Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Моро ҳамон ба дарди шикастан шикастаанд. Як гул дар ин баҳор иқоматсуроғ нест, Бедил, зи ранги худ ҳама доман шикастаанд. * * * Эҳтиёҷе, ки сари мард ба хам меорад, Обрӯ мебараду ҷабҳаи нам меорад. Ҳама кас гурсунаи ҳирс ба завқи серист, Ранҷи боре ки кашад пушт, шикам меорад. Тарки симу дирам аз халқ чӣ имкон дорад? Пушти даст аст, ки нохун зи адам меорад. Комҷӯён, талаби ҳиммат аз афсӯс кунед, Ки зи асбоби ҷаҳон даст ба ҳам меорад. Гули ин боғ зи найранги шукуфтан афсурд, Бохабар бош, ки шодӣ ҳама ғам меорад. Дар вафо мункири анҷоми муҳаббат нашавӣ, Барҳаман оташе аз санги санам меорад. Булбулон, даъвати парвона ба гулшан макунед, Ранги гул тоби пари сӯхта кам меорад. Ҷараси қофилаи ишқ хурӯши ҳавас аст, Нест ҷуз гарди ҳудус, ончи қидам меорад. Он суи хок набурдем суроғи таҳқиқ, Қосиди мо хабар аз нақши қадам меорад. Эй биноят ҳавасэҷодкуни дӯши ҳубоб, Нафасат гар ҳама бор аст, кӣ хам меорад? Ту диле ҷамъ кун, ин тафриқаҳо он ҳама нест, Сари сад ришта ҳамин уқда ба ҳам меорад. Ҳама ҷо муфтбари холи зиёдӣ, Бедил, Тоси ин нард барои ту чӣ кам меорад? * * * Эҳтиёҷам хиҷлат аз аҳбоб бурд, Сӯхт дил, то рахт дар маҳтоб бурд. Умр рафту оҳе аз дил гул накард, Сози ман оби рухи мизроб бурд. Оҳ, айши гӯшаи фақрам намонд, Сояи девор рафту хоб бурд. Оина охир ба сайқал гашт гум, Баски руфтам, хонаро селоб бурд. Доштам таҳрири хиҷлатномае, То кунам таклифи қосид, об бурд. Беғараз халқе аз ин ҳирмонсаро Рафту доғи матлаби ноёб бурд. Ғунчаҳо шарм аз шукуфтан бохтанд, Ханда охир з-ин чаман одоб бурд. Қомати хам аҷз мехоҳад зи мо, Саҷда бояд пеши ин меҳроб бурд. Маҳрами сайри гиребон кас мабод, Заврақи моро, ки дар гирдоб бурд. Бар кӣ нолам, Бедил, аз бедоди чарх? Хоби ман овози ин дӯлоб бурд. * * * Боз махмур аст дил, то бехудӣ иншо кунад, Ҷом дар ҳайрат занад, оинаро мино кунад. Зиндагонӣ, гӯ, мадеҳ аз нақши мавҳумам нишон, Аксро ғам нест, гар оина истиғно кунад. Рафтаем аз худ ба дӯши орамидан, чун ғубор, Оҳ аз он рӯзе, ки бетобӣ тавофи212 мо кунад! Нола шав, то аз ҳавои қомати ӯ нагзарӣ, Ҳар кӣ аз худ рафт, сайри олами боло кунад. Аҷуманпардози ваҳмам чун ҳубоб аз хомушӣ, Беҳ, ки бикшоям лабе, то аз худам танҳо кунад. Магзар аз кӯшиш, мабодо, рӯзгори ҳилаҷӯ Поймоли роҳатат чун сурати дебо кунад. Дар адам мо низ ёди зиндагӣ хоҳем кард, Шуълаи хомӯш агар ёди тапиданҳо кунад. Бори таслиме агар чун соя ёбад пайкарам, То дари ӯ хоки оламро ҷабинфарсо кунад. Нолаи дарде ба сози хомушӣ гум гаштаам, Шавқ ғаммоз аст, метарсам, маро пайдо кунад. Бе тавофи хеш дар базми висолаш бор нест, Дар дили дарё магар гирдоб роҳе во кунад. Эй хуш он шӯри тарабҷӯши хумистони фано, К-аз гудози мо дили ҳар зарраро мино кунад. Санги роҳи худ шуморад Каъбаву бутхонаро, Ҳар кӣ чун Бедил тавофи гӯшаи дилҳо кунад. * * * Бо хазони орзу ҳашри213 баҳорам кардаанд, Аз шикасти ранг чун субҳ ошкорам кардаанд. То нигоҳе гул кунад, мебоядам аз ҳам гудохт, Чун ҳаё дар мазраи ҳусн обёрам кардаанд. Баҳри имкон хун шуд аз андешаи ҷавлони ман, Мавҷи ашкам, бар шикасти дил саворам кардаанд. Ман намедонам, хаёлам ё ғубори ҳайратам? Чун сароб аз дур чизе эътиборам кардаанд. Ҷилваҳо берангию оинаҳо беимтиёз, Ҳайрате дорам, чаро оинадорам кардаанд? Дастгоҳи захми маҳрумист сар то пойи ман, Баски чун мижгон ба чашми хеш хорам кардаанд. Буд мавқуфи фано аз асли кор огоҳиям, Сурмаҳо дар чашм дорам, то ғуборам кардаанд. Меравам аз худ, намедонам, куҷо хоҳам расид? Маҳмили дардам, ба дӯши нола борам кардаанд. Беш аз ин натвон ба барқи миннати ҳастӣ гудохт, Як нигоҳи вопасин назри шарорам кардаанд. Ман шарарпарвозу олам домгоҳи нестӣ, То диҳам арзи парафшонӣ, шикорам кардаанд. Бо кадомин зарра санҷам обрӯи эътибор? Он қадар ҳеҷам, ки аз худ шармсорам кардаанд. Бӯи васли кист, Бедил, гулшанорои умед? Пой то сар яъс будам, интизорам кардаанд. * * * Бодаи таҳқиқро зарфи ҳавас тангӣ кунад, Дар бари оташ либоси хору хас тангӣ кунад. Дардро ҷавлонгаҳе чун синаи ушшоқ нест, Бар фиғон мушкил, ки оғӯши ҷарас тангӣ кунад. Бар ҷунун мепечаму аз хеш берун меравам, Гирдбоди шавқро то кай нафас тангӣ кунад? Айши расвоӣ ба коми кӯчагардони вафост, Эй хуш он вазъе, к-аз ӯ хулқи асас214 тангӣ кунад. Мо ду олам шиква дар забти нафас хун хӯрдаем, То мабодо, хотири фарёдрас тангӣ кунад. Дар хаёли роҳат аз файзи тапидан ғофилем, Ошён, эй кош, бар мо чун қафас тангӣ кунад. Ҳамчу он сӯзан, ки дармонад зи тори норасо, Умр ранги саъй бозад, чун нафас тангӣ кунад. Нуҳ фалак дар вусъатободи дили девонаам Ҳаст халхоле215 ки дар пойи магас тангӣ кунад. Ғунча бар як мушти зар сад ранг хиссат чидааст216, Ин қадар, ё Раб, мабодо, дасти кас тангӣ кунад! Шикваи мардум зи гардун, Бедил, аз камвусъатист, Нола дар парвоз ояд, чун қафас тангӣ кунад. * * * Бо кӣ гӯям, чӣ қиёмат ба сарам мегузарад? Ки нафас нозада ҳар шаб саҳарам мегузарад. Дарди андӯҳ хуш аст аз тараби бекорӣ, Ҳайфи дасте, ки зи дил бар камарам мегузарад. Хок гил мекунаму меравам аз хеш чу ашк, Арақи шарм зи по пештарам мегузарад, Саъйи тарки талаб аз шамъ намеояд рост, Пойи рафторам агар нест, сарам мегузарад. Гарди камфурсатии коғази оташзадаам, Ҳар нафас қофилаворе шарарам мегузарад. Номаҳо дар бағал аз шуҳрати анқо дорам, Қосиди ман ҳама ҷо бехабарам мегузарад. Завқи роҳат чӣ қадар роҳзани огоҳист, Умр дар хоб зи болини парам мегузарад. Дил чу санг об шавад, то нафасам пеш ояд, Зиндагӣ мунтазири шишагарам мегузарад. Чашм барбанд, талоше дигарат лозим нест, Лағзиши як мижа аз дайру ҳарам мегузарад. Хоки ҳар дар, ки ба афсуни тамаъ мебӯсам, Об мегардаду оташ зи сарам мегузарад. Маркази сози ҳаловат гираҳи хомӯшист, Гар нафас мезанам, аз най шакарам мегузарад. Омадурафти нафас муғтанами роҳат гир, Зиндагӣ ку, агар ин гарди зарам мегузарад? Ситаме нест чу исор ба бунёди хасис, Медарад пӯст, чу моҳӣ зи дирам217 мегузарад. Нестам қобили як гом дар ин дашт чу умр, Лек чандон ки зи худ мегузарам, мегузарад. Роҳ дар пардаи таҳқиқ надорам, Бедил, Умр чун ҳалқа ба беруни дарам мегузарад. * * * Ба андак шӯхие бунёди тамкин канда мегардад, Ҳаё то лаб кушуд аз ҳам, табассум ханда мегардад. Таназзуҳ гар ҳавас бошад, маҷӯшед он қадар бо ҳам, Ки суҳбат аз сирешумихтилотӣ 218 ганда мегардад. Тағофул ҳукми ҳамворист кӯҳу дашти имконро, Ба чандин тахта як таҳрики мижгон ранда мегардад. Ба узлат созу эмин зӣ, ки дар халқи вафодушман Саги девонаи матлабмарасҳо канда мегардад. Ба барқи теғи истиғно ҳазар аз гарданафрозӣ, Дар ин майдон фалак ҳам сар ба пеш афканда мегардад. Хаёли рафтагон рафтан надорад ҳамчу доғ аз дил, Ба ибрат219 чун расад нақши қадам, поянда мегардад. Гаронӣ бар табоеъ220 аз ғурури қадр напсандӣ, Дар ин бозор ҷинси камбаҳо арзанда мегардад. Қаноат мекунад дар хӯшачинӣ хирманороӣ, Қабо чун пинаҳо221 бар хеш дӯзад, жанда мегардад. На анҷум донаму не даври гардун, лек медонам, Ҷаҳон ранг асту яксар гирди гардонанда мегардад. Арақҳо мекунам чун шамъу сар дар ҷайб медуздам, Илоҷе нест, ҳастӣ аз адам шарманда мегардад. Агар тасхири дилҳо дар хаёлат бигзарад, Бедил, Ба эҳсон ҷаҳд кун, к-ин ҷо худоӣ банда мегардад. * * * Ба пастӣ вонамонад, ҳар кӣ аз дарде нишон дорад, Саҳар аз чокҳои дил ба гардун нардбон дорад. Ба дӯши арраҳиле бори ҳасрат мекашад олам, Ҷарас умрест, чун гул маҳмили ин корвон дорад. Ба ҷуз ваҳшат намеболад зи аҷзои ҷаҳон гарде, Чаман аз барг-барги хеш доман бар миён дорад. Ба завқи офият хун хӯрданат кор аст, маъзурӣ, Дар ин ҷо гар ҳама мағз аст, дарди устухон дорад. Макун бо чашми тар савдо, агар маҳви тамошоӣ, Баҳори ҳайрати оина дар шабнам хазон дорад. Сухан бошад далели зиндагӣ равшанхаёлонро, Ғами мурдан надорад шуълаи мо, то забон дорад. Дар оғӯши нишоти даҳр хобидаст кулфатҳо, Шикастан дар тилисми шӯхии ранг ошён дорад. Ба сад гулзор раъноӣ, ба чандин ранг пайдоӣ Ҳамон номуси яктоӣ маро аз ман ниҳон дорад. Ғуборам пар намезад, гар наме сар мезад аз ашкам, Инони ваҳшати ман аҷзи ин вомондагон дорад. Нишоти ҳусн меболад зи дарди ошиқон, Бедил, Гулистон хандадарбор аст, то булбул фиғон дорад. * * * Бути ҳиндӣ кай аз дарди сари туркон хабар дорад? Дар ин кишвар миён ку, то димоғи баҳла222 бардорад? Дар ин дарё, ки ҳар як қатра сад доман гуҳар дорад, Ҳубоби мо бадилпечида оҳе беасар дорад. Набошад гар талоши офият, нақд аст оромат, Нафасро саъйи роҳат ин қадар зеру забар дорад. Ба як ранг аз баҳори муддаои дил машав қонеъ, Ки ин оина ғайр аз хун шудан чандин ҳунар дорад. Ҳубобам дар канори мавҷ дорад сайри ҷамъият, Бароҳат мепарад мурғе, ки зери бол сар дорад. Ба рӯи ишратам натвон дари чоки ҷигар бастан, Чу мижгон шоми ман ороиши субҳе дигар дорад. Ба зоҳир гар замингирам, зи мақсад нестам ғофил, Ки чашми нақши по аз ҷода бар манзил назар дорад. Ба қадри эътиборот аст забти хеш мардумро, Чу санге к-обдор афтад, фусурдан бештар дорад. Ба ин ҳастӣ гарат номе ба даст ояд, ғанимат дон, Ки бисёр аст, агар дӯши нафас овоз бардорад. Нахоҳад шуд сиёҳӣ аз ҷабини ахтарам зоил, Шаби ошиқ ба мӯи косаи чинӣ саҳар дорад. Сафо дар арзи сомони ҳунар гум кардаам, Бедил, Зи ҷавҳар ҳайрати оинаи ман болу пар дорад. * * * Барои хотирам ғам офариданд, Туфайли чашми ман нам офариданд. Чу субҳ он ҷо ки ман парвоз дорам, Қафас бо бол тавъам офариданд. Арақ гул кардаам аз шарми ҳастӣ, Маро аз чашми шабнам офариданд. Гуҳар мавҷ оварад, оина гавҳар, Диле беорзу кам офариданд. Ҷаҳон хунрезбунёд аст, ҳуш дор, Сари сол аз муҳаррам офариданд. Видоъи ғунчаро гул ном карданд, Тарабро мотами ғам ғам офариданд. Кафи хоке, ки бар бодаш тавон дод, Ба хун гил карда одам офариданд. Илоҷе нест доғи бандагиро, Агар бешам вагар кам офариданд. Тилисми зиндагӣ улфатбино нест, Нафасро якқалам223 рам офариданд. Агар олам барои хеш пайдост, Барои ман маро ҳам офариданд. Чӣ сон тобам сар аз фармони таслим? Ки чун абрӯям аз хам офариданд. Дилам, Бедил, надорам чора аз доғ, Нигинро баҳри хотам офариданд. * * * Ба шӯхӣ зад тараб, ғам офариданд, Мукаррар224 шуд асал, сам офариданд. Нисори нозе аз андеша гул кард, Ду олам ҷон ба як дам офариданд. Ба захми изтироби бисмили мо Зи хуни рафта марҳам офариданд. Шикасти офият оҳанг гардид, Ба ҳар ҷо сози одам офариданд. Ҳамон ҷӯши баҳори бедимоғист, Ба як сурат ду гул кам офариданд. Ба ҳар ҷо ваҳшати мо арза доданд, Шарору барқ берам офариданд. Гули ин бӯстон офатбаҳор аст, Шикасту ранг тавъам офариданд. Ба таскини дили маҷрӯҳи бисмил Пари афшонда марҳам офариданд. Ба пирӣ гиря кун, к-оинаи субҳ Барои арзи шабнам офариданд. Каримон, хун шавед аз хиҷлати ҷуд, Ки шуҳрат хоси Ҳотам офариданд. Чу моҳи нав хами вазъи суҷудам Зи пешонӣ муқаддам офариданд. На махмурӣ, на мастӣ, чист, Бедил? Димоғат аз чӣ олам офариданд? * * * Бар тамаъ табъи хасисе, ки тафохур225 дорад, Обрӯро арақи саъй тасаввур дорад. Бо бахилон на ҳамин226 табъи гадо нософ аст, Кисаи худ ҳам аз ин қавм диле пур дорад. Гули ин боғ агар бехабар аз фурсат нест, Хандаи ранг ба рӯи кӣ тамасхур227 дорад? Табъи шаҳватнасаб аз сайри гиребон орист, Гардани хар сари таҳқиқ ба охур дорад. Хок шав, маънии мавҳумаи228 ҳастӣ дарёб, Фаҳми розат ба адам ҷайби тафаккур дорад. На зи мастӣ хиҷилам, не зи ҷунун мунфаилам, Табъи бесохтаи шавқ чӣ унсур дорад? Аз шикаст аст раги гардани амвоҷ баланд, Оҷизӣ ҳам чӣ қадар нози такаббур дорад. Қиллати229 моя арақ мекашад аз табъи карим, Абр ҳар ҷо тунук афтод, тақотур230 дорад. Худгудоз аст шароре ки ба ҷое нарасад, Нола дар беасарӣ сахт таассур231 дорад. Маҳв гардидани мо он ҳама номавзун нест, Сактаи мисраи наззора таҳайюр дорад. Бедил аз ҷаҳл маяндеш, ки дар матлаби ишқ Ҳама гар тифли сиришкест, табаҳҳур232 дорад. * * * Бар ин ситамкада, ё Раб, чӣ санг меборад, Ки дил шикастагию дида ранг меборад. Насибаи дили равшан бувад кудурати даҳр, Ҳамин233 ба хонаи оина занг меборад. Чу ғунча во нанамуданд бе гиреҳ гаштан, Ки ранги амн ба дилҳои танг меборад. Биё, ки бе ту ба базм аз таронаҳои ҳазин Дили шикаста зи гесӯи чанг меборад. Зи хоки кӯи ту машқи назокате дорам, Ки бӯи гул ба димоғам хаданг меборад. Гузашт фурсати васлу зи норасоии ваҳм Нигаҳ зи ашк ҳамон узри ланг меборад. Ба чашми шавқ нигоҳе, ки дар баҳори ниёз Шикасти ҳоли заифон чӣ ранг меборад? Ба завқи парвариши ваҳм об мегардем, Саҳоби мо ҳама бар кишта банг меборад. Далели ибрати дил субҳи нодамида бас аст, Ки забти оҳ бар оина занг меборад. Ҳуҷуми сояи гул домгоҳи ҳайрат нест, Бар ин чаман ҳама доғи паланг меборад. Зи бас ба кишти ҳасад хирман аст офатҳо, Даме ки тир набошад, туфанг меборад. Зи доми ҳодиса, Бедил, раҳоӣ имкон нест, Ки қатраи ту ба коми наҳанг меборад. * * * Ба гармии нигаҳ аз шуъла тоб мерезад, Ба нармии сухан аз гавҳар об мерезад. Таровати арақи шармро тамошо кун, Чу барги гул зи ниқобаш гулоб мерезад. Сабо ба домани он зулф то занад дасте, Ғубори шаб зи дили офтоб мерезад. Сафои хотири мо обёри ҷилваи ӯст, Катони шуста ҳамон моҳтоб мерезад. Ба оламе ки кунад ишқ санъатороӣ, Чаман зи оташу гулхан зи об мерезад. Зи мавҷхези ғино кӯҳу дашт як дарёст, Хаёли ташналаби мо сароб мерезад. Ба завқи роҳат аз афтодагӣ машав ғофил, Ки лағзиши мижаҳо ранги хоб мерезад. Биҷӯ зи хокнишинон суроғи гавҳари роз, Ки нақди ганҷ зи ҷайби хароб мерезад. Захираи дили равшан намешавад асбоб, Ки ҳар чӣ оина гирад, дар об мерезад, Зимоми кор ба таъҷил наспарӣ, Бедил, Ки боли барқу шарар аз шитоб мерезад. * * * Ба гуфтугӯи касон мардуме ки мелофанд, Чу хат ба маънии худ норасида ҳаррофанд. Мабош ғарраи инсоф, к-ин нафасбофон Ба пунбакории мағзи хаёл наддофанд. Тавонгаре, ки дам аз фақр мезанад, ғалат аст, Ба мӯи косаи чинӣ намад намебофанд. Таҳияи сипар аз эҳтироз кун, к-имрӯз Ба қатъи ҳам баду неки замона сайёфанд234. Сухан чӣ арзи наҷобат диҳад дар он маҳфил, Ки симузарнасабон ҳамчу ҷадвал ашрофанд? Ғараз зи суҳбат агар поси обрӯ бошад, Ҳазар кунед, ки абнои ҷоҳ аҷлофанд235. Дари биҳишти маонӣ ба рӯяшон макшо, Ки ин ҷаҳаннамие чанд нанги аърофанд. Ба илми пуч чу ҷаҳли мураккабанд басит, Ба фитрати кашафӣ 236 дарсгоҳи кашшофанд. Зи вазъашон маталаб ним нуқта ҳамворӣ, Ки якқалам ба хамупечи саркашӣ кофанд. Тамом беҳуда гӯянду тозагӣ ин аст, Ки чашм бар тамаи ришханди инсофанд. Аз ин харон маталаб мардумӣ, ки чун гирдоб Ба мавҷи оби манӣ ғарқ то лаби нофанд. Ба хоки тира мазан нақди обрӯ, Бедил, Дар ин диёр, ки кӯрони чанд саррофанд237. * * * Балокашони муҳаббат гули чӣ найранганд, Шикастаанд ба ранге, ки олами ранганд. Чи шишаву чи парӣ, хоназоди ҳайрати мост, Ба орамидагии дил, ки бехудон санганд. Зи айбпӯшии абнои рӯзгор мапурс, |