Главная страница

Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи


Скачать 0.85 Mb.
НазваниеАхтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
АнкорШпаргалка
Дата15.09.2021
Размер0.85 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлаАхтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил.docx
ТипДокументы
#232339
страница15 из 35
1   ...   11   12   13   14   15   16   17   18   ...   35

Яке гар оина пардохт, дигарон занганд.

Фиреби сулҳ махӯр аз кушодарӯии халқ,

Ки тангҳавсалагиҳои арсаи ҷанганд.

Ба водие ки талаб норасои мақсади ӯст,

Баҳуш бош, ки манзилрасидагон ланганд.

Навои пардаи бетобии нафас ин аст,

Ки офиятталабон сахт ғафлатоҳанганд.

Ту ҳар шикаст, ки хоҳӣ, ба дӯши мо барбанд,

Вафосиришта ҳарифон табиати ранганд.

Зи ваҳм бар сари минои худ чӣ меларзӣ?

Ҳанӯз шишагарон дар тараддуди санганд.

Ба бастани мижа анҷоми кор шуд маълум,

Ки оби оинаҳо ҷумла туъмаи занганд.

Ҳубоб ним нафас бо нафас намесозад,

Зихудтиҳишудагон бар худ ин қадар танганд.

Зи халқ он ҳама бегона нестӣ, Бедил,

Ту ҳарзафикрию ин қавм олами банганд.

* * *

Баҳори умр ба субҳи дамида мемонад,

Нафас ба ваҳшати сайди рамида мемонад.

Насими айш агар мевазад дар ин гулшан,

Ба сити238 шаҳпари мурғи парида мемонад.

Ба ҳар чӣ дида кушудем, мавҷи хун гул кард,

Нигоҳи мо ба раги нешдида мемонад.

Биё, ки бе ту ба чашми тарам ҳуҷуми нигоҳ

Ба мавҷи сафҳаи мистаркашида мемонад.

Зи аҷз агар сари тӯмори шиква бикшоям,

Нафас ба сина чу хат бар ҷарида мемонад.

Куҷо равем, ки домони саъйи бисмили мо

Зи заъф дар таҳи хуни чакида мемонад.

Чӣ гул кунем ба доман зи пойи хоболуд?

Баҳори обила ҳам нодамида мемонад.

Ба норасоии парвоз рафтаем аз хеш,

Пари шикаста ба ранги парида мемонад.

Қадаҳбадасти хумистони шавқи кист баҳор,

Ки гул ба чеҳраи соғаркашида мемонад?

Ба ҳасрати дами теғат ҷароҳати дили мо

Ба ошиқони гиребондарида мемонад.

Ба табъи мавҷи гуҳар изтироб натвон ёфт,

Сиришки мо ба дили орамида мемонад.

Зи нусхаи ду ҷаҳон дарси мо фаромӯшист,

Ба гӯши мо сухани ношунида мемонад.

Маро ба базми адаб кулфате, ки ҳаст, ин аст,

Ки шавқ бисмилу дил нотапида мемонад.

Хуш аст, тоза кунӣ табъи дӯстон, Бедил,

Ки фитратат ба шароби расида мемонад.

* * *

Баҳор мераваду гул зи боғ мегузарад,

Пиёла гир, ки фасли димоғ мегузарад.

Навои булбулу овози хандаи гулҳо

Ба дӯши ибрати бонги калоғ мегузарад.

Кудурате, ки зи асбоб чидаӣ бар дил,

Сиёҳиест, ки охир зи доғ мегузарад.

Ба ҷустуҷӯи чӣ матлаб шикастаӣ доман?

Ғубори худ ба ҳам овар, суроғ мегузарад.

Касе ба ҷонкании беасар чӣ чора кунад?

Фароғҳо ба талоши фароғ мегузарад.

Фиреби ҷилваи товус аз ин чаман нахӯрӣ,

Ғубори қофиласолори доғ мегузарад.

Мухолафат ҳам аз ин дӯстон ғанимат гир,

Дурӯза суҳбати тӯтию зоғ мегузарад.

Шарар ба сафҳа зану фурсати тараб дарёб,

Шаби саҳарнафасат бечароғ мегузарад.

Зи қайди лафз баро, маънии муҷаррад бош,

Май асту нашъа, даме к-аз аёғ мегузарад.

Магӯ паёми қаноат ба мунъимон, Бедил,

Ғариқи ҳирс зи пул бедимоғ мегузарад.

* * *

Ба ҳар ҷо сози ғайрат инфиолоҳанг мегардад,

Ба мавҷи як арақ сад осиёи ранг мегардад.

Нагардад заъфи пирӣ монеи бетобии шавқат,

Наво аз по наяфтад, гар найи мо чанг мегардад.

Фусурдан кисвати номуси чандин ваҳшат аст ин ҷо,

Парӣ дар шиша дорад хоки мо, гар санг мегардад.

Зи улфатгоҳи дил магзар, ки бо он парфишониҳо

Нафас ин ҷо зи лаб нагзашта узри ланг мегардад.

Чу гирад худнамоӣ доманат, сози надомат кун,

Хамӯшӣ метапад бар хеш, то оҳанг мегардад.

Фиреби об натвон хӯрдан аз оинаи ҳастӣ,

Гар имрӯзаш сафое ҳаст, фардо занг мегардад.

Димоғи ваҳм саршор аст дар хумхонаи имкон,

Майи таҳқиқ то дар ҷом резӣ, банг мегардад.

Надонам, набзи мавҷам ё ғубори шишаи соат?

Ки роҳат аз мизоҷи ман ба сад фарсанг мегардад.

Ҷунунам ҷомаворе дорад аз ташрифи урёнӣ,

Ки гар як ришта бар рӯяш физоӣ, танг мегардад.

Дил он беҳтар, ки чун ашк аз тапидан нагзарад, Бедил,

Ки ин гавҳар ба як дам орамидан санг мегардад.

* * *

Булҳавас аз сабуксарӣ ҳифзи сухан намекунад,

Дар қафаси ҳубобҳо бод ватан намекунад.

Лаб макушой чун садаф, то гуҳар оварӣ ба каф,

Гӯш талаб, ки кори гӯш ҳеҷ даҳан намекунад.

Қатра муҳит мешавад, чун зи саҳоб шуд ҷудо,

Рӯҳ зи ваҳми худ абас тарки бадан намекунад.

Ҳастии худгудози ман шамъи шарарбаҳонаест,

Лек касе нигоҳи гарм ҷониби ман намекунад.

Хуни умед мехӯрад бе ту дили шикастаам,

Турраи саркашат чаро ёди шикан намекунад?

Баски ҳавои ғурбатам чун нафас аст дилнишин,

Ҷавҳари ман дар оина фикри ватан намекунад.

Нест ба олами ҷунун гардиши ранги офият,

Ҳеҷ кас аз бараҳнагӣ ҷома куҳан намекунад.

Пунбаи доғи ошиқон нест ба ғайри сӯхтан,

Мурдасифат чароғи мо сар ба кафан намекунад.

Дида ба сад ҳазор ашк маҳви нисори мақдамест,

Оҳ, ки он Суҳайли ноз ёди Яман намекунад.

Манъи ғанои далбарон нест ба ҷаҳди ошиқон,

Булбул агар ба хун тапад, ғунча сухан намекунад.

Аз азабӣ 239 ба табъи худ ҷамъ макун маводи нанг,

Шавҳари хеш мешавад, мард ки зан намекунад.

Нола ба шуъла метапад, ҳалқаи доғ, гӯ, мабош,

Шамъи бисоти бекасон сози лаган240 намекунад.

Захми ту ончи мекунад бо дили хастагони ишқ,

Субҳ накарда бо ҳаво, гул ба чаман намекунад.

Сояи дур аз офтоб муғтанами худ асту бас,

Толиби васли ӯ шудан сарфаи ман намекунад.

Нест даме ки шонавор дар хами фикри зулфи ёр

Бедили синачоки мо сайри Хутан намекунад.

* * *

Бинои ранги фитрат бар мизоҷи дун намебошад,

Замини хонаи хуршед ҷуз гардун намебошад.

Шикасти кори дунё нест ташвиши димоғи ман,

Хаёли мӯйи чинӣ дар сари Маҷнун намебошад.

Каманди ҳимматам гироие дорад, ки чун гардун

Сари ман низ аз фитроки ман берун намебошад.

Ба домони қиёмат пок натвон кард мижгонам,

Нами чашме ки ман дорам, ба сад Ҷайҳун намебошад.

Кӣ дорад тоқати санги тарозуи адам будан?

Камам чандон, ки аз ман ҳеҷ кас афзун намебошад.

Дами тақрир241 агар гоҳе нафас дуздам, макун айбам,

Ба таври аҳли маънӣ сакта номавзун намебошад.

Саводи ростбинӣ кардан аст, эй бехабар, равшан,

Хати тарсо ҳам ин ҷо он қадар вожун намебошад.

Ба сомони либос аз саъйи расвоӣ табарро242 кун,

Иборат ҷуз гиребончокии мазмун намебошад.

Ҳазар кун аз шукуфтан, то набозӣ ранги ҷамъият,

Ҷароҳатҳо ҷуз оғӯши видоъи хун намебошад.

Дар ин ибратфазо то кай бисоти карруфар чидан?

Замоне беш гарди сел дар ҳомун намебошад.

Зару мол он қадар хуштар, ки хокаш кам хӯрад, Бедил,

Талоши ганҷ ҷуз сарманзили Қорун намебошад.

* * *

Ба ёдат гардиши рангам ба ҳар ҷо бор мебандад,

Зи мавҷи гул замин то осмон зуннор мебандад.

Чӣ сон хомӯш бошам бе ту, к-аз дарди таманноят

Тапиш бар гавҳари оина мусиқор мебандад?

Суҷуде мебарам чун соя килки офаринишро,

Ки сар то пои ман як ҷабҳаи ҳамвор мебандад.

Гирифтам, тоби оғӯшат надорам гардиши чашме,

Таманно нақши уммеде ба ин паргор мебандад.

Ба қадри гардиши ранг осиёи навбат аст ин ҷо,

Ду рӯзе хуни мо ҳам гул ба дасти ёр мебандад.

Ба ин тамкини ширин ҳар куҷо аз ноз бархезӣ,

Гиреҳ дар найшакар пеши қадат зуннор мебандад.

Паёми офият хоҳӣ, зи уммеди нафас бигсил,

Надоматнағма сози ибрате, к-ин тор мебандад.

Ба номуси ҳаё бояд арақ дар ҷабҳа дуздидан,

Зи шабнам гулшани мо рахна бар девор мебандад.

Намебошад ҳарифи ҳусни таҳқиқ аз ҳаё ғофил,

Шукӯҳи барқи ин водӣ мижа ночор мебандад.

Гар аз рангинии бедоди нозат шиква пардозам,

Шикасти дил пари товус бар минқор мебандад.

Ба ин шавқе, ки ман чун гул ба пероҳан намегунҷам,

Сари гирди сарат гардиданам дастор мебандад.

Зи нанги ибтизолам243 об хоҳад сохтан, Бедил,

Тааллуқнақш мазмуне, ки дил бисёр мебандад.

* * *

Бе занг дар ин маҳфил оина намебошад,

Он дил ки тиҳӣ бошад аз кина, намебошад.

Ҳар ҷилва ки дар пеш аст, гардаш ба қафо дарёб,

Фардоии ин олам бе дина намебошад.

Маҷнун ба кӣ дил бандад? Ҳасрат ба чӣ пайвандад?

Дар кисвати урёнӣ ин пина намебошад.

Ҳайф аст, кашад фурсат дарди сари махмурӣ,

Дар ҳафтаи майхорон одина намебошад.

Як риш ба сад Кавсар арзон накунӣ, зоҳид,

Дар чорсуи ҷаннат пашмина намебошад.

Ёрон, мижа бардоред, муфт аст фалактозӣ,

Ин манзари ҳайратро як зина намебошад.

Дар коргаҳи таҷдид якдаст чамансозист,

Тақвими баҳор ин ҷо порина намебошад.

Ҳар гавҳар аз ин дарё дорад садафи дигар,

Дил дар кафи дилдор аст, дар сина намебошад.

Гар аҳли сухан, Бедил, сомони ғано хоҳанд,

Чун нусхаи ашъорат ганҷина намебошад.

* * *

Бехудӣ имшаб пару боли фиғоне мешавад,

Гар надорам муддао, боре баёне ешавад.

Ҳеҷ вазъе дар тариқи ҷустуҷӯ бекор нест,

Пойи хоболуда ҳам санги нишоне мешавад.

Нашъаи таслим ҳосил кун, ки муште хокро

Бод ҳам гар мебарад, тахти равоне мешавад.

Мавҷи ин дарё ба саъйи нохудо муҳтоҷ нест,

Киштии моро шикастан бодбоне мешавад.

Чун латофат туҳматолуди кудурат шуд, балост,

Сояи боли парӣ кӯҳи гароне мешавад.

Рух мапӯш аз ман, ки чашми ҳасратоҳанги маро

Ҳар сари мижгон пару боли фиғоне мешавад.

Оҷизам чандон, ки дар арзи заифиҳои ман

Нола гар болад, нигоҳи нотавоне мешавад.

Гар чунин бошад фишори ҳасрати боли ҳумо,

Мағзҳо охир зи хушкӣ устухоне мешавад.

Баски гармиҳои суҳбат парфишони ваҳшат аст,

Оташи ин корвон ҳам корвоне мешавад.

Роҳати ҷовид дар забти инони орзуст,

Болу пар гар ҷамъ гардад, ошёне мешавад.

Сайри Ҳақ, Бедил, ба қадри тарки асбоб асту бас,

Сӯи ӯ аз ҳар чӣ баргардӣ, иноне мешавад.

* * *

Бе фақр ошкор нагардад иёри мард,

Бахти сияҳ бувад маҳаки эътибори мард,

Поси виқору садди Сикандар баробар аст,

Ҷуз обрӯ чу теғ нашояд ҳисори мард.

Дунё зи аҳли ҷуд ба худ ноз мекунад,

Зан бева нест, то бувад андар канори мард.

Ҳиммат баланд дор, к-аз асбоби эътибор

Беғайратист, ончи наёяд ба кори мард.

Дар арсае, ки по фишурад ғайрати сабот,

Куҳсорро ба нола насанҷад виқори мард.

По бар ҷаҳони пуч задан нанги ҳиммат аст,

Дар пунбазори ҳез наяфтад шарори мард.

Беш аст азми шер ба гови баландшох,

Бар хасми бесилоҳ далерист ори мард.

Ҷуз синасофӣ оинаи муддао набуд,

Ҳар ҷо намуд ҷавҳари ҷуръат ғубори мард.

Ин ҷо дар оби теғ ба хун ғӯта хӯрдан аст,

Оина то куҷо шавад оинадори мард?

Гандум ба ғайри офати Одам чӣ доштаст?

Ё Раб, ту шакли зан написандӣ дучори мард.

Он ҷо, ки чархи дун кунад имдоди нокасон,

Ҳез аз фишори хуся244 барорад димори мард.

Баргаштааст баски дар ин аср таври халқ,

Номардии зане, ки нагардад савори мард.

Бедил, замона душмани арбоби ғайрат аст,

Тарсам, ба дасти ҳез диҳад ихтиёри мард.

* * *

Бенамак аз намаки ғайр таваҳҳум245 дорад,

Лаби бом аст, ки изҳори такаллум дорад.

Ҷои ашк аз мижаи теғи ҳаё ҷавҳар рехт,

Чӣ қадар ҳасрати захми ту табассум дорад.

Бе ту изҳори асар хиҷлати маъдумии мост,

Қатраи дур зи дарё чӣ талотум дорад?

Зоҳид аз гунбади дастор ба худ менозад,

Накунӣ айб, ки хар фахр ба тӯқум дорад.

Гар ба додат нарасад шӯри қиёмат, ситам аст,

Дарди ҳастист, ки фарёди тазаллум дорад.

Файзи хуршед ба олам зи кавокиб нарасад,

Шишаи танг куҷо ҳавсалаи хум дорад?

Муфти ғаввоси тааммул гуҳари маънии бикр

Дафтари Бедили мо хислати қулзум дорад.

Бедил аз файзи қаноат чамани офият аст,

Такя умрест, ки бар бистари қоқум246 дорад.

* * *

Бе яъс дил аз ҳар чӣ надорад, гила дорад,

Носудани дасти ту ҳазор обила дорад.

Маҳмилкаши маҷнунравишон бесарупоист,

Ин қофилаи ашк аҷаб роҳила247 дорад.

Аз олами найранги амал248 ҳеҷ мапурсед,

Офоқ шарарфурсату зоҳид чила дорад.

Аз хор кунад шиква гули обилаи ман,

Оина гар аз шӯхии ҷавҳар гила дорад.

Як ғунча ба сад ранг гулафшони хаёл аст,

Яктоии ӯ ин қадарам даҳдила дорад.

Нагзашта зи сар, роҳ ба ҷое натавон бурд,

Ҳуш дор, ки пойи ту ҳамин обила дорад.

Дил маҳви гудоз аст, чи дар ҳаҷр, чи дар васл,

Ин оина дар об шудан ҳавсала дорад.

Даври шиками аҳли дувал бину дуҳул зан,

К-ин тоифаро тухми амал ҳомила дорад.

Ҳар ҷо равӣ, аз барқи фано ҷон натавон бурд,

Умрест, ки оташ пайи ин қофила дорад.

Дунё алами ғафлату уқбо ғами аъмол,

Осудагӣ аз мо ду ҷаҳон фосила дорад.

Бедил, ману он назм, ки ҳар мисраи шӯхаш

Чун сарв, зи озодии ғамҳо сила249 дорад.

* * *

Пари ҳумо чӣ кунад? Бахт агар дигаргун шуд,

Утоқа250 аст думи мокиён, чу вожун шуд.

Дар аҳли мазбала251 касби камол канносист252,

Набояд он ҳама мақбули олами дун шуд.

Ҷунуни ҳирс пас аз марг низ дар кор аст,

Ҳазор ганҷ таҳи хоки милки Қорун шуд.

Фасонаи ту агар мӯҷиди алам нашавад,

Мубарҳан аст, ки Лайлӣ намонду Маҷнун шуд253.

Ба гуфтугӯ мадеҳ аз каф ҳузури ҷамъият,

Инон гусаст, чу аз дона реша берун шуд.

Далели иззати мавҷи гуҳар хомӯшӣ буд,

Ба сакта сохт нафас, то калом мавзун шуд.

Ҳусули обилапо музди бесарупоист,

Кафили ин гуҳарам саъйи кӯҳу ҳомун шуд.

Уруҷи олами иқболи бехудӣ дигар аст,

Ба гардиш ончи зи рангам парид, гардун шуд.

Навои сози руунат254 қиёматангез аст,

Ба хидмати раги гардан наметавон хун шуд.

Баҳори ғайрати мард обёрии хун дошт,

Арақ чакид ба кайфияте, ки гулгун шуд.

Замони фурсати ҳар чиз муғтанам шумаред,

Ки то ба ҳашр нахоҳад шуд, ончи акнун шуд.

Бар он ситамзада Бедил зи олами авҳом

Чӣ зулм рафт, ки Маҷнун нашуд, Фалотун шуд?

* * *

Пириям охир маю паймона бурд,

Боди саҳар шамъ зи кошона бурд.

Дида сиёҳӣ зи гулу лола чид,

Гӯш гаронӣ зи ҳар афсона бурд.

Шамъи ҷунун обилапо карда гум,

Сар ба ҳаво лағзиши мастона бурд.

Кашмакаш аз саъйи нафас қатъ шуд,

Арра худороии дандона бурд.

Ёди хаташ кардаму дил бохтам,

Сояи мӯр аз кафи ман дона бурд.

Ҳар кӣ дар ин анҷумани ҳирсу кад256

Сохт ба худ, ганҷ ба вайрона бурд.

Ҳасрати дидор гиребон дарид,

Оинаи мо ҳама ҷо шона бурд.

Хондани асрори вафо мушкил аст,

Муҳр шуд он нома, ки парвона256 бурд.

Дар дили мо завқи тамошо намонд,

Оҳ, касе оина з-ин хона бурд!

Қосиди дилбар ҷигарам доғ кард,

Номаи ман нола шуд, аммо набурд.

Вақти ҷунун хуш, ки ғами хонумон

Як-ду дам аз Бедили девона бурд.

* * *

Пирӣ видоъи умри сабукбол вонамуд,

Мӯи сапед об ба ғирбол вонамуд.

Ин ҷинси эътибор, ки дар корвони мост,

Хоҳад ғубори монда ба дунбол вонамуд.

Ҷое ки шарм нам кашад257 аз гирудори ҷоҳ,

Натвон ба кӯси шуҳрати иқбол вонамуд.

Мовуман аз фусуни тааллуқ баҳор кард,

Парвоз рангҳо зи пару бол вонамуд.

Ишқ ончи хонд дар бари мо зулфу кокулаш,

Бар зоҳидон салосилу ағлол258 вонамуд.

З-он нуқтае, ки зад дили Маҷнунаш интихоб,

Лайлӣ ба ҷамъи лоларухон хол вонамуд.

Моро ба ҳар чӣ ишқ фурӯшад, камоли мост,

Биспурд ҳар матоъи ба даллол вонамуд.

Рамзи адам зи ҳеҷ лабе пардадар нашуд,

Васфи даҳони ӯ ҳамаро лол вонамуд.

Килке, ки гашт маҳрами мактуби аҷзи мо,

Сатре агар намуд, ҳамон нол259 вонамуд.

Ҳар ҷо чу соя номаи ибрат кушудаем,

Бояд ҳамин сиёҳии аъмол вонамуд.

Ҳайрат ба кори дил гираҳе зад, ки чун гуҳар

Натвон-ш ним уқда ба сад сол вонамуд.

Бедил зи ибрате, ки дар оинаи ҳаёст,

Моро бас аст, агар ҳама тимсол вонамуд.

* * *

Пир хамёзакаши вазъи ҷавон мебошад,

Ҳасрати тир дар оғӯши камон мебошад.

Навбаҳори чамани умр ҳамин хомӯшист,

Гуфтугӯ сарсари260 тамҳиди хазон мебошад.

Ғафлат аз мунтазири васл хаёлест муҳол,

Чашм агар баста шавад, дил нигарон мебошад.

Раҳбари олами болост хаёли қади ёр,

Хизри ин бодия чун сарв ҷавон мебошад.

Қатъи занҷир зи Маҷнуни ту натвон кардан,

Мавҷ ҷузви бадани оби равон мебошад.

Чӣ хаёл аст, навое зи таманно накашем?

Ки нафас риштаи қонуни фиғон мебошад.

Сахт дур аст аз ин домгаҳ озодии мо,

Мижа аз бехабарӣ болфишон мебошад.
1   ...   11   12   13   14   15   16   17   18   ...   35


написать администратору сайта