Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Роҳи муддао гум нест, арзи мубтазал444 дорам. Дил мушаббак445 аст имрӯз аз хаданги бедодат, Маҳви лаззати шавқам, шоне446 аз асал дорам. Санг ҳам ба ҳоли ман гиря гар кунад, барҷост, Бе ту зиндаам, яъне, марги беаҷал дорам. Тарки суду савдо кун, қатъи ҳар таманно кун, Май хуру тарабҳо кун, ман ҳам ин амал дорам. Баҳри қудратам, Бедил, мавҷхези маъниҳост, Мисраъе агар хоҳам сар кунам, ғазал дорам. * * * Набарӣ гумони фусурдагӣ ба ғубори бесарупоиям, Ки ба чарх мефиканад нафас чу саҳар замини ҳавоиям. Зи тааллуқам надиҳӣ нишон, ки гузаштаам ман аз ину он, Ба хаёли силсилаи ҷаҳон гираҳе нахӯрда расоиям. Ба димоғ мавҷи гуҳар задам зи ҷунуни нашъаи оҷизӣ, Накашид гарди ҳавас саре, ки накӯфт обилапоиям. Зи хаёл то мижа бастаам, қадаҳи баҳона шикастаам, Хушат он ки сайри парӣ кунӣ зи тилисми шишанамоиям. Ҳавасам зи нолаи беасар ба чӣ муддао шиканад назар? Ниҳад устухон маҳи нав магар ба нишони тири ҳавоиям. На нишемане ки кунам макон, на паре, ки барпарам аз миён, Накунӣ ба ишваи имтиҳон ситамошёни раҳоиям. Ба куҷост рафтану омадан, ки ба ғурбатам кашад аз ватан, Зи фусуни санъати ваҳму зан ҳавасозмои ҷудоиям. Ба ҷаҳони ҷилва расидаам, зи ҳазор парда дамидаам, Самари ниҳоли ҳақиқатам, чамани баҳори худоиям. Сари Каъба гарми фусуни ман, дили дайру ҷӯшиши хуни ман, Магузар зи сайри ҷунуни ман, ки қиёмати ҳамаҷоиям. Ба нигоҳ ҳайрати комилам, ба хаёл уқдаи мушкилам, Зи ҷаҳони фитрати Бедилам, на заминиям, на самоиям. * * * Надонам, чу шамъ аз чӣ хиҷлат чунинам? К-аз оташ арақ мечаконад ҷабинам. Нафас мешуморам ба уммеди раҳмат, На дунё ба кори ман омад, на динам. Ҳузуре надорад баҳори саломат, Шикасте кунад гул, ки ранг офаринам. Чӣ сон тарф бандад умед аз тасаллӣ? Ба шак низ роҳе надорад яқинам. Зарур аст поси хаёлоти ботил, Адабпарвари ҳастии нозанинам. Кӣ пӯшад уюби тиҳидастии ман? Дароз аст кӯтоҳии остинам. Илоҷе надорам, ба ҷуз хок гаштан, Фитодаст саъйи нафас дар каминам. Дил аз сарнавишти заифӣ чӣ нолад? Ба чинӣ расидаст ин мӯ зи чинам. Кам аз пашшаам, лек аз иброми матлаб Туфанг аст дар гӯши мардум танинам. Надорам ба ҷуз ҷонканӣ номи дигар, Чу Фарҳод дар кӯҳ гум шуд нигинам. Зи тимсол худбинӣ имкон надорад, Ту оина пардоз, то ман бибинам. Ҳисоби замин бо фалак рост н-ояд, Бар ҳар ҷо ту бошӣ, ту ӯӣ, ман инам. Дар ин базм танг аст ҷои сипандам, Магар нола бархезаду ман нишинам. Чӣ гӯям мани Бедил аз бекасиҳо? Ба сар осмон ҳам надорад заминам. * * * На ибодат, на риёзат кардам, Бодаҳо хӯрдаму ишрат кардам. Меҳмони караме буд хаёл, Бо фузулӣ ду дам улфат кардам. Ҳар чӣ з-ин моидаам пеш омад, Неъмате буд, ки ғорат кардам. Халқ дар дайру ҳарам так заду ман Дили осуда зиёрат кардам. Гардам аз арсаи ташвиш гузашт, Он суи ҳашр қиёмат кардам. Хокро арши барин натвон кард, Тарки худдории ҳиммат кардам. Офият ташнаи беқадрӣ буд, Саҷдаи хоки мазаллат кардам. Огаҳӣ ранҷи пушаймонӣ дошт, Айшҳо дархури ғафлат кардам. Бедимоғи манумо натвон зист, Тан задам, хоби фароғат кардам. Шавқ бемақсаду дил бепарво, Хок бар фарқи надомат кардам. Ту шудам мунҳариф448 аз илму амал, Сайри кайфияти раҳмат кардам. Мағфират музди маосӣ 449 будаст, Кист фаҳмад, ки чӣ хидмат кардам? Ҳеҷам аз кардаву нокарда мапурс, Ёди он чашми мурувват кардам. Ҳар чӣ аз дасти ман омад, Бедил, Ҳама бе рағбату нафрат кардам. * * * Ҳамчу оина таҳайюрсафарам, Соҳиби хонааму дарбадарам. Аз баҳору чаманам ҳеҷ мапурс, Ба хаёли ту, ки ман бехабарам. Ёди чашми ту ҷунунҳо дорад, Ҳар куҷоям, ба ҷаҳони дигарам. Шуълаам то нашавад хокистар, Орамидан накашад зери парам. З-ин ҷунунзори ҳавас обилавор Чашм пӯшидааму мегузарам. Ин чаман ибрати гулчинӣ дошт, Чид доман зи табассум саҳарам. Эҳтиёҷам дари изҳор назад, Хушкии лаб написандид тарам. Фақрам аз нанги ҳавасҳо во дошт, Байза нашкаст кулоҳе ба сарам.450 Шӯри бекориям офоқ гирифт, Баҳла451 зад дасти тиҳӣ бар камарам. Дил зи ташвиши ҷасад менолад, Садафи обила дорад гуҳарам. Ҷинси оташкада бе доғе нест, Муфти оҳе ки надорад ҷигарам. Раҳ набурдам бадар аз кӯчаи дил, Такупӯи нафаси шишагарам. Инфиол оинапардози ман аст, Арақе мекунаму менигарам. Ман на з-он гумшудагонам, Бедил, Ки расад бод ба гарди асарам. * * * Ёди ман кардӣ, басомон гашт нози ҳастиям, Номи дил бурдӣ, қиёмат кард сози ҳастиям. Тухми аҷзам пур тунуксармояи нашвунумост, Саҷдае медонаму бас, навниёзи ҳастиям. Тангзарфи эҳтиётам, в-арна, монанди ҳубоб Баҳр меболад зи оғӯши гудози ҳастиям. Ҳамчу шамъам ҳар нигаҳ доғе дигар эҷод кард, Ин қадар, ё Раб, кӣ фармуд имтиёзи ҳастиям? Ман ҳам аз мавҳумии сози нафас ғофил наям, То куҷо хоҳад дамид афсунтирози ҳастиям? Субҳаму дар пардаи шаб зиндагонӣ мекунам, Бенафас хобидааст афсонасози ҳастиям. Гар ҳама тӯфон шавам, кайфиятам бепарда нест, Ишқ дар гӯши адам хондаст рози ҳастиям. Эй шарори рафта аз худ, пур ба берангӣ маноз, Дидаам ранге, ки ман ҳам бениёзи ҳастиям. Сояро бар хоки раҳ пайдост тарҷеҳи уруҷ, Ин қадар ман низ, Бедил, сарфарози ҳастиям. * * * Як дам осоиш ба сад ибром пайдо кардаем, Саъйҳо шуд хок, то ором пайдо кардаем. Тирабахтӣ низ муфти дастгоҳи аҷзи мост, Рӯз агар гум гашт, боре шом пайдо кардаем. Мақсади ушшоқ расвоист, мо ҳам чун саҳар Як гиребон ҷомаи эҳром пайдо кардаем. Шуҳраи вомондагиҳоем чун нақши нигин, Пой то бар санг омад, ном пайдо кардаем. Қатраи ашкем, моро ҷаҳд ку, ҷавлон кадом? Аз чакидан туҳмати як гом пайдо кардаем. Эй шарар, з-ин беш бар оинаи фитрат маноз, Мо ҳам аз оғози хеш анҷом пайдо кардаем. Чашми ҳайрон дар кафем аз нашъаи дидору бас, Бехудивақфитамошо ҷом пайдо кардаем. Умрҳо шуд, бо хаёли ҷилваи ӯ тавъам аст Бенигаҳ чашме, ки чун бодом пайдо кардаем. Хомушӣ хилватгаҳи васл асту мо номаҳрамон Аз лаби ғафлатнаво пайғом пайдо кардаем. Умр зиндонхонаи чандин тааллуқ будааст, Дар ғубори худ суроғи дом пайдо кардаем. Хоки мо имрӯз гармоҳанги парвози фаност, Эй ҳаваскасби ҳавоҳо, бом пайдо кардаем. Олами мавҳумаи асбоб сурат бастааст, Он чи, Бедил, аз хаёли хом пайдо кардаем. * * * Озодӣ охир бад бохт бо ман, Ранҷи камар шуд чинҳои доман. Муздури аҷз аст таслими улфат, Дил ҳар чӣ бардошт, гаштам дуто ман. Зеру бами умр равшан нагардид, К-ин шӯри ибрат ӯ буд ё ман? Ё Раб, чӣ пардохт сеҳри таайюн, Халқе шаҳид аст з-ин хунбаҳо ман. Ғофил мабошед аз фаҳми асрор, Маънихаёлон, содест бо ман. Дил бар кӣ бандам, ранг аз чӣ гирам? Аз ҳар ду олам чун ӯ ҷудо ман. Ҳар ҷо расидам, як нағма дидам, Ё Раб, куҷояст ин ҷо ба ҷо ман? Худсанҷи ваҳмӣ, бо бешу кам соз, Муфти тарозуст мисқол то ман.452 Дил з-ин харобот дигар чӣ ҷӯяд? Зад шиша бар санг, омад садо «ман». Ҳангомаи ваҳм бигзору бигзар, Ман то куҷо ӯ, ӯ то куҷо ман? Бедил, ба худ ҳеҷ тарфе набастам, Дар маънӣ ӯ буд ин бевафо ман. * * * Осон макун тасаввур нози муғон453 кашидан, Сар медиҳад ба сангат ратли гарон454 кашидан. Нашвунумои ҳастӣ чун шамъ худгудозист, Мебояд аз баҳорат ранҷи хазон кашидан. Беҳуда фикри асбоб хам рехт дар биноят, То чанд бори дунё чун осмон кашидан? Эй зиндагӣ, фано шав, ё масдари ғано шав, То миннате набояд з-ин нокасон кашидан. Аз байза сар кашидем, аммо куҷост парвоз, То болу пар тавонем аз ошён кашидан? Коми амалпарастон455 шоистаи тарӣ нест, З-ин чоҳи тира то кай як ресмон кашидан? Бадгавҳарӣ муҳол аст, кам гардад аз риёзат, Рӯйи тунук диҳад об теғ аз фасон кашидан. Гирам, кашад мусаввир сад Бесутун ба мӯе, Чун ман агар тавонад як нотавон кашидан. Бори хамидагиҳо яксар ба дӯши пирист, Бастанд бар заифон зӯри камон кашидан. Забти нафас чӣ миқдор бо мақсад ошноист, Моро ба мо расонид охир инон кашидан. Гар туҳфаи ниёзе манзури ноз бошад, Дар пеши содарӯён хат метавон кашидан. Бедил миёни хубон маҷбури нотавонист, То кай ба тори мӯе кӯҳи гарон кашидан? * * * Аз ҷавон ҳусни сулуки пир натвон ёфтан, Гӯшаи чашми камон аз тир натвон ёфтан. Тинати комилхирад аз туҳмати нуқсон барист, Ранги хун ҳаргиз ба рӯйи шир натвон ёфтан. Ҳайфи ҳиммат, гар шавад мамнуни таҳсили мурод, Эй хуш он оҳе, к-аз ӯ таъсир натвон ёфтан. Мешаванд асҳоби ғафлат поймоли ҳодисот, Хоби махмалро ҷуз ин таъбир натвон ёфтан. Фақри мо оинаи рамзи ҳуваллоҳ асту бас, Файзи ин хок аз ҳазор иксир натвон ёфтан. Беиборат шав, ки гардад маънии дил равшанат, Рамзи ин Қуръон зи ҳар тафсир натвон ёфтан. Олами тақйид456 яксар домгоҳи гуфтугӯст, Ҷуз садо, дар хонаи занҷир натвон ёфтан. Ҳирсу як олам фузулӣ, хоҳ тоқат, хоҳ аҷз, Ҷуз ҷавониҳо аз ин бепир натвон ёфтан. Мо дар ин маҳфил абас ҷоне ба ҳасрат меканем, Як дил ин ҷо қобили тасхир натвон ёфтан. Бехудинайрангам, аз пайдову пинҳонам мапурс, Муддаои ҳайрати тасвир натвон ёфтан. Дар ҳарими кибриё, Бедил, раҳи қурби вусул Ҷуз ба саъйи нолаи шабгир натвон ёфтан. * * * Аз чарх бори миннат то кай тавон кашидан? Бояд ба поймардӣ даст аз ҷаҳон кашидан. Тӯфон куну барангез гард аз бинои ҳастӣ, Домони мақсад охир хоҳӣ чӣ сон кашидан? Як нолаи сипандат аз ваҳм мераҳонад, То кай, ба ранги миҷмар457 дуд аз даҳон кашидан? Асбоб мефизояд бар ташнакомии ҳирс, Гулро зи ҷӯши об аст чандин забон кашидан. Эй ҳирси ваҳмпаймо, қатъи назар кун аз хеш, Ин роҳ тай нагардад, ғайр аз инон кашидан. Сайди заифи моро аз инқилоби парвоз Бояд ба ҳалқаи дом хатти амон кашидан. Оҳ аз ҳуҷуми пирӣ, дод аз ғами заифӣ, Ҳамчун камон зи хешам бояд камон кашидан. Гарди шикастаболам, парвози ман муҳол аст, Дорам саре ки натвон з-ин остон кашидан. Маҳви суҷуди шавқам дар ёди чашми масте, Аз ҷабҳаи хаёлам май метавон кашидан? З-он ҷилва ҳеҷ нанмуд оина ҷуз мисоле, Наққошро муҳол аст тасвири ҷон кашидан. Ку яъс, то намояд озодам аз ду олам, То чанд нози Юсуф аз корвон кашидан? Хокистарам ҳамон беҳ, к-аз шуъла пеш тозад, Марг аст доғи хиҷлат аз ҳамраҳон кашидан. Сад ранг шӯри мастӣ оинадори ҳастист, Натвон чу гул дар ин боғ соғар ниҳон кашидан. Бедил, диле зи оҳан бояд дар ин биёбон, То як ҷарас тавонам бори фиғон кашидан. * * * Аз худсарӣ мачинед идбор то ба гардан, Халқест з-инчунин сар безор то ба гардан. Эй ғофилон, гар ин аст осори сарбаландӣ, Фарқе наметавон ёфт аз дор то ба гардан. Таслими теғи тақдир з-ин бештар чӣ бошад? Чун мӯст пайкари мо як тор то ба гардан. З-ин саркашӣ ки дорад табъи ҷунунсириштат, Офот ҳамчу силист дар кор то ба гардан. Тамкин намеписандад ҳангомаи руунат, З-ин вазъ зери теғ аст куҳсор то ба гардан. Фардост, хоки ин дашт по бар сарат шикастаст, Имрӯз дар таҳи пош ангор то ба гардан. Халқест, з-ин ҷунунзор урёни бетамизӣ; Дастор то ба зону, шалвор то ба гардан. Ранҷи халоби458 дунё масти баҳонаҷӯист459, То по ниҳӣ, ки рафтӣ якбор то ба гардан. Минои ин харобот бе май наметавон ёфт, Дар хун нишастагонанд бисёр то ба гардан. Гар ҳирси ботааллуқ дорад сари тамаллуқ, Чандеш пой дар гил бигзор то ба гардан. Мавҷи гуҳар чӣ миқдор аз об сар барорад? Дорад бинои иқбол девор то ба гардан. То банд-бандат аз ҳам чун субҳа во нагардад, Ақди аномили460 яъс бишмор то ба гардан То зиндагист, чун шамъ эмин наметавон зист. Як кӯча оташ аз пост ин хор то ба гардан, Дар халқ агар ба ин буъд461 берабтии вифоқ аст, Пайғоми сар тавон бурд душвор то ба гардан. Ку силии заруре ё теғи имтиҳоне? Халқе нишаста ин ҷо бекор то ба гардан. Ку тоате, ки моро то кӯйи ӯ расонад? Тасбеҳ то забон аст, зуннор то ба гардан. Беди баҳори яъсем, аз бебарӣ мапурсед, Аъзо ба хам шикастем з-ин бор то ба гардан. Ранги ҳинояш имшаб сайри баҳори нозест, По бӯсу миннати хун бардор то ба гардан. З-он ҷуръате ки судам дасте ба теғи нозаш, Бурдам зи ҳар сарангушт зинҳор то ба гардан. Чун шуъла бурда будам бар чарх нози тоқат, Ранги шикастаам кард ҳамвор то ба гардан. Савдоии ҳавасро кам нест мӯйи сар ҳам, Бедил, мапеч аз ин беш дастор то ба гардан. * * * Аз дида суроғи дили девона талаб кун, Нақши қадами нашъа зи паймона талаб кун. Аз паҳлуи дил шуълахироманд нафасҳо, Эй ашк, ту ҳам оташ аз ин хона талаб кун. Дилҳо ҳама хилваткадаи ҷилваи ёранд, Аз ҳар садаф он гавҳари якдона талаб кун. Тӯфонкадаи ҷӯши муҳит аст сароят, Аз лафзи худ он маънии бегона талаб кун. Эй улфати ободии мавҳум ҳиҷобат, Он ганҷ ниҳон нест, ту вайрона талаб кун. Умрест, ба ёдаш ҳама тан як дили чокем, Чун субҳ зи оинаи мо шона талаб кун. Афсуни равонӣ балади ҷуръати мо нест, Ашкем, зи мо лағзиши мастона талаб кун. Сарҷӯши тамошокадаи маҳфили рангем, Моро зи ҳамин шишаву паймона талаб кун. Олам ҳама дар партави як шамъ ниҳон аст, Ин сурма зи хокистари парвона талаб кун. Мардӣ зи сару барги ғурур аст буридан, Гар арра шавӣ, резиши дандона талаб кун. Бе касби қаноат натавон ёфт дили ҷамъ, Аз бастани минқори талаб дона талаб кун. То марг фусуни манумо462 муфти шунидан, То хоб зи хешат барад, афсона талаб кун. Туҳматқафаси улфати ваҳмест дили мо, Ин шиша ҳам аз тоқи парихона талаб кун. Бедил, рақами сафҳаи мо бехабариҳост, Рав, сархати таҳқиқ зи фарзона талаб кун. * * * Аз нолаи дили мо то кай рамида рафтан? З-ин дардманд ҳарфе бояд шунида рафтан. Бе нашъа зиндагонӣ чандон намак надорад, Ҳайф аст аз ин харобот май нокашида рафтан. Оҳанги бенишонӣ з-ин гулситон зарурист, Роҳи фано чу шабнам бояд ба дида рафтан. Ҷуръатгари талаб нест бедаступоии мо, Дорад ба саъйи қотил хуни чакида рафтан. Чун шуълае, ки охир помоли доғ гардад, Дар зери по нишастем аз сар кашида рафтан. З-ин боғ маҳмили мо бар дӯши ноумедист, Бар омадан набандад ранги парида рафтан. Аз ваҳшати нафасҳо ку фурсати тааммул? Чун субҳ бояд аз хеш доман начида рафтан. Бар халқи бебасират то чанд арзи ҷавҳар? Бояд зи шаҳри кӯрон чун нури дида рафтан. Ҳамдӯши орзуҳо дил меравад, нафас нест, Дар ранг реша дорад тухми дамида рафтан. Қатъи нафас намудем, ҷавлони муддао ку? Дар хоб ҳам набинад пойи бурида рафтан. Рафтори соя ҳаргиз вомондане надорад, Дар манзил аст раҳрав аз орамида рафтан. Қадди дутои пирист абрӯйи ин ишорат, К-аз тангнои ҳастӣ бояд хамида рафтан. Боли фишондаи оҳ бе гарди ҳасрате нест, Бо оламе зи худ бурд моро ҷарида463 рафтан. Таъҷили тифлхӯён сози хатост, Бедил, Лағзиш ба пеш дорад ашк аз давида рафтан. * * * Агар муште ғубори худ парешон метавон кардан, Ба чашми ҳар ду олам нози мижгон метавон кардан. Матоъи зиндагӣ ҳарчанд меарзад ба бод ин ҷо, Ба ҳиммат андаке з-ин қимат арзон метавон кардан. Шаби ҳирмон фурӯ бурдаст исёнгоҳи ҳастиро, Агар ашке ба дард ояд, чароғон метавон кардан. Баҳори дастгоҳи шавқу чандин ранги расвоӣ, Ҷунун муфт аст, агар як нола урён метавон кардан. Ғубори водии ҳасрат фусурдан барнамедорад, Ба пойи ҳар кӣ аз худ рафт, ҷавлон метавон кардан. Агар ҳирси гуҳар доман нагирад қатраи моро, Бурун з-ин баҳр чандин ранг тӯфон метавон кардан. Ба ранги шамъ дорам рафтане дар пеш аз ин маҳфил, |