Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Ранги парвозат чу шамъ оғӯш пайдо кардааст, Бо видоъи хеш ин карруфар аз худ ронда гир. Эй ҷунун, чандин ғубори ваҳму зан додӣ ба бод, Хоки бунёди маро ҳам як-ду дам шӯронда гир. Халқе аз расвоии ҳастӣ назар пӯшиду рафт, Бар сари ин айб мижгоне ту ҳам пӯшонда гир. Домани хок аст охир мақсади саъйи ғубор, Гар ҳама фикрат фалактоз аст, барҷомонда гир. Дар нигинҳо эътибори ном ҷуз парвоз нест, Нақши худ ҳар ҷо нишондӣ, ҳамчунон наншонда гир. Бетааммул ҳар чӣ гӯйӣ, нест шоёни асар, Теғи ҳукме гар биёзӣ, андаке хобонда гир. Эй ғурурандеша, бар ваҳми ҷаҳонгирӣ маноз, Қудрате гар ҳаст, дасти Бедили вомонда гир! * * * Сайри гулзори кӣ, ё Раб, дар назар дорад баҳор? Аз пари товус доман бар камар дорад баҳор. Шабнами моро ба ҳасрат об мебояд шудан, К-аз дили ҳар зарра тӯфоне дигар дорад баҳор. Ранг доман чидану бӯйи гул аз худ рафтан аст, Ҳар куҷо гул мекунад, барги сафар дорад баҳор. Ҷилва, то дидӣ, ниҳон шуд, ранг, то гуфтӣ, шикаст, Фурсати арзи тамошо ин қадар дорад баҳор. Маҳрами набзи раму ороми мо ишқ асту бас, Аз раги гул то хати сунбул хабар дорад баҳор. Эй хирад, чун бӯйи гул дигар суроғи мо магир, Дар ҷунун сар дод моро, то чӣ сар дорад баҳор. Сайри ин гулшан ғанимат дон, ки фурсат беш нест, Дар тилисми хандаи гул болу пар дорад баҳор. Бӯйи гул умрест хунолудаи ранг асту бас, Новаке аз оҳи булбул дар ҷигар дорад баҳор. Лола доғу гул гиребончоку булбул навҳагар, Ғайри ибрат з-ин чаман дигар чӣ бардорад баҳор? Зиндагӣ мебояд, асбоби тараб маъдум нест, Ранг ҳар ҷо рафта бошад, дар назар дорад баҳор. Захми дил умрест дар гарди нафас хобондаам, Дар гиребоне ки ман дорам, саҳар дорад баҳор. Куҳнадарси фитратем, эй огаҳисармоягон, Чанд рӯзе шуд, ки моро бехабар дорад баҳор. Чанд бояд буд маъзури тароватҳои ваҳм? Шабнамистон нест, Бедил, чашми тар дорад баҳор. * * * Қади хамида надорад ба ғайри нола ҳузур, Ки нест хонаи занҷир бе садо маъмур. Вуҷуди орият оинадори таслим аст, Махоҳ ғайри хамидан зи пайкари муздур. Муҳит фоли ҳубобе назад зи ҳастии ман, Намояд оинаамро магар сароб аз дур. Ба ёди ҷилва қаноат куну фузул мабош, Ки сахт оинасӯз аст ҳусни хилвати Тур. Ниқоби маънии матлуб аз талаб во кард Қадаҳ дамондани хамёза бар лаби махмур. Шаҳи сарири яқин шуд, касе ки чун Ҳаллоҷ Фарошт аз алами дор рояти Мансур. Дар ин ҷунункада ҳайраттирози ибратҳост Камоли боқии ёрон ба дастгоҳи қусур. Гузир нест ба зери фалак зи шодию ғам, Ба нӯшу неш муҳайёст хонаи занбур. Сафоли хеш ғанимат шумар, ки муддатҳост, Шикаст чинию мӯ рехт аз сари фағфур. Даро ба мулки қаноат, ки мехаранд он ҷо Ғубори шавкати Ҷам сурмавори дидаи мӯр. Ба чашми ибрат агар бингарӣ, чӣ хоҳӣ дид Зи ҷома ҷуз кафан, аз хонаҳо ба ғайри қубур? Агар на кӯрии ғафлат фушурда мижгонат, Кушоди чашм мадон ҷуз табассуми лаби гӯр. Гувоҳи ғафлати офоқ касби огоҳист, Ҳамон хуш аст, ки бошад ба хоб дидаи кӯр. Забон зи ҳарфи хато маҳви ком беҳ, Бедил, Ба ҳарза чанд кашӣ даст аз остини шуур? * * * Мардӣ, чу шамъ дар ҳама ҷо ҷо нигоҳ дор, Ҳарчанд сар ба бод равад, по нигоҳ дор. Гавҳар дамад, даме ки кунад қатра забти мавҷ, Дил ҷамъ кун, инони ҳавасҳо нигоҳ дор. То гум нагардад оинаи бенишоният, Ҳар ҷо равӣ, ба сар пари анқо нигоҳ дор. Иброми мо захираи сад ранг обрӯст, Ҳар хиҷлате ки мебарӣ аз мо, нигоҳ дор. Оғӯши бениёзи дил аз муддао тиҳист, Ин шишаро ба санг фикан ё нигоҳ дор. Ҳар ҷо хати риояти аҳбоб хонданист, Номи вафо ҳамон ба муаммо нигоҳ дор, Якбора сарфи яъс макун номи рафтагон, Чизе зи дӣ ба ибрати фардо нигоҳ дор. Дар базми васлам орзуи ҷилва доғ кард, Ё Раб, маро зи хоҳиши беҷо нигоҳ дор. То дар чӣ вақт шуъла занад дуди эҳтиёҷ, Муште арақ ба манъи тақозо нигоҳ дор. Эй мункири муҳол, агар марди тоқатӣ, Ёди хироми ӯ куну худро нигоҳ дор. Бе бода низ шиша ба тоқи ҳавас хуш аст, Моро ба ёдгори дили мо нигоҳ дор. Домони аҷз бо ҳама қудрат зи каф мадеҳ, Азсарфитодане ба таҳи по нигоҳ дор. То ҳирс кам хӯрад ғами чизе надоштан, Эй булфузул, даст зи дунё нигоҳ дор. Бедил, ғариби кишвари лафз аст маъният, Ирзи парӣ ба олами мино нигоҳ дор. * * * Мерасад аз гиря имшаб дар димоғам бӯи шир, Равғане оварда бошад пириям бар рӯи шир. Дар талоши ризқ ҳар кас дасту пое мезанад, Пиру ақсоми такупӯ, тифлу ҷустуҷӯи шир. Бо шафақ дорад тавассул, ҳар куҷо моҳи навест, Мехӯрад хунҳо ризоат дар паси зонуи шир. Субҳе аз афсуни он лаъли шакархо дам заданд, Бар забони халқ ҷорӣ гашт гуфтугӯи шир. Хуни мо пирон ҳанӯз ин навҷавонон мехӯранд, Шӯхии тифлӣ надорад серӣ аз паҳлӯи шир. Бар ҳарифон як салое завқи ҳиммат дошт ишқ, Ринд сӯи май равон гардиду зоҳид сӯи шир. Пириям шуғли макиданҳо чу тифлон тоза кард, Дод бедандониям ночор ёд аз хӯи шир. Саъйи Маҷнунам кам аз ҷон кандани Фарҳод нест, Бурдаам то доман аз чоки гиребон ҷӯи шир. Бедил, аз дил гар дами пирӣ ҷунуне гул кунад, Инфиоли зиндагӣ расвотар аст аз мӯи шир. * * * Ҳамнишин, бо ман зи ташвиши ҳавасҳо кин магир, Хобам аз сар мепарад, номи пари болин магир. Корвони субҳу сомони таваққуф372 хиффат аст, Бор бар дӯши дил аз забти нафас сангин магир. Мушти хокат аз фусурдан бар замин ҷо танг кард, Эй гаронҷон, инқадарҳо домани тамкин магир. Ҳайф меояд ба фикри мову ман дил бастанат, Ин хаёли мубтазалро373 қобили тазмин магир. Бар кушоди чашм мавқуф аст тасхири ҷиҳот, Тӯлу арзи даҳр беш аз як мижа тахмин магир. Дастгоҳи олами асбоб ваҳшатпарвар аст, З-ин баландиҳои доман ҷуз иёри чин магир. Парфишон ранге ба дасти ихтиёрат додаанд, Сайд агар хоҳӣ, ба ҷуз парвоз аз ин шоҳин магир. Оламе подаррикоби ваҳм – ибратхонаест, Эй баҳори огаҳӣ, ранг аз ҳинои зин магир. Эй басо хоке ки аз бардоштан бар бод рафт, Дасти маъзуре агар гирӣ, ба ин оин магир. Бетакаллуф тобеъи атвори худбинон мабош, Оина ҳарчанд дил бошад, мабин, магзин, магир. Аз нифоқи374 дӯстон, Бедил, агар ранҷат расад, То тавонӣ тарки суҳбатҳо гирифтан, кин магир. * * * Ҳавои теғи ту афтод то маро дар сар, Ба мавҷи чашмаи хуршед мезанам соғар. Ҳузури манзили дил хатми ҷодаи нафас аст, Пайи давидани ҳар реша мерасад ба самар. Чу лола ғайри сувайдо375 чӣ ҷӯшад аз дили мо? Ҳубоби доғ шуморад муҳит хуни ҷигар. Ба касб тинати бемағз боби ирфон нест, Зи бода нашъа муҳол аст қисмати соғар. Сухан чӣ об диҳад табъҳои беҳисро? Ба насру назм нагардад димоғи коғаз тар. Ситам ба хома кунад хушкии давот ин ҷо, Забон ба ҳарф нагардад, чу гӯш бошад кар. Наҷот ёфт зи марг, он ки бо қазо пайваст, Ба чӯбдаста алам нест аз ҷафои табар. Зи неку бад мижа бастан ҳуҷуми офият аст, Хумори хоб макаш, гар фикандӣ ин бистар. Дар ин замона ки ғайр аз сулуки офат нест, Ба теғи ҳодиса ҳамвориям намуд сипар. Надошт моидаи умр бе фано мазае, Намак заданд кабоби маро зи хокистар. Дарои қофилаи ранг сахт хомӯш аст, Хабар магир, ки аз мо гирифтаанд хабар. Тазаллуми ту ба ҷое намерасад, Бедил, Дар ин бисот ба уммеди бахя ҷайб мадар! * * * Пӯч аст сарбасар фалаки бемадормағз, Чун шиша з-ин каду маталаб, зинҳор, мағз. Роҳат кунад ба сахтии айём нармхӯ, Аз устухон ба хеш барорад ҳисор мағз. Завқи хафо зи тинати хосон намеравад, Чун пӯст мушкил аст, дамад ошкор мағз. Сарҳо зи бас фишурдаи афсуни ваҳшат аст, Чун норҷил376 мекунад аз худ канор мағз. Нақд аст интиқоми шукуфтан дар ин чаман, Ҷӯши шукуфа мекашад аз шохсор мағз. Азбаски дида дар раҳи тири ту дӯхтем, Чун устухон сафед шуд аз интизор мағз. Носеҳ, макаш таронаи ибрат ба гӯши ман, Дорам саре, ки кошта дар пунбазор мағз. Нози сабӯ ба сархушии бода мекашанд, Оташ ба пӯст зан, чу наёяд ба кор мағз. Умрест осмон ба ҳаво чарх мезанад, Гардиш нарафт аз ин сари беэътибормағз. Бемаърифат ба фатвии таҳқиқ куштанист, Аз ҳар саре ки мағз надорад, барор мағз. Ку сар, ки фоли ишрати сомон занад касе? Набвад ҳубоб қобили як қатравор мағз. Бедил, димоғи сӯхтаи тарзи фикрро Монанди ноли хома дамад тор-тор мағз. * * * Ҷоме магар аз базми ҳаё дарзадаӣ боз, К-оташ ба дили шишаву соғар задаӣ боз? Он зулфи парешон задаӣ шона, надонам, Бар дафтари дилҳо зи чӣ мистар задаӣ боз? Бар гӯшаи дастори ту он лолаи сероб Лахти ҷигари кист, ки бар сар задаӣ боз? Эй соғари табхола, аз ин ташна саломе, Хуш хайма бар он чашмаи Кавсар задаӣ боз! Махмурию мастӣ ҳама фарш аст ба роҳат, Чун чашми худ имрӯз чӣ соғар задаӣ боз? Абри чӣ баҳор аст, раги бисмили нозат? Теғи мижа бо барқ баробар задаӣ боз. Ҳуш дор, ки парвози ғурурат нарабояд, Дил байзаи ваҳм асту таҳи пар задаӣ боз. Бар ҳастии мавҳум мачин хиҷлати таҳқиқ, Бар киштии дарвеш377 чӣ лангар задаӣ боз? Аз хок дамидан ба бақо сарфа надорад,378 Эй гул, зи гиребони кӣ сар барзадаӣ боз? Бедил, зи фурӯғи гуҳари назми ҷаҳонтоб Доман ба чароғи маҳу ахтар задаӣ боз. * * * Кай равад аз хотири ошуфтаам савдои ноз? Мӯбамӯям реша дорад аз хаташ ғавғои ноз. Аршпарвоз аст маънӣ, то замингир аст лафз, Ин қадар аз аҷзи ман қад мекашад болои ноз. Дил натанҳо аз тағофулҳои саршораш гудохт, Ҳайрати оина ҳам хун аст аз истиғнои ноз. Нест мумкин гул кунад з-ин пардаи аҷзу ғурур, Ишқи бе арзи ниёзу ҳусни беимои ноз. То ба шӯхӣ мезанад ҳуснат, арақ гул мекунад, Нест бе эҷоди гавҳар мавҷи ин дарёи ноз. Баски иброми ниёз аз бехудӣ бурдем пеш, Чини абрӯ шуд табассум бар лаби гӯёи ноз. Гарчи ранги шӯхчашмӣ барнамедорад ҳаё, Дар арақ яксар нигаҳ мепарварад симои ноз. Дар чаман раъноии сарви лаби ҷӯям гудохт, Аз куҷо афтодааст ин сояи болои ноз?! То ба кай бошӣ фузули орзуҳои ғурур? Дар ниёзободи ҳастӣ нест холӣ ҷои ноз. Шуълаи афсурда раъноӣ ба хокистар нуҳуфт, Мӯи пирӣ гашт охир пунбаи минои ноз. Гар тазаллум доманат гирад, ба дил хун кун нафас, Бо тағофул тавъам афтодаст сар то пои ноз. Чашм ку, то аз қумоши ҳайрат огоҳаш кунанд? Сахт беранг аст, Бедил, сурати дебои ноз. * * * Наргисаш во мекунад тӯмори истиғнои ноз, Яъне, аз мижгони ӯ қад мекашад болои ноз. Сарви ӯ мушкил, ки гардад моили оғӯши ман, Хам шуданҳо бурдаанд аз гардани минои ноз. Аз ғуборам мекашад доман, тамошо карданист Оҷизиҳои ниёзу бениёзиҳои ноз. Чашми масташ айни ноз, абрӯи мушкин нози маҳз, Ин чӣ тӯфон аст, ё Раб, ноз бар болои ноз! Баски офоқ аз асарҳои ниёзи мо пур аст, Дар бисоти ноз натвон ёфт холӣ ҷои ноз. Ҷайбу домони хаёли мо чаман мепарварад, Баски чидем аз баҳори ҷилваат гулҳои ноз. Бо ҳама улфатнигоҳӣ бетағофул нест ҳусн, Чини абрӯ интихоби мост аз аҷзои ноз. Оламе оина дорад дар камини интизор, То куҷо бепарда гардад ҳусни бепарвои ноз? Саҷдаворе бор дар базми висолам додаанд, Ҳон379 биноз, эй сар, ки хоҳӣ хок шуд дар пои ноз. То нафас бар хеш меболад, таманно метапад, Ҳар кӣ дидам, бисмил аст аз теғи нопайдои ноз. Бедил, имшаб ёди шамъе хилватафрӯзи дил аст, Дуди оҳам шуълае дорад ба гармиҳои ноз. * * * Аз лаби хомуш забон вомондаи ком асту бас, Бол аз парвоз чун монд, ошён дом асту бас. Маркази тасхири дил ҷуз дида натвон ёфтан, Гӯши мино ҳалқае гар дорад, он ҷом асту бас. То нафас боқист, натвон баст боли эҳтиёҷ, Ин ғаноҳое,ки мо дорем, ибром асту бас. Аз нишони Каъбаи мақсуд огаҳ нестам, Ин қадар донам, ки ҳастӣ сози эҳром асту бас. Водии имкон надорад дастгоҳи ваҳшатам, Ҳар тараф ҷавлон кунад наззора, як гом асту бас. Бастааст аз мӯйи чинӣ суратам наққоши сунъ, Субҳи эҷодам ҳамон гул кардани шом асту бас. Дастгоҳи мовуман чун субҳ бар боди фаност, Саҳни ин кошонаҳо яксар лаби бом асту бас. Кош, аз хиҷлат шарорам барнамеомад зи санг, Сӯхтам аз шарми оғозе ки анҷом асту бас. Бар пари анқо ту ҳар ранге ки мехоҳӣ, бибанд, Сурати оинаи ҳастӣ ҳамин ном асту бас. Беш аз ин натвон ба афсуни муҳаббат зистан, Доғам аз андешаи васле, ки пайғом асту бас. Пухтагӣ деги суханро боз медорад зи ҷӯш, То хамӯшӣ нест, Бедил, муддао хом асту бас. * * * Чашм во кун, шаш ҷиҳат ёр асту бас, Ҳар чӣ хоҳӣ дид, дидор асту бас. Субҳа бар зуннори ваҳме бастаанд, Ин гиреҳ гар во кунӣ, тор асту бас. Гар баланду паст нафрӯшад тамиз, Аз замин то чарх ҳамвор асту бас. Ҳар нафас сад ранг бар дил мехалад, Зиндагонӣ неши озор асту бас. Чанд пояд рӯзи бозори ҳавас? Чиниятро мӯ шаби тор асту бас. Боғи имкон нест огоҳисамар, Ҷаҳл то дониш ҷунункор асту бас. Мабҳаси суду зиён дар хона нест, Шӯри ин савдо ба бозор асту бас. Коре аз тадбир натвон бурд пеш, Ҳар кӣ дар кор аст, бекор асту бас. Дуд натвон баст бар дӯши шарор, Чун зи худ растӣ, нафас бор асту бас. Ҷаҳли мо, Бедил, ба огоҳӣ насохт, Нур бар зулмат шаби тор асту бас. * * * Завқи шуҳратҳо далели фитрати хом асту бас, Сурати нақши нигин хамёзаи ном асту бас. Навҳа кун бар хеш, агар мағлуби чашм афтод дил, Офтоб он ҷо ки зери хок шуд, шом асту бас. Аз қабули ом натвон зист мағрури камол, Он чи таҳсин дидаӣ з-ин қавм, дашном асту бас. Ҳақшиносӣ ку? Мурувват ку? Адаб ку? Шарм ку? Ҷаҳди аҳли фазл бар якдигар илзом380 асту бас. Гулрухон доми вафо аз сайди улфат чидаанд, Гардиши чашме ки ҳуше мебарад, ҷом асту бас. Ҳар чӣ мебинӣ, бисоторои арзи ҳайрат аст, Ин гулистон сар ба сар як нахли бодом асту бас. Ҳеҷ касро қобили он ҷилва напсандид ишқ, Ҷавҳари ҳайронии оина авҳом асту бас. Дар раҳи ишқат, ки тадбир офати бетоқатист, Ҳар куҷо вомондане гул кард, ором асту бас. Боли оҳе мекашад, ашке ки мерезем мо, Шабнами моро ҳаво гаштан саранҷом асту бас. Аз тааллуқ ин қадар хишти бинои кулфатӣ? Андаке аз худ баро, олам сари бом асту бас. Чун сиёҳӣ рафт аз мӯ, фикри худдорӣ хатост, Ҷома ҳар гаҳ шуста гардад, боби эҳром асту бас. Фитратат Бедил, ҳамон оинаи муъҷизнамост, Ҳар сухан к-аз хомаат меҷӯшид, илҳом асту бас. * * * Зиндагӣ маҳруми такрор асту бас, Чун шарар ин ҷилва як бор асту бас. Аз адам ҷӯед субҳ, эй ғофилон, Олам аст ин ҷо, шаби тор асту бас. Аз заифӣ бар рухи тасвири мо Ранг агар гул мекунад, бор асту бас. Ғафлати мо пардаи бегонагист, Маҳрамонро ғайр ҳам ёр асту бас. Кист, то фаҳмад забони аҷзи мо? Нола ин ҷо набзи бемор асту бас. Нест офоқ аз дили сангин тиҳӣ, Ҳар куҷо рафтем, куҳсор асту бас. Аз шикасти шишаи дилҳо мапурс, Шаш ҷиҳат як нештарзор асту бас. Дар таҳайюр лаззати дидор ку? Дидаи оина бедор асту бас. Ихтилоти381 халқ набвад бе газанд, Базми суҳбат халқаи мор асту бас. Чун ҳубоб аз шайхии зоҳид мапурс, Ин сари бемағз дастор асту бас. Эй сарат чун шуъла пурбоди ғурур, Ин ки гардан мекашӣ, дор асту бас. Бедил, аз зиндониёни улфатем, Бӯйи гулро ранг девор асту бас. * * * Субҳ асту дорад он гул дар сар ҳавои наргис, Аз чашми мо бирезед обе ба пои наргис. Абри баҳори иқбол имрӯз сояи кист? Гул карда тоҷ бар сар боли ҳумои наргис. Обу гили таайюн382 ин дилкашӣ надорад, Ранги шикастаи кист сарфи бинои наргис? Ҳамчашми навбаҳорам, хобам чӣ эҳтимол аст? Дорам ғунудан, аммо то ғунчаҳои наргис. Бе интизор натвон аз васл коми дил бурд, Гул мерасад дар ин боғ яксар қафои наргис. Ҳайрат буруни ин боғ роҳе намекушояд, Ҳарчанд руста бошад чашм аз асои наргис. Моро ба ин ду дам айш бо чатри гул чӣ кор аст? |