Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Ҳирс хиҷил нест, лек кори ҳаё мешавад. Бедил, аз ин дашту дар гарди ҳавас руфта гир, Қофила ҳар сӯ равад, бонги даро мешавад. * * * Аз чарх на ҳар аблаҳу нодон гила дорад, Ҷои гила ин аст, ки инсон гила дорад. Асбоб бар озодадилон сахт ҳиҷобест, Наззора зи ҷамъияти мижгон гила дорад. Занҷир зи девона надид улфати ором, Аз ваҳшати дил турраи ҷонон гила дорад. Бар ваҳшати ашкам табутоби мижа бор аст, Ин мавҷ зи печухами домон гила дорад. Изҳори арақ ҳиҷлати дебочаи шарм аст, Мактуби ман аз шӯхии унвон гила дорад. Тарсам, шавад озурда зи тоби нигаҳи гарм, Рухсори ту к-аз сояи мижгон гила дорад. Аз тоқати доғам ҷигари шуъла кабоб аст, Аз обилаам саъйи муғелон184 гила дорад. Ашки тапишоҳанги ҷунунам, чӣ тавон кард? Осудагӣ аз хонабадӯшон гила дорад. Зинҳор, ба худ низ тараҳҳум нанамоӣ, Имрӯз дар ин анҷуман эҳсон гила дорад. Бедил, манам он гавҳари дарёи таҳаммул, К-аз лангари185 ман шӯриши тӯфон гила дорад. * * * Аз дилам бигзашту хун дар чашми ҳайратсоз монд, Гарди ранге ёдгорам з-он баҳори ноз монд. Пеш аз эҷоди таваҳҳум ҷавҳари ҷон дошт ҷисм, То парӣ дар шӯхӣ омад, шиша аз парвоз монд. Корвони мовуман яксар шарардунбола аст, Имтиёзе домани ваҳшат гирифту боз монд. Шамъи якрангӣ зи фонуси хамӯшӣ равшан аст, Нест ҷуз тори нафас, чун нола аз овоз монд. Имтиёзи гӯшагирӣ доми роҳи кас мабод, Сайди мо аз ошён дар чангули шаҳбоз монд. Ҳалқаи саргаштагӣ дорад ба гӯши гирдбод, Нақши пое ҳам гар аз Маҷнун ба саҳро боз монд. Кист, дар роҳат далели корвони шавқ нест? Нола бол афшонд, ҳар ҷо тоқати парвоз монд. Доғи найранги вафоро чора натвон ёфтан, Ҷилва хилватпарвару наззора берунтоз монд. То ба берангист сайри парфишониҳои ранг, Ёфт анҷом, он ки сар дар домани оғоз монд. Сайқали тадбир бар оинаи мо занг рехт, Шуълаи ин шамъ охир дар даҳони гоз монд. Ёди умри рафта, Бедил, хиҷлати беҳосилист, Боз пайвастан надорад, ончи аз мо боз монд. * * * Иттифоқ аст, он ки ҳар душворро осон намуд, Варна, аз тадбири як нохун гиреҳ натвон кушуд. Гар ба шуҳрат моилӣ, бо бенишонӣ соз кун, Даҳр натвонад намудан, ончи анқо вонамуд. Орзу аз нафйи мо исботи ёр эҷод кард, Ҳар чӣ аз осори Маҷнун кост, бар Лайлӣ фузуд. Софии дил туҳматолуди калаф186 шуд аз ҳасад, Ранги об аз силии187 амвоҷ мегардад кабуд. Ҳайфи табъе к-аз ваболи кибру кин огоҳ нест, Хок резад аз мазоре чанд дар чашми ҳасуд. Роҳати ин базм бар тарки тамаъ мавқуф буд, Дастҳо бар ҳам ниҳодам, аз талаб мижгон ғунуд. Ҳусни якто, Бедил, аз тимсол дорад инфиол, Ҷои зангорат ҳамин оина мебояд зудуд. * * * Агар аз гудозам наме гул кунад, Ду олам зи ман шиша пурмул кунад. Муҳит аст, чун маҳв гардад ҳубоб, Зи худ гум шудан ҷузвро кул кунад. Ғуборе ки дил авҷи парвози ӯст, Ба гардун расад, гар таназзул188 кунад. Ба ҳар шаш ҷиҳат ҷилва печидааст, Касе то кай аз худ тағофул кунад? Зи кайфияти ин баҳорам мапурс, Мижа гар кушоӣ, қадаҳ гул кунад. Ба савдои зулфи ту дуди димоғ Ба сар печаду нози кокул кунад. Зи фикри хатат ҷавҳари оина Хасак189 вақфи ҷайби тааммул кунад. Тараддуд хиҷолаткаши дасту пост, Касе то куҷоҳо таваккул кунад? Хазони тараб бедимоғӣ мабод, Баҳор аст, агар шиша қулқул кунад. Ба тадбир аз ин баҳр натвон гузашт, Шикастест, гар мавҷи мо пул кунад. Сари мо бигардад зи даври ҳавас, Агар чарх тарки тасалсул190 кунад. Шавад сифла аз суфу атлас бузург, Харонро агар одамӣ ҷул кунад. Хунуктар зи зоғ асту тақлиди кабк, Ки ҳиндустонӣ тамағғул кунад191. Ба рангест, Бедил, парафшониям, Ки аз сояам тарҳи сунбул кунад. * * * Агар таайюни анқо ҳаваспаём набошад, Нишони худ ба ҷаҳоне барам, ки ном набошад. Чӣ лозим аст ба дӯшам ғами адо фиканад кас, Ҳақи бақо ду нафас хиҷлат аст, вом набошад. Ҳаё зи нанги хамӯшӣ кадом нағма кунад сар? Ба сад фасона занам, гар сухан тамом набошад. Ду дам ба вазъи таҷаддуд хаёл мегузаронам, Хушам ба нашъаи ҷамъияти давом набошад. Ҳиҷоби ҷавҳари дил нест ҷуз кудурати ҳастӣ, Чароғи оина нураш ба вақти шом набошад. Дил аст боиси ҳастӣ, куҷост нашъа, чӣ мастӣ? Димоғи бода кӣ дорад, даме ки ҷом набошад? Ҳавас тапад ба чӣ роҳат? Нафас рамад зи чӣ ваҳшат? Дар он мақом, ки сайёду сайду дом набошад? Касе надид зи ҳастӣ ба ғайри дарди сар ин ҷо. Шароби ин хуми ваҳм аз куҷо ки хом набошад? Чӣ мумкин аст, ки оғӯши ҳирсҳо ба ҳам ояд? Дар ин ҷароҳати хамёза илтиём192 набошад. Дил аз шикояти ифлос беҳ, ки ҷамъ намоӣ, Забон ба коми ту бас, гар ҷаҳон ба ком набошад. Ҷудо зи анҷумани нестӣ ба ҳар чӣ расидам, Наёфтам, ки майи соғараш ҳаром набошад. Кадом умру чӣ фурсат, ки дил диҳӣ ба тамошо? Ба пойи ашк нигаҳ медавад, хиром набошад. На гӯшаест муайян, на манзилест мубарҳан193, Касе куҷо равад, ар олами тамом набошад. Ба авҷи ишқ чӣ нисбат талоши боли ҳавасро? Видоъи ваҳми манумо194 ҳавои бом набошад. Хурӯши дард шунав, муддаои ишқ ҳамин бас, Дар Аллаҳ-Аллаҳи мо ҷои ҳарфи лом набошад. Агар зи мулки адам то вуҷуд фаҳм гуморӣ, Ба ҷуз каломи ту, Бедил, дигар калом набошад. * * * Агар маъшуқ бемеҳр асту гар ошиқ вафо дорад, Тамошо муфти диданҳо, муҳаббат рангҳо дорад. Шарори коғази мо хандаи дандоннамо дорад, Тарабҳо вақфи бетобӣ, ки оҳанги фано дорад. Ба вомондан накардам қатъи уммеди зи худ рафтан, Шикасти бол агар парвоз кам гардад, садо дорад. Зи бас матлуби ҳар кас бе талаб омода аст ин ҷо, Иҷобат инфиол аз шӯхии дасти дуо дорад. Дар ин маҳфил забунем он қадар аз сустии толеъ, Ки ранги нотавонӣ ҳам шикасти кори мо дорад. Ба сад ҷо карда саъйи норасо манзилтарошиҳо, В-агарна, ҷодаи дашти талаб кай интиҳо дорад? Кӣ мехоҳад тасаллӣ аз ғубори ваҳшатолудам? Ки чун субҳ ин кафе хокистар оташ зери по дорад. Сабаб кам нест, гар барҳам занӣ рабти тааллуқро195, Чу мижгон ҳар кӣ бархезад зи худ, чандин асо дорад. Ҳақиқатвокаши найранги ҳар созест мизробе, Ту нохун ҷамъ кун, то захми мо бинӣ чиҳо дорад! Ба ҳиҷлат то набояд воми маъзурӣ адо кардан, Намози маҳрамон пеш аз қазо гаштан қазо дорад. Зи ҳирси мунъимон ҳирси гадо ҳам кам мадон, Бедил, Ки хок аз баҳри хӯрдан беш аз оташ иштиҳо дорад. * * * Имрӯз навбаҳор аст, соғаркашон биёед, Гул ҷӯши бода дорад, то гулситон биёед. Дар боғ бебаҳорем, сайре ки дар чӣ корем, Гулбози интизорем, бозикунон биёед. Оғӯши орзуҳо аз худ тиҳист ин ҷо Дар қолаби таманно хуштар зи ҷон биёед. Ҷуз шавқ роҳбар нест, андешаи хатар нест, Хоре дар ин гузар нест, доманкашон биёед. Фурсат шарарниқоб аст, ҳангомаи шитоб аст, Гул пойдаррикоб аст, мутлақъинон биёед. Гар хоҳиши фузулист, ҷуз ваҳм монеъаш кист? Боғ аст, хонае нест, то меҳмон биёед. Имрӯз омаданҳо чандин баҳор дорад Фардо кирост уммед, то худ чӣ сон биёед. Эй толибони ишрат, дигар куҷост фурсат? Муфт аст файзи суҳбат, гар ин замон биёед. Бедил ба ҳар табутоб мамнуни илтифотест, Номеҳрубон биёд, ё меҳрубон биёед. * * * Имрӯз, баъди умре дилдор ёди мо кард, Шарми тағофул охир ҳаққи вафо адо кард. Хоки раҳем, моро осон наметавон дид, Мижгон хамид, то чашм оҳанги пеши по кард. Гарди бисоти таслим дар аҷз нозҳо дошт, Парвози худсариҳо з-он доманам ҷудо кард. Ё Раб, ки хушк гардад монанди шона дасташ, Машшотае ки дилро аз турраи ту во кард. Фитрат зи халқ мехост осори қобилият, Ҷуз дарди сар набудем, моро ба мо раҳо кард. Ғарқи нами ҷабинам аз хиҷлати таайюн196 Кори ҳазор тӯфон ин як арақ ҳаё кард. Гуфтем шахси ҳастӣ, нозе ба шӯхӣ орад, Тимсол ҷилвагар шуд, оина хандаҳо кард. Дониш ҷунун шуд, аммо накшуд рамзи таҳқиқ, Банди қабои нозе пироҳанам қабо кард197. Дар уқдаи тааллуқ фарсуда буд фитрат, Аз худ гусастан охир ин риштаро расо кард. Эй ваҳми ғайр, моро маъзур дору бигзар, Дил хонаест, к-он ҷо натвон ба зӯр ҷо кард. Растан зи қулзуми ваҳм аз сар гузаштане дошт, Яъс ин каду ба худ баст, то зиндагӣ шино кард. Дасти тараҳҳуми кист мижгони Бедили мо? Бар ҳар кӣ чашм во шуд, пеш аз нигаҳ дуо кард. * * * Имрӯз ноқисон ба камоле расидаанд, К-аз худсарӣ ба ҳарфи салаф198 хат кашидаанд. Инкори комилон ҳамаро нуқли маҷлис аст, То кас гумон барад, ки ба маънӣ расидаанд. Ин уммати мусайлим199 аз афсуни як-ду лафз Дар арсаи шикасти нубувват давидаанд. Аз санъати муҳовараи лӯлиёни форс Ҳиндустониён ба тамағғул хазидаанд. Сеҳр аст рустоию инкори шаҳриён, Ҷулоҳи200 чанд ришта ба гардун танидаанд. Аз ҳарфашон тарӣ натаровад, чӣ мумкин аст? Дунфитратон сафоли наве обдидаанд. Беҳосилӣ зи суҳбаташон хок мехӯрад, Чун бед агар ба ҳам зи тавозуъ хамидаанд, Ҳар ҷо расидаанд ба таркиби иттифоқ, Чун захмҳои куҳна надомат чакидаанд. Ҳар гоҳ ворасӣ ба уруҷи димоғашон, Дар зери по чу обила бар хеш чидаанд. Пирони ин гурӯҳ ба ҳукми видоъи шарм Бе шабнами арақ ҳама субҳи дамидаанд. Поси адаб маҷӯ зи ҷавонон, ки якқалам Аз таҳту фавқ чашму дубурҳо даридаанд. Гӯё афафтарошу хамӯшон тапишталош, Хурду бузург як саги ақрабгазидаанд. Инсоф об мехӯрад аз чашмасори фаҳм, Харкурраҳо каранд, сухан кам шунидаанд. Дар хубси маъние, ки таназзуҳ далели ӯст, Лаб боз кардаанд ба ҳадде, ки ридаанд. Бедил, дар ин макон зи адаб дам задан хатост, Шарме, ки лӯлиён ҳама тунбак201 харидаанд. * * * Ин давр даври ҳез аст, вазъи матин кӣ дорад? Боди бурути мардӣ ғайр аз сурин202 кӣ дорад? Осори ҳақпарастӣ хатм аст бар муханнас, Ғайр аз дубурсириштон203 сар бар замин кӣ дорад? Ҳар сӯ ба ҳаркати нафс мутлақъинон битозед, Эй зерихарсаворон, полону зин кӣ дорад? Зоҳид, зи паҳлуи риш пашмина мефурӯшӣ, Бозори нура204 гарм аст, ин пӯстин кӣ дорад? Ранги бинои тоат бар хидмати сурин неҳ, Имрӯз тарҳи меҳроб ҷуз гунбадин кӣ дорад? Бар кисаи каримон чашми тамаъ надӯзӣ, Ҷуз дасти хар дар ин аср дар остин кӣ дорад? Аз мунъимон гадоро дигар чӣ метавон хост? Тан додаанд бар фаҳш, дод инчунин кӣ дорад? Халқе васеъ хуфтаст дар тангии суринҳо, Ҷуз коми ин ҳавосил доман ба чин кӣ дорад? Як ғунча сад гулистон оғӯш мекушояд, Мақъад ба ханда боз аст, табъи ҳазин кӣ дорад? Азбаски даври гардун гардонд таври мардум, То пушт барнатобад, бар зан яқин кӣ дорад? Идбор марду занро нагзошт номи иқбол, Як кофу вов(у) нун аст, то кофу син кӣ дорад? Он хирқае ки ҷайбаш боби руфӯ набошад, Бардор домане чанд, он гаҳ бибин, кӣ дорад? Дар чорсӯи офоқ билфеъл ин мунодист, Лаъли хушоб бо кист? Дурри самин205 кӣ дорад? Ҷуз гавҳари гаронсанг матлуби муштарӣ нест, Соқи булӯр бинмо, ҷинси гузин кӣ дорад? Сард аст, бетакаллуф, ҳангомаи таҳаввур,206 Кар кун туфангу хуш бош, ҷуз меҳр кин кӣ дорад? Бедил, ба теғу ханҷар натвон шудан баҳодур, Лашкар амуд207 хоҳад, то оҳанин кӣ дорад? * * * Ин ситамкешон, ки ваҳми зиндагиро ҳолаанд208, Дар талоши худкушиҳо шуълаи ҷавволаанд. Умрҳо шуд ҳарфи дарде ошнои гӯш нест, Кӯҳкан то бенафас шуд, кӯҳҳо бенолаанд. Халқе аз худ рафту акнун зикри эшон меравад, Корвони хобро афсонаҳо дунболаанд. Даъвии мардони ин аср инфиоле беш нест, Шер меғурранду чун вомерасӣ, бузғолаанд. Сард шуд дил аз дами ин паҳлавонони ғурур, Рустаманд, аммо бағалпарвардаҳои холаанд. Дилсиёҳӣ якқалам оинадори суҳбат аст, Гар ҳама аҳли Хуросонанд, аз Банголаанд. Ҷумла бо рӯи мулоим қатраанд, аммо чӣ суд Чун ба минои дил афтоданд, яксар жолаанд. Ҳамчу дандон баҳри изо васлу ҳаҷри шон якест, Гар ҳама яксола меоянду гар садсолаанд. Бо уруҷи ҷоҳ ин афсурдагони бемадор Бар лаби ҳар бом чун хишти куҳан табхолаанд. Чашм агар дорад тамизи ҳусну қубҳи эътибор, Зангиёни ҷомагулгун навбаҳори лолаанд. Бедил, аз хурду бузург он беҳ, ки бардорӣ назар, Даври говон рафту акнун ҳозирон гӯсолаанд. * * * Ин қадар риш чӣ маънӣ дорад? Ғайри ташвиш чӣ маънӣ дорад? Одамӣ – хирс, чӣ зулм аст охир? Марди ҳақ-меш, чӣ маънӣ дорад? Ҳазар аз зоҳиди мисвокбасар, Ақрабу неш чӣ маънӣ дорад? Даъвии пуч ба ин сомон риш Наравад пеш, чӣ маънӣ дорад? Як нахуд каллаву даҳ ман дастор, Ин каму беш чӣ маънӣ дорад? Шайх бар арш напаррад, чӣ кунад? Ғайри пар риш чӣ маънӣ дорад? Бедил, ин ҷо ҳама риш асту фаш аст, Маслаку кеш чӣ маънӣ дорад? * * * Ин ки тоқатҳо ҷавонӣ мекунад, Нотавонӣ нотавонӣ мекунад. Гар ҳама хок аз замин гардад баланд, Бар сари ман осмонӣ мекунад. Аз чӣ хиҷлат сафҳаам оташ занад, Чун арақ, доғам равонӣ мекунад. Баски фитратҳо заиф афтодааст, Такя бар дунёи фонӣ мекунад. Нест кас ин ҷо кафили ҳеҷ кас, Зиндагӣ рӯзирасонӣ мекунад. Исмат аз ташвиши дунё ҷастан аст, Нафсро ин қаҳба зонӣ 209 мекунад. Дар табутоби нафас парвоз нест, Саъйи бисмил парфишонӣ мекунад. Қайди ҳастӣ поси номуси дил аст, Байзадорӣ ошёнӣ мекунад. Ҳар киро дидам дар ин ибратсаро, Баҳри мурдан зиндагонӣ мекунад. Бедимоғам, ғайри дил з-ин анҷуман Ҳар чӣ бардорам, гаронӣ мекунад. Он қадар аз худ ба ёдаш рафтаам, К-ин ҷаҳонам онҷаҳонӣ мекунад. Ҳеҷ медонӣ кием, эй бехабар, Шоҳ моро посбонӣ мекунад. Фурсати умр аст, Бедил, назми ман, Сакта мехонам, равонӣ мекунад. * * * Ин ки дар дайри ғамат дамсард пайдо кардаанд, Дил надорӣ, варна, дил аз дард пайдо кардаанд. Ҳеҷ кас аз ихтирои ин бисот огоҳ нест, Ранг мебозему ёрон нард пайдо кардаанд. Гум шудаст осори ҳимматҳо ба гарди ҷустуҷӯ, То дар ин саҳро суроғи мард пайдо кардаанд. Мункири бедаступоиҳои маъзурон мабош, Оҷизон коре, ки натвон кард, пайдо кардаанд. Моҷарои хомушон нашнида мебояд шунид, Безабониро нафаспарвард пайдо кардаанд. Бурдаанд аз мавҷи гавҳар печутоби иштирок210, Мисраи моро зи тазмин фард пайдо кардаанд. Чун нигоҳи чашми оҳу, умр дар ваҳшат гузашт, Хонаро ин ҷо биёбонгард пайдо кардаанд. Ёди мо кун, гар ба сайри наргисистонат сарест, Ранги беморони чашмат зард пайдо кардаанд. Медиҳандам дил, ба ҳар оин ки меоянд пеш, Нозанинон турфа роҳовард пайдо кардаанд. З-он баҳорам муждаи бӯи хироме мерасад, Рангҳои рафта, Бедил, гард пайдо кардаанд. * * * Ин ҳирсҳо, ки домани сад фан шикастаанд, Арзи кулоҳ додаву гардан шикастаанд. Дорад шароби ғафлати абнои рӯзгор Бадмастие, ки соғари мурдан шикастаанд. Бетобӣ аз ғубори нафас кам намешавад, Минои дил ба рӯи тапидан шикастаанд. Дар зулфи ёр ҳеҷ дил озурдагӣ надошт, Ин донаҳо зи дурии хирман шикастаанд. Ё Раб, шикасти ман ба чӣ афсун шавад дуруст? Дорам диле ки бештар аз ман шикастаанд. Дар оламе ки санги шарархези ваҳшат аст, Гарди маро чу об дар оҳан шикастаанд. Ҳар гул, ки дидам, обилаи хунчакида буд, Ё Раб, чӣ хор дар дили гулшан шикастаанд? Сад барқ дар камини нафас мавҷ мезанад, Мардум назар ба шуълаи Айман211 шикастаанд Парвози ман чу мавҷи гуҳар дар дил асту бас, Боле ки доштам, ба тапидан шикастаанд. Ҳар зарраам ба ранги дигар медиҳад нишон, Ҷӯши баҳорам, оинаи ман шикастаанд. Имрӯз нафйи ҳам гули иқболи дӯстист, Ёрон зи ранги мо сафи душман шикастаанд. Мо оҷизон зи кӯи ту дигар куҷо равем? Дар пойи риштаҳо сари сӯзан шикастаанд. Санге зи нанги аҷз ба минои мо нахӯрд, |