Главная страница

Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи


Скачать 0.85 Mb.
НазваниеАхтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
АнкорШпаргалка
Дата15.09.2021
Размер0.85 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлаАхтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил.docx
ТипДокументы
#232339
страница8 из 35
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   35
72.

Дар дӯстон шикоят ҳангома гарм дорад,

Ҳар ҷо хамӯшие ҳаст, аз шиква бедимоғист.

Не дил ҳузур дорад, не дида нур дорад,

Сомони ин шабистон кӯрию бечароғист.

То дил алам начинад, аз кина муҳтариз73 бош,

Гар талхӣ аз ҳаловат гул кард, мева доғист74.

Мушкил, димоғи савдо озодагӣ нахоҳад,

Доғи ҳавои саҳрост, ҳарчанд лола боғист.

З-ин ҷустуҷӯи ботил бар ҳар чӣ ворасидам,

Дидам, ба дӯши анфос бори адамсуроғист.

Бедил, мани ҷунункеш дар ҳасрати дили ҷамъ

Аз ҳар кӣ чора ҷустам, гуфт: ин мараз димоғист.

* * *

Имрӯз, ки уммед ба кӯи ту муқим аст,

Гар бол кушоям, дили парвоз дуним аст.

Натвон зи сарам бурд ҳавои дами теғаш,

Ин ғунча гиреҳбастаи уммеди насим аст.

Шуд ҳоҷати мо пардабарандози ғаноят,

Соил ҳама ҷо оинаи рози карим аст.

Файзи назари кист, ки дар гулшани имкон

Ҳар барги гул имрӯз кафи дасти Калим аст.

Ҷуз коҳиши ҷон нест зи ҳамсуҳбати саркаш,

Гирён бувад он мум, ки бо шуъла надим аст.

Бар софзамирон бувад ошӯби ҳаводис,

Сад мавҷ кашокаш ба сари дурри ятим аст.

Пайваста пуровоз бувад косаи холӣ,

Пургӯии аблаҳ асари табъи сақим75 аст.

Осудадилӣ улфати яъс76 аст, вагарна,

Уммед ҳам ин ҷо чӣ кам аз заҳмати бим аст?

Ҳайрони талаб мояи тамйиз надорад,

Дар чашми гадо шаш ҷиҳат осори карим аст.

Берангии гулшан нашавад ҳамсафари гул,

Оина зи худ мераваду ҷилва муқим аст.

Бедил, зи ҷигарсӯхтагӣ чора надорам,

Бо доғ маро лоласифат аҳди қадим аст.

* * *

Андеша дар назокати маънӣ камол дошт,

Ҳусни фурӯғи меҳр ниқоби ҳилол дошт.

Шерозаи ғубори ҳавас гашт хиҷлатам,

Хокам тасаллӣ аз арақи инфиол дошт.

Дил рафт аз барам ба фусуни ҳавои васл,

Ин ғунча дар кушудани оғӯш бол дошт.

Аз худ рамиданест уруҷи димоғи ман,

Ҷомам назар зи гардиши чашми ғизол дошт.

Тухми адаб ба решаи шӯхӣ намезанад,

Мавҷи гуҳар забоне агар дошт, лол дошт.

Ҳуснат ба доди ҳайрати оина мерасад,

Охир лаби хамӯшии мо ҳам суол дошт.

Дилро ғами видоъи ту дар хун нишонда буд,

Ҳоли хуше надошт, ки гӯям чӣ ҳол дошт?!

Пургӯйии ман офати огоҳии дил аст,

Оина буд, то нафасам эътидол дошт.

Мурдему аз ғубори ду олам ба дар задем,

Эй офият, бибол, ки ҳастӣ вабол дошт.

Ғоратгари баҳори нишотам шукуфтагист,

То ғунча буд дил, чамане дар хаёл дошт.

Бедил, ҳазор ҷилва дар оинаат гузашт,

Он шахс ку, ки ин ҳама арзи мисол дошт?!

* * *

Баҳри розам, печутоби фикр гирдоби ман аст,

Шӯхии табъи расо амвоҷи бетоби ман аст.

Софи маънӣ кард мустағнӣ77 зи дурди суратам,

Чун бати май ботини ман олами оби ман аст.

Шӯри шавқам пардаи оҳанги сози бехудист,

Нолаи ман чун сипанд афсонаи хоби ман аст.

Дар сафои ҳайратам маҳв аст нақши коинот,

Ин катон гумгаштаи оғӯши маҳтоби ман аст.

То камони ваҳшатам дар қабзаи ворастагист,

Дургардиҳо зи мардум тири партоби ман аст.

Ҷабҳаам фарши суҷуди аҳли таслим асту бас,

Қомате дар ҳар куҷо хам гашт, меҳроби ман аст.

Гӯшаи амне зи чашми баста дорам чун ҳубоб,

Гар назар во мекунам бар хеш, селоби ман аст.

Гашт изҳори ҳунар беобрӯиҳои ман,

Ҷавҳарам чун оина реги таҳи оби ман аст.

Ҷоме аз хумхонаи ирфон ба даст овардаам,

Соф гардидан зи ҳастӣ бодаи ноби ман аст.

Ғафлатам, Бедил, иёри78 имтиҳони ҳушҳост,

Ҳамчу махмал, доми хоби дигарон хоби ман аст.

* * *

Базми гардун субҳхез аз гарди бетоби ман аст,

Нури ин оинаи мино зи симоби ман аст.

Як ҷаҳон забти нафас дорад ба худ печиданам,

Риштаи мавҳуми ҳастӣ ташнаи тоби ман аст аст.

То тағофул дорам, аз вазъи ҷаҳон осудаам,

Чашм пӯшидан бисотороии хоби ман аст.

Дархури ворастагӣ маснадтирози79 иззатам,

Боли парвозам чу қумрӣ фарши санҷоби ман аст.

Мӯ ба мӯям чашмаи барқи таҷаллиҳои ӯст,

Тур агар оташ фурӯзад, кирми шабтоби ман аст.

Аз мизоҷи гавҳарам шӯхӣ намеболад ба хеш,

Мавҷ умре шуд, батӯфонбурдаи оби ман аст.

Ҷӯши дарде ку, ки оҳанги асар пайдо кунам,

Риштаи қонуни оҳам, яъс мизроби ман аст.

Маҳви шавқам, аз ғами асбоби роҳат фориғам,

Софии оинаи ҳайрат шакархоби80 ман аст.

Мебарад ҷазби хиромат чун ғубор аз ҷо маро,

Ҷилвае аз чини домони ту қуллоби ман аст.

Умрҳо шуд, з-ин шабистон интихобе мезанам,

Ҳар куҷо ҳайроние гул кард, маҳтоби ман аст.

Ҳар тараф пар мезанад наззора, ҳайрат хуфтааст,

Олами оинаам, ҳамворӣ асбоби ман аст.

Аз қумоши хомушӣ, Бедил дуконе чидаам,

Ҳар чӣ ғайр аз худфурӯшиҳо бувад, боби ман аст.
* * *

Баски мастонро ба қадри майкашиҳо обрӯст,

Мезанад паҳлу81 ба гардун, ҳар кӣ бар дӯшаш сабӯст.

Ҳар диле к-аз ғам нагардад об, пайкон асту бас,

Ҳар саре к-аз шӯри савдо нашъа напзирад, кадуст.

Барнамеояд ба ҷуз ҳеҷ аз муаммои ҳубоб,

Лафзи мо гар вошикофӣ, маънии ҳарфи магӯст.

Аз шикасти дил ба ҷои нозуке хобидаем,

Бар сари овози чинӣ сояи девор мӯст.

Дар дили ҳар зарра чун хуршед тӯфон кардаем,

Ҳар куҷо оинае ёбанд, бо мо рӯбарӯст.

Моҷарои аҷзи мо нашнида мебояд шунид,

Гуфтугӯи нотавонон нотавонигуфтугӯст.

Ҷайби ҳастӣ чун саҳар ғоратгари чок асту бас,

Риштаи омоли мо беҳуда дар банди руфӯст82.

Баски дар роҳат арақрези хиҷолат мурдаем,

Гар зи хоки мо таяммум об бардорад, вузӯст,

Чун нигин аз маънии таҳқиқи худ огаҳ наям,

Ин қадар донам, ки нақши ҷабҳаи ман номи ӯст.

Барқ ҷӯшидаст, ҳар ҷо гиряе сар кардаам,

Бо камоли хокбозӣ тифли ашкам шуълахӯст.

То ба худ ҷунбад нафас, сад ранг ҳасрат мекашам,

Дар кафи андеша ҷисми нотавонам килки мӯст.

Чун гуҳар иззатфурӯши сахтҷониҳо наям,

Ҳамчу дарё дархури арзи гудозам обрӯст.

Фикри нозук гашт, Бедил, монеи осоишам,

Дар бисоти дида ин ҷо дурбоши хоб мӯст.

* * *

Барқ бо шавқам шароре беш нест,

Шуъла тифли найсаворе беш нест.

Орзуҳои ду олам дастгоҳ

Аз кафе хокам ғуборе беш нест.

Чун шарорам як нигаҳ арз асту бас,

Оина ин ҷо дучоре беш нест.

Лолаву гул захмии хамёзаанд,

Айши ин гулшан хуморе беш нест.

То ба кай нозӣ ба ҳусни орият?

Мовуман83 оинадоре беш нест.

Меравад субҳу ишорат мекунад,

К-ин гулистон хандаворе беш нест.

То шавӣ огоҳ, фурсат рафтааст,

Ваъдаи васл интизоре беш нест,

Даст аз асбоби ҷаҳон бардоштан

Саъй гар мард аст, коре беш нест.

Чун саҳар нақде ки дар домони туст,

Гар бияфшонӣ, ғуборе беш нест.

Чанд дар банди нафас фарсуданат?

Маҳви он домӣ, ки торе беш нест.

Сад ҷаҳон маънӣ ба лафзи мо гум аст,

Ин ниҳонҳо ошкоре беш нест.

Эй шарор, аз ҳамраҳон ғофил мабош,

Фурсати мо низ боре беш нест.

Ғарқаи ваҳмем, варна, ин муҳит

Аз тунукобӣ каноре беш нест.

Бедил, ин камҳимматон бар иззу чоҳ

Фахрҳо доранду оре беш нест.

* * *

Бурут тофтанат гурбашонии ҳавас аст,

Ба риш мард шудан бузгумонии ҳавас аст.

Ба ҳарфу савт палангӣ наёяд аз рӯбоҳ,

Фусуни ғурришат афсонахонии ҳавас аст.

Зи одамӣ чӣ маош аст ҳамҷуволии хирс?

Талоши суфу намад зиндагонии ҳавас аст.

Ба ваҳм вонагузорад хирад зимоми ҳавос,

Рама ба гург супурдан шубонии ҳавас аст.

Чӣ лозим аст ба шайхӣ алоқаи дастор?

Харӣ ба шох расондан ҷавонии ҳавас аст.

Ба дастгоҳи шутурмурғ инфиол макаш,

Ки маҳмилат ҳама бар парфишонии ҳавас аст.

Иёри ибрати сарчангҳои хирс бигир,

Ки риши говию ин шонаронии ҳавас аст.

Зи тозиёнаву чӯб ончи мояи асар аст,

Барои кунихарон меҳмонии ҳавас аст.

Танидааст ба думлобагӣ 84 ҷунуни ҳавас,

Бад-ин сагон чӣ қадар мизбонии ҳавас аст.

Ба сеҳри пуч зи эъҷоз дам задан, Бедил,

Дар ин ҳаёкада гӯсолабонии ҳавас аст.

* * *

Беқарориҳои чарх аз дасти каҷрафторӣ аст,

Хокро осудагӣ аз паҳлуи ҳамворӣ аст.

Нест ғайр аз сӯхтан иди мазаллатпешагон85,

Хорро дар васли оташ пираҳан гулнорӣ аст.

Аз мизоҷи мо чӣ мепурсӣ, ки чун реги равон

Хоки мо чун об аз нанги фусурдан ҷорӣ аст.

Гар зи дасти мо наёяд ҳеҷ, ҷоне меканем,

Нолаи булбул дар ин гулшан гули бекорӣ аст.

Обрӯ хоҳӣ, муқими остони хеш бош,

Ашкро аз дида по берун ниҳодан хорӣ аст.

Парфишонӣ нест мумкин бисмили тасвирро,

Захмии теғи таҳайюр аз тапидан орӣ аст.

Дасти ҳиммат остин мегардад аз холӣ шудан,

Сарнигунӣ мардро аз хиҷлати нодорӣ аст.

Шуъла хокистар шавад, то оварад чашме ба ҳам,

Як мижа осудагӣ ин ҷо ба сад душворӣ аст.

Ғайри теғи ӯ кӣ бардорад сари афтодагон?

Хуфтагонро субҳи равшан сандали бедорӣ аст.

Бигзар аз фикри хирад, Бедил, ки дар базми висол

Гардиши он чашми майгун офати ҳушёрӣ аст.

* * *

Биё, эй ҷому минои тараб нақши кафи поят,

Хироми мавҷи май махмури тарзи омаданҳоят.

Нафас дар сина накҳатошёни хулди тавсифат,

Нигаҳ дар дида шабнампарвари боғи тамошоят.

Шукӯҳи ҷилваат ҷуз дар фазои дил намегунҷад,

Ҷаҳон пур гардад аз оина, то холӣ шавад ҷоят.

Пур осон аст, агар тавфиқ бахшад нури биноӣ

Тамошои биҳишт аз гӯшаи чашми таманноят.

Тавон дар мавҷи соғар ғӯта зад аз нақши пешонӣ,

Ба мастӣ гар диҳад фармон нигоҳи нашъапаймоят.

Фурӯғи шамъ ҳам мушкил тавонад ранг гардондан

Дар он маҳфил, ки манъи даври соғар бошад имоят.

Мурувват сарфи эҷодат, карам файзи худододат,

Адаб таъмири бунёдат, ҳаё осори симоят.

Назарандешии ваҳмам ба доғи ғайр месӯзад,

Диле оина созам, к-аз ту резам ранги ҳамтоят.

Ҳавохоҳи ту иксири саодат дар бағал дорад,

Нафас будам, саҳар гул кардам аз файзи дуоҳоят.

Тиҳӣ аз саҷдаи шавқат сари мӯе намеёбам,

Саропо дар ҷабин меғалтам аз ёди саропоят.

Асар маҳви дуои Бедил аст, уммеди он дорам,

Ки болад дину дунё дар паноҳи дину дунёят.

* * *

Пеши чашме ки нури ирфон нест,

Гар бувад осмон, намоён нест.

Умрҳо шуд, дамидааст офоқ,

Белибосӣ ҳанӯз урён нест.

Шамъро гар ба фикри хеш сарест,

То кафи пош ҷуз гиребон нест.

Нақшбанди хаёли дур мабош,

Гул чӣ дорад, к-аз ин гулистон нест?

Бояд аз нақди эътибор гузашт,

Ҷинси бозори ибрат арзон нест.

Бар фалак ҳам хам аст дӯши ҳилол,

Нотавонӣ кашидан осон нест.

Наргисистони ибратем ҳама,

Чашм аз худ бипӯш, мижгон нест.

Оҷизӣ Хизри водии адаб аст,

Пойи хобида ҷуз ба домон нест.

То нафас аз тапиш наёсояд,

Ҷамъ гардидани дил имкон нест.

Хиҷлате чидаед, барчинед,

Худфурӯшон, замона дуккон нест.

Саҷдаро муфти офият шумаред,

Ҷабҳасоӣ кафи пушаймон нест.

Коми айш аз сафои дил талабед,

Хона оташ задан чароғон нест.

Гуҳ махӯр, эй тамаъ, ки нони хасон

Ҳазм ногашта боби дандон нест.

Шарм дор аз талаб, ки бар дари халқ

Силие ҳаст, агар хӯрӣ, нон нест.

Бедил, имрӯз дар мусулмонон

Ҳама ҷиз аст, лек имон нест.

* * *

То зи ҷинси табу тоби нафас осоре ҳаст,

Ишқро бо дили савдозадаам коре ҳаст.

Ку диле, к-аз ҳавас ороиши дукконаш нест?

Дар сафохонаи ҳар оина бозоре ҳаст.

Халқе офаткаши найранги хаёл аст ин ҷо,

Ҳеҷ кас нест хар, аммо ҳамаро боре ҳаст.

Хок гаштему зи таъсири хаёли ту ҳанӯз

Дили ҳар зарраи мо чашмаи дидоре ҳаст.

Мовуман ҳеҷ кам аз наъраи мансурӣ нест,

То нафас ҳаст, ҳузури расану доре ҳаст.

Эй дил, ибром86 макун, чашмаш агар ҷон талабад,

Аз мурувват магузар, хотири беморе ҳаст.

Боиси қатли ман аз лоларухон ҳеҷ мапурс,

Ин қадар бас, ки бигӯянд: гунаҳкоре ҳаст.

Оташи ҳусни кӣ дар дайри хаёл афтодаст?

Шамъ ҳам сӯхтаи қашқаву зунноре ҳаст.

Захми моро асарандуди табассум маписанд,

Ки дар ин мавҷи гуҳар гарди намакзоре ҳаст.

Беҳ, ки дар пеши лабат арзи хамӯшӣ набарад,

Тӯтиеро ки зи шаккар сари гуфторе ҳаст.

Ё Раб, аз партави дидор нагардад маҳрум,

Маҳфили ҳайрати мо оинамиқдоре ҳаст.

Умр дар забти нафас сайди расоӣ дорад,

То тавонӣ, ба гиреҳ гир, агар торе ҳаст.

Ҳамчу он нағма, ки аз тор бурун меояд,

Агар аз хеш равӣ, ҷодаи бисёре ҳаст.

Тоби хуршеди ҷамолаш чу надорӣ, Бедил,

Дар хаёли хати ӯ сояи деворе ҳаст.

* * *

Танам зи банди либоси такаллуф87 озод аст,

Бараҳнагӣ ба барам хилъате худодод аст.

Накард зиндагиям як дам аз фано ғофил,

Зихудфаромушии ман ҳамеша дар ёд аст.

Ҳуҷуми шавқ надонам, чӣ муддао дорад?

Зи сина то сари кӯят ғубори фарёд даст.

Чӣ нақшҳо ки набаст орзу ба пардаи шавқ?

Хаёли мӯйи миёни ту килки Беҳзод аст.

Машав зи нолаи най ғофил, эй нишотпараст,

Ки шамъи анҷумани умр равшан аз бод аст.

Ҳадиси зуҳд раҳо кун, қаландарӣ омӯз,

Чӣ ҷойи донаи тасбеҳу доми аврод аст?

Сафои сина ғанимат шумору ишрат кун,

Ки кори тирадилон чун ғубор бар бод аст.

Зи сояи мижаи ӯ канора гир, эй дил,

Ту хастаболию ин сабза дасти сайёд аст.

Ғубори ҳастии ман нола медиҳад бар бод,

Дигар чӣ мекунӣ, эй ашк, вақти имдод аст.

Зи ҳасти хеш мазан дам, ки дар муҳити адаб

Ҳубобро нафаси сарди хеш ҷаллод аст.

Ба қайди ҷисм сабукрӯҳ муттаҳам нашавад,

Шарар, агар ҳама дар санг бошад, озод аст.

Наҷот металабӣ, хомушӣ гузин, Бедил,

Ки дар тариқи саломат хамушӣ устод аст.

* * *

Танҳо на зарра диққати изҳор доштаст,

Хуршед низ оина дар кор доштаст.

Дил ғарраи88 чӣ айш нишинад, ки зери чарх

Гавҳар шикасту оина зангор доштаст.

Танзеҳ дар саноеи осори даҳр нест,

Ин шишагар ҳақиқати гилкор доштаст.

Дар шаш ҷиҳат танидани оҳанги ҳайратест,

Қонуни дарди дил чӣ қадар тор доштаст?!

Огоҳ нест ҳеҷ кас аз нашъаи ҳузур,

Ҳайрат ҳазор соғари саршор доштаст.

Нақши нигорхонаи дил ҷуз хаёл нест,

Оина ҳар чӣ дорад, аз он ор доштаст.

Эй аз ҷунуни ҷаҳл таносонӣ орзуст,

Ҳуше, ки сояро кӣ нигунсор доштаст?

Қадди дутост ҳалқаи чандин суҷуди ноз,

Гӯё, суроғе аз дари дилдор доштаст.

Ҳарчанд доғ гашт дилу дида хун гирист,

Огаҳ нашуд, ки ишқ чӣ озор доштаст.

Бедил, ту андаке гираҳи дил кушода кун,

К-ин навғазал чӣ санъати асрор доштаст.

* * *

Чойи ором ба ваҳшаткадаи олам нест,

Заррае нест, ки саргарми ҳавои рам нест.

Гираҳи бод бувад давлати ҳастӣ чу ҳубоб,

То Сулаймон нафасе арза диҳад, хотам нест,

Чаман аз ғунча ба ҳар шох сиришкаш гираҳ аст,

Мижаи аҳли тараб ҳам ба ҷаҳон бенам нест.

Ҳеҷ доно назанад теша ба пойи ором,

Аз биҳишт он ки бурун омадааст, одам нест.

Гӯ, биё барқу фурӯ рез ба кишти ду ҷаҳон,

Акс агар маҳв шуд, оинаи моро ғам нест.

Риштаворе нафаси сӯхта афрӯхтаем,

Шамъ дар хилвати бедории дил маҳрам нест.

Гар ҷаҳон ноз бар асбоби фузунӣ дорад,

Баҳри сомони камӣ зарраи мо ҳам кам нест.

Ин қадар ваҳм зи оғӯши нигаҳ меболад,

Дида ҳар гаҳ мижа овард ба ҳам, олам нест.

Чашм бар мавҷи хатат дӯхтан аз содадилист,

Риштаҳои раги гулро гираҳи шабнам нест.

Адами соя зи хуршед муайян гардид,

Гар ту шӯхӣ накунӣ, ҳастии мо мубҳам89 нест.

Бедил, аз бас ба гирифтории дил хӯ кардем,

Бе ғами дому қафас, хотири мо хуррам нест.

* * *

Ҷое ки нуҳ фалак зи ҳаё сар фикандааст,

Чун гул чамандимоғии90 иқбол ханда аст.

Дидем дастгоҳи ғурури сабуксарон,

Сармояи кулоҳи ҳама пашми ганда аст.

Мансубаи хирад ҳамаро моти ваҳм кард,

З-ин арса хокбозии тифлон баранда аст.

Аз хок барнадошт фалак, ҳар кадар хамид,

Боре, ки пирӣ аз хами дӯшам фикандааст.

Бар айби халқ хурда нагиранд маҳрамон,

Эй бехабар, ману ту Худо нест, банда аст.

Номуси эҳтиёҷ ба ҳиммат нигоҳ дор,

Дасти тиҳӣ ҷунуни гиребондаранда аст.

То тешаат ба по нахурад, жожхо мабош,

Дандон даме ки пеш фитад, лабгазанда аст.

Аз яъси муддао раҳи ором руфта гир,

Ин дашт тахтаи кафи афсӯси ранда аст.

Моро маоли91 кори тараб бедимоғ кард,

Бӯйи гули чароғ дар ин базм ганда аст.

Бедил, мабош ғарраи сомони эътибор,

Ҳарчанд ранг бол надорад, паранда аст.
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   35


написать администратору сайта