Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Ҳамсояи хазонем зери ливои наргис. Иқболи авҷи гардун гар мекушуд коре, Майли замин намекард дасти дуои наргис. Тақлид чанд пояд дар ҷилвагоҳи таҳқиқ? Помоли нури шамъ аст ранги бақои наргис. Мазмуни пеши по низ осон наметавон хонд, Сад сифру як алиф буд ибратфизои наргис. Чандон ки во расидам, ранги хазон ҷунун дошт, Эй кош, доғ меруст з-ин боғ ҷои наргис. Бедил, зи чашми мардум дур аст ҳақшиносӣ, Кӯрист хирман ин ҷо чун дастаҳои наргис. * * * Нест бе шӯри ҳаводис омадурафти нафас, Корвони мавҷ дорад дар шикасти худ ҷарас. Боғи имконро шикасти ранг мебошад камол, Эй самар, гар фурсате дорӣ, ба коми хеш рас. То тавонӣ поси оби рӯйи соил доштан, Худфурӯшиҳои эҳсон беҳ, ки нанмоӣ ба кас. Эй адамовора, қайди зиндагӣ ҳам оламест, Байза гар бишкаст, чун товус рангин кун қафас. Мушти хуне ҳарзагарди кӯчаи зихми дилем, Ҳайрат аст ин ҷо, ба ҷуз ибрат чӣ мегирад асас? Дастгоҳи сифлахӯён мояи шӯру шар аст, Холӣ аз арзи танине нест парвози магас. Чун ба огоҳӣ расидӣ, гуфтугӯҳо маҳв гир, Нест манзил ҷуз биёбонмаргии шӯри ҷарас. Бе ғуборе нест, ҳар ҷо мушти хоке дидаем, Шуд яқин, к-аз баъди мурдан ҳам намемирад ҳавас. Чун ҳубобам, Бедил, аз вазъи хамӯшӣ чора нест, Соҳиби оинаро лозим бувад поси нафас. * * * Об аз ёқут мерезад такаллум карданаш, Ҷайби гавҳар медарад завқи табассум карданаш. З-он ситампиро насиби мо ба ғайр аз ҷавр нест, Кист, ё Раб, то бувад боби тараҳҳум карданаш? Дар арақ з-он чеҳраи хуршедсимо равшан аст Барқи чандин шуъла вақфи кишти анҷум карданаш. Турки ман метозад ошӯби қиёмат дар рикоб, Нест бок аз хоки раҳ дар чашми мардум карданаш. Бандаи пири хароботам, ки аз таълифи шавқ Як ҷаҳон дил ҷамъ кард ангур дар хум карданаш. Дар вузӯ зоҳид чӣ тӯфон бар сари об оварад, Менишонад хокро дар хун таяммум карданаш. Дил агар ҷамъ аст, гӯ, олам парешонҷилва бош, Гавҳар осудаст дар баҳр аз талотум карданаш. Дар пайи рӯзӣ талоши одамӣ имрӯз нест, Аз азал овора дорад фикри гандум карданаш. Кулфати ҳастӣ тапишҳо сӯхт дар набзи нафас, Риштаи ин соз хун шуд аз тараннум карданаш. Чун саҳар шӯри нафас гарди хаёле беш нест, То ба кай оинаи ҳастӣ таваҳҳум карданаш? Бар дили озурда тамҳиди шукуфтан офат аст, Ҷом дар хун мезанад захм аз табассум карданаш. Бе лаби дилдор Бедил ғӯта зад дар мавҷи ашк, Оқибат афканд дар дарё гуҳар гум карданаш. * * * Эй хаёловораи найранги ҳуш, То тавонӣ, дар шикасти ранг кӯш. То нафас боқист, мовуман ба ҷост, Шамъ бе куштан намегардад хамӯш. Зиндагӣ дар нанги ҳастӣ мурдан аст, Хок гарду айби мовуман бипӯш. З-ин хумистон гармии дил бурдаанд, Ҳамчу май бо хуни худ чанде биҷӯш. Аз ҷароҳатзори дил ғофил мабош, Рангҳо дорад дукони гулфурӯш. Ишқ агар набвад, ҳавас ҳам оламест, Нест хуни дил гуворо, май бинӯш. Хоки ман бар бод рафту хомушам, Ҳамчу субҳам дар нафас хун шуд хурӯш. Тардимоғон383 аз мухолиф эминанд, Гоҳи хушкӣ бод мепечад ба гӯш. Ё Раб, аз мастӣ налағзад пойи ман, Ашк минохонае дорад ба дӯш. Зиндагонӣ нашъаи ваҳмаш расост, То намемирӣ, намеоӣ ба ҳуш. Гар либоси соя аз дӯш афканӣ, Мекунад урёният хуршедпӯш. Яъс бар ҷо монду фурсатҳо гузашт, Имшаби мо нест ҷуз андӯҳи дӯш. То магар, Бедил, диле орӣ ба даст, Дар тавозуъ ҳамчу зулфи ёр кӯш. * * * Ба лавҳи ибрати Қоруну умри рафта ба ранҷаш Касе ҷуз ин чӣ нависад, ки хок бар сари ганҷаш. Чунин ки неку бади халқ чораҷӯст зи каслат,384 Шикасти ранг чӣ сафрост дар фишори туранҷаш.385 Зи золи чарх кӣ дорад сафои оина бовар? Саҳарфиреб ба як чеҳраву ҳазор шиканҷаш. Сухан муқобили уқбо кашид каффаи дунё, Тарозуест ҷаҳон аз хаёли қофиясанҷаш. Ба бахти сабз ду рӯзе ту низ масхарагӣ кун, Ки хандаҳост ҷунунреша дар табиати банҷаш. Ҷиҳоти даҳру ҳавоси халоиқ оина дорад, Ки ин ҳаваскадаи нард як-шаш асту ду-панҷаш. Зи сайр олами имкон нашуд муояна,386 Бедил, Ҷуз ин ки оташе афтода дар сарои сипанҷаш.387 * * * То кай афсурдан? Даме аз фикри худ вораста бош, Сар бурун ор аз гиребон, маънии барҷаста бош. Гар надорӣ ҷуръати аз хонумон барҳам задан, Ҳамчу май хундарҷигар з-ин шишаи нашкаста бош. То бифаҳмӣ рабти истеъдоди ҳастию адам, З-ин ду мисраъ дур магзар, андаке пайваста бош. Рӯзӣ ин ҷо дархури кому даҳан омода аст, Маҳрами минқори сози он ниҳоли писта бош. Азми содиқ мераҳонад чун табат аз банди табъ, Шояд аз пастӣ бурун оӣ, камар мебаста бош. Дахли беҷоят зи дарди аҳли маънӣ ғофил аст, Нохуне то ҳаст, дур аз синаҳои хаста бош. Чанд бошӣ аз фаромӯшони айёми висол? Рангҳои рафта ёдат медиҳам, гулдаста бош. Хостам аз дил бурун орам ғубори ҳасрате, То ба лаб омад нафас, хун гашту гуфт: Оҳиста бош. Аз иқомат шарм дорад, Бедил, истеъдоди шамъ, Ҳар қадар бошӣ дар ин маҳфил, зи по наншаста бош. * * * Тапид оина баски дар орзуяш, Зи ҷавҳар нафас мезанад мӯбамӯяш. Табассум, такаллум, тағофул, тараҳҳум Намезебад, илло ба рӯйи накӯяш. Ба ҷаннат кӣ мебандад эҳроми таскин? Фишонданд бар захми мо хоки кӯяш. Ниҳоли хаёлам, ки дар чашми биниш Ба сад реша як мӯ наболад нумӯяш. Нигаҳ сӯхт дар дидаи интизорам, Хиромат магар обе орад ба ҷӯяш. Зи бас маҳви он лаъл гардид гавҳар, Арақ ҳам чакидан надорад зи рӯяш. Тароват дар ин хокдон нест мумкин, Гар обест, дорад таяммум вузӯяш. Лаб аз ҳарзасанҷист миқрози ҳастӣ, Сари шамъ ҳам дар сари гуфтугӯяш. Чу най ҳар киро ҳарф бар лаб гиреҳ шуд, Тааммул шакар кард вақфи гулӯяш. Агар интиқом аз фалак меситонӣ, Макун ҷуз ба чашми тарам рӯбарӯяш. Хушо интиқоме, ки аз аҷзи тоқат Шавӣ хоку резӣ ба чашми адӯяш. Чу оташ сиёҳ аст ранги либосат, Ба собуни хокистари худ бишӯяш. Ҷаҳон аз вафо ранги гарде надорад, Ҷигархункуни кас мабод орзӯяш. Бурун аз худат гар ҳама ӯст, Бедил, Мабинаш, мадонаш, махонаш, маҷӯяш! * * * Чу абру баҳр зи лофи сахо пушаймон бош, Карам куну арақи инфиоли эҳсон бош. Нишоти ин чаман оинадории адаб аст, Чу шабнам об шав, аммо ба чашми ҳайрон бош. Ҳузури обилаи по агар ба даст афтад, Қадам ба афсари шоҳӣ гузору султон бош. Зи хуни худ чу ҳино ранги туҳфае бардор, Гули василаи побӯси хушхиромон бош. Чӣ лозим аст кашӣ ранҷи интизориҳо? Ҷигар чу субҳ ба чоке диҳу гулистон бош. Зи машраби хату холи бутон машав ғофил, Ба ҳусни маънии куфр обрӯйи имон бош. Ҳавопарастии ҷамъият аз фусурдадилист, Чу гард бар сари ин хокдон парешон бош. Куҷост вусъати дигар саводи имконро? Чу шуъла, дар ҷигари санг доғи ҷавлон бош. Зи фикри уқдаи дил чун гуҳар машав ғофил, Даме ки нохуни мавҷат намонд, дандон бош. Далели матлаби ушшоқ будан осон нест, Ба номае ки надорад савод, унвон бош. Ба сози ҳодиса ҳамнағма будан ором аст, Агар замона қиёмат кунад, ту тӯфон бош. Ба ҷуз фано намаки сози зиндагонӣ нест, Тамом шефтаи инӣ, андаке он бош. Дар ин чаман ҳама оҷизнигоҳи дидорем, Ту низ як-ду нигаҳ дар қатори мижгон бош. Чи нанги далқу чи фахри кулоҳ, ғафлати туст, Ба ҳар либос ки бошӣ, зи хеш урён бош. Далели ваҳдат аз афсуни касратӣ, Бедил, Ҳамин қадар ки ба ҷисм ошно шудӣ, ҷон бош. * * * Хоҳ дар маъмура ҷо кун, хоҳ дар вайрона бош, Бо ҳазорон дар паси девори худ чун шона бош. Чашми ҳиммат ҷуз ба нури ишқ натвон об дод, Сайқали оинаӣ, хокистари парвона бош. Даъвии қудрат раҳо кун, ҳеҷ корат баста нест, Эй саропоят калиди фатҳ, бедандона бош. Дашти савдо гарди осораш саломатхонаест, Дар паноҳи сояи мӯ чун сари девона бош. Корвон умрест аз поси қадам по мехӯрад,388 Пайрави маҳмилкашони лағзиши мастона бош. Мастии саргаштагони шавқ ноҳинҷор389 нест, Шуълаи ҷаввола шав, сар бар хати паймона бош. То тааммул мегуморӣ, рафтаанд ин ҳозирон, Чашм бар маҳфил кушову гӯш бар афсона бош. Оламе масти хаёли наргиси махмури ӯст, Гар ту ҳам з-ин нашъа бӯе бурдаӣ, майхона бош. Бедил, аҷзои нафас то кай фароҳам доштан? Пой то сар решаӣ, бе эҳтиёти дона бош. * * * Дилеро ки бахшад гудоз орзуяш, Чу шабнам диҳад ғӯта дар оби рӯяш. Ба ҷамъияти зулфи мушкин бинозам, Ки аз ҳар буни мӯст ҳайрони рӯяш. Чаро дил наболад зи ошуфтагиҳо, Ки чун тоб зад даст дар тори мӯяш. Чунон нотавонам, ки бар дӯши ҳасрат Зи худ меравам, гар кашад дил ба сӯяш. Тавонӣ ба гарди хиромаш расидан, Зи сабти нафас гар кунӣ ҷустуҷӯяш. Ба ошиқ зи олудагиҳо чӣ нуқсон? Ки мижгон бувад домани тарвузӯяш. Зи тақво надидем ғайр аз фусурдан, Хушо олами мастию ҳою ҳуяш. Ба майхонаи ваҳм то чанд бошӣ Ҳубобе ки хандад пурӣ бар сабӯяш? Машав моили эътибороти дунё, Гули шамъ агар дида бошӣ, мабӯяш. Фалак хоҳад аз ахтарат доғ кардан, Маҷӯ мағзи роҳат зи тухми кадуяш. Сабо гарди зулфи кӣ афшонд, ё Раб, Ки олам димоғи Хутан шуд зи бӯяш. Нигаҳ мавҷи хун гашт дар чашми Бедил, Чӣ ранг аст, ё Раб, гули орзуяш? * * * Дил ба коми туст, чанде хуррамиизҳор бош, Соғаре дорӣ, шикасти рангро меъмор бош. Файзҳо дорад сухан, бар маънии борик печ, Гар дили осуда хоҳӣ, уқдаи ин тор бош. Ҳар чӣ аз васлаш ба якрангӣ наёмезад дилат, Гар ҳама ҷон бошад, аз андешааш безор бош. То ҳузури чашму мижгон ёбӣ аз ҳар хору гул, Чун нигаҳ дар ҳар куҷо по мениҳӣ, ҳамвор бош. Ҳеҷ кас туҳматнишони доғи бенафъӣ мабод, Чатри шоҳӣ гар набошӣ, сояи девор бош. Нанги таътил аз ғами беҳосилӣ натвон кашид, Судани дасте ниёзи ҷаҳд кун, дар кор бош. Нақши пойи рафтагон махмур меояд ба чашм, Яъне, эй вомонда, дар хамёзаи рафтор бош. Монеъи озодагон пасту баланди даҳр нест, Нола аз худ меравад, гӯ, шаш ҷиҳат куҳсор бош. Бар тасалсул хатм шуд даври ғурури субҳаат, Як-ду соғар маҳви ишратхонаи хаммор бош. Ҳарзатозӣ то ба кай? Гоме ба гирди хеш гард, Ҷаҳд бар машқи ту хатте мекашад, паргор бош. Ҳар қадар мижгон кушоӣ, ҷилва дар оғӯши туст, Эй нигоҳат муфти фурсат, толиби дидор бош. Оқибат, Бедил, зи чашми хеш бояд рафтанат, Зарра ҳам кам нест, то бошӣ, ҳамин миқдор бош! * * * Сухансанҷе, ки мадҳи халқ нафребад ба васвосаш, Масеҳои ҷаҳони мурда гардад субҳи анфосаш. Нафас маҳмилкаши чандин ғанову фақр мебошад, Ки дар ҳар омадурафтест гарди ҷоҳу ифлосаш. Зи тору пуди аздод аст ибратбофии гардун, Каҷию ростӣ шуд ҷамъ, то гул кард карбосаш. Фусурдан ҳам камолаш поси оби рӯст дар маънӣ, Нигин аз кандан озод аст, агар созӣ зи алмосаш. Фалак созест мустағнӣ зи вазъи ҳарзаоҳангӣ, Манумои ту мебошад, гар овозест дар тосаш. Маро бар бениёзиҳои Маҷнун рашк меояд, Ки гум кардаст роҳу нест ёди Хизру Илёсаш. Шукӯҳи иззат аз иқболи дунон нанг медорад, Баландӣ то куҷо бар обила хандад зи омосаш?390 Ту з-ин мазраъ нумӯҳои даравомодае дорӣ, Ки дар ҳар ҳафта чун нохун зи гардун медамад досаш. Ба иқлими адам гум кард инсон завқи султонӣ, Ки ваҳми ҳастӣ афканд ин замон дар дасти канносаш. Ҳубоби Бедили моро ғаме дигар намебошад, Нафас зиндонии шарм аст, бояд доштан посаш. * * * Сурати фақрам агар кашанд манолаш, Сояи боли ҳумост нанги зуголаш. Фақр начинад бисоти даъвати чинӣ, Мӯй шикастаст дар димоғи сафолаш. Баски адаб баста лаб гадои даратро, Ҳақ нагузаштаст бар забони суолаш. Шубҳа намечинам аз даҳону миёнат, Илммисолам муҳол нест муҳолаш. Ваҳшат аз ин гулшанам назад ба диранге, Ранг ба парвоз нест ҳоҷати болаш. Нашвунумо нест дар баҳори муҳаббат, Якқалам аз худ баромадаст ниҳолаш. Бар сари обе, ки раҳ наёфт Сикандар, Даст зи худ низ шуста буд зулолаш. Ҷинси умеде, ки ҳеҷ ранг надорад, Ман ба нафас чидаам дукони хаёлаш. Дам мазанед аз суроғи манзили роҳат, Рам зи нафас хӯрдааст дашти ғизолаш. Аз сари бемағз мекашем нигунӣ, Чун қалами наргис аз хиҷолати нолаш. Бар фалаки эътибор чанд бароӣ? Ҷабҳаву абрӯи туст бадру ҳилолаш. Маҳви адам вогузор Бедили моро, Заҳмати дигар мадеҳ зи ҳол ба ҳолаш. * * * Урён баро, ба мулки ҷунун подшоҳ бош, Аз мӯи сар алам391 кашу соҳибкулоҳ бош. Кам нестӣ зи шамъ дар ин ваҳшатанҷуман, По гар далели саъй нашуд, сарбароҳ бош. Дасти тасаллӣ аз дили бетоб бармадор, Чашме ба ҳар куҷо бипарад, барги коҳ бош. Ғофил мабош бо ҳама ғафлат зи оҷизон, Чун пойи хуфта обилаеро паноҳ бош. Гирам, наӣ зи аҷз рафиқи гузаштагон, Чун нақши по ба саҷда раву узрхоҳ бош. Сад тоат аст дар хами меҳроби инфиол,392 Чанде ба сарнигунии фаҳми гуноҳ бош. Сабре агар ба шуғли қаноат мадад кунад, Сайқалгари кудурати бахти сиёҳ бош. Огоҳӣ аз ҳазор ҷунун парда медарад, Номаҳрами ҳақиқати ин коргоҳ бош. Ин ҷо чу шамъ кор ба акси табиат аст, Пур сарбаланд меравӣ, огаҳ зи чоҳ бош. Бе нашъа нест кулфати мастони ин бисот, Эй дарди ишқ, бодаи минои оҳ бош. Радду қабул ҷазреву маддест з-ин муҳит, Бе қурбу буъд гоҳ «бирав» бошу гоҳ «бош». Ин аст агар ҳақиқати пайдоие ки нест, Мо ҷумла рафтаем зи олам, гувоҳ бош. Бедил ба ҳеҷ кас нанамоӣ ғубори хеш, Дар чашми ҳар кӣ роҳ диҳандат, нигоҳ бош. * * * Камоли фақр набвад ҷузви истеъдод аз ин бешаш, Ки ҳар кас аз бизоат пурсадат, сар афканӣ пешаш. Сари сайри ғано дорӣ, ба иқлими қаноат рав, Ки дар ҳар бахяи далқ остинҳо чида дарвешаш. Адамро ҳастӣ андешидан офатҳо ба бар дорад, Қиёмат мекунӣ бар зиндагӣ, бигзар зи ташвишаш. Зи дунё даст агар бардоштӣ, ҷамъияти дил ку? Ба ин бегонагиҳо ром натвон ёфт бо хешаш. Фусурдан дар бағал, аз ваҳшати авқот маъюсӣ, Ғами фурсат гар аз дил нагзарад, фурсат маяндешаш. Қади хамгашта то оҳе ба дил дорад, асар дорад, Ба ғафлат з-ин камон магзар, хаданге ҳаст дар кешаш.393 Талоши маркази аслӣ вафои мум мехоҳад, Ки ёди хонаи занбӯр мебандад ба ҳар решаш. Ба иқболи ҷаҳонтасхири симу зар тааммул кун, Ки ин фақру ғано номест аз вазъи каму бешаш. Муҳосин394 он қадар бар риши зоҳид пашм мечинад, Ки хиҷлат мекашад тақсим бар хирсу бузу мешаш. Ҷунун дар табъи ҳар кас шуғле аз машшотагӣ дорад, Ману ороиши гесӯи маънӣ, зоҳиду ришаш. Зи бадгавҳар набояд дошт чашми эминӣ, Бедил, Газанди тинати ақраб аламдор аст аз нешаш. * * * Гар наӣ айни тамошо, ҳайрати саршор бош, Сар ба сар дилдор ё оинаи дилдор бош. Ё ҳуҷуми айш шав чун нағмаи завқи висол, Ё саропо дарди дил чун нолаи бемор бош. Болупарфарсудаи доми фалак натвон шудан, Гар ҳама марказ шавӣ, беруни ин паргор бош. Чанд бояд буд пешоҳанги таҳрики нафас? Сози мавҳуме ки мо дорем, гӯ, бетор бош. Сад чаман ранги тараб дар ғунча дорад хомушӣ, Нола ҳар ҷо гул кунӣ, кӯтаҳтар аз минқор бош. Гар ҳама бӯе зи афсуни ҳасад дорад дилат, Бар думи ақраб нишин ё бар даҳони мор бош. Огаҳӣ оинадори эҳтиёт афтодааст, Чашм агар гардида бошӣ, андаке бедор бош. Бисмили моро пари вомонда сайри оламест, Арсаи кавну макон, гӯ, як тапиданвор бош. Доғ ҳам рангиние дорад, ки дар гулзор нест, Гар наӣ товус, боре рахти оташкор394 бош. Серчашмӣ зарраи меҳри қаноат будан аст, Пеши мардум андаке, дар чашми худ бисёр бош. Ғунчаат аз бехудӣ фоли шукуфтан мезанад, Эй зи сар ғофил, бирав, бемағзии дастор бош. То ба кай бошад дил аз хиҷлатшуморони нафас? Субҳа бекор аст, чанде гарми истиғфор бош. Бениёзиҳои ишқ охир ба ҳеҷат мехарад, Ҷинси мавҳумӣ, ду рӯзе бар сари бозор бош. Як қадам роҳ аст, Бедил, аз ту то домони хок, Бар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош. * * * |