Главная страница

Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи


Скачать 0.85 Mb.
НазваниеАхтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
АнкорШпаргалка
Дата15.09.2021
Размер0.85 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлаАхтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил.docx
ТипДокументы
#232339
страница2 из 35
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   35
Бе вуҷуд осори имкон ботил аст,

Партави хуршед меҷӯшад ба ҳам.

* * *

Бе вуҷуди мо ҳамин ҳастӣ адам хоҳад шудан,

То дар ин оина пайдоем, олам олам аст.

* * *

Қиёматхурӯш аст бунёди имкон,

Аз ин сози найранг инсон тарона.

* * *

Фалак созест мустағнӣ зи вазъи ҳарзаоҳангӣ,

Манумои ту мебошад, гар овозест дар тосаш.

* * *

Ҳар зарра, ки ояд ба назар барқи рами мост,

Олам ҳама даштест, ки моем ғизолаш.
Дар девони Бедил ғазале мавҷуд аст, ки саропо ба таърифи инсон бахшида шудааст. Шоир дар нишон додани мақому мартабаи инсон, агарчи аз доираи таълимоти Қуръон берун нарафтааст, ақидаи дар шаъни инсон вуҷуддоштаро таъкиду таъйид намудааст. Ӯ инсонро мунтахаби махлуқоти Худо, сабаби пайдоиши дигар мавҷудот, манбаи равшанӣ, софигари зулумот, нури ишқу шарми ҳусн, зоти ӯро хуршеди рӯзу моҳи шаб донистааст.
Чист одам? Муфради килки дабиристони Раб,

К-ин ҳама авзои асморост таркибаш сабаб.

Зодаи илми маволидаш ҷаҳони моу тин,

«Лаямлид ламюлад»-аш оинаи асли насаб.

Аз тасаннуъ гар ҳама мову ту орад бар забон,

Миму нун дорад ҳамон шакли кушоду басти лаб.

Эҳтимолоти тамизаш ваҳми чандин хайру шар,

Офтобе дар ваболи туҳмати раъсу занаб.

Он суи кавну макон тайёру парвозинтизор,

Шаш ҷиҳат вобастагиоғӯшу озодиталаб.

Оҳувони дашти фитратро хаёли ӯ Хутан,

Коргоҳи шишаи афлокро фикраш Ҳалаб.

Нур аз ӯ беэҳтиҷобу зулмат аз вай бекалаф,

Зоти оламтоби ӯ хуршеди рӯзу моҳи шаб,

Ҳосили радду қабулаш инқисоми хубу зишт,

Инфиолаш дӯзаху иқбол фирдавси тараб.

Шӯри ишқ аз фитнаоҳангони қонуни димоғ,

Шарми ҳусн аз сояпарвардони мижгони адаб.

Аз ҳазор оина як нури яқинаш мунъакис,

Аз ду олам нусхааш як нуқтаи дил мунтахаб.

Бо ҳама сомони қудрат шахси таслимэътибор,

Бо камоли кибриёӣ пайкари Бедиллақаб.
Дар ғазалиёти Бедил тасвир ва тавсифи созҳои гуногуни мусиқӣ, хурӯши дилрабои созу оҳанг. маҳорат ва тардастии мут­риб, ҳолатҳои рӯҳии мустамеъон ва дигар лаҳазоти рӯҳнавози ҳалқаҳои созу наво низ мавқеи ба назар намоён доранд. Аз ғазалҳои шоир байтҳои зиёдеро овардан мумкин аст, ки дар онҳо садои танбӯру тор, нолаи чангу най, овози фараҳбахши даф, замзамаи дилнавози муғаннӣ мавриди тасвир қарор гирифтаанд. Нашъа ва кайфияте, ки аз садои дафу танбӯр ва нолаи чангу най даст медиҳад, аз таъсир ва нашъаи май кам нест:
Нағма ҳам дар нашъапаймоӣ қиёмат мекунад,

Мавҷи май тор аст, Бедил, косаи танбӯрро.

* * *

Бо ҳарифон зи мавҷи май нарасид,

Ончи аз тори соз мерасадам.

* * *

Шӯхии мизроби мутриб гар ба ин кайфият аст,

Косаи танбӯр мастӣ медиҳад оҳангро.
Аз лиҳози алоқамандона тасвир намудани нашъаи май ва нағмаҳои мутриб ғазали зер ҷолиби диққат аст, ки дар он ҳамоҳангии қулқули мино ва нолаи танбӯру тор, нози соқию мутриб ва ниёзи махмурону мустамеъон бо маҳорати баланд тасвир ёфтаанд. Дар баробари ин, созу навое, ки аз ҷӯршавии нағмаи мутриб ва қулқули мино ҳосил мешавад ба таронаи дабдабаноки аҳли ҷоҳу сарват муқобил гузошта шуда, таъсирбахшу рӯҳнавозтар будани он таъкид ёфтааст.
Имшаб зи сози мино гарм аст ҷои мутриб,

Кӯк аст қулқули май бо нағмаҳои мутриб.

Дарюза чашм дорем аз косаҳои танбӯр,

Дар ҳаққи мо баланд аст дасти дуои мутриб.

Сад ранг оҳи ҳасрат печидаем дар дил,

Ин тордон ниёз аст аз мо ба пои мутриб.

Кайфияти баму зер мафҳуми анҷуман нест,

Дар парда то чӣ бошад манзури рои мутриб?

Номаҳрамони айшанд бегонагони соқӣ,

В-аз дард бемансибон ноошнои мутриб.

Ҳарчанд восароянд сад раҳ таронаи ҷоҳ,

Ин ағниё надоранд файзи ғанои мутриб.

Узри димоғи мастон масмӯъи ҳеҷ кас нест,

Ё Раб, ки гесуи чанг афтад ба пои мутриб.

Қонун ба захма нозон, даф аз тапонча хандон,

Бар сози мо фитодаст яксар балои мутриб.

Бедил, кӣ раҳм мекард бар сахтҷонии мо,

Нохун агар намебуд зӯрозмои мутриб?
Дар девони Бедил ғазалҳое низ мавҷуданд, ки таърихҳои ин ё он воқеаҳои замони шоирро инъикос намудаанд. Ба таъбири дигар гӯем, Бедил ғазалҳои таърих низ эҷод кардааст. Иддае аз ин ғазалҳо таърихҳои валодат ё вафоти ашхоси алоҳидаро ифода менамоянд. Чанд ғазали таърих, ки Бедил иншо кардааст, аз нигоҳи муҳтаво хеле маҳдуд мебошанд. Доираи мавзӯоти онҳо мундариҷаи қитъаҳои таърих ва рубоиёти таърихро ба хотир меоранд.

Инак, ғазале, ки дар таърихи издивоҷи Шокирхон ном дӯсти шоир гуфта шудааст, иқтибос мешавад:
Кошона салои айш дардод,

Эй даҳр, тараб муборакат бод!

Рушди иқбол дорад имрӯз

Ҳамроҳии хони маъниэҷод.

Вақт аст, ки аз навои дилҳо

Сози даврон расад ба иршод.

Ақди гуҳарест зевари ҷоҳ,

Қосид малъуну дӯстон шод.

Аз муждаи иддиои ин файз

Олам чаманест аршбунёд.

Ҷӯшида зи даври улфати ҳам

Матлуби вафои сарву шамшод.

Ё Раб, зи таназзули фусурдан

Ин гул гираҳи хазон мабинод!

Ҳар мисраи ин тариқи мавзун

Дорад зи шуҳуди сол таъдод.

Акнун ба макони маънии хос

Шеъре зи ду мисраам нидо дод:

«Авқоти саодати ду кавкаб,

Шерозаи улфати ду ҳамзод».
Тавре ки аз байти ҳаштуми ғазал бармеояд, ҳар мисраи он моддаи таърих аст, ки ба ҳисоби абҷад аз он санаи 1101 (1690) бармеояд.

Ғазали дигаре, ки ҳар мисрааш таърихи вафоти яке аз дӯстони Бедил шоири маъруф Оқилхони Розиро ифода менамояд, ин аст:
Вой, пайванди сухансанҷон намонд,

Такягоҳи соҳиби ирфон намонд.

Рафт аз офоқ лутфи адлу дод,

Баркати дин, қудваи инсон намонд,

Қутби ақтоби ҳақоиқ бор баст,

Солике дар кишвари имкон намонд.

Маҷмаи аснод бешероза шуд,

Робити иқлими Ҳиндустон намонд.

Ҳодии анвори лутф аз дида рафт,

Маҳдии ҷамҷоҳ Оқилхон намонд.

Ҳар мисраи ин ғазал низ моддаи таърих аст, ки аз он санаи 1108 (1696) – таърихи вафоти Оқилхон бармеояд.

Гуфтан лозим аст, ки ҳам дар нашрҳои сафдарӣ (Бамбай, 1299) ва кобулии (ҷиди 2, саҳ. 151) Куллиёти Бедил ва ҳам дар тазкираи «Сафинаи Хушгӯ (Патна, 1959, саҳ. 13) ибораи «маҷмаи аснод»-и мисраи ҳафтуми ғазал дар шакли «маҷмаи устод» омадааст. Аммо дар тазкираи Ҳусайнқулихони Азимободӣ «Ништари ишқ» (Душанбе, ҷилди 2, саҳ. 597) ибораи мазкур дар шакли «маҷмаи аснод» аст ва ҳамин вариант саҳеҳ мебошад. Зеро дар сурати «маҷмаи устод» гуфтан, мисраи ҳафтум нисбат ба дигар мисраъҳо 350 адад зиёд мешавад. Дар сурати «маҷмаи аснод» гуфтан ададҳои ҳамаи мисраъҳо баробаранд. Гузашта аз ин, дар варианти «маҷмаи устод» калимаи «устод» бо калимаҳои «маҷмаъ» ва «шероза» мутаносиб нест. Дар варианти «маҷмаи аснод» дар байни калимаҳои мазкур таносуб барҷой аст.

Дар байни ғазалҳои Бедил се ғазали бенуқта ва як ғазали муамморо ҳам дидан мумкин аст. Аз ғазалҳои бенуқта якеро иқтибос менамоем:

Дил агар маҳви муддао гардад,

Дард дар коми мо даво гардад,

Туъмаи дард агар расад дар ком,

Ҳар магас ҳамсари ҳумо гардад,

Маҳви асрори турраи ӯро

Раги гул доми муддао гардад,

Гарсиголад видоъи ҳирсу ҳавас,

Гираҳи дил гуҳарадо гардад.

Гусалад гар ҳавас салосили ваҳм,

Кӯҳу саҳро ҳама ҳаво гардад.

Маҳв гардад саводи мисраи сарв,

Мадди оҳам агар расо гардад

Мову эҳроми оҳи дардолуд,

Ҳам ҳаво гардро асо гардад.

Дили осуда ку? Магӯ васвос,

Гираҳ орад, ки доми мо гардад.

Дар тулӯъи камоли Бедили мо

Моҳ дар ҳолаи Суҳо гардад.

Дар хусуси ин ғазал ҳаминро илова кардан лозим аст, ки он замимаи яке аз номаҳои бенуқтаи Бедил аст, ки ба Абдулазизи Иззат ном устоди шоир ирсол шудааст. Бедил дар охири нома хоҳиши ислоҳи ғазалро низ иброз намудааст. Ӯ навиштааст: «Тарроҳи маъмураи ҳарами дилҳо, ҳодими асоси ҳирсу ҳаво ҳамвора мавсули вусули давом дорад. Соликан ва восилан ду-се мисраи сода, ки алҳол дили савдомаол тарҳ карда ва килки видодсилк дар иҳотаи доми мистар дароварда, тамаъ дорад, ки дар дарсгоҳи мутолааи ислоҳро ҳамсилки гавҳари камол гардад».

Дар бораи ягона ғазали муаммои Бедил гуфтан лозим аст, ки илова бар вазифаи муаммоӣ доштани ғазал, он дорои мазмуни умумӣ ва аҳаммияти адабӣ -эстетикӣ низ мебошад. Дар девони Бедил онро дар дохили дигар ғазалҳо низ дидан мумкин аст. Ҳоло ғазали мазкурро дар ин ҷо дарҷ менамоем. Баъди ҳар як мисраъ номи аз он беруноянда низ дар қавсайн оварда мешавад.
Адабсанҷи баён ҳарфе аз он лаб ҳар куҷо дорад (Шуҳрат)

Хироми мавҷи гавҳар по ба домони ҳаё дорад (Баҳаштӣ)

Кафи хокем, дар мо дигар андози расоӣ ку? (Адиб)

Ки дасти аҷз агар дорад баландӣ, дар дуо дорад. (Қадим)

Бухор аз гил, гуҳар аз об сар бар мекунад ин ҷо, (Моҳир)

Нагӯӣ мурда рафторе надорад, зинда по дорад. (Фаттоҳӣ)

Ғаму шодӣ надорад пову сар, з-ин моҷаро бигзар, (Шамс)

Чу махмал туҳмати бедории мо хобҳо дорад. (Суҳроб)

Аз ин кулфатсаро бархезу по бар қасри гардун зан, (Раҳим)

Қиёматфитнае дар доманат сар дар ҳаво дорад. (Қубод)

Бақои ҷоҳ мавқуф аст бар инъоми бебаргон, (Фонӣ )

Ғано муҳри сари ганҷаш ҳамон дасти гадо дорад. (Мурид)

Сари савдоии ман хоки роҳи ёди дилдоре, (Доим)

Ки номаш то расад бар лаб, даҳон ҳамди Худо дорад. (Муҳаммад)

Замини инқилоби назми ғайрат нест номавзун. (Ризо)

Нишасти гарди майдон бар сари мардон адо дорад. (Имтиёз)

Магар доғи ту дӯзад чашм бар дарди мани Бедил,

Вагарна, ин гулистон кай сари бӯи вафо дорад?
Бино бар гуфтаи Холмуҳаммади Хаста – мусаҳҳеҳи нашри кобулии куллиёти Бедил (Ҷилди 2, саҳ.213), ғазали мазкур бо дигар муаммоҳои Бедил дар нусхаи хаттии рубоиёти шоир, ки дар китобхонаи шоҳии Кобул маҳфуз аст, дарҷ гардидааст. Дар нусхаи мазкур дар фавқи ҳар мисраъ исме ки аз он бармеояд, сабт ёфтааст.

Ва ниҳоят, Бедил дар баҳрҳои ба истилоҳ номатбӯъи комил, мутақориби шонздаҳрукнӣ, мутадорики шонздаҳрукнӣ ва баҳри раҷази мусаммани мураффал низ ғазалҳо сурудааст. Дар яке аз нусхаҳои хаттии девони ғазалу мухаммасҳои Бедил, ки дар Китобхонаи Ризо – Ромпури Ҳиндустон зери №3656 маҳфуз асту аксаш дар соли 2010 дар Теҳрон ба табъ расидааст, дар баҳрҳои номатбӯъи мазкур ҷамъан 88 ғазал мавҷуд аст. Аз ҷумлаи онҳо 61 ғазал дар баҳри комил, 22 ғазал дар баҳри мутақориби шонздаҳрукнӣ, 4 ғазал дар баҳри мутадорики шонздаҳрукнӣ, як ғазал дар баҳри раҷази мусаммани мураффал иншо шудаанд.

Инак, аз ҳар кадоми ин баҳрҳо яктоӣ матлаъро зикр менамоем.

1. Баҳри комил – мутафоилун ҳашт бор V V – V –

Ба вусули мақсади офият на далел ҷӯ, на асо талаб,

Ту зи ашк он ҳама пас наӣ, қадаме зи обила по талаб.
2. Мутақориби шонздаҳрукнӣ фаӯлу фаълун ҳашт бор

V – V / – –

Ба шабнаме субҳи ин гулистон нишонд ҷӯши ғубори худро,

Арақ чу селоб аз ҷабин рафту мо накардем кори худро.
3. Мутадорики шонздаҳрукнӣ – фаилун фаилун ҳашт бор

V V – / V V –

Наям он, ки ба ҷуръати васфи лабат расадам

хамупечи инони адаб,

Зи тааммули мавҷи гуҳар задаам дари ҳусни адо

ба забони адаб.
4. Раҷази мусаммани мурафаал: муфтаилотун муфтаилотун муфтаилотун муфтаилотун ҳашт бор

V – V – – / – V V – – / – V V – – / – V V – –

Дурии базмат дар ғаму шодӣ гар кунад ин май

қисмати ҷомам,

Субҳ нахандад бар рухи рӯзам, шамъ нагиряд

бар сари шомам.
Аз санъатҳои бадеӣ, ки дар ғазалиёти Бедил ба кор рафтааст, фаровонтаринаш санъати тамсил ё худ ташбеҳи мураккаб аст. Тавре ки маълум аст, моҳияти ин санъат иборат аз он аст, ки шоир фикри худро дар мисраъе баён намуда, дар мисраи дигар онро бо мисолҳо тақвият медиҳад, тасдиқ менамояд. Дар бештари мавридҳо фикри шоир дар мисраи аввал ифода меёбаду мисраи сонӣ тамсил ё таъкиди фикр аст. Барои мисол чанд байтро зикр намудан мумкин аст:
Ақбае дигар набошад рӯҳи аз тан растаро,

Нест бими сӯхтан дуди зи оташ ҷастаро.
Дар ин байт фикри шоир дар мисраи аввал баён гардида, мисраи сонӣ тамсили фикр аст. Шоир гуфтанист; рӯҳ, ки аз бадани инсон ҷудо шуд, мавриди ҳеҷ гуна азоб қарор намегирад. Рӯҳи аз тан ҷудошуда монанди дуди аз оташ раҳогардида мебошад. Дуд вақте дар азоб аст, ки дар дохили оташ бошад. Ҳамин ки аз оташ ҷудо шуд, аз азоб низ халос мешавад.

Дар санъати тамсил дар доираи ин ё он байт калимаҳои ҳамнисбат вуҷуд доранд, ки дарк намудани онҳо фаҳмидани маънои байтро осон мекунад. Дар байти мазкур калимаву ибораҳои ҳамнисбат инҳоянд: рӯҳи аз тан раста ва дуди зи оташ ҷаста; ақбае дигар набошад ва нест бими сӯхтан.

Мисоли дигар:
Шиква аз гардун далели тангдастиҳои мост.

Нола дар парвоз бошад тоири парбастаро.
Шоир дар мисраи аввал мегӯяд, ки сабаби аз гардун шикоят кардани мо тангдастии мо мебошад, чӣ тавре ки боиси нолаи паранда парҳои басташудаи ӯянд.

Дар санъати тамсил мавридҳое ҳам мешаванд, ки мисраи аввал тамсили фикр асту мисраи дуввум шакли баёни фикри шоир. Ин ҳолатро дар байти зер дидан мумкин аст:
Мавҷ, чун бо якдигар ҷӯшид, гавҳар мешавад,

Дил тавон гуфтан нафасҳои баҳампайвастаро.
Санъати тамсил, илова бар он ки фикри шоирро тақвият медиҳад, дар фаҳмидани маънии байт низ ёрӣ расонида метавонад. Байти зер мисоли ин фикр шудан метавонад.
Гар шавӣ огаҳ аз одоби ҳузур,

Маҳрами хуршед ҷуз хаффош нест.
Дар ин ҷо фикри асосӣ дар мисраи аввал баён гардидааст. Шоир гуфтанист, ки кас бояд аз одоби ҳузур огаҳ бошад. Вале аз мираъ маълум намешавад, ки худ одоби ҳузур аз чӣ иборат аст. Ҷавоби ин суол дар мисраи дувум баён шудааст. Одоби ҳузуре, ки шоир дар назар дорад, дурӣ ҷустан аз маҳбуб аст, ба монанди дурӣ ҷустани хаффош аз хуршед.

Байти дигаре дар ҳамин мавзӯъ:
Дил дархури шикаст ба иқлими унс тохт,

Чинӣ ҳамон ба ҷодаи мӯ рафт Чинталаб.
Шоир дар мисраи аввал мегӯяд, ки дили ошиқ ба қадри шикасти хеш ба мақсад наздик шуда метавонад. Яъне, дил ҳар қадар ки маҷрӯҳу нотавон бошад, имкони ба маҳбуб пайвастан бештар аст. Шоир барои тасдиқ ва тақвияти фикри хеш мисол меорад ва он ин аст: Косаи чинӣ ҳамон вақт ба макони аслии худ, яъне, ба кишвари Чин, баргашта метавонад, ки мӯ бароварда бошад, яъне, шикаста бошад. Дар гузашта косаҳои чинии шикастаро ба кишвари Чин бармегардонданд ва аз онҳо косаҳои нав месохтанд. Шоир дили маҷрӯҳи ошиқро ба косаи чинии мӯдор ва мақоми маҳбубро ба кишвари Чин монанд кардааст.

Навъи дигари тамсил истифодаи зарбулмасалу мақол дар шеър аст, ки дар адабиёти илмӣ бо номи «ирсолулмасал» ёд мешавад. Дар ин навъи тамсил шоир барои таъсирбахш ва нишонрас шудани шеъраш аз маводи тайёр – зарбулмасалу мақол истифода мекунад. Ба туфайли шуҳрат ва маъруфияти зарбулмасалу мақол шеъри шоир ба дили хонанда зудтару хубтар роҳ меёбад. Ба се байти зер таваҷҷуҳ намоед:
Сунбул асири зулфи туро доми ваҳшат аст,

«Афъигазида мерамад аз шакли ресмон».

* * *

Нафас дар қатъи роҳи умр узри ланг меорад,

«Насиҳат пешрав бошад ба вақти кор коҳилро».

* * *

Осмон бегонагонро қобили сахтӣ надид,

«Ҷуз ба дасти ошно нафрӯхт қассоб устухон».
Ҷолиби диққат аст, ки ин се зарбулмасал дар шаклҳои «Моргазида аз ресмони ало метарсад», «Танбалро кор фармою насиҳат шунав» ва «Қассоб устухонро ба ошнояш медиҳад» ҳоло ҳам дар байни мардум роиҷ мебошанд.

Дар байни мардуми Афғонистон зарбулмасале маъмул аст, ки дар ин шакл садо медиҳад: «Фоидаи ин кор ба шохи буз аст». Яъне, ин кори бефоида ва ношуданист. Бедил ҳамин зарбулмасалро дар байти зер басо моҳирона ва дар мавқеъ истифода кардааст:
Аз барги тароват нигаҳе об надодем,

Сарсабзии ин боғ ба шохи бузу меш аст.
Ҳамчунин зарбулмасали «Ба курпаат нигоҳ карда пой дароз кун» қариб дар шакли варианти имрӯзааш истифода шудааст:

Сарфаи ҳастӣ надорад соя аз тарки адаб,

Ҳар тараф хоҳӣ, бирав, лек аз гилемат по макаш.
Бедил на танҳо барои тамсили фикр, барои тасдиқ ва тақвияти он аз зарбулмасалу мақол истифода мекунад, инчунин фикри асосиро низ ба воситаи зарбулмасалу мақол баён менамояд. Дар байти зер андешаи беаҳаммият ва камарзиш будани зиндагӣ ва ба зудӣ фаромӯш шудани онро ба воситаи зарбулмасали «Аз ин гӯш даромаду аз он гӯш баромад» басо табиӣ ва боварбахш баён намудааст.
Бедил, масали куҳнаи афсонаи ҳастӣ

З-ин гӯш дарун рафту аз он гӯш баромад.
Мавридҳое низ ҳастанд, ки шоир ҳам фикри худро ва ҳам тамсили фикрро ба воситаи зарбулмасалу мақол баён мекунад. Ба таъбири дигар гӯем, дар гуфтани шеър санъати ирсолулмасалайнро ба кор мебарад. Чунончи, дар байти зер мисраи аввал, ки фикри шоир аст, дар шакли мақоли «Кори дунё тамомӣ надорад» баён гардидаасту мисраи дуввум, ки тамсили фикр аст, ба воситаи зарбулмасали «Санги вазнину бӯса» баён ёфтааст.
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   35


написать администратору сайта