Главная страница

Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи


Скачать 0.85 Mb.
НазваниеАхтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
АнкорШпаргалка
Дата15.09.2021
Размер0.85 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлаАхтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил.docx
ТипДокументы
#232339
страница12 из 35
1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   ...   35

Ҳусн аз ҳар нолаи ошиқ ниқобе медарад

Нагсилӣ рабти нафас, эй булбул, аз афғони субҳ.

Тухми ашке мефишонад оҳу аз худ меравад,

Ғайри шабнам нест, Бедил, зоди ҳамроҳони субҳ.

* * *

Боз аз пон160 гашт лаъли навхати дилдор сурх,

Ғунчааш омад бурун аз пардаи зангор сурх.

Аз фиреби наргиси махмури ӯ ғофил мабош,

Бе балое нест ранги чеҳраи бемор сурх.

Он баҳори ноз дорад майли ҳасратхонаам,

Метавон кардан чу барги гул дару девор сурх.

З-ин гулистон дар камини лолазори дигарам,

Оламе маҳви гулу ман доғи он дасторсурх.

Бе гудози дард натвон дод арзи нашъае,

Бода ҳам мегардад аз хун хӯрдани бисёр сурх.

Қатли арбоби ҳавас бар аҳли дил макрӯҳ нест,

Гар ба хуни гов созад барҳаман зуннор сурх,

Саъйи золим дар газанди халқ дорад арзи ноз,

Неши пое то нагардад, нест рӯи хор сурх,

Рангҳо дорад фалак, мағрури ороиш мабош.

Ҷомаат з-ин хум намеояд бурун ҳар бор сурх.

Аз гудози ваҳми ҳастӣ ишқ соғар мезанад,

Оташ аз хошок хӯрдан мекунад рухсор сурх.

Шавқ хун шуд, к-аз ҷигар ранге ба домон оварем,

Лек ку ашке, ки бошад як чакиданвор сурх?

Хуни ҳасраткуштагон дар пардаи ранги ҳиност,

Домани қотил бувад, дасте ки созад ёр сурх.

Пайкарам аз нотавонӣ як раги гул хун надошт,

То дами теғи ту мекардам ба он миқдор сурх.

Хома гар сатре зи рамзи улфаташ иншо кунад,

Гардад аз ғайрат ба ранги шуълаам тӯмор161 сурх.

Ошиқонро мавҷи хун мебояд аз сар бигзарад,

Ҳамчу гул аз ранги бадардӣ макун дастор сурх.

Инчунин гар нола хунолуд хоҳад кард гул,

Андалеби мо чу тӯтӣ мекунад минқор сурх.

Ранги ваҳме ҳам агар ҷӯшад зи ҳастӣ, муфти мост,

К-ин либоси тира натвон сохтан бисёр сурх.

Офият ранге надорад дар баҳори эътибор,

Бедил, аз дард аст чашми аҳли ин гулзор сурх.
* * *

Шуд лаби ширинадояш бо ман аз ибром талх,

Аз тақозои ҳавас кардам майи ин ҷом талх.

Пухтагӣ дар табъи ноқис бедимоғи тухмат аст,

Дуд меояд бурун аз чӯбҳои хом талх.

Имтидоди162 умр бурд аз чашми мо завқи нигоҳ,

Куҳнагиҳо кард охир мағзи ин бодом талх.

Душмани амн аст мавқеъношиноси дам задан,

Зиндагӣ бар худ макун чун мурғи беҳангом талх.

Ҳирси зар, он гаҳ ҳаловат? Ихтирои ваҳми кист?

Комҳо дар ҷӯши сафро163 мешавад ноком талх.

Бе судоъе164 нест шуҳратҳои иқболи ҷаҳон,

Мавҷи чин зад, баски шуд оби ақиқ аз ном талх.

Ҷавҳари фитрат макун ботил ба тамҳиди ғараз,

Эй басо мадҳе, ки шуд з-ин шева чун дашном талх.

Баски дорад табъи халқ аз ҳақгузорӣ инфиол,

Додани ҷон нест ин ҷо чун адои вом талх.

Интизори сайди матлаб сахт роҳатдушман аст,

Хоб натвон ёфт ҷуз дар дидаҳои дом талх.

Гар зи идбор огаҳӣ, бигзар зи иқболи ҳавас,

Тарки оғози ҳаловат нест чун анҷом талх.

Мекунад, Бедил, табассум заҳри чашмашро илоҷ,

Пистааш хоҳад намак зад, гар шавад бодом талх.

* * *

Обу ранги ибрате сарфи баҳорам кардаанд,

Панҷаи афсӯсам, аз судан нигорам кардаанд.

Олами ғафлат нагардад пардаи тасхири ман,

Ибратам, дар дидаи бино шикорам кардаанд.

Гарди ҷавлонам бурун аз пардаи афсурдагист,

Нолаи шавқам, чӣ шуд, гар найсаворам кардаанд?

З-ин сиришке чанд, к-аз ёдат ба мижгон бастаам.

Дастгоҳи сад чароғон интизорам кардаанд.

Рӯзгори сӯхтанҳо хуш, ки дар дашти ҷунун

Ҳар куҷо барқест, назри мушти хорам кардаанд.

То насиме мевазад, урёниям гул кардааст,

Оташам, хокистареро пардадорам кардаанд.

Бар кӣ бандам туҳмати дониш, ки ҷамъе бехирад

Тардимоғиҳои Маҷнун эътиборам кардаанд.

Сахт душвор аст чун оина худро ёфтан,

Оламеро дар суроғи худ дучорам кардаанд.

Парфишониҳои чандин нолаам, аммо чӣ суд

Аз дили афсурда ҷузви кӯҳсорам кардаанд.

Маҳмилам дар қатрагӣ ороиши сад мавҷ дошт,

То шудам гавҳар, ба дӯши хеш борам кардаанд.

Нест, Бедил, вазъи ман афсонасози дарди сар,

Ҳамчу хомӯшӣ шароби бехуморам кардаанд.

* * *

Оташи шавқи талаб он ҷо, ки равшан мешавад,

Гар ҳама мижгон ба ҳам орем, доман мешавад.

Доғро оинаи таслим бояд сохтан,

Варна, моро нола ҳам рагҳои гардан мешавад.

Дар саводи фақр дорад ҷавҳари таҳқиқ нур,

Чун ҷаҳон торик гардад, шамъ равшан мешавад.

Шишаву санг оташу обанд дур аз кӯҳсор,

Оламе бо ҳам, ҷудо аз асл, душман мешавад.

Муддати мавҳуми умр охир нафас тай мекунад,

Ришта чун раҳ кӯтаҳ аз рафтори сӯзан мешавад.

Аз лаби хандон ба чашми ҷоми май мегардад об,

Ишрати саршор ҳам сомони шеван мешавад.

Пур маяфшон бар дили мо домани зулфи расо,

З-ин адоҳо субҳа зуннори бараҳман мешавад.

Хатми кори ҷустуҷӯ бар хоки аҷз афтодан аст,

Ашк чун монд аз давиданҳо чакидан мешавад.

Гар ту ҳам аз худ бурун оӣ, ҷаҳоне дигарӣ,

Дона худро медиҳад бар боду хирман мешавад.

Беқаророни ҷунунро манъи ваҳшат мушкил аст,

Ноларо занҷир ҳам сомони рафтан мешавад.

Нақши ман гарди фано, гул кардани ман нестӣ,

Чарх ҳам хок аст, агар оинаи ман мешавад.

Бедил, имшаб бисмили теғи таманнои киям?

Боли ман барги гул аз файзи тапидан мешавад.

* * *

Офот аз ҳавас ба сарат ҳола165 мешавад,

Ин шуълаҳо зи дасти ту ҷаввола мешавад.

З-ин корвон чӣ суд, ки ҳар кас чу нақши по

Аз саъйи пештохта дунбола мешвад.

Бе шуғли фитна нест, чу нафс аз фасод монд,

Чун қаҳбаи166 аҷуз, ки даллола мешавад.

Аз муҳтасиб битарс, ки ин фитназодаро

Чун ворасанд, духтари раз хола мешавад.

Бе сеҳр нест ҳайъати шайх аз руҷӯъи халқ,

Ин хар таносухест, ки гӯсола мешавад.

Савдоиёни бахти сияҳро таронаҳост,

Тӯтӣ ҳазор ранг ба Бангола мешавад.

Моро фиреби давлати бедор додааст

Субҳе, ки дар шаб ӯ шафақи лола мешавад.

Дар вақти эҳтиёҷ зи изҳор шарм дор,

Чун шуд баланд дасти дуо, нола мешавад.

Вомондаам ба роҳи ту чандон, ки бар лабам

Чун шамъ ҳарфи обила табхола мешавад.

Бедил, ба шайб167 номи ҳаловат мабар, ки нахл

Дур аст аз самар, чу куҳнасола мешавад.
* * *

Огоҳӣ аз хаёли худам бениёз кард,

Худро надид оина, то чашм боз кард.

Наъли ҷаҳон дар оташи фикри саломат аст,

Он шуъла орамид, ки машқи гудоз кард.

Чун оҳ гарди раҳгузари ноумедиям,

Ҳар кас зи по нишаст, маро сарфароз кард.

Ку заҳмати фироқу кадом инбисоти168 васл?

З-ин ҷавр ончи кард ба мо, имтиёз кард.

Кулфатзудои кинаи дилҳо тавозуъ аст,

З-ин теша метавон гираҳи санг боз кард.

Ҳайрат муқими хонаи оина асту бас,

Натвон ба рӯи мо дари дилҳо фароз169 кард.

Доғам зи сояе, ки ба тавфи170 суҷуди ӯ

Пойи талаб зи нақши ҷабини ниёз кард.

Шобат қиёму шайб рукуъу фано суҷуд,

Дар ҳастию адам натавон ҷуз намоз кард.

З-ин гулситон ба ҳайрати шабнам расидаем,

Бояд даре ба хонаи хуршед боз кард.

Дар парда буд сурати мавҳуми ҳастиям,

Оинаи хаёли ту ифшои роз кард.

Бар зиндагист бори гаронҷониям ҳанӯз,

Қадди дуто маро хами абрӯи ноз кард.

Гоме набуд беш раҳи мақсади фано,

Ин риштаро нафас ба кашокаш дароз кард.

Маънинамои чеҳраи мақсуд нестист,

Бедил, маро гудохтан оинасоз кард.

* * *

Огоҳии дил анҷумани ихтилоф шуд,

Аксаш фурӯ гирифт, чу оина соф шуд.

Кому забон ба сурмааш аз хок пур кунед,

Гӯёие ки ташнаи лофу газоф шуд.

Бар чиният маноз, ки хоқон ба он ғурур

Чанде ба сар наёмада мӯинабоф шуд.

Майли ғизост маркази бунёди зиндагӣ,

Печид меъда бар ҳаваси ҷӯъу ноф шуд.

Мустағниям зи дайру ҳарам кард бехудӣ,

Бар гирди хеш гардиши рангам тавоф шуд.

Охир ба нола даъвии тоқат нарафт пеш,

Лаб бастанам ба аҷзи давом эътироф шуд.

Пирӣ гиреҳ зи риштаи ҷонсахтиям кушуд,

Қадди хамида тешаи хорошикоф шуд.

Мардон ба шарм ҷавҳари ғайрат нуҳуфтаанд,

Теғ аз ҳиҷоби занг муқими ғилоф шуд.

Фаҳмида неҳ қадам, ки камолоти ростӣ

Нанги ҳазор ҷода зи як инҳироф171 шуд.

Бо хомушӣ бисоз, ки хоҳад кушоди лаб

Майдон ба ҳам кашидани аҳли масоф шуд.

Бедил, ба чорсӯи бурудатривоҷи172 даҳр

Гарди касод ҷинси вафоро лиҳоф шуд.

* * *

Он ки моро ба ҷафо сӯхта ё месӯзад,

Натавон гуфт чаро сӯхта ё месӯзад?

Пеши чашмаш накунӣ ҳосили ҳастӣ хирман,

Ки ба як барқи адо сӯхта ё месӯзад.

То кай, эй оина, заҳматкаши сайқал бошӣ?

Хонаат барқи сафо сӯхта ё месӯзад.

Тапише чанд, ки дар болу пари шуълаи мост,

Завқи парвози расо сӯхта ё месӯзад.

Кас нафаҳмид, ки чун шамъ дар ин маҳфили ваҳм

Оламе сар ба ҳаво сӯхта ё месӯзад.

Нури инсоф гар ин аст, ки шоҳон доранд,

Соя дар боли ҳумо сӯхта ё месӯзад.

Ваҳми асбоб мапаймо, ки димоғи Маҷнун

Дар сувайдо ҳамаро сӯхта ё месӯзад.

Ману оҳе, ки агар сар кашад аз ҷайби адаб,

Аз самак173 то ба само сӯхта ё месӯзад.

Мушти обе ки дар ин дайр тавон ёфт, куҷост?

Ҳар чӣ дидем, чу мо сӯхта ё месӯзад.

То кай аз лоф кунад гарм димоғи амалат174?

Нафасе чанд ки восӯхта ё месӯзад.

Шаш ҷиҳат шӯри сипандест, надонам, Бедил,

Дили овора куҷо сӯхта ё месӯзад?

* * *

Онҳо ки лофи афсару авранг175 мезананд,

Дар ном ҳам сарест, ки бар санг мезананд.

Ҷамъе, ки по ба манзилу фарсанг мезананд,

Дар ёди домани ту ба дил чанг мезананд.

Чун ман касе мабод намандуди инфиол,

К-аз акси номам оинаҳо занг мезананд.

Дар боғи эътибор, ки номуси рангу бӯст,

Риндон зи ханда гул ба сари нанг мезананд.

Гардун ҳарифи доғи муҳаббат намешавад,

Ин хайма дар фазои дили танг мезананд.

Ёрон чу гирдбод, ки ҷӯшад зи тарфи дашт,

Доман ба зери по ба ҳаво чанг мезананд.

З-ин раҳравон кирост сару барги ҷустуҷӯ,

Гоме ба заҳмати қадами ланг мезананд.

Товуси мо хиҷолати изҳор мекашад,

З-ин ҳалқаҳо, ки бар дари найранг мезананд.

Моро ба гарди кулфат аз ин базм рафтан аст,

Оинаҳо қадам ба дили занг мезананд.

Бепарда нест сурати таҳқиқи кас ҳанӯз,

Осори хомаест, ки дар ранг мезананд.

Гоҳе ба Каъба мераваму гаҳ ба сӯи дайр,

Девонаам, зи ҳар тарафам санг мезананд.

Бедил, ба тоқи абруи ваҳмест ҷоми халқ,

Чандон ки ҳуш кор кунад, банг мезананд.

* * *

Оҳ, ба дӯстон дигар арзи дуо кӣ мебарад?

Ашк чакиду нола рафт, номаи мо кӣ мебарад?

Тавъами гул дамидаем, домани субҳ чидаем,

Дар чамане ки ранги мост, бӯи вафо кӣ мебарад?

Нағмаи маҳфили карам вақфи ҷунуни соил аст,

В-арна, ба арзи муддао ирзи ҳаё кӣ мебарад?

Нанги ҳавас намекашад давлати безаволи мо,

Бар дари кибриёи фақр номи ҳумо кӣ мебарад?

Кард кашокаши ҳавас муфлисат аз шукӯҳи ноз

Огаҳие ки аз кафат ранги ҳино кӣ мебарад?

Ҳар кӣ гузашт аз ин чаман, решаи ҳасраташ ба ҷост,

Ин ҳама корвони ранг рӯ ба қафо кӣ мебарад?

Оинаи ҳузури дил туҳфаи дайру Каъба нест,

Он чи нисори нози туст дар ҳама ҷо, кӣ мебарад.

Аз ғами ҳастию адам ёди ту кард фориғам,

Хоки маро ба бод ҳам аз ту ҷудо кӣ мебарад?

Шамъ чу вақт даррасад, хуфта ба болу пар расад,

Рафтан агар ба сар расад, заҳмати по кӣ мебарад?

То ба фалак далели176 мо чашм кушудан асту бас,

Кӯрӣ агар на раҳ занад, каф ба асо кӣ мебарад?

Бедил, аз улфати ҳавас бигсилу роҳи унс гир,

Мунтазири талаб мабош, нанги «биё» кӣ мебарад?

* * *

Аз ҳуққаи даҳонаш ҳар гаҳ сухан барояд,

Об аз ақиқ резад, дурр аз Адан барояд.

Аз шавқи субҳи теғаш, монанди мавҷи шабнам

Гулҳои захми дилро об аз даҳан барояд.

Аз рӯи доғи ҳасрат гар пунба боз гирам,

Бо сад забона чун шамъ аз пираҳан барояд.

Бинад зи бори хиҷлат чун теша сарнигунӣ,

Бар Бесутуни дардам гар Кӯҳкан барояд.

Васфи баҳори ҳуснаш гар дар чаман бигӯям,

Чун булбул аз гулистон гул наъразан барояд.

Тори нигаҳ расонад наззораро ба рӯяш,

Ҳар кас ба боми хуршед бо ин расан барояд.

Бедил, каломи Ҳофиз шуд ҳодии хаёлам,

Дорам умед, к-охир мақсуди ман барояд.

* * *

Аз ғуборам ҳар чӣ боло мекашад177,

Сурма дар чашми Сурайё мекашад.

Баски мадди178 ваҳшати шавқам расост,

Фикри имрӯзам ба фардо мекашад.

То хирад боқист, саҳрои ҷунун

Доман аз олоиши мо мекашад.

Хобнокон мераманд аз огаҳӣ,

Соя аз хуршед худро мекашад.

Сахт беранг аст нақши муддао,

Оламе тасвири анқо мекашад.

Хуни дил бепарда аст аз инфиол,

Сарнигунӣ май зи мино мекашад.

Ақл, гӯ, хун шав, ки тафтиши ҷунун

Як ҷаҳон шӯр аз нафас вомекашад.

Мо гаронҷонон зи худ вомекашем179,

Кӯҳ аз доман агар по мекашад.

Тарзабонӣ 180 хиффати ақл асту бас,

Сад шикаст аз мавҷ дарё мекашад.

Маҳмили ранг аз шикастан бастаанд,

Баски бори дарди дилҳо мекашад.

Оламеро мебарад ҳасрат фурӯ,

Ин наҳанги ташна дарё мекашад.

Зарпарастӣ мекунад дилро сиёҳ,

Охир ин сафро ба савдо181 мекашад.

Бори мо, Бедил, ба дӯши оҷизист,

Сояро афтодагиҳо мекашад.

* * *

Аз ҳуҷуми кулфати дил нола беоҳанг монд,

Бӯи ин гул аз заифӣ дар тилисми ранг монд.

Сӯхтему мушти хошоке зи мо равшан нашуд,

Шуълаи мо чун нафас дар доми ин найранг монд.

Аз ҳаё мавҷе назад, ҳарчанд дил аз ҳам гудохт,

Об шуд оина, аммо ҳайраташ дар чанг монд.

Санги роҳи ҳеҷ кас таҳсили ҷамъият мабод,

Қатраи бетоби мо гавҳар шуду дилтанг монд.

Дар хароботи ҳавас то даври ҷоми мо расид,

Бедимоғӣ аз шаробу накбате182 аз банг монд.

Аҷзи тоқат дар талаб моро далели узр нест,

Манзиле ку, то набояд сар ба пои ланг монд?

Миннати сайқал макаш, дарди сари авҳом чанд?

Акс маъдум аст, агар оинаат дар занг монд.

Охир аз саъйи заифӣ пайкари фарсудаам

Ҳамчу ахгар зери девори шикасти ранг монд.

Нест таклифи тапиданҳои ҳастӣ дар адам,

Орамидан муфти он созе, ки беоҳанг монд.

Номро нақши нигинҳо боли парвози расост,

Мо зи худ рафтем, агар пои талаб дар санг монд.

Як қадам нокарда, Бедил, қатъи роҳи орзу,

Манзили осудагӣ аз мо ба сад фарсанг монд.

* * *

Азбаски ба таҳсили ғано ҳирси ту ҷон канд,

Қабр аст, нигине ки ба номи ту тавон канд.

Ҷуз тухми надомат чӣ кунад хирман аз ин дашт?

Беҳосили ҷаҳде, ки замини дигарон канд.

Чун шамъ дар ин варта фурӯ рафт ҷаҳоне,

Растан чӣ хаёл аст, зи чоҳе ки забон канд?

Имрӯз ба ҳукми асари лофи таҳаввур183

Рустам зани мардест, ки боли магасон канд.

Дар ҳар кафи хоке ду ҷаҳон решаи мастист,

Бо қуввати тақво натавон бехи разон канд.

Зуҳҳод зи бас ҷонбалаби сарфаи ришанд,

Дар мотами ин мурдадилон мӯ натавон канд.

Фарёд, ки роҳе ба ҳақиқат накушудем,

Нақбе ки ба дил канд нафас, сахт ниҳон канд.

Чун ғунча ба ҷамъияти дил сохта будем,

Ин уқда кӣ во кард, ки моро зи миён канд?

Дар дил ҳавасе по нафишурд аз рами фурсат,

Ҳар сабза ки бар реша зад, ин оби равон канд.

Печухами ин уқда кушудем ба пирӣ,

Яъне ки ба дандон натавон дил зи ҷаҳон канд.

Бедил, на ба дунёст қарорат, на ба уқбо,

Хӯрдаст хаданги ту аз ин ҳафт камон канд.

* * *

Ашк зи бедоди ишқ пардакушо мешавад,

Фаҳми муаммо кунед, обила во мешавад.

Завқи талаб оламест вақфи ҳузури давом,

Пур ба иҷобат макӯш, хатми дуо мешавад.

Гоҳи видоъи бақост зӯри нафас бар амал,

Чун ба гусастан расид, ришта расо мешавад.

Ҷавҳари аҳли сафо саҳл набояд шумурд,

Оина гар қатраест, баҳрнамо мешавад.

Ҳирс ба сад иззу ҷоҳ дар ҳама сурат гадост,

Гар ба қаноат расӣ, фақр ғано мешавад.

Он тарафи эҳтиёҷ анҷумани кибриёст,

Чун зи талаб даргузашт, банда Худо мешавад.

Чанд хӯрад орзу ишваи бархостан?

Ғайрати имдоди ғайр низ асо мешавад.

Узри заифӣ даме, к-оина гирад ба даст,

Обила дар пойи саъй нози ҳино мешавад.

Аз кафи бемоягон коркушоӣ махоҳ,

Даст чу кӯтоҳ шуд, нохуни по мешавад.

Ғайри видоъи тараб гармии ин базм чист?

То саҳар аз рӯи шамъ ранг ҷудо мешавд.

Хок ба сар мекунад зиндагӣ аз табъи дун,

Пастии ин хонаҳо нанги ҳаво мешавад.

Бигзар аз иброми табъ, к-аз ҳаваси ҳарзадав
1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   ...   35


написать администратору сайта