Главная страница

Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи


Скачать 0.85 Mb.
НазваниеАхтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
АнкорШпаргалка
Дата15.09.2021
Размер0.85 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлаАхтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил.docx
ТипДокументы
#232339
страница34 из 35
1   ...   27   28   29   30   31   32   33   34   35
ТАВЗЕҲОТ ВА ШАРҲИ ЛУҒОТ
1. Ташҳир – касеро ба расвоӣ шуҳратнок кардан.

2. Танзеҳ – покӣ, беолоишӣ, киноя аз олами боло.

3. Ташбеҳ – олудагӣ, киноя аз олами имкон.

4. Таайюн – ҳастӣ, олами имкон.

5. Шоҳин – чӯби рости тарозу, ки ба ҳар ду ҷониби он ҳар ду палларо овезанд.

6. Тахсис – хос гардонидан.

7. Гулҷом – шишаҳои рангин, ки дар деворҳои хонаҳо насб кунанд.

8. Таайюн – дар ин ҷо ба маънии худнамоӣ.

9. Калимаҳои «забон»-у «даҳон» ба ҳисоби абҷад, бо ҳам баробаранд.

10. Тазаллум – додхоҳӣ.

11. Коҳ дар даҳан гирифтан – киноя аз оҷизӣ ва амон хостан.

12. Шашдар – киноя аз олами саргаштагӣ, ҳайрат.

13. Табахтур – бо нозу ғурур хиромидан, кибру ғурур.

14. Сало – даъват.

15. Дарюза – гадоӣ.

16. Иҷобат – қабули дуо.

17. Мазоқ – лаззат.

18. Хамёза – орзу.

19. Пашм дар кулоҳ доштан – иззату эътибор доштан.

20. Минои аввал ба маънии осмон, минои дувум ба маънои шишаи май.

21. Домон чидан – чизеро тарк намудан.

22. Табақҳои занон – амале ки баъзе занон барои рафъи шаҳват анҷом медиҳанд.

23. Ҷадвали об – ҷӯйбор, наҳр.

24. Ҳафт хон – киноя аз сатҳи замин.

25. Ишора ба шамшери ҳазрати Алист, ки дар он навишта шуда буд: «Ло фато, илло Алӣ, ло сайф, илло Зулфиқор».

26. Қаҳба – зани бадкор, фоҳиша.

27. Маҳҷуб – дар парда, пинҳон, пардапӯш.

28. Туфанг – туфанги осиё дар назар аст, ки онро тири осиё низ мегӯянд.

29. Тарф бастан – муқобилат кардан.

30. Қафо хӯрдан – зарбаи пасигарданӣ хӯрдан.

31. Мақдур – аслӣ, воқеӣ, тақдиран.

32. Хушкор – ноне, ки аз орди сабӯсдор пазанд.

33. Ҷайҳун – ба маънии умуман дарё.

34. Духон – дуд.

35. Вақф – таслим, додашуда.

36. Иҳонат – беқадр кардан, хор намудан.

37. Димоғ – дар ин ҷо ба маънии тоқат.

38. Каф – кафк.

39. Риъша – ларзиш.

40. Тарсадо – маҳоратнок.

41. Масмуъ – шунидашуда.

42. Наъл дар оташ – киноя аз беқарорӣ.

43. Мурдарег – чизеро гӯянд, ки аз шахси мурда монда бошад. Ба маънии ночиз ва беарзиш ҳам меояд.

44. Раҳил – кӯчидан, сафар кардан.

45. Тайрон – паридан, парвоз намудан.

46. Ҳиндустон – дар ин ҷо ба маънии сиёҳӣ ва торикӣ.

47. Ҳарзарой – беҳудагӯӣ.

48. Ғасб – чизеро бо ситам аз касе гирифтан.

49. Ҷӯъ – гуруснагӣ.

50. Улв – баландӣ.

51. Самоҷат – зиштӣ ва айбнокӣ.

52. Зиллат – хорию забунӣ.

53. Фаръ – ҳар чизе, ки аз асл ҷудо бошад.

54. Мовуман – олами имкон.

55. Тар нахостан – шарманда кардан нахостан.

56. Тамҳид – оростан, шурӯъ кардан, оғоз намудан.

57. Савод – сиёҳӣ.

58. Мавқуф – пайваст, ҳамроҳ.

59. Қашқа – нишоне ки ҳиндувон аз сандал бар пешонӣ насб кунанд.

60. Кусуф – гирифтани офтоб.

61. Музайян – оростаг, бо зебу зинат.

62. Иъода – аз сар гирифтан, аз нав иҷро кардан.

63. Идбор – бадбахтӣ.

64. Мунқалиб – баргашта, аз ҳол беҳол омадан.

65. Гоз – миқроз, қайчӣ.

66. Матан – майл макун.

67. Қуллоб – шасти моҳигирӣ.

68. Вақф – дар ихтиёри касе додан.

69. Ёғӣ – саркаш, гурезон.

70. Илзом – шармандагӣ.

71. Ҷаноғӣ – шартан, гаравӣ.

72. Калоғӣ – зоғона.

73. Муҳтариз – парҳезкор.

74. Доғӣ – як навъи захм.

75. Саҳим – бемор.

76. Яъс – навмедӣ.

77. Мустағнӣ – бениёз.

78. Иёр – миҳак.

79. Маснадтироз – зебдиҳандаи мақому мартаба.

80. Шакархоб – хоби хуш.

81. Паҳлу задан – баробарӣ кардан.

82. Руфӯ – дӯхтани сӯрохи ин ё он матоъ.

83. Мовуман – олами имкон.

84. Думлобагӣ – думҷунбонии сагон, киноя аз чоплусӣ ва тамаллуқ.

85. Мазаллатпеша – одамони хору залил.

86. Ибром кардан – устувор будан.

87. Такаллуф – худнамоӣ, карруфар.

88. Ғарра – фирефта шудан.

89. Мубҳам – пӯшида, номаълум.

90. Чамандимоғӣ – хушвақтӣ.

91. Маол – оқибат.

92. Шабгир – саҳаргоҳ.

93. Сикка – оҳане, ки бо он симу зарро нақш кунанд.

94. Мазаррат – зарару зиён.

95. Самум – боди гарми зиёновар.

96 Фитрок – тасмае ки аз ақиби зини асп овезанд ва бо он сайди шикоршударо бибанданд.

97. Ҳисн – қалъа, паногоҳ.

98. Каҷманиш – бадандеш, зиёнкор.

99. Таваҳҳум – ваҳму гумон.

100. Маъбад – ибодатгоҳ.

101. Бенасақ – бетартиб ва бенизом.

102. Сирешум – ширеш.

103. Қалъаи Хайбар – қалъаи воқеъ дар наздикии Мадина, ки макони яҳудиён буд ва дар оғози зуҳури ислом ба дасти ҳазрати Алӣ кушуда шуд.

104. Нафй – нестӣ, инкор, дур рондан.

105. Ионат – ёрӣ, мадад.

106. Тавъам – ҳамроҳ, бо ҳам.

107. Вокаш – дароз кашидан, ба роҳат хуфтан.

108. Чап хӯрдан – латма дидан, зарар ёфтан.

109. Кибриё – азамат, бузургӣ.

110. Сиёҳмаст – бадмаст ва бисёрнӯшанда.

111. Амал – (бо алиф) орзую ҳавас.

112. Тавқи гардан – дар ин ҷо ба маънии занҷири гардани зиндониён.

113. Амал (бо алиф) – орзую умед.

114. Кофур – доруест хушбӯ ва сафедранг.

115. Ибром – истодагарӣ кардан, исрор намудан.

116. Фол задан – орзу кардан.

117. Қатра задан – давидан, кӯшиш кардан.

118. Исор – саховат.

119. Табоеъ – табиатҳо, яъне одамон.

120. Ҳашиш – гиёҳи хушк.

121. Алоиқ – ҷамъи алоқа, яъне риштае, ки чизҳоро ба он банданд.

122. Қайсарзада – хунукхӯрда, сармозада.

123. Бесохта – воқеӣ, ҳақиқӣ.

124. Муслиҳ – басулҳоранда, илоҷикорёбанда.

125. Марас – расане ки дар гардани ҷонварон, аз қабили аспу саг банданд.

126. Хиффат – сабукӣ, бетамкинӣ, бевиқорӣ.

127. Адас – наск.

128. Шикаст – дар ин ҷо калимаи «шикаст» фоили ҷумла аст.

129. Тасаннуъ – худороӣ кардан.

130. Пархош – ҷангу пайкор.

131. Дар ин ҷо мазмуни мақоли халқии «Камбағалӣ айб нест» ифода ёфтааст.

132. Хашхош – кӯкнор.

133. Наббош – кафандузд.

134. Даро – зангӯлаи гардани шутур.

135. Кеш – таркаш, тирдон.

136. Тангқабо – муносиб, мутаносиб.

137. Тӯбӣ – дарахте дар ҷаннат.

138. Имсок – бахилию мумсикӣ.

139. Мовуман – киноя аз амалиёт ва корубори зиндагӣ.

140. Чарбидан – фузунӣ кардан. ғолиб омадан, бартарӣ ёфан.

141. Амал (бо алиф) – орзуву ҳавас.

142. Бор – иҷозат.

143. Наддоф – ҳаллоҷ, пахтазан.

144. Ҳарроф – ҳарфзананда.

145. Мӯҳиш – ҳузновар, андӯҳоранда, ваҳшатовар.

146. Роиҷулқалб – дар ривоҷу сохта.

147. Сарроф – заршинос.

148. Машҳад – шаҳодатгоҳ. киноя аз дунё.

149. Хавфу раҷо – биму умед.

150. Камоҳӣ – чунон ки ҳаст.

151. Сарфа надоштан – бефоида будан.

152. Алам (бо алиф) – дарду алам.

153. Абно – фарзандон.

154. Чеҳра шудан – ҳариф шудан, баробарӣ кардан.

155. Ҷуд – саховат.

156. Таҳаммул – тоқат, бурдборӣ.

157. Димоғ – дар ин ҷо ба маънии хоҳиш.

158. Тӯмор – мактуб.

159. Таваҳҳум – ваҳму гумон.

160. Пон – доруворе, ки барои ҳазми таом ва тоза нигоҳ доштани даҳону дандон хоида мешавад.

161. Тӯмор – дар ин ҷо ба маънии мактуб аст.

162. Имтидод – давомнокӣ.

163. Сафро – зардоб.

164. Судоъ – дарди сар.

165. Ҳола – хирмани гирди моҳ.

166. Қаҳба – зани бадкор.

167. Шайб – мӯсафедӣ, пирсолӣ.

168. Инбисот – хушию хуррамӣ.

169. Фароз – боз, кушода.

170. Тавф – зиёрат, тавоф.

171. Инҳироф – бероҳагӣ, каҷравӣ.

172. Бурудат – хунукӣ, сармо.

173. Самак – моҳӣ.

174. Амал (бо алиф) – орзую ҳавас.

175. Афсару авранг – тоҷу тахт.

176. Далел – роҳнамо.

177. Боло кашидан – ба маънии қад кашидан аст.

178. Мадд – ба маънии дарозӣ.

179. Зи худ вокашидан – ҳаракат кардан.

180. Тарзабонӣ – хушгуфторӣ.

181. Сафро ва савдо – зарду сиёҳ.

182. Накбат – сахтию хорӣ.

183. Таҳаввур – шуҷоат, мардонагӣ.

184. Муғелон – як навъи дарахти хордор.

185. Лангар – оҳан ва занҷири бисёр вазнин, ки киштиро бо он нигоҳ медоранд.

186. Калаф – доғ.

187. Силӣ – зарба.

188. Таназзул – паст шудан, поин фуромадан.

189. Хасак – хорҳои кӯчак.

190. Тасалсул – ҳаракати доимӣ.

191. Тамағғул кардан – худро муғул вонамудан.

192. Илтиём – беҳбуд ёфтани захм.

193. Мубарҳан – ошкору намоён.

194. Манумо – корубори дунё.

195. Тааллуқ – дилбастагӣ ба дунё.

196. Таайюн – худнамоӣ, кибру ғурур.

197. Пираҳан қабо кардан – даридани пираҳан.

198. Салаф – гузаштагон.

199. Мусайлим – паямбари бардурӯғ.

200. Ҷулоҳ – бофанда.

201. Тунбак – таблак.

202. Сурин – рони пой.

203. Дубурсириштагон – дубур ба маънии паси инсон, мақъад.

204. Нура – доруе, ки барои резондани мӯй ба кор равад.

205. Самин – гаронбаҳо, пурқимат.

206. Таҳаввур – бебокӣ, далерӣ, густохӣ.

207. Амуд – дар ин ҷо ба маънии гурз.

208. Ҳола – хирмани моҳ.

209. Зонӣ – зинокор.

210. Иштирок – шарик шудан, бо ҳам будан.

211. Айман – номи водие, ки кӯҳи Тур дар он ҷо воқеъ аст.

212. Тавоф – зиёрат.

213. Ҳашр – аз нав зинда шудан.

214. Асас – миршаб.

215. Халхол – зангӯлае ки дар банди пой банданд.

216. Хиссат чидан – хасисӣ кардан.

217. Дирам – пулакчаҳои пӯсти бадани моҳӣ.

218. Сирешумихтилотӣ – бо ширеш пайванд кардани ду чиз.

219. Ибрат – панду андарз.

220. Табоеъ – табиатҳо, яъне одамон.

221. Пина – дарбеҳ.

222. Баҳла – миёнбанди чармин.

223. Якқалам – саропо, тамоман.

224. Мукаррар – такрор.

225. Тафохур – фахр.

226. Ҳамин – дар ин ҷо ба маънии «фақат» ва «танҳо».

227. Тамасхур – ришханд, масхара кардан.

228. Мавҳума – ваҳму гумон.

229. Қиллат – камӣ, кам будан.

230. Тақотур – қатра-қатра чакидани об.

231. Таассур – душворӣ, вазнинӣ.

232. Табаҳҳур – бофаҳмӣ, доноӣ, мусаллат будан дар коре.

233. Ҳамин – ба маънои фақат.

234. Сайёф – шамшерсоз.

235. Аҷлоф – ҷамъи ҷалф, яъне фурӯмоя.

236. Кашафӣ – мансуб ба кашаф, яъне сангпушт.

237. Сарроф – заршинос.

238. Сит – овоз, садо.

239. Азабӣ – танҳоӣ, муҷаррадӣ.

240. Лаган – шамъдон, манқал.

241. Тақрир – сухан гуфтан.

242. Табарро – парҳез.

243. Ибтизол – бисёр сарф кардани чизе.

244. Хуся – хасишуда, ахтакардашуда.

245. Таваҳҳум – ваҳму гумон.

246. Қоқум – ҷонварест шабеҳи санҷоб, ки пӯсти нарм дорад.

247. Роҳила – ҳайвони саворӣ ва боркаш.

248. Амал (бо алиф) – орзую ҳавас.

249. Сила – эҳсон ва ҷоиза.

250. Утоқа – тоҷе ки аз парҳои мурғ созанд.

251. Мазбала – ҷои наҷосат партофтан.

252. Каннос – руфтагар, ҷорӯбкаш.

253. Маҷнун шуд – яъне Маҷнун низ намонд.

254. Руунат – кибру ғурур.

255. Кад – кӯшиши ба даст овардани ризқу рӯзӣ.

256. Парвона – мактуби ҳукми амирон.

257. Нам кашидан – дар хиҷолат мондан.

258. Салосилу ағлол – салосил ҷамъи силсила, ағлол – ҷамъи ғул, яъне занҷири гардан ва пои зиндониён.

259. Нол – ноли қалам.

260. Сарсар – боди тунди зиёновар.

261. Сар кардан – шурӯъ кардан.

262. Арбоби ҳасаб – одамони бузург.

263. Бадрақа – раҳнамо.

264. Тааб – ранҷу азоб.

265. Анҷумани ваҳм – дунёи моддӣ.

266. Инқисом – тақсимшавӣ, ҷудошавӣ.

267. Кеш – тирдон.

268. Шито – зимистон.

269. Аринӣ – ба маънии бинамо ба ман худро. Ин ҷо ишорат аст ба қиссаи қуръонии ҳазрати Мӯсо ва кӯҳи Тур.

270. Муғтанам ангоштан – ғанимат донистан.

271. Уқда – гиреҳ.

272. Айёш – аҳли айшу нӯш.

273. Хашхош – кӯкнор.

274. Хаффош – шабпарак.

275.Субҳа – тасбеҳ.

276. Зам – мазаммат.

277. Амал (бо алиф) – орзую ҳавас.

278. Икроҳ – кароҳатнок.

279. Инҳироф – каҷравӣ.

280. Алам (бо айн) – парчам.

281. Чалипо – каҷу килеб, салиб.

282. Даноат – пастӣ, фурӯмоягӣ.

283. Мусаммо – ҷисме, ки дорои ном аст.

284. Манумо – ҳастӣ, вуҷуд.

285. Наҳеб – тарсу ҳарос.

286. Шаст – шасти камон.

287. Раъша – ларзиш.

288. Банон – ангуштон.

289. Аташ – ташнагӣ.

290. Сувайдо – сиёҳӣ.

291. Тақаддум – пеш рафтан, пешӣ гирифтан.

292. Бас омадан – баробарӣ кардан.

293. Мақрун – наздикшуда.

294. Шухгин – чиркин.

295. Манҳус – шум, наҳс.

296. Масх – дигаргун кардани сурат ва баргардондани он ба сурати зишттар.

297. Ворун – вожгун, сарнишеб.

298. Тарф бастан – фоида бардоштан.

299. Шаланг – барҷастан аз ҷое ба ҷое, паридан аз ин ё он монеа.

300. Фассод – рагзан, хунгир.

301. «Сар»-и дувум ба маънии фикру хаёл.

302. Таайюн – худнамоӣ.

303. Иҷобат – қабули дуо.

304. Вуфур – зиёдӣ, фаровонӣ.

305. Ридо – либоси болопӯш.

306. Футур – харобӣ.

307. Масомат – сӯрохчаҳои зери пӯст.

308. Шӯр – ошӯб, ғавғо, фарёд.

309. Ин мисраъ аз ҷумлаи мисраъҳои машҳурест, ки чанде аз шоирони муосири Бедил, аз ҷумла худи Бедил, онро тазмин намудаанд.

310. Рокибу маркуб – шахси савора ва ҳайвони саворӣ.

311. Бебаргӣ – нодорӣ.

312. Таранг – садои шишаҳои холӣ.

313. Мушаббак – ҷисми сӯрохдор ба монанди панҷара.

314. Ихтилот – омезиш, бо ҳам будан.

315. Лиҳоф – болопӯш, рӯпӯш.

316. Алам (бо айн) – намоён, машҳур.

317. Иксир – дар истилоҳи кимиёгарон ҷавҳаре ки моҳияти ҷисмро тағйир диҳад, масалан, ҷеваро нуқра ва мисро ба тило табдил диҳад.

318. Гарда – нақша ва тарҳи чизе.

319. Мусалсал – силсиладор, давомдор.

320. Амал – орзу.

321. Таайюн – худнамоӣ.

322. Маъҷун – як навъи дору.

323. Мумтаҳин – озмоянда.

324. Нусхаи ваҳм – олами имкон.

325. Муҳра задан – зинат бахшидан, равшан намудан.

326. Хориқ – коромат.

327. Нигор – нақше ки аз ҳино ба дасту пои маъшуқ баста мешавад.

328. Ҳуру қусур – ҳурҳо ва қасрҳои ҷаннат.

329. Мусалсал кардан – дароз намудан.

330. Эъзоз – иззат.

331. Маҳзар – гувоҳнома.

332. Тамҳид – ибтидо, муқаддима.

333. Сафир – овоз, садо.

334. Силӣ – танбеҳ.

335. Сод – нуқтаи интихоб.

336. Амал (бо алиф) – орзуву ҳавас.

337. Умри арзал – замони пирӣ, ки давраи нотавонӣ ва фарсудагист.

338. Ло фато, илло Алӣ – нест ҷавонмарде, ба ҷуз Алӣ.

339. Тасоуд – болоравӣ, баланд шудан.

340. Хай – арақ, арақи хиҷолат.

341. Хуся – хасишуда.

342. Амал – орзуву ҳавас.

343. Ятимӣ – танҳоӣ.

344. Норанҷӣ – фиребу найранг.

345. Самоҷат – зиштию бешармӣ.

346. Иститоат – тавоноӣ.

347. Мубарро – беолоиш, бетуҳмат.

348. Танидан – дар ин ҷо ба маънии майл кардан, таваҷҷуҳ намудан.

349. Шай – чиз.

350. Ҳай – калимаест, ки дар мақоми танбеҳ ва гоҳе таҳсин гуфта мешавад. Ин калима ба маънии афсӯс низ меояд.

351. Мисқала – олати сайқалдиҳӣ.

352. Фоли кулфат задан – бе кулфат надонистан.

353. Таайюн – олами ҳастӣ.

354. Табоеъ – табиатҳо, яъне одамон.

355. Мақдур – тақдир кардашуда, қудрат додашуда.

356. Сундур – зебу зинат.

357. Арақ – арақи бадан.

358. Сақим – бемор, мариз.

359. Миҷмар – оташдон.

360. Тараф шудан – муқобилат кардан.

361. Забон кашидан – хомӯш будан, тоқат кардан.

362. Ал-аташ – ташнагӣ.

363. Ангуштчаш – намоён, машҳур.

364. Муртааш – ларзон.

365. Каффа – паллаи тарозу.

366. Ҷуд – атову карам, бахшиш.

367. Тарҷеҳ – бартарӣ.

368. Шарар дорад баҳор – яъне, шарар шукуфтан дорад, шарар хурсандӣ дорад, шарар баҳор дорад.

369. Ранги мо – дар ин ҷо низ фоили ҷумла калимаи «ранг» аст, на калимаи «баҳор».

370. Реша гир – реша тасаввур кун, реша гумон кун.

371. Тан задан – хомӯш будан.

372. Таваққуф – ист, истодан.

373. Мубтазал – беқадр.

374. Нифоқ – макру риё, мунофиқӣ.

375. Сувайдо – сиёҳӣ.

376. Норҷил – меваест, ки онро ҷавзи ҳиндӣ низ гӯянд.

377. Киштии дарвеш – киштии равон.

378. Сарфа надоштан – имкон надоштан.

379. Ҳон – хуш бош, бохабар бош.

380. Илзом – шарманда кардан.

381. Ихтилот – омезиш.

382. Таайюн – олами моддӣ.

383. Тардимоғ – сархуш ва ниммаст.

384. Каслат – касалӣ ва нотавонӣ.

385. Туранҷ – чин, шикан, чини пешонӣ.

386. Муояна – мушоҳида кардан, дидан.

387. Сипанҷ – муваққатӣ, дусерӯза.

388. По хӯрдан – пешпо хӯрдан, ба сар рафтан.

389. Ноҳинҷор – номуносиб.

390. Омос – варам.

391. Алам (бо айн) – парчам.

392. Инфиол – пушаймонӣ, шарму хиҷолат.

393. Кеш – тирдон.

394. Оташкор – гӯлахӣ, оташсоз.

395. Ташнеъ – танқид ва маломат.

396. Тасаннуъ – худороӣ, сохтакорӣ.

397. Самоҷат – зиштӣ, бадхӯӣ.

398. Амал (бо алиф) – ҳавову ҳавас.

399. Интиош – некӯҳол шудан, ба нишот расидан.

400. Кадир – тира.

401.Бетамиз – беимтиёз, беихтиёр.

402. Ҷунб – тарсу бим.

403. Калоғ гирифтан – таъна задан.

404. Чаноғ – шарт, гарав.

405. Аъроз – ҷамъи араз, яъне, чизе ки собит ба нафси худ набошад ва қоим ба зоти дигар бошад.

406. Бенасақ – бетартиб, бенизом.

407. Манҳус – наҳс, шум, бадахтар.

408. Мидод – ранг.

409. Ҷурду мурд – калу кӯса.

410. Айёр – марди чолок, тундрав ва далер.

411. Бозича – киноя аз зиндагии пурфусун.

412. Занбил – сабад.

413. Нил – ранги кабуд.

414. Мубарҳан – ошкор.

415. Ҷасим – ба маънии зиёд ва амиқ.

416. Ғаним – душман.

417. Таранг – садои ба ҳам хӯрдани шишаҳо.

418. Дурудан – даравидан.

419. Сарфа бурдан – фоида кардан.

420. Афшурдан – афшондан.

421. Саморуқ – саморуғ, хорч.

422. Зам – мазаммат.

423. Шақ кардан – шикофтан, пора кардан, даридан.

424. Рамақ – лаҳзаҳои охирини ҳаёт, ҳаёти боқимонда.

425. Мустаҳақ – дар ин ҷо ба маънии нодор ва муҳтоҷ.

426. Зеҳ – бартарӣ.

427. Авранг – тахти шоҳӣ.

428. Таайюн – худнамоӣ.

429. Танзеҳ – покӣ, беолоишӣ.

430. Адим – гилем, пӯстак.

431. Камоҳӣ – чунон ки ҳаст.

432. Арбоби вусул – Мардони Худо.

433. Назр – ҳадя.

434. На ҳамин – на фақат, на танҳо.

435. Вифоқ – бо якдигар будан.

436. Каъбатайн – донаҳои шашпаҳлӯи нард.

437. Ҳаволӣ – пиромун, гирдогирди чизе ё касе.

438. Дар ин байт ишора ба шоири маъруф Бадруддини Ҳилолӣ нест. Шоир гуфтанист, ки дар асари пирӣ тамоми узвҳои вуҷуди ман хам задаанд. Ҳамин хамзадагиҳоро ҷамъ намуда, аз онҳо девоне тартиб медиҳам.

439. Пашм дар кулоҳ надоштан – қадру арзише надоштан.

440. Азмат – бузургӣ.

441. Инкисор – фурӯтанӣ.

442. Дасти суда – киноя аз пушаймонӣ.

443. Муҳтамал – мазмуни духӯра, мазмуне, ки ба чанд маъно фаҳмиданаш мумкин аст.

444. Мубтазал – мазмуни пешипоафтода.

445. Мушаббак – сӯрохдор.

446. Шон – хонаи занбӯри асал.

447. Тарф бастан – фоида бурдан, нафъ бардоштан.

448. Мунҳариф – бероҳа.

449. Маосӣ – ҷамъи маъсият, яъне гуноҳ.

450. Байза бар сар шикастан – киноя аз расво кардану мағлуб сохтан.

451. Баҳла – миёнбанд.

452. Мисқол то ман – мисқолу ман воҳидҳои вазнанд.

453. Муғ – дар ин ҷо ба маънии соқӣ омадааст.

454. Ратли гарон – пиёлаи бузурги шароб.

455. Амал (бо алиф) – ҳавову ҳавас.

456. Тақйид – дар қайд будан.

457. Миҷмар – зарфе ки дар он сипанд сӯзанд.

458. Халоб – замини пургил, ки по дар он фурӯ биравад.

459. Баҳонаҷӯӣ – манфиатхоҳӣ, фоидабарӣ.

460. Аномил – ҷамъи анмала, яъне ангушт.

461. Буъд – дурӣ.

462. Манумо – гирудори зиндагӣ.

463. Ҷарида – танҳо, якка.

464. Анборидан – анбор кардан, ҷамъ намудан.

465. Ёристан – тавонистан.

466. Идбор – тирарӯзӣ, бетолеъӣ.

467. Тааб – ранҷу сахтӣ, азобу уқубат.

468. Сабуксор – сабуксар, бемағз.

469. Табахтур – кибру ғурур.

470. Самар – машҳур.

471. Иҳонат – таҳқир намудан, паст задан.

472. Фароз кардан – боз намудан.

473. Алам (бо айн) – машҳур.

474. Эҳтироз – парҳез кардан, дурӣ ҷустан.

475. Қивом – поя ва асоси чизе. Қивом додан – устувор кардан.

476. Шаланг задан – ҷастухез намудан.

477. Раҳин – шарт, гарав.

478. Таранг – садои шишаҳои холӣ.

479. Карон – соҳил.

480. Ғайрат – рашк.

481. Лаган – шамъдон.

482. Кафоф – кифояткунанда.

483. Мубтазал – суханони умумӣ.

484. Маснӯъ – сохташуда.

485. Тоиб – тавбакунанда.

486. Хавфу раҷо – биму умед.

487. Роҳиб – порсо ва обиди насронӣ.

488. Мумкин – «мумкин»-и дувум ба маънои олами имкон.

489. Алам (бо айн) – парчам.

490. Боддастӣ – харҷи зиёд кардан, ҳотамӣ намудан.

491. Алам (бо алиф) – дарду алам.

492. Сидраву тӯбо – дарахтҳое, ки дар ҷаннат мавҷуданд.

493. Пай кардан – аз рафтор монондан.

494. Кулоҳ шикастан – тафохур кардан.

495. Талофӣ – чизеро дар ивази чизе гирифтан.

496. Самар – машҳур.

497. Лахте – каме, андаке.

498. Таҷрид – танҳоӣ.

499. Маъкус – сарнигун, вожгун.

500. Масона – обдон, хичак.

501. Ал-ҳукму ли-л-лоҳ в-ал-мулку ли-л-лоҳ – Ҳукм ҳам аз Худосту мулк ҳам.

502. Ноқа – шутур.

503. Мосиво – ба ғайр аз он, яъне ба ғайр аз Худо.

504. Амал (бо алиф) – ҳавову ҳавас.

505. Карона – соҳил.

506. Мӯриёна – занги оҳан.

507. Масҳ – даст расондан, палмосидан.

508. Мубҳам – номаълум.

509. Мулзам – мағлубшуда.

510. Чанбарӣ – доирашакл, хамзада.

511. Соғарӣ – сағрии асп, рони асп.

512. Кадя – сахтӣ, душворӣ, гадоӣ.

513. Санг бар дил бастан – сабру тоқат намудан.

514. Ҳисоб доштан – сарукор доштан.

515. Амаловора (амал бо алиф) – овораи ҳавову ҳавас.

516. Амал (бо алиф) – ҳавову ҳавас.

517. Тарф – манфиат.

518. Шигарф – аҷиб, турфа.

519. Ҷаҳулу залум – ҷоҳилу золим.

520. Мустакӣ ва кундур – навъҳои гуногуни сиреш.

521. Замин – дар ин ҷо ба маънии қолаб ва тарҳи шеър.

522. Раҳим – бачадони занон.

523. Маҳмез – халачӯб.

524. Мадд кашидан – дароз шудан.

525. Алам (бо алиф) – дарду алам.

526. Баҳор – дар ин ҷо ба маънии хурсандӣ ва шодмонӣ.

527. Тааллуқ – алоқамандӣ ба олами имкон.

528. Раҳн – гарав, иваз.

529. Амал (бо алиф) – ҳавою ҳавас.

530. Кофур – камфора, доруест хушбӯю сафедранг, ки аз дарахти маъруф ба кофур ба даст меояд.

531. Диранг – таъхир, таваққуф.

532. Мусаллам – саломат ва беташвиш.

533. Таранг – садо.

534. Тамҳид – ибтидо, замина.

535. Такаллуф кардан – ранҷ бурдан, ранҷеро ба худ раво дидан.

536. Танидан – печидан, майл кардан, наздик шудан.

537. Таваҳҳум кардан – гумон кардан.

538. Гард кардан – гардиш кардан, гирди сари касе гардидан.

539. Дастанбӯй – ҷисми кулӯлае, ки аз атриёт таркиб ёфтааст ва онро ҷиҳати бӯй кардан истифода мекунанд.

540. Маъсият – гуноҳ.

541. Ридо – либос.

542. Қафо хӯрдан – пасигарданӣ хӯрдан.

543. Хас ба дандон гирифтан – оҷизӣ кардан ва амон хостан.

544. Ирз – зот, ҷон, нафс.

545. Камар кушудан – тарк кардани коре, фориғ шудан аз коре.

546. Мӯи сар кушудан – мотам гирифтан.

547. Зеҳ – гиреҳ.

548. Мураккаб – ранги сиёҳ.

549. Миҳбар – давот, сиёҳидон.

550. Лол – гунг.

551. Ҳамин – танҳо, фақат.

552. Ҳанҷара – ҳалқ, гулӯ.

553. Баҳор кардан – шодмонӣ кардан, хурсандӣ кардан.

554. Нашид – суруд хондан ва садо баланд кардан.

555. Марҳун – гаравгон.

556. Нафси аммора – хоҳиши табиати инсон ба сӯи лаззоти ҷаҳон.

557. Таранҷубин – шаҳде ки дар хорҳои дарахти шутурхор пайдо шавад.

558. Тавсан – асп.

559. Бемуҳобо – бесабаб, белиҳоз, безарурат.

560. Майдон кашидан – бо неруи нав ба пеш рафтан.

561. Руунат – кибру ғурур.

562. Ионат – мадад, дастгирӣ.

563. Амал (бо айн) – кору фаолият.

564. Аҳвалӣ – каҷчашмӣ, якеро ду дидан.

565. Сарин – мансуб ба сар, болои сар, тарафи сар, муқобили поин.

566. Гав – чуқурӣ, чоҳ.

567. Паранд – абрешим, ҳарир.

568. Фунун – ҷамъи фан, яъне ҳилаву найранг.

569. Расантоб – ресмонбоф.

570. Аташ – ташнагӣ.

571. Ҳубби ҷоҳ – муҳаббати мансаб.

572. Ғаливоз – заған, киноя аз шахси нармода.
1   ...   27   28   29   30   31   32   33   34   35


написать администратору сайта