Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Эй маҳрамон, бигирйед, кас дар азо нахандад. Ҷуз саъйи бенишонӣ нанги фусурдаҷонист, Бояд гузашт аз ин дашт, гар нақши по нахандад. Гар пириям дар ин боғ аз шарм лаб кушояд, Гул бо вуҷуди шабнам дандоннамо нахандад. Зонупарастиямро бар сад баҳор ноз аст, Шамъи бисоти таслим сарбарҳаво нахандад. Урёнӣ эътиборест, ифлос ҳам шиорест, Далқи куҳан баҳорест, гар мирзо нахандад. Даври ғанову ифлос як бодаву ду ҷоманд, Гар бо карим шармест, пеши гадо нахандад. Эй коргоҳи ибрат, анҷоми умр пирист, Қадди дуто дулаб шуд, марг аз куҷо нахандад? Чун ном бар забонҳо наншаста роҳи худ гир, Нақши нигин нагардӣ, то бар ту ҷо нахандад. З-он чеҳраи арақнок бепардагӣ чӣ ҳарф аст? Он гул ки обёраш бошад ҳаё, нахандад. Поси ҳузури улфат аз оламест, к-он ҷо Гар захм ҳам бихандад, аз ҳам ҷудо нахандад. Ҳарчанд гарди имкон домони субҳ гирад, Бедил, шикастани ранг бар рӯи мо нахандад. * * * Сафофиреб фақеҳон нафас гудохтаанд, Ки ҳар тараф чу таяммум вузӯи сохтаанд. Дар ин бисот ба ҷуз ранги рафта чизе нест, Касе чӣ сон барад он бозие, ки бохтаанд? Зи вазъи бебарии сарву бед ибрат гир, Ки гардананду аҷаб мухталиф фарохтаанд. Маоли равнақи гул то ба доғ пинҳон нест, Дар ин чаман ҳама товусҳои фохтаанд. Зи арзи шавкати дунон магӯ, ки мӯре чанд Зи бол бар сари худ теғи фитна охтаанд. Мадеҳ зи саъйи фузулӣ ғубори амн ба бод, Баҳеҷсохтагон қадри худ шинохтаанд. Зи истиқомати ёрони арса ҳеҷ мапурс, Чу шамъ ҷумла аламҳои рангбохтаанд. Ба гарди қофилаи рафтагон расидан нест, Нафас масӯз, ки бисёр пеш тохтаанд. Мабош ғофил аз андози шеъри Бедили мо, Шуниданист навое, ки кам навохтаанд. * * * Толеъам зулфи ёрро монад, Вазъи ман рӯзгорро монад. Дил ҳавасташна аст, варна, сипеҳр Косаи заҳри морро монад. Нафаси ман ба ин фусурдадилӣ Дуди шамъи мазорро монад. Баски бе дӯст доғи сӯхтанам, Гулханам лолазорро монад. Хори дашти талаб зи обилаам Мижаи ашкборро монад. Нақши поям ба водии талабат Дидаи интизорро монад. Аҷзам аз вазъи худсарӣ водошт, Нотавонӣ виқорро монад. Ёр дар ранги ғайр ҷилвагар аст, Ҳамчу нуре ки норро монад. Ҷигари чоки субҳу домани шаб Шонаву зулфи ёрро монад. Узлат оинадори расвоист, Ин ниҳон ошкорро монад. Нек дар ҳеҷ ҳол бад нашавад, Гул муҳол аст, хорро монад. Бо ду олам муқобилам карданд, Ҳайрат оинадорро монад. Мояи беғамӣ диле дорам, Ки чу хун шуд, баҳорро монад. Ҳар чӣ аз ҷинси нақши по пайдост, Бедили хоксорро монад. * * * Золим чӣ хаёл аст муаддаб бадар ояд? Он нест каҷӣ, к-аз думи ақраб бадар ояд. Май чорагари кулфати зуҳҳод нагардид, Тӯфон магар аз уҳдаи мазҳаб бадар ояд? Ором замонест, ки дар илми яқинат Таъсир зи ҷамъияти кавкаб бадар ояд. Ҷуз сӯхтан афсурдадилон ҳеҷ надоранд, Раҳм аст ба хиште, ки зи қолаб бадар ояд. Бо бахти сияҳ чораи хобам чӣ хаёл аст? Бедор шавад соя, гар аз шаб бадар ояд. З-ин марҳала хобида бадар зан, ки мабодо, Овози савор аз суми маркаб бадар ояд. Чун моҳи нав аз шарми заминбӯси ту доғам, Ҳарчанд ки пешониям аз лаб бадар ояд. Хатте зи сияҳкории ман сабти ҷабин аст, Тарсам, ки занад ҷӯшу мураккаб бадар ояд. Он ҷо ки иёри асар аз хӯи ту гиранд, Оташ тарияш чун арақ аз таб бадар ояд. Гар партави ҳусни ту ба ин барқи шукӯҳ аст, Хуршед ҳам аз хона магар шаб бадар ояд. Дар хилвати дил суҳбати авҳом вабол аст, Безорам аз он ҳалқа, ки ё Раб, бадар ояд. Бедил, чӣ қадар ташнаи ихфост маонӣ, Дар гӯш хазад, ҳар қадар аз лаб бадар ояд. * * * Ишқи мутрибзодае бар сози тақво зӯр кард, Донаи тасбеҳро зоҳид хари танбӯр кард. Бо ҳама вомондагӣ рӯзе ду озодӣ хуш аст, Хонаро натвон ба андӯҳи тааллуқ гӯр кард. З-ин гулистон сад саҳар ҷӯшиду сад шабнам дамид, Ибратам сайри чакиданҳои як носур кард. Бигзар аз бесарфагӯиҳо, ки сози ин бисот Гӯшмоле хӯрд, ҳар гаҳ нола бедастур кард. Мӯсии мо шуълаҳо дар пардаи найранг дошт, Ҳасрате аз дил бурун оварду барқи Тур кард. Бо чунин фурсат набуд имкон мижа бардоштан, Ваъдаи дидор халқеро амалмуздур336 кард. Шуҳрати иқболи аҷз аз чатри шоҳӣ бартар аст, Мӯи чинӣ соя охир бар сари фағфур кард. Шӯри асрорам ҷунун ангехт аз мӯи сафед, Шӯхии ин пунбаам ҳангомаи Мансур кард. Не зи тоат баҳрае бурдам, на завқе аз гуноҳ, Дар ҳама корам ҳузури нестӣ маъзур кард. Дахли огоҳӣ ба як сӯ неҳ, ки таҳқиқи ғаюр Чашми халқеро ба ангушти шаҳодат кӯр кард. Бедил, аз узлат каломам рутбаи маънӣ гирифт, Хумнишинӣ бодаамро ин қадар пурзӯр кард. * * * Умри арзал,337 эй Худо, магмор бар нерӯи мард, Раъшаи пирӣ мабодо резад оби рӯи мард! То нагардад аҷзи тоқат шабнамэҷоди арақ, Субҳи навмедӣ махандон аз камини мӯи мард. Гар табиат ғайрат андешад зи вазъи инфиол, Сарнигунӣ кам ваболе нест дар абрӯи мард. Банд-банд охир ба ранги мӯ дуто хоҳад шудан, Дар ҷавонӣ нанг агар дорад зи хам зонуи мард. Ҳар чӣ аз осори ғайрат метаровад, ғайрат аст, Ҷавҳари шамшер дорад мавҷ аз оби ҷӯи мард. Баҳри ин нақши нигин то хотаме пайдо кунӣ, «Ло фато, илло Алӣ»338 бинвис бар бозуи мард. Шуълаи ҳиммат нигун шуд, к-аз тасоуд339 боз монд, Хай340 шавад, ҳар гаҳ таназзул бурд раҳ дар хӯи мард. Аз азал мавқеъшиносон рабти улфат додаанд Оина бо зонуи зан, теғ бо паҳлӯи мард. Олати ӯ хусяе341 хоҳад тасаввур карду бас, Дар димоғи ҳез агар афтода бошад бӯи мард. Ҳеҷ кас нагсехт, Бедил, банди авҳоме ки нест, Осмон умрест, мегардад ба ҷустуҷӯи мард. * * * Ид аст, ғубори сари роҳи ту тавон шуд, Қурбонии қурбони нигоҳи ту тавон шуд. Уммед шаҳиди дами шамшери ғурурест, Бисмил зи хами тарфи кулоҳи ту тавон шуд. Бояд ҳама тан дил шуду ошуфту ҷунун кард, То маҳрами гесӯи сиёҳи ту тавон шуд. Таслим зи офоти ҷаҳон бок надорад, Дар ҷайби худам маҳви паноҳи ту тавон шуд. Эй хоки хиромат гули фирдавс ба доман, Ку бахт, ки помоли гиёҳи ту тавон шуд? Саҳл аст шафоатгарии ҷурми ду олам, Гар қобили як зарра гуноҳи ту тавон шуд. Бедил, дили мо тоқати офот надорад, То кай ҳадафи новаки оҳи ту тавон шуд? * * * Ақл агар сад анҷуман тадбир равшан мекунад, Фикри Маҷнун сатре аз занҷир равшан мекунад. Доғи навмедӣ диле дорам, ки дар ҳар дам задан Шамъҳо аз оҳи бетаъсир равшан мекунад. Оламе чашм аз мазори мо ба ибрат об дод, Хоки мо файзи ҳазор иксир равшан мекунад. Нанги расвоӣ надорад соз, то хомушнавост, Рамзи сад айбу ҳунар тақрир равшан мекунад. Мешавад зоҳир ба пирӣ маънии тӯли амал, Ҷавҳари ин мӯ сафои шир равшан мекунад. Ғофилонро нури таҳқиқ аз саводи фақр нест, Тӯтиё кай дидаи тасвир равшан мекунад? Аз раги гул метавон фаҳмид мазмуни баҳор, Файзи маъниҳои мо таҳрир равшан мекунад. Нола дар дил мехалад имшаб зи заъфи пириям, Шамъи бедоди камонро тир равшан мекунад. Олами дилро иёр аз дастгоҳи нола гир, Вусъати саҳро рами нахчир равшан мекунад. Аз арақ бар ҷабҳа афсуни чароғон хондаем, Базми моро хиҷлати тақсир равшан мекунад. Интизори файзи ишқ аз хомии худ мекашем, Чӯби тарро саъйи оташ дер равшан мекунад. Ҳеҷ кас бар дар назад, Бедил, зи зиндонгоҳи чарх, Аҷзи мо ин хонаи дилгир равшан мекунад. * * * Олами гирифторӣ хуш тасалсуле дорад, Ҷӯши нолаи занҷир боғи сунбуле дорад. Ҳамчу кӯзаи дӯлоб ҳар чӣ зери гардун аст, Ё тараққиоҳанг аст, ё таназзуле дорад. Парфишонии ишқ аст рангу бӯйи ин гулшан, Ҳар гуле ки мебинӣ, боли булбуле дорад. Гар тааллуқи асбоб арзи сад ҷунун ноз аст, Бениёзии мо ҳам як тағофуле дорад. Бори шиквапаймоӣ бар дили пур афтодаст, То тиҳӣ намегардад шиша, қулқуле дорад. Хоҳ бар тааммул зан, хоҳ лаб ба ҳарф афкан, Сайри ин баҳористон ғунчаву гуле дорад. З-инфиоли махмурӣ сархуши тасаллӣ бош, Ҷабҳа то арақпаймост, соғари муле дорад. Ранҷи зиндагӣ бар мо нестӣ гуворо кард, З-ин муҳит нагзаштан дар назар пуле дорад. Мекашад асиронро аз қиёмат онсӯтар, Шоҳиди амал,342 Бедил, турфа кокуле дорад. * * * Фусурдан аз мизоҷи шуъла хокистар бурун орад, Тараддуд чун нафас сӯзад, зи худ бистар бурун орад. Ба ашке кулфати дил кай тавон бурдан, ки дарё ҳам Ятимӣ 343 мушкил аст аз тинати гавҳар бурун орад. Фано ҳам мояи ҳастист, аз офат мабош эмин, Ки чун бигзаштӣ аз мурдан, қиёмат сар бурун орад. Ба навмедӣ дар ин гулшан чу ранг уммеди он дорам, Ки афсурдан зи парвозам парафшонтар бурун орад. Зи ҷӯши бехудӣ соф аст дурди орзуи дил, Ҳушо оинае, к-аз хеш равшангар бурун орад. Ғуборе аз хаташ роҳи назар мезад, надонистам, Ки ин шамъ аз пари парвонаҳо дафтар бурун орад. Кӣ медонист пеш аз даври хат эъҷози ҳусни ӯ, Ки аз лаъли тараш мавҷи зумуррад сар бурун орад? Ба гулшан гар бигӯям васфи лаъли майфурӯши ӯ, Ба ҳасрат шохи гул аз остин соғар бурун орад. Надорад шабнами ман барги изҳоре дар ин гулшан, Магар навмедиям дар ранг чашми тар бурун орад. Ба пастӣ то намонад шавқ, ҷаҳде кун, ки хун гардӣ, Чу об оинадори ранг гардад, пар бурун орад. Фиреби ҷоҳ аз норанҷии344 гардун махӯр, Бедил, Ки метарсам сари бемағзе аз афсар бурун орад. * * * Фусурдагиҳои сози имкон таронаамро инон нагирад, Ҳадиси тӯфоннавои ишқам, хамӯшӣ аз ман забон нагирад. Зи дастгоҳи ҷаҳони сурат наям хиҷолаткаши кудурат, Чу оина дасти бениёзон зи ҳар чӣ гирад, зиён нагирад. Самоҷат345 аст, ин ки оламеро ба сар фикандаст хоки зиллат, Сабук нагардад ба чашми мардум, касе ки худро гарон нагирад. Зи даст рафтаст ихтиёрам, ба норасоӣ кашида корам, Ба сози ваҳшат паре надорам, ки доманам ошён нагирад. Ба ғайри ваҳшат ба ҳеҷ унвон ҳузури роҳат надорад имкон, Зи сайди матлаб суроғ кам гир, агар дилат з-ин ҷаҳон нагирад. Маноз бар мояи таайюн, ки корвони матоъи ҳиммат Ба чорсӯе ки худфурӯшӣ ривоҷ дорад, дукон нагирад. Зи худ баро, то расад камандат ба кунгури қасри бениёзӣ, Ба нардбонҳои чини доман касе раҳи осмон нагирад. Агар ба азми кушоди корӣ, зи гӯшагирон мабош ғофил, Ки тир парвозро нашояд, даме ки бол аз камон нагирад. Каҷ аст таври бинои олам, ту низ сар кун ба каҷадоӣ, Ки шуҳрати вазъи ростиҳо чу ҳалқаат бар синон нагирад. Дар оташи ишқ то насӯзӣ, назар ба доғи вафо надӯзӣ, Ки аз чароғиҳавасфурӯзӣ танӯри афсурда нон нагирад. Фитодаеро зи хок бардор ё мабар номи иститоат, Касе чӣ гирад зи сози қудрат, ки дасти вомондагон нагирад? Агар зи ворастагони шавқӣ, ба фикри ҳастӣ мапеч, Бедил, Ки ҳиммат оинаи тааллуқ ба дасти доманфишон нагирад. * * * Қумоши ранг зи бас беҳиҷоб мебофанд, Ба рӯи гул зи даридан ниқоб мебофанд. Мабош мункири асрори синачокии мо, Ба коргоҳи саҳар офтоб мебофанд. Зи захми теғи ҳаводис тавон шудан эмин, Ба ҷавшане ки зи мавҷи шароб мебофанд. Ба як нафас сари бемағз мехӯрад бар санг Ҷудо зи пашм кулоҳи ҳубоб мебофанд. Дар ин чаман, ки ҳаво доғи шабнамороист, Тасаллие ба ҳазор изтироб мебофанд. Ту хоҳ марг шумар, хоҳ зиндагӣ андеш, Ҳамин ба табъи катон моҳтоб мебофанд. Кирост тоби расоии баҳси фурсати умр, Гусаста аст нафас, то ҷавоб мебофанд. Тавон шинохт зи борикресии анфос, Ки дар қаламрави ҳастӣ чӣ боб мебофанд. Кабоб шуд адами мо зи туҳмати ҳастӣ Бар оташе ки надорем, об мебофанд. Ба гуфтугӯ ба ғубори назар матан, Бедил, Ки баҳри чашм зи афсона хоб мебофанд. * * * Кори ҷаҳон хоҳ аҷз, хоҳ сарӣ мекунад, Огаҳӣ ин ҷо куҷост, бехабарӣ мекунад. Мақсади азми нафас ҳеҷ намудор нест, Як тапиши побагил номабарӣ мекунад. Кист, к-аз ин хокдон гарди баландӣ накард? Обила ҳам зери по азми сарӣ мекунад. Баски тунукфурсат аст ишрати ин анҷуман, То ба чароғе расем, шаб саҳарӣ мекунад. Забти инони сиришк аз кафи мо бурдаанд, Шавқи париҷилвае шишагарӣ мекунад. Анҷумани майкашон хомушиоҳанг нест, Шишаи мо сангро кабки дарӣ мекунад. Сифла зи касби камол қадри мураббӣ шикаст, Қатра чу гавҳар шавад, бадгуҳарӣ мекунад. Дар ҳама ҳол одамӣ шахси малаксират аст, Лек ба ҷоҳ андаке нози харӣ мекунад. Ҳирс гуворо гирифт талхии идбори манъ, Пеши тамаъ дурбош найшакарӣ мекунад. Ҷавҳари Фарҳод нест, варна, дар ин кӯҳсор Сурати ҳар сангу гил мӯкамарӣ мекунад. Зангу сафои дил аст ғафлату огоҳиям, Оина дар ҳар сифат пардадарӣ мекунад. Бедил, аз ифшои роз мунфаилам кард ишқ, Пеши кӣ нолад адаб, гиря тарӣ мекунад. * * * Гарди аҷзам, хушхиромон сарфарозам кардаанд, Саҷдаворе доштам, гардунтирозам кардаанд. Занге аз шӯхӣ надорам, ҳайрати оинаам, Инқадарҳо гулрухон таълими нозам кардаанд. Софии дил бехудипаймонае дар кор дошт, К-аз шуури ҳар ду олам бениёзам кардаанд. Нестӣ сарчашмаи тӯфони ҳастӣ будааст, Чун тилисми хок хилватгоҳи розам кардаанд. Пеш аз ин сад ашк рангомезии дил доштам, Ин замон як нолаи бедарди созам кардаанд. Саҷдафарсуди хами таслими авзои худам, Ҳам зи ҷайби хеш меҳроби намозам кардаанд. Чашми шавқи улфатоғӯшист сар то пойи ман, Сахт ҳайронам, ба дидори кӣ бозам кардаанд? Аз ҳуҷуми барқтозиҳои ноз огаҳ наям, Ин қадар донам, ки раҳме бар ниёзам кардаанд. Бедилиҳоям далели имтиҳони беғашист, Нестам қалбошно, азбас гудозам кардаанд. * * * Гар шавқ ба роҳат қадаме пеш барорад, Чун обила болиданам аз хеш барорад. Он ҷо ки хаёли ту диҳад арзи таҷаммул, Танҳоиям аз ҳар ду ҷаҳон беш барорад. Мақбулию авзои мухолиф чӣ хаёл аст? Дар дида халад, гар мижа ҳам неш барорад. Имрӯз дари баста ба рӯи ҳама боз аст, Оина магар ҳоҷати дарвеш барорад. Дар нусхаи кайфияти имкон нанавиштанд, Лафзе ки касе ҳосили маъниш барорад. Гар шӯхии Лайлӣ нашавад доми таҳайюр, Маҷуни маро кист, адабкеш барорад? Фарёд, к-аз ин қулзуми ваҳшат натавон ёфт, Мавҷе ки нафас бе ғами ташвиш барорад. Бо барқсаворон чӣ кунад саъйи ғуборам, Вомондагие ҳаст, агар пеш барорад. Навмедии савдозадагон низ дуоест, Уммед, ки он навхати мо риш барорад. Бедил чаманорои гиребони хаёлест, Ё Раб, нашавад он ки сар аз хеш барорад. * * * Ғар бӯи вафоро нафас оина набошад, Ин доғи дил авлост, ки дар сина набошад. Сад умри абад ҳеҷ наярзад ба гузаштан, Имрӯз хушӣ ҳаст, агар дина набошад. Лаъли ту мубаррост347 зи афсуни макидан, Ин пистаи тар масрафи лавзина набошад. Такрор мабандед бар авроқи таҷаддуд, Тақвими нафасро хати порина набошад. Бар шайх дукондории риш аст мусаллам, Хирс ин ҳама савдогари пашмина набошад. Зоҳид ба назар мекунад аз дур сиёҳӣ, Ин субҳи қиёмат шаби одина набошад? Лаб кам шиканад муҳри вадиаткадаи роз, Гар ташнаи расвоии ганҷина набошад. Аз дил чу нафас мегузарӣ, сахт ҷунунест, Эй бехабар, ин хонаи оина набошад. Гар ҳарфи вафо сакта фурӯшад ба тааммул, Дар риштаи улфат гираҳи кина набошад. Чун субҳ агар як нафас аз хеш бароӣ, То боми фалак печухами зина набошад. Бедил, ҳазар аз офати пайванди алоиқ, Уммед, ки дар далқи ту ин пина набошад. * * * Гар тамаъ дасти талаб во мекунад, Бар қаноат ханда лаб во мекунад. Гарм меҷӯшӣ ба лаззоти ҷаҳон, Ин шакар дуккони таб во мекунад. Мавҷи гавҳар бош, корат баста нест, Нохуне дорад адаб, во мекунад. Фатҳи боби офият вақфи касест, К-аз ҷабин чини ғазаб во мекунад. Шиша машкан, в-арна, дил ҳам з-ин бисот Роҳи куҳсори Ҳалаб во мекунад. Сояи тӯбӣ набошад, гӯ, мабош, Ҷойи мо барги инаб во мекунад. Эй чароғи маҳфили шайбу шабоб, Субҳ таҳ гир, ончи шаб во мекунад. |