалҳои тавҳидӣ, ирфонӣ, ишқӣ, фалсафӣ, пандуахлоқӣ, ҳасбиҳолӣ, тавсифӣ, мадҳӣ, ҳаҷвӣ, ғазалҳои идона, ғазалҳои фахрӣ ва ғайра тақсим намудан мумкин аст. Бештари ғазалҳои Бедил ишқию ирфонӣ мебошанд. Аз ғазалҳои сирф ирфонии Бедил намунаи беҳтарин онест, ки бо матлаи зайл шурӯъ мешавад:
    Ба авҷи кибриё, к-аз паҳлуи аҷз аст роҳ он ҷо,

    Сари мӯе гар ин ҷо хам шавӣ, бишкан кулоҳ он ҷо.
    Ғазали дигаре, ки маънии аксари абёташ ирфону тасаввуф аст, ғазалест ба ин матлаъ:
    Пайвастагӣ ба Ҳақ зи ду олам буридан аст,

    Дидори дӯст ҳастии худро надидан аст.
    Ба гурӯҳи ғазалҳои ошиқонаи Бедил ҳам ғазалҳои ишқию ирфонӣ ва ҳам ғазалҳои дар мавзӯи ишқи воқеии инсонӣ эҷодшударо дохил намудан мумкин аст. Вақте ки мо ғазалҳои ошиқона мегӯем, ишқу ошиқии умумиро дар назар дорем, он хоҳ ишқи ирфонӣ бошаду хоҳ ишқи ҳаётии инсонӣ. Ҳангоми ба зоҳири маънӣ ё худ ба сурати маънӣ диққат додан, лаҳзаҳои ишқи воқеии инсониро мушоҳида менамоем. Яъне, тасвир ва баёни ишқи воқеии инсонӣ зоҳир ё худ сурати маънии байт аст. Зоҳири маънии байт ба аксари хонандагон дастрас бояд бошад ва лаззати эстетикие, ки аз хондани байт даст медиҳад, дар маънии зоҳирии он ифода меёбад. Агар мо дар ин ё он байт маънии ирфонии онро ҷустанӣ бошем, бояд ба ботини он диққат диҳем. Вале фаҳмидани маънии ботинии байт ба ҳар кас муяссар намешавад. Хонандае ба маънии ботинии байт сарфаҳм меравад, ки илова бар завқи шеърдонию шеърфаҳмӣ, аз илми тасаввуф низ огаҳӣ дошта бошад. Ғазалҳои «Нишоти ин баҳорам бе гули рӯят чӣ кор ояд?», «Ҳарчанд дар ин гулшан ҳар сӯ гули худрӯест», «Ба пирӣ ҳам наям ғофил зи ишқи он камонабрӯ»-ро аз ҷумлаи ғазалҳои ишқии шоир донистан мумкин аст.

    Яке аз мавзӯъҳои ба назар намоён дар ғазалиёти Бедил танқиди замон ва мазаммати золимон аст. Дар ин бора ғазалҳои зиёдеро, аз қабили «Ин давр даври ҳез аст, вазъи матин кӣ дорад?», «Бар санг зад замона зи бас сози ошно», «Имрӯз даври суҳбат вақфи ситамаёғист», «Халқро бар сари ҳар луқма зи бас саршиканист» ном бурдан мумкин аст. Шоир дар ин гурӯҳи ғазалҳо аз бемеҳрии даврон, каҷравии замона, беадолатиҳо дар зиндагӣ шикоят намуда, худи замонаро сабабгори ин нобаробариҳо медонад.

    Дар девони Бедил як идда ғазалҳо мавҷуданд, ки бо унвони умумии «Хайримақдам» маъруфанд. Ин гурӯҳи ғазалҳо дар таҳнияти қудуми дӯстон ва дигар иродатмандони шоир суруда шудаанд. Ғазалҳои «Эй баҳористони иқбол, эй чамансимо, биё», «Биё, эй ҷоми минои тараб нақши кафи поят», «Субҳи таманно дамид, дил чаманистон кунем», «Зиҳӣ, навиди хиромат баҳори иксирам» аз ҷумлаи ҳамин гуна ғазалҳо мебошанд.

    Дар девони Бедил ғазалҳои дар мадҳу ситоиши ҳокимони аср эҷодшударо низ дидан мукин аст. Ғазалҳои «Эй ҳама оёти қудрат зоҳир аз шони шумо», «Агар хуршеди гардунам вагар гарди сари роҳам», «Ту шамшери ҳақӣ, ҳар кас зи ғафлат бо ту бистезад», «Эй бағафлатхуфтагон, нури назар сомон кунед», «Биёр бода, ки бӯи баҳори ҷон омад», «Ёди он мавсим, ки бо ваҳми баҳору фасли дай», «Эй зафар шефтаи ҳиммати нусратфолат» ва ғайра аз қабили ғазалҳои мадҳии шоир мебошанд.

    Сабаби ба ин мавзӯъ рӯй овардани Бедил, аз як тараф, эҳтиёҷоти моддӣ бошад, аз тарафи дигар, ин аст, ки ӯ бо аксари мамдуҳони худ алоқаи дӯстӣ дошт. Гузашта аз ин, қисме аз ашъори мадҳии ӯ дар асари илтимос ва хоҳиши дӯстони наздикаш эҷод шудаанд. Ӯ дар ин бора дар чанд ҷои девонаш ишораҳо намудааст. Чунончи, дар муқаддимаи девон гуфтааст:
    Бедил, моро ҳарзадароӣ шон нест,

    Мадҳи миру ситоиши султон нест.

    З-ин даст каломе, ки зи мо мешунавӣ,

    Ғайр аз исори хидмати ёрон нест.
    Шоир дар ҷои дигар фармудааст:
    Мадҳу таърихи баъзе аз шоҳу амир

    Кардам ба таколифи азизон таҳрир.

    Онҳо мурданду ман пушаймон гаштам,

    Фитрат ба азоби қабр монд аз ташвир.
    Дар ғазалиёти Бедил тасвири баҳор ва манзараҳои зебои Ҳиндустон низ мавқеи намоён дорад. Ғазалҳои «Имрӯз навбаҳор аст, соғаркашон биёед», «Чашм во кун, ранги асроре дигар дорад баҳор», «Сайри гулзори кӣ, ё Раб, дар назар дорад баҳор?», «Субҳи кишвари Майвот ёсуминбаҳор аст ин» дар ҳамин мавзӯъ суруда шудаанд.

    Дар осори Бедил ба ғазалҳои фахрия низ дучор омадан мумкин аст. Бедил дар байтҳои алоҳидаи ғазалиёташ аз қудрату истеъдоди шоирии худ ёд карда, ба маънии баланду ибороти нозуки шеъраш ишораҳо намуда, бо ифтихор мегӯяд:
    Бедил аз фитрати мо қасри маонист баланд,

    Поя дорад сухан аз курсии андешаи мо.

    * * *

    Бедил, камоли ҳар фан бар ҷавҳар аст мавқуф,

    Ҷое ки ман набошам, фитрат қусур дорад.

    * * *

    Зи баъди мо на ғазал, не қасида мемонад,

    Зи хомаҳо ду-се ашки чакида мемонад.

    * * *

    Бедил, таҷаддудист либоси хаёли ман,

    Гар сад ҳазор сол барояд, куҳан наям.

    * * *

    Агар зи мулки адам то вуҷуд фаҳм гуморӣ,

    Ба ҷуз каломи ту, Бедил, дигар калом набошад.

    * * *

    Бедил, аз афсуни сухан булбули боғи чӣ гулӣ?

    Ранги чаман мешиканад бӯи баҳор аз пари ту.
    Дар девони Бедил ғазалҳое мавҷуданд, ки аксари абёташон аз мазмуни фахрия иборатанд. Ғазалҳои «Майпарасти эҷодам, нашъаи азал дорам», «Баҳри розам, печутоби фикр гирдоби ман аст», «Ҳарфам ҳама аз мағз аст, аз пӯст намегӯям» мисоли ин фикр шуда метавонанд.

    Мавзуи дигаре ки ғазалиёти Бедилро зинат додааст, тарғибу ташвиқи бо халқ зистан ва ҳамдаму ҳамнафаси он будан аст. Ин даъвати шоир, аз як тараф, ҷанбаи инсондӯстӣ доштани ашъори ӯро нишон диҳад, аз тарафи дигар, халқият ва моҳияти иҷтимоии осори ӯро ошкор месозад. Ба ақидаи шоир, дар ҷамъият зиндагӣ карда, аз аҳли он ҷудо будан ғайримумкин аст. Инсон вақте аз суҳбати ҷаҳониён раҳоӣ меёбад, ки аз ҷаҳон ва зиндагӣ умуман даст кашад:
    То абад маҳви шукӯҳи халқ бояд буду бас,

    Шоҳи мо оина мепардозад аз гарди сипоҳ.

    * * *

    То нафас боқист, бояд бо алоиқ сохтан,

    Хизрро ҳам улфати оби бақо занҷири пост.

    * * *

    То бувад мумкин, ба вазъи халқ бояд сохтан,

    Одамийят пеш натвон бурд бо насносҳо.

    * * *

    Ба вазъи халқ баро, ё зи даҳр гӯша гузин,

    Гуҳар сарест, ки дарё намекашад бораш.

    * * *

    Зи доми суҳбати мардум раҳоӣ осон нест,

    Касе ки гӯша гирифт аз ҷаҳониён, анқост.
    Вобаста ба ҳамин масъала як нуктаро зикр намудан лозим аст. Дар ғазалиёти Бедил дар қатори андешаҳои бо мардум зистану ҳамдами халқ будан байтҳое ба назар мерасанд, ки дар онҳо хонанда ба гӯшанишинӣ ва кунҷи узлат даъват карда мешавад. Оё дар ин ҷо зиддияти фикр ва ихтилофе дар ақидаи иҷтимоии шоир ба назар мерасад? Гуфтан лозим аст, ки осори фаровони Бедил дар давраҳои гуногуни ҳаёташ иншо шудаанд ва вобаста ба вазъиятҳои мухталифи замон ва аҳволи рӯҳии шоир, эҷодиёти ӯ, аз ҷумла, ғазалиёташ аз «сад гуна фикрҳои гуногуни зидди якдигар» (С.Айнӣ) холӣ нестанд. Аз ин ҷиҳат, дар ғазалиёти ӯ ба назар расидани тарғиби гӯшанишинӣ, ҳаётбезорӣ ва дигар оҳангҳои афтодарӯҳӣ факти тасодуфӣ нест. Лекин, дар баробари ин хусусияти умумӣ, ки ба аксари шоирони гузаштаи мо хос аст, мисолҳои дигаре аз ғазалиёти шоир шаҳодат медиҳанд, ки тарғиби гӯшагирӣ дар аксари мавридҳо ба мақсади дигаре ба миён омадааст. Шоир борҳо гӯшрас намудааст, ки гӯшагирии ӯ барои ҷӯшу хурӯши оянда мебошад. Ӯ бештар ба мақсади ёфтани маънӣ ва андешаву афкори тоза ба танҳоӣ рӯй меоварад:
    Бар хамӯшӣ задаам, фикри хурӯше дорам,

    То тавон нола дурудан, нафасе мекорам.

    * * *

    Ғаввосии тааммул бе музди маъние нест,

    Гар мо нафас надуздем, дарё гуҳар надорад.

    * * *

    Асрори сухан ҷуз ба хамӯшӣ натавон ёфт,

    Мифтоҳи дари ганҷи маонист тааммул.

    * * *

    Дарди сар бисёр дорад олами савту садо,

    Сурма ногардида натвон бар сухан ғолиб шудан.

    * * *

    Ҳар сухансанҷе, ки хоҳад сайди маъниҳо кунад,

    Чун забон мебояд аввал хилвате пайдо кунад.

    * * *

    Чу хома гар ба хомӯшӣ ба сар барӣ, Бедил,

    Ту низ рози дили халқ бар забон ронӣ.

    * * *

    Нест, Бедил, гӯшагириҳои мо бе маслаҳат,

    Хилвате мебояд арбоби суханро чун забон.
    Дар мисолҳои зер мақсаду мароми шоир аз гӯшагирӣ ва танҳоӣ боз ҳам равшантару фаҳмотар мешавад. Ба ақидаи шоир, хилватгузинӣ ҳам ба рабти сухан мадад мерасонаду ҳам ба каломи ӯ рутбаи маънӣ бахшида, онро чун майи куҳан пурзӯр менамояд:
    Ихтиёри гӯшаи хомӯшиям беҳуда нест,

    Қадрдони маъниям, рабти сухан мепарварам.

    * * *

    Бедил, аз узлат каломам рутбаи маънӣ гирифт,

    Хумнишинӣ бодаамро ин қадар пурзӯр кард.
    Бедил дар баробари гӯшагирии бомақсад кунҷи узлати бемаъниро накӯҳиш мекунад. Махсусан гӯшагирӣ ба умеди «сайри гиребон»-ро сахт мазаммат ва маҳкум менамояд:
    Маҳрами сайри гиребон кас мабод,

    Заврақи моро ки дар гирдоб бурд.

    * * *

    Имтиёзи гӯшагирӣ доми рози кас мабод,

    Сайди мо аз ошён дар чангули шаҳбоз монд.
    Дар ғазалиёти Бедил мавзӯъҳои тарғиби меҳнатдӯстӣ, кӯшишу ғайрат, интихоби касби нек низ хеле зиёд ба назар мерасад. Шоир, дар баробари накӯҳиши бекорию афсурдагӣ, хонандаро ба ҷидду ҷаҳди фаъол ва меҳнати софдилона ташвиқ менамояд. Ба ақидаи ӯ, дасте ки машғули корест, дардро намебинад, баръакс, шахси бекор ҳамеша афсурдаву нотавон ва дар зери бори нанг мебошад.
    Афсурдагӣ камингари таътили кас мабод,

    То даст гарми кор бувад, шал намешавад.

    * * *

    Вазъи бекорӣ далели инфиоли кас мабод,

    То зи саъйи нохунат коре кушояд, сар махор.

    * * *

    Нози бекорӣ ниёзи ғайрати мардӣ макун,

    Ин ҳинои панҷа нанги дасту бозу мешавад.

    Қобили қайд аст, ки шоир ғаму андӯҳ, азобу машаққат ва дарду алами ба кор пайвастаро аз хушию хуррамӣ ва шодию тараби бекорӣ авлотар медонад:
    Дарди андӯҳ хуш аст аз тараби бекорӣ,

    Ҳайфи дасте ки зи дил бар камарам мегузарад.
    Дар ғазалиёти Бедил ситоиши ҳунару ҳунарманд, васфи илму дониш ва тарғиби аз бар кардани касбу кори муфид низ фаровон ба назар мерасад. Байтҳои зер мисоли ин гуфтаҳо шуда метавонанд:
    Обрӯи мард, Бедил, бо ҳунар ҷӯшидан аст,

    Нест дар шамшерҳо ҷуз теғи ҷавҳардор сабз.

    * * *

    Аз ҳунар оинаи миқдори ҳар кас равшан аст,

    Риштаи шамъ аст, Бедил, мавҷи ҷавҳар теғро.

    * * *

    Бе ҳунар мушкил, ки бошад тозарӯиҳои мард,

    Карда ҷавҳар шабнамӣ бо сабзаи шодоби теғ.

    * * *

    Талоши илму амал муғтанам шумар, Бедил,

    Макаш хумори шаробе, ки ақлрост музил.
    Дар эҷодиёти Бедил масъалаи инсон, моҳият ва мавқеи иҷтимоии он, ситоиши бузургии қудрат ва тарғиби худшиносии вай мақоми намоён дорад. Бедил ба кашфи моҳият ва дарки табиати инсон, маърифати олами ҳайратангези он диққати ҷиддӣ медодааст ва қатъи назар аз он ки ба моҳияти асосии инсон, ки «дар ҳақиқати ҳол маҷмӯи ҳамаи муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад» (К,Маркс) сарфаҳм нарафтааст, онро аз тамоми мавҷудоти олам афзал ва шариф дониста, бо ибораҳои «шамъи базми қудс», «наййири сипеҳри ҳақиқат», «офтоби тобони офоқ», «шамъи фонуси чарх» ва ғайра тавсифу ситоиш намудааст. Бедил дар ғазалиёти худ низ ба ин мавзӯи муҳим борҳо рӯй оварда, инсонро «самари баҳори ранг», «сармояи ҳастӣ», «овози тоси фалак» дониста, онро сабаби мавҷудият ва инкишофи ҷамъият донистааст. Ба ақидаи шоир, олами ҳастӣ ба туфайли вуҷуди инсон пойдор аст, бе вуҷуди вай оори олами имкон ботил ва бемаънист:
      1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   35


    написать администратору сайта