Главная страница

Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи


Скачать 0.85 Mb.
НазваниеАхтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
АнкорШпаргалка
Дата15.09.2021
Размер0.85 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлаАхтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил.docx
ТипДокументы
#232339
страница9 из 35
1   ...   5   6   7   8   9   10   11   12   ...   35

* * *

Чашми хирад оинаи ҷоми майи ноб аст,

Абрӯи сухан дар шикани мавҷи шароб аст.

Огоҳии дал металабӣ, тарки ҳунар гир,

К-аз ҷавҳари худ бар рухи оина ниқоб аст.

Бетоби фано он ҳама кӯшиш написандад,

Шабгири92 шарарҳо ҳама як лаҳза шитоб аст.

Ориф ба Худо мерасад аз гардиши чашме,

Дар ним нафас баҳр ҳамоғӯши ҳубоб аст.

Кайфияти тӯфонкадаи гиря мапурсед,

Дар ҳар нами ашкам ду ҷаҳон олами об аст.

Ин баҳр гудози ҷигари сӯхта дорад,

Обе ки ту дорӣ ба назар, ашки кабоб аст.

Чун сиккаи давлат ба касе нест мусаллам,

Пайдост, ки ҳар нақши нигин нақш бар об аст.

Хуш бош, ки дар майкадаи нашъаи таҳқиқ

Миное агар ҳаст, ҳамон ранги шароб аст.

Бе ҷунбиши дил роҳ ба ҷое натавон бурд,

Яксар ҷараси қофилаи мавҷ ҳубоб аст.

Дар маҳфили қонуни навосанҷии ушшоқ

Гӯше ки адофаҳм нашуд, гӯши рубоб аст.

То сурма нагаштем, ба чашмаш нарасидем,

Дар базми хамӯшон нафаси сӯхта боб аст.

Дил чист, ки бо хок баробар натавон кард?

Бе рӯи ту то хонаи оина хароб аст.

Дониш ҳама ғафлат шавад аз аҷзи расоӣ,

Чун тори назар кӯтаҳӣ орад, раги хоб аст.

Бедил, агар афсурдадиле ҷамъи кутуб кард,

Дар мадрасаи дониши мо ҷилди китоб аст.

* * *

Чашме, ки надорад назаре, ҳалқаи дом аст,

Ҳар лаб, ки сухансанҷ набошад, лаби бом аст.

Беҷавҳарӣ аз ҳарзадароист забонро,

Теғе, ки ба зангор фурӯ рафт, ниём аст.

Мағрури камолӣ, зи фалак шиква чӣ лозим?

Кори ту ҳам аз пухтагии табъи ту хом аст.

Гӯянд: Биҳишт асту ҳамон роҳати ҷовид,

Ҷое ки ба доғе натапад дил, чӣ мақом аст?

Чашми ту набастаст магар гуфтушунудат?

Маҳви худӣ, эй бехабар, афсона кадом аст?

Эй шуъла, умеди нафаси сӯхта то чанд?

Фардост, ки парвози ту фарсудаи дом аст.

Навмедиям аз қайди ҷаҳон шиква надорад,

Бо дому қафас тоири парбохта ром аст.

Кай субҳ ниқоб афканад аз чеҳра, ки имшаб

Оинаи бахти сияҳам дар кафи шом аст?!

Не сабр ба дил монду на ҳайрат ба назарҳо,

Эй сели дилу барқи назар, ин чӣ хиром аст?

Мастанд асирони хамупечи муҳаббат,

Дар ҳалқаи гесӯи ту зикри хати ҷом аст.

Бигзар зи ғано, то нашавӣ душмани аҳбоб,

Аввалсабақи ҳосили зар тарки салом аст.

Бедил, ба гумон маҳви яқинам, чӣ тавон кард?

Камфурсатӣ аз васлпарастони паём аст.

* * *

Ҳазар зи роҳи муҳаббат, ки пур хатарнок аст,

Ту мушти хори заифию шуъла бебок аст.

Тавон ба бекасӣ эмин шуд аз мазаррати94 даҳр,

Самуми95 ҳодисаро бахти тира тарёк аст.

Ба ихтиёр нарафтем, ҳар куҷо рафтем,

Ғубори мову нафас ҳукми сайду фитрок96 аст.

Зи бас замона ҳуҷуми касодбозорист,

Чу ашк гавҳари мо вақфи домани хок аст.

Чӣ гуна кам шавад аз мо маломати зоҳид?

Ки сад забони дарозаш ба чӯби мисвок аст.

Аз ин муҳит, ки дар бенамист тӯфонаш,

Касе ки оби рухе бурд, гавҳараш пок аст.

Ғубори ҳодиса ҳиснест97 нотавононро,

Каманди мавҷи хатар нохудои хошок аст.

Зе хеш рафтани мо раҳбаре намехоҳад,

Далели қофилаи субҳ синаи чок аст.

Наёмадаст шаробе ба арзи шӯхии ранг,

Ҷаҳон ҳанӯз сияҳмасти сояи ток аст.

Чӣ вонамоямат аз чашмбанди олами ваҳм?

Ки худнамоию оина дар дили хок аст.

Замона каҷманишонро98 ба бар кашад, Бедил,

Касе ки рост бувад, хори чашми афлок аст.

* * *

Хоки ғурбат кимиёи мардуми некахтар аст,

Қатра дар гарди ятимӣ хушк чун шуд, гавҳар аст.

Мавҷи шуҳрат дар камини хомушӣ пар мезанад,

Мисраи барҷаста оҳанге зи тори мистар аст.

Зиштии аъмол дорад барқи нафрин дар бағал,

Шоҳиди ҳусни амалро ҷӯши таҳсин зевар аст.

Мансаби гавҳарфурӯшӣ нест махсуси садаф,

Ҳар навое к-аз лаби хомӯш ҷӯшад, гавҳар аст.

Аз маоли ҷустуҷӯҳои нафас огаҳ наям,

Ин қадар донам, ки сайри шуъла то хокистар аст.

Муҳри хомӯшист чун оина сар то пойи ман,

Гар ба арзи гуфтугӯ оям, забонам ҷавҳар аст.

Ин муаммо ҷуз дами теғи ту накшояд касе,

К-аз ҳазорон уқдаам як уқда савдои сар аст.

Мехурӯшад ишқу аз ҳам мегудозад пайкарам,

Наъраи шер ин найистонро ба оташ раҳбар аст.

Гар маро асбоби парвозе набошад, гӯ, мабош,

Тоири рангам, шикасти хотирам болу пар аст.

Ҳамчу шабнам дар тилисми домгоҳи ин чаман

Мурғи моро файзи обу дона аз чашми тар аст.

Роҳати ҷовиди фақр аз ҷоҳ натвон ёфтан,

Хоки соҳил қимати худ гар шиносад, гавҳар аст.

Каъбаҷӯ афтод шӯхиҳои тоқат, варна, ман

Ҳар куҷо аз по нишинам, остони дилбар аст.

Ҷӯши дониш иқтизои софии дил мекунад,

Хонаи оинаро ҷорӯб зулфи ҷавҳар аст.

Маргро дар тинати осудатабъон роҳ нест,

Оташи ёқут, Бедил, эмин аз хокистар аст.

* * *

Хомушӣ дар парда сомони такаллум кардааст,

Аз ғубори сурма овозе таваҳҳум99 кардааст.

Бе ту гар чанде дар ин маҳфил ба ибрат зиндаем,

Дар бинои мо чу шамъ оташ тараҳҳум кардааст.

То хамӯшӣ доштем, офоқ беташвиш буд,

Мавҷи ин баҳр аз забони мо талотум кардааст.

Аз адам ноҷаста шӯхиҳои ҳастӣ мекунем,

Субҳи мо ҳам дар ниқоби шаб табассум кардааст.

Маъбади100 ҳирс остони саҷдаи беиззатист,

Оламе ин ҷо ба оби рӯ таяммум кардааст.

Ҳеҷ кас мағрури истеъдоди ҷамъият мабод,

Қатраро гавҳар шудан беруни қулзум кардааст.

Хомтабъон аз фишори ранҷи даҳр озодаанд,

Пухтагӣ ангурро зиндонии хум кардааст.

Ғайбати золим газандаш кам маяндеш аз ҳузур,

Неши ақраб нардбонҳо ҳосил аз дум кардааст.

Сеҳркориҳои чарх аз ихтилоти бенасақ101

Хушкии атвори мардумро сирешум102 кардааст.

Он тапиш, к-аз захми ҳасратҳои рӯзӣ доштем,

Гарди моро чун саҳар анбори гандум кардааст.

Ин гулистон ғунчаҳо бисёр дорад, бӯ кунед,

Дар ҳамин ҷо Бедили мо ҳам диле гум кардааст.

* * *

Халқро бар сари ҳар луқма зи бас саршиканист,

Ношто гар шиканӣ, қалъаихайбаршиканист103.

Магзар аз завқи ҳаловаткадаи маҳфили дард,

Нолапардозии най олами шаккаршиканист.

Нафас аз забти тапиш маънии дил мебандад,

Гавҳаророии ин мавҷ ба худ даршиканист.

Сад қиёматкада дар пардаи ҳайрат дорем,

Мижа бар ҳам задани мо сафимаҳшаршиканист.

Сахт корест, ки бо кулфати дил сохтаем,

Занги оина шудан саддисикандаршиканист.

Мебарад саъйи фано тангӣ аз оғӯши ҳубоб,

Вусъати машраби мо тобеи соғаршиканист.

Орзу ҳасрати мижгони кӣ дорад, ё Раб?

Ки нафас дар ҷигарам бехуди ништаршиканист.

Маҳв кун арзи камолу дили равшан дарёб,

Софии оина оинаи гавҳаршиканист.

Тарки ҷамъияти дил сахт надомат дорад,

Баҳр яксар арақи хиҷлати гавҳаршиканист.

Бедил, аз хеш ба ҷуз нафй104 чӣ исбот кунем?

Рангро шӯхии парвоз ҳамон паршиканист.

* * *

Хатти хубон ҳам ҳарифи табъи ваҳшатпеша нест,

Тухми шабнам дар раги гул дар тилисми реша нест.

Пириям роҳи фано бар зиндагӣ ҳамвор кард,

Бесутуни умрро ҷуз қомати хам теша нест.

Дастгоҳи маънии нозук суханро зевар аст,

Ҷавҳари ин теғ ҷуз печухами андеша нест.

Пой дар доман кашидан нашъаи ҷамъият аст,

Бодаи моро чу шабнам эҳтиёҷи шиша нест.

Сози ҳастӣ якқалам омодаи барқи фаност,

Мушти хошоке, ки натвон сӯхтан, дар беша нест.

Об гардидем, бар ҳар гул ки чашме дӯхтем,

Шабнами моро ба ғайр аз худгудозӣ пеша нест.

Дил зи мақсад ғофилу он гоҳ лофи ҷустуҷӯ?

Шарм дор аз маънии лафзе, ки дар андеша нест.

Пайкари хамгашта иншо мекунад мӯйи сафед,

Мавҷи ҷӯйи шир бе имдоди оби теша нест.

Аз сари афтода побарҷост бунёдам чу шамъ,

Нахли таслими маро ғайр аз тавозуъ реша нест.

Бедил, аз хешон намебояд ионат105 хостан,

Мӯмиёӣ чорафармои шикасти шиша нест.

* * *

Ханда субҳест, ки дар банди гиребони гул аст,

Айш мавҷест, ки саргаштаи тӯфони гул аст.

Ғунчаро бӯйи дилафзо сухани зерилабист,

Хулқи хуш абҷади тифлони дабистони гул аст.

Маҳви рангинии гулзори тамошои туам,

Аз нигаҳ то мижаам арзи хиёбони гул аст.

Баски сад ранг ҷунун зинда шуд аз бӯйи баҳор,

Дами Исо хиҷил аз ҷунбиши домони гул аст.

Дар гулистони вафо саъйи касе зоеъ нест,

Ранг ҳам гар равад аз худ, пайи сомони гул аст.

Оламе чашм ба гарди рами мо равшан кард,

Дами субҳ оинапардози чароғони гул аст.

Эй хуш он дида, ки дар анҷумани тозаниёз

Боли булбул ба назар дораду ҳайрони гул аст.

Даври беҳушии моро қадаҳе лозим нест,

Гардиши ранг ҳамон лағзиши мастони гул аст.

Ғунчасон ғафлати мо боиси ҷамъияти мост,

В-арна, бедории гул хоби парешони гул аст.

Мотаму сури ҷаҳон оинаи якдигаранд,

Мақтаи оҳи саҳар матлаи девони гул аст.

Дидае во куну найранги таҳайюр дарёб,

Ин гулистон ҳама як захми намоёни гул аст.

Бедил, аз ёди рухаш ғӯта ба гулшан задаем,

Сари андешаи мо маҳви гиребони гул аст.

* * *

Хандаам субҳе ба сад чоки гиребон ошност,

Гиря селобе ба чандин дашту домон ошност.

Сояамро метавон чун зулфи хубон шона кард,

Баски табъи ман ба сад фикри парешон ошност.

Дастам аз дил барнамедорад гудози орзу,

Сел умре шуд, ки бо ин хонавайрон ошност.

Аз фусуни носеҳон бар хеш меларзам чу об,

Як тани урёни ман бо сад зимистон ошност.

Ҷаври ҳусну сабри ошиқ тавъами106 якдигаранд,

Бо хаданги ӯ дили ман ҳамчу пайкон ошност.

Дургарди васлам, аммо дар тамошогоҳи шавқ

Бо дилам тири нигоҳаш то ба мижгон ошност.

Нестам огаҳ, чӣ гул мечинам аз боғи ҷунун?

Ин қадар донам, ки дастам бо гиребон ошност.

Ҳеҷ кас дар боргоҳи огаҳӣ мардуд нест,

Софии оина бо габру мусулмон ошност.

Ғарқи дил шав, то ба асрори ҳақиқат ворасӣ,

Қаъри ин дарё ҳамин бо ғӯтахорон ошност.

Мо – ҷунункорон зи тоқат якқалам бегонаем,

Сахтҷонӣ бо дили саброзмоён ошност.

Базми васлу ҳастии ошиқ хаёле беш нест,

Қатра, даст аз худ бишӯ, ҳарчанд тӯфон ошност.

Бедил, ин маҳфил ниҳон дар гиряи шамъ асту бас,

Доғи он захмам, ки бо лабҳои хандон ошност.

* * *

Худнамоиҳо касофатҷавҳарист,

Шиша, то дар санг мебошад, парист.

Эътибор ин ҷо надорад офият,

Шамъ сар то пош помоли сарист.

Сарв гул нокарда, озодӣ махоҳ,

Ин самар вақфи баҳори бебарист.

Пунба неҳ дар гӯшу вокаш107 бехалал,

Хонаи осудагӣ қуфлаш карист.

Бехудиро чорсӯи ноз кун,

Ранг гардондан дукони ҷавҳарист.

Оташам, оташ, мапурс аз кисватам,

Ҳар чӣ мепӯшам, ҳамон хокистарист.

Инфиоли саҷда з-он дар мебарам,

Чун ҷабин бар ман арақ бояд гирист.

Рангҳо яксар шикастомодаанд,

Ин гулистон олами миногарист.

Якқалам мӯйи шиканпарвардаем,

Паҳлуи мо нардбони лоғарист.

Фитрат аз норостӣ чап мехурад108,

Лағзиши ин хома аз бемистарист.

Васл пайғом аст, чун омад ба ҳарф,

То худое гуфтаӣ, пайғамбарист.

Мардро дар халқ мунсиф зистан

Бар сипеҳри авҷи иззат меҳварист.

Чун арақ гавҳарфурӯши хиҷлатем,

Қимати мо инфиоли муштарист.

Бедил, аз бунёди мо хиҷлат нарафт,

Хоки мо чун об мавзӯи тарист.

* * *

Дар такаллум аз надомат ҳеҷ кас осуда нест,

Ҷунбиши лаб якқалам ҷуз дасти барҳамсуда нест.

Роҳатободе, ки мардум ҷаннаташ номидаанд,

Бетакаллуф, ин сухан ғайр аз лаби накшуда нест.

Гар забон аз шӯхии изҳор водуздад нафас,

Софии оинаи матлаб ғуборандуда нест.

Поси номуси сухан дар безабонӣ равшан аст,

Ҳеҷ мазмуне дар ин сурат нафасфарсуда нест.

Қатраҳо аз забти мавҷ оинадори гавҳаранд,

То шавад равшан, ки саъйи хомушӣ беҳуда нест.

Гуфтугӯ, Бедил, далели ҳарзатозиҳои мост,

То ҷарас фарёд дорад, корвон осуда нест.

* * *

Дар хамӯши якқалам овозаи ҷамъият аст,

Ғунчаро поси нафас шерозаи ҷамъият аст.

Лаззати осудагӣ ошуфтагон донанду бас,

Зулф аз ҳар ҳалқа дар хамёзаи ҷамъият аст.

Ҷуз ба мурдан манзили ором натвон ёфтан,

Гӯр агар лаб во кунад, дарвозаи ҷамъият аст.

Ҳамчу гирдобам дар ин дарёи тӯфонэътибор

Умрҳо шуд, гӯш бар овозаи ҷамъият аст.

Сӯхтан хокистароро гашт муфти офият,

Шуълаи моро навиди тозаи ҷамъият аст.

Гул ба қадри ғунча гардидан парешон мешавад,

Тафриқа оинаи андозаи ҷамъият аст.

Хоксориҳои Бедил дар парешонмашрабӣ

Шоҳиди ошуфтагиро ғозаи ҷамъият аст.

* * *

Дар рабти халқ яксар номуси кибриёест109,

Чун субҳа ҳар кас ин ҷо дар олами ҷудоест.

Мунъим ба чатру афсар иқбол мефурӯшад,

Ғофил ки бар сари мо бесоягӣ ҳумоест.

Ворастагиаёғем, бе ваҳми боғу роғем,

Субҳи фалакдимоғем, бар боми мо ҳавоест.

Дорад ҷаҳони иқбол идбор дар муқобил,

Бар худсарӣ мачинед, ҳар ҷо сарест, поест.

Орому рам дар ин дашт фарқ онқадар надорад,

Дар дида ончи кӯҳ аст, дар гӯшҳо садоест.

Овораи хаёлот дил бар чӣ бандад охир?

Гар ишқ бениёз аст, дар ҳусн бевафоист.

З-ин вартаи хиҷолат осон наметавон раст,

Чун шамъ зиндагиро дар ҳар арақ шиноест.

Дархурди сахтҷонӣ бояд ғами ҷаҳон хӯрд,

Таркиби вусъи тоқат маъҷуни иштиҳоест.

Бемоягони қудрат шоистаи қабуланд.

Дасти шикаста бораш бар гардани дуоест.

Гӯши тазаллуми дил з-ин анҷуман кӣ дорад?

Дар гарди мӯйи чинӣ фарёди сурмасоест.

Гулзори бебариҳо ворастагибаҳор аст,

Дар сарнигунии бед ҳар барг пушти поест.

Бедил, куҷо барад кас бедоди бетамизӣ?

Дунё гузаргаҳе буд, пиндоштем, ҷоест.

* * *

Дар тариқи рафтан аз худ раҳбаре даркор нест,

Ваҳшати наззораро болу паре даркор нест.

Киштии тадбири мо тӯфонии ҳукми қазост,

Ҷуз дами таслим ин ҷо лангаре даркор нест.

Ҳар сари мӯ баҳри ғафлатпеша болини пар аст,

Аз барои хоби махмал бистаре даркор нест.

Мебарад, чун гирдбод аз хеш саргардониям,

Сархуши дашти ҷунунро соғаре даркор нест.

Дар ниёми ҳар нафас теғи дудам хобидааст,

Чун саҳар, дар қатъи ҳастӣ ханҷаре даркор нест.

Мушти хоки мо саропо фарши таслим асту бас,

Саҷдаи моро ҷабинею саре даркор нест.

Ҷӯши хун нозукдилонро пӯст бар тан медарад,

Аз заифӣ бар раги гул ништаре даркор нест.

Хешро аз дидаи худбини худ пӯшидан аст,

Эҳтиёти мо барои дигаре даркор нест.

Фикри маркаб дар тариқи фақр сози гумраҳист,

Нафс дар фармон агар бошад, харе даркор нест.

Истиқомат бас бувад арбоби ҳимматро камол,

Баҳри теғи кӯҳ, Бедил, ҷавҳаре даркор нест.

* * *

Дар печутоби гесӯ то шонаро арӯсист,

Сайри саводи занҷир девонаро арӯсист.

Бе гиря нест мумкин таъмири ҳасрати дил,

То сел мехиромад, вайронаро арӯсист.

Дарё гуҳарфурӯш аст аз орамидани мавҷ,

Гар орзу бимирад, фарзонаро арӯсист.

Айши бисоти имкон мавқуфи ғафлати мост,

То мо сиёҳмастем110, майхонаро арӯсист.

Файзе наметавон бурд, то дил ба ғам насозад,

Оташ зану тараб кун, к-ин хонаро арӯсист.

Дилро баҳори ишрат тарки хаёли ҷисм аст,

Гар сар барорад аз хок, ин донаро арӯсист.

Бозори ваҳм гарм аст аз ҷинси бешуурӣ,

Дар базми хобнокон афсонаро арӯсист.

Аз лутфи сарфарозон шоданд зердастон,

Дар хандаи суроҳӣ паймонаро арӯсист.

З-он нолае, ки занҷир дар бори шавқ дорад,

Фарзонаро надомат, девонаро арӯсист.

Дар сина бе хиёлат рақси нафас муҳол аст,

То шамъ ҷилва дорад, парвонаро арӯсист.

Бедил, чаро насӯзам шамъи видоъи ҳастӣ?

З-он шӯхи ошнокуш бегонаро арӯсист.

* * *

Дар хаёлободи роҳат огаҳӣ номаҳрам аст,

Ҷилва нанмояд биҳишт, он ҷо ки ҷинси одам аст.

Дар назарҳо гарди ҳайрат, дар нафасҳо шӯри аҷз,

Сози базми зиндагониро ҳамин зеру бам аст.

Аз дуто гаштан надорад чора нахли мевадор,

Қомати ҳар кас ба зери бор меояд, хам аст.

Яъстамҳид аст ин уммедҳо, ҳушёр бош,

Ҳар қадар арзи амалҳо111 беш, фурсатҳо кам аст.

Бо фурӯғи ҷилваат наззорагиро тоб ку?

Ранги гул чун оташ афрӯзад, сипандаш шабнам аст.

Дар бинои ҳайрат аз ҳусни ту мебинам халал,

Хонаи оина ҳам барпо ба девори нам аст.

Дарси ибратҳои моро нусхае даркор нест,

Чашми оҳуро саводи хеш сармашқи рам аст.

То нафас боқист, золим нест бе фикри фасод,

Гӯшагири фитна мебошад, камонро то дам аст.

Шуъла ҳар ҷо мешавад саргарми таъмири ғурур,
1   ...   5   6   7   8   9   10   11   12   ...   35


написать администратору сайта