Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Ман намегӯям, зиён кун ё ба фикри суд бош, Эй зи фурсат бехабар, дар ҳар чӣ бошӣ, зуд бош. Дар талаб ташнеъи395 кӯтоҳӣ макаш аз ҳеҷ кас, Шуъла ҳам гар боли беобӣ кушояд, дуд бош. Зеби ҳастӣ чист, ғайр аз шӯри ишқу сози ҳусн? Накҳати гул гар наӣ, дуди димоғи уд бош. Аз хамӯшӣ гар бичинӣ дастгоҳи офият, Гуфтугӯ ҳам оламе дорад, нафасфарсуд бош. Роҳате гар ҳаст, дар оғӯши саъйи бехудист, Якқалам лағзиш чу мижгонҳои хоболуд бош. Мӯмиёӣ ҳам шикасташ холӣ аз таъмир нест, Эй зиёнат ҳеҷ, баҳри дардманде суд бош. Хоки Одам оташи иблис дорад дар камин, З-ин таайюн ҳам баро, беҳосиду маҳсуд бош. Чист дил, то рӯкаши дидор бояд сохтан? Ҳусн бепарво хуш аст, оина, гӯ, мардуд бош. З-ин ҳама саъйи талаб ҷуз офият матлуб нест, Гар ҳама доғ аст, ҳар ҷо шуълаат осуд бош. Нақди ҳасратхонаи ҳастӣ садое беш нест, Эй адам, номе ба даст овардаӣ, мавҷуд бош. Бар муқимони сарои орият, Бедил, мапеч, Чун ту ин ҷо нестӣ, гӯ, ҳар кӣ хоҳад буд, бош! * * * Аз қаноат хок бояд кард дар анбони ҳирс, Обрӯ то кай шавад сарфи хамири нони ҳирс? Ҳеҷ даште нест, к-аз реги равон бошад тиҳӣ, Барнамеояд ҳисоб аз резиши дандони ҳирс. Ҳар тараф мижгон кушоӣ, олами хамёза аст, Аз замин то осмон чокест аз домони ҳирс. Даъвати фағфур мотамхона кард офоқро, Мӯканӣ зоил нашуд аз косаҳои хони ҳирс. Эй ҳарисон, раҳм бар аҳволи якдигар кунед, Об шуд саъйи нафас, ҷони шумову ҷони ҳирс. То ба кай бошад касе савдоии суду зиён? Тахта мегардад ба як хишти лаҳад дуккони ҳирс. Оламе асбоб бар ҳам чиду з-ин дарё гузашт, То нафас дорӣ, ту ҳам пул банд аз сомони ҳирс. Хок ҳам аз шӯхии иброми дом осуда нест, Аз тасаннуъ396 кист пӯшад чашми бемижгони ҳирс? То набандӣ санг бар дил аз тақозои талаб, Маънии дилчасп натвон ёфт дар девони ҳирс. Гаҳ ғами Яъқубу гаҳ нози Зулайхо мекашем, Юсуфи моро кӣ афканд, оҳ, дар зиндони ҳирс? Мурдагонро низ савдои қиёмат дар сар аст, Зинда медорад ҷаҳонеро ҳамин эҳсони ҳирс. Хоҳ дар кунҷи қаноат, хоҳ дар қасри ғано, Рӯзаке чандест, Бедил, ҳар касе меҳмони ҳирс. * * * Пур кӯтаҳ аст дасти ба ҳар сӯ дарози ҳирс, Ғайр аз гиреҳ ба ришта набастаст сози ҳирс. Узлат гузидаему ба сад кӯча метапем, Оҳ аз қаноате ки нашуд бениёзи ҳирс! Дар ранги обрӯ зарат аз киса меравад, Анҷоми шамъ бину мапурс аз гудози ҳирс. Хокему ҳар чӣ гул кунад аз мо, ғанимат аст, Эй ғофилон, чӣ вазъи қаноат, чӣ сози ҳирс? Осори шарм аз назари халқ бурдаанд, Хоке магар шавад мижаи чашми бози ҳирс. Аз табъи дун ҳанӯз ба пастӣ намерасад, Гар по хӯрад зи нақши қадам сарфарози ҳирс. Доман начида эмин аз олудагӣ мабош, К-ин мазбала пур аст зи бавлу бирози ҳирс. Он ҷо ки офиятталабӣ азми ҷустуҷӯст, Гоме ба мақсад аст қариб эҳтирози ҳирс. То марг чун нафас зи такутоз чора нест, Хуш оламест олами беимтиёзи ҳирс. Бедил, чу субҳ сурати хамёза бастааст Аз хок то сипеҳр нишебу фарози ҳирс. * * * Эй бехабар, масӯз нафас дар ҳавои файз, Бе чоки сина нест чу субҳ ошнои файз. Эй дона, кулфати надамидан ғанимат аст, Расво машав ба иллати нашвунамои файз. Танҳо на расми ҷуду карам дар ҷаҳон намонд, Тавфиқ низ рафт зи мардум қафои файз. Ҳиммат чӣ мумкин аст кашад нанги интизор? Мурдан аз он беҳ аст, ки бошӣ гадои файз. Соҳибдилӣ, зи гарди раҳи фақр сар матоб, Хокистар аст оинаро тӯтиёи файз. Ғофил машав зи нола, ки дар гулшани ниёз Меболад ин ниҳол ба обу ҳавои файз. Дилро абас ба кулфати авҳом хун макун, То зиндагист, нест ҷаҳон бе салои файз, Пастӣ далели офияти аҷзи мо бас аст, Афтодагист нақши қадамро асои файз. Бар бӯи субҳ даст зи домони шаб мадор, Файз аст кулфате, ки кунад иқтизои файз. Эй шамъ, субҳ медамад, аз хеш рафтане, Бар ашку оҳ чанд гузорӣ бинои файз? Ҳусн аз саводи улфати ҳайрат намеравад, Лағзидааст дар дили оина пои файз. Субҳ аз нафас паре ба такаллуф фишонду рафт, Яъне, дар ин ситамкада танг аст ҷои файз. Бедил, зи ташнакомии ҳирси ту дур нест, Гар борад аз сипеҳр фалокат ба ҷои файз. * * * Мабод, домани кас гирам аз фусуни ғараз, Кафи умед ҳино бастаам ба хуни ғараз. Таваҳҳум оинаи эҳтиёҷи якдигар аст, Муназзаҳем вагарна зи чанду чуни ғараз. Фазои шаш ҷиҳатам поймоли истиғност, Ҳанӯз дар хами занҷирам аз ҷунуни ғараз. Зи баҳр баҳраи серӣ набурд чашми ҳубоб, Пурист мунфаил аз косаи нигуни ғараз. Ҳарифи тешаи ибром будан осон нест, Ҳазар кунед зи Фарҳоди Бесутуни ғараз. Дил аз умед бипардоз, ҷаҳл муфти ғаност, Ҷаҳон тамом Фалотун шуд аз фунуни ғараз. Надошт забти нафас ғайри офият манзур, Шунидам аз лаби хомӯш ҳам фусуни ғараз. Суроғи анҷумани кибриё зи дил ҷустам, Тапиду гуфт: Ҳамин як қадам буруни ғараз. Ба рӯйи кас мижа аз шарм барнадоштаем, Мабод Бедили мо ин қадар забуни ғараз! * * * Бар ҷунун натвон шуд аз ақли адабпарвар муҳит, Саъйи гавҳар то куҷоҳо танг гирад бар муҳит? Ғайри бекорӣ чӣ меояд зи дасти муфлисон? Нест ҷуз бар нотавонӣ пайкари лоғар муҳит. Баҳраи осоиши доно зи гардун равшан аст, Аз ҳубобу мавҷ дорад болишу бистар муҳит. Софтабъонро ба пастӣ менишонад чархи дун, Бо ҳама равшандилӣ дурд аст гавҳар дар муҳит. Кард дилро поймоли орзу саъйи нафас, Мавҷ охир аз ҳаво афтод ғолиб бар муҳит. Ҳар касеро дархури асбоб ташвиш асту бас, Аз ҳуҷуми мавҷ бар худ мекашад лашкар муҳит. Оламеро мекашӣ зери нигини эътибор, Гар шавӣ бар обрӯйи хеш чун гавҳар муҳит. Қобили таҳрири ашкам нест тӯмори дигар, Сафҳаворе шояд аз тӯфон занад мистар муҳит. Иззату хорӣ ғубори соҳили тамйизи мост, Варна, аз каф фарқ нагрифтаст то анбар муҳит. Бе надомат нест ҳастӣ, ҳар қадар болад нафас, Мавҷ то боқист, дасте мезанад бар сар муҳит. Бедил, аз вазъи қаноат бори дӯши кас наем, Киштии мо чун садаф гирад ба сар камтар муҳит. * * * Гаштам аз бедаступоиҳо ба хушку тар муҳит, Киштӣ аз таслим пайдо кард соҳил дар муҳит. Қосидони шавқ яксар нохудоӣ мекунанд, Мавҷҳо дорад зи чашмам то дари дилбар муҳит. Дил ба ҳар андеша фоли инқилобе мезанад, Мекунад аз ҳар насиме нусхае абтар муҳит. Гар чунин афсурдагӣ ҷӯшад зи табъи рӯзгор, Рафта-рафта мехазад дар дидаи гавҳар муҳит. Шӯхии барқи нигаҳ дар дидаи оина нест, Ҳамчу гавҳар, мавҷи моро гашт чашми тар муҳит. Табъ чун мумтози аъён шуд, ватан ҳам ғурбат аст, Мекунад ҳосил гуҳар гарди ятимӣ дар муҳит. Ҳар қадар сози тааллуқ беш, ваҳшат бештар, Мекушояд дархури амвоҷ болу пар муҳит. Шафқати ҳоли заифон бар бузургон нанг нест, Хору хасро ҳамчу гул ҷо медиҳад бар сар муҳит. Чун ба узлат хӯ гирифтӣ, фикри озодӣ хатост, Оби гавҳаргашта натвонад шудан дигар муҳит. Чашми ҳайрони маро оина фаҳмидаст ҳусн, Дар тилисми гавҳари ман нест белангар муҳит. Маҳрами ӯ кист? Гирди хеш мегардида бош, Ҳалқае дорад зи гирдобат буруни дар муҳит. Дастгоҳи мастии арбоби маънӣ бода нест, Бедил, аз чашми тари худ мекашад соғар муҳит. * * * Набуд нуқтае аз илми ин китоб ғалат, Шуури ноқиси мо кард интихоб ғалат. Фиреби зиндагӣ аз шӯхии нафас нахурӣ, Ки теғро накунад кас ба мавҷи об ғалат. Шикасти шиша ба чашмат бисоти ишрат чид, Зи ранги бохта кардӣ ба моҳтоб ғалат. Румузи вазъи ҷаҳонро касе чӣ дарёбад? Ки халқ кӯрсавод асту ин китоб ғалат. Руҷӯъи асл хато мебарад зи тинати фаръ, Гирифтан аст зи сар, чун шавад ҳисоб ғалат. Ҷаҳон зи ҷӯши ғубори ман он қадар ошуфт, Ки роҳи хонаи худ кард офтоб ғалат. Надошт оинае мавҷу об ғайри муҳит, Ба ҷилва хӯрдам аз андешаи ниқоб ғалат. Буруни доира марказ чӣ обрӯ дорад? Набаст ишқ сарамро ба он рикоб ғалат. Ба фарқи ҳосили ин дашт хок мебоист, Арақ зи оинаи саъй рехт об ғалат. Ба хоб дидамат имшаб, ки дар канори манӣ, Агар ғалат накунам, нест ҳукми хоб ғалат. Зи қатра қатра аён диду аз муҳит муҳит, Накард фитрати Бедил ба ҳеҷ боб ғалат. * * * Бе нами ҳиҷлат намебошад сару кори тамаъ, Ҷинси истиғно арақ дорад ба бозори тамаъ. Ғайри навмедӣ илоҷи ин қадар амроз чист? Оламе пар мезанад дар набзи бемори тамаъ. Умр дар ҳасрат шуду як тавқи қумрӣ хам набаст Ҳиҷлати беҳосилӣ бар сарви гулзори тамаъ. Осмон хамёзаи яъси ту хирман мекунад, Эй ҳавас, бардор даст аз шакли анбори тамаъ. Бениёзӣ тобеъи андешаи ағроз нест, Хидмати ҳиммат муҳол аст аз парастори тамаъ. Баҳри таъмири хаёле, к-аз нафас вайронтар аст, Хоки даҳр аз обрӯ гил кард меъмори тамаъ. Заҷри ибрат нест танбеҳи самоҷатпешагон, Лаб газидан нашканад дандони изҳори тамаъ. Дархури ҷон кандан аз ағроз мебояд гузашт, Умрҳо шуд, маргат аз по мекашад хори тамаъ. Аз камоли хеш ғофил нест истеъдоди халқ, Шӯри иқболи гадо мебошад идбори тамаъ. Базми чандин ҳасрат он сӯи қиёмат чидаем, Бояд аз шахси амал398 пурсид миқдори тамаъ. Гар ҳама бар осмон хоҳӣ назар бардоштан, Чун мижа бе сарнигунӣ нест девори тамаъ. Аз хирад ҷустам тариқи интиоши399 коми халқ, Даст бар ҳам суду гуфт: Ин аст рафтори тамаъ. Нест мавқуфи суол иброми табъи дунҳасаб, Бастани лаб ҳам камар бастаст дар кори тамаъ. Бениёзӣ, Бедил, охир эҳтиёҷ омад ба арз, Маҳрами рози ғаноям кард осори тамаъ. * * * Сӯхтан як нағма аст аз сози шамъ, Парда натвонад нуҳуфтан рози шамъ. Худгудозӣ обрӯйи дигар аст, Мерасад бар анҷуманҳо нози шамъ. Нолаҳо дар дуди дил гум кардаем, Сурма печидаст бар овози шамъ. Ошиқонро мӯнисе ҷуз дард нест, Сӯхтан бошад ҳамон дамсози шамъ. То кай, эй парвона, болафшоният? Сарфишониҳост бо гулбози шамъ. Хатми тадбири забон лаб бастан аст, То хамӯшӣ мерасад парвози шамъ. Равнақи ушшоқ арзи нестист, Сар буридан мешавад пардози шамъ. Кист дарёбад забони бехудон? Нест ҷуз парвози ранг овози шамъ. Саъйи худро худ талофӣ кардаем, Ҳам сари хеш аст пойандози шамъ. Муддаои ҷустуҷӯ равшан нашуд, Пур баланд афтодааст андози шамъ. Фикри анҷоме дигар дорем мо, Дида бошӣ сурати оғози шамъ. Хомушӣ ҳам тарҷумони ҳоли мост, Бе сухан пайдост, Бедил, рози шамъ. * * * Ҳар чӣ дар дил гузарад, вақфи забон дорад шамъ, Сӯхтан нест хаёле, ки ниҳон дорад шамъ. Нури таҳқиқ зи лофи дами ҳастӣ кадар400 аст, Аз нафас, гар ҳама ҷон аст, зиён дорад шамъ. Хомушӣ мешавад охир сипари теғи забон, Доғ чун ҳалқа занад, хатти амон дорад шамъ. Хоб дар дидаи ошиқ накашад рахти ҳавас, Сурмаи шуъла ба чашми нигарон дорад шамъ. Ранги ошуфта матоъи ҳавасороии мост, Дар тамошогаҳи парвоз дукон дорад шамъ. Раҳбари олами осудадилӣ хомӯшист, Хор дар пойи худ аз дасти забон дорад шамъ. Изтиробу тапишу сӯхтану доғ шудан, Он чи дорад пари парвона, ҳамон дорад шамъ. Нашавад шиква гиреҳ дар дили равшангуҳарон, Дуд дар сина муҳол аст ниҳон дорад шамъ. Зомини равнақи ин базм гудози дили мост, Сӯхтан баҳри нишоти дигарон дорад шамъ. Нашавад сайқали оинаи ин базм чаро? Асаре аз нафаси сӯхтагон дорад шамъ. Заъфаронзори тараб сайри рухи коҳии мост, Навбаҳоре дигар аз ранги хазон дорад шамъ. Сӯхтан муфти тамошо, мижае боз кунед, К-аз фусурдан ба камин хоби гарон дорад шамъ. Бетамиз401 аст ҳаё, ҳусн чу саршор афтад, Ранги худро пари парвона гумон дорад шамъ. Рафтан аз дидаи худ тарзи хироме дигар аст, Бедил, ин ҷо сифати сарви равон дорад шамъ. * * * Фақри моро машуморед кам аз олами теғ, Ки буришҳост ба қадри тунукӣ дар дами теғ. Аҷзи мардон асари ғайрати дигар дорад, Пушт дар сина ниҳон мекунад ин ҷо хами теғ. То қазо оинаи маҷмаи имкон пардохт, Гардане нест, ки чун шамъ нашуд маҳрами теғ. Ғофил аз дард мабошед, ки дар арсаи ишқ Захмҳо ҳамчу ниёманд ҳама тавъами теғ. Аз қазо бехабарӣ, варна, дар ин арсаи ваҳм Сари фармонбари таслим надорад ғами теғ. Ҷуз ба таслим дар ин арса амон натвон ёфт, Чун маҳи нав сипар эҷод кунед аз хами теғ. Шарм дорад сари бемоя зи сомони ғурур, Чун ниёми тиҳӣ аз хеш гирифтам ками теғ. Ҷубн402 бар ҷавҳари ғайрат нагуморӣ, ё Раб, Зани ҳез аст, агар мард шавад мулзами теғ. Бедил, аз аҳли замон чашми тараҳҳум бардор, Гиря хун рехтан аст аз мижаи бенами теғ. * * * Кунун, ки мегузарад айш чун насим зи боғ, Чу гул хуш он ки занӣ даст дар рикоби аёғ. Зи шабнами гулам ин нукта нақди огоҳист, Ки гарди обилапоӣ шикастаанд ба боғ. Зи чашмаки гули боғи ҷунун машав ғофил, Танидааст нигоҳе ба хатти соғари доғ. Гузаштааст зи ҳастӣ ғубори ваҳшати мо, Зи ранги рафта ҳамон дар адам кунанд суроғ. Дар ин бисот ки ҳайрат далели биноист, Ба ғайри сӯхтани худ чӣ дид чашми чароғ? Чи анҷуман, чи гулистон, фазои дилтангист. Магар зи мазбала ҷӯяд касе мақоми фароғ. Зи дарси ишқ ба ҳарфи ҳавас қаноат кун, Хумори нағмаи булбул шикан ба бонги калоғ. Талоши мансаби парвонамашрабӣ муфт аст, Бигард гирди сари ҳар диле, ки дорад доғ. Хумори маҷлисиён арзи соғар аст ин ҷо. Зи бедимоғии мастон расонда гир димоғ. Ду рӯз дар дили хунгашта ҷӯш зан, Бедил, На боғ дархури ҷавлони орзуст, на роғ. * * * Нозад ба ишқ ғозаи ҳусни ҷунундимоғ, Парвона аст ҷавҳари оинаи чароғ. Моро зи лаъли ёр паёме нашуд насиб, То кай расад ба бӯсу кулаҳ каҷ кунад аёғ? Маҷбури ҳастием, зи ҷуръат гузир нест, Аз пар задан ба пашша нагирад касе калоғ.403 Чун нолаи сипанд ба ҳар ҷо гузаштаем, Нақши қадам зи гармии рафтор гашта доғ. Дар ишқ кӯш, к-аз ғами асбоб вораҳӣ, Дарди диле магар диҳад аз дарди сар фароғ. Аз саркашони ҷоҳ таваққуъ мадор чашм, Афшонда гир дасти самар з-ин чанори боғ. Бо дӯстон агар гарави инфиол нест, Улфат бас аст, шарм кун аз бастани чаноғ. Анқо ба ваҳм масдари осори зиндагист, Эй кош, нестӣ диҳад аз ҳастиям суроғ. Дил тира шуд зи машқи хаёлоти хубу зишт, Оинаро ҳуҷуми сувар кард бедимоғ. Бедил, навиди қосиди бадлаҳҷа мотам аст, Мактуби навбаҳор набандӣ ба боли зоғ. * * * Баҳсу ҷадал ба офати ҷон мекунад тараф, Сарҳо ба теғи фитна забон мекунад тараф. Таъни хасон муқобили сидқи мақоли туст, Изҳори ростӣ ба синон мекунад тараф. Аз гуфтугӯ ба хок мазан гавҳари виқор, Ин мавҷ баҳрро ба карон мекунад тараф. То кай зи чорсӯи таайюн харад касе Ҷинсе, ки оташаш ба дукон мекунад тараф? Ташвиши хубу зишт зи осори огаҳист, Оинаро сафо ба ҷаҳон мекунад тараф. Бад нест бо муомалаи ҷоҳ сохтан, Аммо димоғро ба харон мекунад тараф. Пайдо агар набошӣ, аз офот растаӣ, Бо новакат ғурури нишон мекунад тараф. То оташе ба дил назанад ишқ чун сипанд, Одобро ба нола чӣ сон мекунад тараф? Ҳамдарси халқ бош, тағофул камол нест, Эй бехабар, карӣ ба фиғон мекунад тараф. Осон мадон тараддуди рӯзӣ, ки чун ҳилол Бо нуҳ сипеҳр як лаби нон мекунад тараф. Бедил, ғурури лоф далели сабуксарист, Худсанҷият ба санги гарон мекунад тараф. * * * То намегардад табу тоби нафасҳо бартараф, Медавад аҷзои мо чун мавҷи дарё ҳар тараф. Бастаанд аз шӯхии аздод нақши коинот, Кардаанд аҷзои ин пайкар ба якдигар тараф. Дил мусаффо кардаӣ, бояд ба ҳайрат сохтан, Бештар оина мегардад ба равшангар тараф. Машраби девонагон бо май надорад эҳтиёҷ, Ҷом лабрез аст, ҳар ҷо санг шуд бо сар тараф. Олами таҳқиқи мо оинадори ғайр нест, Чанд бояд буд бо аъроз405 чун ҷавҳар тараф? Ҳар куҷо шӯри таманноят далели ҷустуҷӯст, Пойи хоболуд мегардад ба болу пар тараф. Шаш ҷиҳат оинаи тимсоли хубу зишти мост, Кас нагардидаст ин ҷо бо каси дигар тараф. То намирад дил, ба ҳарфи халқ натвон гӯш дошт, |