Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Хотири нозуки мо эмин аз офот нашуд, Санг дар коргаҳи шишагарон мебошад. Сари таслим сабукмояи беқадриҳост, Ҷинси моро ба кафи даст дукон мебошад. Булбули тифлмизоҷам, ба куҷо дил бандам? Гули ин боғ зи рангинқафасон мебошад. Каҷадоёна ба арбоби матолиб сар кун261, Ростӣ бар дили ин қавм синон мебошад. Чашм то во кунӣ, аз хеш бурун тохтаем, Сурати оина доманбамиён мебошад. Софмашраб дузабонӣ написандад, Бедил, Ҳар чӣ дар дил, ба лаби об ҳамон мебошад. * * * Пеши арбоби ҳасаб262 тарки насаб бояд кард, Пардаи дидаву дил фарши адаб бояд кард. Корвонҳо ҳама маҳмилкаши яъс аст ин ҷо, Ноларо бадрақаи263 саъйи талаб бояд кард. Боиси гиря дар ин дашт агар чизе нест, Алами бекасие ҳаст, сабаб бояд кард. Гар шавад пеши ту манзури нисори нигаҳе, Гавҳари ҷон ба ҳавас туҳфаи лаб бояд кард. Ҷамъ будан ба парешонсифатӣ осон нест, Рӯзҳо дар қадами зулфи ту шаб бояд кард. З-ин таваҳҳумкада сомони дигар натвон ёфт, Ҷуз даме чанд, ки исори тааб264 бояд кард. Тарки лаззоти ҷаҳон муфти саломат шумаред, Ин шакар қобили он нест, ки таб бояд кард. Ҷайби ҳар мавҷ тарабгоҳи ҳузури дарёст, Фикри худ кун, гарат андешаи Раб бояд кард. Нами обу кафи хоке ба ҳам омехта аст, Ҳар чӣ ояд зи ту, корест аҷаб, бояд кард. Бедил, ин анҷумани ваҳм264 дигар натвон ёфт, Дард ҳам муфти тамошост, тараб бояд кард. * * * То ба олам ранги бунёди таманно рехтанд, Гарди моро, чун нафас, дар роҳи дилҳо рехтанд. Вопасӣ з-ин корвон чандин надомат бор дошт, Ҳар кӣ рафт аз пеш, хокаш бар сари мо рехтанд. Ганҷи гавҳар шуд дили қавме, ки аз шарми талаб Обрӯ дар домани худ ҳамчу дарё рехтанд. Мотами матлаб ғуборангези чандин ҷустуҷӯст, Орзу то хонавайрон гашт, дунё рехтанд. Сурати вомондагон оинаи дигар надошт, Аҷзи мо бепарда шуд, нақши кафи по рехтанд. Қотили мо, чун саҳар, домони ноз афшонду рафт, Хуни мо чун гул ҳамон дар домани мо рехтанд. Айши ин маҳфил намеарзад ба андӯҳи шикаст, Бедимоғон ҳам ба табъи санг мино рехтанд. Инфиоли орамидан баски обам мекунад, Сел ҷӯшид аз кафи хокам, ба ҳар ҷо рехтанд. Ҳайрати оинаам, бо имтиёзам кор нест, Сурати бунёдам аз чашми тамошо рехтанд. Ин гулистон қобили наззораи улфат набуд, Обрӯи шабнами мо сахт беҷо рехтанд. Бедил, аз доми шикасти дил гузаштан мушкил аст, Резаи ин шиша дар ҷавлонгаҳи мо рехтанд. * * * То ҳино аз кафат ба ком расид, Шафақи ранги гул ба шом расид. Мужда, эй дил, баҳор меояд, Қосиди бӯигулпаём расид. То адам шуд нафасшумори хаёл, Зарраи мо ба инқисом266 расид. Ҳар чӣ дорад замона, орият аст, Ҳаққи худ хостем, вом расид. Гули ин боғ сархуши ваҳм аст, Бодаҳо аз ҳаво ба ҷом расид. Авҷи иқбол нардбонҳо дошт, Саъй лангид, то ба бом расид. Ба мақоме ки роҳи ҷаҳд гум аст, Лағзиши по ба ним гом расид. Азми товуси мо биҳиште буд, Пар кушудан ба фаҳми дом расид. Яъс табли нишоти дил будаш, Аз шикаст ин нигин ба ном расид. Навбари боғи эътибор мабош, Ҳар чӣ ин ҷо расид, хом расид. Хоҷа гар баҳраи нишот гирифт, Хоби махмал ба эҳтилом расид. Иззату обрӯи ин маҳфил Ҳама аз хидмати киром расид. Оҳ, мақсуди дил нафаҳмидам, Бар ман ин нусха нотамом расид. Бедил, аз хеш боядат рафтан, Варна, натвон ба он хиром расид. * * * То машраби муҳаббат нанги вафо набошад, Бояд миёни ёрон мову шумо набошад. Дар маҳфиле ки аҳбоб чуну чаро фурӯшанд, Макшо забон, ки он ҷо шояд ҳаё набошад. Бар мо хато гирифтан аз кеши шарм дур аст, Кас айби кас набинад, то беҳаё набошад. Бо ҳар кӣ ҳар чӣ гӯӣ, санҷида боядат гуфт, То каффаи виқорат подарҳаво набошад. Аз сифла ончи зояд, таъзимро нашояд, Нақше ки ҷӯшад аз по, ҷуз зери по набошад. Иброми бениёзон зиллаткаши ғараз нест, Гар дар талаб бимирад, ҳиммат гадо набошад. Дар поят ончи резад, то ҳашр барнахезад, Хуни вафосириштон ранги ҳино набошад. Чун мӯи чинӣ, ин ҷо изҳор сурмаранг аст, Ангушти зинҳорем, моро садо набошад. Шамъи бисоти моро муфти нафасшуморист, Ин як-ду дам тааллуқ оташ чаро набошад? Ҳарфи забони таҳқиқ бе нашъаи асар нест, Дар кеши267 ростиҳо тири хато набошад. Хуш дорад он ситамгар бо шеваи тағофул, Бегонааш мафаҳмед, к-ӯ ошно набошад. Беруни ин биёбон пар мезанад ғуборе, Эй маҳрамон, бибинед, уммеди мо набошад? Ширинӣ он қадар нест дар хоби нози махмал, Мижгон ба ҳам начаспад, то бӯриё набошад. Фитрат намеписандад манзури ҷоҳ будан, То устухон ба мағз аст, боби ҳумо набошад. Дар маҷлисе ки иззат мавқуфи худфурӯшист, Дигар касе чӣ бошад, гар мирзо набошад? Дар суҳбате ки пирон бошанд бетакаллуф, Ҳарчанд ханда бошад, дандоннамо набошад. Ҷуз аҷз рост н-ояд аз ориятсириштон, Дӯше, ки зери бор аст, хам то куҷо набошад? Гарди димоғи ҳиммат саркӯби ҳар биноест, Қасри фалак баланд аст, гар пушти по набошад. Бедил, ҳамон нафасвор моро ба ҳукми таслим Бояд задан дари дил, ҳарчанд ҷо набошад. * * * То маҳи нав бар фалак болкушо меравад, Дар назарам рахши умр наълнамо меравад. Хоҳ нафас фарз кун, хоҳ ғубори ҳавас, Не саҳар асту на шом, сели фано меравад. Қатъи нафас то ба ҷост, хоки ҳамин манзилем, Шамъ раҳаш зери пост, саъй куҷо меравад? Нашвунумо гуфтугӯст дар чамани эҳтиёҷ, Рӯ ба фалак якқалам дасти дуо меравад. Қофилаи аҷзу боз ҳукми «ба ҳар сӯ битоз», Олами вомондагист, обилаҳо меравад. Саҷда намехоҳадат заҳмати ҷаҳди қадам, Чун сарат афтод пеш, навбати по меравад. З-ин ҳама боғу баҳор даст ба ҳам суда гир, Фурсати ранги ҳино аз кафи мо меравад. Дар чамани эътибор гар ҳама сайри дил аст, Чашм нахоҳӣ кушуд, арзи ҳаё меравад. Ҳарзахиром аст ваҳм, беҳудатоз аст фикр, Ҳеҷ кас огоҳ нест, омада ё меравад? Мавсими пирӣ расид, он ҳама бар худ мабол, Рӯз ба фасли шито268 ғунчақабо меравад. Ҳайати шамъанд халқ, сози иқомат кирост? По агар афшурдаанд, сар ба ҳаво меравад. То ба куҷо боядам мотами худ доштан? Бо нафасам умрҳост, оби бақо меравад. Мақсаду мухтори шавқ Каъбаву бутхона нест, Бесабабу беталаб дил ҳама ҷо меравад. Ин ки ба худ чидаем фурсати нозу ниёз, Дилбари мо як-ду гом побаҳино меравад. Ҳар чӣ гузашт аз назар, нест бурун аз хаёл, Бедил аз ин домгоҳ рафта, куҷо меравад? * * * Тадбир инони мани пуршӯр нагирад, Ҳар пунба сари шишаи Мансур нагирад. Дорад зи сару барги ғано домани фақрам Чине, ки ба мӯе сари фағфур нагирад. Дар халқ хиҷолаткаши таҳсили камолам, Бар хирмани ман хурда магар мӯр нагирад? Бо ман чу калаф бахти сиёҳест, ки сад сол Дар моҳаш агар ғӯта диҳам, нур нагирад. Наздиктар оед, саробам, на муҳитам, Меъёри камолам касе аз дур нагирад. Маҳрумии шавқи «аринӣ»269 сахт азобест, Ҷаҳде, ки хурӯши ту раҳи Тур нагирад. Урёнӣ аз асбоби ҷаҳон муғтанам ангор270, То банди гиребони ту ҳар кӯр нагирад. Қатъи амалу улфати дил уқда271 ба ҳол аст, Чандон бибур ин ток, ки ангур нагирад. Эй мурдадил, ороиши марқад чӣ таманност? Номи ту ҳамон беҳ, ки лаби гӯр нагирад. Бар мунтазири васл мафармо мижа бастан, Инсоф қадаҳ аз кафи махмур нагирад. Бедил, ҳадафи новаки офот бузургист, Маҳ, то ба камолаш нарасад, нур нагирад. * * * Тасаллӣ ку, агар манзурат асбоби ҳавас бошад? Надорад барги роҳат, ҳар киро дар дида хас бошад. Зӣ ҳастӣ ҳар чӣ андешӣ, ғубори дил муҳайё кун, Кусуфи офтоб оинаи арзи нафас бошад. Дар ин маҳфил ҳаё кун, то гулӯи нола нахрошӣ, Нафас ҳам камхурӯше нест, гар фарёдрас бошад. Намегирад ба ғайр аз дасту теғу домани қотил, Маро дар кӯчаҳои захм ранги хун асас бошад. Чӣ имкон аст мову ҷуръати парвози гулзорат? Нигоҳи оҷизонро сояи мижгон қафас бошад. Наболидем бар худ заррае дар арзи пайдоӣ, Ғубори мо мабод, афшондаи боли магас бошад. Ба дил вомондаӣ, аз лофи мовуман табарро кун, Муқими хонаи оина бояд бенафас бошад. Чӣ лозим танг гирад осмон арбоби маъниро? Шиканҷи мо ҳамон мазмун, ки натвон баст, бас бошад. Макун сози иқомат, то ғубори хеш нашкофӣ, Нафас пар мефишонад, шояд, овози ҷарас бошад. Шикасти ранги уммедест сар то пои мо, Бедил, Зи сайри мо машав ғофил, агар ибрат ҳавас бошад. * * * Танпарастон, ки ба ин нону намак айёшанд272, Бе такаллуф, ҳама болидани нону ошанд. Сару гардан ҳама дар даври шикам рафта фурӯ, Пуру холию сабукмағзтар аз хашхошанд273. Рабти ҷамъияташон вақфи тағофул зи ҳам аст, Чашм агар боз шавад, чун мижаҳо мепошанд. Оҳ аз ин номасиёҳон, ки зи машқи манумо То дил оинаи роз аст, нафаснаққошанд. Гуфтугӯ гар надарад парда, касе ин ҷо нест, Ҳама мазмуни хаёле, зи иборат фошанд. Шаш ҷиҳат матлаи хуршеду сияҳрӯзе чанд Сояпарварди қафои мижаи хаффошанд274. Ғорати ҳам чӣ хаёл аст, равад аз дилашон? Дар назар то кафане ҳаст, ҳамон наббошанд. Инфиоле агар ояд ба миён, истеҳзост, Ин намандуда ҷабинҳо арақе мешошанд. Умр дар суҳбати ҳам сарф шуд, аммо зи нифоқ Кас надонист, ки ёрон ба куҷо мебошанд? Бетамиз аҳли дувал мегузаранд аз сари ҷоҳ, Ҳама бар махмалу дебо қадами фаррошанд. Пеши арбоби маонӣ зи фусунҳои ҳиял Рӯ масозед, ки ин оинаҳо наққошанд. Бедил, аз аҳли адаб бош, ки чун гарди саҳар Ин тааммулнафасон арсаи бепархошанд. * * * Ҷамъият аз он дил, ки парешони ту бошад, Маъмурии он шавқ, ки вайрони ту бошад. Умрест, дили хуншуда бетоби гудозест, Ё Раб, шавад оинаву ҳайрони ту бошад. Сад чарх тавон рехт зи парвози ғуборам, Он рӯз, ки дар сояи домони ту бошад. Доғам, ки чаро пайкари ман соя нагардид? То дар қадами сарви хиромони ту бошад. Ушшоқ баҳори чаманистони хаёланд, Пӯшидагӣ оинаи урёни ту бошад. Ҳар нақши қадам хумкадаи олами нозест, Ҳар ҷо асари лағзиши мастони ту бошад. Наззора зи кавнайн ба кавнайн напардохт, Пайдост, ки ҳайрони ту ҳайрони ту бошад. Мапсанд, ки дил дар тапиши яъс бимирад, Қурбони ту, қурбони ту, қурбони ту бошад. Сарҷӯши табассумкадаи нози баҳор аст, Чине ки шиканпарвари домони ту бошад. Дар дил тапише мехалад аз шубҳаи ҳастӣ, Ё Раб, ки нафас ҷунбиши мижгони ту бошад. Бедил, суханат нест ҷуз иншои таҳайюр, Ку оина, то сафҳаи девони ту бошад?! * * * Ҷавҳари тамкини мард аз лоф барҳам мешавад, Мовуман то беш мегардад, ҳаё кам мешавад. Нест осон рабти қилуқоли номавзуни халқ, Сакта мехонад нафас, то лаб фароҳам мешавад. Рафт айёме, ки тақлид инфиоли халқ буд, Сурати санг ин замон Исову Марям мешавад. Решаҳо дорад ҷунуни тухми найранги хаёл, Мекашад гандум сар аз фирдавсу Одам мешавад. Дастгоҳи ишрату андӯҳи ин маҳфил дил аст, Шамъ ҳангоми хамӯшӣ нахли мотам мешавад. Ҳарф бисёр аст, аммо ҳеҷ кас огоҳ нест, Чун ду дил бо якдигар ҷӯшад, ду олам мешавад. Ҷаҳд мебояд, фусурдан якқалам беҷавҳарист, Теғ чун абрӯ зи бекорӣ табардам мешавад. Эй фақир, аз каффаи тамкини мунъим шарм дор, Гар ба таъзими ту бархезад зи ҷо, кам мешавад. Корвони субҳаем275, андӯҳи вомондан кирост? Ҳар кӣ пас монад, дами дигар муқаддам мешавад. Барнагардонад фано ахлоқи софитинатон, Пунба, баъд аз сӯхтанҳо низ марҳам мешавад. Бори шарми ҷуръати дидор сангин будааст, Чашм бармедораму дӯши мижа хам мешавад. Васли хубон муғтанам гиред, к-аз аҷзои субҳ Дар бари гул гиря дорад ҳар чӣ, шабнам мешавад. Магзаред аз ҳақ, ки бар хони мукофоти амал Даъвии ботил қасам гар мехӯрад, сам мешавад. Бо хамӯшӣ соз кун, Бедил, ки дар аҳли замон Гар ҳама мадҳ аст, то бар лаб расад, зам276 мешавад. * * * Чоки кисвати фақрам ранги ханда мерезад, Бахя бе баҳоре нест, гул зи жанда мерезад. Дар димоғи парвона бол мезанад ашкам, Қатраҳои ин борон пур тапанда мерезад. Дар адам ҳам аҷзоям дастгоҳи зинҳорест, Ин ғубор бар ҳар хок хаткашанда мерезад. Реша дар ҳаво дорем, то куҷо ҳавас корем? Донаи шарар дар хок норасанда мерезад. Боғи мо чаман дорад дар замини хомӯшӣ, Ғунча бошу гул мечин, гул ба ханда мерезад. Бехабар, нагардидӣ маҳрами кафи афсӯс, К-ин дуруштии табъат аз чӣ ранда мерезад? Гарди нотавони мо чанд бар ҳаво бошад? Гар ҳама фалактоз аст, боли канда мерезад. Нома гар ба роҳ афканд, узрхоҳи қосид бош, Болҳо чу шамъ ин ҷо аз паранда мерезад. Ҷавҳари талош аз ҳирс поймоли нокомист, Ҳар арақ ки мо дорем, ин даванда мерезад. Поси обрӯ то хун фарқи нозуке дорад, Он ба теғ мерезад, ин ба ханда мерезад. Ҷуз ҳаё, намебошад ҷавҳари карам, Бедил, Ҳар чӣ резише дорад, сарфиканда мерезад. * * * Чашми ту ба ҳоли ман гар ним назар хандад, Хорам ба чаман нозад, айбам ба ҳунар хандад. То чанд бар он ораз бар рағми нигоҳи ман Аз ҳалқаи гесӯят гулҳои назар хандад? Дар кишвари муштоқон бе партави дидорат Хуршед чаро тобад, баҳри чӣ саҳар хандад? Дил мечакад аз чашмам, чун абр агар гирям, Ҷон медамад аз лаълат, чун барқ агар хандад. Бо аҳли фано ҳар кас дорад сари якрангӣ, Бояд, ки ба ранги шамъ аз рафтани сар хандад. Дар коргаҳи хубӣ, ё Раб, чӣ назокатҳост? Сад кӯҳ ба худ болад, то мӯи камар хандад. Дар ҷӯи дами теғат ширинии обе ҳаст, К-аз ҷӯши ҳаловатҳо захмаш ба шакар хандад. Сомони тараб саҳл аст з-ин нақд, ки мо дорем, Субҳ аз ду нафас фурсат бар худ чӣ қадар хандад? Ҳар шабнам аз ин гулшан тамҳиди гуле дорад, Бо гиря мудоро кун чандон, ки асар хандад. Аз саъйи ҳавас бигзар, Бедил, ки дар ин гулшан Гул низ агар хандад, аз паҳлуи зар хандад. * * * Чун оби равон пур магузар бехабар аз худ, К-аз ҳар чӣ гузаштӣ, нагузаштӣ магар аз худ. Дар боргаҳи ишқ на радде, на қабулест, Эй туҳфакаши ҳеҷ, ту худро бибар аз худ. Гарди нафасе беш надорад саҳар ин ҷо, Кам нест, диҳӣ арзи асар ин қадар аз худ. Дар паллаи мавҳумии мо кӯҳи гарон аст, Санге ки надорад ба тарозу шарар аз худ. Чашме бикушо, маншаи парвоз ҳамин аст, Чун байза шикастӣ, дамадат болу пар аз худ. Ҳайҳот, ба сад дашту дар аз ваҳм давидем, Аммо нарасидем ба гарди асар аз худ. Гар то ба абад дар ғами асбоб бимирад, Олам ҳама розест ба ин дарди сар аз худ. Афтод ба гардан ғами пирӣ, чӣ тавон кард? З-ин ҳалқа ҳам, афсӯс, нарафтам бадар аз худ. Сайри сари зону ҳам аз афсуни ҷунун буд, Афканд хаёлам ба ҷаҳоне дигар аз худ. Саҳл аст гузаштан зи ҳавасҳои ду олам, Гар марди раҳӣ, як-ду қадам даргузар аз худ. Ёрони адамтоз ғубори тапише чанд Пеш аз ту фишонданд дар ин дашту дар аз худ. Вокаш ба тасалликадаи кунҷи тағофул, Бишнав манумои ҳама чун гӯши кар аз худ. Эй мавҷ, гар эҳсони талаб дар назари туст, Дар васли гуҳар ҳам накушоӣ камар аз худ. Оина шудан чист дар ин маҳфили ибрат Ҳангоми тарошидани айбу ҳунар аз худ? Дар халқ гар инсоф шавад оинадорат, Бедил, чу худат кас нанамояд батар аз худ. * * * Чун риштае, ки аз гираҳ огоҳ мешавад, Сад ҷода аз як обила кӯтоҳ мешавад. Эй қосиди яқин, амалат277 раҳзан асту бас, Манзил макун баланд, ки бегоҳ мешавад. Наққоши туст килки азал, гар назар кунӣ, Одам мусаввар аз калафи моҳ мешавад. Бешу ками ғано ҳама асмои ҳоҷат аст, Фақр он замон ки гул кунад, Аллоҳ мешавад. Бар хотами қаноати дарвешмашрабӣ Кам нест ин, ки номи гадо шоҳ мешавад. Аз офати ғурур ҳазар кун, ки ҳамчу шамъ Чашм аз баландии мижаат чоҳ мешавад. Барҳамзани виқори бузургист гуфтугӯ, Кӯҳ аз садо хафифтар аз коҳ мешавад. Чун осмон камоли бузургон фурӯтанист, Вазъи тавозуъ оби рухи ҷоҳ мешавад. |