Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Доғ механдад, ки ҳамворӣ бинои муҳкам аст. Айши шоҳӣ дар тилисми серчашмӣ бастаанд, Косаи чашми гадо гар пур шавад, ҷоми Ҷам аст. Дӯстон, ҳошо, ки рабти улфати ҳам бигсаланд, Мавҷҳоро рафтан аз худ ҳам дар оғӯши ҳам аст. Номдориҳо гирифторист дар доми бало, Бедил, ангушти шаҳонро тавқи гардан112 хотам аст. * * * Дар сояи абрӯ нигаҳат масту хароб аст, Чун теғ зи сар даргузарад, олами об аст. Ошиқ ба чӣ уммед занад фоли тамошо? Дар олами найранги ту то ҷилва ниқоб аст. Як ғунчаи бедор надорад чамани даҳр, Шохи гули ин боғ саросар раги хоб аст. Мо ғарқаи тӯфони хаёлем, вагарна, Ин баҳр тунукмоятар аз мавҷи сароб аст. Як дидаи тар беш надорем чу шабнам, Дар қофилаи мо ҳама минои гулоб аст. Парвонаи комиладаби пойи чароғем, Дар кишвари мо болу пари рехта боб аст. Фурсатталабӣ лозими анҷоми вафо нест, То бисмили мо гарми тапиш гашт, кабоб аст. Бемағз бувад донаи кишти амали113 даҳр, Дар риштаи мавҷ ар гуҳаре ҳаст, ҳубоб аст. Ибратгаҳи имкон набувад ҷойи иқомат, Дар дида нигаҳро ҳама дам по ба рикоб аст. Дар ишқ ба маъмурии дил ғарра мабошед, Ҳар ҷо қадами сел расидаст, хароб аст. Бедории бахтам зи гули обилапоист, То ғунча бувад, дидаи уммед ба хоб аст. Чун ҷавҳари оина зи ҳайрат ҳама хушкем, Ҳарчанд рагу решаи мо дар дили об аст. Ҷуз сӯзу гудоз аз пари парвона нахондем, Ин сафҳаи оташкада ҷузви чӣ китоб аст? Бедил, зи суханҳои ту маст аст шунидан, Таҳрики забони қаламат мавҷи шароб аст. * * * Дил аз баҳори хаёли ту гулшани роз аст, Нигаҳ ба ёди ҷамолат биҳиштпарвоз аст. Хаёли марҳами кофур114 гулфурӯш мабод, Ба рӯи теғи туам чашми захми дил боз аст. Ту барқи ҷилванигаҳдушманӣ, касе чӣ кунад? Шикасти оина аз ҳусни мастии ноз аст. Гудохтам зи таҳайюр, ки чашми оина ҳам Баҳори ҳусни туро шабнами назарбоз аст. Маям чу накҳати гул ҷавҳари ҳаво гардид, Ҳанӯз шишаи рангам шикастаноғоз аст. Лабе, ки ханда дар ӯ хун шавад, лаби миност, Раге, ки неш ба дил мезанад, раги соз аст. Сахост нашъаи шуҳрат карамнажодонро, Кушодадомании абр боли парвоз аст. Фиреби аҷз махӯр аз пари шикастаи ранг, Ки дар гирифтани парвоз чангули боз аст. Зи печутоби нафас сӯзи дил тавон донист, Забони дуд ба асрори шуъла ғаммоз аст. Надонам, ин ҳама ҳарфи ҷунун кӣ мегӯяд? Ки гӯши ҳалқаи занҷири мо пуровоз аст. Тавон зи бехудиям кард сайри олами ҳусн, Шаҳиди ишқаму хунам қаламрави ноз аст. Ниҳоли гулшани қадри суханварӣ, Бедил, Ба қадри маънии барҷаста гарданафроз аст. * * * Рафтани умр зи рафтори нафасҳо пайдост, Ваҳшати мавҷ тамошои хироми дарёст. Гирдбоде, ки ба худ дудсифат мепечад, Нафаси сӯхтаи синаи чоки саҳрост. Ҷавҳари оина афсурда зи қайди ватан аст, Аксро гарди сафар оби рухи нашвунумост. Аз гуҳар мавҷ муҳол аст таровад берун, Гираҳи тори назар чашми ҳаёпешаи мост. Қатъи сарриштаи парвози талаб натвон кард, Бол агар силсила кӯтоҳ кунад, нола расост. Наргиси масти туро дар чамани ҳусни адо Майи шӯхӣ ҳама дар соғари лабрези ҳаёст. Баски бе обила гоме нашумурдам ба раҳат, Оби оина зи нақши қадамам чеҳракушост. Эътибори ба худ оташ заданам саҳл магир, Қадри шамъ аз ҳама кас як сару гардан болост. Эй таманно, макун аз хиҷлати ҷавлон обам, Умрҳо шуд, чу гуҳар қатраи ман обилапост. Ҳеҷ кас нест забондони хаёлам, Бедил, Нағмаи пардаи дил аз ҳама оҳанг ҷудост. * * * Зиндагӣ нақди ҳазор озор аст, Ҳар қадар кам шумарӣ, бисёр аст. Дили ҷамъе, ки тавон гуфт, куҷост? Ғунча ҳам як сару сад девор аст. Ба шумори манумо хурсандем, Чӣ тавон кард, нафас бекор аст? Асари саъйи кадом обилапост? Хори ин раҳ мижаи хунбор аст. Хоксорон чамани хуррамиянд, Сабзаву гул ба замин бисёр аст. Ҳусн нодида тамошо дорад, Мижа бардоштанат девор аст. Дар адам низ ғуборе дорад, Хокам оинаи ҷавҳардор аст. Пешпо мехӯрам аз улфати дил, Бар нафас оина ноҳамвор аст. Норасоӣ қафаси шикваи кист? Хомушӣ печиши сад тӯмор аст. Ғунчаро хандаву парвоз якест, Боли мо дар гираҳи минқор аст. Чун ҷарас, кош, ба манзил нарасем, Нолаи мо зи асар безор аст. Мурда ҳам фикри қиёмат дорад, Орамидан чӣ қадар душвор аст. Бедил, аз санъати тақдир мапурс, Зулфи ёрему шаби мо тор аст. * * * Содагӣ дилро асири фикрҳои хом дошт, То таҳайюр буд дар оина, акс ибром115 дошт. Гар намебуд орзу, ташвиши ҷонкоҳӣ набуд, Моҳиёнро ташнаи қуллоб ҳирси ком дошт. Аз адои абруят лутфи нигаҳ фаҳмидаем, Ин камон ранги фиреб аз равғани бодом дошт. Дил на имрӯз аз сафо фоли сабӯҳӣ мезанад116, Дар кудурат низ ин оина айши шом дошт. Мо зи худдорӣ абас хуни талабҳо рехтем, Дар садои боли бисмил офият пайғом дошт. Дил мусаффо кардан аз хешам ба тавфи ҷилва бурд, Оина бар дӯши ҳайрат ҷомаи эҳром дошт. Бепаруболӣ тапишфарсудаи парвоз нест, Ҳар касе ин ҷо ба қадри оҷизӣ ором дошт. Дар ниқоби ашкам охир ҳасрати дил қатра зад117, Ранги саҳбо пои гардидан ба табъи ҷом дошт. Чун арақ з-ин нақди исоре118 ки об аст аз ҳаё, Мо адо кардем, ҳар кас аз хиҷолат вом дошт. Баски, Бедил, бар табоеъ119 ҳирси шуҳрат ғолиб аст, Ҷонканиҳо санг ҳам дар орзуи ном дошт. * * * Сармояи узри талабам аз ҳама беш аст, Дар қофилаи ашк ҳамин обила пеш аст. Ҷаҳде, ки зи фикри ҳасади халқ бароӣ, Хоре ки ба пое нахалад, марҳами реш аст. То марг фусурдан накашад тинати мардон, Оташ ҳама дам сӯхтаи ғайрати хеш аст. Ҷое ки зи хатти ту нумӯ сабз нагардад, Фирдавс агар тал шавад, анбори ҳашиш120 аст. Аз барги тароват нигаҳе об надодем, Сарсабзии ин боғ ба шохи бузу меш аст. Аз санг шарар кам нашуд, аз хок ғубораш, Аз яъс бипурсед, ки роҳат ба чӣ кеш аст? Бастаст қазо рабти алоиқ121 ба гусастан, Ҳуш дор, ки бегонагие бо ҳама хеш аст. Дуккони адам мояи тағйир надорад, Моему матоъе, ки на кам буду на беш аст. Бедил, баадаб бош, ки дар пайкари инсон Гар раг кунад изҳори пурӣ, ташнаи неш аст. * * * Сиришкам нусхаи девонаи кист? Ҷигар оинадори шонаи кист? Ҷунун меҷӯшад аз тарзи каломам, Забонам лағзиши мастонаи кист? Дилам гар нест фонуси хаёлат, Нафас болу пари парвонаи кист? Зи худ рафтам, вале бӯе набурдам, Ки рангам гардиши паймонаи кист? Хамӯшӣ нола мегардад, мапурсед, Ки он ноошно бегонаи кист? Надорад мазраи имкон дамидан, Табассум обёри донаи кист? Шуурам ранг гардонд, аз кӣ пурсам, Зи худ рафтан раҳи кошонаи кист? Гудози дил ки сели хонумонҳост, Арақпарвардаи девонаи кист? Наёвардем мижгоне фароҳам, Намакпоши ҷигар афсонаи кист? Дили ошиқ ба истиғно наярзад, Хамӯшӣ вазъи густохонаи кист? Ба пирӣ ҳам нафаҳмидем, афсӯс, Ки дунё бозии тифлонаи кист? Ба дайру Каъба корат чист, Бедил? Агар фаҳмидаӣ дил хонаи кист. * * * Сари ҳар кас зи гуле пар задааст, Гул надонист, чӣ бар сар задааст? Гар бувад оина манзури бутон, Чашми мо ҳам мижа камтар задааст. Лағзиши майкадаи аҷз расост, Пойи беобила соғар задааст. Бе рухаш номи тамошо мабаред, Бар нигоҳам мижаи тар задааст. Бо дили ҷамъ ҳамон месӯзам, Шуъла ин ҷо дари ахгар задааст. Шамъ гар сайри гиребон дорад, Фоли парвоз таҳи пар задааст. То раҳе во шавад аз қадди дуто, Зиндагӣ ҳалқа бар ин дар задааст. Шавқат аз нома бар он мустағнист, Ранги мо пар ба кабутар задааст. Гираҳи дил зи кӣ ҷӯяд нохун? Дасту пойи ҳама қайсарзадааст122. Нола гар машқи ҷунун мехоҳад, Шаш ҷиҳат сафҳаи мистарзадаст. Ғофил аз таъни кас огоҳ нашуд, Бар раги мурда кӣ ништар задааст? То куҷо заҳмати уммед барем? Нафас ин бол мукаррар задааст. Нест оташ, ки зи ҷо бархезад, Дили бемор ба бистар задааст. Фақр озодии бесохтаест123, Кӯтаҳӣ домани мо бар задааст. Ин сухан нест, ки ёрон фаҳманд, Ибрат аз Бедили мо сар задааст. * * * Сифла бо ҷоҳ низ ҳеҷкас аст, Мӯр агар пар бароварад, магас аст. Нафсро бешиканҷа магзоред, Саги девона муслиҳаш124 марас125 аст. Хиффати126 аҳли шарм бебокист, Чун парад чашм, поймоли хас аст. Мунфаил нест халқи ҳарзамаош, Ду ҷаҳон як димоғи булҳавас аст. Бар умеди кушоди уқдаи кор Чашм агар боз кардаем, бас аст. Хуни афсурдаем, боқӣ ҳеҷ, Хирқаи мо чу пӯст бар адас127 аст. Фурсати рафтанест боби суроғ, Корвони хаёл беҷарас аст. Оина нисбате ба дил дорад, Ки мақоми тааммули нафас аст. Муфлисонро зи олами асбоб То гиребон тамом дастрас аст. Ҳар кӣ ҷаст аз адам, ба ҳастӣ сохт, Як қадам пеш ошён қафас аст. Бедил, аз хок меравем ба бод, Ғайр аз ин нест, ончи пешу пас аст. * * * Шайх, то азм бар намоз шикаст, Сад вузӯ тоза карду боз шикаст. Сӯфӣ афканд бар замин мисвок, Ваҷд дандони ин гуроз шикаст. Шубҳа дарси тааммули ману туст, Ранги таҳқиқ аз имтиёз шикаст. Айши сарбаста дошт хомӯшӣ, Лаб кушудан тилисми роз шикаст. Бар замин тохт ҳодисоти фалак, Ба нишеб омад аз фароз шикаст128. Ададомӯз буд вазъи сипеҳр, Гардани мо хами ниёз шикаст. Дил хароби иъодаи дард аст, Шишаҳо ҳасрати гудоз шикаст. Ноумедӣ калиди матлабҳост, Эй басо дар, ки кард боз шикаст. Дастгоҳ он қадар набояд чид, Остине, ки шуд дароз, шикаст. Мутриби ин надоматанҷуманем, Нағмаи мост аҷзу соз шикаст. Бедил, аз пайкари хамидаи мо Натавонӣ кулоҳи ноз шикаст. * * * Ошиқӣ мақдури ҳар айёш нест, Ғам кашидан санъати наққош нест. Ҳусни маҳбубе, ки моро доғ кард, Гар қиёмат фош гардад, фош нест. Гар шавӣ огоҳ аз одоби ҳузур, Маҳрами хуршед ҷуз хаффош нест. Бениёзӣ аз тасаннуъ129 фориғ аст, Базми дил густардаи фаррош нест. Гарди авҳом андаке бояд нишонд, Ҳастӣ охир арсаи пархош130 нест. Шаш ҷиҳат фарш аст истиғнои фақр, Муфлисӣ дар ҳеҷ ҷо қаллош нест131. Нуҳ фалак аз шӯри бемағзӣ пур аст, Ин макон ҷуз гунбади хашхош132 нест. Чашми роҳат чун нафас аз дил мадор, Хонаи оинаат шаббош нест. Истиқомат рафта гир аз сози шамъ, Саркашӣ бо ҳар кӣ бошад, пош нест. Бо такаллуф марг ҳам зиллаткашист, Аз кафан гар бигзарӣ, наббош133 нест. Эй ҳавасмеҳмони хони зиндагӣ, Ғусса бояд хӯрдан, ин ҷо ош нест. Дар тағофулхонаи абрӯи ӯст, Бедил, он тоқе ки нақшаш фош нест. * * * Қонуни адаб пардадари савту садо нест, З-ин соз магӯ, то нафасат сурманаво нест. Аз ҳар чӣ асар вокашӣ, афсона далел аст, Сармояи ин қофила ҷуз бонги даро134 нест. Ҳар ҳарф, ки омад ба забон, мунфаилам кард, Кам ҷаст аз ин кеш135, хаданге ки хато нест. Ҳиммат чӣ қадар зери фалак бол кушояд? Паст аст ба ҳадде, ки дар ин хона ҳаво нест. Умрест, ки аз сози бадандомии офоқ Гар риштаву тобест, ба ҳам тангқабо136 нест. Моро тарии ҷабҳа ба ибрат нарасонид, Ҷинси арақи саъй зи дуккони ҳаё нест. Бе аҷзи расо қобили раҳмат натавон шуд, Дасте, ки баландӣ расадаш, боби дуо нест. Ҳуш дор, ки дар сояи девори қаноат Хобест, ки дар хоби пару боли ҳумо нест. Вомондаи аҷзем зи афсуни тааллуқ, Гар дил накашад ришта, нафас обилапо нест. Аз ҷаҳлу хирад то ҳавасу ишқу муҳаббат Ҷуз мо чӣ матоъ аст, ки дар хонаи мо нест? Моро карами оми ту муҳтоҷи ғано кард, Гар ҷилва тағофул занад, оина гадо нест. Ҷуз маънӣ аз осори иборат натавон хонд, Гар ғайри Худо фаҳм кунӣ, ғайри Худо нест. Ҳар бебасареро накунад маҳрами таҳқиқ, Он дасти ҳинобаста, ки ҷуз ранги ҳино нест. Бедил, рами фурсат чаманорост дар ин ҷо, Гул фикри иқомат чӣ кунад, ранг ба ҷо нест? * * * Коҳиши табъи ман аз фитрати бебоки худ аст, Шамъро барқи фано шуълаи идроки худ аст. Ғайр мушкил, ки шавад доми асирони вафо, Қафаси ваҳшати субҳам ҷигари чоки худ аст. Бар накардем сар аз доираи ҳайронӣ, Шабнами мо нигаҳи дидаи намноки худ аст. Ранги бетобии дил аз нафаси ман пайдост, Гардани шишаи ин бода раги токи худ аст. Тӯбӣ 137 ин ҷо самараш қобили дил бастан нест. Зоҳид аз бехабарӣ решаи мисвоки худ аст. Гар дил аз шарми карам об шавад, исор аст, Варна, гавҳар ҳама ҷо уқдаи имсоки138 худ аст. Нест дилро чу шикаст анҷумани офияте, Садафи гавҳари мо синаи садчоки худ аст. Гирдбод аз нафаси сӯхта доме дорад, Сайди ин бодия дар ҳалқаи фитроки худ аст. Зарару нафъи ҷаҳон аст ба нисбат, варна, Заҳр дар олами худ соҳиби тарёки худ аст. Дил ба хун метапад аз шӯхии ҷавлони нафас, Мавҷи бетобии ин баҳр зи хошоки худ аст. Шуъларо саҷдагаҳе нест чу хокистари хеш, Ҷабҳаи мо нуқати доираи хоки худ аст. Бедил, аз содадилӣ оина лабрези сафост, Оби ин чашма зи мавҷи назари поки худ аст. * * * Кинаро дар домани дилҳои сангин маскан аст, Ҳар куҷо тухми шарар дидем, сангаш хирман аст. Хоксорон қосиди афтодагиҳои ҳаманд, Ҷодаро тӯмори нақши по ба манзил бурдан аст. Бо дили ҷамъ аз хароши сина ғофил нестам, Ғунчасон дар ҳар сарангуштам ниҳон сад нохан аст. Бигзар аз асбоб, агар огоҳӣ аз завқи фано, Чун шавад манзил намоён, гарди роҳ афшондан аст. Ғафлати таҳқиқ бар мо тору пуди ваҳм бофт, Варна, дар маҳтоб аҳволи катонҳо равшан аст. Бе лаби ӯ чун хаёли ғайр дар дилҳои соф Шишаҳоро мавҷи саҳбо хор дар пироҳан аст. Оташе дар ҷайби дил дуздидаам, к-аз сӯзи он Мӯ бар аъзоям чу гулхан дуди чашми равзан аст. Ҳеҷ савдое батар аз заҳмати ифлос нест, Дасти қудрат чун тиҳӣ шуд, бо гиребон душман аст. Аз видоъи ғунча оғӯши гул иншо кардаем, Бегиребонӣ тамошогоҳи чандин доман аст. Бедил, аз чашми таҳайюрпешагон нам хостан Домани оина бар уммеди об афшурдан аст. * * * Мовуман139 гум гашт, ҳар гаҳ хоб шуд ҳамбистарат, Байзаи анқост сар дар зери болини парат. Авҷи ҳиммат, то нафас боқист, пастӣ мекашад, Бигзарӣ з-ин нардбонҳо, то расӣ бар манзарат. Сар ба зону дӯхтан, он гаҳ хаёли маҳрамӣ? Бегумон, ин ҳалқа афкандаст беруни дарат. Эй ҳубоб, аз сифри авҳом ин қадар болидаӣ? Як нафас дигар бияфзо, гар наёяд боварат. Оташи ин корвон дар ҳеҷ ҳол осуда нест, Баъди мурдан низ парвозест дар хокистарат. Кош, аз ин ҳастӣ садои арраҳиле бишнавӣ, Мекашад ҳар субҳ чандин пунба аз гӯши карат. З-ин дабистон маънии ҷамъиятат равшан нашуд, Чун саҳар, азбас парешон буд хатти мистарат. Эй майи минои ишрат, аз такаллуф пур мабол, Рехтӣ дар хок, агар лабрез кардӣ соғарат. То ба кай бандӣ ваболи худ ба дӯши дигарон? Об беҳ оина аз шарми кафи равшангарат. Ҳамчу шамъат фурсати ҳастӣ балогардон бас аст, Рангҳо дорӣ, ки мегардад ҳамон гирди сарат. Хоҳ бар гардун қадам зан, хоҳ рав зери замин, Ҷуз ҳамин вайрона натвон ёфт ҷойи дигарат. Бе раги гардан мадон дар имтиҳонободи ишқ То начарбад140 ришта дар сӯзан ба ҷисми лоғарат. Аз ҳаловатгоҳи кунҷи фақр агар огаҳ шавӣ, Бӯриё хоҳад найистон шуд ба завқи шаккарат. Обрӯ афзуд, то ҷустӣ канор аз таври халқ, Нанги дарё дар гиреҳ баст эътибори гавҳарат. Омадурафти нафас, Бедил, қиёмат доштаст, Пушту рӯйи як варақ карданд чандин дафтарат. * * * Машшотаи шӯхе, ки ба дастат дили мо баст, Мехост чаман тарҳ кунад, ранги ҳино баст. Он ранг, ки медошт дареғ аз варақи гул, Аз дур кафи дасти ту бӯсиду ба по баст. Охир чаманеро ба сарангушти ту печид, |