Сахми Абуали ибни Сино дар заминаи рушди физика. Саҳми Ибни Сино дар заминаи рушди илми физика. Баъзе дастовардои Ибни Сино дар рушди физика
Скачать 46.8 Kb.
|
Баъзе дастовардҳои Ибни Сино дар рушди физика Зайнудинов С., Салимов Н. С.,Хуморов Д.М., Шарифова Ҷ., Мо дар доираи рушди илмҳои муосир ба саноатикунонии босуръати кишвар қарор дорем. Дар ин раванд, барои густариши тақвияти тафаккури зеҳнии ҷавонон, истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам овардан зарур аст. Маҳз бо ҳамин мақсад солҳои 2020-2040, бо як иқдоми наҷиби Пешвои миллат барои рушди ҷамъияти Тоҷикистон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда шуд. Донистани қонуниятҳои табиат дар заминаи донистани қонуниятҳои физикию кимиёию биологии дар табиат амалкунанда эҷод, ихтироъ, сохтани асбобу анҷом, воситаҳои техникӣ, дастгоҳу машинаҳо, техникаи компютерӣ ва ғайра баланд бардоштани қудрати иқтисодии давлатро имконпазир мегардонад. Миллати тоҷик дар тули мавчудияти хеш донишмандони бузурги илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, энсиклопедистҳои машҳурро ба дунё овардаст, ки онхо дар таърихи эҳёи Аврупо саҳми арзанда гузоштаанд. Нодирияти бузургони фарҳангии мо дар он аст, ки ҳастии онҳое ки дар санъати шеъру нависандагӣ ҳамто надоранд, доир ба илмҳои анатомия, физика ва илмҳои дақиқ андешаҳое доранд, ки касро ба ҳайрат мегузоранд. Масалан, Саъдии Шерозӣ на ҳамчун олим, балки хамчун шоир ва нависанда ҳисобида мешавад, дар ҳоле ки вай то хурдтарин ҷузъиёти рушди шахсро аз ҳолати ҷанинӣ то марг ба калам додаст; дар рубоиҳои худ амали натичавии куввахои ба нуқтахои гуногуни чисм (тан) гузошташударо нишон додааст; амали зарраро бо номи «дуд» аз манбаъ то қабулкунанда хеле дақиқ тавсиф кардааст (ба маълумоти физикҳои тоҷик мерасонем: дар илмҳои табиатшиносии асрҳои миёнаи тоҷикон яке аз зарраҳо "дуд" номида мешуд); Саъдӣ таъсири миёнҷиро дар ҳаракати табиӣ ва ҳаракати ҳайвонот муқоиса намуда, ишора кард, ки он аз таъсири зарраҳои табиӣ 300000 маротиба (!) заифтар аст. Физикхо медонанд, ки ин адад ба коэффициенти суръати рушной баробар аст. Хайём дар рубоиҳои худ хосиятҳои рукнҳоро ба таври муфассал тавсиф кардааст. Рубоиҳои ӯ ба ҳама маъқуланд, зеро дар онҳо падидаи мушаххас ба он тавре ки мо онҳоро тасаввур ва ҳис мекунем, мебинем, ламс менамоем, ба таври дақиқ, муассир, ҳамоҳанг вобаста ба хосиятҳои объектҳои дигар ва равандхои гуногун, монанди ошику маъшук, заиф ва нест шудани умеду орзухо, ишк, бахамтаъсирии ходисахои гуногун ба якдигар ва ғ. ба таври табиӣ тавсиф карда шудаанд. Дар ин рубоиҳо калимаҳои “садо”, “мавҷ”, “зарра”, “суръат”, “басомад” ва ғайра истифода мешаванд. Хоҳу нохоҳ ҳама дарк мекунанд, ки Хайём бидуни донишхои табиатшиносӣ дар рубоиҳои худ ин гуна фикрҳоро баён карда наметавонист, вале ӯро ҳеч кас олим намешуморад. Мутафаккири дигар, Носири Хусрав олими соҳаи табиатшиносӣ ҳисобида намешавад, аммо аз файласуфони тоҷик ӯ аввалин шуда таърифи “хушки”-ро чунон баён кардааст, ки ба таърифи атом наздик аст; таърифи садоро дода, пайдоиши онро тавсиф кардааст; як заррачаи навро бо номи "миёнҷӣ" пешниҳод кардааст; аз рўи симметрия ҷойгиршавии сайёраҳо ва қисмҳои таркибии бадани инсонро муқоиса намудааст; ситораро чунин таъриф додааст: «Ҷисми нуронӣ аст гирд ба нурфушурда»; "ҳарорат"-ро ҳамчун ҳолати фишурдашудаи материя муайян кардааст; шаш намуди ҳаракатро баён кардааст; таърифи раъд ва барқро додааст. Шоир Бедил дар рубоиҳои худ мавҷ, ҳаракат, оромӣ, сурат, рукнҳоро тавсиф кардааст, падидаеро ба қалам додаст, ки ба ҳодисаи бо ном "эффекти тунелӣ" дар физикаи муосир монандӣ дорад, аммо олими соҳаи табиатшиносӣ ҳисобида намешавад. Аз омӯзиши дастовардхои донишмандони Асримиёнагии тоҷик хусусиятхои зерини фарзияҳои онхоро қайд мекунем: 1) зарраҳо манбаъ доранд; 2) пешниҳод менамоянд, ки зарраҳо сел ба вуҷуд меоваранд; 2) зарраҳо қобилияти интихоби объекти таъсирро доранд; 4) зарраҳо ба объекти интихобшуда таъсири мақсаднок доранд. Аммо, бузургтарин олим, файласуф, донишманд, ва умуман, Одами бузургтарин дар руи Замин, фарзанди халки точик Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ки бо ҷаҳонбинии комили худ беназир буда, барои тамоми файласуфон ва олимони ҷаҳон дастнорас гардидааст. Тамоми дастовардҳои илмии на танҳо олимони тоҷик, балки олимони тамоми ҷаҳон дар ҷаҳонбинии ӯ, ки ба шархи пайдоиши Олам ва равандҳои он бахшида шудааст, инъикос ёфтаанд, ки мо баъзеи онхоро дар сархатҳои дахлдори ин мақола баён хоҳем кард. Абўали Сино нобиѓаи асрҳо, равшангари ақлхо, файласуф, шоир ва табиби мумтозест, ки то имрўз олами илмро бо фаррохии донишу чаҳонбинии фалсафи ва кушодани розҳои ниҳонии олами инсони дар ҳайрат гузоштааст. Донишу заковати ин фарзанди фарзона аксарияти илмҳои замонашро фаро гирифтааст. Хусусан, дар соҳаи фалсафа, тиб, мантиќ, равоншиноси математика, физика, маъданшиноси (минерология) зоология ва ғайраҳо. Ҳамчунин ў чун шоир, мусиќашинос, муаллим ва ходиму донишманди соҳаи давлатдори корҳои зиёдеро ба анчом расонидааст. Бинобар ин ҳар ќадаре, ки фосилаи асрњо аз якдигар дур мегарданд, њамон ќадар донишу бузургиаш рушану возењтар шуда, кашфиётњои илмию пешнињодњои тиббиаш дар љомеа мавќеи худро муайян менамоянд. Ин аст, ки њиссаи бебањои ин мутафаккирро дар соњањои гуногуни илм ба назар гирифта љомеаи љањонї чандин маротиба барои поси хотир ва арзиши баланди хизматњои ў дар инкишофи илму фарњанг ва тамаддуни башарї Симпозиюму дигар чорабинињои умумибашарї мегузаронанд. Абўали Сино дар фалсафа њамрадифи Арасту, дар тиб бошад њамрадифи Буќроту Љолинус эътироф гаштааст ва њатто дар таърихи адабиёти форсии тољикї монанди Рўдакиву Њофизу Бедил асосгузори навъе аз шеъри тољикї њисобида мешавад. Чї тавре ки медонем жанри фалсафии рубоиро дар забони тољикї мањз Абўалии Сино асос гузошта буд, ки онро дар оянда Умари Хайём ба дарачаи волоият ва комилият расонид. Мисли Абуали Сино донишманди вокеан энсиклиопедист дар олам ангуштшуморанд. Абўали Њусайн ибни Абдуллоњ ибни Њасан ибни Алї ибни Синои Балхии Бухорї (18. 08.980 – 24. 06. 1037), ки дар Шарќ бо лаќабхои Шайхурраис, Шарафулмулк, Њучаттулхак, муаллими сонї ва дар Ѓарб бо номи Ависенна шўњрат касб кардааст, асосан њамчун табиб, файласуф ва шоир шинохта шудааст. Дар асл ў дар пешрафту инкишофи тамоми илмњои замонааш, пеш аз њама илмњои табиатшиносї, физика, математика, геометрия, астрономия ва ѓайра сањми муайяне гузоштааст. Дар илми табиатшиносї бошад,ба ќалами ў зиёда аз 20 рисола тааллуќ дорад. Ва яке аз муњимтарин кашфиёти Абўали Сино дар ин соња ин ихтирои асбобе фарќкунанда аз устурлоби онзамона буд, ки комилан вазифаи нониусро иҷро мекард ва ин асбоб таќрибан баъди 500 сол аз тарафи олими португоли петро Нуниес дубора кашф гардид ва ба шарафи худаш нониус гузошта шуд. Дар бораи физикаи Абўалии Сино тадќиќоти мушаххасе аз тарафи муњаќќиќон ба таб расидааст, ки бинобар он ў аввалин маротиби бо мисоли содда ва дар њаљми як мисол ( як њодиса) суръати нурро бо суръати садо муќоиса кардааст. Ин мисоли раъду барќ аст. Аввалин маротиба њодисаи пањншавии мављро дар њаво бо муќоисаи пањншавии он дар об баён кардааст. Ин мисолро дар асри XII Аверроэс айнан собит кардааст, ки аз осори Сино бохабар буд . Назарияи импетуси Жан Буридан, ки дар асри XIV баён кардааст, комилан назарияи « майл» - и Абўалии Синост. Бояд гуфт, ки осори гаронбањои Абўалии Сино дар инкишофу пешрафти илмњои табиатшиносї дар Шарќу Ѓарб такони бузурге додааст ва њамин тариќ гуфта метавонем, ки ин нобиѓаи оламшумули тољик на фаќат дар тиббу фалсафаи љањонї, балки дар тамоми навъњои илмњои табиатшиносии замонааш сањми нотакрор гузоштааст. Аз замони зиндагии ин алломаи афлокшаън зиёда аз њазор сол сипари шудааст, вале то њануз натанњо дармондагону шифољуяндагон, балки донишмандону мутахасисон ба осори ў рў меоранд ва чизи нав барои худ пайдо мекунанд. Маълуми њамагон аст, ки Абўалии Сино дар љањон асосан њамчун файласуф ва табиб шўњрат касб кардааст. Вале ў дар тамоми соњањои дониши замонааш наќш ва сањми муайяне гузоштааст, ки то имрўз мавриди тањќиќу омўзиши олимони гуногунмаслаку гуногунсоња ќарор дорад. Як мисоли мушаххас меорем. Аз 456 номгўи китоби бузургњаљму рисолањои кўчаке, ки барои ояндагон ба мерос гузоштааст, њамаги 59 ададаш ба илми тиб таалуќ дораду халос. Вале ў яке аз бузургтарин табибони олам шинохта шудааст. Акнун тасаввур кунед, ки ў бо асарњои боќимондаи безаволи худ дар дигар соњањои дониш чї наќше дошта бошад. Зеро то њанўз њамаи пањлуњои эљодиёти ў мавриди тањќиќу тањлил ќарор нагирифтааст. Масалан, аз љумлаи асарњои энсиклопедиву рисолањои махсусаш 42 номгўи онњо ба физикаю риёзиёт тааллуќ дорад. То замони мо њанўз мавќеи ин алломаи оламшумули тољик дар њамаи соњањои дониш ба пурраги омўхта нашудааст, ки дар ин љода донишмандони кишварњои гуногун бар тадќиќу омўзиши он њиммат доранд. Нигоҳе ба дастовардҳои Ибни Сино дар физика нишон медиҳад: Ибни Сино дар асарҳояш зиёда аз 300 далели физикӣ ва зиёда аз 4000 қонуну қонуниятро тавсиф кардааст. Мо дар ин ҷотанҳо баъзеи онҳоеро меоварем, ки ба ҳар ҳол ном дошта, ба олимони муосир шиносанд, ё дар арафаи таҳқиқотқарор доранд: Ибни Сино пайдоиши оламро дар асоси қонунҳо ва принсипҳое комилан шарҳ дод, ки ҳоло ба физикаи квантӣ тааллук доранд. Ҳамин тариқ, ӯ аввалин кашшофи физикаи квантӣ шуд. Аммо ин мавзӯъ аз ҷониби олимони тоҷик омӯхта нашудааст ва мавриди таҳқиқ карор нагирифтааст; Ибни Сино бори аввал дар ҷаҳон исбот кард, ки савияҳои энергетикӣ мавҷуданд, ки ҳамзамон дар атрофи маркази умумӣ, дар атрофи маркази худ давр мезананд ва дар атрофи меҳвари гардиши худ такон мехӯранд ва дар он зарраҳои гуногун ҷойгир шуда метавонанд. Ин сатҳҳои энергетикӣ ба чор адади асосии квантии атоми муосир мувофиқатмекунанд. Ин нахустин модели атом буд, ки бори аввал дар ҷаҳон аз тарафи донишманди тоҷик пешниҳод шудааст. Мо ин кӯраро ХОБО-A (кураи хоси элементҳои ибтидоӣ ё фазои хоси як атоми замонавӣ) номидем, ки аз ҳарфҳои аввали рукнҳои «хок», «об», «бод», «оташ» ва «аввалӣ» таркиб дода шудааст. Ибни Сино собит сохт, ки ҳар як савия (энергетикӣ) панҷ савияи энергетикии худро дорад. Ҳамин тавр, Ибни Сино исбот кард, ки дар наздикшавии аввал дар соҳаи ХОБО-A ё дар атоми муосир зиёда аз 125 савияҳои энергетикӣ мавҷуданд. Аммо, донишмандони тоҷик таҳқиқоти Ибни Синоро дар ин замина анҷом надодаанд ва то ҳол рушди ин модел аз ҷониби олимонитоҷик дида намешавад; Ибни Сино собит кард, ки ҳангоми таъсири мутақобилаи курахои гуногуни «ХОБО» 16 варианти ҳолати воқеии мода ба вуҷуд меояд. Маҳз ҳамин миқдор вариант дар натиҷаи омезиши атомҳо ба даст оварда мешавад, агар ҳангоми омезиши атомҳо мавҷудияти чор адади квантии асосии атомҳои муосирро ба назар гирем. Дар таҳқиқоти олимони тоҷик ин мавзӯъ инъикос нашудааст; Ибни Сино собит кард, ки байни нуқтаҳои (гиреҳҳои) ҳамсоя дар ашёи хосилшуда (масалан, дар байни гиреҳҳои панҷараи кристаллӣ) зарраҳо мавҷуданд, ки бо дарозии мавҷ, суръат, энергия, масса ва дигар хосиятҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Ибни Сино муайян намуд, ки аз ҳама хосиятҳои зарраҳои дар байни нуқтаҳо (гиреҳҳо)-и ашё буда танҳо он хосиятҳо устувории ҳолати ашёро муайян мекунанд, ки савияи энергетикии якхеларо дошта бошанд. Шарҳи ба ин монанд дар физикаи муосир вуҷуд надорад; Ибни Сино исбот намуд, ки таъсири мутақобилаи объектҳо аз рӯи конуни табдили масса ба энергия ва энергия ба масса рух медиҳад, ки он дар физикаи квантии муосир дар вобастагии формулавии E = mc2 инъикос ёфтааст, дар он ҷо m – массае, ки ба энергия мубаддал мешавад, c – суръати паҳншавии нур дар вакуум, E – энергияест, ки бо роҳи табдили масса ба даст меояд; Ибни Сино таърифи мафҳуми «ҷисм» (тан) - ро дод, ки дар илм таърифи ягонаи дурусттарин аст; Ибни Сино собит кард, ки равандҳои нумув дар ҷисм аз 17 (ҳабдаҳ) савияи энергетикии мумкинӣ вобаста аст. Тадқиқоти шабеҳ дар физика нест; Ибни Сино собит кард, ки ҷисми зинда ҳамон вақт фаъолият карда метавонад, ки агар он дорои на камтар аз 241 савияи энергетикии мумкинӣ шуда тавонад. Тадқиқоти шабеҳ дар физика нест; Ибни Сино собит кард, ки ин ҷисм тани инсон хоҳад шуд, агар он дорои зиёда аз 1500 зонаҳои энергетикии мумкинӣ ва ё савияҳои энергетикӣ шавад. Чунин тадқиқоти шабеҳ дар физика нест; Ибни Сино таъсири мутақобилаи зонаҳои энергетикиро баррасӣ кард ва дар асоси имконнопазирии ҷамъ шудани тағйироти онҳо принсипи нурафканиши лазериро пешгӯӣ кард. Инмавзӯъро пажӯҳиши олимони тоҷик фаро нагирифтааст; Аз нуқтаи назари физикаи квантии муосир Ибни Сино таъсири мутақобилаи нурафканишро дар сатҳи чуқуртар бо интиқоли минбаъдаи энергияи чархзананда, лапиш ё спинӣ ба сатҳи дигар ҳангоми нигоҳ доштани ин савия қайд кардааст. Дар асарҳои олимони тоҷик чунин таҳқиқоти шабеҳ вуҷуд надорад; Ибни Сино собит кард, ки равандҳои нурафканишу нурфурўбарӣ дар чизҳо амалӣ мегарданд, илова бар ин, раванди қабули нур, яъне равандҳои нурфурўбурии энергия ва нурафканиш аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин падидаҳо дар асарҳои олимони тоҷик инъикос нашудааст; Ӯ исбот кард, ки ба монанди чизҳо, ҳамин гуна равандҳои гузариш дар Офтоб ҳам ба амал меоянд, ки боиси нурфурўбарӣ ва нурафканиш, вале бо зонаҳои васеътари энергетикӣ мегардад. Олимони тоҷик ин мавзӯъро таҳия накардаанд; Ибни Сино исбот кард, ки натиҷаи гузариши байни сатҳҳо «гармӣ» аст, ки кураро ташкил медиҳад, яъне «гармӣ» ба ҳама самтҳо паҳн мешавад. Заррае, ки дар вақти гузариши байни сатҳҳо ҳосил мешавад, дар физикаи муосири квантӣ«фотон»номида мешавад ва кураро ташкил намекунад. "Фотон"-и Ибни Сино на танҳо аз тарафи олимони тоҷик, балки дар соҳаи физика таҳқиқ нашудааст; Ибни Сино собит кард, ки "зарраи" ихроҷшуда шабеҳи заррае аст, ки сабаби пайдоиши охирин гаштааст, маънои он зарраро дорад (яъне, ҳамон гунаҳоро доро аст) ва сурат дорад. Чунин тадқиқот дар физикаи муосир ва дар байни физикони тоҷик низ мавҷуд нест; Ибни Сино исбот кард, ки на ҳама падидаи моддӣ падидаи моддии дигарро дарёфт карда метавонад: танҳо он падидаҳои моддӣ якдигарро дармеёбанд, ки то андозае васеъгии зонаҳои энергетикиашон ба ҳам мувофиқаткунадва онҳо имкон доранд, ки нурафкании якдигарро фурў баранд, ва бояд хосиятҳои зеринро дошта бошанд: а) эҳтимолияти нурафканӣ дар дохили худи ҷисм вучуд дошта бошад; б) ҷисм бояд камол дошта бошад, яъне бо ҷаҳони беруна робита ё "макон" дошта бошад; в) ҷисм дар муддати муайяни вақтвуҷуддоштабошад; г) ҷисм бояд қобилиятинурафканиродарҳама фосилаи шкалаи мавҷҳои электромагнитӣ сохиб гардад. Чунин шарҳи дарёфти якдигари ҷисмҳо дар физика ва дар байни физикони тоҷик низ вуҷуд надорад; Ибни Сино падидаеро тавсиф кардааст, ки дар физикаи муосир онро "падидаи фотоэффект" меноманд. Физикҳои тоҷик дар бораи "фотоэффект"-и ИбниСино таҳқиқот набурдаанд; Ибни Сино падидаеро тавсиф кард, ки онро дар физикаи муосир "Эффекти Комптон" меноманд. Аз тарафи физикҳои тоҷик "Эффекти Комптон" -и Ибни Сино мавриди таҳқиқот қарор нагирифтааст; Ҳангоми тавсифи падидаҳо Ибни Сино чунин хосиятҳои зарраҳоро истифода бурд, ки таносуби муайяни байни "макон" ва "ҳаракат"-ро нишон медиҳанд. Ин таносуб ба таносуби номуайянии Ҳейзенберг шабоҳат дорад. Ин мавқеияти физикаи Ибни Сино дар физика аз тарафи донишмандони тоҷик мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст; Ҳангоми тавсифи кураи хосси унсурҳои ибтидоӣ, Ибни Сино ба мавҷудияти фишори рӯшноӣ ишора кард. Аммо, ин назария аз ҷониби олимони тоҷик мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст; Мафҳуми "масса" дар таълимоти Ибни Сино бо ба вуҷуд омадани алоқаҳо (иртибот) вобаста аст. Ин падида низ аз ҷониби олимони тоҷик мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст; Дар таълимоти Ибни Сино мавҷудияти зарраҳои виртуалӣ исбот карда шудааст, аммо олимони тоҷик ин масъаларотаҳқиқ накардаанд; Ибни Сино имкони сохтани манбаъҳои баландэнергияро, ки дар айни замон бомбаҳои атомӣ, бомбаи ядроӣ (ҳастаӣ), бомбаҳои термоядроӣ, манбаъҳои гуногуни кимиёвӣ ва дигар объектҳоро дарбар мегиранд, исбот ва пешбинӣ карда буд. Ин мавзӯъ низ аз тарафи олимони тоҷик мутолиа нагардидааст; Ғайр аз ин, дар баёнияҳои дар боло зикршуда, проблемаҳои илми табиатшиносии муосир дар бораи ҳаракат ва майл ҳал карда шудаанд. Бисёре аз муҳаққиқон зикр намудаанд, ки таҳқиқоти Ибни Сино дар бораи майл барои фаҳмидани мафҳуми инерсия дар физика асос ёфтааст. Аммо, ба ин гуна тавзеҳот таваққўф кардан ва аҳамият надодан ба дигар дастовардҳои Ибни Сино оиди ин масъала далели дурандеш набудани бисёре аз муҳаққиқони ҷаҳонбинии Ибни Сино мебошад. Воқеият он аст, ки мафҳуми "майл" - и Ибни Сино аз зарурат ва ҳаракат, яъне аз нурафканӣ ва иртибот бармеояд, ва нишон медиҳад, ки "майл" табиати ашёхо аст, "майл" вокуниши фаврии моддаҳо ба қувваи гузошташуда аст ва аз масса, материя вобаста набуда, ба сохтори дарунии ашё алоқаманд аст, имкон медиҳад, ки бо кумаки қувваи беруна чисм таҳқиқ карда шавад. Ба ин саволҳо дар илми табиии муосир ҷавобе наёфтанд, дар ҳоле ки Ибни Сино роҳи таҳқиқи ин масъалаҳоро нишон додааст; Ибни Сино ягона олиме дар ҷаҳон аст, ки ба таври илмӣ ҳаракатро ба ду гунна тақсим кард: ҳаракати тавассутия ва ҳаракати қатъия, ва дар асоси ин назария Олам ва равандҳои онро шарҳ дод. Олимони тоҷик ба ин мавзӯъ аҳамият надодаанд; Абӯалӣ ибни Сино ягона олиме дар ҷаҳон аст, ки бо назарияи илмӣ исбот кард, ки нур метавонад траекторияи каҷравӣ дошта бошад; Абӯалӣ ибни Сино бори аввал исбот кард, ки савияҳои энергетикии мумкин ва мамнўъ мавҷуданд. Олимони тоҷик ба таҳқиқи ин мавзӯъ таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд. Мо дар боло он мафҳумҳо ва падидаҳои физикиеро овардем, ки ба олимону тадқиқотчиён бештар маълум ва шиностаранд. Бояд қайдкард, ки Абӯалӣ ибни Сино падидаҳои зиёдеро дар физикаи квантӣ пешгӯӣ кардааст, ки баъзеи онҳо барои дарёфти ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣдарсоҳаи физика самти таҳқиқот буданд ва баъзеи онҳо то ҳол ба олами илмӣ маълум нестанд ва навбати худро барои зоҳир шудан интизорӣ доранд. Хусусиятҳои физикаи Абӯалӣ ибни Сино дар он аст, ки ҳама ҳодисаҳои физикӣ бо принсипҳои бунёдии олам алоқаманд мебошанд. Ҳоло баъзе мавзӯҳои физикаро далел меоварем, ки муҳаққиқони онҳо ҷоизаи Нобелро соҳиб шудаанд, аммо бунёдгузори сазовор дар таҳқиқоти онҳо Ибни Сино буд: нурҳои рентгенӣ, радиоактивияти спонтанӣ, падидаи радиатсионӣ, нурҳои катодӣ, кашфиётҳо дар бораи қонунҳои танзимкунандаи радиатсияи гармӣ (қонуни кӯчиши Вен), хусусияти нурафкании рентгении элементҳо, кванти энергия, эффекти фотоэлектрикӣ, сохти атом ва нурафкании онҳо, сохтори дискретии материя ва кашфи мувозинати таҳшиншавӣ, эффекти Комптон, дуализми заррагӣ-мавҷӣ (корпускулярӣ-мавҷӣ), пароканиши нур ва эффекти Раман, кашфи нейтрон, нурҳои кайҳонӣ, позитрон, принсипи Паулӣ ва ғайраҳо. Ў барои дарку кашфи муаммо лањзае аз по наменишаст, лањзае аз љустуљуву тањќиќу омўзиш фориѓ набуд. Њадафи ў њар чизро донистан, кашф кардан ва ба ќавли худаш «дарёфти њалли мушкилњо» буд, ки дар рубоие барњаќ фармудааст: Аз ќаъри гили сиёњ то ављи Зуњал, Кардам њама мушкилоти гетиро њал. Берун љастам зи ќайди њар макру њиял, Њар банд кушода шуд, магар банди аљал! Ба назари мо, тарзи омўзиш ва љањонбинии Абўалии Сино бояд имрўз барои љавонони мо намунаи ибрат бошад. Яъне набояд њар масъаларо сатњї омўхт, балки аниќ, њаматарафа ва тањлилгирона омўхтан зарўр аст. Танњо дар њамин сурат кас њам худаш лаззати маънавї мебарад ва њам барои ояндагон чизеро аз худ боќи монда метавонад. Њамин тариќ ба ќавли яке аз ќасидасароёни маъруф Анварӣ: Дидаи љонї Бўали Сино Буд аз нури маърифат бино |