Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Хоки ҳасратмурдае дорам, ки монанди ҷарас Нола паймояд ба ҷои бода, гар соғар шавад. Соҳиби оина натвон гашт бе қатъи нафас, Бигзарад аз зиндагӣ, то Хизр Искандар шавад. Вазъи ҳамворӣ зи абнои замон матлуби мост, Одамият гар набошад ҳар кӣ, хоҳад, хар шавад. Бедил, осон нест касби эътибороти ҷаҳон, Сахт афсурдан ба худ бандад, ки хоке зар шавад. * * * Дар ишқ он ки қобили дардаш надидаанд, Ҳезест к-аз қаламрави мардаш надидаанд. Гулҳо, ки бар насими баҳор аст нозашон, Аз боди меҳргон дами сардаш надидаанд. Халқе хаёлбози фиреб аст зери чарх, Холи зиёди тахтаи нардаш надидаанд. Вомондааст халқ ба печухами ҷасад, Кайфияти ҳақиқати фардаш надидаанд. Бар соя бастаанд ҳарифон ғубори аҷз, Ҷавлони кӯҳудаштнавардаш надидаанд. Сомони навбаҳори гулистони мовуман Ранги паридаест, ки гардаш надидаанд. Аз гови осмон чӣ таматтуъ барад касе? Шири сафеду равғани зардаш надидаанд. Эй бехабар зи шикваи гардун, ба шарм кӯш, Охир туро ҳарифи набардаш надидаанд. Бедил, дар ин бисот тамошоиёни ваҳм, Аз дил чӣ дидаанд, ки дардаш надидаанд? * * * Дар ғамат охир ба ҷое кори бедодам расид, К-аз тапидан сурма шуд, ҳар кас ба фарёдам расид, Синаро аз тиру дилро нест аз захми синон, Бе қадат он офате, к-аз сарву шамшодам расид. Домгоҳи шавқ чун ман сайди маҳруме надошт, Нолаворе ҳам намонд аз ман, ки сайёдам расид. Ишқ заъфе дошт, то шуд бо мизоҷам ошно, Сел шабнам буд, то дар меҳнатободам расид. Чун шарар доғи фано натвон зудуд аз тинатам, Чашмзахме буд маъдумӣ, к-аз эҷодам расид, Гиря, гӯ, хун шав, ки ман аз яъси матлаб сӯхтам, То кунам сомони об, оташ ба бунёдам расид. Мактаби офоқ аз бас дарсгоҳи ибрат аст, Гӯшмоле буд, ҳар ҳарфе к-аз устодам расид. Ҳасрате дар пардаи навмедии дил доштам, Сӯхтанҳо чун сипанд охир ба фарёдам расид? Ёр дорад пурсиши аҳволи дурафтодагон, Ку фаромӯшӣ, ки гӯям навбати ёдам расид? Санг ҳам гар мешикофӣ, ёр меояд бурун, Ин садо аз Бесутуни саъйи Фарҳодам расид. Қосиди шавқ аз камини норасоӣ эмин аст, Нолае дорам, ки дар ҳар ҷо фиристодам, расид. Шуълаи афсурда, Бедил, шаҳпари хокистар аст, Дар ҳавояш ҳар кӣ рафт аз худ, ба имдодам расид. * * * Дуруштхӯ суханаш офиятсамар набувад, Садои тори раги санг ҷуз шарар набувад. Ҳуҷуми ҳодиса бо софдил чӣ хоҳад кард? Зи сел хонаи оинаро хатар набувад. Ғубори ваҳшати мо аз суроғ мустағнист, Ба рафтани нигаҳ аз нақши по асар набувад. Ба оламе, ки адаб маҳви бенишониҳост, Ҳавас агар ҳама анқост, номабар набувад. Ба коргоҳи тааммул ҳамон дил аст нафас, Гиреҳ ба риштаи корам кам аз гуҳар набувад. Зи бахт шиква надорам, ки нахли шамъи маро Баҳори сӯхтане ҳаст, агар самар набувад. Уқубати ду ҷаҳон дил ба як тағофул баст, Шикасти хотири оина он қадар набувад. Ба ранги реги равон, раҳнаварди савдоро Зи ғайри обилаи по гули сафар набувад. Дар ин муҳит, ки ҳар қатра нақди бохтанист, Хуш он ҳубоб, ки оҳеш дар ҷигар набувад. Махоҳ ранги ҳаловат зи гуфтугӯ, Бедил, Найе ки нола кунад, қабили шакар набувад. * * * Дил хоки сари кӯйи вафо шуд, чи баҷо шуд, Сар дар раҳи теғи ту фидо шуд, чи баҷо шуд. Ашкам, ки диле дошт гиреҳ бар сари мижгон, Дар кӯйи ту аз дида ҷудо шуд, чи баҷо шуд. Моро ба бисоте, ки ту чун фитна нишастӣ, Бархостан аз хеш асо шуд, чи баҷо шуд. Чун соя ба хоки қадамат ҷабҳаи моро Як саҷда ба сад шукр адо шуд, чи баҷо шуд. Ин дида, ки ҳасраткадаи шавқи тамошост, Эй хушнигаҳон, ҷойи шумо шуд, чи баҷо шуд. Аз ҳайрати дидори ту ашки ҳавасолуд Имшаб нигаҳи чашми ҳаё шуд, чи баҷо шуд. Чашмат ба ғалат сӯйи дил андохт нигоҳе, Тире, ки аз ин шаст хато шуд, чи баҷо шуд. Бар сафҳаи рӯйи ту зи килки яди тақдир Хатти сияҳ ангуштнамо шуд, чи баҷо шуд. Дар базми ту охир нигаҳи шуълаъинонам Чун шамъ зи ашк обилапо шуд, чи баҷо шуд. Лахти ҷигаре бар сари ҳар ашк фишондем, Ҳаққи намаки гиря адо шуд, чи баҷо шуд. Гарде ки ба уммеди ту додем ба бодаш, Ороиши сад дасти дуо шуд, чи баҷо шуд. Чун соя сари роҳи дурангӣ нагирифтем, Рӯзи сияҳи мо шаби мо шуд, чи баҷо шуд. З-ин як-ду нафас умр миёни ману дилдор, Гирам, ки адоҳои баҷо шуд, чи баҷо шуд. Бедил ҳаваси нашъаи оворагие дошт, Чун ашк, кунун бесарупо шуд, чи баҷо шуд. * * * Дил аз вусъат агар шоне надорад, Биёбон ҳам биёбоне надорад. Дар ин дарё надомат эътибор аст, Гуҳар ҷуз ашки урёне надорад. Ҷунун менолад аз бедастгоҳӣ, Ки урёнӣ гиребоне надорад. Ту хоҳӣ шиша бишкан, хоҳ соғар, Тараб ҷуз ранг сомоне надорад. Ба худ мебол, лек аз ғусса хӯрдан Танӯри орзу ноне надорад. Муҳаббатпешаӣ, бигдозу хун шав, Ки дарди ишқ дармоне надорад. Кашад чун гирдбод охир зи ҳалқат, Гиребоне, ки домоне надорад. Дари дил мезанӣ, озодият ку? Магар оина зиндоне надорад? Муҳаббат дастгоҳи офият нест, Таҳайюр рабти мижгоне надорад. Тазаллум дурӣ аз асл аст, варна, Нафас дар сина афғоне надорад. Таҳайюрбисмили ашки ниёзам, Ба хун ғалтиданам ҷоне надорад. Агар ишқи бутон куфр аст, Бедил, Касе ҷуз кофир имоне надорад. * * * Дил аз дами муҳаббат чандин футур306 дорад, Ин бода сахт тунд аст, бар шиша зӯр дорад. Номаҳрами қазоӣ, шӯхӣ макун дар ин дашт, К-он барқ бар сиёҳӣ чашме зи дур дорад. Бо инҳирофи ҳар вазъ нанги таҷоҳуле ҳаст, Чашми тағофулиншо тақлиди кӯр дорад. Ҳамсанги хомкорон мапсанд пухтагонро, Алмоси маъдани мо шарм аз булӯр дорад. Ошиқ ба азми мақсад муҳтоҷи роҳбар нест, Парвона дар таҳи бол мактуби нур дорад. Гар аз хами кулоҳ аст арзи ҷалоли шоҳон, Гарди шикасти мо ҳам аҷзи ғаюр дорад. Гар марди эҳтиётӣ, аз худ мабош ғофил, Тӯфон ба ҳар масомат307 чандин танӯр дорад. Талх аст айши имрӯз аз гуфтугӯи фардо, Дар хонае ки моем, ҳамсоя шӯр308 дорад. Ноқобили тавозуъ магзар зи базми аҳбоб, Оҳ аз касе, ки з-ин об бе пул убур дорад. Нанг аст ваҳми тимсол дар ҷилвагоҳи таҳқиқ, Машшота беҳ, к-аз ин базм оина дур дорад. Аз худ баромадан низ дар кеши аҳли таслим, Харчанд саркашӣ нест, вазъи ғурур дорад. Бедил, камоли ҳар чиз бар ҷавҳарест мавқуф, Ҷое ки ман набошам, ибрат қусур дорад. * * * Дил ҷаҳоне дигар аз миръоти якдигар шавад, Нусха бардоред чандон, к-ин варақ дафтар шавад. Ноз дорад риштаи ошуфтагиҳои ниёз, Зулфи маъшуқ аст кори ман, агар абтар шавад. Маҳв гардидан саропои маро оина кард, Чун нигаҳ дар ҳайрат афтад, олами дигар шавад. То диҳад ҳар зарраи ман арзи ҳасратномае, Ин кафи хоке ки дорам, кош, муште пар шавад. Эй фалак, аз мушти хоки ман барангезон ғубор, Шояд, ин нанги ҳаюло қобили пайкар шавад. Бо насаб муҳтоҷ набвад соҳиби касби камол, «Бениёз аз баҳр гардад, қатра чун гавҳар шавад»309. Субҳадорон пур ҷунунпаймои бекайфиятанд, Ҷодаи ин корвон, ё Раб, хати соғар шавад. Ҳамчу акси зангӣ, аз оина мегардад аён, Бар рухи вайронаам маҳтоб агар чодар шавад. Нест ғайр аз вазъи хомӯшӣ зи фарёдам баланд, Ҳамчу най гар банд-бандам пояи минбар шавад. Бе хамӯшӣ нест мумкин поси тамкин доштан, Мавҷ дар гавҳар хазад, ҳар ҷо нафас лангар шавад. Бедил, одам бош, фикри рокибу маркуб310 чист? Аз ҳавас то кай касе полони гову хар шавад? * * * Дилдор гузашту нигаҳи бозпасин монд, Дар рафтани ӯ ончи ба мо монд, ҳамин монд. Чун шамъ, ки хокистараш оинаи доғ аст, Ман сӯхтаму чашми сиёҳе ба камин монд. Дигар чӣ нисори ту кунад мушти ғуборам? Як саҷда ҷабин доштам, он ҳам ба замин монд. Гар ҳуш бувад, ибрати шуҳратталабиҳост, Хамёзаи хушке, ки зи шоҳон ба нигин монд. Гарди нафаси туст парафшони таваҳҳум, З-ин анҷумани шавқ на он рафту на ин монд. Аз нақши ту дорад халал оинаи таҳқиқ, Ҳар ҷо асари ваҳму гумон рафт, яқин монд. Ҳарчанд ғуборам ҳама бар боди фано рафт, Уммед ба кӯйи ту ҳамон хокнишин монд. Бебаргиям311 аз кулфати асбоб баровард, Кӯтоҳии домони ман аз ғорати чин монд. Хокистари ман назри насими сари кӯест, Ин гард муҳол аст, тавонад ба замин монд. То мунтахабе вокашам аз нусхаи таслим, Чун моҳи навам як хами абрӯ зи ҷабин монд. Дунболаи минои зикафрафта тарангест,312 Дил рафту ба гӯшам асари оҳи ҳазин монд. Бедил, ба раҳаш доғи замингирии ашкам, Сар дар раҳи ҷонон натавон хуштар аз ин монд. * * * Дил мабод афсурда, то бар кас нагардад кор сард, Шамъи хомӯш анҷуманҳо мекунад якбор сард. Оламеро зери ин сақфи мушаббак313 ёфтам Чун сари бемағзи зоҳид дар таҳи дастор сард. Доғ шуд дил, то чӣ даргирад ба ин дилмурдагон? Чорагар яксар зуголу нолаи бемор сард. Инфиоли ҷавҳари мард ихтилоти314 ҳез нест, Шуълаҳоро шамъи кофурӣ кунад душвор сард. Бо ҳама тадбир аз оташ барнаёяд молдор, Пӯст андозад, бувад ҳарчанд ҷойи мор сард. Бетакаллуф бо нафас рӯзе ду бояд сохтан, Дил ҳавохоҳу насиме дорад ин гулзор сард. То шавад ҳастӣ гуворо, бо ғубори фақр ҷӯш, Об дар зарфи сафолин мешавад бисёр сард. Яъспаймо ашки Фарҳодам шабе омад ба ёд, Нолае кардам, ки гардид оташи куҳсор сард. Дар ҷавонӣ беҳ, ки бошӣ ҳамсулуки офтоб, То ҳаво гарм аст, бояд гармии рафтор сард. Беривоҷӣ дидӣ, асрори ҳунар пӯшида дор, Ҷинс мехоҳад лиҳоф,315 он дам ки шуд бозор сард. Гарм ногардида мижгон, офтобе мерасад, Хобнокон, чанд бошад сояи девор сард? Бедил, афсуни майу най он қадар гармӣ надошт, Орзуҳо гашт бар дил аз як истиғфор сард. * * * Дилдор муқими дили мо шуд, чи баҷо шуд, Ҷояш ба ҳамин оина во шуд, чи баҷо шуд. Асрори даҳонаш ба ҷунун зад зи табассум, Он пираҳани ваҳм қабо шуд, чи баҷо шуд. Гарди нафасе чанд, ки дар сина шикастем, Таъмири дили яъсбино шуд, чи баҷо шуд. Он нола, ки сад сури қиёмат ба нафас дошт, Пеши нигаҳат сурманаво шуд, чи баҷо шуд. Чун сарв алам316 кард маро бебарии ман, Дасти тиҳӣ ангуштнамо шуд, чи баҷо шуд. Эҳсони карам гарчи надорад ғами тамйиз, Он лутф, ки дар кори гадо шуд, чи баҷо шуд. Дил қатраи ашке шуду ғалтид ба поят, Ин хуншуда ҳамчашми ҳино шуд, чи баҷо шуд. Аз касби сафо шуд ба дилам кашф маонӣ, Оинаам андешанамо шуд, чи баҷо шуд. Зулфаш, ки ба хуршед фишондӣ сари домон, Аз саркашии хеш дуто шуд, чи баҷо шуд. Бо рӯи ту гул лофи тароват зад, аз он рӯ Помоли раҳи боди сабо шуд, чи баҷо шуд. Дар содадилӣ арзи таманнои ту додем, Бематлабӣ андешанамо шуд, чи баҷо шуд. Умре ба ҳаво шабнами мо ҳарзадавӣ кард, Охир зи ҳаё обилапо шуд, чи баҷо шуд. Он чашм, ки бастем зи наззораи имкон, Имрӯз ба дидори ту во шуд, чи баҷо шуд. Дил метапад имрӯз ба уммеди висолат, Дар хонаи оина ҳаво шуд, чи баҷо шуд. Дар гарди саҳар ҷавҳари парвоз ҳаво буд, Бедил, нафас оинаи мо шуд, чи баҷо шуд. * * * Дили саброзмо камтар зи доругир фарсояд, Чу он санге, ки зери кӯҳ бошад, дер фарсояд. Гудози саъй комил нест бе эҷоди таъмире, Тило дар ҷилва орад, ҳар қадар иксир317 фарсояд. Ба қадри сайқал аз оинаи мо медамад коҳиш, Таҳайюр нақши деворе, ки аз таъмир фарсояд. Шикасти кори мазруф аз шикасти зарф меҷӯшад, Забону лаб ба ҳам соем, то таҳрир фарсояд. Зи паймони хаёлат нақши имкон гардае318 дорад, Шикастан нест мумкин, ранги ин тасвир фарсояд. Ба шуғли саҷдаат гарде намонд аз сози аҷзоям, Чу он килке, ки сар то пош дар таҳрир фарсояд. Мусалсал319 шуд нафас, сар мекунам афсонаи зулфат, Магар роҳе ки ман дорам, ба ин шабгир фарсояд. Зи ҳад бурдем ранҷи ҷаҳду озодӣ нашуд ҳосил, Ба саъйи нола охир то куҷо занҷир фарсояд? Зи лафзи норасо хок аст оби ҷавҳари маънӣ, Ниём он ҷо ки танг афтад, дами шамшер фарсояд. Таманно дархури ноёбии матлаб нумӯ дорад, Фиғон бар хеш болад, ҳар қадар таъсир фарсояд. Ба афсуни дами пирӣ амалҳо320 маҳв шуд, Бедил, Чу майдони камон, к-аз бӯсаи зеҳгир фарсояд. * * * Дил анҷумани маҳраму бегона набошад, Ҷуз ҳайрати идрок дар ин хона набошад. Дар сози фано роҳати ушшоқ муҳайёст, Болини вафо бе пари парвона набошад. Бе касби сафо сайди маонӣ чӣ хаёл аст? То санг бувад шиша, парихона набошад. Чун шона калиди сари мӯе натавон шуд, То синаи чокат ҳама дандона набошад. Дил зонуи фикраш ҳама чашм аст, ки мино Чандон ки хамад, бе хати паймона набошад. Бесохта ҳуснест, ки дорам ба канораш, Машшотаи шавқ оинаву шона набошад. Афсун чӣ зарур аст ба азми мижа бастан? Дар хоби адам ҳоҷати афсона набошад. Бар авҷ мабар пояи иқболи таайюн,321 То сурати рафтори ту лангона набошад. Иброми ҳавас мекашадат бар дари дунон, Шоҳӣ, агар ин вазъи гадоёна набошад. Ваҳдат чӣ хаёл аст, тавон ёфт ба касрат? Чун реша давонид нумӯ, дона набошад. Олам ҳама маҳмилкаши кайфияти ашк аст, Ин қофила бе лағзиши мастона набошад. Дил гарди ҷунун мекунад имрӯз, бибинед, Дар хонаи мо Бедили девона набошад? * * * Дӯстон, афсурд дил, чанде ба оҳаш хун кунед, Камталошӣ нест, гар ин сактаро мавзун кунед. Зиндагиро сафҳаи иншои қудрат кардаанд, То нафас пар мезанад, тафсири кофу нун кунед. Ҳар чӣ дорад олами ахлоқ, бе исор нест, Даст бисёр аст, агар аз остин берун кунед. Мунъимон, то чанд бояд зар ба зери хок бурд? Ҳайфи ҳимматҳо, ки сарфи хидмати Қорун кунед. Қайди гардун нанги доноист, гар фаҳмад касе, Хешро з-ин хум бурун ореду Афлотун кунед. Олам аз рашки қаноатмашрабон хун мехурад, Аз маоши қатрагӣ ҷо танг бар Ҷайҳун кунед. Табъи саркашро ба ҳамворӣ расондан кор нест, Сар намегардад ҷабин, гар кӯҳро ҳомун кунед. Майкашон, гар бодапаймоист манзури давом, Давр бармегардад, охир, косаҳо ворун кунед. Зиндагӣ саҳл аст, поси шарм бояд доштан, Ҷуз арақ з-ин чашма ҳар обе ки ҷӯшад, хун кунед. Кош савдое ба доди ҳарзафикриҳо расад, Бедимоғи фитратам, банге дар ин маъҷун322 кунед. Сӯхт доғи бекасӣ дар офтоби маҳшарам, Сояе бар фарқам аз мӯи сари Маҷнун кунед. Ҳастии ман нест қонеъ бо ҳисоби нестӣ, Ҷуз адам як сифри дигар бар сарам афзун кунед. Меҳмони чархи муфлис будан аз инсоф нест, Бе фузулӣ нестам, з-ин хонаам берун кунед. Дар шаҳидони вафо то обрӯ пайдо кунам, Хун надорам, андаке рахти маро гулгун кунед. Дӯш дар маҳфил ба ранги рафта шамъе мегирист, Қадрдонон, ёди Бедил ҳам ба ин қонун кунед. * * * Дунтабъ қадраш аз ҳавас афзун намешавад, Хоки бабодтохта гардун намешавад. Дил хун кунеду соғари ранги вафо занед, Барги тараб ба ҷомаи гулгун намешавад. Ҷое ки ишқ мумтаҳани323 дарди улфат аст, Оҳ аз ситамкаше, ки дилаш хун намешавад! Бигзор, то зи хоки сияҳ сурмааш кашанд, Чашме ки маҳви санъати бечун намешавад. Дар табъи халқ васвасаи эътиборҳо Хорест нохалида, ки берун намешавад. Бебаҳраро зи мояи имдоди кас чӣ суд? Дарё ҳарифи косаи ворун намешавад. Бе посбон ба хок фурӯ рафта ганҷи зар, Пур ғофил аст хоҷа, ки Қорун намешавад. Гул ёди ғунча мекунаду сина медарад, Рафт, он ки ҷамъ мешудам, акнун намешавад. Бетоби ишқро зи дару дашт чора нест, Лайлихаёли мо зи чӣ Маҷнун намешавад? Дил бар баҳори нози ҳино дӯхтаст чашм, То бӯса бар кафат надиҳад, хун намешавад. Бедил, тааммул ин ҳама натвон ба кор бурд, К-аз ҷӯши сакта шеъри ту мавзун намешавад. * * * Рамзошнои маънӣ ҳар хирасар набошад, Табъи салим фазл аст, ирси падар набошад. Ғафлат баҳонамуштоқ, хобат фасонамоил, Бар дида сахт зулмест, гар гӯш кар набошад. Ифшои рози улфат бар шарм вогузоред, Накшояд ин гиреҳро, дасте ки тар набошад. |