Главная страница

Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи


Скачать 0.85 Mb.
НазваниеАхтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
АнкорШпаргалка
Дата15.09.2021
Размер0.85 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлаАхтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил.docx
ТипДокументы
#232339
страница28 из 35
1   ...   24   25   26   27   28   29   30   31   ...   35

Офатомода бувад қисмати арбоби вусул,432

Моҳиёнро нарасад туъма пайи шаст ба ҳам.

Даҳр то чанд ба ислоҳи табоеъ кӯшад?

Базм як шиша маю ин ҳама бадмаст ба ҳам.

Он сипандам, ки ба як шуъла парафшонии шавқ

Нағмаву созам аз ин базм бурун ҷаст ба ҳам.

Ваҳшатифурсатам, аз фикри суроғам бигузар,

Ба ғуборам нарасӣ, то назанӣ даст ба ҳам.

Ҷигар аз кулфати навмедии ашкам хун шуд,

Ки бурид аз мижаву боз напайваст ба ҳам.

Синасофон, нафасе чанд ғанимат шумаред,

Чарх кам дид ду оина, ки нашкаст ба ҳам.

Обрӯ металабӣ, тарки тамаъ кун, Бедил,

Ин ду тимсол ба ҳеҷ оина наншаст ба ҳам.
* * *

Дар ҷигар сад ранг тӯфон кардаем,

То сиришке назри433 мижгон кардаем.

Ҳайрат аз товуси мо пар мезанад,

Ваҳшатеро наргисистон кардаем.

Ахгари мо пардаи хокистарест,

Байзаи қумрӣ намоён кардаем.

То нафас бар худ тапид, оина нест,

Чун ҳубоб ин ҷилва сомон кардаем.

Шабнами мо ҷайби хиҷлат медарад,

Як арақ оина урён кардаем.

Нола ҳасратхонаи дидори ӯст,

Дар нафас оина пинҳон кардаем.

Ишқ аз маҳрумии мо доғ шуд,

Бе ҷунун сайри биёбон кардаем.

Даст бар ҳам судане дорему бас,

Хидмати табъи пушаймон кардаем.

Мову шамъи кушта натвон фарқ кард,

Ин қадар сар дар гиребон кардаем.

Мотами фурсат зи ҳайрат равшан аст,

Ҷои мӯ мижгон парешон кардаем.

Эй тавоноӣ, ба зӯри худ маноз,

Мо заифон ончи натвон, кардаем.

Аз ҳуҷуми ашки мо, Бедил, мапурс,

Ёр меояд, чароғон кардаем.

* * *

Дар ҷайби ғунча бӯйи баҳорест, ранг ҳам,

Бе файз нест гӯшаи дилҳои танг ҳам,

Сози тавофи дил на ҳамин434 ҷавҳари сафост,

Дорад ҳавои хонаи оина занг ҳам.

Бегонагӣ зи таври ғизолон чӣ мумкин аст,

Моро ки чашмакест зи доғи паланг ҳам?

Аздод сози анҷумани як ҳақиқатанд,

Мино зи маъданест, ки он ҷост санг ҳам.

Дар гулшане, ки арзи хироми ту додаанд,

Маҳмил ба дӯши бӯйи гул аст обу ранг ҳам.

Халқе ба ёди чашми ту зуннор бастааст,

Куфре ба ин камол надорад Фаранг ҳам.

Ташвиши болу пар макаш, эй толиби фано,

Ин роҳ қатъ мешавад аз пойи ланг ҳам.

То обёри мазраи ҷамъиятат кунанд,

Оташ фикан ба хирмани номусу нанг ҳам.

Фардост, рабти улфати мо бод бурдааст,

Муфти вифоқ435 гир дар ин арса ҷанг ҳам.

Сад ранг ҷонканист дар ин кӯча номро,

Осон намерасад сари ёрон ба санг ҳам.

Гӯянд: Дар бисоти вафо аҷз мехаранд,

Эй аҳли ноз, ёди мани дилбачанг ҳам.

Бедил, агар ба даст расад гавҳари висол,

Бояд ватан гирифт ба коми наҳанг ҳам.
* * *

Далели корвони ашкам, оҳи сардро монам,

Асарпардози доғам, ҳарфи соҳибдардро монам.

Рафиқи ваҳшати ман ғайри доғи дил намебошад,

Дар ин ғурбатсаро хуршеди танҳогардро монам.

Баҳори обрӯям сад хазон хиҷлат ба бар дорад,

Шукуфтан дар мизоҷам нест, ранги зардро монам.

Ба ҳукми аҷз шак натвон зудуд аз интихоби ман,

Дар ин дафтар шикасти гӯшаҳои фардро монам.

Ба ҳар мижгон задан ҷӯшидаам бо оламе дигар,

Парешонрӯзгорам, ашки ғампарвардро монам.

Шикасти рангаму бар дӯши оҳе мекашам маҳмил,

Дар ин дашт аз заифӣ коҳи бодовардро монам.

Тамизи халқ аз ташвиши кӯрӣ барнамеояд,

Ҳама гар сурма ҷӯшам, дар назарҳо гардро монам.

На доғам моили гармӣ, на нақшам қобили маънӣ,

Бисоторои ваҳмам, каъбатайни436 нардро монам.

Ба худ оташ занам, то гарм созам паҳлуи доғе,

Зи бас афсурдатабъиҳо танӯри сардро монам.

Хиҷолатсарф гуфторам, надоматвақф кирдорам,

Саропо инфиолам, даъвии номардро монам.

На ашке зеби мижгонам, на оҳе боли афғонам,

Тапидан ҳам намедонам, дили бедардро монам.

Ба маҷбурӣ гирифторам, мапурс аз вазъи мухторам,

Ҳама гар омаде дорам, ҳамон овардро монам.

Фалак умрест дур аз дӯстон медорадам, Бедил,

Ба рӯйи сафҳаи офоқ байти фардро монам.

* * *

Даъвати танзеҳи ҳусни бемисолӣ мекунам,

Гар занам оина сайқал, хона холӣ мекунам.

Саҷда ҳам чун соя охир раҳ ба ҷое мебарад,

По гар аз рафтор монад, ҷабҳамолӣ мекунам,

Партави маҳ ҳам буруни ҳола дорад гарду ман

Гирди худ мегардаму забти ҳаволӣ 437 мекунам.

Умрҳо шуд, дар шабистони тамошогоҳи даҳр

Сайри ин нуҳ парда фонуси хаёлӣ мекунам.

Лолаву гул мунтазир бошанд, ман ҳамчун чанор

Як чароғон дар баҳори куҳнасолӣ мекунам.

Нанги анҷоми ғано аз фақри ман пӯшида нест,

Чиниям ҳарчанд дил бошад, сафолӣ мекунам.

Шарм дорад ҷуръати ман аз мулоимтинатон,

Оташам гар пунба мебинад, зуголӣ мекунам.

Пучбофиҳои ҷоҳам гар шавад мӯйи димоғ,

Пашмҳои ганда бисёр аст, қолӣ мекунам.

Мезанам мижгон ба ҳам, то ранги имкон бишканад,

Гоҳ-гоҳе ин қадар беэътидолӣ мекунам.

Зиндагӣ Лайлист, маъшуқона бояд зистан,

То раме дорад нафас, нози ғизолӣ мекунам.

Шамъ дар маҳфил намедонад, куҷо бояд нишаст,

Дар гудози хеш ҷойи хеш холӣ мекунам.

Пириям, Бедил, ба ҳар мӯ баст мазмуни хамӣ,

Баъд аз ин тартиби девони ҳилолӣ 438 мекунам.
* * *

Дӯш чун най сатри дарде мечакид аз хомаам,

Нолаҳо хоҳад пар афшонд аз кушоди номаам.

Шамъро ҷуз сӯхтан оинадори ҳуш нест,

Пунбаи гӯш аст яксар шӯри ин ҳангомаам,

То ба кай бошад ҳавас маҳви кашокашҳои ваҳм?

Доғ кард андешаи радду қабули омаам.

Қадрдонӣ дар бисоти имтиёзи даҳр нест,

В-арна, ман дар мактаби бедонишӣ алломаам.

Пеши ман нуҳ осмон пашме надорад дар кулоҳ,439

Медиҳад зоҳид фиреби азмати440 аммомаам.

Лавҳи имкон дархури болидани лафзам набуд,

Фикри маъниҳои нозук кард ноли хомаам.

То ба кай пӯшад нафас урёнтаниҳои маро?

Бештар чун субҳ ранги чок дорад ҷомаам.

Бедил, аз Юсуф димоғи бениёзи ман пур аст,

Инфиоли бӯйи пироҳан надорад шомаам.
* * *

Дидаи муштоқе аз ҳар мӯ ба бор овардаам,

Нахли бодоме зи боғи интизор овардаам.

Шаш ҷиҳат дидор гул мечинад аз аъзои ман,

Аз таҳайюр зӯр бар оиназор овардаам.

Ҳосили маънист бо ҳусни иборат сохтан,

Каъбаҷӯён рӯ ба хоки пои ёр овардаам.

То кашад шавқ интиқоми ҳиҷлат аз афсурдагӣ,

Ранг меҷустам, бароте бар баҳор овардаам.

Чашми он дорам, ки гирам оламеро дар канор,

Чун мижа ҳарчанд як оғӯшвор овардаам.

Эй адаб, бигзор, то машқи суҷуде сар кунам,

Охир ин лавҳи ҷабин баҳри чӣ кор овардаам?

Содагӣ механдад аз оинаи андешаам,

Дил надорад ҳеҷу ман баҳри нисор овардаам.

Зарраро аз худфурӯшӣ шарм бояд доштан,

Бе фузулӣ нест, ҳарчанд инкисор441 овардаам.

Бедилонат оламе доранд дар бори ниёз,

Туҳфаам ин бас, ки худро дар шумор овардаам.

* * *

Зи дасти офият доғам, сипанди яъспарвардам,

Ба ин оташ, ки ман дорам, магар оташ кунад сардам.

Асири шашдару тадбири озодӣ -ҷунун аст ин,

Чу тоси нард ҳар нақше, ки овардам, наёвардам.

Чу шабнам шарми пайдоист осори суроғи ман,

Арақ чандон ки меболад, баландӣ мекунад гардам.

Чу авроқи хазон беэътиборам хондаанд, аммо

Ҷаҳоне ранги силӣ хурдааст аз чеҳраи зардам.

Дар он мактаб, зи истиғно иёри маъниям гирад,

Кулоҳи Ҷам бинозад бар шикасти гӯшаи фардам.

Зи хешам мебарад ёди хироми ӯ ба он мастӣ,

Ки гул паймона гардонад, агар чун ранг баргардам.

Зи урёнӣ дар ин майдон надорам нанги расвоӣ,

Шукӯҳи ҷавҳари теғам, хати пешонии мардам.

Вафоям хиҷлати ноқадрдонӣ барнамедорад,

Агар бар обила по мениҳам, дил мекунад дардам.

Наям, Бедил, хиҷолатмояи нанги тиҳидастӣ,

Чу мазмун дар хаёли ҳар кӣ меоям, раҳовардам.
* * *

Зи савдои чашми ту то ком гирам,

Ду олам фурӯшам, ду бодом гирам.

Шаҳиди вафоям, зи роҳат ҷудоям,

Намурдам ба завқе, ки ором гирам.

Сияҳмасти шуҳрат наям, варна, ман ҳам

Чу нақши нигин субҳ дар шом гирам.

Зи бас ҳимматам нанги тазвир дорад,

Муҳол аст, агар дона дар дом гирам.

Чунин к-аз талаб бениёз аст табъам,

Гадо гар шавам, тарки ибром гирам.

Чу шабнам чӣ лофам ба сомони ҳастӣ?

Магар аз арақ сурате вом гирам.

Дар ин анҷуман машраби ғунча дорам,

Занам шиша бар санг, то ҷом гирам.

Замоне шавад, хоби айшам муяссар,

Ки чун нақши по соя бар бом гирам.

Камандам нафас, ҳирс сайёди анқост,

Ба ин норасоӣ магар ном гирам?

Ҷаҳон нест ҷуз эътибори ману ту,

Ту таҳқиқ дон, гар ман авҳом гирам.

Таҷоҳул сарубарги ҳастист, Бедил,

Ҳама гар висол аст, пайғом гирам.
* * *

Сатре агар зи вазъи ҷаҳон вонавиштаем,

Гардондаем рангу чалипо навиштаем.

Дар мактаби талаб чӣ қадар машқи лағзиш аст,

К-ин ҷодаҳо ба сафҳаи саҳро навиштаем.

Ҳар ҷо хате зи нусхаи имкон дамидааст,

Ибрат ғубори дидаи бино навиштаем.

Аз захми ҳасрате, ки лаби ҷом мекашад,

Хун бар баёзи гардани мино навиштаем.

Рамзи азал, ки сад адам он сӯи фитрат аст,

Пинҳон нахонда, ки ҳама пайдо навиштаем.

Маънисаводи нусхаи ашки чакида кист?

Ғамномаҳо ба хуни таманно навиштаем.

З-ин орзу, ки пайкари мо хоки роҳи ӯст,

Хатти ғубори худ ба Сурайё навиштаем.

Аз нақши мо ҳақиқати офоқ хонданист,

Чун мавҷ корномаи дарё навиштаем.

Қосид чу ранг боз нагардид сӯи мо,

Маълум шуд, ки нома ба анқо навиштаем.

Дар мактаби ниёз чӣ ҳарфу кадом сатр?

Чун хома саҷдаест, ки сад ҷо навиштаем.

Дасте агар баланд кунад номабар, бас аст,

То равшанат шавад, ки дуоҳо навиштаем.

Асрори хатти ҷом, ки паргори бехудист,

Бедил, ба килки мавҷаи саҳбо навиштаем.

* * *

Шабе, к-аз хаёли ту гул чида будам,

Ҳамоғӯши сад ҷилва хобида будам.

Чаро оби гавҳар набошад ғуборам?

Ба роҳи ту як ашк ғалтида будам.

Ниҳон аз ту мебохтам бо ту ишқе,

Ту фаҳмида будӣ, нафаҳмида будам.

Кас оинадорат нашуд, в-арна, ман ҳам

Ба ҳайрат умеде тарошида будам.

Ба рангест чун сояам ҷӯши ғафлат,

Ки гар рафтам аз хеш, хобида будам.

Тариқи вафо талхкомӣ надорад,

Шакар буд, агар хок лесида будам.

Бинозам ба иқболи дарди муҳаббат,

Ки то чарх як нола болида будам.

Зи ваҳм, эй ҷунун, уқдаам во накардӣ,

Ба хеш онқадарҳо напечида будам.

Тамошо хаёл асту дидор ҳайрат,

Зи оина ин ҳарф пурсида будам.

Чу гул чок мерӯяд аз пайкари ман,

Надонам, барои чӣ хандида будам.

Ба мижгон кушудан ниҳон гашт, Бедил,

Ҷамоле, ки пеш аз нигаҳ дида будам.

* * *

Шарори коғази фурсаткаминам,

Чароғони нигоҳи вопасинам.

Зи хатти сарнавиштам метавон хонд

Гиребончокии лавҳи ҷабинам.

Ғамам, дарди дилам, оҳи ҳазинам,

Набудам, нестам, гар ҳастам, инам.

Ба ҳастӣ аз адам во кардаам чашм,

Чӣ хоҳам дид, агар ӯро набинам?

Навои аҷз агар фаҳмида бошӣ,

Ба чандин сур механдад танинам.

Чӣ талх афтод оби гавҳари ман,

Ки натвонад фурӯ бурдан заминам.

Ҳаловат мемакад чун шамъам ангушт,

Ба қадри худ гудози ангубинам.

Чу нақши по ману ҷавлон чӣ ҳарф аст?

Зи кӯтоҳӣ ба доман нест чинам,

Зи найранги такутозам мапурсед,

Савори ҳайрате оиназинам.

Ғуборамро умеди домане нест,

Надонам, бар сари худ кай нишинам?

Чу шамъ аз норасоиҳои иқбол

Ба по афтод даст аз остинам.

Дукони ҷинси номам тахта авлост,

Нигин бандед бар нақши нигинам.

Агар, Бедил, ба фирдавсам нишонанд,

Ҳамон олудаи дунёст динам.


* * *

Ғайратанҷуман ҷоест, маъмане ки ман дорам,

Ғайри ман ҳама дорад, маскане ки ман дорам.

Дар баҳори огоҳӣ нози худфурӯшӣ нест,

Рангубӯфаромӯш аст, гулшане ки ман дорам.

Мавҷи гавҳарам умрест орамида менозад,

Ранҷи по намехоҳад, рафтане ки ман дорам.

Миннати кафан нанг аст бар шаҳиди истиғно,

Ғайрати шарар дорад, мурдане ки ман дорам.

Хомушӣ зи ҳеҷ оҳанг зеру бам намечинад,

Ношунида таҳсинест, гуфтане ки ман дорам.

Вазъи машраби Маҷнун фоштар зи расвоист,

Дар бағал намегунҷад, домане ки ман дорам.

Дору ресмон ин ҷо то ба ҳашр даркор аст,

Шамъи базми мансурист, гардане ки ман дорам.

Оҳ, дарди навмедӣ бар кӣ боядам хондан?

Дошт, ҳар киро дидам, шеване ки ман дорам.

Пеши новаки тақдир ҷустам аз фалак тадбир,

Гуфт: Дидаӣ, охир, ҷавшане ки ман дорам?

Чарбу нармии ҳарфам ҳилакори афсун нест,

Хушк медавад бар об, равғане ки ман дорам.

Ҳарфи олами асрор бар адаб ҳаволат кун,

Дамзаданхасухор аст, гулхане ки ман дорам.

Ғаври маъниям душвор, фаҳми матлабам мушкил,

Бедил, аз забони ӯст, ин мане ки ман дорам.
* * *

Уруҷи ҳиммате дар кор дорам,

Ҳама гар сояам, девор дорам.

Ғуборам ошёни ҳасрати ӯст,

Чаман дар гӯшаи дастор дорам.

Нафас бетобии дил мешуморад,

Ҳуҷуми субҳа дар зуннор дорам.

Нигоҳе то ба мижгон мерасонам,

Зи худ рафтан ҳамин миқдор дорам?

Мапурс аз инфиоли сози ғафлат,

Зи ҳастӣ ончи дорам, ор дорам.

Чу шамъам чора ғайри сӯхтан нест,

Ба сар оташ, таҳи по хор дорам.

Ба худ меларзам аз тамҳиди ором,

Чу гардун сақфи бедевор дорам.

Тазаллум қобили фарёдрас нест,

Танини пашша дар куҳсор дорам.

Аз ин як мушти хоки бодбурда

Ба дӯши ҳар ду олам бор дорам.

Дигар, эй нола, паҳлӯям магардон,

Ки паҳлӯи дили бемор дорам.

Ба ҳасрат меравам оина бар дӯш,

Суфоришномаи дидор дорам.

Ба чашмам тӯтиё мафрӯш, Бедил,

Ки ман бо хоки пое кор дорам.

* * *

Гузашт фурсату сайри дили фигор накардам,

Ҳазор гул ба бағал доштам, баҳор накардам.

Ҷаҳон ба забти нафас буду ман зи ҳарзадавиҳо

Ба ин каманди расо як-ду чин шикор накардам.

Насохтам ба тунукрӯӣ аз тааллуқи дунё,

Ба қатъи ваҳм дами теғе обдор накардам.

Зи дасти суда442 наҷустам илоҷи ранҷи алоиқ,

Ба дарди сар задаму сандал ихтиёр накардам.

Вафо ба ибрати анҷоми кор кор надорад,

Зи шарми майкашӣ андешаи хумор накардам.

Ҷаҳон зи ҷӯши дил оинахона буд ба чашмам,

Гузаштам аз нафасу ҳеҷ ҷо ғубор накардам.

Иёри ҷилваи имкон гирифт оинаи ман,

Вале чӣ суд, ки худро ба худ дучор накардам.

Ба сайри ин чаманам об кард ғайрати шабнам,

Ки ҳарза тори нигаҳро арақсавор накардам.

Ҳавои суҳбати дилмурдагон нахонд фусунам,

Димоғи сӯхтаро шамъи ҳар мазор накардам.

Ҳазор ранг фусун дошт тардимоғии фитрат,

Вале зи шарми адам фикри ҳеҷ кор накардам.

Дар ин чаман ба чӣ доғ ошно шудам мани Бедил,

Ки тавфи сӯхтаҷонони лолазор накардам.
* * *

Мапурсед аз маоши хандаунвоне ки ман дорам,

Аз оби ношито тар мешавад, ноне ки ман дорам.

Ду рӯзам бояд аз иброми ҳастӣ об гардидан,

Ба ҷуз нанги фузулӣ нест, меҳмоне ки ман дорам.

Дили овора бо ҳеҷ улфате розӣ намегардад,

Чӣ созам чораи ин хонавайроне ки ман дорам?

Ҷудо з-он ҷилва натвон ин қадарҳо зиндагӣ кардан,

Ба хоро теша мебояд зад аз ҷоне ки ман дорам

Зи шӯхӣ қосидаш ҳар гом дорад боз гардидан,

Ба ранги судани дасти пушаймоне ки ман дорам.

Зи гулчинони боғи орзуи кистам, ё Раб,

Пари товус дорад гарди домоне ки ман дорам.

Надорад ҷуз тааммул мавҷи гавҳар мисраъе дигар,

Ҳамин як сакта аст, иншои девоне ки ман дорам.

Зи рангомезии ин боғи ибрат бар намеояд,

Ба ғайр аз нақшбанди тоқи нисёне ки ман дорам.

Ба ҳайрат рафт умру бар яқин накшудам оғӯше,

Ба чашми баста барбандед, мижгоне ки ман дорам.

Намедонам, чӣ сон аз шарми нодонӣ бурун ояд,

Ба зуннор ошно ногашта имоне ки ман дорам.

Кафили узри як олам хато зарфе дигар дорад,

Ҳаё бар дӯши раҳмат баст, товоне ки ман дорам.

Чу шамъ, аз фикри худ то хок гаштан барнамеоям,

Гиребонҳост, Бедил, дар гиребоне ки ман дорам.

* * *

Майпарасти эҷодам, нашъаи азал дорам,

Ҳамчу донаи ангур шиша дар бағал дорам.

Гар диҳанд бар бодам, рақс мекунам шодам,

Хоки аҷзбунёдам, табъи бехалал дорам.

Офтоб даркор аст, соя, гӯ, ба ғорат рав,

Чун мане агар гум шуд, чун туе бадал дорам.

Маънии баланди ман фаҳми тунд мехоҳад,

Сайри фикрам осон нест, кӯҳаму кутал дорам.

Аз манӣ таназзул кун, ӯ шаву туӣ гул кун,

Андаке тааммул кун, нукта муҳтамал443 дорам.

Ҳақ буруни мардум нест, ҷӯши бода бехум нест,
1   ...   24   25   26   27   28   29   30   31   ...   35


написать администратору сайта