Главная страница

Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи


Скачать 0.85 Mb.
НазваниеАхтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
АнкорШпаргалка
Дата15.09.2021
Размер0.85 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлаАхтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил.docx
ТипДокументы
#232339
страница7 из 35
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   35

Бедил, ба ҷилвагоҳи нисори табассумаш

Оҳ аз ситамкаше, ки наёвард ҷон ба лаб!

* * *

Дил аз хумори талаб хун куну шароб талаб,

Ҷигар ба ташналабӣ вогузору об талаб.

Зи офият натавон муждаи кушоиш ёфт,

Ба дил шикасте агар ҳаст, фатҳи боб талаб.

Матарс аз ғами носур, эй ҷароҳати дил,

Ба зулфи ёр бизан дасту мушки ноб талаб.

Мабош ҳамчу гуҳар мурдареги43 ин дарё,

Назар баланд куну ҳиммати ҳубоб талаб.

Муҳит дар хами оғӯши беқарории туст,

Даме чу сел дар ин дашт изтироб талаб.

Қадам ба водии фурсат зану мижа бардор,

Баҳор меравад, эй бехабар, шитоб талаб.

Либоси офият аз даҳр гар ҳавас дорӣ,

Зи моҳтоб катону ҳарир аз об талаб.

Шабе чу шабнами гул сарф кун ба бедорӣ,

Саҳар барор сару васли офтоб талаб.

Ҳазор ҷилва дар оғӯши бехудӣ маҳв аст,

Ҷаҳон шуур талаб мекунад, ту хоб талаб.

Бибанд пардаи чашму дилат зи айби касон,

Кушоди кори худ аз банди ин ниқоб талаб.

Ниёзу ноз ҳамон дурду софи як қадаҳанд,

Чу пойи ӯ сари мо ҳам аз он рикоб талаб.

Дили гудохта, Бедил, ниёзи мижгон кун,

Таровати чамани умр аз ин саҳоб талаб.

* * *

Субҳдам сайёра бол афшонд аз домони шаб,

Вақти пирӣ рехт аз ҳам оқибат дандони шаб.

Ашки ҳасрат лозими сози раҳил44 афтодааст,

Шабнами субҳ аст осори нами мижгони шаб.

Барнамеояд баёзи чашми оҳу аз савод,

Субҳи иқболи ҷунунам нашканад паймони шаб.

Дар ҳавои дуди савдо ҳушам аз сар рафту рафт,

Ошён аз даст дод ин мурғ дар тайрони45 шаб.

Дар хами он зулф хун шуд тоқати дилҳои чок,

Субҳи мо охир шафақ гардид дар зиндони шаб.

Бо ҷамолат баст ҳар ҷо аҳди байъат офтоб,

Турраи мушкинадо ҳам тоза кард имони шаб.

Аз ҳаводис файзи маънӣ мебаранд аҳли сафо,

Мефурӯзад шамъи субҳ аз ҷунбиши домони шаб.

Мужда, эй завқи гирифторӣ, ки бозам мерасад

Накҳати зулфи касе аз дасти мушкафшони шаб.

Хатти ӯ бар субҳ, пиндорӣ, шабехунномаест,

Рӯйи ӯ фардест, гӯйӣ, дар шикасти шони шаб.

Ламъаи субҳе, ки мегӯянд, дар олам куҷост?

Инқадарҳо хоби ғафлат нест ҷуз бурҳони шаб.

Гӯшагири вусъатободи ғубори ҷаҳл бош,

Пардапӯши як ҷаҳон айб аст Ҳиндустони46 шаб.

Бедил, аз печухами зулфаш раҳоӣ мушкил аст,

Бар каримон саҳл набвад рухсати меҳмони шаб.

* * *

Тараб дар ин боғ мехиромад зи сози фурсат паём бар лаб,

Зи наргис акнун мабош ғофил, ки най гирифтаст ҷом бар лаб.

Агар ба маънӣ расида бошӣ, хурӯши мастон шунида бошӣ,

Чу барги токанд аҳли машраб нуҳуфта зикри мудом бар лаб.

Расонда халқе зи ҳарзароӣ 47 ба арсаи қудратозмоӣ

Ҳуҷуми ашғоли жожхоӣ чу тавсани белаҷом бар лаб.

Ба худфурӯшист иззату шон, ба ҳарфу савт аст фахри ёрон,

Ту ҳам ба қадри нафас пар афшон чу дастгоҳи калом бар лаб.

Саботи ноз он қадар надорад бинои иқболи бебақоят,

Гузашта гир ин, ки офтобе расонда бошӣ чу бом бар лаб.

Масоили муфтиён шунидам, ба пушту рӯйи варақ расидам,

Тасарруфи моли ғасб48 дидам: ҳалол дар дил, ҳаром бар лаб.

Зи хонақаҳ ҳар кӣ сар барорад, маротиби ҷӯъ49 мешуморад,

Тариқаи сӯфиён надорад ба ғайри зикри таом бар лаб.

Гар аз мукофоти хубсу ғайбат шунидаӣ ваъдаи надомат,

Чаро замоне зи захми дандон намерасонӣ паём бар лаб?
Ҷунуни чандин ҳазор шуҳрат фусурд дар ҷайби синачоке,

Касе нашуд маҳрами садое аз ин нигинҳои номбарлаб.

Хурӯши дайру ҳарам дар ин раҳ намуд аз улви50 доғам огаҳ,

Худопараст асту Аллаҳ-Аллаҳ, бараҳману Ром-Ром бар лаб.

Рақам задам бар табассуми гул зи соиди чиндаростинат,

Қалам кашидам ба мавҷи гавҳар аз он хати мушкфом бар лаб.

Ҷаҳон ба сад ранг шуғл моил, ману ҳамин таври шавқ, Бедил,

Тасаввурат солу моҳ дар дил, тараннумат субҳу шом бар лаб.

* * *

Файзи ҳаловат аз дили бекибрукин талаб,

Занбӯрро зи хона барор, ангубин талаб.

Бепарда аст ҳусни ғано дар либоси фақр,

Дасти расо зи кӯтаҳии остин талаб.

Дил ҷамъ кун зи бому дари офиятфусун,

Осудагӣ зи хонабадӯшони зин талаб.

Пашминапӯш рав ба фусурдансарои шайх,

Фасли шито муҳофазат аз пӯстин талаб.

Дасти талаб ба ҳар чӣ расад, муфти аҷз гир,

Дур аст осмон, ту мурод аз замин талаб.

Гулҳои ин чаман ҳама дар зери пойи туст,

Эй ғофил аз адаб, нигаҳи шармгин талаб.

З-ин ҷилваҳо, ки дар назарат саф кашидааст,

Оинадории нафаси вопасин талаб.

Умри талош бод ба каф чун нафас гузашт,

Чизе наёфт кас, ки биярзад ба ин талаб.

Дил дархури шикаст ба иқлими унс тохт,

Чинӣ ҳамон ба ҷодаи мӯ рафт Чинталаб.

Шабнам висоли гул талабид, об шуд зи шарм,

Аз ҳар кӣ ҳар чӣ металабӣ, инчунин талаб.

Ин остон ҳаваскадаи арзи ноз нест,

Шояд ба саҷдае бихарандат, ҷабин талаб.

Бедил, хароши чеҳраи иқбол шуҳрат аст,

Ибрат зи корхонаи нақши нигин талаб.

* * *

Гар ба ин гармист оҳи шуълазои андалеб,

Шамъ равшан метавон кард аз садои андалеб.

Офати ҳуши асирон барқи дидор асту бас,

Мезанад ранги гул оташ дар бинои андалеб.

Пунбаи шабнам ба гӯши ғунча доғи лола шуд,

Беш аз ин натвон шунидан моҷарои андалеб.

Ишқро бе дастгоҳи ҳусн шуҳрат мушкил аст,

Аз забони барги гул бишнав навои андалеб.

Ҷойи он дорад, ки чун сунбул ба рағми боғбон

Реша дар гулшан давонад хори пои андалеб.

Матлаби ушшоқ аз изҳор ҳам маълум нест,

Кист, то фаҳмад забони муддаои андалеб?

Сози дилтангӣ ба ин оҳанг ҳам мебудааст,

Танг кардам аз лаби хомӯш ҷои андалеб.

Решаи дилбастагӣ дар хоки ин гулшан набуд,

Рафт гул ҳам дар қафои нолаҳои андалеб.

Монеи қатли заифон ҷуз мурувват ҳеҷ нест,

В-арна, аз гул кас нахоҳад хунбаҳои андалеб.

Дар чаман рафтему сози нола сайроҳанг шуд,

Ҷилваи гул кард моро ошнои андалеб.

Оҳи муштоқон насими навбаҳори ёди ӯст,

Рангҳо хуфтаст, Бедил, дар садои андалеб.

* * *

Мумсик агар ба арзи сахо ҷӯшад аз шароб,

Дасте баланд мекунад, аммо ба зери об.

Табъи карам фусурдаи дасти тиҳӣ мабод,

Бар кишти оламест ситам хушкии саҳоб.

Ин аст агар самоҷати51 арбоби эҳтиёҷ,

Раҳм аст бар мизоҷи дуоҳои мустаҷоб.

Ғоратнасиби ҳасрати дарди муҳаббатам,

Нагрист бедиле, ки зи чашмам набурд об.

Дил он қадар гудохт, ки ғам ҳам ба сел рафт,

Оташ дар об ғӯта зад аз ашки ин кабоб.

Афсонасозии шарару барқ то ба кай?

Гар марди ин рамӣ, ту ҳам аз худ бурун шитоб.

Ёрон абас ба ваҳми тааллуқ фусурдаанд,

Ин ҷост чун нигаҳ, қадам аз хона дар рикоб.

Субҳ аз нафас ду мисраъи барҷаста хонду рафт,

Девони эътибору ҳамин байташ интихоб.

Хоҳӣ, нафас хаёл куну хоҳ гарди ваҳм,

Чизе намудаем дар оинаи ҳубоб.

Маҳвему боисе зи таҳайюр падид нест,

Эй фитрат, об гарду зи мо рафъ кун ҳиҷоб.

Маънӣ чӣ во намояд аз ин лафзҳои пуч?

Пур ташна аст ҷилваву оинаҳо сароб.

Дар базми ишқ илм чиву маърифат кадом?

То ақл гуфтаем, ҷунун медарад ниқоб.

Дар оламе, ки ёди ту бо мо муқобил аст,

Оина мекашад ба рухи соя офтоб.

Бедил, зи ҷӯши сабза дар ин раҳ фитодааст

Бе чашм як ҷаҳон мижа туҳматпарасти хоб.

* * *

Нагӯямат ба хато соз ё савоб талаб,

Камингар аст зи худ рафтанат, шитоб талаб.

Агар ҳақиқати анҷом дар назар дорӣ,

Зи ҳар куҷо гуҳарат мерасад, ҳубоб талаб.

Шикасти обила ҳар гом соғаре дорад,

Суроғи обе агар хоҳӣ, аз сароб талаб.

Гули нигоҳе агар чидаӣ зи боғи висол,

Ба рӯзи ҳаҷр зи мижгони тар гулоб талаб.

Ба рафъи кулфати ҳар офатест тадбире,

Гар оташе ба дил афтад, зи дида об талаб.

Ҷаҳон зи хеш тиҳӣ гашт, то ту болидӣ,

Ба сифри нуҳ фалак аз қадри худ ҳисоб талаб.

Касе зи марг агар расми зиндагӣ хоҳад,

Ту ҳам зи олами пирӣ бирав, шитоб талаб.

Муқими бекасӣ осуда аз парешонист,

Чу ганҷ офият аз хонаи хароб талаб.

Ту қосиди ҳавасӣ аз адам ба сӯи вуҷуд,

Ҳақиқати нафасат хонда шуд, ҷавоб талаб.

Зи ҷунбиши мижа дарси ишоратат ин аст,

Ки ҳарза аст нигоҳ, андаке ҳиҷоб талаб.

Баҳор мешунавӣ, сайри ранг кун, Бедил,

Зи ҷилва ончи тамаъ дорӣ, аз ниқоб талаб.

* * *

Вақти пирӣ шарм доред аз хизоб,

Мӯ сиёҳӣ дидааст он ҷо ба хоб.

Чашми диққатҷавҳаре пайдо кунед,

Ҷуз ба равзан зарра кам дид офтоб.

Эътиборот ончи дорад, зиллат52 аст,

То гуҳар гул кард, рафт аз қатра об.

Чашм бастан рамзи маънӣ хондан аст,

Нуқта мебошад далели интихоб.

Ҷамъи илм ифлос меорад, на ҷоҳ,

Бештарҳо пӯст мепӯшад китоб.

З-ин баҳорат ончи омад дар назар,

Ибрате гардида бошад бениқоб.

Сӯзи ишқе нест, варна, равшан аст

Ҳамчу шамъат пой то сар фатҳи боб.

Ҷуз равонӣ нест дар дарси нафас,

Сакта мехонад зи лакнат шайху шоб.

Ин ки олам худнамоӣ мекунад,

Нам надорад дар ҷабин мавҷи сароб.

Фаръ53 азбас моили асли худ аст,

Шишаро ангур медонад шароб.

Фурсати аз худ гузаштан ҳам кам аст,

Як арақ пул бар нафас банд, эй ҳубоб.

Аз мукофоти амал ғофил мабош,

Оташ эмин нест аз ашки кабоб.

Мовуман54 бенисбат аст, он ҷо ки ӯст,

Бо катон рабте надорад моҳтоб.

Он шикорафкан ба хунам тар нахост55,

Чашму мижгон буд фитроку рикоб.

Бедил, истиғно ҳамин яъс асту бас,

Даст бардор аз дуои мустаҷоб.

* * *

Ҳамеша сангдилонанд номдори тараб,

Зи ханда нақши нигинро ба ҳам наёяд лаб.

Забони ҳосиду тамҳиди56 ростӣ ғалат аст,

Каҷӣ бадар натавон бурд аз думи ақраб.

Саводи57 фақр асармояи сафои дил аст,

Чу субҳ, пок намо чеҳрае ба домани шаб.

Ба ғайри ишқ надорем ҳеҷ оине,

Гузидаем чу парвона сӯхтан мазҳаб.

Ҳунар ба аҳли ҳасад медиҳад натиҷаи айб,

Зи ҷавҳар аст дар абрӯи теғ чини ғазаб.

Ҳавас чӣ гуна кунад шӯхӣ аз дили қонеъ?

Ба домани гуҳар осуда аст мавҷи талаб.

Ба дашти аҷз таҳайюрматоъи қофилаем,

Агар бар оина маҳмил кашем, нест аҷаб.

Чу чашма зиндагии мо ба ашк мавқуф58 аст,

Дигар зи гиряи мо – бехудон мапурс сабаб.

Бисоти зулф шавад чида дар дамидани хат,

Ба чоки синаи субҳ аст чини домани шаб.

Ҷаҳон қаламрави изҳори бениёзиҳост,

Кадом зарра, ки ӯ нест офтобнасаб?

Сар аз раҳи ту чӣ сон вокашам, ки бе қадамат

Рикоб бо дили сангин тиҳӣ кунад қолаб.

Зи баски душмани осудагист тинати ман,

Чу шуъла мешиканад рангам аз шикастани таб.

Қадаҳпарастӣ аз асбоб фориғам дорад,

Китоби дардисарӣ шустаам ба оби инаб.

Ба хомушӣ талаб аз лаъли ёр коми умед,

Ки бӯса рӯ надиҳад, то ба ҳам наёрӣ лаб.

Ба пеши ҷилваи тоқатгудози ӯ, Бедил,

Газид ҷавҳари оина пушти дасти адаб.

* * *

Ҳар куҷо оташе аз ваҳшатам афрӯхтааст,

Барқ дар аввали парвоз нафас сӯхтааст.

Чӣ хаёл аст, дил аз доғ тасаллӣ гардад,

Ахгаре чашм ба хокистари худ дӯхтааст.

Лофро оинапардози муҳаббат макунед,

Ба нафас ҳеҷ кас ин шуъла наяфрӯхтааст.

Натавон маҳрами таҳқиқ шуд аз илму амал,

Вазъҳо сохтаву мовуман омӯхтааст.

Поси асрори муҳаббат ба ҳавас н-ояд рост,

Шамъ бар қашқаву59 зуннор чиҳо сӯхтааст?

Эй нафасмоя, дукондории ғафлат то чанд?

Осмон ҷинси саломат ба ту нафрӯхтааст.

Аз қумоши баду неки ду ҷаҳон бехабарем,

Чун ҳаё пираҳани мо назари дӯхта аст.

Заррае нест, ки хуршеднамоӣ накунад,

Гарди роҳат чӣ қадар оина андӯхтааст.

Гар на Бедил сабақ аз мактаби Маҷнун дорад,

Ин қадар чоки гиребон зи кӣ омӯхтааст?

* * *

Омадам, то сад чаман бар ҷилва нозон бинамат,

Нашъа дар сар, май ба соғар, гул ба домон бинамат.

Ҳамчу дил умре дар оғӯши хаёлат доштам

Ин замон ҳамчун нигаҳ дар чашму мижгон бинамат.

Гарди домонат ба мижгони ниёз афшондаам,

Бекусуф60 акнун ҳамон хуршеди тобон бинамат.

Эй масеҳонашъаи ранҷи ду олам эҳтиёҷ,

Бар нигаҳ зулм аст, агар муҳтоҷи дармон бинамат.

Дидаи хамёзасанҷе чун қадаҳ овардаам,

То ба ранги мавҷи саҳбо, масти ҷавлон бинамат.

Оламе аз нақши поят чашм равшан мекунад,

Андаке пеш ой, то ман ҳам хиромон бинамат.

Ҳаққи зоти туст саъйи дастгириҳои халқ,

То абад, ё Раб, асои нотавонон бинамат!

Арзи теъдоди маротиб хиҷлати шавқи расост,

Он чи дил мамнуни диданҳо шавад, он бинамат.

Ғунчагиҳоят насиби дидаи Бедил мабод,

Чашми он дорам, ки то бинам, гулистон бинамат.

* * *

Он ҷангҷӯ ба зоҳир агар пушт додааст,

Пинҳон даре зи фатҳи намоён кушодааст.

Азбаски саъйи ҳиммати мардон фурӯтанист,

Пушти сипаҳ қавӣ ба савори пиёда аст.

Маҳви қафост оинапардозии сафо,

Аз ришдор ҳеҷ мапурсед, сода аст.

Тифлӣ, чӣ мумкин аст равад аз миҷози шайх?

Ҳарчанд мӯ сафед кунад, пирзода аст.

Аз иллати машоиху атворашон мапурс,

Билфеъл тинати нари ин қавм мода аст.

Ҳар ҷо музайянест61, ба ҳукми салоҳи шаръ,

Дар риши муҳтасиб бачаашро ниҳодааст.

Ин ҷо хаёли гунбади аммома ҳеҷ нест,

Бори сурин ба гардани воиз фитодааст.

Зоҳид куҷову тоати Яздонаш аз куҷо?

Дар вазъи саҷда шеваи хосаш ирода аст.

Раъноии имом надорад сари намоз,

Менозад аз асо, ки ба дасташ чӣ додааст.

Мулло ҳазор бор ба ангуштҳои дахл

Таҳ карда дарсу гарми талоши иъода62 аст.

Номарду мард то накашад заҳмати гувоҳ,

Қозӣ дар ин муқаддама ғавраш зиёда аст.

Иқболи халқ баски ба идбор63 баста аҳд,

Пеш уфтодаасту қафо истодааст.

Пастӣ кашид домани ин ҳезтинатон

Чандон, ки номашон ба забонҳо фитодааст.

Нақши ҷаҳон натиҷаи андешаи дуист,

Найранги шахсу оина тимсол зодааст.

Бедил, чӣ зиллат аст, ки гардуни мунқалиб

Дар табъи мард хосияти зан ниҳодааст?

* * *

Аз ин бисот касе доғи орамидан рафт,

Ки бо вуҷуди нафас, ғофил аз тапидан рафт.

Дар ин чаман сари таслимофатем ҳама,

Гуле, ки барқи хазонаш назад, ба чидан рафт.

Зи бас гудози таманно ба дил гиреҳ кардем,

Нафас чу ашк ба дарюзаи чакидан рафт.

Кабоби ғайрати он раҳравам, ки ҳамчу самар

Ба пошикастагии ранг то расидан рафт.

Зи баски қатъи тааллуқ зи хеш душвор аст,

Чу гоз65 муддати умрам ба лаб газидан рафт.

Наям чу ашк ба роҳи ту доғи навмедӣ,

Сари суҷуд саломат, агар давидан рафт.

Маҷӯ зи мардуми бемаърифат дами таслим,

Зи сарв аз раҳи беҳосилӣ хамидан рафт.

Суроғи ҷилва зи мо – бехудон магиру мапурс,

Баҳори ҳайрати оина дар надидан рафт.

Фасонае зи рами фурсати нафас хондем,

Ба лаб накарда гузар, он сӯи шунидан рафт.

Хаёли ҳастии мавҳум реша пайдо кард,

Ба фикри хоб матан66, фасли орамидан рафт.

Ба ҷаҳд маснади иззат намешавад ҳосил,

Наметавон ба фалак, Бедил, аз давидан рафт.

* * *

Агар май нест, ҷамъият кадом аст?

Каманди ваҳдат ин ҷо даври ҷом аст.

Чу соғар дар муҳити майкашиҳо

Зи мавҷи бода қуллобам67 ба ком аст.

Ду олам дар намак хуфт аз ғуборам,

Ҳанӯзам шӯри мастӣ нотамом аст,

Агар бедастгоҳам, ғам надорам,

Чу ҳиндуям сияҳбахтӣ ғулом аст.

Зи болафшониям қатъи назар кун,

Ки сайди ман нигоҳи чашми дом аст.

Ману майхонаи дидор, к-он ҷо

Мижа то боз гардад, хатти ҷом аст.

Дил аз ҳастӣ намечинад фурӯғе,

Нафас дар кишвари оина шом аст.

Ҷаҳон зиндони навмедист, аммо

Даме к-аз худ бароӣ, сайри бом аст.

Дар ин маҳфил ба ҳукми шаръи таслим

Нафас гар мекашӣ, чун май ҳаром аст.

Ба табъи аҳли дунё пухтагӣ нест,

Самар чандон, ки сарсабз аст, хом аст.

Асирӣ шаҳпари озодии мост,

Нигини дом моро сайди ном аст.

Зи ҳастӣ то адам ҷаҳде надорад,

Зи мижгон то ба мижгон ним гом аст.

Ба ғафлат он қадар дурем аз дӯст,

Ки васлаш то расад ин ҷо, паём аст.

Зи Бедил ҷуръати ҷавлон маҷӯед,

Чу мавҷ ин нотавон паҳлӯхиром аст.

* * *

Имрӯз даври суҳбат вақфи68 ситамаёғист,

Қулқул таранги миност, азбаски нашъа ёғист69.

Илзому70 инфиол аст шарти вифоқи аҳбоб,

Дилбастагӣ, ки доранд бо якдигар, ҷаноғист71.

Аз табъи нуктасанҷон инсоф карда парвоз,

Азбаски хурдагиранд, таҳсинашон калоғист
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   35


написать администратору сайта