Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Бар осмон расидем, рози дарун надидем, Ин ҳалқа шубҳа дорад, беруни дар набошад? Халқу ҳазор савдо, мову ҷунуну даште, К-он ҷо зи бекасиҳо хоке ба сар набошад. Чини кудурате ҳаст бар ҷабҳаи нигинҳо, Таҳсили номдорӣ бе дарди сар набошад. Имрӯз қадри ҳар кас миқдори молу ҷоҳ аст, Одам наметавон гуфт онро, ки хар набошад. Дар ёди домани ӯ моему дил тапидан, Мушти ғубори моро шуғли дигар набошад. Нақди ҳубоб то кай дар кисаи таваҳҳум? Оҳе ки мо надорем, гӯ, дар ҷигар набошад. Он беҳ, ки барқи ғайрат бунёди мо бисӯзад, Оинаему моро тоби назар набошад. Пайдост аз надомат узри заифии мо, Шабнам чӣ вонамояд, гар чашми тар набошад? Гардонда гир, Бедил, авроқи нусхаи ваҳм,324 Фурсат баҳори ранг аст, ранг он қадар набошад. * * * Рӯзи сияҳам соясифат ҷузви бадан шуд, Осуда шав, эй оина, зангор куҳан шуд. Шабнам ба чӣ уммед барад сарфаи эҷод? Чашме ки кушудам, арақи хиҷлати ман шуд. Нашкофтам охир раҳи таҳқиқи гиребон, Фурсат нафасе дошт, ки помоли сухан шуд. Тадбир илоҷи марази зотии кас нест, Аз шиша шудан санг ҳамон тавбашикан шуд. Ҳайрат написандид зи мо гарм нигоҳе, Бурдем дар он базм чароғе, ки лаган шуд. Танзеҳ зи огоҳии мо гашт кудурат, Ҷон буд, ки дар фикри худ афтоду бадан шуд. Ҷуз яъс зи лофи манумо пеш набурдем, Тори нафас азбаски ҷунун бофт, кафан шуд. Шаб дар хами андешаи гесӯи ту будам, Фикрам гираҳе хӯрд, ки як нофа Хутан шуд. Чун ашк ба ҳамворӣ аз ин дашт гузаштам, Лағзидани по роҳи маро муҳра задан325 шуд. Гарди раҳи ғурбат чӣ қадар саъйи вафо дошт, Хокам ба сар афшонд ба ҳадде, ки ватан шуд. Бедил, асаре бурдаӣ аз ёди хиромаш, Товус бурун о, ки хаёли ту чаман шуд. * * * З-он нашъа, ки қулқул ба лаби шиша давонад, Сад ранг сарири қаламам реша давонад. Чун шамъ агар сӯхт сару барги нигоҳам, Хокистари ман шуъла дар андеша давонад. Аз ишқу ҳавас чора надорам, чӣ тавон кард? Саъйи нафас аст, ин ки ба ҳар пеша давонад. Хору хаси авҳом гирифтаст ҷаҳонро, Ку барқ, ки як реша дар ин беша давонад. Дар сози вафо нохуни тадбири дигар нест, Фарҳод ҳамон бар сари худ теша давонад? Он ҷо ки хаёлат чаманорои ҳузур аст, Мижгон ба сад андози нигаҳ реша давонад. Дар базми ту шамъе ба гудоз омада, вақт аст, Ранге ба рухам ғайрати ҳампеша давонад. Маҳв аст ба хомӯшии мастони нигоҳат, Шӯре ки нафас дар нафаси шиша давонад. Бедил, гуҳари назм касерост, ки имрӯз Дар баҳри ғазал заврақи андеша давонад. * * * Зи баъди мо на ғазал, не қасида мемонад, Зи хомаҳо ду-се ашки чакида мемонад. Чаман ба хотири ваҳшатрамида мемонад, Бисоти ғунча ба домони чида мемонад. Саботи айш кӣ дорад, ки чун пари товус Ҷаҳон ба шӯхии ранги парида мемонад. Шарори собиту сайёра доми фурсати кист? Фалак ба коғази оташрасида мемонад. Куҷо барем ғубори ҷунун, ки саҳро ҳам Зи гирдбод ба домони чида мемонад. Зи ғучаи дили булбул суроғи пайкон гир, Ки шохи гул ба камони кашида мемонад. Ба ғайри айби худам з-ин чаман намонд ба ёд, Гуле ки медамад аз худ, ба дида мемонад. Қадаҳ ба базми ту, ё Раб, сари буридаи кист? Ки шиша ҳам ба гулӯи бурида мемонад. Ғурур оинаи хиҷлат аст пиронро, Камон зи саркашии худ хамида мемонад. Ҳуҷуми файз дар оғӯши нотавониҳост, Шикасти ранг ба субҳи дамида мемонад. Дар ин чаман ба чӣ ваҳшат шикастаӣ доман, Ки меравӣ туву ранги парида мемонад? Ба номи маҳз қаноат кун аз нишони адам, Даҳони ёр ба ҳарфи шунида мемонад. Зи сина гар нафасе бе ту мекашад Бедил, Ба дуди аз дили оташ кашида мемонад. * * * З-ин шишаи соат, ки маҳу сол баровард, Гарди адами фурсати мо бол баровард. Умре зи ҳаё заҳмати авҳом кашидем, Моро хами дӯши мижа ҳаммол баровард. З-ин вазъи парешон, ки арақрез намудем, Оинаи мо об зи ғирбол баровард. Чун обила дар хоки адабгоҳи муҳаббат Бояд сари бегардани помол баровард. Ҷуз хориқи326 маъкус мадон ришу фаши шайх, Одам харие кард, думу ёл баровард. Бар аҳли ҳаё хурда магиред, ки Мансур Бо гардани дигар сари иқбол баровард. Дар софии дил шубҳаи таҳқиқ ниҳон буд, Чун занг намонд, оина тимсол баровард. Суде ки ман андӯхтам аз ҳеҷматоъӣ, Кам нест, ки аз миннати даллол баровард. Оҳам зи рафиқони сафаркарда суроғест, Аз ҷайби ман ин қофила дунбол баровард. Товуси ман аз боғи ҳузури кӣ хабар ёфт, К-аз ранги ман оина пару бол баровард? Фарёд, ки рози таби ишқат нануҳуфтам, Чун шамъам аз ин доира табхол баровард. То кай ба рақам тоза кунам шикваи аҳбоб? Хушкӣ зи димоғи қаламам нол баровард. Бедил, алам аз маънии нозук натавон шуд, Мӯ чинии моро ҳама ҷо лол баровард. * * * Зи сахтҷонии ман умр танг мегузарад, Шарори ман ба пару боли санг мегузарад. Ҷаҳон зи обилапоёни дил ҷунун дорад, Зи гарди аҷз магӯ, фавҷи ланг мегузарад. Чӣ лағзиш аст рақамзои хомаи фурсат, Ки то шитоб нависӣ, диранг мегузарад. Дар он чаман, ки ба дастат нигор327 мебанданд, Ғубор агар гузарад, гулбачанг мегузарад. Матоз дар пайи зоҳид ба ваҳми ҳуру қусур,328 Ҳазар, ки қофиласолори банг мегузарад! Уқубат аст садаф то муҳит пеши гуҳар, Дили гирифта зи ҳар кӯча танг мегузарад. Куҷост амн, ки дар марғзори лайлу наҳор Ба ҳар тараф нигарӣ, як паланг мегузарад. Ғубори даҳр ғанимат шумар, ки оина ҳам Зи хеш мегузарад, гар зи занг мегузарад. Ситам ба хеш макун, ранги оҷизон машикан, Пари шикаста зи чандин хаданг мегузарад. Тааммули ту пули корвони ишрати туст, Мижа ба ҳам надиҳӣ, сели ранг мегузарад. Димоғи фақр сазовори лофи ҳавсала нест, Чу баҳр шуд тунук, об аз наҳанг мегузарад. Ҳазор марҳала он сӯи ранг дорад ишқ, Ҳанӯз қофилаҳо аз Фаранг мегузарад. Касе ба дарди дили кас намерасад, Бедил, Ҷаҳони хуфта чӣ миқдор данг мегузарад. * * * Зи ҳар мӯ домбардӯшам, гирифтор инчунин бояд, Зи хотирҳо фаромӯшам, сабукбор инчунин бояд. Ба сар хоки таманно, дар назарҳо гарди ҳайронӣ, Бинои аҷзи моро сақфу девор инчунин бояд. Зи оғӯши мижа сар барназад саъйи нигоҳи ман, Найистони адабро нолаи зор инчунон бояд. Ману дар хок ғалтидан, туву ҳолам напурсидан, На ошиқ инчунон зебад, на дилдор инчунин бояд. Нигаҳ хондам, мижа нам рехт, дил гуфтам, нафас хун шуд, Ба дарси яъси матлаб аҷзи такрор инчунин бояд. Зи по наншаст оташ, то нашуд хокистар аҷзояш, Ба саъйи нестӣ ҳам ғайрати кор инчунин бояд. Ба сози ғунча натвон баст оҳанги парешонӣ, Чӣ шуд булбул, ки гӯям, вазъи минқор инчунин бояд? Ҷунунҳо ханда резад бар сару барги шуури мо, Агар дил парда бардорад, ки ҳушёр инчунин бояд. Зи ҳамворӣ нагардад соя бори хотири гарде, Ба роҳи хоксорӣ тарзи рафтор инчунин бояд. Муҳаббат чеҳра накшуд аз ҳиҷоби ғафлати имкон, Ки соҳибдил кам аст ин ҷову бисёр инчунин бояд. Ҳаво ҳар ҷо барангезад ғубор аз хоки маҳҷурон, Ҳамин овоз меояд, ки ночор инчунин бояд. Нафас ҳар дам зи қасри умр хиште меканад, Бедил, Пайи таъмири ин вайрона меъмор инчунин бояд. * * * Зи дунё чӣ гирад, агар мард гирад? Магар домани ҳиммати фард гирад. Хиҷил меравам аз зиёнгоҳи ҳастӣ, Адам то чӣ аз ман раҳовард гирад? Арақ дорад оина аз шарми рангам, Бигӯ, то гулоб аз гули зард гирад. Абас латмафарсои мавту ҳаётам, Фалак то каям муҳраи нард гирад? Шаби қонеъон аз саҳар меҳаросад, Мабодо, саводи вафо гард гирад! Таносонӣ иқболи бахти сиёҳам, Ҳаё боядам сояпарвард гирад. Ба хокам фурӯ бурд имдоди гардун, Кам аз пост, дасте ки номард гирад. Зи бас яъс дар ҳам шикастаст рангам, Гар оина гирам, дилам дард гирад. Аз ин боғи ибрат наҷӯшид, Бедил, Димоғе, ки бӯйи дили сард гирад. * * * Зи нанги миннати роҳат ба маргам кор меафтад, Ҳама гар соя афтад бар сарам, девор меафтад. Димоғи нозуке дорам, ҷароҳатпарвари ишқам, Агар бар бӯйи гул по мениҳам, бар хор меафтад. Ҷунуни худфурӯшӣ баски дорад гармии дуккон, Зи ҳар ҷинс оташе дигар дар ин бозор меафтад. Матоъе ҷуз сабукрӯҳӣ надорад корвони ман, Ҳамин ранг аст, агар бар дӯши шамъам бор меафтад. Мизоҷи нотавонон эмин аст аз офати имкон, Агар бар санг афтад соя, беозор меафтад. Қазо рабте дигар додаст бо ҳам куфру имонро, Зи худ ҳам мерамад, гар субҳа безуннор меафтад. Нахустин саъйи рӯзӣ фикри рӯзихор мебошад, Нигоҳи дона пеш аз реша бар минқор меафтад. Нашояд нуктасанҷонро забон дар ком дуздидан, Наво дар сакта мирад, чун гиреҳ дар тор меафтад. Макун сӯйи фалак мижгон баланд, эй шамъи ноқиспай, Ки зери по саропои ту бо дастор меафтад. Зи як дам туҳмати эҷод расвои қиёмат шав, Ба дӯш ин бор чун бардоштӣ, душвор меафтад. Қафои рафтагон номурда бояд рафт дар гӯрам, Чӣ созам? Хоки ин раҳ бар сарам бисёр меафтад. Ду рӯзе бо ғаму ранҷи ҳаводис сабр кун, Бедил, Ҷаҳон охир чу ашк аз дидаат якбор меафтад. * * * Сози имкон аз шикаст овоз пайдо мекунад, Бол бар ҳам мехӯрад, парвоз пайдо мекунад Мениҳад пеш аз сухан кардан ба теғи инфиол, Чун қалам ҳар кас забони роз пайдо мекунад. Поси номуси ҳаё ҳам нест осон доштан, Чун ҷабин бар нам занад, ғаммоз пайдо мекунад. Нури ибрат нест дилро бе ғубори ҳодисот, Аз шикаст ин оина пардоз пайдо мекунад. Чун хати паргор бар анҷом месӯзад нафас, То касе сарриштаи оғоз пайдо мекунад. Ҳамчу шамъ афсонаи даъвӣ мусалсал кардаӣ,329 Ин забон охир даҳони гоз пайдо мекунад. То бувад мумкин, ҳадиси пунба бояд гӯш кард, Нағмаҳо ин маҳфили бесоз пайдо мекунад. Нафси кофарро мусулмон кун, камол ин асту бас, Сеҳр чун ботил шавад, эъҷоз пайдо мекунад. Ҳусн бе эҷоди ишқе нест дар иқлими ноз, Гул чу мавҷи ранг зад, гулбоз пайдо мекунад. Аҷз чун мавсули базми кибриё шуд, аҷз нест, Гар ниёз он ҷо расондӣ, ноз пайдо мекунад. Чун нигаҳ ҳарчанд ҳар мижгон задан гум мешавем, Ҳасрати дидор моро боз пайдо мекунад. По зи ҷӯши обила, Бедил, муқими доман аст, Ҳар кӣ сомон кард аҷз, эъзоз330 пайдо мекунад. * * * Сухан, зи машқи адаб, мавҷи гавҳараш гиред, Кам аст лағзиши хат, гар ба мистараш гиред. Ба бастани мижа хатм аст дарси илму амал, Ҳамин варақ ба ҳам ореду дафтараш гиред. Муҳити ишқ талоше дигар намехоҳад, Гиреҳ хуред ба таслиму гавҳараш гиред. Ҳамон ба ҷост худороии димоғи фузул, Чу шамъ гар ҳама бо ҳар гуле сараш гиред. Мизоҷи дун ба такаллуф ғанӣ намегардад, Сум аст, агар суми хар ҷумла дар зараш гиред. Ба вазъи ибрат агар мумтаҳан шавад тавфиқ, Зи худ баромадане ҳаст, минбараш гиред. Гувоҳи даъвии ишқ инфиоли ҷуръатҳост, Ҷабин агар арақиншост, маҳзараш331 гиред. Хаёли нестӣ осудагист пеш аз марг, Саре ки нест, даме зери ин параш гиред. Баҳор номаи ёрони рафта меорад, Гуле ки во кунад оғӯш, дар бараш гиред. Димоғи фурсат агар қадрдони сайри дил аст, Нигаҳ зи хона бурун меравад, дараш гиред. Даме ки фурсати мавҳуми мо расад ба ҳисоб, Шумори ҳар чӣ ақалл аст, аксараш гиред. Камоли Бедил агар хаймаи уруҷ занад, Зи хок як-ду варақ соя бартараш гиред. * * * Сели ғаме ки дод, ҷаҳони хароб дод, Хокам ба бод дод, ба ранге ки об дод. Роҳат дар ин бисоти ҷунунхез мушкил аст, Махмал агар шавӣ, натавон тан ба хоб дод. Ё Раб, чӣ машрабам, ки дар ин шуълаанҷуман Гардун маям ба соғари ашки кабоб дод? Ин аст агар шумори табу тоби зиндагӣ, Имрӯз метавон ба қиёмат ҳисоб дод. Бар мавҷи офате, чу умеди канор нест, Тадбири роҳат ин қадарам изтироб дод?! Сустӣ чӣ мумкин аст равад аз бинои умр? Натвон ба ҳеҷ печухам ин ришта тоб дод. Вақти тараҳҳум аст кунун, эй насими субҳ, К-он шӯх ихтиёр ба дасти ниқоб дод. Сад навбаҳор хун шуду як ғунча ранг баст, То бӯса рахши нози туро бар рикоб дод. Ё Раб, чӣ сеҳр кард хати анбарини ёр, К-аз ҷӯйи шаб ба мазраи хуршед об дод? То май ба лаъли ӯ расад, аз хеш рафтааст, Шабнам наметавон ба кафи офтоб дод. Анҷоми кори бодакашон ҷуз хумор нест, Хамёзаҳои ҷоми маям ин шароб дод. Бедил, суоли чашми бутонро тараф машав, Яъне, ки сурма ношуда бояд ҷавоб дод. * * * Шудам хоку нагуфтам, ошиқам, кор инчунин бояд, Зи ҷайбам сурма рӯёнед, асрор инчунин бояд. Лаб аз хамёзаи теғи ту захми мо набаст охир, Ба роҳи субҳи раҳмат чашми бедор инчунин бояд. Ба торе гар занӣ нохун, садо бетоб мегардад, Ҳамоғӯши бисоти якдилӣ ёр инчунин бояд. Ба нахли ростӣ чун шамъ мебояд самар гаштан, Ки Мансур ончунон мезебаду дор инчунин бояд. Раги санги санам кун риштаи сози муҳаббатро, Бараҳман гар тавон гардид, зуннор инчунин бояд. Ҳама гар аҷзнолиҳост, бӯе дорад аз ҷуръат, Нафас дар сина хун кун, ошиқи зор инчунин бояд. Мижа гоҳе канору гоҳ оғӯш аст чашмашро, Агар улфатпарастӣ, поси бемор инчунин бояд. Ба мурдан ҳам нагардад хоҷа аз ҳасраткашӣ фориғ, Гар аз инсоф мепурсӣ, хару бор инчунин бояд. Зи ҳоли зоҳид огаҳ нестам, лек ин қадар донам, Ки дар арзи бузургӣ ришу дастор инчунин бояд. Тамошо муфти шавқ аст, аз фузуландешагӣ бигзар, Ки ранги гул чунон ё шӯхии хор инчунин бояд. Ғубори худ ба тӯфон додаму арзи вафо кардам, Паёми ишқро тамҳиди332 изҳор инчунин бояд. Ба нури офтоб аз соя натвон ёфт осоре, Ҳавас мафрӯш, Бедил, маҳви дидор инчунин бояд. * * * Шамъи базмат чӣ қадам бардорад? Пойи мо обилаи сар дорад. Гули ин боғ гиребончок аст, Ханда аз захм кӣ бовар дорад? Дари таклифи табассум макушо, Даҳани танги ту шаккар дорад. Хок сомони ғубораш кам нест, Нестӣ низ каруфар дорад. Оламе чашм зи мо равшан кард, Ранги мо хосияти зар дорад. Кас чӣ хонад рақами пешонӣ? Сафҳаи мо хати мистар дорад. Сари ҳар фикр гиребонхоҳ аст, Мавҷ ҳам тукмаи гавҳар дорад. Бе харидор чӣ арзад гавҳар? Дил ҳамон аст, ки дилбар дорад. То фусурдӣ, зи назарҳо рафтӣ, Ранг парвози таҳи пар дорад. Лаб ба ҳам ору ҳаловатҳо кун, Хомушӣ қанди мукаррар дорад. Ба нафас қатъи ду олам кардем, Дами ин теғ чӣ ҷавҳар дорад. Саргарон мегузарад наргиси ёр, Музди чашме, ки мижа бардорад. То димоғ аст, ҳавас болкушост, Сари ҳар бом кабутар дорад. Бедил, ин сурату шакл он ҳама нест, Одамӣ маънии дигар дорад. * * * Шӯхӣ баҳори табъи чаманзод мешавад, Чандон ки сарв қад кашад, озод мешавад. Вазъи ҷаҳон сафири333 гирифтории ҳам аст, Мурғи ба дом сохта сайёд мешавад. Гардест ҷаста мовуман аз пардаи адам, Охир хамӯшӣ ин ҳама фарёд мешавад. То чанд дил ба ҳам нагудозад фусуни ишқ? Сандон ҳам об аз дами ҳаддод мешавад. Файзи сафо зи суҳбати покон талаб кунед, Оҳан зи сим байзаи фӯлод мешавад. Шаб шуд, бинои шамъ муҳайёи оташ аст, Парвона ку, ки хонааш обод мешавад? То ибрате ба фаҳм расонӣ, ба аҷз кӯш, Ранги шикаста силии334 устод мешавад. Наққоши як ҷаҳон ҳавасам кард лоғарӣ, Мӯи заиф хомаи Беҳзод мешавад. Ҷоми тағофулаш чӣ қадар даври ноз дошт, Дод аз фаромушӣ, ки маро ёд мешавад! З-ин оташе, ки ишқ ба ҷонам фикандааст, Гар об бигзарад зи сарам, бод мешавад. Ваҳдат зи худфурӯшии таъдод касрат аст, Як бар яке дигар зада, ҳафтод мешавад. Бедил, маонии ту чӣ иқбол доштаст? Чашми ҳасуд байти туро сод335 мешавад. * * * Сабре, ки субҳи ин боғ аз мо ҷудо нахандад, Гул мерасад, ду дам бош, то бар қафо нахандад. Ҷамъияти дил ин ҷост мавқуфи бастани лаб, Ин ғунчаро даме чанд бигзор, то нахандад. То фикри куфру дин аст, чандин шаку яқин аст, Гар таври дониш ин аст, Маҷнун чаро нахандад? Мотамсарост дунё, то чанд шодӣ ин ҷо? |