Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Ин ҷо ба табъи шиша хазидаст санг ҳам. Бе улфати либос зи урёнтанӣ чӣ бок? Ҷинси дукони фахрпарастист нанг ҳам. Бедил, мабод мункири ҷоми тиҳӣ шавӣ, Дорад ҳузури қулқули мино таранг417 ҳам. * * * Бар хамӯшӣ задаам, фикри хурӯше дорам, То тавон нола дурудан,418 нафасе мекорам. Имтиҳон гар сари тӯмори яқин бикшояд, Решаи донаи тасбеҳ дамад зуннорам. Маркази ҳиммати ман хонаи хуршеди ғаност, Пастии соя нагирад камари деворам. Шамъ дар хилвати хомӯшии ман сарфа набурд, Бенафас кард забонро адаби асрорам. Хизри ҷаҳдам нашавад қофилаи сайри баҳор, Боли товусаму сад маҳмили рангин дорам. Ҳар куҷо теғи ту бунёд кунад гул чидан, Рақс гирад чу сари шамъ зи сар дасторам. Ишқ таъмири биноям ба чӣ офат ки накард, Селпарвардаи тардастии ин меъморам. Чун шарар фурсати ҳастӣ нигаҳе беш набуд, Сӯхт ин нусхаи ибрат нафаси такрорам. Нақши по чашме агар боз кунад, дидан ку? Натавон кард ба афсуни нигаҳ бедорам. З-ин надоматкада чун мавҷи гуҳар мехоҳам Он қадар судани дасте, ки кунад ҳамворам. Раги гул ҷавҳари оинаи шабнам нашавад, Беҳ, ки ман доман аз ин боғ ба чин афшорам.420 Олам аз ҷавҳари беқадрии ман ғофил нест, Бедил, аз гарди касод оинаи бозорам. * * * Баъд аз ин аз суҳбати ин девмардум рам кунам, Ғӯл чанде дар биёбон парварам, одам кунам? Дар мизоҷи бадрагон ҷуз фуҳш кам дорад асар, Захми сагро бе луоби саг чӣ сон марҳам кунам? Оламе ранҷи таваққуъҳои беҷо мекашад, Кӯси шуҳратинтизорон бишканам ё нам кунам? Чун хабис афтод табъ, аз таъни хубсаш нанг нест, Хукро ҳалво кашам дар пеш, то мулзам кунам. Бо фасоди ҷавҳари зотӣ чӣ пардозад салоҳ? Одамият ку, агар аз хирс мӯе кам кунам? Ҳарзакориҳо дар ин дилмурдагон аз ҳад гузашт, Баъд аз ин он беҳ, ки гар коре кунам, мотам кунам. Хеҷам, аммо дар тилисми қудрати найранги даҳр Чун адам коре ки натвон кард, агар хоҳам, кунам. Санъате дорад хаёли ман, ки дар як дам задан Оламеро зарра созам, зарраро олам кунам. Ҳукми тақдире дигар дар пардаи килки ман аст, Ҳар лаимеро ки хоҳам, бе карам Ҳотам кунам. Нанги ҳиммат гар набошад пучбофиҳои ваҳм, Бар саморуқе421 нависам ҷоҳу чатри Ҷам кунам. То хиҷолат бишканад боди бурути саркашӣ, Мӯи чинӣ бар аламҳои шаҳон парчам кунам. Аз сафо оинадори як ҷаҳон дил мешавад, Сангу хиштеро ки ман бо нақши худ маҳрам кунам. Баски дар сози каломам файзи огоҳист ом, Маҳрами инсоф гардад, гар касеро зам422 кунам. Ибратэҷод аст, Бедил, тангии оғӯши шарм, Бе гиребон нестам, ҳарчанд мижгон хам кунам. * * * Барги худдорӣ маҷӯед аз дили девонаам, Решаҳо дорад чу ашк аз беқарорӣ донаам. Қомати хамгашта беш аз ҳалқаи занҷир нест, Ғайри ҷинси нола натвон ёфтан дар хонаам. Хоки домангир дорад сарзамини бехудӣ, Сел бе ташвиши доме нест дар вайронаам. Дил зи дасти шӯхии вазъи нафас хун мехӯрад, Шамъ дорад ларза аз боди пари парвонаам. Илтифоти зиндагӣ ташвиши асбоб асту бас, Он қадар к-аз хеш дурам, аз ҳавас бегонаам. Дастгоҳи орият хиҷлаткамини кас мабод, Сад шабехун рехт нури шамъ бар кошонаам. Дӯстонро баски афсуни тағофул танг дошт, Гӯшҳо дар чашм хобонданд аз афсонаам. Мазраи офоқ офатхирмани нашвунумост, Ҳамчу мӯр, аз реша, тарсам, пар барорад донаам. Баски дар ҳам мезанад беҷавҳарӣ аҷзои ман, Чун дами шамшери мижгон сар ба сар дандонаам. То шавад равшантар асбобе, ки бояд сухтан, Эҳтиёҷи шамъ дорад хонаи парвонаам. Захмии эҷодам, аз тадбири ман осуда бош, Дар шикастан гашт гум чун мӯи чинӣ шонаам. Бедил, аз кайфияти шавқи гирифторӣ мапурс, Нолаи занҷир ҳар ҷо гул кунад, девонаам. * * * Ба гулшан нолае чанд армуғони булбулон бурдам, Вафо ҳамдардие мехост, назри дӯстон бурдам. Бинозад олами иқболи иззат бар суҷуди ман, Фалак кардам ғубореро, ки то он остон бурдам. Чӣ имкон зарраро бе ҷилваи хуршед пайдоӣ? Туро дидам, ки ман ҳам андаке бар худ гумон бурдам. Кафи дасти дуо шуд чун ҳилолам чини пешонӣ, Иҷобатҳо зи файзи саҷдаат бар осмон бурдам. Дар аъзоям табассум то қиёмат лаб намебандад, Ба иқболи нигин номи ту, гӯӣ, бар забон бурдам. Надонистам, ба кӯяш ҷуз адаб чизе намеарзад, Дил он ҷо туҳфа бурдам, лек пур беимтиҳон бурдам. Ба хок афкандам аз саъйи нафас бунёди ҳастиро, Ба дӯши ваҳшати ҳар тир зӯре з-ин камон бурдам. Зи бас қатъи ҳавасҳо дар камини ғайратам дорад, Ҳама гар ранги гул гардид, теғе бар фасон бурдам. Надорад субҳ осон чашм бар хуршед во кардан, Нафасҳо сӯхтам, то з-ин танӯри сард нон бурдам. Зи хони офариниш бурд ҳар кас қисмате, аммо Ҳамин ман пеши ёрон бенасибӣ аз миён бурдам. Ба ин ғафлат намебошад фиреби зиндагӣ хӯрдан, Мани беҳис нафас пиндоштам, бори гарон бурдам. Надидам дар қимори зиндагӣ ҷуз бохтан, Бедил, Аз ин бозича боре дови муфте буд, ҷон бурдам. * * * Пеш о, ки бихонӣ рақами синаи решам, Ман номаи афтода ба хок аз кафи хешам. Дар паллаи ҳамсангии ман зарра гарон аст, Худро кам агар нашмарам, охир зи кӣ бешам? Ворастагиям нашъаи кайфияти унсест, Чун маънии бегона ба табъи ҳама хешам. Таслимсириштон ғами офот надоранд, Дар хонаи занбӯр асалпарвари нешам. Сад тӯли амал пашми хаёл аст дар ин ҷо, Зоҳид, нашавӣ ғарра, ки ман соҳиби ришам. Барҳам задани силсилаи риш муҳол аст, Умрест, ки ҳамсуҳбати хирсу бузу мешам. Ҷои ҳама холист ба чашми мани ҳайрон, Аз неку бадам нест хабар, оинакешам. Ин қофила гарди асари ғайр надорад, Гар як қадам аз худ гузарам, аз ҳама пешам. Бедил, агарам айби касе дар назар омад, Инсоф арақ гашту кашид оина пешам. * * * Ҷуғди вайронаи хаёли худем, Парфишон, лек зери боли худем. Шамъи бахти сияҳ чӣ афрӯзад? Оташи мурдаи зуголи худем. Ранг ку, то адам бигардонад, Оламе рафту мо ба ҳоли худем. Ғами авҷу ҳазизи ҷоҳ кирост? Ишрати фақри безаволи худем. Ку қиёмат, чӣ маҳшар, эй ғофил, Фурсатандеши моҳу соли худем. Даври моро на субҳаест, на ҷом, Гардиши ранги инфиоли худем. Бода дар ҷому нашъа махмурӣ, Ҳаҷрпарвардаи висоли худем. Баҳр дар ҷайбу хок лесидан, Чӣ қадар ташнаи зулоли худем. Ғайри мо кист, ҳарфи мо шунавад? Гуфтугӯи забони лоли худем. Дурӣ аз худ қиёмат аст ин ҷо, Бе ту заҳматкаши хаёли худем. Шамъу осудагӣ, чӣ имкон аст? То саре ҳаст, поймоли худем. Аз кӣ хоҳем доди нокомӣ? Бедили бекасимаоли худем. * * * Ҷавлони ҷунун охир бар аҷзи расо бастам, Чун реги равон имрӯз бар обила по бастам. Ҳар кас зи гули ин боғ оини дигар мебаст, Ман даст ба ҳам судам, ранге зи ҳино бастам. Бо кулфати дил бояд то марг ба сар бурдан, Дар роҳи нафас, ё Раб, оина чаро бастам? Дар кеши ҳаё нанг аст аз ғайр мадад ҷустан, Бархостам аз ғайрат, гар каф ба асо бастам. Ин анҷуман аз шӯхӣ сад ранг иборат дошт, Чашм аз ҳама пӯшидам, мазмуни ҳаё бастам. Шабнам ба саҳар пайваст, аз хиҷлати пастӣ раст, Он дил ки ҳавоӣ буд, бозаш ба ҳаво бастам. Бахти сияҳе дорам, к-аз сояи иқболаш Ҳар чиз сиёҳӣ кард, бар боли ҳумо бастам. Чун субҳа зи зуннорам имкони раҳоӣ нест, Ё Раб, мани саргардон худро ба куҷо бастам? Ҳангомаи ваҳме чанд аз содагиям гул кард, Тимсол ба ёд омад, туҳмат ба сафо бастам. Мақсуд зи асбобам бардоштани дил буд, Азбаски гаронӣ дошт, бар дасти дуо бастам. Бар дил чу гуҳар хондам афсонаи озодӣ, Ин уқда ба сад афсун аз ришта ҷудо бастам. Бедил, чӣ қадар сеҳр аст, к-аз ҳастии беҳосил Бар хок нафас чидам, бар сурма садо бастам. * * * Чашмаш афканд тарҳи бедодам, Сурма ку, то расад ба фарёдам? Сарви туҳматқафас чӣ чора кунад, По ба гил кардаанд озодам. Шабнами инфиолхосиятам, Ҳама об аст хоки бунёдам. Аз фусуни нафас магӯю мапурс, Хок ногашта мебарад бодам. Дарди ишқ имтиҳони роҳат дошт, Ҳамчу оташ ба бистар афтодам. Дилаш озодиям намехоҳад, Қафас аст орзуи сайёдам. Ӯ дилам дод, то ба худ нигарам, Ман ҳам оина дар кафаш додам. Холиям аз худу пур аз ёдаш, Шишаи маҷлиси паризодам. Бедимоғона нашканад, чӣ кунад? Шиша мехост, дил фиристодам. Нафасе ҳаст, ҷонканӣ муфт аст, Теша дорам ҳанӯз, Фарҳодам. Назму насре ки мекунам таҳрир, Беҳ ки дар зиндагӣ кунад шодам, В-арна, ҳайф аст нақшам аз паси марг Гул занад бар мазори Беҳзодам. Ин замон ҳар чӣ дорам, аз ман нест, Доштам, ончи рафт аз ёдам. Нестӣ ҳам ба доди ман нарасид, Марг мурд, он замон ки ман зодам. Яъси ман имтиҳон намехоҳад, Бедилам, ибрати худододам. * * * Чун хома аз заифӣ афлокдастгоҳам, Сад ранг лафзу маънӣ болида дар паноҳам. Ҳарчанд чун ҳубобам бе дастгоҳи қудрат, Тасхири олами об таркест аз кулоҳам. Иқболи бенавоӣ чандин футӯҳ дорад, Дасти тиҳӣ калидест дар панҷаи сиёҳам. Ғофил мабош чун шамъ аз нотавонии ман, Сад анҷуман зи худ рафт бар дӯши ашку оҳам. Дар боргоҳи ҳиммат саргармие надорад Ҳангомаи гадоӣ, яъне димоғи шоҳам. Эй ҷуръати фузулӣ, то кай сари тамошо? Чун дил зи чашми ҳайрон чоҳест пеши роҳам. Оинаро зи ҷавҳар тамҳиди дурбошест, Охир ғубори он хат шуд раҳзани нигоҳам. Дар саркашӣ дутоям, дар нола бенавоям, Бо ҳар чӣ барнаёям, аҷз аст узрхоҳам. Тасвири интизорам, аз роҳатам мапурсед, Дар хоби бехудӣ ҳам чашмам нашуд фароҳам. Чун сояам саропо тимсоли тирарӯзӣ, Дигар чӣ вонамояд оинаи сиёҳам? Бояд чу мавҷи гавҳар осуда хок гаштан, Аз офият мапурсед, дар манзил аст роҳам. Эй орзу, машӯрон беҳуда ашки моро, Миношикастае чанд осудаанд бо ҳам. Бедил, суроғи рангам аз гарди оҳ дарёб, Дар гирдбод маҳв аст парвози барги коҳам. * * * Чу шабнам, то ниқоби эътибори хеш шақ кардам,423 Зи шарми зиндагӣ гуфтам, кафан пӯшам, арақ кардам. Кафи по мешудам, эй кош, аз беэътибориҳо, Ҷабин гардидаму сад ранг хиҷлат дар табақ кардам. Чу субҳам як тааммул дарси ҷамъият нашуд ҳосил, Ба сатре, к-аз нафас хондам, зи худ рафтан сабақ кардам. Ба ҳайрат санъати оинаро бурдам ба кор охир, Парешон буд аҷзои тамошо, як варақ кардам. Мапурсед аз қаноатмашрабиҳои ҳубоби ман, Ба соғар обрӯе доштам, садди рамақ424 кардам. Ба ҳар ҷо фикри мастӣ нест, махмурӣ намебошад, Ҳавасҳои ғано буд ин, ки худро мустаҳақ425 кардам. Шабе омад ба ёдам гармии андози оғӯше, Чунон аз худ бурун рафтам, ки пиндорам, арақ кардам. Забони истилоҳи рамзи тавҳидам кӣ мефаҳмад? Ки ман ҳар гоҳ гаштам ғофил аз худ, ёди Ҳақ кардам. Нафас аз диққати фикрам ҳуҷуми шуъла шуд, Бедил, Нишастам он қадар дар хун, ки субҳеро шафақ кардам. * * * Чун оина чандон ба бараш танг гирифтам, К-аз хеш бурун омадаму ранг гирифтам. Номе ки надорам, ҳаваси нақши нигин дошт, Домони хаёле ба таҳи санг гирифтам. Аҷзи талабам гашт инонтоби нигоҳаш, Зеҳ426 бар рами оҳу зи таки ланг гирифтам. Чун ғунча, шабам лахти диле дар назар омад, Домони ту пиндоштаму танг гирифтам. Халқе дари номус заду доғи ҷунун бурд, Ман низ, гирифтам, ки раҳи нанг гирифтам. Хиҷлаткаши худсозиям аз худшиканиҳо, Накшуда дари сулҳ раҳи ҷанг гирифтам. Гар чарх насанҷид ба мизони виқорам, Ман низ ба ҳиммат ками ин санг гирифтам. Дар тарки тааллуқ чӣ қадар нозу ғано буд, Бар ҳар чӣ ҳавас пой зад, авранг427 гирифтам. То гарм кунам бистари амне, ки надорам, Чун субҳ, нафас зери пари ранг гирифтам. Бедил, нафас охир варақи оина гардонд, Силӣ ба таҳайюр задаму ранг гирифтам. * * * Чун тапиш дар дил нафас дуздидаам, Мавҷам, аммо дар гуҳар лағзидаам. Мастиям аз машраби миногарист, Ҳар қадар болидаам, коҳидаам. Рафтани рангам ба он кӯ мебарад, Аз кӣ роҳи хонаат пурсидаам? Ҳайратам оинаи таҳқиқ нест, Ин қадар донам, ки чизе дидаам. Фитрати шамъ аз гудозам равшан аст, Сӯхтанро обрӯ фаҳмидаам. Олами ранг аст сар то пойи ман, Дар хиёлат гирди худ гардидаам. Чун саҳар аз ваҳшатам ғофил мабош, То гиребон доман аз худ чидаам. Кисвати ҳастӣ чӣ дорад ҷуз нафас? Аз ҳамин тор ин қадар болидаам. Ранг то боқист, озодӣ куҷост? Баҳри худ чун гулқафас хандидаам. Умрҳо шуд, аз хами девори аҷз Соя пайдо кардаам, хобидаам. Шарми ҳастӣ аз худ огоҳам нахост, То шудам урён, мижа пӯшидаам. Бедил, афсуни карӣ ҳам оламест, Гӯшам, аммо ҳарфи кас нашнидаам. * * * Чизе аз худ ҳар қадам зери қадам гум мекунам, Рафта-рафта, ҳар чӣ дорам, чун қалам гум мекунам. Бенасиби маъниям, к-аз лафз меҷӯям мурод, Дил агар пайдо шавад, дайру ҳарам гум мекунам. Эй ҳавас, дуди таайюн428 бар димоғи ман мапеч, Зери ин парчам чу шамъ охир алам гум мекунам. Ташнакоми ҳирс мемирад қаноат то абад, Як арақ гар аз ҷабини шарм нам гум мекунам. Даъвии Хизри тариқат буданам овора кард, Андаке гар гум шавам, ин роҳ кам гум мекунам. То ғубори водии Маҷнун ба ёдам намерасад, Осмон бар сар, замин зери қадам гум мекунам. Рангу бӯ чизе надорад ғайри аҷзои баҳор, Ҳар чӣ аз худ гум кунам, бо ӯ ба ҳам гум мекунам. Дил намемонад ба дастам, тоқати дидор ку? То ту меоӣ ба пеш, оина ҳам гум мекунам. Олами сурат бурун аз пардаи танзеҳ429 нест, Дар самад дорам тамошо, гар санам гум мекунам. Қосиди мулки фаромӯшӣ касе чун ман мабод, Номае дорам, ки ҳар ҷо мебарам, гум мекунам. Дам мазан аз ҷустуҷӯйи шавқи бепарвои ман, Ҳар чӣ меёбам зи ҳастӣ то адам, гум мекунам. Бар рафиқон, Бедил, аз мақсад чӣ сон орам хабар? Ман ки худро низ, то он ҷо расам, гум мекунам. * * * Чӣ миқдор хун дар адам хӯрда бошам, Ки бар хокам оию ман мурда бошам. Шарорам чу шамъи ҳавас барфурӯзад, Ба сангам раҳо кун, ки афсурда бошам. Зи майдони офот гӯи саломат Агар бурдаам, сар фурӯ бурда бошам. Дар ин куҳнамаъбад зи бетобии дил Кӣ дам зад, ки ман субҳ нашмурда бошам? Зи дандони бо хуни дил хӯгирифта Агар лаб газам, норе афшурда бошам. Наям қосид, аммо ба ин тарзабонӣ Паёми лабе бо худ оварда бошам. Чу шамъ аз сари хони эҳсони гардун Ба ғайр аз сари худ қасам хӯрда бошам. Бифармо ба меҳмон, сарои суҷудат Ҷабинам адимест,430 густурда бошам. Нишоти ду олам рамидаст аз ман. Диле доштам, шояд, озурда бошам, Чӣ гӯям мани Бедил аз шарми фурсат? Ки то номи ҳастӣ барам, мурда бошам. * * * Ҳарфам ҳама аз мағз аст, в-аз пӯст намегӯям, Онро ки ба ҷуз ман нест, ман «ӯст» намегӯям. Асрори камоҳиро431 таъвил намебошад, Сарро сару поро по, зонуст намегӯям. Зарф аст ба ҳар сурат оинаи истеъдод, Дар кӯза агар об аст, дар ҷӯст намегӯям. Маъниназарон дуранд аз ваҳми ғалатфаҳмӣ, Норинҷи зақан себ аст, лимӯст намегӯям. Айбу ҳунари ин базм ифшогари асрор аст, Ҳарчанд гули чашм аст, бебӯст намегӯям. Ман ҳам ба дари инсоф аз феъли худ огоҳам, Гӯ, ғайр бадам гӯяд, бадгӯст намегӯям. Гар сафҳаи офоқ аст ё оинаи афлок, То пушту рухе дорад, якрӯст намегӯям. Ҷоҳу ҳашами дунё нанг аст зи сар то по, Чинӣ чу сари фағфур бемӯст намегӯям. Лабрези фано бояд, то дил ҳамаро шояд, Ногашта тиҳӣ аз худ, мамлӯст намегӯям. Гар шубҳаи таҳқиқам з-ин дашт сиёҳӣ кард, Лайлӣ ба назар дорам, оҳуст намегӯям. Оини муҳаббат нест савдои дуӣ пухтан, Ман Бедили худро ҳам ҷуз дӯст намегӯям. * * * Халқро нисбати бегонагие ҳаст ба ҳам, Ки ба сад иқди вафо, дил натавон баст ба ҳам. Завқи роҳат чӣ қадар душмани огоҳии мост! Хоб гардид нигаҳ, то мижа пайваст ба ҳам. Даъвии фақр зи паҳлӯйи ғано пеш мабар, Афсару обилаи по надиҳад даст ба ҳам. |