Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Бедил, ба арзи ҷавҳари асрори хубу зишт Оинае ба сафҳаи симо намерасад. * * * Ҳамчу оташ ҳар киро дуди талаб дар сар бувад, Ҳар хасу хораш ба авҷи муддао раҳбар бувад. Мезанад соғар ба тоқи абруи осудагӣ, Ҳар киро аз обила по бар сари Кавсар бувад. Бе ҳавое нест мумкин гарми ҷустуҷӯ шудан, Саъй дар бематлабиҳо тоири бепар бувад. Хок ногарида натвон бӯйи роҳат ёфтан, Сандали дарди сари ҳар шуъла хокистар бувад. Аз шикасти хеш дарё мекашад саъйи ҳубоб, Нашъаи камзарфи мо ҳам кош аз ин соғар бувад. Чоки ҳирмон дар дилу санги надомат бар сар аст, Ҳар киро чун сикка рӯйи илтифоти зар бувад. Шамъро носӯхтан маҳрумии нашвунумост, Офият дар мазраи мо офате дигар бувад. Нест асбоби тааллуқ монеъи парвози шавқ, Чун нигаҳ моро ҳамон чоки қафас шаҳпар бувад. Забти оҳи мо чароғи шавқ равшан кардан аст, Оташи дил обрӯйи дидаи миҷмар359 бувад. Дар муҳити инқилобамвоҷи ҷӯши эҳтиёҷ Ҳифзи оби рӯст чун гавҳар, агар лангар бувад. Ҳар кӣ аз васфи хати навхези хубон ғофил аст, Дар ниёми лаб забонаш теғи беҷавҳар бувад. Ҳосили умр аз ҷаҳон як дил ба даст овардан аст, Мақсади ғаввос аз ин нуҳ баҳр як гавҳар бувад. Чун маҳи нав бар заифиҳо бисоте чидаем, Мояи болидани мо паҳлуи лоғар бувад. Равнақи пирист, Бедил, аз ҷавонӣ дам задан, Ҷинси гармӣ зинати дуккони хокистар бувад. * * * Ҳамчу мино ғунчаи розам баҳороҳанг шуд, Партаве аз хуни дил берун давиду ранг шуд. Баски дар ёдат ба чандин ранги ҳасрат сӯхтам, Чун пари товус доғам олами найранг шуд. Кӯҳтамкинӣ ба ин афсурдагиҳо ҳайрат аст, Баски зери бори дил мондам, садо ҳам санг шуд. Дар тилисми бастани мижгон фазое доштам, То нигаҳ оғӯш пайдо кард, олам танг шуд. Пайкарам дар ҷустуҷӯят рафт ҳамдӯши нафас, Риштаи ин соз аз афсурдагӣ оҳанг шуд. Дар шиканҷи пириям ҳар мӯ забони нолаест, Аз хамиданҳо саропоям тараф360 бо чанг шуд. Он қадар вомондаам, к-аз улфатам натвон гузашт, Ашк ҳам дар пои ман афтоду узри ланг шуд. Ҷавҳари хат охир аз оинаат майгун дамид, Дуд ҳам аз шуълаи ҳусни ту оташранг шуд. Касби огоҳӣ кудуратхонатаъмир асту бас, Ҳар қадар оина шуд дил, зермашқи занг шуд. Ҳеҷ кас ҳасраткаши бемеҳрии хубон мабод, Орзу бишкаст моро, то дили ӯ санг шуд. Бедил, аз дарди ватан хун гашт завқи ғурбатам, Баски ёди ошён кардам, қафас ҳам танг шуд. * * * Ҳинди малоҳатэҷод Зангу Ҳабаш набошад, Дар мардумак сиёҳӣ нур аст, ғаш набошад. Хоҳӣ, ба дайр кун соз, хоҳӣ, ба Каъба пардоз, Ҳангомаи нафасҳо бекашмакаш набошад. Ёрон, ба шарм кӯшед, к-он рамзи ошноӣ Бепарда нест мумкин, бегонаваш набошад. То аз нафас ғуборест, бояд забон кашидан,361 Дар водии муҳаббат ҷуз алъаташ362 набошад. Бар хони ишқ натвон шуд маҳрами ҳаловат, То ангубини шамъат ангуштчаш362 набошад. Дар тахтаи манумо холи зиёди ваҳмем, Бозичаи адамро ин панҷу шаш набошад. Аз шубҳаи таайюн эмин наметавон зист, Дар табъи мо гудозест, ҳарчанд ғаш набошад. Аз заъфи бебариҳо бар хок саҷда бурдем, Бед обрӯ нарезад, гар муртааш364 набошад. Ҳайф аст, дасти мунъим дар остин шавад хушк, Ин нон намак надорад, то панҷакаш набошад. Зоҳид зи айши риндон пур ғофил аст, Бедил, Фирдавс дар ҳамин ҷост, гар ришу фаш набошад. * * * Ёрон, дар ин биёбон аз мо асар маҷӯед, Гумгаштагисуроғем, моро дигар маҷӯед. Ранге к-аз ин чаман ҷаст, бо ҳеҷ гул напайваст, Гарди хироми фурсат аз ҳар гузар маҷӯед. Чун шамъ шарми мақсад бар хок дӯхт мижгон, Сар рафта-рафта по шуд, з-ин бештар маҷӯед. Хиффат зи каффаи365 мо меъроҷи бевиқорист, Худсанҷи инфиолем, санг аз шарар маҷӯед. Дар пирӣ аз сари ҳирс мушкил бувад гузаштан, З-ин теғи зангфарсуд об он қадар маҷӯед. Поро ҷудо зи доман тамкин чӣ эҳтимол аст? Дар хона ончи гум шуд, беруни дар маҷӯед. Ҳар ҷо нафас фурӯ монд, бар дил фитод бораш, Гум гаштани пайи мавҷ ҷуз дар гуҳар маҷӯед. Ранги паридае ҳаст фурсаткамини ваҳшат, Парвози мақсади мо з-ин болу пар маҷӯед. Бе дастгоҳи таҳқиқ пуч аст нози фитрат, Гар мағзи маъние нест, ҷуз мӯ зи сар маҷӯед. Ақлу далоили илм помоли барқи ишқанд, Шабро ба шамъу машъал пеши саҳар маҷӯед. Ҷое ки яъси Бедил нолад зи бенавоӣ, Нам аз мижа махоҳед, оҳ аз ҷигар маҷӯед. * * * Аз ғубори ҷилваи ғайри ту то бастам назар, Чун сафи мижгон ду олам маҳв шуд дар якдигар. Бастаам маҳмил ба дӯши яъсу аз худ меравам, Боли парвозе надорад субҳ ҷуз чоки ҷигар. Хидмати мӯи миёнат то киро бошад насиб, Гулрухонро з-ин ҳавас зуннор мебандад камар. Чун гуҳар, з-ин пеш сомони сиришке доштам, Ин замонам нест ҷуз ҳайрат суроғи чашми тар. Ваҳшати ҳастӣ ба ин камфурсатӣ махмури кист? Сурати хамёза дорад чини домони саҳар. Оламеро аз тағофул рабти улфат додаем, Нест мижгон қобили шероза бе забти назар. Ин таносонӣ далели ваҳшати саршори мост, Ҳар қадар афсурда гардад санг, мебандад шарар. Гар фалак беэътиборат кард, ҷойи шиква нест, Бар ҳаловат бастаӣ дил чун гиреҳ дар найшакар. Фикри фардо чанд з-ин хоки ғуборомодаат? Ҳам ту хоҳӣ буд субҳи хеш то субҳи дигар. Сайри рангу бӯ ҳавас дорӣ, зи гул ғофил мабош, Шӯхии парвоз натвон дид ҷуз дар болу пар. Чанд бояд шуд ҳавасфарсуди касби эътибор? Сар ҳам, эй ғофил, намеарзад ба чандин дарди сар. Манзили саргаштагони роҳи аҷз афтодагист, То дили хок аст, Бедил, ашкро ҳадди сафар. * * * Ин баҳрро як оина дашти сароб гир, Гар ташнаӣ, чу обила аз хеш об гир. Бунёди ҷисм дар гузари сели нестист, Хоҳӣ, имораташ куну хоҳӣ, хароб гир. Гар зиндагӣ ҳамин назаре боз кардан аст, Рав, бар дари адам зану чашме ба хоб гир. З-ин истиқомате, ки ту бар хеш чидаӣ, Чун ашки бар сари мижа по дар рикоб гир. Гулчинии хаёл ба уммед вогузор, Чун яъс аз гудози ду олам гулоб гир. Мамнуни чархи сифла шудан сахт хиҷлат аст, То аз асар тиҳист дуо, мустаҷоб гир. Кайфияте ба нашъаи ирфон намерасад, Чашме ба хеш во куну ҷоми шароб гир. Дар хок ҳам зи маънии худ бехабар мабош, Аз ҳар нишони по нуқати интихоб гир. Селоб хуш иморати вайрона мекунад, Эй чашми тар, ту ҳам гили моро дар об гир. Ҷуз чоки дил нишемани анқои ишқ нест, Чун субҳ соз кун қафасу офтоб гир. Олам тамом хонаи зин эътибор кун, Яъне, қадам ба ҳар чӣ гузорӣ, рикоб гир. Хомӯшият назар ба яқин боз кардан аст, Оинае ба забти нафас чун ҳубоб гир. Қосид, саводи номаи ушшоқ нестист, Бардор мушти хок зи роҳу ҷавоб гир. Бедардӣ аз хиёнати аъмоли зиндагист, Аз ҳар нафас ки нола надорад, ҳисоб гир. Аз нася файзи нақд набурдаст ҳеҷ кас, Бедил, ту май хуру дили зоҳид кабоб гир. * * * Ба иршоди адаб дар дарсгоҳи худсарон магзар, Дуҳул нобаста бар лаб, дар сафи воиз гарон магзар. Ба таҳсини хасисон ҳеҷ нафрине намебошад, Ба рӯйи теғ бигзар, бар лаби беҷавҳарон магзар. Ду олам нанг дорад як қадам лағзиш ба худ бастан, Чу хатти имтиҳон бар ҷодаи каҷмистарон магзар, Тиҳӣ шав аз худу роҳат шумар офоти дунёро, Гар ин киштӣ надорӣ, аз муҳити бекарон магзар. Мурувват нест, эй мунъим, зи дарвешон табарроят, Ба шукри фарбиҳӣ аз паҳлуи ин лоғарон магзар. Ба хони неъмати аҳли дувал нанг аст хӯ кардан, Агар одамсириштӣ, дар чарогоҳи харон магзар. Суроғи офият аз халқ берунтозие дорад, Ба ҳар сӯ бигзарӣ з-ин дашту дар, ҷуз бар карон магзар. Тааммул дар тариқи ишқ дорад маҳмили хиҷлат, Ба ҳар роҳе, ки мебояд гузашт аз худ, гарон магзар. Тааллуқпешаро номи таҷарруд мегазад, Бедил, Масеҳо гар наӣ, дар кӯчаи сӯзангарон магзар. * * * То қиссаи чакидани ашкам шунид абр, Ҳар ҷо расид, бо мижаи тар расид абр. Тардоманӣ ба мазраи хиҷлат чӣ реша дошт? Гар ман ба хок соя фикандам, дамид абр. Мебоядам зи сояи мижгони тар кашид, Он хиҷлате ки аз нами доман кашид абр. Дурӣ зи марказ оинаи эътибори кист? Ҷуз гиря аз ҷудоии дарё чӣ дид абр? Ҳарчанд обёрии сад боғу роғ дошт, Ҷуз доман аз баҳори ҳавас гул начид абр. Иқбол дигар асту насиби тараб дигар, Мағрури он машав, ки баҳор офарид абр. Иброми кас василаи бахти сияҳ мабод, Даст аз тарӣ нашуста, нагардад сапед абр. Ирзи ҳаё мабар, ки дар ин куҳнахокдон Сероби ҳиммат омаду хушкӣ макид абр. Бепарда аст сунъи мусаввир зи вазъи нақш, Ҳар ҷо гуле шукуфт, гиребон дарид абр. Бо сад ҳазор обила бетоби ҷустуҷӯст, Кас пай намебарад, ба куҷоҳо давид абр, Бар ҷабҳаи карам арақи шарми ёр буд, Охир ба сӯи мазраи хушкам хамид абр. Мадди сахо зи қатра ба дарё кашидааст, Селоб шуд, зи бориш агар орамид абр. Ҷуд366 эҳтиёҷ мебарад аз тинати гадо, Ё Раб, зи кишти мо наравад ноумед абр. Бедил, буруни гӯшаи майхона по манеҳ, Мино шикаста дар раҳи мастон чакид абр. * * * Ҷисми ғофилро ба андӯҳи рами фурсат чӣ кор? Корвон ҳар сӯ равад, бар хеш меболад ғубор. Айши ин гулшан далели табъи хурсанд асту бас, В-арна, аз кас бедимоғӣ барнамедорад баҳор. Тоқати худдорӣ аз амвоҷи дарё бурдаанд, Дод моро ишқ дар беихтиёрӣ ихтиёр. Ҳамнавое ку, ки аз мо вокашад дарди диле? Об ҳам дар нола меояд ба завқи кӯҳсор. Дида натвон ёфтан равшансаводи ҷилвааш, То ғуборат барнамехезад зи роҳи интизор. Дил ба завқи васл нақше мезанад бар рӯйи об, Эй ҳавас, оина бишкан, сахт беранг аст ёр. Бе нигоҳи вопасине нест аз худ рафтанам, Чун рами оҳуст гарди ваҳшатам дунболадор. Ишрати гулзори берангӣ муҳайё кардаам, Дар хазонам рангҳои рафта меояд ба кор. Нахли оҳам, обёри ман гудози дил бас аст, Баҳри раҳмат, гӯ, маҷӯшу абри эҳсон, гӯ, мабор? То набошам хиҷлатолуди заминагирӣ чу санг, Маҳмили парвози ман бастанд бар дӯши шарор. Сар матоб аз чоки ҷайбу домани девонагӣ, Шонае даркор дорад ришханди рӯзгор. Барқи роҳатҳост, Бедил, эътибороти ҷаҳон, Наълдароташ зи ҷӯши ранг мегардад баҳор. * * * Чист ҳастӣ ба он ҳама озор? Гули чашмею нози сад мижа хор. Айш музди хаёли навмедист, Ҳасрате хун куну баҳор ангор. Нест имрӯз қобили тарҷеҳ367 Ҳалқаи суҳбате ба ҳалқаи мор. Дар турушрӯӣ инфиоле ҳаст, Сирка ночор атр орад бор. Дами пирӣ зи худ машав ғофил, Субҳро нест дар нафас такрор. Шояд оинае ба бор ояд, Тухми ашке ба ёди ҷилва бикор. Ҳайратат қадрдони ин чаман аст, Ранг то нашканӣ, мижа мафшор. Чун қалам андалеби маъниро Боли парвоз нест ҷуз минқор. Саркашӣ санги роҳи озодист, Кӯҳ саҳрост, гар шавад ҳамвор. Навсаводи китоби уммедам, Ғофилам, з-он чи мекнам такрор. Хилвати бетакаллуфе дорам, Ки агар ворасам, надорам бор. Бедил, ин боғ ҳайратобод аст, Ҳар гул ин ҷост пуштбардевор. * * * Чашм во кун, ранги асроре дигар дорад баҳор, Он чи дар ваҳмат нагунҷад, ҷилвагар дорад баҳор. Соате чун бӯи гул аз қайди пироҳан баро, Аз ту чашми ошноӣ инқадар дорад баҳор. Каҳкашон ҳам поймоли мавҷи тӯфони гул аст, Сабзаро аз хоби ғафлат чанд бардорад баҳор? Аз салои ранги айши ин чаман ғофил мабош, Пораҳое чанд бар хони ҷигар дорад баҳор. Чашм то во кардаӣ, ранг аз назарҳо рафтааст, Аз насими субҳ доман бар камар дорад баҳор. Бе фано натвон гуле з-ин ҳастии мавҳум чид, Сафҳаи мо гар занӣ оташ, шарар дорад баҳор.368 Аз хазон оина дорад субҳ, то гул мекунад, Ҷуз шикастан нест ранги мо369 агар дорад баҳор. Абр менолад, к-аз асбоби нишоти ин чаман Ҳар чӣ дорад, дар фишори чашми тар дорад баҳор. Аз гулу сунбул ба назму насри Саъдӣ қонеъам, Ин маонӣ дар «Гулистон» бештар дорад баҳор. Мӯ ба мӯям ҳасрати заҳмат табассум мекунад, Ҳар кӣ гардад бисмилат, бар ман назар дорад баҳор. З-ин чаман, Бедил, на сарве ҷасту не шамшод руст, Аз хаёли қоматаш дуде ба сар дорад баҳор. * * * Ҳукми дил дорад зи ҳамворӣ сару рӯйи гуҳар, Ҷуз ба рӯйи худ нағалтидаст паҳлӯйи гуҳар. Хоҳ дунё, хоҳ уқбо – гарди бетоби дилест, Баҳру соҳил реша гир370 аз тухми худрӯйи гуҳар. Завқи ҷамъият ҷаҳонеро ба шӯр овардааст, Дар димоғи баҳр афтод аз куҷо бӯйи гуҳар? Хоки афсурдан ба фарқи эътибори худсарӣ, Қатра бори дил кашад то кай ба нерӯйи гуҳар? Обрӯ даст аз талоши кори дунё шустан аст, Хоки соҳил бош, эй номаҳрами хӯйи гуҳар. Муддао з-ин ҷустуҷӯ афсурдан аст, огоҳ бош, Ҳар куҷо мавҷест, аз худ меравад сӯйи гуҳар. Хиффати аҳли виқор аз бетамизиҳо махоҳ, Қатраро натвон нишондан дар тарозуйи гуҳар. Мавҷи истиғност хушкӣ дар қаноатгоҳи фақр, Бенамӣ дар табъи мо обест аз ҷӯйи гуҳар. Кас ба осонӣ надод ороиши иқболи ноз, Мавҷ чавгонҳо шикаст аз бурдани гӯйи гуҳар. Фикри хеш он нест, к-аз дил рафъ нанмоӣ дуӣ, Фарқ натвон ёфт аз сар то ба зонуйи гуҳар. Ғозаи иқболи ман хоки раҳи фақр асту бас, Бедил, аз гарди ятимӣ шустаам рӯйи гуҳар. * * * Даст дорӣ, барфишон чун гул дар ин гулзор зар, Доғ мехоҳӣ, бинеҳ чун лола дар куҳсор сар. То магар дар базмгоҳи ишқ парвозат диҳанд, Ҳамчу парвона ба мавҷи шуълае биспор пар. Ту даруни хона масти хобу дар беруни дар Дар ғамат аз ҳалқа дорад дидаи бедор дар. Душмани машқи расоӣ нест ҷуз нафси лаин, Гӯш он дорад, ки гашт аз макри ин маккор кар. Ҳар саҳаргаҳ ғӯтаҳо дар ашки булбул мезанад, Нест аз шабнам чаманро ҷомаву дастор тар. Аз ғубори хотири ман ҷавҳаре орад ба каф Бигзарад теғи хаёлаш аз дили афгор гар. Ғайри бори ишқ ҳар боре ки ҳаст, афканданист, Бедил, ар боре барӣ, боре ба дӯш ин бор бар. * * * Дар ҳавасгоҳи олами бекор Агарат нохунест, сар мехор. Магзар аз ишрати бараҳнасарӣ, Пойпеч аст печиши дастор. Фурсате нест нақди кисаи субҳ, Эй ҳаво мояат, нафас бишмор. Фикри ҷавлон макун, ки рӯи замин Аз ҳуҷуми дил аст обилазор. Чун нигин баҳри саҷдаи номе Бастаем аз хати ҷабин зуннор. Сайри муҷмал муфассалӣ дорад, Дона муҳрест бар сари тӯмор. Чист маъмураи бисоти ҷаҳон? Дил бинои шикастагимеъмор. Шаш ҷиҳат аз дили дуним пур аст, Хотират хуш, ки гандум аст анбор. Ғарра маншин ба ҳосили дунё, Нест ҷуз марг нақди кисаи мор. Кинахез аст табъҳои дурушт, Санг бошад замини тухми шарор Чун гуҳар касби иззат осон нест, Сар ба каф гиру обрӯ бардор. Бедил, афсона бишнаву тан зан,371 Шаб дароз асту гуфтугӯ бекор. * * * Дар гулистоне, ки сарви ӯ набошад ҷилвагар, Шохи гул шамшери хунолудам ояд дар назар. Дасти ҷуръатҳо ба чини остин гардад бадал, То тавонад ҳалқа гардидан ба он мӯйи камар. То кунад равшан саводи мисраи абрӯйи ӯ, Менависад моҳи нав бисмиллаҳе бо оби зар. Барнадорад даст зангор аз камини оина, Ҳар киро завқи тамошо беш, кулфат бештар. Гар барад бӯи ҳаловатҳои саргардониям, Найшакар ҷӯшад ба ҷои гирдбод аз дашту дар. Дар тамизи обу ранги сарву гул орӣ мабош, Лафзи мавзун дигар асту маънии рангин дигар. Олами имкон намеарзад ба чандин ҷустуҷӯ, З-ин раҳ охир мебарӣ худро, дигар заҳмат мабар. Маҳви шавқам, туҳматолуди фусурдан нестам, Дар гиребони тааммул қатраҳо дорад гуҳар. Файзҳо маҳв аст дар оғӯши бахти тираам, Шоми ман ҷойи нафас умрест медуздад саҳар. Андаке пеш о, ки ҳайрат норасои ҷуръат аст, Чашм аз оина натвон дошт парвози назар. Дил на танҳо, Бедил, аз барқи таманно сӯхтем, Дида ҳам аз мардумак дорад гули доғе ба сар. * * * Дарси ҳастӣ фикри такроре надорад, хонда гир, Эй фузули мактаби ранг, ин варақ гардонда гир. Он қадарҳо нест бори улфати ин корвон, Доманат гарди нафас дорад, чу субҳ афшонда гир. Ҷуз кафи бемағз аз ин дарё намеояд бурун, Эй гуҳармуштоқ, деге аз ҳавас ҷӯшонда гир. |