Главная страница

бфҳ. Мукаррароти умуми


Скачать 89.5 Kb.
НазваниеМукаррароти умуми
Дата11.01.2019
Размер89.5 Kb.
Формат файлаdoc
Имя файлабфҳ.doc
ТипДокументы
#63224

БОБИ 1

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Максади Конуни мазкур

Максади Конуни мазкур аз танзими хукукии муносибатхое, ки ба таъмини бехатарии радиатсиони, хифзи хаёт, саломати ва амволи шахрвандон, хамчунин мухити зист аз таъсири зараровари афканишоти иондоркунанда алокаманданд, иборат мебошад.

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Мафхумхои асосие, ки дар Конуни мазкур истифода мешаванд:

заминаи радиатсионии табии – микдори афканишоте, ки тавассути афканишоти кайхони ва афканишоти радионуклеидхои табиат ба миён омада, ба таври табии дар замин, об, хаво, дигар унсурхои биосфера, маводи гизои ва организми инсон таксим мешаванд;

афканишоти иондоркунанда – афканишоте, ки хангоми тачзияи радиоактиви, табдилёбии ядрои, боздории заррахои заряддоршудаи дар модда ба вучуд омада, хангоми таъсири мутакобила ба мухит, ионхои аломатхои гуногундоштаро ба миён меоваранд;

манбаи афканишоти иондоркунанда – дастгох ва (ё) моддаи радиоактивие, ки шуои радиоактиви меафканад ва ё кобилияти чунин афканишотро дорад;

истифодабарандагони манбаъхои афканишоти иондоркунанда – шахсони вокеи ва хукукие мебошанд, ки манбаъхои афканишоти иондоркунандаро истихроч, истехсол, тайёр, коркард ва истифода намуда, нигахдори ё хизматрасониро ба чо оварда, интикол ва безарар мегардонанд ё онхоро гур мекунанд;

кормандон – шахсоне, ки доими ё муваккати бевосита бо манбаъхои техногении афканишоти иондоркунанда кор мекунанд ё вобаста ба шароити кор дар фазои тахти таъсири он карор доранд;

садамаи радиатсиони – аз даст додани идораи манбаи афканишоти иондоркунандае, ки бо сабаби вайронии тачхизот, амали нодурусти кормандон, офатхои табии ё дигар сабабхо рух додааст ва боиси беш аз меъёрхои санитари шуоъхурии одамон ё олудагии радиоактивии мухити зист гардидааст ва ё метавонад сабабгори он гардад;

бехатарии радиатсионии ахоли – холати химояи насли имруза ва ояндаи инсоният аз таъсири зараровари афканишоти иондоркунанда ва андешидани мачмуи чорабинихое, ки шуоъхури ва олудагии радиоактивии кормандон, ахоли ва мухити зистро то сатхи нисбати паст махдуд месозад;

моддахои радиоактиви – маводхое, ки дар таркибашон унсурхои кимиёви дошта, ядрои онхо кобилияти худ аз худ кохишёби дорад;

минтакаи санитарию мухофизати – худуди атрофи муассиса ё манбаи афканишоти иондоркунанда, ки дар он сатхи шуоъхурии одамон дар шароити муътадили истифодаи чунин манбаъ,метавонад аз меъёри санитарии мукарраргардидаи нихоии микдори шуоъхури барои ахоли бештар бошад ва дар он низоми махдуди фаъолияти хочагидори мукаррар гардида, назорати радиатсиони анчом дода мешавад;

минтакаи назорат – худуди берун аз минтакаи санитарию мухофизати карордошта, ки дар он мониторинги радиатсиони сурат мегирад;

назорати радиатсиони – ба даст овардани ахборот оид ба вазъи радиатсиони дар ташкилот, мухити зист ва сатхи шуоъхурии одамон;

шуоъхурии табии – шуоъхурие, ки тавассути манбаъхои табиии афканишот ба миён омадааст;

радионуклиди табии – навъи атомхо бо шумораи муайяни протонхо ва нейтронхо мебошад, ки дар ядро бо микдори зиёд ва раками атоми нишон дода шуда, дар мухити мукаррарии табиие, ки кобилияти хорич намудани шуохои радиоактивиро дорад, мавчуд аст;

шуоъхурии техногени – шуоъхури аз манбаъхои техногени, чи дар шароити мукаррари ва чи дар шароити садамахо, ба истиснои шуоъхурии тиббии беморон;

шуоъхурии тибби – шуоъхурии беморон дар натичаи муоинаи тибби ё муолича;

шуоъхурии касби – шуоъхурии хайати кормадон дар чараёни кор бо манбаъхои техногении афканишоти иондоркунанда;

муносибат бо партовхои радиоактиви – хама гуна намуди фаъолият вобаста ба чамъовари, хамлу накл, коркард, нигахдошт ва (ё) гуронидани партовхои радиоактиви;

заминаи радиатсионии аз нигохи техногени тагйирдодашуда – мухити табиии радиатсионие, ки дар натичаи фаъолияти инсон тагйир ёфтааст;

бехатарии радиатсиони – мачмуи чорабинихое, ки муносибати бехатарро бо маводи ядрои таъмин менамояд;

маводи ядрои – маводе, ки моддахои ядрои доранд ва ё кобилияти аз нав хосил кардани маводи ядроии тачзияшавандаро доранд;

зиверт (Зв) – вохиди микдори эквивалентии афканишоти радиоактиви, ки дар системаи байналмилали (СИ) кабул шудааст;

микдори нихои – андозаи таъсири афканишоти иондоркунанда, ки хамчун чораи хатари ба миён омадани окибатхои минбаъдаи шуоъхурии организми инсон ё узвхои алохидаи он, бо назардошти хассосияти радиатсионии у истифода мегардад;

мониторинги радиоэкологи – системаи муоинаи махсуси бехатарии радиатсионии хайати кормандон, ахоли ва мухити табиии зист;

гуронидани партовхои радиоактиви – чойгиркунонии бехатари партовхои радиоактиви, бе дарназардошти минбаъд хорич кардани онхо;

шаходатномаи радиатсионии гигиении ташкилот – хуччате, ки холати бехатарии радиатсиониро дар ташкилот тавсиф намуда, тавсияхоро чихати бехбудии он зикр менамояд;

шаходатномаи радиатсионии гигиении худуд – хуччате, ки холати бехатарии радиатсионии ахолии худудро тавсиф намуда, тавсияхоро чихати бехбудии он зикр менамояд;

дезактиватсия – дур кардани олудахои радиоактиви аз объектхои олудашуда.

Моддаи 3. Принсипхои таъмини бехатарии радиатсиони

Принсипхои асосии таъмини бехатарии радиатсиони аз инхо иборатанд:

принсипи асосноксози – манъи хама гуна навъи фаъолият вобаста ба истифодаи манбахои афканишоти иондоркунанда, ки хангоми он микдори аз хатари зарари имконпазир гирифтаи инсон ва чомеа бар замми заминаи радиатсионии табиии расонидашуда бештар намебошад;

принсипи мутаносибгардони – зимни истифодаи хама гуна манбаъхои афканишоти иондоркунанда дар сатхи нисбатан паст нигох доштани микдори инфиродии шуоъхури ва теъдоди шахсони шуоъхурда ба андозаи барои саломатии шахрвандон безарар;

принсипи бамеъёрдарори – аз хамаи манбаъхои афканишоти иондоркунанда зиёд набудани микдори инфиродии ичозатдодашудаи шуоъхурии шахрвандон, ки барои саломатии онхо хатарнок нест;

принсипи химоя – ташкили системаи химояи радиатсионии хайати кормандон, ахоли ва худуд дар асоси расонидани кумаки хатми ба зарардидагон, андешидани тадбирхо оид ба рафъи окибатхои садамахои радиатсиони ва дезактиватсияи мухити табиии зист.

хангоми садамахои радиатсиони системаи бехатарии радиатсионии ахоли ба принсипхои зайл асос меёбад:

чорабинихои дар назар дошта оид ба рафъи окибатхои садамаи радиатсиони, ки бояд нисбат ба зарар фоидаи бештаре дошта бошанд;

намуд ва доираи фаъолият чихати рафъи окибатхои садамахои радиатсиони бояд тарзе амали гарданд, ки фоида аз паст кардани микдори афканишоти иондоркунанда, ба истиснои зарари тавассути чунин фаъолият расонидашуда, ба таври нихои бошад.

БОБИ 2

ТАНЗИМ ДАР СОхАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНИ

Моддаи 4. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 5. Вазифахои макомоти хокимияти давлати дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони

Ба вазифахои макомоти хокимияти давлати дар сохаи бехатарии радиатсиони дохил мешаванд:

муайян кардани сиёсати давлати ва татбики он;

тахия ва кабул намудани санадхои меъёрии хукуки, назорат ба риояи онхо;

тахия, тасдик ва татбики барномахо;

муайян кардани намудхои фаъолият дар сохаи муомилот бо манбаъхои афканишоти иондоркунанда, ки кобили гирифтани ичозатнома (литсензия) мебошанд;

мукаррар кардани тартиби муайян намудани намудхо ва андозаи чуброн барои хатари зиёди расонидани зарар ба саломатии шахрвандон ва амволи онхо, ки бо таъсири радиатсия вобастааст;

мукаррар кардани тартиби додани товони зарар ба саломатии шахрвандон ва амволи онхо, инчунин ба амволи шахсони хукуки дар натичаи садамаи радиатсиони;

ташкил ва таъмини амали низоми ягонаи идораи давлати, аз чумла назорат ва бахисобгирии микдори шуоъхурии ахоли;

ташкил ва таъмини амали низоми ягонаи бахисобгири ва назорати манбаъхои афканишоти иондоркунанда;

тахия ва амали намудани тадбирхои фаври оид ба хифзи радиатсионии ахоли дар шароитхои фавкулодда;

чори намудани низоми махсуси сукунати шахрвандон дар минтакахои дигари олудагии радиоактивишуда дар натичаи садамаи радиатсиони;

назорати расонидани ёри ба ахолии дучори шуоъхури гашта, дар натичаи садамаи радиатсиони;

танзими содироту воридоти манбаъхои афканишоти иондоркунанда, инчунин анчом додани назорат ба хамлу накл ва транзити онхо;

муайян кардани тартиби гурондани манбаъхои афканишоти иондоркунанда;

ичрои хамкорихои байналмилали дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони.

Моддаи 6. Танзими давлати дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони

Танзими давлатиро дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони Хукумати Чумхурии Точикистон анчом медихад. Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти ваколатдори давлати тартиби амали мутакобила ва махдудгардонии вазифахои онхоро дар мавридхои зерин муайян мекунад:

хифзи саломатии ахоли аз таъсири афканишоти иондоркунанда;

таъмини бехатарии радиатсиони ва ичозатномакунонии (литсензиякунонии) намудхои фаъолият ба истифодаи манбаъхои радиоактиви алокаманд;

пешгири кардан аз олудагии радиоактивии объектхои мухити атроф ва назорат ба манбаъхои табиии афканишоти иондоркунанда.

Макоми танзимкунандаи давлати оид ба таъмини бехатарии радиатсиони Очонсии амнияти ядрои ва радиатсиони дар назди Академияи илмхои Чумхурии Точикистон буда, минбаъд макоми танзимгар номида мешавад, ки сиёсати ягонаи давлатиро пеш мебарад, кори дигар макомоти ваколатдори давлатиро хамоханг месозад ва инчунин:

ичозатномадихии (литсензиякунонии) намудхои фаъолияти истифодаи моддахои радиоактивиро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон анчом медихад;

меъёрхо ва коидахоеро, ки ба бехатарии радиатсиони, хифзи чисмони ва банакшагирии зидди садама, бахисобгири ва назорат ба манбаъхои афканишоти иондоркунанда алокаманданд, тасдик менамояд;

ба ичрои меъёр, коидахои бехатарии радиатсиони ва шартхои ичозатнома (литсензия) назорат мекунад;

ба кормандоне, ки дар объектхои истифодаи манбаъхои афканишоти иондоркунанда машгул мебошанд, талаботи касби мукаррар менамояд.

Моддаи 7. Салохияти хокимияти махалли дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони

Ба салохияти макомоти хокимияти махалли дохил мешавад:

тахия ва тасдик кардани барномахои махалли дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони дар каламрави идорави;

гузарондани тадбирхои амали дар сурати тахдиди пайдоиши садамахои радиатсиони ва бартараф кардани окибатхои он;

гузаронидани сиёсати давлати дар сохаи хавасмандкунии иктисодии фаъолияти шахсони вокеиву хукуки дар таъмини бехатарии радиатсиони;

тасдики тадбирхои дарозмуддат ва аввалиндарача вобаста ба мувофик гардонидани партовгоххо ба меъёрхои байналмилалии бехатарии радиатсиони;

ташкил ва назорат ба ичрои тадбирхо бобати таъмини бехатарии радиатсиони дар каламрави идорави;

анчом додани назорат ба ичрои талабот ба хуччатхои меъёрии таъмини бехатарии радиатсиони;

ичрои дигар салохиятхо тибки хамин Конун ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон.

Моддаи 8. Бамеъёрдарории давлати дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони

Бамеъёрдарории давлати дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони тавассути мукаррар намудани коидаю меъёрхои санитари, меъёрхои гигиени, коидахои бехатарии радиатсиони, стандартхои давлати, меъёрхои сохтмон ва коидахои хифзи мехнат, хуччатхои фармоиши, дастури, методи оид ба бехатарии радиатсиони анчом дода мешавад. Санадхои мазкур набояд хилофи мукаррароти хамин Конун бошанд.

Дар каламрави Чумхурии Точикистон дар натичаи истифодаи манбаъхои афканишоти иондоркунанда (микдори нихоии ичозатдодашуда) меъёрхои асосии гигиении зайл мукаррар карда мешаванд:

барои ахоли микдори таъсирбахши миёнаи солона ба 0,001 зиверт баробар аст ё микдори нихоии ичозатдодашуда дар тули хаёт (70 сол) 0,07 зиверт мебошад; дар солхои алохида, ба шарте, ки микдори таъсирбахши миёнаи солона барои панч соли пай дар пай аз 0,001 зиверт зиёд набошад, бузургии бештари микдори нихои ичозат дода мешавад;

барои кормандоне, ки ба таври доими ё муваккати бевосита бо манбаи афканишоти иондоркунанда кор мекунанд, микдори нихоии ичозатдодашудаи миёнаи солона ба 0,02 зиверт баробар аст, ё микдори нихоии ичозатдодашуда дар давраи фаъолияти мехнати (50 сол) 1 зиверт мебошад; шуоъхурии ичозатдодашуда ба микдори нихоии ичозатдодашудаи солонаи то 0,05 зиверт ба шарте, ки агар микдори нихоии ичозатдодашудаи хисоби миёнаи солона дар 5 соли пай дар пайи охир аз 0,02 зиверт бештар набошад.

Ахамияти ба тартиб даровардани микдори асосии нихоии шуоъхури, микдори тавассути заминаи табиии радиатсиони ё тагйироти техногении бавучудоянда, инчунин микдореро, ки шахрвандон (беморон) хангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгену радиологи ё муолича мубтало гаштаанд, дар бар намегирад. Ахамияти зикргардидаи микдорхои нихоии шуоъхури хангоми мукаррар намудани сатхи ичозатдодашудаи шуоъхурии организми инсон ё узвхои алохидаи он нихои мебошанд.

Меъёрхои (микдори нихоии ичозатдодашуда) асосии гигиении дар моддаи мазкур мукарраргардидаи шуоъхурии ахоли, барои минтакахои алохида аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон чихати камшавии онхо, бо дарназардошти вазъияти мушаххаси санитарию гигиени ва экологи, вазъи саломатии ахоли ва дарачаи таъсири омилхои дигари мухити зист ба инсон, метавонад тагйир ёбанд.

Коидахои бехатарии радиатсиони, ки талаботро оид ба таъмини бехатарии техники хангоми кор бо маводи радиоактиви ва дигар манбаъхои афканишоти иондоркунанда танзим менамояд, аз тарафи макоми танзимкунандаи давлати тибки тартиби мукарраргардида тасдик карда мешаванд.

Стандартхои давлати, меъёр ва коидахои сохтмон, коидахои хифзи мехнат, хуччатхои дастури, методи ва дигар хуччатхо оид ба масъалахои бехатарии радиатсиони аз чониби макомоти хокимияти давлати ё ташкилотхои ба он ваколатдор дар доираи салохияташон кабул ва тасдик карда мешаванд.

Моддаи 9. Назорати давлати дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони

Назорати давлати дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони аз чониби макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон ва дигар макомоти давлати дар доираи салохияташон анчом дода мешавад.

Моддаи 10. Назорати истехсоли ба таъмини бехатарии радиатсиони

Ташкилотхое, ки манбаъхои афканишоти иондоркунандаро истифода мебаранд, ба таъмини бехатарии радиатсиони назорати истехсоли мегузаронанд.

Тартиби гузарондани назорати истехсоли барои хар ташкилот бо дарназардошти хусусиятхо ва шароити ичрои корхо муайян гардида, ба макомоти ваколатдори давлати, ки идора, бозраси ва назоратро дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони анчом медиханд, ба мувофика расонида мешавад.

Хадамоти радиатсионии ташкилотхое, ки назорати истехсолиро ба таъмини бехатари ва хифзи радиатсиони анчом медиханд, хак доранд хангоми ошкор намудани вайронкунии меъёрхо, коидахо ва талаботи бехдошти, коидахои бехатарии радиатсиони, меъёру коидахои сохтмони, коидахои хифзи мехнат, санадхои амрдиханда, дастури, методи ва хуччатхои дигар дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони дар ташкилотхои дахлдор, то рафъи вайронкории ошкоршуда, гузарондани корхоро бо манбаъхои афканишоти радиатсиони нигох доранд.

Моддаи 11. Назорати давлатии объектхои истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда

Объектхои истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бояд тахти назорати давлатии экологи, радиатсионию гигиени ва техники карор гиранд.

БОБИ 3

ТАЛАБОТ ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНИ

Моддаи 12. Чорабинихо оид ба таъмини бехатарии радиатсиони

Бехатарии радиатсиони бо роххои зайл таъмин карда мешавад:

гузаронидани мачмуи чорабинихои дорои хусусияти хукуки, ташкили, мухандисию техники, санитарию гигиени, тиббию пешгирикунанда, тарбияви ва маърифати;

аз чониби макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, иттиходияхои чамъияти, дигар шахсони вокеию хукуки гузаронидани чорабинихо оид ба риояи коидаю меъёрхо дар сохаи бехатарии радиатсиони;

иттилоъ додан ба ахоли дар бораи холати радиатсиони ва чорабинихо чихати таъмини бехатарии радиатсиони;

таълими ахоли бо усул ва воситахои пешгири дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони.

Моддаи 13. Баходихии холати бехатарии радиатсиони

Баходихии холати бехатарии радиатсиони хангоми банакшагири ва ичрои чорабинихо оид ба таъмини бехатарии радиатсиони ва тахлили самарабахшии чорабинихои зикргардида аз чониби макомотхои хокимияти давлати дар махалхо (хукуматхо), макомоти давлатие, ки танзимро дар сохаи бехатарии радиатсиони анчом медиханд, инчунин истифодабарандагони манбаъхои афканишоти иондоркунанда, гузаронида мешавад.

Баходихии холати бехатарии радиатсиони нишондихандахои асосии зайлро дар бар мегирад:

тавсифи олудашавии радиоактивии мухити зист;

тахлили таъмини чорабинихо оид ба бехатарии радиатсиони ва ичрои меъёру коидахо ва меъёрхои гигиении бехатарии радиатсиони;

эхтимолияти садамахои радиатсиони ва микёси он;

сатхи омодаги барои рафъи садамахои радиатсиони ва окибатхои он;

тахлили микдори шуоъхури, ки кормандон ва ахоли метавонанд аз хамаи манбаъхои афканишоти иондоркунанда гиранд, гирифтаанд ё гирифта метавонанд;

теъдоди шахсоне, ки аз меъёрхои микдори асосии мукарраргардида, бештар гирифтори шуоъхури гардидаанд.

Натичахои баходихии бехатарии радиатсиони аз тарафи макомоти давлатии ичозатдиханда (литсензиядиханда) тахлил мешаванд ва хар сол ба шаходатномахои радиатсиониву гигиении истифодабарандаи манбаъхои афканишоти иондоркунанда сабт мегарданд.

Тартиби пешбурди шаходатномаи радиатсионию гигиениро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 14. Таъмини бехатарии радиатсиони хангоми таъсири радионуклеидхои табии

Интихоби китъахои замин, тархрези ва сохтмони биною иншоотхо бояд бо дарназардошти пешгирии воридшавии радионуклеидхои табии ба фазои (хавои) бинохо анчом дода шавад.

Истехсоли маводи сохтмон, кабули бино ва иншоот барои истифода, истифодаи бино ва иншоот бояд бо дарназардошти хачми мавчудияти таркиби радионуклеидхои табии дар фазои (хавои) бинохо анчом дода шавад.

Истифодаи маводи сохтмон ва махсулоте, ки ба меъёрхои бехатарии радиатсиони чавобгу намебошанд, манъ аст.

Шуоъхурии ахоли ва кормандон аз радионуклеидхои табии дар бинохои истикомати ва истехсоли набояд аз меъёрхои мукарраргардида бештар бошад.

Моддаи 15. Таъмини бехатарии радиатсиони хангоми истехсоли маводхои гизои ва истеъмоли оби нушоки

Ашёи озукавори, махсулоти хуроквори, оби нушоки, мавод ва тачхизоти дар чараёни тайёр кардан, нигахдошт, хамлу накл ва фуруш бо онхо робитадошта, бояд ба талаботи таъмини бехатарии радиатсиони чавобгу бошанд.

Моддаи 16. Ухдадории истифодабарандаи манбаъи афканишоти иондоркунанда чихати таъмини бехатарии радиатсиони

Истифодабарандаи манбаъи афканишоти иондоркунанда ухдадор аст:

талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои дигари меъёрию хукукиро дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони риоя намояд;

бобати таъмини бехатарии радиатсиони ва хифзи манбаъхои афканишоти иондоркунанда тадбирхо ба накша гирад ва амали намояд;

анчом додани корхо чихати асоснок намудани бехатарии радиатсионии махсулот, мавод, равандхои технологи ва истехсолоти нав (модерншуда), ки манбаъхои афканишоти иондоркунанда мебошанд;

анчом додани назорати мунтазами истехсоли ба холати радиатсиони дар чойхои кор, бинохо, худуди ташкилотхо, дар минтакахои назорат, инчунин ба партофтан ва хорич кардани маводи радиоактиви;

анчом додани назорат ва бахисобгирии мунтазами микдори инфиродии шуоъхурии кормандон;

тайёр кардан ва гузаронидани аттестатсияи мансабдорон ва кормандон, мутахассисони хадамоти назорати истехсолии радиатсиони, шахсони дигар, ки ба таври доими ё муваккати бо манбаъхои афканишоти иондоркунанда кор мекунанд;

гузаронидани муоинахои пешаки (хангоми дохилшави ба кор) ва даврии тиббии кормандон;

кормандонро мунтазам оиди дарачаи афканишоти иондоркунанда дар чойхои кориашон ва андозаи микдори шуоъхурии инфироди огох намояд;

сари вакт ба Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти давлатие, ки ваколати идоракуни, назорат ва бозрасиро дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони дорад, дар бораи шароитхои фалокат, вайроншавии низоми технологие, ки ба бехатарии радиатсиони тахдид менамояд, ахборот дихад; хулоса, карор ва амри шахсони мансабдор, макомоти ваколатдори давлати, ки идора, назорат ва бозрасиро дар сохаи бехатарии радиатсиони анчом медиханд, ичро намояд;

татбики хукукхои шахрвандонро дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони таъмин намояд.

Моддаи 17. Назорат ва бахисобгирии микдори инфиродии шуоъхури

Назорат ва бахисобгирии микдори инфиродии шуоъхурие, ки шахрвандон хангоми истифодаи манбаъхои афканишоти иондоркунанда, гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологи, инчунин дар натичаи заминаи тагйирёфтаи табиии радиатсиони ё техногени мубтало гаштаанд, дар доираи системаи ягонаи давлатии назорат ва бахисобгирии микдори инфиродии шуоъхури, ки тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис меёбад, анчом дода мешавад.

Моддаи 18. Таъмини бехатарии радиатсионии шахрвандон хангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологи

Микдори шуоъхурии шахрвандон хангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологи бояд ба меъёрхои мукарраргардидаи бехатарии радиатсиони мувофик бошанд.

Хангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологи бояд воситахои хифзи шахрвандон истифода бурда шавад.

Бо талаби шахрванд хангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологи ба у дар мавриди микдори шуоъхурии дар назар дошташуда ё гирифташаванда ва окибатхои эхтимоли имконпазир маълумот дода мешавад.

Шахрванд хукук дорад аз амалиёти тиббии рентгенорадиологи, ба истиснои ташхиси пешгирикунандае, ки бо максади ошкор намудани беморихои аз нигохи эпидемиологи хатарнок гузаронида мешавад, даст кашад.

Моддаи 19. Минтакаи санитарию мухофизати ва минтакаи назорат

Бо максади хифзи шахрвандон ва мухити зист дар махалхои чойгиршавии иншооти истифодабарандаи манбаъхои афканишоти иондоркунанда, минтакахои санитарию мухофизати ва минтакаи назорат мукаррар карда мешавад.

Андоза ва худуди минтакаи санитарию мухофизати аз чониби макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон бо дигар макомотхои салохиятдори давлати ба мувофика расонида шуда, муайян карда мешаванд.

Дар минтакаи санитарию мухофизати сукунати доими ё муваккатии одамон, чаронидани чорво ва паррандахои хонаги, инчунин чойгиронии иншооти истехсоли ва дигар иншооте, ки бо истифодаи манбаъхои афканишоти иондоркунанда алокаманд нестанд, манъ мебошад.

Истифодаи бино ва иншооти дар минтакаи санитарию мухофизати мавчуда, барои максадхои хочагидори, дар сурати тагйир додани самти фаъолияти онхо, бо пешниходи истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ичозат дода мешавад.

Минтакаи назорат, андоза ва худуди он аз чониби истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда муайян гардида, бо макомоти хокимияти давлати дар махалхо (хукуматхо), макомоти давлатии танзимкунандаи сохаи таъмини бехатарии радиатсиони, ба мувофика расонида мешавад.

Дар минтакаи назорат ва санитарию мухофизати амали тадбирхои оид ба пешгирии садамахои радиатсиони татбик мегардад.

Моддаи 20. Нигахдошт ё гуронидани партовхои радиоактиви

Интихоби чой барои гуронидани партовхои радиоактиви бо дарназардошти таъмини бехатарии радиатсионии ахоли ва мухити зист, аз чумла шароитхои гидрогеологи, геоморфологи, тектоники ва зилзилави, дар тули тамоми мухлати гуронидани партовхо, баинобатгирии дурнамои дарозмухлат сурат гирифта, дар ин махал аломати шартии огохкунанда гузошта мешавад.

Истифодабарандагони каъри замин барои ба даст овардани ашёи радиоактиви ва анборкунии (гуронидани) партовхо, танхо корхонахои давлати буда метавонанд.

Тартиби ташкили чамъовари ва гуронидани партовхои радиоактивиро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 21. Таъмини хифзи маводи радиоактиви ва ядрои

Таъмини хифзи маводи радиоактиви ва ядрои хангоми хама гуна навъи муносибат ба онхо, хатми мебошад.

хифзи маводи радиоактиви ва ядрои аз чониби истифодабарандагони манбаи афканишоти иондоркунанда таъмин карда мешавад.

Таъмини хифзи маводи радиоактиви ва ядрои системаи ягонаи банакшагири ва татбики мачмуи тадбирхои техники ва ташкилии барои максадхои зайл нигаронидашударо дар бар мегирад:

пешгирии воридшавии гайриконуни ба худуди чойгиршавии маводи радиоактиви ва ядрои, хамчунин горат ё вайрон кардани он;

ошкор намудан ва баргардонидани маводи радиоактиви ва ядроии гумкардашуда ё горатшуда.

Назорати таъмини хифзи маводи радиоактиви ва ядрои аз чониби макомоти ваколатдори назорати давлатии бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкории назди Хукумати Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

Тартиби таъмини хифзи маводи радиоактиви ва ядроиро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Моддаи 22. Талабот оид ба хамлу накли маводи ядрои ва моддахои радиоактиви

Хамлу накли маводи ядрои ва моддахои радиоактиви мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномахои байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, ба чо оварда мешавад.

Коидахои хамлу накли маводи ядрои ва моддахои радиоактиви бояд хукукхо, ухдадорихо ва масъулиятхои борфирист, борбар ва боргир, тадбирхои бехатари, хифзи чисмони, системаи тадбирхои мувофикакардаи рох надодан ба ходисахо ва садамахои наклиёти, талабот нисбати бастубанди, тамгагузори ва воситахои наклиёт, инчунин тадбирхои пешгири ва бархамдихии окибатхои садамахои эхтимолиро пешбини намоянд.

Боби 4

Таъмини бехатарии радиатсиони Хангоми садамаи радиатсиони

Моддаи 23. Ухдадории ташкилотхо дар сохаи таъмини химояи ахоли ва кормандон аз садамаи радиатсиони

Ташкилотхое, ки дар онхо рух додани садамахои радиатсиони имконпазир аст, вазифадоранд инхоро дошта бошанд:

номгуи садамахои эхтимолии радиатсиони, бо пешгуии окибатхои он ва дурнамои холати радиатсиони;

меъёри кабули карор хангоми рух додани садамаи радиатсиони;

вохидхои садамавию начотдиханда ва махсуси гайринизомии мудофиаи граждани, ки аз шумули кормандони истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда таъсис дода мешаванд;

накшаи чорабинихои оид ба химояи кормандон ва ахоли аз садамахои радиатсиони ва окибатхои он, ки бо макомоти хокимияти давлати дар махалхо (хукуматхо) ва макомоти давлатии танзимкунанда дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони ба мувофика расонида шудааст;

воситахои огохони барои таъмини рафъи окибатхои садамахои радиатсиони;

воситахои тиббии пешгирии осебхои радиатсиони ва воситахои расонидани кумаки тибби ба зарардидагони садамаи радиатсиони.

Моддаи 24. Ухдадорихои истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда хангоми садамаи радиатсиони

Хангоми садамаи радиатсиони истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда вазифадор аст:

оид ба хифзи кормандон ва ахоли аз садамаи радиатсиони ва окибатхои он ичрои чорабинихоро таъмин намояд;

оид ба садамаи радиатсиони макомоти давлатиеро, ки назорати давлати ва тафтишро дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони анчом медиханд, инчунин макомоти хокимияти давлати дар махалхоро огох созад;

оид ба расонидани кумаки тибби ба осебдидагон тадбирхо андешад;

манбаъи олудагии радиоактивиро бархам дода, ба мухити зист пахн гардидани маводи радиоактивиро пешгири намояд;

тахлил гузаронида, дурнамои инкишофи садамаи радиатсиони ва тагйирёбии вазъияти садамаи радиатсиониро тахия намояд;

баъди рафъи садамаи радиатсиони оид ба муътадилгардонии холати радиатсиони тадбирхо андешад.

Моддаи 25. Шуоъхурии баланди банакшагирифташудаи шахрвандоне, ки барои рафъи окибатхои садамаи радиатсиони чалб шудаанд

Шуоъхурии баланди банакшагирифташудаи шахрвандони барои рафъи окибатхои садамаи радиатсиони чалбгардида, корхои садамавию начот ва дезактиватсия метавонад, танхо хангоми зарурати начотдихии одамон ва пешгирии шуоъхурии бештари онхо анчом дода шавад.

Шуоъхурии шахрвандони барои рафъи окибатхои садамахои радиатсиони чалбшуда аз микдори миёнаи солонаи меъёрхои асосии бехдоштии шуоъхури барои кормандон, ки моддаи 8 хамин Конун мукаррар намудааст, набояд аз дах маротиба бештар бошад.

Шуоъхурии баланди банакшагирифташудаи шахрвандони барои рафъи окибатхои садамаи радиатсиони чалбшуда, танхо як маротиба дар давраи зиндагии онхо, бо хохиши ихтиёрии онхо ва огохонии пешаки оид ба эхтимоли микдори шуоъхури ва хатар ба саломатиашон, ичозат дода мешавад.

Намудхо ва андозахои чубронпулиро барои хатарнокии зиёд ва пардохтани зараре, ки тавассути таъсири радиатсиони ба саломатии шахсони барои ичрои корхои зикргардида чалбшуда расонда шудааст, Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Боби 5

Хукук ва уХдадориХои шаХрвандон ва идтиХодияХои чамъияти

дар соХаи таъмини бехатарии радиатсиони

Моддаи 26. Хукуки шахрвандон ба бехатарии радиатсиони

Шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва шахсони бетабаа, ки дар худуди Чумхурии Точикистон зиндаги мекунанд, ба бехатарии радиатсиони хукук доранд. Ин хукук тавассути гузаронидани мачмуи чорабинихо чихати пешгирии аз меъёрхои мукарраргардида бештар нарасонидани таъсири радиатсияи афканишоти иондоркунанда ба организми инсон, ичрои коида, меъёрхо ва талаботи вобаста ба таъмини бехатарии радиатсиони аз чониби шахрвандон ва ташкилотхо, ки фаъолияти истифодаи манбаъхои афканишоти иондоркунандаро анчом медиханд, таъмин карда мешавад.

Шахрвандон чихати таъмини хукукхояшон оид ба бехатарии радиатсиони метавонанд ба макомоти дахлдори давлати ё ба суд мурочиат кунанд.

Моддаи 27. хукуки шахрвандон ва иттиходияхои чамъияти ба гирифтани маълумот оид ба холати радиоактиви

Шахрвандон ва иттиходияхои чамъияти хукук доранд дар доираи вазифахои ичрошаванда оид ба холати радиоактиви ва тадбирхои андешидашудаи чихати таъмини холати радиатсиони дар ташкилоте, ки фаъолиятро бо истифодаи манбаъхои афканишоти иондоркунанда анчом медиханд, маълумоти хатти ва дахони гирифта метавонанд.

Моддаи 28. Имконияти ворид шудан ба худуди ташкилоте, ки фаъолиятро бо истифодаи манбаъхои афканишоти иондоркунанда анчом медихад

Намояндагони иттиходияхои чамъияти тибки тартиб ва шартхои мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ба худуди ташкилотхое, ки фаъолиятро бо истифодаи манбаъхои афканишоти иондоркунанда анчом медиханд, хукуки ворид шудан доранд.

Моддаи 29. хифзи ичтимоии шахрвандоне, ки дар худуди хамшафати ташкилоти бо истифодаи манбаъхои афканишоти иондоркунанда фаъолиятдошта зиндаги мекунанд

Шахрвандоне, ки дар худуди хамшафати ташкилоти бо истифодаи манбаъхои афканишоти иондоркунанда фаъолиятдошта зиндаги мекунанд ва дар онхо имконпазирии зиёд будани микдори асосии нихоии мукаррарнамудаи хамин Конун имконпазир аст, ба хифзи ичтимои хукук доранд. Тартиби таъмини чорахои хифзи ичтимоиро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Моддаи 30. хукуки шахрвандон ба чуброни зарари ба саломати ва амволи онхо аз афканишоти иондоркунанда ва садамаи радиатсиони расонидашуда

Шахрвандон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чуброни зарари расонида ба саломати ва амволи онхо дар натичаи шуоъхурии зиёда аз микдори нихоии мукаррарнамудаи хамин Конун аз афканишоти иондоркунанда, инчунин садамаи радиатсиони хукук доранд.

Моддаи 31. Ухдадории шахрвандон дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони

Шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва шахсони бетабаа, ки дар худуди Чумхурии Точикистон зиндаги мекунанд, ухдадоранд:

талаботи таъмини бехатарии радиатсиониро риоя намоянд:

оид ба таъмини бехатарии радиоатсиони тадбирхо андешанд ё дар анчом додани чунин тадбирхо иштирок кунанд;

талаботи макомоти хокимияти ичроияро, ки идораи давлати ва назорати давлатиро дар сохаи таъмини бехатарии радиатсиони анчом медиханд, ичро кунанд.

Боби 6

Мукаррароти хотимави

Моддаи 32. Масъулият барои вайрон кардани конунгузори оид ба бехатарии радиатсиони

Шахсони вокеи ва хукукие, ки дар вайрон кардани конунгузори оид ба бехатарии радиатсиони гунахкоранд, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Чаримабанди шахсони гунахкорро аз ухдадории рафъи конунвайронкунихо, чуброни зарари ба хаёт ва саломатии шахрвандон расонида ва ё харочотхои онхо, инчунин аз чуброни зиёни ба шахсони хукуки дар натичаи садамаи радиатсиони расонида,


написать администратору сайта