Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Эй адамфурсат, ду рӯзӣ, ҳар чӣ мехоҳӣ, гузин. Зарра то хуршеди имкон гарми аз худ рафтан аст, Як қадам, бо ҳар чӣ ҷӯшад шавқ, ҳамроҳӣ гузин. Ҳар қадар ғафлат фузунтар, лофи ҳастӣ бештар, Эй тилисми хоб, аз ин афсона кӯтоҳӣ гузин. Чанд дар оташ нишонандат ба афсуни ғурур? Ихтисори ноз чун шамъи саҳаргоҳӣ гузин. Дастгоҳи мушти хоке нотавон пайдост, чист? Эй ғуборат рафта бар бод, осмонҷоҳӣ гузин. Ҳеҷ кас худро намехоҳад ғуборолуди аҷз, Эй гадо, гар ихтиёре бошадат, шоҳӣ гузин. Партави шамъи ҳидоят дар камини ғафлат аст, Хизр агар з-ин дашт матлуб аст, гумроҳӣ гузин. Ҷоҳ агар болад, ҳамин шоҳист авҷи иззаташ, Аз камоли фақр бош огоҳ, аллоҳӣ гузин. Ҳар ду олам шӯхии пасту баланди нози ӯст, Гар нигаҳ қосир набошад, моҳ то моҳӣ гузин. Дар тамошогоҳи ҳастӣ кӯр натвон зистан, Маҳрами он ҷилва шав ё марги ногоҳӣ гузин. Эътиборандешаӣ, Бедил, надомат соз кун, Шамъи маҳфил будан осон нест, ҷонкоҳӣ гузин. * * * Даҳр тӯфон дорад аз табъи ҷунунпаймои ман, Қулқуле дуздидааст ин баҳр аз минои ман. Нест холӣ як кафи хок аз ғубори ваҳшатам, Чун нафас меҷӯшад аз ҳар дил тапиданҳои ман. Ғунчаро ҷуз шӯхии ранг офате дар бор нест, Худнамоӣ медиҳад охир ба бод аҷзои ман. Ҳар нафас к-аз дил кашидам, хомушӣ афшонд бол, Мезанад мавҷ аз забони моҳиён дарёи ман. Баски афшурдам қадам дар хоки роҳи нестӣ, Ҳамчу шамъ охир сари ман гашт нақши пои ман. Софии дил дар ғубори арзи истеъдод рафт, Мавҷи май шуд ҷавҳари оинаи минои ман. Роҳи аз худ рафтанам аз шамъ ҳам равшантар аст, Ҷодапарвоз аст барқи нола дар саҳрои ман. Ҳусн ҳар ҷо ҷилвагар шуд, ишқ меояд бурун, Арзи Маҷнун медиҳад оинаи Лайлои ман. То қиёмат боядам саргаштаи парвоз буд, Дом дорад бар ҳаво сайёди бепарвои ман. Ҳамчу барқ оғӯше аз ваҳшат муҳайё кардаам, Тӯли сад уқбо амал сарф аст бар паҳнои ман. Пардаи таҳқиқ, Бедил, то куҷо хоҳӣ шикофт? Оламе дорад ниҳон кайфияти пайдои ман. * * * Дар шиква софдил надиҳад рухсати забон, Занҷирии ҳаёст ба мавҷи гуҳар фиғон. Сунбул асири зулфи туро доми ваҳшат аст, Афъигазида мерамад аз шакли ресмон. Дар олами хаёли баҳори табассумат Гулро чу шабнам об шавад ханда дар даҳон. Кулфатшикори ғайратам аз оҳи беасар, Бар дил расад, чу тир хато гардад аз нишон. Чун шамъ баски дар таби ишқат гудохтам, Маҳмил кашид бар сари табхолам устухон. Не оби Хизр дораму не чашмаи ҳаёт, Умрест мехурам дами шамшер чун фасон. Дар роҳи интизори касе хок гаштаам, Муште ғубори ман ба саломи чаман расон. Чун субҳ занги оинаи ҳеҷ кас наям, Гардун маро ба бенафасӣ кард имтиҳон. Аз гуфтугӯ талоши ситампеша равшан аст, Гоҳи хироми тир нафас мезанад камон. Танҳо на осмон сари таслимҷустуҷӯст, Афкандааст хок ҳам аз бехудӣ инон. Бунёди даҳр оинадори сабот нест, Яксар ғубори гардиши ранг аст осмон. Найранги эътибори вуҷуду адам туӣ, Манзил куҷост, гар набувад ҷода дар миён? Бигзар зи сарбаландии иқболи ин бисот, То обрӯ чу шамъ нарезӣ ба новдон. Ҳарчанд дастгоҳ бувад беш, ҳирс беш, Аз мавҷи баҳр ташналабӣ мекашад забон. Бедил, зи баҳр миннати соҳил кӣ мекашад? Бар ҳайратест заврақи мо – бехудон равон. * * * Дарси камоли худ гир аз нола сар кашидан, То барнаёӣ аз хеш, натвон ба худ расидан. Хубӣ яке ҳазор аст аз шеваи тавозуъ, Абрӯйи ноз гардад шохи гул аз хамидан. То гӯш метавон шуд, натвон ҳама забон шуд, Нуқсон намефурӯшад сармояи шунидан. Эй рамзиҷилвафаҳмон, ғофил зи дил мабошед, Кӯрию зиштрӯист оинаро надидан. Ҷуз аҷз саъйи ноқис чизе намебарад пеш, Афтодан аст чун ашк атфолро давидан. Фақру ҳузури тамкин, ҷоҳу ҳазор хиффат, Аз баҳр беқарорӣ, аз соҳил орамидан. Ҳайф аст, маҳрами дил гардад фасонамоил, Оина дар муқобил он гаҳ нафас кашидан. Аз теғи марг ушшоқ ранги бақо набозанд, Умри дубора гиранд чун нохун аз буридан. То ҷилва кард шӯхӣ, ҳуснат дари арақ зад, Дорад ҳаё ба ин ранг оина офаридан. Сайди каманди аҷзам, сомони ваҳшатам ку? Ранги шикаста дорад сад ранг дом чидан. Товуси ин баҳорам, соғаркаши хуморам, Дар роҳи интизорам сад чашму як паридан. Гар ҳастиям ба ин ранг маҳҷуби худнамоист, Оина барнаёрад тасвирам аз кашидан. Чун тухми ашк, Бедил, навмедиобёрам, Бе барг аз ин гулистон мебоядам дамидан. * * * Дасти ҷуръат дидам охир муғтанам дар остин, Ҳамчу шамъи кушта хобондам алам489 дар остин. Бо ҳама улфат чу мавҷ аз якдигар паҳлӯтиҳист, Оламе з-ин баҳр ҷӯшидаст рам дар остин. Ботини ин халқи кофаркеш бо зоҳир масанҷ, Ҷумла Қуръон дар каноранду санам дар остин. Доманафшон боядат чун мавҷ аз ин дарё гузашт, Чанд чун гирдоб бандӣ печухам дар остин? Шавқи бетобем, моро раҳбаре даркор нест, Ашк ҳар ҷо сар кашад, дорад қадам дар остин. Гар тааммул парда бардорад зи рӯйи ин бисот, Ҳар кафи хокест чандин ҷоми Ҷам дар остин. Дам задан шӯри қиёмат, хомушӣ ҳашри хаёл, Як нафас созу ду олам зеру бам дар остин. Панҷаи қудрат раҳини боддастиҳо490 хуш аст, То ба афсурдан нагардад муттаҳам дар остин. Дар ҷунун ҳам дастгоҳи кулфати мо кам нашуд, Нола урён асту дорад сад алам491 дар остин. Даъвии козиб гувоҳ аз хеш пайдо мекунад, Чун забон шуд ҳарзагӯ, дорад қасам дар остин. Саркашӣ дар тангдастиҳо мудоро мешавад, Судан аст ангуштҳоро сар ба ҳам дар остин. Баски, Бедил, ом шуд ифлос дар айёми мо, Нақши нохун ҳам намебандад дирам дар остин. * * * З-он тағофулгар чаро ношод бояд зистан? Эй фаромӯшон, ба завқи ёд бояд зистан. Булбулон, не улфати дом аст ин ҷо, не қафас, Бар муроди хотири сайёд бояд зистан. Ман намегӯям, ба куллӣ аз тааллуқҳо баро, Андаке з-ин дарди сар озод бояд зистан. Хоҳ дар дӯзах ватан кун, хоҳ бо фирдавс соз, Офият ҳар ҷо набошад, ёд бояд зистан. Чун сипандам умрҳо дар кисвати афсурдагӣ, Бар умеди як тапиш фарёд бояд зистан. Нест з-ин душвортар ҷаҳде, ки моро то фано Сулҳкори олами аздод бояд зистан. Зиндагӣ дар гардан афтодаст, ёрон, чора чист? Чанд рӯзе, ҳар чӣ бодо, бод, бояд зистан. Мавҷи гавҳар дар қаноатгоҳи қисмат хушк нест, Тардимоғи шарми истеъдод бояд зистан. Ҳар сари мӯят хами таслими чандин ҷонканист, Бо ҳазорон теша як Фарҳод бояд зистан. Бедил, ин ҳастӣ намесозад ба ташвиши нафас, Шамъро то кай ба роҳи бод бояд зистан? * * * Сари туррае ба ҳаво фишон, Хутане зи мушки тар офарин. Мижае бар оина боз кун, гули оламе дигар офарин. Зи саҳоби ин чаманам магӯ, бигузар зи ишваи рангу бӯ, Ба ту илтимосии гиряам, ду-се ханда гул ба сар офарин. Сари зулфи арбада шона кун, нигаҳе ба фитна фасона кун, Равише ҷунуни баҳона кун, зи ғубори ман саҳар офарин. Зи ҳузури ишрати бешу кам на биҳишт хоҳаму не Ирам, Ба хаёли доғи ту қонеъам, ту барои ман ҷигар офарин. Ба камоли холиқи инсу ҷон на замин расиду на осмон, Ба садаф касе чӣ диҳад нишон зи ҳақиқати гуҳарофарин? Ҳазар аз фузулии ваҳму зан, «ту» чӣ мекунад ба ҷаҳони «ман»? Дари аҳвалӣ ба ҳавас мазан, зи ду чашм як назар офарин. Манишин чу матлаби дигарон ба ғубори миннати қосидон, Рақами ҳақиқати ранг шав, зи шикасти нома пар офарин. Чаманест олами бебарӣ зи тарабшикории офият, Чу чанор рав, зи кафи тиҳӣ ҳама баҳла бар камар офарин. Сарубарги роҳати ин чаман ба хаёли мо накунад ватан, Чу ғубори намзада, гӯ, фалак, сари мо ба зери пар офарин. Ба каломи Бедил агар расӣ, магузар зи ҷодаи мунсифӣ, Ки касе наметалабад зи ту силае дигар, магар офарин. * * * Субҳи кишвари Майвот ёсаминбаҳор аст ин, Бӯи ноз меояд, ҷилвагоҳи ёр аст ин. Нашъа авҷҳо дорад, айш фавҷҳо дорад, Ишқ мавҷҳо дорад, баҳри беканор аст ин. Абри шавқ меборад, сабза ҳусн мекорад, Санг ҳам диле дорад, турфа кӯҳсор аст ин. Гар гул аз чаман рӯяд ё нафас суман бӯяд, Дил ба дида мегӯяд: ранги он нигор аст ин. Хуррамӣ чаманпирост, ҷӯши гул қадаҳпаймост, Рангу бӯ ҳамон барҷост, бехазонбаҳор аст ин. Нақши гавҳари комил кист, то кунад ботил? Ин чароғу ин маҳфил фазли кирдгор аст ин. Коми дил гули доман, орзу тарабхирман, Чашми бедилон равшан, музди интизор аст ин. * * * Ғанимат гир чун оина маҳви шони худ будан, Ҷаҳонеро тамошо кардану ҳайрони худ будан. Чи саҳрову чи гулщан, гар тааммул раҳбарат гардад, Саломат нест ғайр аз пой дар домони худ будан. Зи ташвиши ду олам чашмзахм озод мебошад Таҳи як пираҳан аз пайкари урёни худ будан. Ду дам шуғли маосӣ интизори раҳмате дорад, Ки бояд то абад шармандаи эҳсони худ будан. Ту маҳрамнашъаи фурсатшиносӣ нестӣ, варна, Ба сад фирдавс дорад ноз дар зиндони худ будан. Хаёли сидраву тӯбо492 ниёзи тоқи нисён кун, Нигоҳе боядат дар сояи мижгони худ будан. Ризои хотири фурсат зарур афтодааст ин ҷо, Ба ҳар тақдир, бояд ходими меҳмони худ будан. Камони қабзаи асрори яктоӣ ба зеҳ дорад Муқими гӯшаи таҳқиқ дар майдони худ будан. Яқинро шубҳа дидӣ, огаҳиро ҷаҳл фаҳмидӣ, Худоӣ дод аз каф мункири фармони худ будан. Вуҷуб оинаи худ низ ҷуз пеши ту нагзорад, Замоне гар тавонӣ маҳрами имкони худ будан. Ба гирди хеш мегардад сипеҳру нозҳо дорад, Ки то ҳастист, мебояд ҳамин қурбони худ будан. Табассумворе аз ахлоқ мехоҳад вафо Бедил, Намак дорад ҳамин миқдор шӯри хони худ будан. * * * Гар ба хуни муштоқон теғи ӯ кашад гардан, То қиёмат аз сарҳо ҷойи мӯ дамад гардан. Мавҷҳо нафас дуздид, то гуҳар ба арз омад, Кардаам саре таъмир аз шикасти сад гардан. Ҳирси афсаророӣ сар ба санг мекӯбад, Саҷда муфти роҳатҳо, гар кунад мадад гардан. Ҳар чӣ дорад ин мазраъ, баргу сози таслим аст, Тухм медамонад сар, реша медавад гардан. Интихоби ин маслах қитъаҳои ҳамворест, Пушту сина то бошад, кас намехарад гардан. Коргоҳи истеъдод мекунад чиҳо эҷод?! Хок ҷабҳа мебандад, шуъла мекашад гардан. Зоҳид, аз чунин дастор дасти офият бардор, Хоҳадат шикаст охир зери ин сабад гардан. Эй ваболи пайдоӣ, ҳастӣ асту расвоӣ, Аз ту чанд бардорад бори неку бад гардан? Роҳи офият пӯйӣ, рахши худсарӣ пай кун493, Манзилат сари дор аст, гар шавад балад гардан. Гул қиёмати чидан дар шукуфтагӣ дорад, Ғунча гарду эмин бош, ханда мезанад гардан. Саркашон дами ифлос рӯ ба нақши по доранд, Ҳар қадар тиҳӣ гардад, шиша хам кунад гардан. Халқ мекашад яксар ранҷ дархури тоқат, То саре зи дӯш афтад, кош, бишканад гардан. Хоки мо сари мӯе аз замин намеболид, Ё Раб, аз куҷо овард ин ҳазор қад гардан? Теғ бар каф истодаст сарсари аҷал, Бедил, Ҳамчу шамъ дар ҳар ҷо сар бароварад гардан. * * * Мунфаили хулқро нози санам доштан, Зангию бо он ҷамол оина ҳам доштан. Хок хӯрӣ, хуштар аст з-ин ҳама танпарварӣ, То ба кай анбонсифат ҳалқу шикам доштан? Мешиканад сад кулоҳ494 бар фалаки эътибор, Сӯйи адабгоҳи хок як мижа хам доштан. Чӯб ба карбос печ, тосею чармею ҳеч, Нест ҷуз ин дастгоҳ таблу алам доштан. Коргаҳи ҳайратӣ, варна, кӣ дорад гумон, Дил ба бару ҳасрати дайру ҳарам доштан? Гар талаби офият домани ҷаҳдат кашад, Обилаворе хуш аст поси қадам доштан. Маҳрамии вазъи даҳр бе арақи шарм нест, Оина сайқал задаст ҷабҳа зи нам доштан. Меҳри азал шомил аст бо ҳама зарроти кавн, Нанги карамгустарист илми карам доштан. Бар рухи мо бофтанд пардаи тасвири субҳ Дам задани мо нахост шарми адам доштан. Васвасаи вазъи шамъ доғи дили кас мабод, Сӯхтам аз гиряву ханда ба ҳам доштан. Оҳ, сарубарги мо сӯхт ғами оқибат, Муҳлати айше надод мотами ҳам доштан. Эй ҳавасандӯзи амн, ҷамъи зар офат шинос, Хасми сари нохун аст шакли дирам доштан. Бедил, аз уммеди хулд қатъи таваҳҳум хуш аст, Ҷуз дили осуда нест боғи Ирам доштан. * * * Меравам ҳар ҷо ба завқи офият андӯхтан, Ҳамчу шамъам зоди роҳе нест ғайр аз сӯхтан. Захми дил аз чораҷӯиҳои мо бепарда шуд, Ин гиребон сахт расвоӣ кашид аз дӯхтан. Шуъла гар соғар занад, аз паҳлуи хору хас аст, Беш аз ин рӯи сияҳ натвон ба зулм афрӯхтан. Ин чаман гар ҳосиле дорад, ҳамон дасти тиҳист, То ба кай чун ғунча хоҳӣ рангу бӯ андӯхтан? Дил агар арзад ба доғе, муфти савдои вафост, Юсуфи мо мунфаил мегардад аз нафрӯхтан. Ҷода гар печад ба хеш, оинадори манзил аст, Мекунад шамъи бисоти дил нафасро сӯхтан. Тору пуди ҳастии мо нест бе пайванди чок, Хирқаи субҳем, бар мо чашм натвон дӯхтан. Изтиробам оламеро кард помоли ғубор, Хоки Маҷнунро намебоист ваҷд омӯхтан. Бе ту бояд сӯхт Бедилро, ба ҳар ранге ки ҳаст, Доғи дил гар нест, оташ метавон афрӯхтан. * * * Мавҷи хунам ҳар қадар тӯфоннамо хоҳад шудан, Ҳаққи шамшери ту рангинтар адо хоҳад шудан. Умрҳо шуд, дар таманнои хиромат мурдаам, Хоки ман оинаи оби бақо хоҳад шудан. Аз тағофул чанд бандӣ парда бар рӯйи баҳор? Чашм во кун, ғунчаи бодом во хоҳад шудан. Дар дами мурдан маро бар зиндагӣ афсӯс нест, Ҳайфи домонат, ки аз дастам раҳо хоҳад шудан. Дар камини шуълаи ҳар шамъ доғе хуфтааст, Ҳар куҷо тоҷест, охир нақши по хоҳад шудан. Бе талофӣ495 нест шавқам дар такопӯйи висол, Даст агар кӯтоҳ шуд, оҳам расо хоҳад шудан. Нашъаи обу гили шӯхибинои ваҳшатем, Домане гар бишканӣ, таъмири мо хоҳад шудан. Дар биёбоне, ки дил менолад аз бори ғамат, Гар ҳама кӯҳ аст, помоли садо хоҳад шудан. Пухтагон яксар кабоби интизори хомиянд, Интиҳои ҳар чӣ дидӣ, ибтидо хоҳад шудан. Гар ба ин афсурдагӣ ҷӯшад ҷунуни эътибор, Баҳрро мавҷи гуҳар занҷири по хоҳад шудан. Ҷодаи сарманзили таҳқиқи мо пӯшида нест, Нақши по то хок гаштан раҳнамо хоҳад шудан. Дурӣ аз дилдор нанги иттиҳоди маънавист, Мавҷи мо бо гавҳар аз гавҳар ҷудо хоҳад шудан. Сурмаи саднаргисистонибрат аст аҷзои мо, Хок агар гардем, чандин чашм во хоҳад шудан. Нестам, Бедил, чу тухм аз хоксорӣ ноумед, Охир ин афтодагиҳоям асо хоҳад шудан. * * * Ворастагӣ зи ҳусни дигар медиҳад нишон, Олам ғубори домани нозест парфишон. Мурдему ҳамчунон хамупечи ҳавас баҷост, Аз сӯхтан нарафт бурун тоби ресмон. Бар зулм чидаанд каҷон дастгоҳи умр, Дорад зи тир омадурафти нафас камон. Бемағз ҷуз шикаст зи давлат намекашад, Аз сояи ҳумо чӣ барад баҳра устухон? Дил маҳви ғафлату нафасе дар миёна нест, Ман монда сар ба хобу зи худ рафта корвон. Заъфам расондааст ба ҷое, ки чун садо Оина ҳам надод зи тимсоли ман нишон. Ҳастӣ ба ғайри пардаи рӯйи фано набуд, Равшан шуд ин матоъ ба барчидани дукон. Ошиқ куҷову орзуи хонумон куҷо? Парвона дар камини фано дорад ошён. Парвози бандагӣ ба худоӣ намерасад, Эй хок, хок бош, баланд аст осмон. Навмедам он қадар, ки агар бисмилам кунанд, Ранги шикаста мешавад аз хуни ман равон. Овораи сароби шуурему чора нест, Эй бехудӣ, қадам зану моро ба мо расон. Аз дарди ишқ шикваи аҳли ҳавас баҷост, Бедил, зи шуъла ҳезуми тар нест бефиғон. * * * Ҳамъинони оҳам, ошӯби ҷаҳон хоҳам шудан, Пайрави ашкам, муҳите бекарон хоҳам шудан. Дил зи найранги тағофулҳои ӯ маъюс нест, Ноз мегӯяд, ки охир меҳрубон хоҳам шудан. Чун саҳар захмам суфоришномаи гулзори ӯст, Қосиди хун гар набошад, худ равон хоҳам шудан. Наргисашро гар чунин бо тирарӯзон улфат аст, Баъд аз ин чун мардумак як сурмадон хоҳам шудан. Пеши хуршедаш маро аз субҳ будан чора нест, Ҳар куҷо ӯ моҳ бошад, ман катон хоҳам шуд. Ман, ки аз худ рафтанам душвор меояд ба чашм, Маҳрами тарзи хироми ӯ чӣ сон хоҳам шудан? Дастгоҳи нотавонон ҷуз тазаллум ҳеҷ нест, Чун нафас бар хеш агар болам, фиғон хоҳам шудам. Бедимоғи фурсатам, савдоии иқбол кист? То ҳумо ояд ба парвоз, устухон хоҳам шуман. Хонаи ҷамъиятам бе офати васвос нест, |