Главная страница

Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи


Скачать 0.85 Mb.
НазваниеАхтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
АнкорШпаргалка
Дата15.09.2021
Размер0.85 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлаАхтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил.docx
ТипДокументы
#232339
страница30 из 35
1   ...   27   28   29   30   31   32   33   34   35

Ба по ҷаҳде ки натвонам, ба мижгон метавон кардан.

Ба ваҳшат домани ҳиммат агар як чин баланд афтад,

Ҷаҳонеро ғубори тоқи нисён метавон кардан.

Ба товусӣ наям қонеъ зи гулзори тамошоят,

Маро з-ин бештар ҳам чашми ҳайрон метавон кардан.

Адабгоҳи муҳаббат гар набошад дар назар, Бедил,

Зи шӯри дил ду олам як намакдон метавон кардан.

* * *

Агар нола гӯше наяфшорад аз ман,

Нафас сад найистон най анборад464 аз ман.

Ман он безабонам, ки нашнид дил ҳам

Ҳадиси қабули туам ёрад465 аз ман.

Вафое ки шуд робити обу гавҳар,

Туро ҳам ҷудо, кош, нагзорад аз ман.

Наям зинда дур аз ту чандон, ки қосид

Дили нозукатро биёзорад аз ман.

Муҳол аст дар ваҳдатободи ҳастӣ,

Ки худро кас ин ҷо ту пиндорад аз ман.

Ба бетобии ашкам, эй ҷилва, раҳме,

Ки гар нест, оина меборад аз ман.

Хами ибрате кардаам гул зи пирӣ,

Ба ин нохун охир кӣ сар хорад аз ман?

Шарорам зи беҳосилӣ чашм дорад,

Ки тухме ба рӯи ҳаво корад аз ман.

Ба сад орзу кушт шуғли дуоям,

Илоҳо, дуо даст бардорад аз ман.

Касе нест, ҷуз фурсати рафта аз каф,

Ки пайғоми ӯ сӯи ман орад аз ман.

Ҷунуне гирифтаст домони ваҳмам,

Маро кист, Бедил, ки водорад аз ман?

* * *

Эй ҳузури мақдамат бар зиндагӣ бурҳони ман,

Мурда будам, зиндаам кардӣ, биё, эй ҷони ман.

Дида бо дидор чун оина аҳде баста буд,

Кардаам забти нафас, то нагсалад паймони ман.

Бо ҳама дурӣ ҳузури қурби нозе доштам,

Бо камоли бехудӣ ғафлат набуд имкони ман.

Ҳар қадам ранге дигар пар мекушуд, огоҳ бош,

Дар тарабгоҳи хиромат гарди болафшони ман.

Пеш меомад ба ҳар ҷо дар раҳат барги гуле,

Бурда буд оинае аз дидаи ҳайрони ман.

Баҳри побӯси ту ҳар ҷо сабзае сар мекашид,

Дошт бо худ нусхае аз ҳасрати мижгони ман.

Ҳар куҷо мехӯрд овозе ба гӯши нозукат,

Бо тапиш сар мекашид он ҷо дили нолони ман.

Аз манозил маънии абёт медодам нишон,

Ҷода ҳам пеши ту сатре буд аз девони ман.

Дар адои шукри Ҳақ, к-аз ҳар чӣ гӯӣ, бартар аст,

То куҷо болад забони оҷизиунвони ман?

Интизорӣ доштам дар гӯшаи вайронае,

Юсуфистон кард фазлат кулбаи аҳзони ман.

Туҳфае мехостам назри хиромат оварам,

Бенавоӣ узри тоқат рехт дар домони ман.

Гавҳари чанде арақ кардам, хиҷолатмоягист

Бар ҷабин афтод аз дасти тиҳӣ товони ман.

Бедил, аз сози дилу дасти тиҳӣ шармандаам,

Ҷуз дуо дигар чӣ ояд аз ману сомони ман?

Бод то маҳшар, ба ҳаққи бедилонат, эй самад,

Дину давлат, фатҳу нусрат вақфи Шокирхони ман.

* * *

Эй ҳоҷатат далели ба идбор466 зистан,

Иззат куҷост, то натавон хор зистан?

Андешае, ки дар чӣ хаёл уфтодаӣ?

Маҷбури маргу даъвии мухтор зистан.

То кай зи халқ парда ба рӯ афканӣ, чу Хизр?

Мурдан беҳ аз хиҷолати бисёр зистан.

Дар боргоҳи поси адаб ихтирои мост

Бехобию ба сояи девор зистан.

Ғафлатзудост партави андешаи карим,

Ҳайф аст ёди афву гунаҳкор зистан.

Беимтиёз буданат аз марг бадтар аст,

То кай ба қайди сакта чу бемор зистан?

Моро зи фарқ то ба қадам дар ҳино гирифт

Ранги баҳори олами бекор зистан.

Бе дӯст умрҳост дар оташ нишастаем,

Бо ин тааб467 набуд сазовор зистан.

Зиллаткаши ҳазор хаёлему чора нест,

Лаънат ба вазъи дур зи дилдор зистан!

Охир ба марги зоғу заған кушта халқро,

Дар ҷустуҷӯи луқмаи мурдор зистан.

Аз дарди ноқабулии вазъи нафас мапурс,

Бар дил гарон шудам зи сабуксор468 зистан.

Бо доғу ашку оҳ ба сар мебарам чу шамъ,

Хуш дорадам ба ин ҳама озор зистан.

Бедил, ман аз вуҷуду адам кардам интихоб

Беихтиёр мурдану ночор зистан.
* * *

Эй хоҷа, худситоии иқбол сар макун,

Бо муфлисон табахтури469 теъдоди зар макун.

Пеш ой, то ҳақиқати хулқат баён кунам,

Мағзи тамизи пунба наӣ, гӯш кар макун.

Табъи фузул ғарраи парвози худсарист,

Бишкан чу ранг дар худу изҳори пар макун.

Дар бебизоатони тунукмояи ҳавас

Худро ба нози кисапуриҳо самар470 макун.

Ҷое ки фақр хирқаи инсон даридааст,

Васфи ҷулу ситоиши полони хар макун.

Ашкест ҳар куҷо гираҳи дидаи ятим,

Аз хиҷлат об гарду назар бар гуҳар макун.

Ҳарфи ҳаё даме ки зи аҳбоб бишнавӣ,

Сарбарҳаво чу шамъ ба ҳар сӯ назар макун.

Ҳар ҷо хате ба чашми ту лағзад зи мистаре,

Чун нуқта по зи домани ғайрат бадар макун.

То лукнати такаллуми кас дар хаёли туст,

Шеъре ки сакта дошта бошад, зи бар макун.

Дар маҷмаи ҳузури ту то одами калест;

Гар сар бихорадат, ки ба нохун назар макун.

Минои ихтирои иҳонат471 ба тоқ неҳ,

Дар пеши шахси ланг раҳи бом сар макун.

Гар рӯзи кас ба шом расонида рӯзгор,

Худро зи дастгоҳи табассум саҳар макун.

Кӯрӣ аз он беҳ аст, ки бинӣ хатои кас,

Кар бошу ҳарфи айб шунидан ҳунар макун.

Пӯшида дор ҷавҳари озодамшрабӣ,

Худро ҳам аз гузаштагии худ хабар макун.

Бедил, бас аст ин қадар андарзи офият,

Дар маҷлисе ки шарм набошад, гузар макун.

* * *

Ба тамошои ин чаман дари мижгон фароз кун472,

Зи хумистони офият қадаҳе гиру ноз кун.

Машикан ҷоми обрӯ ба тапишҳои орзу,

Арақи эҳтиёҷро майи минои роз кун.

Маписанд он қадар ситам, ки ба хиссат шавӣ алам473,

Гираҳи дасту дил зи ҳам мижа бикшову боз кун.

Ба чӣ афсона моилӣ, ки зи таҳқиқ ғофилӣ,

Ту тамошомуқобилӣ, зи хаёл эҳтироз474 кун.

На зуҳурест, не хафо, на бақоест, не фано,

Ба тахайюли ҳақиқате ки надорӣ, маҷоз кун.

Чу ғубори шикаста дар сари роҳат нишастаам,

Қадаме бар замин гузору маро сарфароз кун.

Ба адои такаллуме, ба фусуни табассуме

Шакареро қивом475 деҳ, намакеро гудоз кун.

Аташи ҳирс якқалам зи ҷаҳон бурда ранги нам,

Ҳама хок аст об ҳам, ба таяммум намоз кун.

Накунад ришта кӯтаҳӣ, агар аз уқда вораҳӣ,

Сарат аз орзу таҳӣ чу шавад, по дароз кун.

Зи фусурдан чу бигзарӣ, шавӣ оинаи парӣ,

Дили сангин гудозу коргаҳи шиша соз кун

Бинишин, Бедил, аз ҳаё паси зонуи хомушӣ,

Нафасе чанд ҳирсро зи талаб бениёз кун.

* * *

Бар шишахонаи дили афсурда санг зан,

Кам нестӣ зи гул, қадаҳеро ба ранг зан.

Чашме ба ваҳшат об деҳ аз боғи эътибор,

Муҳре ту ҳам ба маҳзари доғи паланг зан.

Ранҷи дигар макаш ба камонхонаи сипеҳр,

Ҷои нафас ҳамин пару боли хаданг зан.

Таслими ҳукми ишқ нашояд кам аз сипанд,

Гар худ дар оташат бинишонад, шаланг зан476.

Амн аст, ҳар куҷо сари таслим раҳбар аст,

З-ин вазъ фол гиру ба коми наҳанг зан.

То кай нафас ба хун кашӣ аз интиқоми хасм?

Теғе ки мезанӣ ба фасонаш, ба занг зан.

Ҳар ғунча з-ин баҳор тилисми шукуфтанист,

Эй ғофил аз тараб, дари дилҳои танг зан.

Хулду ҷаҳим чанд кунад ғофил аз худат?

Оташ ба коргоҳи хаёлоти банг зан.

Ҳиммат раҳини477 машраби тағйири ҳиҷлат аст,

Дар домане ки чин назанад даст, чанг зан.

Хумхонаҳо ба гардиши чашмат намерасад,

Имшаб муҳаррафе ба димоғи Фаранг зан,

Бедил, шикасти шишаи дил низ оламест,

Сози ҷунун куну қадаҳе дар таранг478 зан.

* * *

Бастаам чашми умед аз улфати аҳли ҷаҳон,

Кардаам пайдо чу гавҳар дар дили дарё карон479.

Баски пастӣ дар камин дорад бинои эътибор,

Баъд аз ин деворҳо бесоя хоҳад шуд аён.

Аз таҷаммул сифларо сози бузургӣ мушкил аст,

Хок аз сомони болидан нагардад осмон.

Эй таманноят хаёландеши тасвири муҳол,

Сайри худ кун, дигар аз анқо чӣ меҷӯӣ нишон?

Норасоӣ ҷодаи сарманзили ҷамъият аст,

Аз шикасти бол меболад ҳузури ошён.

Ҷуз таҳайюр аз ҷунуни мо сияҳбахтон махоҳ,

Ҳалқаи занҷири гесӯ барнамедорад фиғон.

Ошиқ аз аҳли ҳавас дар сабр дорад имтиёз,

Кардаанд оинаву шабнам ба ҳайрат имтиҳон.

Рафтагон, ё Раб, чӣ сомон доштанд аз дарду доғ?

К-ин замонам медиҳад оташ суроғи корвон.

Айшҳо дорад адамфарсоии аҷзои ман,

Ҷӯши маҳтоб аст, ҳар ҷо пунба шуд тори катон.

Кӯшиши гардун илоҷи бебариҳоям накард,

Мушкил аст аз сарв гул чидан ба саъйи боғбон.

Дар фазои дил мақоми иззату хорӣ якест,

Нест садри хонаи оина ғайр аз остон.

Беривоҷиҳои арзи эҳтиёҷам доғ кард,

Обрӯ чандон ки мерезам, намегардад равон.

Субҳи ин ҳангомаӣ, аз сайри худ ғофил мабош,

Як нафас пайдоият аз оламе дорад нишон.

Чашми ӯро нест, Бедил, серӣ аз хун рехтан,

Ҷоми май аз бодапаймоӣ нагардад саргарон.

* * *

Ба кунҷи абруи дилдор холи фитнакамин

Сиёҳпӯш сияҳхонаест гӯшанишин.

Чу соя ҷазбаи хуршеди ӯ саропоям

Чунон рабуд, ки нагзошт саҷдаам ба ҷабин.

Суроғи мардумак аз чашми мо магиру мапурс,

Хаёли холи сиёҳи ту кардааст камин.

Ҳавои гулшани ёди туро баҳоре ҳаст,

К-аз ӯ чу шуъла тавон кард нолаҳо рангин.

Чу субҳ аз дами теғи ту пой то ба сарам

Ҷароҳатест, ки дорад табассуме намакин.

Ба шуълакории ғайрат480 ҳазор дӯзах нест,

Ба сӯзи ҳастии ман ё ба сӯи ғайр мабин.

Ба ҷилваат рагигулдастабанди мижгонам,

Баҳор мечакад ин ҷо зи домани гулчин.

Зи бас ба ҳасрати ранги ҳино гудохтаам,

Зи хоки ман кафи пои ту мешавад рангин.

Ҳуҷуми ҳайратам аз нақши пои худ дарёб,

Ту мехиромию ман нақш бастаам ба замин.

Чу кӯҳ ғайри замингириям илоҷе нест.

Шикаст дар раҳи ман шишаҳо дили сангин.

Тапидан аз чӣ ҷарас вом боядам кардан?

Нафас надораму дил нола мекунад талқин.

Зи сар барор ҳавоҳои офиятталабӣ,

Ба оламе ки манам, соя нест соянишин,

Дар ин ҳадиқа сару барги хоби ноз кирост?

Баҳор ҳам зи пари ранг мекунад болин.

Баҳори лолаи ин боғ дидаӣ, Бедил,

Ту ҳам ба хотами дил доғ неҳ ба ҷои нигин.

* * *

Бигзашт зи хокам бути гулпираҳани ман,

Чун субҳ нафас ҷома дарид аз кафани ман.

Ёди нигаҳаш баски ба таҷдиди ҷунун зад,

Шуд чашми парӣ бахяи далқи куҳани ман.

Ё Раб, зи назарҳо ба чӣ найранг ниҳон монд

Барқи ду ҷаҳон-шамъи қиёматлагани481 ман?

Бар ваҳшатам афсуни қиёмат натавон хонд,

Бе шуғли сафар нест чу киштӣ ватани ман.

То теғи ту шуд моили андози ишорат,

Гардан ҳама ҷо руст чу мӯ аз бадани ман.

Ранге нанамудам зи баҳорат, чӣ тавон кард?

Ҳайронаму оинагарӣ нест фани ман.

Шамъи саҳарам, пириям афсуни тасаллист,

Хоҳад мижа хобонд кунун пар задани ман.

Гуфтанд: Дар ин базм сазовори адаб кист?

Гуфтам: Нигаҳи кори баибратфикани ман.

Умрест тамошоии сайри дили тангам,

Дар ғунча шикастаст димоғи чамани ман.

Фикрам ба ҳарифон раги хомӣ написандид,

Шуд пухта ҷаҳоне зи нафас сӯхтани ман.

Як дил гуҳари риштаи афкор кафоф482 аст,

Гӯ, пойи харе чанд набандад расани ман.

Ҷуз мубтазале483 чанд, ки ом аст дар ин аср,

Бедил, нарасидаст ба ёрон сухани ман.

* * *

Бе сайри ибрате нест тарки ҳаё накардан,

Чизе ба пеш дорад сар бар ҳаво накардан.

Ҳангомаи руунат мандеш хосаи шамъ,

Дар ҳар сар оташе ҳаст то нақши по накардан.

Оинаи ҳузурем, аммо чӣ метавон кард?

Шармат ба дидаи мо зад қуфли во накардан.

Дар боргоҳи икром маснӯъи484 беяқинист

Бо як ҷаҳон иҷобат ғайр аз дуо накардан.

Аз шӯхчашмии мо он ҷилва монд маҳҷуб,

Дод аз ҷунуннигоҳӣ, оҳ аз ҳаё накардан!

Ҳарчанд ранги нозат машшотаи ғано буд,

Бар хуни мо ситам кард ёди ҳино накардан.

Ҳайф аст, маҳрами баҳр бар мавҷ хурда гирад,

Бо халқ беҳаёист шарм аз Худо накардан.

Қулқулнавост мино, эй соқиён, сафире,

Бар ранги рафтаи мо то кай садо накардан?

Васли гуҳар дар ин баҳр мавқуфи беталошист,

Эй мавҷ, маслаҳат нест тарки шино накардан.

Нақди ғаноими умр воҷустам аз рафиқон,

Гуфтанд: Домани ҳам аз каф раҳо накардан.

Анҷоми кор чун мавҷ манзури ҳеҷ кас нест,

Умрест, меравад пеш рӯ бар қафо накардан.

Маҳҷуби гуфтугӯем, маъзури ҷустуҷӯем,

Гуфтори мо хамӯшист, кирдори мо накардан.

Бедил, ғами алоиқ ҳайф аст бори дӯшат,

Сар нест ин, ки бояд аз сар ҷудо накардан.

* * *

Пур малоф аз ҷавҳари борикбинӣ доштан,

Сурма мехоҳад забони мӯйи чинӣ доштан.

Хуфта чандин мулки Ҷам дар ҳалқаи таслими фақр,

Хотаме дорад ҷаҳони бинигинӣ доштан.

Ҳиммат аз дарюзаи илму ҳунар ворастан аст,

Ноз кун хирман зи нанги хӯшачинӣ доштан.

Бе мижа бастан раҳоӣ нест з-ин ошӯбгоҳ,

Чун нигаҳ то кай ғами ибраткаминӣ доштан?

Он қадар к-аз фикри истиғно бурун оӣ, бас аст,

То куҷо хоҳӣ димоғи нозанинӣ доштан?

Шуъларо гуфтам: Сарат помоли хокистар кӣ кард?

Гуфт: Савдои руунатофаринӣ доштан.

То саводи килки тақдир андаке равшан шавад,

Сурма гир аз чашм бар хатти ҷабинӣ доштан.

Бениёзоне, ки по бар авҷи иззат судаанд,

Ҷастаанд аз пастии болонишинӣ доштан.

Қайди ҷисм, он гаҳ димоғи бениёзӣ, шарм дор,

Осмон болидану гарди заминӣ доштан?

Бӯйи ин гулшан ҳам аз ғавғои зоғон нест кам,

Пунбаи гӯш андаке бояд ба бинӣ доштан.

Гар ба лафзу маънии афкори Бедил ворасӣ,

Тарк кун андешаи сеҳрофаринӣ доштан.

* * *

Ҷое ки бувад пешбарӣ пеш набурдан,

Муфти ту, агар пеш барӣ пеш набурдан.

То чанд тавон зист ба афсуни руунат

Макрӯҳтар аз саҷда ба ҳар кеш набурдан?

Эй шайх, ту дар кашмакашию на биҳиштест,

Аз шона қиёмат ба сари риш набурдан.

Анбӯҳии мӯ нисбати танзеҳ надорад,

Ҳукм аст ба фирдавс бузу меш набурдан.

Баргаштани мижгони бутон қосиди нозест,

Зулм аст навиде ба дили реш набурдан.

Дардо, ки дил огаҳ нашуд аз лаззати дарде,

Хун мехурам аз обила бар неш набурдан.

Соқӣ, хати паймона наям, ҳавсала то чанд?

Ҳайф аст ба мавҷи майам аз хеш набурдан.

Ҷуз дар сухани беғаразӣ рост наёяд,

Бар халқ ситамномаи ташвиш набурдан.

Бедил, ҳама дам мазраи иқболи каримон

Сабз аст зи оби рухи дарвеш набурдан.
* * *

Чӣ бувад сарукори ғалатсабақон?

Дари илму амал ба фасона задан,

Зи ғурури далоили бехирадӣ ҳама тири хато ба нишона задан.

Мижае зи таваққуъи кори ҷаҳон ба ҳам ору

ғубори ҳавас бинишон,

Ба кушудани чашми тамаъ натавон сафи ҳалқа

ба ҳар дари хона задан.

Ақаботи ҷаҳаннаму ранҷи абад нарасад

ба азоби нифоқу ҳасад,

Ту амон талаб аз дари хулд, даро ба тағофул

аз аҳли замона задан.

Табу тоби қиёмату ғулғули он ба хаёл раҳо куну қисса махон,

Ҳазар аз нафасе, ки дар аҳли замон расад

оташи дил ба забона задан.

Зи мизоҷи ҷаҳони ғурури нафас ғалат аст

нишондани ҷӯши ҳавас,

Ки зи мазраи фитна нумӯ набарад сару гардани

хӯшаву дона задан.

Дили ошиқу аҷзи мизоҷи гадо, сари ҳусну

ғурури димоғи ҷафо,

Ману оинадории арзи вафо, туву турраи арбада шона задан.

Агарам ба фалак талабад зи замин вагарам

ба замин фиканад зи фалак,

Ба қабули итоати ҳукми қазо натавон дари узру баҳона задан.

Ҳама гар такутози ҷунунталабӣ кашадат

ба вусули бисоти ғано,

Чу табиати мавҷи гуҳар насазад зи муҳити адаб

ба карона задан.

Ба димоғи таайюни нози бутон зи харобии

Бедили мо чӣ зиён?

Ки ба кулфати табъи ғанӣ назанад ғами пина

ба далқи гадо назадан.

* * *

Чист мурдан? Мунфаил аз ҳастии козиб шудан,

Майкашӣ кардан ду рӯзе, баъд аз он тоиб485 шудан.

Одамиро то фано бояд муриди ваҳм зист,

Ҳар чӣ бинад ҳирс, маҷбур аст дар толиб шудан.

Дарди сар бисёр дорад олами савту садо,

Сурма ногардида натвон бар сухан ғолиб шудан.

Бенишонӣ ҳам ба пеши халқ номе доштаст,

Нест з-ин ҷо, гар ҳама анқо шавӣ, ғоиб шудан.

Зиндагӣ шавқ аст, аз хавфу раҷо486 озод бош,

Маҳрами ислом напсандад ба худ роҳиб487 шудан.

Сарнавишти ҳастӣ аз идроки мо пӯшидаанд,

То куҷо хоҳӣ хати мавҳумро котиб шудан?

Нисбати итлоқ бо тақйид пурсидам зи ишқ,

Гуфт: Мумкин нест мумкин488 низ бе воҷиб шудан.

З-ин сафопардозӣ, эй оина, зангорат хуш аст,

Муддао таҳқиқ, он гаҳ аксро ҷозиб шудан.

Даъвӣ осон кард, Бедил, пеши мавзунони Ҳинд

Мисраи чанде фароҳам кардану Соиб шудан.
* * *

Хоҳ ғафлатпешагӣ кун, хоҳ огоҳӣ гузин,
1   ...   27   28   29   30   31   32   33   34   35


написать администратору сайта