Лекция геодезия. геодезия лексия, 25.09.17. Номи мавзъо Мидори соато
Скачать 1.3 Mb.
|
Лексияи 4. Аксбардорї.Намудњои аксбардорї 4.1. Аксбардорињои назардид, Буссолї. 4.2. Аксбардории теодолитї. Озмоишњои асбоб,љадвали ченкунии кунљњои уфуќї Намудњои аксбардорї. Аксбардорї гуфта проссеси корњои сањроию геодезиеро меноманд, ки барои ба наќша гирифтан ва тартиб додани план ва харитањои топографї гузаронида мешавад. Аксбардорихоро бо намуди зерин таксим мекунанд. 1. Аксбардории назардид - аксбардориест, ки лоиња дар намуди наќшаи тайёр бо гузаронидани аксбардорињои оддї тањрезӣ мешавад. 2. Аксбардории буссолӣ - Буссол асбоби геодезиест, ки барои чен кардани азимути магнитї ва њисоботи румбњо дар хизмат мекунад. Румбњо бошад мувофиќи бузургии кунљњои дирексионии њисобшуда муаян мекунанд. Буссол метавонад х,амчун асбоби мустакдлона истифода шавад ё ба басгаи асбобх,ои геодезӣ (масалан теодолитно) дохил гардад. Буссол Алоќаи байни азимут ва румбро дар љадвали зерин дида мебароем.
Аксбардории теодолитї -Теодолит асбоби геодезиест, ки барои чен кардани кунљњои уфуќї, амудї, инчунин масофаи байни нуќтањо бо масофасанҷ (далномер) хизмат мекунад. Мувофиќи таиноташон теодолитњо мешаванд. а) Техникї Т-15, Т-30, 2Т30П. б) Даќик Т-5, Т-2, 2Т5К в) Даќиќтар ин Т-0,5,Т-1 Лексияи 6. Афзоиши координатњо ва баробаркунии онњо. Координатњо гуфта ададеро меноманд, ки барои тасвири плани мањал дар рўи ќоѓаз њисоб карда мешавад. Афзоиши координатањоро бо фоммулањои зерини њисоб мекунанд. Дар инҷо: ; афзоиши координатаҳо, м. ; масофаи уфуқии байни нуқтаҳо, м. -кунљи дирексионї -румби самтҳо. ; ; ; ; ; ; ; ; ; ; ; ; Баъд аз он ; , -хатогии афзоиши коордиенатањоро њисоб мекунем. Пас аз муайян кардани қимати афзоиши координатаҳо бузургии маутлақ ва нисбии ин хатогиҳо ҳисоб карда, бо бузургии имконпазири он муқоиса мекунем. ; f-мутлақ- хатогии мутлақ - ҳосили Љамъи ҳамаи тарафҳо. f- нисби- хатогии нисби. ; ; Агар - бошад, онгоҳ хатогиҳои афзоиши координатаҳоро мутаносибан ба дарозии байни нуқтаҳо тақсим мекунанд. Бузургии мутаносибан тақсимшаванда афзоиши координатҳоро бо формулаи зерин ҳисоб мекунанд. ; ; ислоҳоти хатогии афзоиши координатаҳо, (м). хатогии афзоиши координатаҳо, (м). параметри минтақа (полигон), (м). масофаи уфуқии байни нуқтаҳо, (м). Мувофиқи бузургиҳои ҳисобшуда афзоиши координатаҳои истифодашударо ҳисоб мекунем. ; ; ; ; ; ; Санчиш: ; ; Ҳисоботи координатаҳои минтақа Координатаҳои нуқтаҳои ибтидоиро Х1 ва У1 аз ҳисоботи вобастакунии нуқтаи якум бо пунктҳои геодезЇ, гирифта онро ба чадвал менависем. Координатаҳои нуқтаҳои боқимонда бошад бо формулаҳои зерин ҳисоб карда мешавад. ; ; ; ; ; ; Санчиш: Санчиш: ; Њисоботи гашти диогнали бо принсипи дар боло гуфташуда гузаронида мешавад. Фақат суммаи кунчҳои ченшуда бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҷо: кунчҳои дирексионии аввал ва охир, ки аз гашти асоси гирифта мешавад. n- кунчи уфуқӣ дар гашти диогналӣ. Саволњо: Координатњо гуфта чиро меноманд. Хатогии мутлаќ чигуна ёфта мешавад. Хатогии нисби бо кадом формула муайян мешавад. Координатањои минтаќа чи тавр ёфта мешавад. Лексияи 9. Њисоботи фарќияти координатаи нуқтањо ва њосили зарби онҳо. Ҳисоботи масоњати минтаќа Дар ҷадвали ҳисоботи координатаҳо барои ҳисоб кардани масоҳати минтақа бояд фарқияти координатаҳо ва ҳосили зарби онҳо ёфта шавад. Фарқияти координатаҳоро бо формулаҳои зерин ҳисоб мекунем. Фкх= ; ва Фку = ; Х,У- координатаҳо, (м). К-рақами нуқтаҳо. Х5 – Х2 =Ф1 У 2 – У5 = Ф1 Ф2 Ф2у Ф3 Ф3у Ф4 Ф4у Ф5 Ф5у СанЉиш: ; СанЉиш: ; Њосили зарбро бошад бо формулаи зерин ҳисоб мекунад: ; ва ; СанЉиш: ; СанЉиш: Саволњо: Абрис чист. Кадом усулњои аксбардории вазъияти мањал мављуд аст. Фарќиятњо бо кадом формула њисоб карда мешавад. Њосили зарб бо кадом формула њисоб карда мешавад. Лексияи 10. Намудњои њисоббарории масоњатњо Барои муайян кардани масоҳати ќитъаю майдонњои истифодашаванда аз намудњои гуногуни њисоботи масоњатњо истифода менамоянд. Њангоми ченкунињо ченаке доштан лозим аст, ки бо он бузургии ченшаванда муќоиса карда мешавад. Масалан њангоми баркашидани љисмњо ченакњои вазн-килограмм, грамм, тонна, снтнер кор фармуда мешавад. Њангоми ченкунињои дарозии онро бо метр, сантиметр ё ин, ки бо ягон ченаки дигари дарози муќоиса мекунем. Њангоми ченкунињои кунљи аз дараља, даќиќа сония истифода мебарем. Дар геодезия масоњати қитъаи заминњоро аз руи план ва харитањои топографи бо усулњои зерин њисоб мекунанд. МеханикЇ; ГрафикЇ; АналитикЇ. Барои њисоботи масоњат бо усули механикЇ аз руи план ва харитањои топографи аз асбоби махсус, ки планиметр ном дорад истифода мебаранд. Планиметр асбоби геодезиест, ки барои њисоб кардани масоњати майдон бо намуди механикЇ дар руи ќоѓаз хизмат мекунад. Пеш аз оѓози кор озмоиши асбоб гузаронида мешавад. ОЗМОИШЊОИ ПЛАНИМЕТР Доираи њисобгирЇ бояд озод дар гирди чоряки уфуќЇ давр занад. Байни чархи амуди ва веньнер масофа бояд минимали бошад. Тири давраи њисоботгири бояд ба тири фашанги даврзананда паралел бошад. Њисоботи миёнаи 2- чархзании асбоб дар як контур аз 3- таќсимот зиёд фарќ накунад. Таќсимоти назарявии воњидии планиметр бо формулаи зерин њисоб карда мешавад. дар ин љо: С-таќсимоти назариявии воњиди планиметр. R- дарозии фашанги гирдгардони. Z- воњиди таќсимоти назарявии планиметр. Баъди њисоботи таќсимоти назариявии воњидии планиметр масоњати майдонро бо формулаи зерин њисоб мекунанд. дар ин љо: Р - масоњати майдон. - њисоботи миёнаи планиметр. С – таќсимоти назарявии воњидии планиметр. саволњо: 1. Масоњатњоро бо кадом намудњо њисоб мекунанд. 2. Барои њисоботи намуди механикї аз кадом асбоб истифода мебаранд. 3. Озмоишњои планиметр чандто мебошанд. Намуди графикї ва аналитикии њисоботи масоњатњо. Баъди тасвири плани мањал дар руи ќоѓаз мувофиќи координатњои њисобшуда аз усули графикии њисоботи масоњат истифода мебарем. Яъне ќитъаи заминро бо фигурањои геометрЇ таќсим карда баъд масоњати онро њисоб мекунанд. Масоњати росткунља ба њосили зарби асос бар баландии он баробар аст. ; Масоњати секунља ба ними њосили зарби асос бар баланди баробар мебошад. ; ; Масоњати трапетсия ба њалли зарби ним суммаи асосњои он бар баландиаш баробар аст. Ба ѓайр аз ин дар чунин мавридњое, ки ченкунии масоњати ягон фигура сањењии калонро талаб намекунанд ва инчунин дар ваќти ба контури каљлатта мањдуд будани фигурае, ки масоњаташро чен кардан талаб карда шудааст аз палеткаистифода мебаранд. 3. Намуди аналитикЇ Барои њисоботи масоњати ќитъаи заминњо бо усули аналитикЇ бояд координатањои нуќтањои гардиши ќитъаи заминро муайян кардан лозим аст. Ин усул усули даќиќтарини њисоботи масоњат аз руи плану харитањо мебошад. ; ; Р- масоњати ќитъаи замин м2 (га). Х,У- координатањои нуќтањои графикии гардиши ќитъаи замин. К- раќами нуќтањои гардиш. саволњо: Масоњати росткунља ба чї баробар аст. Масоњати секунxаро читавр њисоб мекунанд. Масоњати трапетсияро читаврњисоб мекунанд. Барои њисоботи масоњат бо усули аналитикї аз кадом формула истифода мебаранд. |