Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Ҳар неъмате ки моидаи ҳирс чидааст, Анҷоми рағбаташ ҳама икроҳ278 мешавад. Аз ҷодаи адаб манамоед инҳироф,279 По хасми доманаст, ки гумроҳ мешавад. Ҷуз яъс нест карруфари лофи зиндагӣ, Ҳар гаҳ нафас баланд шавад, оҳ мешавад. Рӯзе ду аз ту шикваи толеъ ғанимат аст, Ин олам аст, кори кӣ дилхоҳ мешавад? Бедил, ба нола хӯ куну хоҳӣ хамӯш бош, Инҳо фасонаест, ки кӯтоҳ мешавад. * * * Чу субҳа бар сари ҳам то ба кай қадам шумаред? Ба якдилӣ нафасе чанд муғтанам шумаред. Ба ҳеҷ ҷузв зи аҷзои даҳр фосила нест, Саросари хати паргор сарбаҳам шумаред. Намуди кори ҷаҳон нақши косаи банг аст, Лабе ба ханда кушоеду ҷоми Ҷам шумаред. Ба сафҳа роҳ набурдаст нақши зулмату нур, Саводи даҳр хате дар шақи қалам шумаред. Ҷунуни олами ибрат ба гардан афтодаст, Нафас занеду ҳамон ҳастию адам шумаред. Суроғи маркази таҳқиқ то ба дил нарасад, Зи дайр то ба ҳарам лағзиши қадам шумаред. Ҳисоби бешу ками ҳирс то абад боқист, Магар ба сафҳа занед оташу дирам шумаред. Кадом қатра дар ин баҳр боби гавҳар нест, Хатои мо ҳама шоистаи карам шумаред. Ба нола макунам ангушти зинҳор баланд, Зи ман ба арсаи ҷуръат ҳамин алам280 шумаред. Кас аз ҳубоб нагирад иёри илму амал, Ҳисоби мо нафасе беш нест, кам шумаред. Навои сози ҳаё бе фузулии манумост, Зи парда чанд бароеду зеру бам шумаред. Агар ҳазор азал то абад зананд ба ҳам, Тааллуқи ману Бедил ҳамин ду дам шумаред. * * * Чу давлат дараш бар хасон во шавад, Пар орад бурун мӯру анқо шавад. Бипарҳез аз иқболи дунфитратон, Тунукрӯст санге, ки мино шавад. Сабукмағз шоёни асрор нест, Хас аз дуздии шуъла расво шавад. Чу баргардад иқболи илму амал, Варақ чист, хат ҳам чалипо281 шавад. Бар арбоби ҳиммат даноат282 мабанд, Фалак хок гардад, ки сар по шавад. Муаммои офоқ натвон шикофт, Магар исми анқо мусаммо283 шавад. Зи асбоб натвон ба дил зад гиреҳ, Бирӯбед, то хона саҳро шавад. Нигин метарошад муаммои санг, Ки шояд, ба номи касе во шавад. Ба сад хомушӣ ноз дорад сухан, Агар як дамаш дар диле ҷо шавад. Буногӯши дилдорам омад ба ёд, Кунам нола, то субҳ гӯё шавад. Зи кайфияти нисбати он даҳан Адам то бигӯям, манумо284 шавад. Дар ин дашту дар гарде аз ғайр нест, Туро гар наҷӯям, кӣ пайдо шавад? Ба ҳар ҷо ту бошӣ, замонҳо якест, На имрӯз дӣ шуд, на фардо шавад. Ҷаҳон чашм накшояд аз хоби ноз, Агар Бедил афсонаиншо шавад. * * * Чунин гар табъи бедардат ба хӯрду хоб месозад, Ба чашмат ашкро ҳам гавҳари ноёб месозад. Заифӣ доманат дорад, хароши дард пайдо кун, Ки ҳар ҷо риштаи созест, бо мизроб месозад. Дар ин майхона фарши саҷда бояд буд мастонро, Ки мавҷи бода аз хум то қадаҳ меҳроб месозад. Ҷунун кун, дар бинои хонумони ҳуш оташ зан, Ҳамин вазъат халос аз кулфати асбоб месозад. Нафасро улфати дил нест ҷуз таклифи бетобӣ, Ки дуд аз суҳбати оташ ба печутоб месозад. Чу субҳе, к-аз ҳузури офтоб иншо кунад шабнам, Хаёли ӯ нафас дар синаи ман об месозад. Чунин к-аз сӯзи дил хокистарэҷод аст аъзоям, Таби паҳлуи ман аз буриё санҷоб месозад. Ба барқи ҳиммат аз абри ҳарам қатъи назар кардам, Тариҳои ҳавас кишти маро сероб месозад. Ба ҳиҷрон завқи васле дораму бар хеш меболам, Дар оташ низ ин моҳӣ ҳамон бо об месозад. Дар ин маҳфил надорад бӯи роҳат чашм во кардан, Нигоҳи бедимоғон бештар бо хоб месозад. Надорад базми имкон чун заифӣ кимиёсозе, Ки аҷзои ғурури халқро одоб месозад. Тавозуъҳои золим макри сайёдӣ шумар, Бедил, Ки мили оҳаниро хам шудан қуллоб месозад. * * * Ҳадиси ишқ шавад нола тарҷумонашу ларзад, Чу шишадил, ки кашад теғ аз миёнашу ларзад. Қиёмат аст бар он булбуле, ки аз адаби гул Пари шикаста кашад сар зи ошёнашу ларзад. Ба ҳар нафас задан аз дил тапиданест парафшон, Чу нохудо гусилад рабти бодбонашу ларзад. Ба ваҳшатест дар ин арса барқтозии фурсат, Ки пайки ваҳм занад даст дар инонашу ларзад. Бахунтапидаи забти шикастарангии хешам, Чу муфлисе, ки шавад ганҷи зар аёнашу ларзад. Агар ба хома диҳам арзи дастгоҳи заифӣ, Зи нол ришта кашад мағзи устухонашу ларзад. Зи сӯзи синаи ман ҳар кӣ вокашад сари ҳарфе, Чу набзи табзада бар худ тапад забонашу ларзад. Ба арсае ки шавад парфишон наҳеби285 хадангат, Фалак чу шаст286 бибӯсад зеҳи камонашу ларзад. Хаёли чини ҷабинат ба баҳр агар биситезад, Ба тан зи мавҷ давад раъша287 ногаҳонашу ларзад. Гудохт заҳраи наззора дурбоши ҳаёят, Чу шабраве, ки кунад бими посбонашу ларзад. Шикастарангии ошиқ агар расад ба хаёлаш, Чу шохи гул барад андешаи хазонашу ларзад. Ғубори ҳастии Бедил зи шарми бекасии худ Ба хок низ кунад ёди остонашу ларзад. Ҳадиси кокулу зулфи ту Бедил ар бингорад, Чу ришта тоб хӯрад хома дар банонашу288 ларзад. * * * Ҳирс агар бар аташ289 ғулӯ дорад, Шарм обе дигар ба ҷӯ дорад. Гӯшаи домани қаноат гир, Хоки ин водӣ обрӯ дорад. Хор-хори хаёли пуч балост, Оҳ аз он дил, ки орзу дорад. Нест ин баҳр бе шинои ҳубоб, Сари бемағз ҳам каду дорад. Ранги гул бе ту бедимоғам кард, Хуни ин захми тоза бӯ дорад. Даст мебояд аз ҷаҳон шустан, Рафъи олоиш ин вузӯ дорад. Сози иқбол бе шикасте нест, Чинии эътибор мӯ дорад. Беривоҷи ҷаҳони унсурием, Ҷинси мо гарди чорсӯ дорад. Авҷи бунёди мо нигунсорист, Мӯйи сар сӯи хок рӯ дорад. Аз нафас ҳар чӣ руст, рафт ба бод, Решаи мо ҳамин нумӯ дорад. Бар кӣ нолад ниёзи мо, ё Раб, Додрас пур ба ноз хӯ дорад. Хок ногашта пок гаштан нест, Зоҳидон, об ҳам вузӯ дорад. Ҳар куҷоем, аз ин чаман дурем, Мовуман рангу бӯи ӯ дорад. Бедил, ин ҳарфу савт чизе нест, Хомушӣ маънии магӯ дорад. * * * Ҳирсат он нест, ки маргаш зи ҳавас водорад, Дар кафан низ ҳамон домани дунё дорад. З-ин чаман барги гуле нест, нагардонад ранг, Бохабар бош, ки имрӯзи ту фардо дорад. Ҳама аз ҷилва ба андози тағофул задаем, Он чи нодида тавон дид, тамошо дорад. Ҷода дар домани саҳрои маломат чокест, Ки сари бахя зи нақши қадами мо дорад. Дами теғи ту нашуд мунфаил аз куштани мо, Хуни ошиқ чӣ қадар оби гуворо дорад. Сояи гумшуда маҳви назари хуршед аст, Ҳар кӣ аз хеш равад, дар чаманат ҷо дорад. Лола дар домани ин дашт ба тӯфон задааст, Яъси Маҷнун чӣ қадар гарди сувайдо290 дорад. Мақсади нолаи дил аз мани мадҳуш мапурс, Шавқ маст аст, надонам, чӣ тақозо дорад? Мункири ваҳшати мо сӯхтаҷонон нашавӣ, Шуъла дар болу пари рехта анқо дорад. Мовуман нағмаи қонуни хаёл аст ин ҷо, Асари ҳастии мо қатра ба дарё дорад. Лафз гул кардаӣ, оинаи маънӣ баргир, Парӣ исмест, ки аз шиша мусаммо дорад. Раҳрав аз ранҷи сафар чора надорад, Бедил, Мавҷ доим зи ҳубоб обилаи по дорад. * * * Ҳусни бешарм аз ҳуҷуми булҳавас маҳшар шавад, Эмин аз гулчин набошад, боғ чун бедар шавад. Содалавҳиҳои дил умрест, сармашқи ғаност, Орзу, ё Раб, мабод, ин сафҳаро мистар шавад. Хоки арбоби назар сомони нури огаҳист, Сурма бояд кард, агар оина хокистар шавад. Шӯхии ҳарф аз забони шармсори мо махоҳ, Тоир аз парвоз мемонад, чу болаш тар шавад. Сафҳаи дилро ба доғе метавон оина кард, Лафз аз як нуқта соҳибмаънии дигар шавад. Осмон, мушкил, ба осонӣ диҳад парвози дил, Баҳр тӯфонҳо кунад, то қатрае гавҳар шавад. То тавонӣ, сар матоб аз ҷодаи таслими ишқ, Хок чун дар сояи хуршед хобад, зар шавад. Соявор аз бекасиҳо ҳилаҷӯи иззатам, Бар сарам гар хок ҳам дасте кашад, афсар шавад. Ҳасрати махмурии он чашми майгун бурдаам, Сарнавишти хоки ман, ё Раб, хати соғар шавад. Эй ҷунунтаъмир, аз ташвиши осудан баро, Ҷони сахтат чанд хишти ин куҳанманзар шавад? Орамидан ку? Гирифтам, соате чун гирдбод Дар сари хокат ҳавое печаду афсар шавад. Бедил, аз саргаштагонӣ, манзилат оворагист, Изтиробат чанд чун реги равон раҳбар шавад? * * * Ҳарифиҳои ишқ аз ҳар касу нокас намеояд, Шинои қулзуми оташ зи хору хас намеояд. Талоши ҳирси дунтинат надорад чора аз дунё, Ба ғайр аз рағбати мурдор аз ин каргас намеояд. Зи бас саъйи тақаддум291 бурдааст аз худ табоеъро, Ҷаҳон рафтаст пеш аз ҳам, касе аз пас намеояд. Ба бӯе қонеъам аз сайри рангомезии имкон, Иборатҳо ба кори табъи маънирас намеояд. Сулаймонӣ раҳо кун, мӯр ҳам карруфаре дорад, Ҳама гар кӯҳ бошад, бо садое бас намеояд.292 Ғурури саркашӣ афкандааст ин худпарастонро, Ба он пастӣ, ки пеши по ба чашми кас намеояд. Уруҷи нашъаи ҳиммат дар ин хумхонаҳо, Бедил, Бурунҷӯшест, аммо аз майи норас намеояд. * * * Хориҷи абнои ҷинс аст, он ки мавзун мешавад, Қатра чун гардад гуҳар, аз баҳр берун мешавад. Бо ҳама афсурдагӣ, гар роҳи фикре во кунем, Ҷайби мо хумхонаи ҷӯши Фалотун мешавад. Шабнаму гул ғайри расвоӣ чӣ дорад, з-ин чаман? Гиряи бедардие бо ханда мақрун293 мешавад. Хонадорӣ дигару саҳронавардӣ дигар аст, Тоби дилтангӣ надорад, он ки Маҷнун мешавад. Аз ҷунуни карруфар бар чарх мафрозед сар, Ин садои кӯҳ охир гарди ҳомун мешавад. Бо кафан созед пок олоиши нанги ҷасад, Ҷома чун шуд шухгин,294 муҳтоҷи собун мешавад. Саъд агар хонӣ, чӣ ҳосил тинати манҳусро?295 Ҳамчунон масх296 аст, агар бӯзина маймун мешавад. З-ин ғаноҳо ончи хоҳӣ, аз сафои дил талаб, Чун ба сайқал мерасад оина, Қорун мешавад. Бе такаллуф нест мавқуфи ду мисраъ вазъи байт, Чун ду дар марбути ҳам шуд, хона мавзун мешавад. Бар сарам гар соя афтад з-он ҳинои нақши по, Чун баҳор, аз сояи ман хок гулгун мешавад. Ҷаҳдҳо бояд, ки ҷоме з-ин чаман орӣ ба даст, Об то гул ҳар қадам ранге дигар хун мешавад. То каят қулқулнавоиҳои оҳанги шабоб? Эй ҷунунпаймои ғафлат, шиша ворун297 мешавад. Бедил, ашъори ман аз фаҳми касон пӯшида монд, Чун иборат нозук афтад, ранги мазмун мешавад. * * * Хирад ба ишқ кунад ҳиласози ҷангу гурезад, Чу ҳез теғи ҳариф оварад ба чангу гурезад. Ба нанги мард аз ин бештар гумон натавон бурд, Қиёмате, ки ба зеҳ бошадаш хадангу гурезад. Нигорхонаи имкон ба ваҳшатест, ки гардун Кашад зи рӯзу шабаш сурати палангу гурезад. Канори амн маҷӯед аз он муҳит, ки мавҷаш Зи ҷайби худ бадар орад сари наҳангу гурезад. Аз ин қаламрави ҳайрат чӣ мумкин аст раҳоӣ? Магар касе қадам иншо кунад зи рангу гурезад. Зи унс тарф набастам298 ба қайди олами сурат, Чу муъмине, ки дилаш гирад аз Фарангу гурезад. Дили рамидаи ошиқ баҳонаҷӯст ба ранге, Ки шиша гар шиканӣ, бишнавад тарангу гурезад. Сипандвор фитодаст умр наъл дар оташ, Баҳуш бош, мабодо, занад шалангу299 гурезад. Кадом сел ниҳодаст рӯ ба хонаи чашмам, Ки ашк обила бандад ба пойи лангу гурезад? Рамиданест зи шӯри замона рӯ ба қафоям, Чу кӯдаке, ки сагеро занад ба сангу гурезад. Махон ба мавҷи гуҳар қиссаи тааллуқи Бедил, Мабод, чун нафас аз дил шавад ба тангу гурезад. * * * Хушхиромон, доди табъи сустбунёдам диҳед, Хоки ман беш аз ғуборе нест, бар бодам диҳед. Дар фаромушхонаи ҳастӣ адам гум кардаам, Ёде аз кайфияти он улфатободам диҳед. Аз хаёлаш дар дилам аржангҳо хун мехӯрад, Як сари мӯ, кош сар дар килки Беҳзодам диҳед. Нағмаи дарде ба сад хуни ҷигар парвардаам, Гар димоғе ҳаст, гоҳе дил ба фарёдам диҳед. З-ин тиҳидастӣ, ки бар сомони фақр афзудаам, Сифри аъдоди камолам, мансаби содам диҳед. Хуни муштоқон набояд бетааммул рехтан, З-он мижа неши ҷигаркове ба фассодам300 диҳед. Фурсати саъйи фано завқи висоле дигар аст, Ҷонканӣ гар рухсате дорад, ба Фарҳодам диҳед. То нахандад аз ғуборам туҳмати озодагӣ, Баъди мурдан ҳам кафе хокам ба сайёдам диҳед. Нест чун оинаи дил пардаи номуси ҳусн, Шишамиқдоре ба ёди он паризодам диҳед. Пур фаромуш рафтаам дур аз тарабгоҳи вифоқ, Гар ба ёди кас расам, аз ҳоли ман ёдам диҳед. Сурмаам, пеши кӣ нолам? Шарми он чашмам гудохт, Хомушӣ ҳам бетазаллум нест, гар додам диҳед. Вогузоредам, чу Бедил, бо ҳамин яъсу алам, Ку димоғи зинда будан, то дили шодам диҳед? * * * Хаёли хушнигоҳон боз бо шӯхӣ саре дорад, Ба хуни ман қиёматнаргисистон маҳзаре дорад. Ману савдои хубон, зоҳиду андешаи ризвон, Дар ин ҳасратсаро ҳар кас саре дорад, саре301 дорад. Раво дорад чаро бар духтари раз нанги расвоӣ? Гар аз инсоф пурсӣ, муҳтасиб ҳам духтаре дорад. Ба ибрат ошно шав, аз ҷаҳони ранг берун о, Мижа накшудаӣ, ин хонаи ваҳшат даре дорад. Надорад гирдбоди ин биёбон нанги афсурдан, Ба ҳар бедаступоӣ чидани доман паре дорад. Дар ин баҳр аз ғаносомонии вазъи садаф магзар, Кафи дасти тамаъ бар ҳам ниҳодан гавҳаре дорад. Ба тӯфони хаёли пуч, тарсам, гум кунӣ худро, Ту танҳо меравӣ з-ин дашту гардат лашкаре дорад. Тараб муфти ту, гар бо тозарӯӣ кардаӣ савдо, Дар ин кишвар дукони гулфурӯшон шаккаре дорад. Камолат даъвии ахлоқу он гаҳ мункири риндон, Зи ҳақ магзар, сипеҳри одамият меҳваре дорад. Ба ваҳми ҷоҳ мағрури таайюн302 зистан то кай? Нигин гар шуҳрате дорад, ба номи дигаре дорад. Фузулӣ дар тилисми зиндагӣ натвон зи ҳад бурдан, Қафас охир ба машқи парфишонӣ мистаре дорад. Зи вазъи сояам умрест, ин овоз меояд, Ки роҳат гар ҳавас бошад, заифӣ бистаре дорад. Ту худро аз гирифторони дил фаҳмидаӣ, варна, Саросар хонаи оина беруни даре дорад. Набудам он қадар вомондаи ин анҷуман, Бедил, Парафшон аст шавқ, аммо тааммул лангаре дорад. * * * Дар эҳтиёҷ натвон бар сифла илтиҷо бурд, Дасти шикаста ҳайф аст, бояд ба пеши по бурд. Қосид ба пеши дилдор то номи муддао бурд, Мактуби мо арақ кард чандон, ки нақши мо бурд. Ранги баҳори раҳмат аз шарм об гардид, То ҳасрати иҷобат303 гул бар кафи дуо бурд. Дасти дар остинаш дил бурдане ниҳон дошт, Имрӯзаш аз кафи ноз он баҳларо ҳино бурд. Аз дайр агар рамидем, дар Каъба сар кашидем, Аз худ бурун нарафтан моро ҳазор ҷо бурд. Тадбири чарх хун шуд дар кори уқдаи дил, Ин дона аз дуруштӣ дандони осиё бурд. Фикри вуфури304 ҳар чиз афсуни бетаммизист, Алвони неъмат аст он, к-аз мунъим иштиҳо бурд. Иқболи аҳли ҳиммат бозихури ҳавас нест, Натвонад аз сари чарх ҳар макру фан ридо305 бурд. Ҳар ҷо зи по фитодем, доди фароғ додем, Паҳлӯи лоғар аз мо ташвиши бӯриё бурд. Шуд қомати ҷавонӣ дар пириям фаромӯш, Охир асои чӯбин аз дастам он асо бурд. Бояд зи хокам акнун хатти ғубор хондан, Умрест сарнавиштам пирӣ ба нақши по бурд. Ҷӯши арақ чу субҳам дар парда шабнамӣ дошт, То дам задам зи ҳастӣ, шарм аз нафас ҳаво бурд. Як вопасин нигоҳе мехост рафтани умр, Машшота қадрдон буд, оина бар қафо бурд. Бедил, гузашт халқе маҳмилбадӯши ҳасрат, Моро ҳам орзуе мебурд, то куҷо бурд. * * * Дар биёбоне, ки саъйи бехудӣ раҳбар шавад, Роҳи сад матлаб ба як лағзидани по сар шавад. Ҷузвҳо дар уқдаи худдорӣ аз кул ғофиланд, Нуқта аз забти инон гар бигзарад, дафтар шавад. Хушкӣ аз табъи ҷаҳон олудагӣ ҳам маҳв кард, Лофи чашми тар тавон зад, домане гар тар шавад. Гар ҳама гавҳар бувад, навмедӣ аст афсурдагӣ, Аз гаронборӣ мабодо киштиям лангар шавад! Фоли осудан надорад худгудозиҳои ман, Ҷумла парвоз аст он оташ, ки хокистар шавад. Уқдаи корат далели эътибори дигар аст, Шохи гул чун ғунча орад, риштаи гавҳар шавад. Бар шикасти ҳар зиён таъмири суде бастаанд, Фарбиҳӣ вақфи ғано, гар орзу лоғар шавад. Чора натвонад нуҳуфтан рози мо-хуниндилон, Захми гул аз бахяи шабнам намоёнтар шавад. |