Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Риштаи мавҷи ту пур суст аст бе саъйи гуҳар, Пой то сар то напечӣ бар камар, муҳкам наӣ. Чун нафас ҳар дам задан шуғли ту таҷдиди рамест, Гар ҳама сад сол бошӣ, пеши худ як дам наӣ. Ҳалқаи дар бош, беруну дарун ҷуз ваҳм нест, То нагардӣ гирди худ з-ин хонаҳо, маҳрам наӣ. Хушк натвон ёфт аз шарми адам пешоният, Гар ҳама субҳӣ, нафас то ҳаст, бешабнам наӣ. Зери гардун, Бедил, аз мурдан касеро чора нест, Ҳар куҷо бошӣ, бурун з-ин ҳалқаи мотам наӣ. * * * Оламу ин тардимоғиҳои ҷоҳ, Шабнаме пошида бар муште гиёҳ. Марг ғофил нест аз сайди нафас, Оташ аз хас барнамедорад нигоҳ. Сарзамини шуълакорон гулхан аст, Кишти моро дуд мебошад гиёҳ. Зиндагонӣ аз нафас ҷон меканад, Умрҳо шуд, мекашам Юсуф зи чоҳ. Ноумедӣ фатҳи боби ишрат аст, Ханда лаб во мекунад аз ҳарфи оҳ. Эй забони лофат афсуни сулук, Бошад аз миқроз мушкил қатъи роҳ. Бода равшанмашрабӣ, он гоҳ дурд, Партави хуршеду маҳ, он гаҳ сиёҳ. Безабонӣ аз хиҷолат растан аст, Узр то боқист, меболад гуноҳ. Ҷустуҷӯ оинадори мақсад аст, Мешавӣ манзил, агар афтӣ ба роҳ. Ноз кун, гар фикри хешат раҳ назад, Аз гиребон ғофилӣ, бишкан, кулоҳ. Нархи бозори карам нашкастанист, Гар дилат чизе нахоҳад, узр хоҳ. Бедил, аз ғафлат касеро чора нест, Сояе дорад гадо то подшоҳ. * * * Офатэҷод аст табъ аз дастгоҳи худсарӣ, Духтари раз фитнаҳо мезояд аз бешавҳарӣ. То кай аҷзои камол аз гуфтугӯ барҳам задан? Як нафас ҳам гар ду лаб бар ҳам гузорӣ, дафтарӣ. Ҳеҷ кас аз тангнои чарх раҳ берун набурд, Оламеро кулфати ин хона кушт аз бедарӣ. Дил шикаст, аммо садоворе наболидем, ҳайф, Мӯйи чинӣ кард моро дастгоҳи лоғарӣ. То дар ин бозори ибрат ҷинси мо омад ба арз, Ҳеҷ кас ҷуз бар фалак нашнид номи муштарӣ. Сози роҳат гар ҳама хор аст, доми ғафлат аст, Бар нигаҳ таклифи хоб овард мижгонбистарӣ. Рангҳо дорад баҳори интизори муддао, Фарқи дом ин ҷо муҳол аст аз дукони ҷавҳарӣ. Ҳамчу шабнам инфиоли норасоӣ мекашам, Дар арақ хобонд парвозам зи беболупарӣ. Чун дафи ибратхарош аз пайкари фарсудаам Пӯст рафту барнаёмад устухон аз чанбарӣ510. Мастиоҳанг аст пайғоми азал, ҳушёр бош, Ҷому мино дар бағал меояд овози парӣ. Ҳар кудуратро ки мебинӣ, сафо мепарварад, Санг ҳам дар парда дорад олами миногарӣ. Заҳмати тадбир як сӯ неҳ, ки дар дарёи ишқ Бодбоне нест киштиро беҳ аз белангарӣ. Дар паноҳи машраби аҷз эмин аз офот бош, Хори ин саҳро надорад шеваи домандарӣ. Чун чанор аз қадрдонони матои роҳатам, Кардаам савдо ба сад дасти дуо як бебарӣ. Танбамурдандодаро офат далели эминист, Нози болини пари тир аст хоби лашкарӣ. Улфати ҳастию озодӣ ҷунуни ваҳми кист? По каш аз доман чу ашк, он дам ки аз сар бигзарӣ. Аз суроғи чашмаи ҳайвон, ки ваҳме беш нест, Медиҳад обе нишон оинаи искандарӣ. Халқе аз авҳом истихроҷи мастӣ мекунад, Бод гир он май, ки паймояд фарас аз соғарӣ511. Тавқ дар гардан ба гардун мепарӣ чун гирдбод, Ҷойи шарм аст он сулаймонию ин ангуштарӣ. Аз фузулӣ қатъ кун, Бедил, ки дар базми яқин Ҳалқа то гаштӣ ба фикри хеш, беруни дарӣ. * * * Офият пеш оядат, вақте ки аз дунё равӣ, Зери гардун нест осудан, магар боло равӣ. Кас рафиқи кас намебошад дар ин ғурбатсаро, Гар ҳама бо корвон бошӣ, ҳамон танҳоравӣ. Даъвати асмо салои ом дорад дар камин, Кадяат512 номест, бояд бар дари анқо равӣ. Чун гуҳар то хок гаштан санг бар дил бастан аст513, Об шав, эй қатра, гар берун аз ин дарё равӣ. Аз адам ноҷаста халқерост ташвиши адам, Фурсатат гарде надорад, рафта бошӣ, то равӣ. Бо талоши ғайратоҳангон гаравтозӣ хатост, Сар чу шамъат по шавад, то ҳамъинони мо равӣ. Аз такаллуфҳои ҳастӣ ҷастанат инсоф нест, Бо рафиқон соате кун сабр, то якҷо равӣ. Интизори ҳосили матлаб дар ин маҳфил кирост? Қосиди пайғоми худ мебош, дар ҳар ҷо равӣ. Нестӣ бо ҳастият дар хок ҳам дорад ҳисоб, Як гиребон беҳ, ки онсӯтар зи нақши по равӣ. Омадурафти нафасро фурсати андешаӣ, Эй ҳавас, кай омадӣ имрӯз, то фардо равӣ? Ҳеҷӣ, эй маъдум, дар исботи нафйи хеш бош, «Ло» надорад пойи рафторе, ки то «илло» равӣ. Масти аҷзӣ, Бедил, аз гарданфарозӣ шарм дор, Сарнигун мебоядат аз хеш чун мино равӣ. * * * Афтодаам ба роҳат чун ашк бе равонӣ, Мактуби интизорам, шояд маро бихонӣ. Аз сози ҳайрати ман мазмуни нола дарёб, Гарди нигоҳ дорад фарёди нотавонӣ. Он ҷо ки ишқ резад оинаи таҳайюр, Равшантар аз баёнҳо мазмуни безабонӣ. Ё изтироби ашке, ё ваҳшати нигоҳе, То кай ба ранги мижгон парвозошёнӣ? Аз рафтани нафасҳо осор нест пайдо, Нақши қадам надорад саҳрои зиндагонӣ. Дарёи ишқу соҳил? Эй бехабар, чӣ ҳарф аст? То қатра дорад ин ҷо тӯфони бекаронӣ? То чанд санги роҳат бошад ғубори ҳастӣ? Аз ваҳшати шарар кун машқи сабукъинонӣ. Дар оламе, ки нақдаш масруфи эҳтиёҷ аст, Ибром мефурӯшӣ, чандон ки зинда монӣ. То табъи дун насозад мағрури ихтиёрат, Нокардан аст авло, коре ки метавонӣ. Бе сайд дидаи дом махмур менамояд, Қадди дутост ин ҷо хамёзаи ҷавонӣ. Хумхонаи таманно ҷоме дигар надорад, Муфт аст бедимоғӣ, гар нашъа мерасонӣ. Бедил, ғубори оҳе то ранги авҷ гирад, Аз чоки сина дорам чун субҳ нардбоне. * * * Ин чӣ товусии ноз аст, ки андӯхтаӣ? Пой то сар ҳама чашмию ба худ дӯхтаӣ. Барқи найранг ба ин ҷилва қиёмат дорад, Шуъла дар пардаи санг асту ҷаҳон сӯхтаӣ. Равнақи чорсуи даҳр зи колои дилест, Ку дуконе ки ту ин оина нафрӯхтаӣ? Оташе мунфаилу дуд замингири ҳаёст, Лола гул карда, чароғе ки ту афрӯхтаӣ. Суфу атлас ба назар нози табахтур дорад, Пинае чанд, ки бар далқи гадо дӯхтаӣ. Фитрат об аст, зи изҳори камоле ки турост, Санъати шишагарони арақ омӯхтаӣ. Бедил, андешаи Туру шаҷари Айман чанд? Оташе нест дар ин ҷо, ту нафас сӯхтаӣ. * * * Эй амаловора515 фитратро чӣ расво кардаӣ? Навҳа кун дар ёди имрӯзе, ки фардо кардаӣ. Ҳусни мутлақро муқайяд то куҷо хоҳӣ шинохт? Оҳ аз он Юсуф, ки дар чоҳаш тамошо кардаӣ. Ошнои шахс бо исму сифат муҳтоҷ чанд? Хондаӣ оёти таҳқиқу муаммо кардаӣ. Пушту рӯи сафҳаи идроки туст ислому куфр, Сатри Қуръонро зи каҷбинӣ чалипо кардаӣ. Ҳукми анқо дошт ин ҷо маънии фақру ғано, Ихтироъ аст ин, ки номаш дину дунё кардаӣ. Пунбаи миност, гар маҳрам шавӣ, эй бехабар, Он чи аз табъи дурушташ фаҳми хоро кардаӣ. Чун кафи сайқалгарон то кай мукаддар зистан? Зоҳират ҳам пок кун, гар дил мусаффо кардаӣ. Сурати оинаӣ, аз ҳоли худ ғофил мабош, Гар ҳама дар хона бошӣ, рӯ ба саҳро кардаӣ. Дидани оина асрори адам фаҳмидан аст, Нақши берангист, тимсоле ки пайдо кардаӣ. Дар адабгоҳе ки бояд аз фузулӣ об шуд, Бехабар коре агар кардӣ, таманно кардаӣ. Соғарат бар санг зан, то нолае гардад баланд, Нашъаи ҳангомаи пастӣ дуболо кардаӣ. Ҳар куҷо ушшоқ домони мижа афшурдаанд, Қатраҳоро дидаӣ гар, сайри дарё кардаӣ. Ҳайрати бемаъният хамёза аст, оғӯш нест, Ғафлати авҳом тӯле дошт, паҳно кардаӣ. Сайри зиндон аст, Бедил, даъвии озодият, Аз кушоди болу пар чоки қафас во кардаӣ. * * * Эй шайх, ба тадбири амал516 беҳудасарфӣ, Дастор ба куҳсор маяфкан, тали барфӣ. Ҳамнисбатии гавҳари розат чӣ хаёл аст? Аз ваҳм бурун о, кафи ин қулзуми жарфӣ. Дунфитратият ғайри тарӣ мағз надорад, Бар ҳавсалаи пуч маноз, обилазарфӣ. Дар олами барқу шарар уммеди вафо нест, Ҳастӣ рами ноз асту ту ҳасраткаши тарфӣ517. Бо нақши хаёл ин ҳама раъно натавон зист, Чун пайкари товус зи найранг шигарфӣ518. Баҳси манумо бурдаӣ он сӯи қиёмат, Эй мадди нафас, бо ҳама фурсат ду-се ҳарфӣ. Бедил, адаби илму фан аз дур ба ҷо ор, Ҷуз хиҷлати тақрир на наҳвию на сарфӣ. * * * Бо баҳсу ҷадал гар ҳама Бирҷиси улумӣ, Ҷуз мадраса ҳар ҷо биравӣ, раъси қудумӣ. Хулқи ҳасан изои табоеъ написандад, То даъвият илзом бувад, бар ҳама шумӣ. З-ин касби саодат, ки ту дар мадраса кардӣ, Ҳарчанд ҳумо зери пари туст, ки бумӣ. Дар ваҳми худ одам шудаӣ, лек чӣ ҳосил? Фаҳме нанамудӣ, ки ҷаҳулию залумӣ519. Ҳайф аз дили огоҳ, к-аз афсуни мавоиз, Лофи дами Исо занию боди самумӣ. Оинаи дил дошт канорат, чӣ шуд охир? К-имрӯз дар андешаи афлоку нуҷумӣ? Мушкил бадар оӣ зи сияҳкории авҳом, Аз ҳандаса гар тавба кунӣ, масти руқумӣ. Гар кам шавадат гандагии вазъи сирешум, З-ибром ҳамон мустакию кундури520 Румӣ. Аз ҳарфи мулоим нашудӣ марҳами захме, Дар шамъ магар сарф шавӣ з-ин ҳама мумӣ. Аз дарди сари мавъизати халқ бадар зан, Раҳме ба худ охир, ки ғубори чӣ ҳуҷумӣ? Бедил, ту к-аз атвори касон мекунӣ инкор, Шарме, ки чӣ ҷинсӣ, чӣ касӣ, дар чӣ русумӣ? * * * Боз аз дил ба суи дидаи мо меоӣ, Эй дилу дида фидоят, зи куҷо меоӣ? Хушксоли тараб иқболи тароват дорад, Неъмат арзонии мо, қаҳтзудо меоӣ. Аз гудози дили ҳасратзадагонат хабарест, К-ин қадарҳо арақолуди ҳаё меоӣ. Абрҳо дар қадамат резиши гавҳар доранд, Фасли найсонию сероби сахо меоӣ. Мехиромӣ туву ман нози таҳайюр дорам, Гӯӣ, аз баҳри мани бесарупо меоӣ. Эй муроди ду ҷаҳон орзуи муштоқон, Ҳар қадам бар сари сад дасти дуо меоӣ. Рафтану омаданат омадурафти дигар аст, Мавҷи гул меравию оби бақо меоӣ. Шаш ҷиҳат дидаи ушшоқ ба роҳат фарш аст, Чӣ қадар оинабин номи Худо меоӣ. Дида то дил ҳама гулчини баҳороғӯш аст, Чашми бад дур, аҷаб уқдакушо меоӣ. Ку макону чӣ замон, к-аз ту тавон ёфт тиҳӣ? Ҳама дам бо ҳама кас дар ҳама ҷо меоӣ. Шаби Бедил нашавад рӯз? Чӣ имкон дорад? Ки ту хуршедию дар кишвари мо меоӣ. * * * Бозам ба ҷунун зад ҳаваси тарҳи замине521, К-аз номи сухан тоза кунам қитъанигине. Ҳайрат ба дилам раҳ накушояд, чӣ хаёл аст? Бӯи нигаҳе бурдаам аз оинабине. З-ин сози заифӣ ба чӣ оҳанг хурӯшам? Сур аст, агар вокашӣ аз пашша танине. Эй фақргузин, хирқаи садранг мапардоз, Ҳайф аст, дамад гулбуне аз хокнишине. Дар тинати хиссатнасабон ҷавҳари ахлоқ Аз тангии ҷо дар раҳиме522 мурда ҷанине. Афсӯс ба домони ҳавоят нашикастам, Гарде ки занад даст ба ороиши чине. Хиҷлаткаши нақши қадами обиладор аст Дар роҳи ту ҳар сӯ арақолуда ҷабине. Бо фитнаи он наргиси кофар чӣ тавон кард Чун субҳа, гирифтам, ба ҳам орам дилу дине. Пеш ой, ки чун шамъ нишастаст ба роҳат Дар гардиши рангам нигаҳи бозпасине. Бедил, чу шарар чашм ба фурсат накушудам, То як мижа ҷорӯб кашам хонаи зине. * * * Бардоштани дил зи ҷаҳон кард гаронӣ, К-аз пириям охир ба ҳам афтод ҷавонӣ. Маҳмези523 раме нест чу таклифи тааллуқ, Номат наҷаҳад, то ба нигинаш нанишонӣ. Эй бехабар аз нанги сабукрӯҳии анқо, То номи ту хиффаткаши ёдест, гаронӣ. Сарпанҷаи тасхири ҷаҳонат ба чӣ арзад? Дасти ту ҳамон аст, ки доман бифишонӣ. Бар ҳар кӣ мадад кардаӣ аз олами исор, Номаш ба забон гар бибарӣ, бозситонӣ. Сатри нафасу қайди тааммул чӣ хаёл аст? Ҳарчанд бимирӣ, ки туаш сакта нахонӣ. Ҳар ҷот бипурсанд зи тимсоли ҳақиқат, Бояд насаби ҳарф ба оина расонӣ. Обест тағофул ба дами теғи ғурураш, Ё Раб, ки зи хунам накунӣ қатъ равонӣ. Таҳқиқи ту хуршеду ҷаҳон ҷумла далоил, Пайдост, чӣ миқдор аёнию ниҳонӣ. Ҳар кас ба хаёли дигар аз васли ту шод аст, Ҳангомаи кунҷи даҳану мӯйи миёнӣ. Кайфияти он дасти нигорин агар ин аст, Товус кунад гул, магасеро ки биронӣ. Эй мавҷи гуҳар, об шав аз нанги фусурдан, Рафтанд рафиқону ту дар забти инонӣ. Бедил, асари нашъаи назми ту баланд аст, Уммед, ки худро ба димоғе бирасонӣ. * * * Баски бе рӯи ту хиҷлат кард хирман зиндагӣ, Бар ҳарифон марг душвор асту бар ман зиндагӣ. Бо чунин дарде, ки бояд зист дур аз дӯстон, Беҳ, ки напсандад қазо бар ҳеҷ душман зиндагӣ. Кош дар кунҷи адам бе дарди сар месӯхтам, Ҳамчу шамъам кард роҳи марг равшан зиндагӣ. Хиҷлати ишқу вафо, яъсу умеди муддао, Оламе шуд бори дил з-ин бори гардан зиндагӣ. Бенафас гардидан аз офот эмин мекунад, Он чароғеро ки дорад зери доман зиндагӣ. Ташнаи обе набояд буд, к-аз сар бигзарад, Мешавад охир дами теғ аз гузаштан зиндагӣ. Фурсати оворагӣ ҳам як-ду гардиш беш нест, То ба кай дорад чу сангат дар фалохан зиндагӣ? Ҳар кӣ мебинӣ, дуконорои нозе дигар аст, З-ин қумоши пуч, яъне, боби мурдан зиндагӣ. То куҷо ҳамкисвати товус хоҳӣ зистан? Бехабар дар обат афкандаст равған зиндагӣ. Гаҳ ба манзар мефиребад, гаҳ ба бомат мебарад, Мекашад то хонаи гӯрат ба ҳар фан зиндагӣ. Дастгоҳи нола ҳам, эй кош, мадде мекашид524 Чун сипандам сӯхт доғи ним шеван зиндагӣ? Шабнаминшо буд, Бедил, хиҷлати парвози субҳ, Бар кафан зад, то арақ кард аз давидан зиндагӣ. * * * Ба шуҳрат зад иқболи халқ аз табоҳӣ, Сапед аст нақши нигин аз сиёҳӣ. Димоғи ғурур аз фақирон наболад, Каҷӣ нест сармояи бекулоҳӣ. Гар ин аст дарди сари зарпарастон, Ҳамон иҷтимои гадоист шоҳӣ. Надонам димоғи хаёлофаринон Чӣ дорад дар ин имтиҳонгоҳи воҳӣ. Надидаст, аз ин баҳр ғайр аз фусурдан Ба чашме ки мавҷи гуҳар нест роҳӣ. Яқин эҳтиёҷи далоил надорад, Дар об афканад сурмаро чашми моҳӣ. Нахоҳӣ шудан мункири ончи гуфтӣ, Ду лаб дода дар ҳар ҳадисат гувоҳӣ. Гар иқболи хуршедият авҷ гирад, Фурӯзад чароғ аз дами субҳгоҳӣ. Ба ҳар ҷо кушуданд мижгони нозат, Ба чашми бутон хоб шуд хушнигоҳӣ. Шунидам, қадам мегузорӣ ба чашмам, Замин сабз кардаст мижгонсиёҳӣ. Катон боби маҳтоб чизе надорад, Ба ҳар ҷо туӣ, дигар аз ман чӣ хоҳӣ? Карам баски гармимтиҳон аст, Бедил, Маро сӯхт андешаи бегуноҳӣ. * * * Ба тарфи пухтагон тақлид дорад хиҷлати хомӣ, Махоҳ аз ғунчаҳо миноию аз барги гул ҷомӣ. Уруҷи нози бемағзон тамошо кардане дорад, Ба афсуни ҳавое чанд сарҳо мекунад бомӣ? Ба ороиш ниқоби табъи ноҳамвор натвон шуд, Зи ранги ҷома доранд ин дуруштон нозукандомӣ. Ривоҷ аз чарбнармиҳои ахлоқ аст хубиро, Ба завқи чашмаки шуҳрат нигин то чанд бо доме? Муҳайёи фано шав, чун сапедӣ сар зад аз мӯят, Чӣ худдорист, ғофил, ҷомаи субҳ аст эҳромӣ. Ҷаҳонеро ба рангомезии ваҳм аст кор ин ҷо, Ту ҳам наққоши анқо бошу мекаш сурати номе. Қаноат то ба кунҷи сабр домонат намегирад, Гиребон чок бояд зад зи дасти ҳирсибромӣ. Раҳи ҳастӣ агар тай шуд, адам дар пеш меояд, Бадар ҷастан надорад з-ин тилисми субҳею шоме. Фалак хунхорие дорад, куҷо мастӣ, чӣ махмурӣ? Ҳарифе нест дигар, хатм бар хум шуд майошомӣ. Ба дӯши зиндагӣ ҳаққест, мебояд адо кардан, Нафасро кас намедонад, ки товонест ё воме? Замоне нест, к-аз ташвиши ҳасратҳо бурун оям, Ду олам орзу сайди хаёлам кард бедомӣ. Сухан сеҳрест, Бедил, мадҳу зам таъсири найрангаш, Зи мавзунӣ машав ғофил, чи таҳсине, чи дашноме. * * * Барӣ то зи таҳқиқи дидор бӯе, Дар оина бингар, бибину магӯе. Шикасте аён шуд зи сози манумо, Дамидем аз чинии ваҳм мӯе. Дар ин боғ аз сабза то нахл дидам, Бурун омадан дошт аз худ нумӯе. Ҳалокам, к-аз ин варта кай сар барорам? Гирифтаст саъйи ду бозу кадуе. Зи хиҷлат шудам пок, то хок гаштам, Ба қадри таяммум намудам вузӯе. Ғуборам чаро баъди мурдан нанозад? Бар ин сурма чашмест аз нозхӯе. Таби арзи ҳоҷат шикастам ба хиҷлат, Бар оташ задам ҳамчу шамъ обрӯе. Бар ихвон чу Юсуф ниҳон монд қадрам, Зи бӯ дошт пироҳани ман утуе. Чӣ миқдор нолам зи бедоди ҳиҷрон? Магар бар найистон бибандам гулӯе. Надонам, ба арзи намудам кӣ хандад? Мусаввир магар созад аз шарм рӯе. Агар хун хурӣ то қиёмат, наёбӣ Дар ин шаш ҷиҳат ҳамчу ман ҳеҷсӯе. Наям ончунон дур аз осори ҳастӣ, Ки бар ман тавон кард имои ӯе. Чу гул чораи ман муҳол аст, Бедил, Ҳама захмаму нест тори руфӯе. * * * Ба нумӯ саре надорад гули боғи кибриёӣ, Надамидаӣ ба ранге, ки бигӯямат куҷоӣ? Пайи ҷустуҷӯйи анқо ба куҷо тавон расондан? На суроғи фаҳм равшан, на чароғи ошноӣ. Раҳи дашти ишқу он гаҳ мани гашта гум дар ин раҳ, Ба сари чӣ хор бандам алами525 бараҳнапоӣ? Зада офтобу анҷум ба қабули боргоҳат Зи сари бурида бар сар гули толеъозмоӣ, Сари решаам, надонам, ба куҷо қарор гирам? Таҳи хок ҳам наёсуд гули завқи худнамоӣ. Зи шукӯҳи мулки сурат сару барги нозам ин бас, Ки зи хоки аҳли маънӣ кунам обрӯ гадоӣ. Ҳама тан чу соя зангам, ба сафо чӣ нисбати ман? Магарам зананд сайқал ба қабули ҷабҳасоӣ. Мани бехабар куҷоям, ки дари дигар кушоям? Зи ту ончи вонамоям, туӣ, он ки вонамоӣ. Зи ҷаҳон рамидам, аммо нараҳидам онқадарҳо, Ки ҳанӯз ҳамчу субҳам қафасест ё раҳоӣ? Хиради фусурдаҷавлон чӣ диҳад суроғи ирфон? Бидарад магар гиребон зи ҷунуни норасоӣ. Чӣ шигарфдилрабоӣ, чӣ қиёматошноист? На зи мост олами ту, на ту аз ҷаҳони моӣ. Баму зери сози имкон ба адабгаҳи саноят Арақе дамонда берун зи ҷабини тарсадоӣ. Ба сад анҷуман манумо сару барги мост якто, Ҳама мавҷи як муҳитем, ҳама халқи як Худое. Ба муҳити ишқ, ё Раб, зи чӣ обрӯ биболем? Чу ҳубоб карда урён ҳамаро тунукридоӣ. Зи висоли меҳри тобон чӣ расад ба соя, Бедил? Равам аз худу ту гардам, ки ту дар канорам оӣ. * * * Ба вазъи ғурбатам манзури бетобист оромӣ, Зи мавҷи гавҳарам гарди ятимӣ нест бе доме. Дили маъюси моро, эй фалак, бекор нагзорӣ, Ҳузури ишрати субҳе набошад, кулфати шоме. Фано гаштему хоки мо ба зери чархи миноӣ Чу реги шишаи соаат надорад бӯйи ороме. Ҳарифон, муғтанам доред даври комрониро, Дар ин маҳфил ба коми бахти мо ҳам буд айёме. Ғурураш саркаш афтодаст, эй бетоқатӣ, арзе, Тағофул шӯхӣ аз ҳад мебарад, эй нола, иброме! Зи чашми тангзарфи худ ба ҳуснаш барнамеоям, Чӣ сон гирдоб гирад баҳрро дар ҳалқаи доме? Дар ин саҳро намеёбам илоҷи ташнакомиҳо, Магар табхола болад, то лаб аз ҳасрат кашад ҷоме. Хумору мастии ин базм ҷуз ҳарфе намебошад, Машав мағрури огоҳӣ, ки васл ин ҷост пайғоме. Нигоҳи бениёзӣ, андаке таҳрики мижгон кун, Ҷаҳоне пешат ояд, гар ту аз худ бигзарӣ гоме. Шарар гардид умру ман ҳамон санги замингирам, Нашуд ин ҷомаи афсурдагӣ манзури эҳроме. Димоғи бенишонӣ худнамоӣ барнамедорад, Бас аст, оинаи осори анқо кардаам номе. Ҷунунсайёдии ман чун саҳар пинҳон намебошад, Ба ҳар ҷо гарди парвозест, ман афкандаам доме. Заифӣ дар амонам дорад аз бемеҳрии гардун, Шикасте нест ранги сояро, гар афтад аз боме. Дар ин маҳфил на он берабтӣ афшурдаст дилҳоро, Ки ёбӣ эҳтимоли тавъамӣ дар мағзи бодоме. Димоғе дар ҳавои пухтагӣ парвардаам, Бедил, Ба мағзи фитратам нисбат надорад фикри ҳар хоме. * * * Баҳор526 он дил, ки хун гардад ба савдои гули рӯе, Хутан фикре, ки бандад ошён дар ҳалқаи мӯе. Саҳар оҳе, ки ҷӯшад бо ҳавои сайри гулзоре, Гуҳар ашке, ки ғалтад дар ғубори ҳасрати кӯе. Зи пойи мӯр то боли магас сад бор санҷидам, Нашуд беэътибориҳои ман санги тарозӯе. Чу гул имшаб ба он ранг обрӯ бар хеш меболам, Ки пиндорӣ, ба хоки пойи ӯ молидаам рӯе. Ба сад улфат фиребам дод, аммо доғ кард охир Гуландоми суманбӯе, чаманранги шарархӯе. Сари савдопараст оворагӣ то кай кашад, ё Раб? Гирифтам, болише дигар надорам, кунҷи зонуе. Талоши ҳиммат аз тарки тааллуқ527 мешавад зоҳир, Зи дунё нест дил бардоштан бе зӯри бозуе. Зи дарди матлаби ноёб бар худ метапад ҳар кас, Ҷаҳон гардест тӯфонбурдаи ҷавлони оҳуе. Видоъи фурсати дидор бе мотам намебошад, Зи мижгон чашми қурбонӣ парешон карда гесӯе. Қади хамгаштае дар раҳни528 сад уқбо амал529 дорам, Ба ин дунболадориҳо кам афтодаст абрӯе. Ба номе маҳз қонеъ будан аст аз нақши мавҳумам, Ки ман чун мӯйи чинӣ нестам ҷуз сояи мӯе. Дар ин гулшан зи бас танг аст, Бедил, ҷойи осудан, Нагардонид гул ҳам бе шикасти ранг паҳлӯе. * * * Беҳосилиям баст ба гардан хами пирӣ, Чун бед зи сар то қадамам олами пирӣ. Дар олами фурсат чӣ қадар қофия танг аст?! Мӯр аст сияҳ пештар аз мотами пирӣ. То пунба ниҳад кас ба сари доғи ҷавонӣ, Кофур530 надорад асари марҳами пирӣ. Мавқуфи фаромӯшии айёми шабоб аст, Хулде агар эҷод кунад Одами пирӣ. Ҳайҳот, ба ин ҳалқа дари дил накушуданд, Рафтанд ҷавонон ҳама номаҳрами пирӣ. Озодагӣ он нест, ки аз марг ҳаросад, Бар сарв набастаст хамидан ғами пирӣ. Дил хӯрд фишоре, ки зи ҳам рехт нигинаш, З-ин беш чӣ тангӣ дамад аз қомати пирӣ? Таъсир нафас сӯхт ба сомони фусурдан, Рав, оташи ёқут фурӯз аз дами пирӣ. Ангуштнамои адам аз мӯйи сапедам, Карданд чу субҳам алам аз парчами пирӣ. Чун мӯ ба сапедӣ занад, аз лоф ҳаё кун, Ҳуш дор, ки Зол аст ҳамон Рустами пирӣ. Бедил, ту ҷавонӣ, ба такутоз қадам зан, Ман сояи девори худам аз хами пирӣ. * * * Бе ту дил дар синаам дорад ҷунунафсонае, Нолаи ҷуғде қиёмат карда дар вайронае. Дар суроғи фурсати гумкарда месӯзам нафас, Рафта шамъ аз базму боле мезанад парвонае. Оташе дар худ занам, чашме зи ибрат во кунам, Чун чароғи куштаам маҳбуси зулматхонае. Ҷустуҷӯҳо хок шуд, аммо дар ин саҳро наёфт Он қадар майдон, ки ҳуе болад аз девонае. Дар калиди саъй уммеди кушоди кор нест, Аз шикасти дил магар пайдо кунам дандонае. Чораи дигар намеёбам, гиребон медарам, Нотавониҳо чу мӯ мехоҳад аз ман шонае. Оламе додам ба тӯфони дили бемуддао, Сӯхт хирманҳо ба ҳам, то пок кардам донае. Субҳа то боқист, зоҳид, дар шумори ком бош, Мову хатти соғареву лазиши мастонае. Майкашон пеш аз саводи чарху ахтар хондаанд Бар баёзи гардани мино хати паймонае. Бар давоми суҳбати ҳам чашм натвон дӯхтан, Охир, эй бедонишон, хешем ё бегонае? Дуди дил умрест, Бедил, медиҳам парвозу бас, Бар гусастан бастаам зуннори оташхонае. * * * Ҷаҳд кун, то наравӣ бар асари неку баде, Ки Хизир низ дар ин бодия дом асту даде. То гулистони ту дар сабзаи хат гашт ниҳон, Дидае нест, ки чун лола надорад рамаде. Доғҳо дар дили хунгашта муҳайё дорам, Кардаам назри вафои ту пур аз гул сабаде. Ҷон чӣ бошад, ки тавон назри туам андешид? Ин қадар туҳфа наярзад ба қабулеву раде. Офиятдӯстию парвариши ҳуш хатост, Нест дар маҳфили таҳқиқ чу май бохираде. Носеҳо, аз дамат афсурд чароғи дили мо, Кош, марг аз ту кунад гарм канори лаҳаде. Ҷавҳаре лозими теғ аст, чи пайдо, чи ниҳон, Абруи зулм тиҳӣ нест зи чини ҳасаде. Равнақи ҷоҳ гар аз атласу дебо бошад, Сайқали оинаи мост ғубори намаде. Ҳамраҳи қофилаи ашк ту ҳам роҳӣ бош, Ки беҳ аз лағзиши по нест ба мақсад баладе. Ҳама ҷо доғи гадоӣ натавон шуд, Бедил, Хиҷилам бештар, аз ҳар кӣ надорам мададе. * * * Ҷуз офиятам, нест ба савдои ту нанге, Эй хок бар он сар, ки наярзид ба санге. Он ҷо ки хироми ту шикорафкани дил буд, Аз сарв чаман ҳам ба ҷигар дошт хаданге. Махмури лабат гар чаманаш нашъа расонад, Дар шишаи як ғунча намонад майи ранге. Маҳв аст дар оинаи тамкини ту шӯхӣ, Чун маънии парвози шарар дар дили санге. То тарҳи табассум фиканӣ, чини ҷабин аст, Дар лутфу итобат натавон ёфт диранге531. Дар олами эҷод мусаллам532 натавон зист, Ҳар дил аламе дораду ҳар оина занге. Дар дидаи ибратасари доми ҳаводис Хуфтаст ба зери пари товус паланге. Хуш бош ба пирӣ, чу зи каф рафт шабобат, Гар замзамаи най набувад, навҳаи чанге! Ин машҳади найранг, ки субҳ аст далелаш, Захми нафасе дораду хунрезии ранге. Фарёд, ки дар сурма нуҳуфтанд хурӯшам, Бишкаст дил, аммо нарасидам ба таранге533. Умрест, ки чун ашк қафотози нигоҳам, Бо барқасаворон чӣ кунад кӯшиши ланге? Дар дидаи абнои замон чанд тавон зист Макрӯҳтар аз сурати имон ба Фаранге? То хуни кӣ соғаркаши ороиши ноз аст, Аз ранги ҳино мерасад оина ба чанге. Бедил, наям озод ба ранге, ки зи туҳмат Бар чашми шарорам мижа бандад раги санге. * * * Чанд печад бар мани бедаступо афтодагӣ? Аз раҳам бардор, то гирад асо афтодагӣ. Шеваи ушшоқ чун ашк аст дар роҳи ниёз, Ибтидо саргаштагиҳо, интиҳо афтодагӣ. Нест саъйи мо биёбонмарги миннатҳои Хизр, Лағзиши поест, хоҳад бурд то афтодагӣ. Оламе аз аҷзи мо чидаст сомони ғурур, Кард моро сояи боли ҳумо афтодагӣ. Бигзар аз кӯшиш, ки дорад водии таслими ишқ Ҷода аз худ рафтану манзил зи по афтодагӣ. Домани таслим ҳам осон намеояд ба даст, Хок гардидем, то шуд ошно афтодагӣ. Ҳар чӣ аз мо гул кунад, тамҳиди534 таслим асту бас, Саркашӣ ҳам дорад аз дасти дуо афтодагӣ. Гар касе аз по дарафтад, мо зи сар афтодаем, Як замину осмон аз мост то афтодагӣ. Мо ба таъзим аз сари бунёди худ бархостем, Шуъла ҳам гар кард бо хошоки мо афтодагӣ. Хоки моро саҷдаи он остон муфт аст, муфт, В-арна, эй ғофил, куҷо мову куҷо афтодагӣ? Маҳрами нақши қадам сайри нигоҳаш зери пост, Ибратомӯз аст вазъи мо, хушо афтодагӣ! Ҳамчу оташ сар макаш, Бедил, ки дар тадбири амн Хоки бунёди туро дорад бапо афтодагӣ. * * * Чу чинӣ шудам маҳви нозукадоӣ, Зи мӯ хат кашидам ба шуҳратнавоӣ, Фиғон доғи дил шуд зи бедаступоӣ, Фусурд оташам, эй тапидан, куҷоӣ? Ба он авҷи иқболам аз бекасиҳо, Ки дорад магас бар сари ман ҳумоӣ. Парафшони шавқам, хурӯшест тавқам, Гирифторам, аммо ба қадри раҳоӣ. Кабоби висолам, хароб аст ҳолам, Зи ғам чун нанолам? Фиғон аз ҷудоӣ! Нашуд охир аз хуни сайди заифам Сарангушти пайкони тират ҳиноӣ. Тарӣ нест дар чашмаи зиндагонӣ, Зи хиҷлат нами ҷабҳа дорам гадоӣ. Фано сози дидор кард аз ғуборам, Нигаҳ шуд саропоям аз сурмасоӣ. Такаллуф535 макун сози тақлиди анқо, Зи олам баро, то ба рангам бароӣ. Биболад ҳавас дар дили содалавҳон, Кунад акс дар оина худнамоӣ. Дар ин коргоҳи ҳалокаттамошо Чӣ бофад шабу рӯз, ҷуз карбалоӣ? На оҳанги шавқе, на парвози завқе, Ба бекориям кушт бемуддаоӣ. Ҳавое нашуд дастгири ғуборам, Заминам фурӯ бурд аз беасоӣ. Ба сози хамӯшӣ шудам шуҳра, Бедил, Дуболо зад оҳангам аз бенавоӣ. * * * Чун субҳ дорам аз чамани ранги ҷастае Гарди шикастае, ба ҳаво нақшбастае. Гул кардаам зи мисраи барҷастаи нафас Як сакта дар димоғи тааммул нишастае. Хун мехӯрам зи дарди дилу дам намезанам, Тарсам, бинолад обиладарпошикастае. Чун ман надорад оинадори бисоти ранг Шерозаи мижа ба таҳайюр гусастае. Не гарди маҳмилест дар ин дашту не ҷарас, Меболад аз ҳавас дили бедору хастае. Гардун чӣ ҷомҳо, ки ба гардиш надоштаст Бар дастгоҳи шишаи гарданшикастае. Ошуфтагӣ ба ҳайъати мо мехӯрад қасам, Кам баста рӯзгор ба ин ранг дастае. Сайёди парфишонии авқоти фурсатем, Нахчири мост ҳар нафас аз хеш растае. Бедил, наметавон ҳама дам зери осмон Сар кӯфтан ба ҳовани гумкардадастае. * * * Чӣ маънибаёнӣ, чӣ лафзошноӣ? Расоӣ мадон, то зи худ барнаёӣ. Чу рӯ ёбад оинаи беҳаёӣ, Шавад ҷавҳаророи дандоннамоӣ. Чӣ миқдор ороиши ханда дорад Кафе хоку он гаҳ димоғи худоӣ. Матан536 бар ғуруре ки монанди оташ Равӣ шуълае чанду хокистар оӣ. Нафасмояро мекушад лофи ҳастӣ Ба расвоии безару мирзоӣ. Фалак ғам надорад зи оҳи заифон, Чӣ парво ҳадафро зи тири ҳавоӣ? Дар оинаи ҳуши мо занги ғафлат Нуҳуфтаст чун фисқ дар порсоӣ. Ба дарди сари туҳмати саркашиҳо Ману офиятсандали ҷабҳасоӣ. Чу резад пару боли ман аз тапидан, Шикасти қафасро шавад мӯмиёӣ. Сухан кард тӯфонии инфиолам, Шино дод сози маро тарсадоӣ. Қаноат кунад маркази обрӯят, Шавад қатра гавҳар ба саброзмоӣ. Агар киштии осмон ғарқ гардад, Қаландар надорад ғами нохудоӣ. Дар ин анҷуман ғайри ибрат чӣ дорад Ғурури наю хиҷлати буриёӣ? Ба ҳастӣ манумо зарурист, Бедил, Нафас нест ҷуз мояи худситоӣ. * * * Хашмро оинапардози тараҳҳум кардаӣ, Дар ниқоби чини пешонӣ табассум кардаӣ. Ҳар сари мӯят забони илтифоте дигар аст, Баски шӯхӣ, дар хамӯшӣ ҳам такаллум кардаӣ. То арақ аз чеҳраат хуршедрези ғайрат аст, Чархро як дашт нақши пойи анҷум кардаӣ. Уқдаҳои ғунчаи дил бе гулоби ашк нест, Май ба соғар кун, гар ин ангур дар хум кардаӣ. Гавҳар аз таслим шуд эмин зи мавҷи инқилоб, Соҳили ҷамъиятӣ, гар дасту по гум кардаӣ. Бар ҳадиси муддаъӣ, к-афсонаи дарди сар аст, Гар тағофул кардаӣ, бар худ тараҳҳум кардаӣ. Эй хаёлат ғарқи савдои ҷаҳони мухтасар, Қатраеро бурдаӣ ҷое, ки қулзум кардаӣ. Мавҷи иқболи ту дар гарди адам пар мезанад, Қулзумӣ, аммо бурун аз худ талотум кардаӣ. Бе такаллуф, гар ҳамин аст эътибороти ҷаҳон, Кам зи ҳайвонӣ, агар тақлиди мардум кардаӣ. Маърифат к-аз истилоҳи мовуман ҷӯшидааст, Ғафлат аст, аммо ту огоҳӣ таваҳҳум кардаӣ537. Ин замон арзи камолат фикри обу нон бас аст, Одамият доштӣ, дар кори гандум кардаӣ. Баҳри имкон шӯхии мавҷи саробе беш нест, Даст аз обаш то намешӯӣ, таяммум кардаӣ. Бастаӣ, Бедил, агар бар худ забони муддао, Ақраберо, метавонам гуфт, бедум кардаӣ. * * * Хуш он соат, ки чун тимсол, аз оинаи фарде Ту орӣ сар бурун аз ҷайби нозу ман кунам гарде538. Зи ранги нотавонӣ узрхоҳи сайри ин боғам, Ба дастанбӯйии539 хиҷлат надорам ҷуз гули зарде. Агар гарде кунад хоки таҳи по, пушти мо бӯсад, Бари аҳбоб аз ин бешам намебошад раҳоварде. Уқубат аз камини маъсият540 ғофил намебошад, Шаби ман тиратар шуд охир аз ташвиши шабгарде. Ҷаҳон яксар қимори орзуи пуч мебозад, Магар дасти пушаймонӣ, кӣ дорад бурду оварде? Мурувват сахт дур аст аз мизоҷи беҳиси золим, Зи захми кас намегардад дучори нештар дарде. Ба ин сомон, ки гардун нашъаи ворастагӣ дорад, Баланд афтода бошад домани барчидаи марде. Асири фақрам, аммо роҳате бе дарди сар дорам, Ба мулки тирарӯзӣ нест чун ман сояпарварде. Ба завқи Кавсару алвони неъмат хун махӯр, Бедил, Биҳишт он бас, ки ёбӣ нонаке гарм, обаке сарде. * * * Дорад ба мани дилшуда имшаб сари ҷанге Гулбаргкамоне, паритовусхаданге. Пеши кӣ барам шиква аз он наргиси кофар? Бечора шаҳидам зи дами теғи Фаранге. Мушкил, ки зи фикри адами хеш бароям, Дорам саре, аммо ба гиребони наҳанге. Он ҷилва, ки беруни хаёл аст хаёлаш, Дидем ба ранге, ки надидем ба ранге. Муҳтоҷи нафас кард таҳайюр дили моро, Оина шуд охир ҷараси нолабачанге. Кулфат набарад раҳ ба дили бодапарастон, Оинаи мино накашад заҳмати занге. Найранги баду неки ду олам ҳама аз туст, Гар бигзарӣ аз хеш, на сулҳест, на ҷанге. З-ин оинаҳо чанд кашӣ соғари авҳом? Он беҳ, ки занӣ шишаи тамсил ба санге. Ҳуш дор, ки бар гӯши азизон натавон хӯрд, Гар нест суханро асари тиру туфанге. Гоме ба кушоди хати паргор нарафтам, Чун нуқта фусурдам ба фишори дили танге. Гарди рами айш аст, чи саҳрову чи гулзор, Фурсат ҳама ҷо хун шудаву рехта ранге. Бедил, хушам аз орази гулгун ба хати сабз, Фориғ зи маям сохта кайфияти банге. * * * Дар зиндагӣ нагаштам манзури ошное, Афтад магар ба хокам чашме зи нақши пое. Ҳамкисвати ҳубобам, урёниям ниҳон нест, Чун ман надорад ин баҳр шахси тунукридое541. Баъд аз фано ғуборам шӯри қиёмат ангехт, Бар хоки ман ситам кард фарёди сурмасое. Хони маоли ҳастӣ ибратнасибие дошт, Шуд сер ҳар кас ин ҷо аз хӯрдани қафое542. Дар коргоҳи таҷдид ҳайрони рангу бӯ бош, Чандин баҳор дорад гулзори бевафоӣ. Мино нахӯрда бар санг, кам раст аз дили танг, Паҳлу тиҳӣ кун аз хеш, дар базм нест ҷое. Кайфияти мурувват дар чашми дӯстон нест, Мижгон магар бибанданд, то гул кунад ҳаёе. Ҷуз ибрате ки дорем, дигар чӣ вонамоем? Оина кард моро найранги худнамое. Ҷое ки нотавонаш афтода хас ба дандон543, Ангушти зинҳор аст, гар қад кашад асое. Ҳиммат зи тарки дунё бар қадри худ чӣ нозад? Мижгон баланд шуд, лек миқдори пушти пое. Ҷайби даридаи субҳ мактуби ин паём аст, К-эй бехабар, чунин бош, дунёст хандаҷое. Асрори пардаи дил мафҳуми ҳозирон нест, Бедил, зи дур дорем дар гӯши ҳам садое. * * * Даме ки аҷз шавад дастгоҳи бекорӣ, Гиреҳкушоии нохун расад ба сархорӣ. Миёни огаҳию роҳат аст безорӣ, Зи ҷавҳар оинаҳорост доми бедорӣ. Дамидааст зи занҷири бол ваҳшати мавҷ, Бувад раҳоии ман дархури гирифторӣ. Касе мабод асири шиканҷаи ифлос, Ки одамӣ ба сари дор беҳ зи нодорӣ. Зи лавҳи соя ҷуз ин ҳарф сархате надамид, Ки поймоли ҷаҳонанд аҳли бекорӣ. Чу барги лола сиёҳӣ зи доғи мо наравад, Ба чашми ахтари мо нест ранги бедорӣ. Ба қадри тафриқаи дил шукуфтаноҳангем, Ҷунунбаҳории мо дошт ранги душворӣ. Муқими олами таслим бошу роҳат кун, Баланду пасти ҷаҳон соярост ҳамворӣ. Чунон мабош, ки дар чашми мардум аз ҳасадат Мижа ба каждумӣ афтад, нигаҳ кунад морӣ. Чу гул баҳори нишотат далели бедардист, Хуш он, ки хун шавию ранги дард бардорӣ. Чу зарра ҳастии ман кош бенишон мебуд, Хиҷил зи нестиям кард ҳеҷмиқдорӣ. Ба гиря ирзи544 румузи вафо мабар, Бедил, Бароти дида макун фазлаи ҷигархорӣ. * * * Дуӣ ҳавас накунӣ, сӯи худ назар накушоӣ, Даруни хонаат оина аст, дар накушоӣ. Ба ҷаҳд боз нагардад румузи пардаи ашё, Магар даме ки муаммои хайру шар накушоӣ. Чу чашм сурати аҳдат ба як қарор намонад, Чӣ мумкин аст, ки шаб бандию саҳар накушоӣ? Фусурдагӣ натавон чид дар ҷаҳони тараддуд, Чу мавҷ агар ҳама гавҳар шавӣ, камар накушоӣ545. Зи гиря манъи дили хаста бӯи раҳм надорад, Раги бурида мукаррар ба нештар накушоӣ. Дар ин аламкада пеш аз хаёли чашм кушудан, Чу дуди шамъ муҳол аст, мӯи сар накушоӣ546. Гули муроди ду олам дар ин баҳори таманно Ба доманест, ки дар пеши якдигар накушоӣ. Тааммул ин қадар афкандааст уқда ба корат, Кушуда аст дар аз шаш ҷиҳат, агар накушоӣ. Зи сози ибрати имкон ҷуз ин садо нашунидам, Ки эй ситамзада, зинҳор, гӯши кар накушоӣ. Фузулии ҳавасат танг кард кунҷи қаноат, Қафас фишор надорад, агар ту пар накушоӣ. Ба аҷзи тоқати хешат бас аст чашм кушудан, Ба нохуне ки надорӣ, зеҳи547 дигар накушоӣ. Чӣ мумкин аст илоҷи дили гирифтаи Бедил? Агар муҳит шавӣ, уқдаи гуҳар накушоӣ. * * * Дӯстон, ин хокдон чун ман надорад дигаре Хонае зери замин бунёд, нақши по даре. Мурдаму ёди мазори ман накард он масти ноз, Дар ғуборам дошт истиқболи побӯсаш саре. Меравам аз худ чу шамъу по ба дил афшурдаам, Киштии ман бодбон дорад ба ҷайби лангаре. Хоби роҳат дар талоши махмалу санҷоб сӯхт, Зери паҳлӯ доштам чун нотавонӣ бистаре. Ахгаре будам, зи доғи бекасӣ помоли яъс, Бар сари ман соя кард охир кафи хокистаре. Аз ҳаловатгоҳи фақрам буриёе додаанд, Бо замин чун банди най часпидаам бар шаккаре. Орзуҳо дар саводи ваҳм ҷавлон мекунад, Он суи майдон дарафтодаст бо ҳам лашкаре. Занги ғафлат маҳрами оинаи дил будааст, Офият дорад даруни хона беруни даре. Даври чарх аз кавкаби ошиқ сиёҳӣ кам накард, Умрҳо шуд, як мураккаб548 мекашам аз миҳбаре549. Водии вомондагӣ тай мекунему чора нест, Мебарад моро таҳи по норасидан раҳбаре. Об мегардем, то муште арақ гул мекунем, Шишасози мо надорад ҷуз ҳаё оташгаре. Баски бе рӯяш чу шамъам зиндагонӣ хиҷлат аст, Гар парад рангам, ба рӯи об мегардад паре. Дар адабгоҳе ки ҳарфи теғаш ояд бар забон, Гардани ман бин, агар хоҳӣ зи мӯ лоғартаре. Бедил, аз миқдори зарфи худ намебояд гузашт, Ваъзи мастон дар хати паймона дорад минбаре. * * * Раме, бетобие, тағйири ранге, гардиши ҳоле, Фусурдӣ бехабар ҷаҳде, ки шояд во кунӣ боле. Ба ранги ғунча натвон офиятмағрур гардидан, Парешонӣ бувад тафсили ҳар ҷамъиятиҷмоле. Ба ғайр аз нафйи ҳастӣ маҳрами исбот натвон шуд, Ҳамон парвози рангат баста бар оина тимсоле. Хусули обу ранги имтиёз осон намебошад, Бисӯзу доғ шав, то бар рухи ҳастӣ ниҳӣ холе. Ба завқи сӯхтан з-ин анҷуман кулфат ғанимат дон, Ҳамин шом асту бас, гар шамъ дорад субҳи иқболе. Таҳайюр заҳмати таклифи дигар барнамедорад, Нигаҳ бошу мижа бардор, ҳар борею ҳаммоле. Ман аз суду зиён огаҳ наям, лек инқадар донам, Ки ҷинси офиятро ҷуз хамӯшӣ нест даллоле. Ба ҳар ҷо рафтаем аз худ, асар рафтаст пеш аз мо, Ғуборе ку, ки нозад корвони мо ба дунболе. Ба расвоӣ кашид аз шӯхии чоки гиребонат Табассум аз саҳар ҳамчун шиканҷ аз чеҳраи золе. Ба ҳеҷ оҳанг арзи муддао сурат намебандад, Чу мазмуни баланд афтодаам дар хотири лоле550. Магар хокистари дил дорад истиқболи оҳангам, Ки аз табъи сипанди ман тапидан мекашад боле. Тапиш дар табъи амвоҷ аст саъйи гавҳаророӣ, Табе дорам, ки хоҳад рехт охир ранги табхоле. Чӣ пардозам ба изҳори хати бематлаби ҳастӣ? Магар аз хомаи таҳқиқ берун афканам ноле. Ба носури ҷигар умрест гарди нола мебезам, Хушо арзи бизоатҳо, кафи холию ғирболе. Зи ташрифи ҷаҳон, Бедил, ба урёнӣ қаноат кун, Ки гул ин ҷо ҳамин551 як ҷома меёбад пас аз соле. * * * Зи пироҳан бурун о, бе шукӯҳе нест урёнӣ, Ҷунун кун, то ҳубоберо либоси баҳр пӯшонӣ. Гули оинаро рӯйи ту бахшад ранги ҳайронӣ, Диҳад зулфат ба дасти шона асбоби парешонӣ. Ба поси рози ашк аз забти мижгон нестам ғофил, Ба хок афкандан аст ин тифлро гаҳвораҷунбонӣ. Ба Маҷнун нисбати савдопарастонат намешояд, Зи одам фарқ бисёр аст то ғӯли биёбонӣ. Ба ҳар ҷо чора меҷустанд маҷрӯҳони улфатро, Фатила дар даҳони захм буд ангушти ҳайронӣ. Сари бемағзи моро чорае дигар намебошад, Магар теғе шавад нохун бар ин ақди гаронҷонӣ. Дари барбаста мегӯяд румузи хонаи мумсик, Саводи тангии дил равшан аст аз чини пешонӣ. Шумори уқдаи дил ҳамчунон боқист дар зулфаш, Гар ангуштат шавад то шона хушк аз субҳагардонӣ. Надонам, орзутамҳиди дидори киям имшаб? Чу чашмам як лаби арзу ҳазор ангушти ҳайронӣ. Ту аз худношиносӣ ҳаққи иззат кардаӣ ботил, Дар он маҳфил ки хоки тира дорад оби ҳайвонӣ. Ғурури табъ, он гаҳ лофи диндорӣ? Чӣ зулм аст ин? Ба дилҳо решае чун субҳа мехоҳад мусулмонӣ. Зи изҳори камолам об мебояд шудан, Бедил, Либоси ҷавҳарам, чун теғ то кай нанги урёнӣ? * * * Зи дастгоҳ мабар заҳмати гаронҷонӣ, Макаш равонӣ аз оби гуҳар ба ғалтонӣ. Хуш он нафас, ки чу маънӣ расад ба урёнӣ, Чу бӯйи гул зи баҳораш либос пӯшонӣ. Ба назму наср биноз аз латофати тақрир, Забур муъҷизае дорад аз хушалҳонӣ. Камоли нағма дар ин ҷо ба қадри ҳанҷара552 аст, Адо кунед ба хондан ҳақи сухандонӣ. Сухан хуш аст ба кайфияте адо кардан, Ки маънӣ об нагардад зи нанги урёнӣ. Ҳарифи мардуми бадлаҳҷа будан осон нест, Касе мабод тараф бо азоби рӯҳонӣ! Дар ин ҳаваскада дарси хамӯшият авлост, Ки бар виқор нависӣ бароти нодонӣ. Худойро, маписанд, эй баҳори ранги итоб, Шикасти оинаи дил ба чини пешонӣ. Тағофулат адамовора кард оламро, Магар ба гардиши чашм ин инон бигардонӣ. Масеҳ мавҷ занад, то табассум ороӣ, Ҷунун баҳор кунад553, зулф агар барафшонӣ. Нишот бо дили озурдаам намесозад, Ба рӯйи захм кунад хандааш намакдонӣ. Хатои фикри иқомат ба худ мабанд ин ҷо, Ки дарси умр равон асту сакта мехонӣ. Ба теғ қатъ нашуд интизори мо, Бедил, Ҳанӯз номасиёҳ аст чашми қурбонӣ. * * * Шодам, к-аз ин гулистон гар суратам надидӣ, Аз бӯи гул ба ранге фарёди ман шунидӣ. Чун соя бори аҷзам вақфи тағофул авлост, К-ин ҷо ба ранги мижгон, то ворасӣ, хамидӣ. Дарди дилем, моро дар табъи нола рангест, Наққош, хома бишкан, тасвири мо кашидӣ. Хомӯш гаштӣ, эй шамъ, оҳ аз куҷот пурсам? Бодат зи анҷуман бурд ё дар замин чакидӣ? Дилро ба ҳар тапидан чандин ҷунуннавоист, Сад сур агар хурӯшӣ, з-он нағмаҳо нашидӣ554. Дар водие, ки куҳсор сангест дар фалохан, Нақши қадам набудӣ, баҳри чӣ орамидӣ? Пирӣ дамонд ҳарчанд хокистарат зи оташ, Дар интизори парвоз як чашмию сапедӣ, Ғафлат сари ғурурат бар осмон расонид, З-ин як нафас таайюн чандин саҳар дамидӣ, Дил чист, к-аз фузулӣ тоби ҷамолаш орад? Ғофил зи барқи дидор оина офаридӣ, Сайри саводи фақрат хоби баҳор дорад, Марҳуни555 бебарӣ бош, дар сояҳои бедӣ, Гардун ба он такудав масти тавофи хок аст, Зери қадам нигоҳе, эй ашк, пур давидӣ! З-ин боғ доманат, ҳайф, чине накард ҳосил, Эй бехабар, чӣ кардӣ, гул доштӣ, начидӣ? Рӯзе дар аҳли таҳқиқ ҳасраткамин гузаштам, Гуфтам: Талаб чӣ овард? Гуфтанд: Ноумедӣ. Халқест бисмили ваҳм з-андешаи нигоҳаш, Бедил, куҷост он теғ, к-аз ҳасраташ шаҳидӣ? * * * Шаб чашми ниммасташ во шуд зи хоб ниме, Дар дасти фитна доданд ҷоми шароб ниме. Мавҷи хиҷолати сарв пайдост аз лаби ҷӯ, К-аз шарми қомати ӯ гардида об ниме. Гирам, лабат нагардад бепарда дар такаллум, Аз шӯхии табассум барзан ниқоб ниме. З-он абри хат, ки дорад тарфи баҳори ҳуснат, Хуршед панҷаи ноз зад дар хизоб ниме. Ҳусн аз хати ту фарш аст сомони хоби нозаш, Бар рӯи соя ниме, дар офтоб ниме. Кайфияти табассум болид як сари мӯ, К-аз нуқтаи даҳонат кард интихоб ниме. Пок аст дафтари мо, к-аз барқи нокасиҳо Боқӣ наметавон ёфт аз сад ҳисоб ниме. Сармоя як нафас умр, он ҳам ба бод додем, Дар касби ҳирс ниме, дар хӯрду хоб ниме. Қонеъ ба ҷоми ваҳмем аз базми ҳастӣ, эй кош, Қисмат кунанд бар мо аз як ҳубоб ниме. Умрест оҳам аз дил монанди дуди миҷмар Дар оташ аст ниме, дар печутоб ниме. Он лолаам дар ин боғ, к-аз дарди бедимоғӣ То як қадаҳ ситонам, кардам кабоб ниме. Дар даъвии камолот сад нусха лофи фазлам, Аммо наям ба маънӣ дар ҳеҷ боб ниме. Мӯйи сафед гул кард, омодаи фано бош, Яъне, саводи ин шаҳр бурдаст об ниме. Бедил, нишоти ин базм азбаски нотамомист, Чарх аз ҳилол дорад ҷоми шароб ниме. * * * Шарари коғазӣ, ороиши дуккон накунӣ, Сафҳа оташ назанӣ, фикри чароғон накунӣ. Амали пуч мукофоткамин мабошад, Оташе нест, агар пунба намоён накунӣ. Завқи дарёкашӣ аз ҳавсалаи ваҳм барор, То зи хамёзаи амвоҷ гиребон накунӣ. Ҳар куҷо ҷинси ҳавас қобили савдо бошад, Нест нақди ту аз он киса, ки нуқсон накунӣ. Эй сияҳкор, агар гиря набошад, арақе, Оҳ аз он доғ, ки абр оию борон накунӣ! Сели бунёди тамошо мижа бар ҳам задан аст, Хонаи оина, ҳуш дор, ки вайрон накунӣ. Дӯстон якқалам оғӯши видоъанд ин ҷо, Такя чун ашк ба ҷамъияти мижгон накунӣ. Чӣ хаёл аст, ки дар анҷумани ҳайрати ҳусн Гул кунӣ оинаву ноз ба домон накунӣ. Нафси аммора556 ҷуз изои ҷаҳон напсандад, То нахоҳӣ бади кас, бар худат эҳсон накунӣ. Ҳайфи саъят, ки ба андози замингириҳо Пойи худро нафасе обиладандон накунӣ. Чашми мӯре агарат кунҷи қаноат бахшанд, Ҳамчу Бедил ҳаваси мулки Сулаймон накунӣ. * * * Сад ранг нақш бастем дар ёди гулҷабине, Товус кард моро тасвири нозанине. Парвози шавқ имрӯз маҳмилкаши тапиш нест, Дар байза ҳам ҷунун дошт бе болу пар камине. Ваҳми бараҳнапоӣ гар доманат нагирад, Ҳар хори ин биёбон дорад таранҷубине557. Суру хурӯши маҳшар дар гӯши ошиқонат Кам нест, гар расонад аз пашшае танине. Моро ғурури дониш шуд дурбоши таҳқиқ, Мехост ин тамошо чашми бахуднабине. Дар мактаби таайюн чандин варақ сияҳ кард Машқи хаёли ҳастӣ аз сархати ҷабине. З-ин дашту дар надидем, ҷое ки дил кушояд, Дар баҳри назм шояд пайдо шавад замине. Шуҳраткамини анқо мурдему хок гаштем, Бар номи мо нахандид з-ин анҷуман нигине. Аз зарра то маҳу меҳр омодаи раҳил аст, Ҳар пой бар рикобе, ҳар тавсанею558 зине. Бедил, мапеч чандин бар дастгоҳи иқбол, Дар домани баландат чин дорад остине. * * * Оламе бар бод рафт аз саъйи беповусарӣ, Хомаҳо дар машқи лағзиш гум шуд аз бемистарӣ. Фурсати ҷамъияти дил навбаҳори муддаост, Ғунчахуспиҳо муқаддам гир бар гулбистарӣ. Гуфтугӯ бунёди тамкинат ба тӯфон медиҳад, Гар ҳама куҳсор бошӣ, з-ин садоҳо мепарӣ. Бемуҳобо559 дам мазан, гар поси дил мебоядат, Бо нафас дорад ҳисоб оинаи миногарӣ. Резиши ашке чу шамъат Хизри мақсад кардаанд, Кош, бо ин лағзиш аз истодагиҳо бигзарӣ. Реша бар гардун давонидему аҷзи мо ба ҷост, Саъйи болидан набурд аз паҳлуи мӯ лоғарӣ. Дар пайи мо инфиоли сарнавишт афтодааст, Номаи моро мапечон, хатти мо дорад тарӣ. З-ин асарҳо, к-аз саодат хуфта дар боли ҳумо, Бар пари товус боистӣ дукони муштарӣ. То куҷо он ҷилва дар дилҳо кашад560 майдони ноз? Дар фишори шиша афтодаст оғӯши парӣ. Ғафлати зотӣ зи тадбири таҷоҳул фориғ аст, Аз фусуни пунба миннат барнамедорад карӣ. То адам овораи офот бояд тохтан, Киштиятро ҷуз фурӯ рафтан надорад лангарӣ. Файзи саҳро дар ғубори хонумон осуда аст, То ба доман ворасӣ, бояд гиребон бардарӣ. Барг-барги беди ин боғ имтиҳонгоҳи хамист, Ҳеҷ боре нест сангинтар зи яъси бебарӣ. Бо хирад гуфтам: Чӣ бошад инфиоли одамӣ? Сӯи дунё диду гуфт: Ашғоли асбоби харӣ. Умрҳо шуд, мезанӣ, Бедил, дари дайру ҳарам, Оҳ аз он рӯзе, ки гӯяндат: чӣ заҳмат мебарӣ? * * * Иёри фитнаи чархи ситамгар то куҷо гирӣ? Ҳисоби шуълаи ҷаввола чанд аз осиё гирӣ? Руунат561 бо заифӣ ҷамъ кардан шарм мехоҳад, Ки бархезӣ зи ҷо чун шамъу аз гардан асо гирӣ. Ба ранги субҳаат ҳайф аст роҳи шубҳа паймудан, Ки яксар аз ғалатфаҳмӣ тариқи ибтидо гирӣ. Чӣ имкон аст гардидан ҳарифи забти авҳомат? Баҳорат ғунча гардад, то инони рангҳо гирӣ. Зи ибрат ғофилӣ, товусии боғи ҳавас то кай? Кунӣ сайри биҳишт он дам, ки чашме зери по гирӣ. Чӣ инсонист бо ҳамсоягон девонагӣ кардан? Саге ҳам нанг медорад, ки пои ошно гирӣ. Ионат562 пеш натвон бурд бе имдоди якдигар, Асо дасти ту гирад, гар ту ҳам дасти асо гирӣ. Набояд буд аз аркони одоби сухан ғофил, Вузӯе аз арақ шарт аст, агар номи ҳаё гирӣ, Ба ҳастӣ барнаёӣ, то набинӣ хиҷлати мурдан, Ба хок афтода бошӣ беҳ, ки куштӣ бо қазо гирӣ. Ҳамин базм аст, хоҳӣ, сабр кун, хоҳӣ, бинол ин ҷо, Муҳол аст ин, ки тарки унси ин ваҳшатсаро гирӣ. Нафас бори ҷаҳоне чун саҳар бар дӯши мо дорад, Фалакро аз замин бардоштӣ, гар дасти мо гирӣ. Ба он озодагӣ бо аҳли олам соз кун, Бедил, Ки пеши ҳар ки оӣ, чун нафас роҳи дуо гирӣ. * * * Умр гузашту ҳамчунон доғи вафост зиндагӣ, Заҳмати дил куҷо барем, обилапост зиндагӣ? Ҳар чӣ дамид аз саҳар, дошт зи шабнаме асар, Дархури шӯхии нафас ғарқи ҳаёст зиндагӣ. Охири кори худсарӣ нест ба ғайри инфиол, Рафт шабобу ин замон қадди дутост зиндагӣ. Дил ба забон намерасад, лаб ба фиғон намерасад, Кас ба нишон намерасад, тири хатост зиндагӣ. Партаве аз гудози дил баста раҳи хироми шамъ, З-ин кафи хуни нимранг побаҳиност зиндагӣ. То нафас ояти бақост, нола камини муддаост, Дуди диле баланд кун, дасти дуост зиндагӣ. Аз ҳама шуғл хуштар аст санъати айбпӯшият, Пина ба рӯи ҳам бидӯз, далқи гадост зиндагӣ. Як-ду нафас хаёл боз, риштаи шавқ кун дароз, То абад аз азал битоз, мулки Худост зиндагӣ. Хоҳ навои роҳатем, хоҳ танини кулфатем, Ҳар чӣ бувад, ғаниматем, савту садост зиндагӣ. Шӯри ҷунуни мовуман ҷӯши фунуни ваҳму зан Вақфи баҳори зиндагист, лек куҷост зиндагӣ? Ҷуз ба хамӯшӣ аз ҳубоб сарфаи офият кӣ дид? Эй нафас, он қадар мабол, тангқабост зиндагӣ. Бедил, аз ин сароби ваҳм ҷоми фиреб хӯрдаӣ, То ба адам намерасӣ, дурнамост зиндагӣ. * * * Умрест ҳамчу мижгон аз дарди нотавонӣ Доман фишондани ман дорад ҷигарфишонӣ. Вомондаи адабро сармояи талаб ку? Хок аст оби гавҳар дар олами равонӣ. Фарёд, к-аз таваҳҳум бар боди худсарӣ дод Муште ғубори моро савдои осмонӣ. Он ҷо ки бедимоғӣ зӯрозмои аҷз аст, Дорад нафас кашидан таклифи шахкамонӣ. Эй офтоби тобон, дилгармие зарур аст, Бар рағми сардтабъон магзар зи меҳрубонӣ. Аз ваҳшати нафасҳо дарёб ҳасрати дил, Бонги ҷарас ниҳон нест дар гарди корвоне. Дар олами таайюн ворастан аз амал563 нест, Дар қайди ришта коҳад гавҳар зи сахтҷонӣ. Пайваста нотавонон мақбули хосу оманд, Аз бори соя набвад бар ҳеҷ кас гаронӣ. Ҳиммат ба фикри ҳастӣ худро гиреҳ насозад, Ҳайф аст кисадӯзӣ бар нақди ройгоне. Эй нестиаломат, то кай ғами иқомат? Хоҳад ба бод рафтан, гарде ки менишонӣ. Додем нақди биниш бар боди гуфтугӯҳо, Чашми тамизи мо баст гарди фасонахонӣ. Бедил, бисоти дилро бастам ба нола оин, Кардам ба гулшани доғ аз шуъла боғбонӣ. * * * Инонам гар нагирад хотири оинасимое Ба қалби осмонҳо мезанам аз оҳи танҳое. Зи сомони ду олам орзу мустағниям дорад Шабистони хати ҷому ҳузури шамъи миное. Дамидан, гӯ, набошад обёри решаи ҷаҳдам, Ниҳоли доғи ҳирмонро замингирист болое. Ниёзи хоки роҳи ноумедӣ боядам кардан Дили хунгашта дар дасте, сари фарсуда дар пое. Суроғи хуни ман аз гарди ранги гул чӣ мепурсӣ? Ба ёди домани ӯ мекашам охир сар аз ҷое, Чароғи ҳайратам чун лола дар даст аст, маъзурам, Раҳе гум кардаам дар зулматободи сувайдое. Дар ин гулшан муяссар нест тарки аҳвалӣ564 кардан, Ки дар ҳар барги гул оина дорад ҳусни раъное. Зи нафйи мовуман исботи ваҳдат кард огоҳӣ, Ҳубобе чанд аз худ рафту берун рехт дарёе. Набуд уммеде аз ҷоми саломат ғунчаи моро, Ҳам аз ҷӯши шикасти ранг пур кардем миное. Надоматмояем, эй яъс, оташ зан ба уқбо ҳам, Ки имрӯзи зиёнкорон намеарзад ба фардое. Дил аз каф додаам, дигар зи кулфатҳо чӣ мепурсӣ? Ба сомони ғуборам доман афшондаст саҳрое. Мани Бедил ҳарифи саъйи беҷо нестам, зоҳид, Туву қатъи манозилҳо, ману як лағзиши пое. * * * Гар дар ин қаҳтсароят накунад нон мададе, На ҷасад ранги нумӯ гираду не ҷон мададе. Сарсарӣ нагзарӣ, эй бехабар, аз уқдаи дил, Гар зи нохун нашавад кор, ба дандон мададе! Эй ғанӣ, то асари анҷуму афлок ба ҷост, Кас намехоҳад аз иқболи ту чандон мададе. Дар қаноат ҳама асбоб ба зери қадам аст, Мӯри ин дашт нахоҳад зи Сулаймон мададе. Инқадар боз нагардад дари ташвиши суол, Аз каримон нарасад гар ба гадоён мададе. Суҳбати бехирадон офати рӯҳонӣ буд, Оҳ, агар Нӯҳ намедид зи тӯфон мададе! Ҳайф аз он бехабаре чанд, ки бо қудрати ҷоҳ Хок гаштанду накарданд ба ёрон мададе. Фасли беҳосилии ашк тариҳо дорад, Санг шуд абр, агар кард ба найсон мададе. Ашк беравнақии бахти сияҳ напсандид, Дошт ин шом ҳам аз файзи чароғон мададе. Гули ин боғ ҷунунҳавсалае мехоҳад, Бедил, аз чок зарур аст ба домон мададе. * * * Гар эътибор начидӣ бисоти фахрписандӣ, Арақ ба ҷабҳа намебаст инфиоли баландӣ. Ба ваҳм чашмат агар боз шуд, куҷост шуурат? Ба ин ду сифр яке сад шудӣ, на чуну на чандӣ. Набурдӣ огаҳӣ аз ибрати зиёди саринҳо565, Ҳазор бор сари нохунат ба теғ фикандӣ. Ҷаҳон ҳазор нигин канду рафт дар гави566 ҳирмон, Ту пушти даст ҳам аз нанги ин талош накандӣ. Ҳаловатест ҷаҳонро ба завқи неъмати қисмат, Асал нагуфт ба ҳанзал, ки дар хаёли чӣ қандӣ? Дилат насӯхт нафас, то бароварад зи газандат, Чу чашмзахм ҳамин гӯш бар садои сипандӣ. Чаро паранди567 саҳар бар ҳаво хаёл набофад? Ту низ аз ду нафас риштанӣ сипеҳркамандӣ. Дар ин фанокада ҳар сӯ хатост чашм кушудан, Ба хонае ки набошӣ, чӣ лозим оинабандӣ? Дигар чу шамъ чӣ гул чинӣ аз баҳори таайюн, Ки сар зи по бадар орию як-ду обила хандӣ. Агар ҳадиси ту, Бедил, навиди зиндагӣ орад, Ба гӯши аҳли ҳасад чун паёми марг газандӣ. * * * Гар нест дар ин майкадаҳо даври тамоме, Қонеъ чу ҳилолем ба нисфи хати ҷоме. Дар мулки қаноат ба маҳу меҳр мапардоз, Гар нони шабе ҳасту чароғи сари шоме. Ин боғ чӣ дорад зи сару барги таайюн? Тухм орзуи пучу самар фитрати хоме. Бунёди ғурури ҳама бар даъвии пуч аст, Дар арсаи мо теғ кашидаст ниёме. Шоҳон ба нигин ғарра, гадоён ба қаноат, Ҳастӣ ҳамаро сохта хиффаткаши номе. Ибрат хабаре медиҳад аз фурсати иқбол, Ин васл на з-онҳост, ки арзад ба паёме. Дилҳо ҳама маҷмӯаи найранги фунунанд568, Ҳар дона ки дидам, гираҳе буд ба доме. Ҳастӣ равиши нози ҷунунтози кӣ дорад? Меоядам аз гарди нафас бӯйи хироме. То меҳри рухаш аз чӣ уфуқ ҷилва намояд, Гӯши ҳама пур карда садои лаби боме. Офоқ зи парвози ғуборам мижа пӯшид, З-ин сурма ба ҳар чашм расидаст саломе. Бедил, чӣ азал, ку абад, аз ваҳм бурун ой, Дар кишвари таҳқиқ на субҳест, на шоме. * * * Мушкил, аз ҳарзадавӣ ҷуз ба табутоб расӣ, По ба доман нашикастӣ, ки ба одоб расӣ. Махмали коргаҳи ғафлатӣ, эй беҳосил, Саъйи бедорият ин бас, ки ту то хоб расӣ. Он қадар бар дари изҳор мабар ҳоҷати хеш, Ки ба хиффаткадаи миннати аҳбоб расӣ. Рамзи иқболи ҷаҳон вокашӣ аз идбораш, Гар ба шогирдии шогирди расантоб569 расӣ. Миннатолуд макун чораи захми дили кас, Тарсам, аз марҳами кофур ба маҳтоб расӣ. Бе арақ нест дил аз ҳиҷлати таъмири ҷасад, Бармадор он ҳама ин хок, ки то об расӣ. Моҳии қулзуми ҳирс оби дигар мехоҳад, Аташат570 кам шавад он дам, ки ба қуллоб расӣ. Сайри ин баҳр далели сабақи ибратҳост, Гирди худ гард, замоне ки ба гирдоб расӣ. Нашъапаймоии кайфияти ток осон нест, Во шавад уқдаи дил, то ба майи ноб расӣ. Хатми ғаввосии дарёи яқинат ин аст, Ки зи ҳар қатра ба он гавҳари ноёб расӣ. Восили Каъбаи таҳқиқ адабкӯшонанд, Сарбазону надавидӣ, ки ба меҳроб расӣ. Роҳе аз мақсади бисмил накушудӣ, ҳайҳот, То ба завқи талаби Бедили бетоб расӣ. * * * Набарӣ гумон, ки муфте ба Худо расида бошӣ, Ту зи худ нарафта берун, ба куҷо расида бошӣ? Сарат ар ба чарх сояд, нахурӣ фиреби иззат, Ки ҳамон кафи ғуборӣ, ба ҳаво расида бошӣ. Ба ҳавои худсариҳо наравӣ зи раҳ, ки чун шамъ Сари ноз то биболад, таҳи по расида бошӣ. Задан оина ба сангат зи ҳазор сайқал авло, Ки ба зиштии ҷаҳоне зи ҷило расида бошӣ. Хами турраи иҷобат ба уруҷи бениёзист, Ту ба ваҳми хеш дасте ба дуо расида бошӣ. Ҳама тан шикасти рангем, магузар зи пурсиши мо, Ки ба дарди дил расидӣ, чу ба мо расида бошӣ. Бирав, эй сипанд, имшаб сару барги мо хамӯшист, Ту ки сӯхтанд созат, ба наво расида бошӣ. На тараннуме, на ваҷде, на тапидане, ки ҷӯше, Ба хуми сипеҳр то кай майи норасида бошӣ? Нигаҳи ҷаҳоннавардӣ, қадаме зи худ бурун ой, Ки зи хеш агар гузаштӣ, ҳама ҷо расида бошӣ. Зи шикасти ранги ҳастӣ асари ту, Бедил, ин бас, Ки ба гӯши имтиёзе чу садо расида бошӣ. * * * Нашуд ҳиҷоби хаёлам ғубори ҷисмонӣ, Ҳубобро таҳи пироҳанаст урёнӣ. Ҷуз ин қадар нашуд аз сарнавишти ман зоҳир, Ки саҷда мечакадам чун нигин зи пешонӣ. Чу шамъ доми умедест саъйи парвозам, Сазад, ки ранги қафас резам аз парафшонӣ. Ба хок то нашавад сози мовуман ҳамвор, Нафас намегузарад аз талоши сӯҳонӣ. Зи печутоби нафас оламе ҷунунқафас аст, Чу гирдбод ту ҳам даста кун парешонӣ. Сафаргузида ба фикри ватан чӣ пардозад? Дубора мурғ нагардад ба байза зиндонӣ. Навои айши ту то риштаи нафас дорад, Зи сатри нусхаи занҷир нола мехонӣ. Ба марг низ ҳамон ҳубби571 ҷоҳи халқ ба ҷост, Магар ҳумо барад аз устухон гаронҷонӣ. Гудози мо чу нигаҳ он суи нам афтодаст, Дилу димоғи чакидан ба ашк арзонӣ. Ғубори касрати имкон ҳиҷоби ваҳдат нест, Шукӯҳи шуъла ба хошок чанд пӯшонӣ? Ҷунун ба кисвати номус ҷилваҳо дорад, Чу ашк оина сайқал мазан зи урёнӣ. Чу хома гар ба хамӯшӣ ба сар барӣ, Бедил, Ту низ рози дили халқ бар забон ронӣ. * * * Нафас дар талаб сӯхтӣ, дил надидӣ, Ба Лайлӣ чӣ дорӣ, ки маҳмил надидӣ? Ба шабгир фарсуд чун шамъ ваҳмат, Ба зери қадам буд манзил, надидӣ. Ту, эй мавҷи ғофил зи асрори гавҳар, Бурунгард мондию соҳил надидӣ. Ба қатъи мурури замони таайюн Нафас буд шамшери қотил, надидӣ. Нашуд монеъи умр қайди тааллуқ, Ту рафтори ин пой дар гил надидӣ. Тараб дошт аз қайди парвоз растан, Ту кайфияти рақси бисмил надидӣ, Ҳисоби ту бо кибриё рост н-ояд, Заминро ба гардун муқобил надидӣ. Ба ғайр аз такутози гарди хаёлат Кас ин ҷо набуду ту ғофил надидӣ. Зи асбоб хӯрдӣ фиреби таҳайюр, Тамошои беруни маҳфил надидӣ. Тамизи ту шуд дурбоши ҳақиқат, Ки ҳақ дидию ғайри ботил надидӣ. Аз ин илму фазле ки ибрат надорад, Чӣ хондӣ, гар ашъори Бедил надидӣ? * * * Намебошад дили маъюс бе кайфияти нозе, Парӣ з-ин базм дур аст, эй шикасти шиша, овозе! Ба таскини дили бетоби мо умрест, механдад Шарархӯ луъбате, дар хонумонҳо оташандозе. Ба боди нестӣ рафтем аз афсуни худороӣ, Набуд оинаи мо ҷуз ғубори шуълапарвозе. Ту хоҳӣ, навбаҳораш хону хоҳӣ, фитнаи маҳшар, Зи муште хоки мо хоҳад дамидан шавқи гулбозе. Дар ин аср аз тамизи модаву нар доғ шуд фитрат, Ҷаҳон пар мезанад дар сояи боли ғаливозе572. Харон пур беҳисанд аз фаҳми андози гуландомон, Магар з-ин анҷуман хезад лагадсармояи нозе. Тамизи хубу зишт аз дидаи ҳезон намеояд, Муқобилкӯби чандин бастагӣ дорам дари бозе. Назокат бар хамӯшӣ бастааст оини ин маҳфил, Лаб аз ҳам во макун, то нагсалонӣ риштаи созе. Дар ин саҳро надонам, ошёни ман куҷо бошад? Ғубори бепаруболам, ситамфарсои парвозе. Ба номусе муҳаббат пайкарамро кард хокистар, Ки дуде пар наяфшонд аз чароғи чашми ғаммозе. Зи саъйи ҳарза чун хуршед рӯзи худ сияҳ кардам, Бар анҷомам магар хандад чароғи гиряоғозе. Шабе аз гӯшаи чашми адам ғофил шудам, Бедил, Ҳанӯзам гӯш мемолад паёми сурмаовозе. |