Главная страница

Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи


Скачать 0.85 Mb.
НазваниеАхтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
АнкорШпаргалка
Дата15.09.2021
Размер0.85 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлаАхтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил.docx
ТипДокументы
#232339
страница11 из 35
1   ...   7   8   9   10   11   12   13   14   ...   35

Во кард ниқоби шафақу ғунчанамо баст.

Об аст зи шабнам дили ҳар барги гул имрӯз,

К-ин ранги чамансози вафо сахт баҷо баст.

З-ин нур ки аз шамъи сарангушти ту гул кард,

То шуъла занад оташи ёқут, ҳаё баст.

Кайфияти гул кардани ин ғунча ба рангест,

К-аз ҳайрати саршор тавон оинаҳо баст.

Арбоби назарро ба тамошои баҳораш

Дасти мижае буд, таҳайюр ба қафо баст.

То арза диҳад мунтахаби нусхаи асрор,

Тарроҳи чаман маънии ҳар ғунча ҷудо баст.

Бедил, ту ҳам аз шавқ чаман шав, ки ба ин ранг

Шерозаи девони ту имрӯз ҳино баст.
* * *

Масти ирфонро шароби дигаре даркор нест,

Ҷуз тавофи хеш даври соғаре даркор нест.

Саъйи парвозат чу бӯйи гул гар аз худ рафтан аст,

То шикасти ранг бошад, шаҳпаре даркор нест.

Субҳро изҳори шабнам хандаи дандоннамост,

Синачоки шавқро чашми таре даркор нест.

Хиффату тамкин ҳиҷоби нашъаи ворастагист,

Баҳр агар бошӣ, ҳубобу гавҳаре даркор нест.

Шона гар машшотаи зулфат набошад, гӯ, мабош,

Дафтари ошуфтагиро мистаре даркор нест.

Оташи хуршедро набвад кавокиб ҷуз сипанд,

Ҳусн чун саршор бошад, зеваре даркор нест.

Сӯхтан чун шамъ авҷи пояи иқболи мост,

Доғ манзур аст ин ҷо, ахтаре даркор нест.

Шуълаҳо дар пардаи саъйи ҷаҳон хобидааст,

Гар нафас сӯзад касе, оташгаре даркор нест.

Изтироби дил зи ҳар мӯям чакидан мекашад,

Чун раги абри баҳорам ништаре даркор нест.

Олами аҷз аст ин ҷо, ҷоҳ ку? Шавкат кадом?

То тавонӣ, нола кун, карруфаре даркор нест.

Хишти бунёди ту бар ҳам чидани мижгон бас аст,

Дар тағофулхона бому манзаре даркор нест.

Зуҳду тақво ҳам хуш аст, аммо такаллуф бартараф,

Дарди дилро бандаам, дарди саре даркор нест.

Ҳирс қонеъ нест, Бедил, варна, аз сози маош

Он чи мо даркор дорем, аксаре дар кор нест.

* * *

Нафаси булҳавасон бар дили равшан теғ аст,

Шамъи афрӯхтаро ҷунбиши доман теғ аст.

Шишаро саркашии хеш нишондаст ба хун,

Гардани беадабонро раги гардан теғ аст.

Миннати сояи иқбол зи оташ кам нест,

Гар ҳумо бол кушояд ба сари ман, теғ аст.

Хоки таслим ба сар кун, ки дар ин дашти ҳалок

Ту надорӣ сипару дар кафи душман теғ аст.

Натавон аз нафаси сӯхтагон эмин буд,

Дуди ин хона чу барҷаст зи равзан, теғ аст.

Акс хунест фурӯ рехта аз пайкари шахс,

Гар ҳама оина созанд зи оҳан, теғ аст.

То мухолиф зи мувофиқ қадаме фосила нест,

Дар гулӯ об чу истод зи рафтан, теғ аст.

Кӯҳ аз нолаву фарёд намеосояд,

Чӣ кунад, бар сари ин пои ба доман теғ аст?

Зулфиқоре дигар аст, он ки кунад қатъи амал141,

Варна, миқроз ҳам аз баҳри буридан теғ аст.

Кулфати зиндагӣ аз марг батар мебошад,

Шамъи моро зи сари худ нагузаштан теғ аст.

Сатри хуне зи парафшонии бисмил хондем,

Ки гар аз хеш равӣ, ҷодаи равшан теғ аст.

З-ин надомат, ки ба васле нарасидам, Бедил,

Ҳар нафас дар ҷигарам то дами мурдан теғ аст.

* * *

Нест эмин аз бало, ҳар кас ба фикри ҷустуҷӯст,

Рӯзу шаб гирдобро аз мавҷ ханҷар бар гулӯст.

Дар тамошое ки моро бори142 ҷуръат додаанд,

Орзу дар сина хор асту нигаҳ дар дида мӯст.

Ҷодаи каҷ раҳравонро сархати ҷонкоҳӣ аст,

Боиси ошӯби дилҳо печутоби орзуст.

Он чи натвон дод ҷуз дар дасти маҳбубон, дил аст,

В-он чи натвон рехт ҷуз дар пойи хубон, обрӯст.

Бар фиреби арзи ҷавҳар гирди пуркорӣ магард,

Оина бе ҳусн натвон ёфтан, то содарӯст.

Ҳусни берангест дар ҳар ҷо ба ранге ҷилвагар,

Дар дили санг ончи мебинӣ шарар, дар ғунча бӯст.

Ғайри ҳайрат обёри мазраи ушшоқ нест,

Чун раги ёқут ин ҷо реша дар хуни нумӯст.

Бе фано натвон ба кунҳи маънии ашё расид,

Оина гар хок гардад, бо ду олам рӯбарӯст.

Дар ибодатгоҳи мо, к-он ҷо ҳавасро бор нест,

Нақши хеш аз лавҳи ҳастӣ гар тавон шустан, вузӯст.

Хору хасро эътиборе нест ғайр аз сӯхтан,

Обрӯи мазраи мо барқи истиғнои ӯст.

Ғафлати мо пардадори айби биноӣ хуш аст,

Чоки домони нигаҳро бастани мижгон руфӯст.

Чун забони хома, Бедил, дар кафи устоди ишқ

Бо камоли нуктасанҷӣ бехабар аз гуфтугӯст.

* * *

Вазъи тартиби адаб дар арсагоҳи лоф нест,

Қобили ин зеҳ камони қабзаи наддоф143 нест.

Аз адам меҷӯшад ин афсонаҳои мовуман,

Гар ба маънӣ ворасӣ, ҷуз хомушӣ ҳарроф144 нест.

Ғафлати дилҳо ҷаҳонеро мушавваш во намуд,

Ҳеҷ ҷо мӯҳиштар145 аз оинаи нософ нест.

Роиҷу қалби146 дукони ваҳм беандоза аст,

Бо чӣ пардозад димоғи нотавон? Сарроф147 нест.

Хоби роҳат муддаои мунъим аст, аммо чӣ суд?

Махмале ҷуз бӯриёи фақр таскинбоф нест.

Ҳар киро дидам, дар ин машҳад148 дунимаш кардаанд,

Теғи қотил ҳам бар ин тақдир беинсоф нест.

Он суйи хавфу раҷо149 хулди яқин пайдо кунед,

В-арна, имоне ки машҳур аст, ҷуз аъроф нест.

Нақши ин дафтар камоҳӣ 150 кашфи табъи мо нашуд,

Айнаки фитрат дар ин ҷо он қадар шаффоф нест.

Булфузули ҷуд бош, ин базми икром асту бас,

Ҳар қадар бахшад касе об аз муҳит, исроф нест.

Аршу фарш ин ҷо муҳоти вусъатободи дил аст,

Каъбаи моро саводи тангӣ аз атроф нест.

Толиби фаҳми мусаммоӣ, иёри исм гир,

Сурати анқо ҳамин ҷуз айну нуну қоф нест.

Қайди дил, Бедил, ғубори нанги фитратҳо мабод,

То зи мино нагзарад, дурд аст ин май, соф нест.

* * *

Ваҳми ҳастӣ ҳеҷ касро аз тапидан во надошт,

Муҳри болу пар ҳамон ҷуз байзаи анқо надошт.

Оламе з-ин базми ибрат муфлису маъюс рафт,

Кас нашуд огаҳ, ки чизе дошт бо худ ё надошт.

Бекасӣ заҳматпарасти миннати аҳбоб нест,

Ёди айёме, ки кас ёд аз ғубори мо надошт.

Ҳар чӣ пеш омад, ҳамон рӯ бар қафо кардем сайр,

Якқалам дӣ доштем, имрӯзи мо фардо надошт.

Даъвии соҳибдилӣ аз ҳарзагӯён ботил аст,

То нафас безабт мезад, шишагар мино надошт.

Машқи ҳамворӣ дар ин мактаб далели хомушист,

То дуруштӣ дошт санги сурма, ҷуз ғавғо надошт.

Ҳирс ҳар сӯ раҳ барад, бар симу зар дорад назар,

Зоҳид аз фирдавс ҳам матлуб ҷуз дунё надошт.

Қонеъон сероби таскин аз зулоле дигаранд,

Оби ширине, ки гавҳар дорад, аз дарё надошт.

То зи тамкин нагзаранд одобдонони вафо,

Шамъи маҳфил дар сар оташ дошт, зери по надошт.

То биёбонмарги навмедӣ набояд зистан,

Ҳар куҷо рафтем, моро бекасӣ танҳо надошт.

Дуриям з-он остон девона кард, аммо чӣ суд?

Он қадар хоке ки афшонам ба сар, саҳро надошт.

Чун нафас, Бедил, нафасҳо дар тараддуд сӯхтам,

Гӯшаи дил ҷои роҳат буд, аммо ҷо надошт.

* * *

Ҳарчанд дар ин гулшан ҳар сӯ гули худрӯест,

Аз хуни шаҳидонат дар ранги ҳино бӯест.

Аз силсилаи таҳқиқ ғофил натавон будан,

Тӯли амали офоқ аз олами гесӯест.

Эй чарх, сари моро помоли ҷафо мапсанд,

Ин лавҳи хати таслим аз хоки сари кӯест.

Тавфиқи расо ишқ аст, моро чӣ тавоноист?

Ёзидани ҳар дасте аз қуввати бозуест.

Бе ҷаҳди ҳилол ин ҷо маҳ нақш намебандад,

Эҷоди ҷабини мо вазъи хами зонуест.

Шому саҳари олам то субҳдами маҳшар

З-ин хоб ки мо дорем, гардондани паҳлӯест.

Хар сӯ назар афкандем, дил кӯшиши беҷо дошт,

Олам ҳама дар маънӣ Фарҳоди ҷунунхӯест.

Тафриқи ҳақу ботил маснӯъи хаёлот аст,

Гар хат накашад шӯхӣ, ҳар пушти варақ рӯест.

Фурсатнашиносонем мо бехабарон, варна,

Ҳар ман ки ба пеши мост, то дам задаем, ӯест.

Ҳеҷ аст миёни ёр, аммо чӣ тавон кардан?

Аз ҳайрати мавҳумӣ дар дидаи мо мӯест.

Ҷое ки ғурури ӯст, аз мо кӣ нишон ёбад?

Дар бодияи Лайлӣ Маҷнун рами оҳуест.

Бедил, ба тавозуъҳо сайди дили мо кардӣ,

Мо бандаи ин вазъем, ин сурати абрӯест.

* * *

Ҳар куҷо гул кард доғе, бар дили девона сӯхт,

Ин чароғи бекасӣ то сӯхт, дар вайрона сӯхт.

Олам аз хокистари мо мавҷи соғар мезанад,

Чашми махмури кӣ моро ин қадар мастона сӯхт?

Ҳусн як мижгон нигаҳро рухсати шӯхӣ надод,

Шамъи ин маҳфил тапишҳо дар пари парвона сӯхт.

Муждаи васли ту шуд ғоратгари осоишам,

Хоб дар чашмам ҳамон ширинии афсона сӯхт.

Вазъи дунё ҳеҷ бар девона таъсире накард,

Бештар ин барқи ибрат хирмани фарзона сӯхт.

Доғи дил шуд раҳнамои кӯҳу ҳомун лоларо,

Сар ба саҳро мезанад, ҳар кас матоъи хона сӯхт.

Барқи номуси муҳаббатро чу доғ оинаам,

Ман ба хокистар нишастам, гар дили бегона сӯхт.

Мастии чашми туро нозам, ки барқи ҳайраташ

Мавҷи майро чун нигаҳ дар дидаи паймона сӯхт.

Баски хубонро зи рашки ҷилваат доғ аст дил,

Метавон аз оташи санги санам бутхона сӯхт.

Дур чашми бад, зиёнкори замини улфатам,

Мазраъе дорам, ки бояд чун сипандам дона сӯхт.

Орзуҳо дар нафас хун кард истиғнои дил,

Нола дар занҷир аз тамкини ин девона сӯхт.

Бисмили он тоирам, Бедил, ки дар гулзори шавқ

Чун шарор, аз гармии парвоз бетобона сӯхт.

* * *

Ёр дур аст зи мо, то ба назар наздик аст,

Имтиёз оинаи дурии ҳар наздик аст.

Мегазад ҷавҳари оина кафи дасти тиҳӣ,

Бохабар бош, ки ифлосу ҳунар наздик аст.

Агар аз неъмати алвон натавон ком гирифт,

Муғтанам гир, ки дандон ба ҷигар наздик аст.

Чун нафас ним нафас дар қафаси оинаем,

Роҳати манзили мо пур ба сафар наздик аст.

Дуди дил муждаи хокистари мо доду гузашт,

Яъне, ин шаб ки ту дидӣ, ба саҳар наздик аст.

Хами таслим ҳам аз вазъи ниёзам бипазир,

Ҳалқа ҳарчанд бурун аст зи дар, наздик аст.

Ғайри бисмил ҳама кас ҷусту надоранд суроғ,

Ошёне ки ба афшондани пар наздик аст.

Дурии обу гуҳар бар ману дилдор мабанд,

Он қадар нест, ки гӯям: чӣ қадар наздик аст?

Бедил, оина бипардоз, ғами дурӣ чанд?

Осмон низ ба андози назар наздик аст.

* * *

Бемағзию дорӣ ба мани сӯхтаҷон баҳс,

Эй пунба, макун ҳарза ба оташнафасон баҳс.

Аз як нафас аст ин ҳама шӯри манумоят,

Бар як раги гардан чӣ қадар чида дукон баҳс?

Бо чарх далерӣ бувад асбоби надомат,

Эй дидаварон, сарфа надорад151 ба духон баҳс.

Дар тарки таҷаммул алами152 шӯру шаре нест,

Булбул нанамояд ба чаман фасли хазон баҳс.

Аз мадраса дам нозада бигрез, вагарна,

Бархост раги гардану омад ба миён баҳс.

Дар нусхаи марг аст, гар инсоф тавон ёфт,

То илми фано нест, ҳамон баҳсу ҳамон баҳс.

Аз оҷизии ман ҷигари хасм кабоб аст,

Бо об кунад оташи сӯзанда чӣ сон баҳс?

Зеру бами ин анҷуман офотхурӯш аст,

Ҳар дам задан ин ҷо дами теғ асту фасон баҳс.

Бо санг ҷунун мекунад андози шарорам,

Умрест, ки дорад нигаҳу хоби гарон баҳс.

Дар маъракаи ҳуш, ки хун бод бисоташ,

То ранг нагардид, нагардонд инон баҳс.

Гар дарси хамӯшӣ сабақи ҳоли ту бошад,

Бедил, нарасад бар ту зи анбои153 замон баҳс.

* * *

Хорист ба ҳар каҷманиш аз ростравон баҳс,

Бар хок фитад тир, чу гирад ба камон баҳс.

Гӯёии оина бас аст аз лаби ҳайрат,

Ҳайф аст, шавад ҷавҳари равшангуҳарон баҳс.

Тамкин чӣ қадар хиффати дил мекашад он ҷо,

К-аз ҳарфи баду нек кунад кӯҳи гарон баҳс.

Бо теша чаро чеҳра154 шавад нахли баруманд?

Бо хамшудақомат макун, эй тозаҷавон, баҳс.

Мотамкадаи илм шумар мадраса, к-он ҷост

Инсоф ба хун ғӯтазану навҳакунон баҳс.

Гар бехираде соз кунад ҳарзазабонӣ,

Бигзор, ки чун шуъла бимирад ба ҳамон баҳс.

Он кист, ки гардад тарафи мавлавӣ имрӯз?

Як теғи забон дораду сад нӯки синон баҳс.

Аз ҷӯши ғубори манумо арсаи имкон

Баҳрест, ки чидаст карон то ба карон баҳс.

Дил шикваи он ҳалқаи гесӯ написандад,

Ҳарчанд кунад оина бо оинадон баҳс.

Бо хасм дами теғ бувад ҳуҷҷати мардон,

Зан шавҳари марде, ки кунад ҳамчу занон баҳс.

Бедор шуд аз нолаи ман ғафлати инсоф,

Гарднд ба ҳайрат варақи хоби гарон баҳс.

Ҷамъияти гавҳар накашад заҳмати амвоҷ,

Бедил, ба хамӯшон накунад аҳли забон баҳс.

* * *

То зи пайдоӣ ба гӯшам хонд афсун эҳтиёҷ,

Рӯзи аввал чун дилам хобонд дар хун эҳтиёҷ.

Ҳусну ишқе нест, ҷуз иқболу идбори зуҳур,

Лайлии ин базм истиғност, Маҷнун эҳтиёҷ.

Нағмаи қонуни ин маҳфил салои ҷуди155 кист?

Оламеро аз адам овард берун эҳтиёҷ.

То нашуд хокистар, аз оташ сиёҳӣ гум нашуд,

Тирабахтиҳо маро ҳам кард собунэҳтиёҷ.

Сайди найранги таваҳҳумро чӣ ҳастӣ? Ку адам?

Пеш аз ин хунам ғано мехӯрд, акнун эҳтиёҷ.

Дархури ҷоҳ аст иброми фузулиҳои табъ,

Симу зар чун беш шуд, мегардад афзун эҳтиёҷ.

Бо лаимон гар чунин ҳирси гадотабъат хуш аст,

Боядат зери замин бурдан ба Қорун эҳтиёҷ.

Гар лаб аз изҳор бандӣ, ашк мижгон медарад,

То куҷо бояд нуҳуфт ин ноламазмун эҳтиёҷ?

Субҳи ин вайрона бо он бетааллуқ зистан

Мебарад аз як нафас ҳастӣ ба гардун эҳтиёҷ.

Арзи матлаб нармии гуфтор иншо мекунад,

Ҳарфи номавзуни моро кард мавзун эҳтиёҷ.

Ҳамчу аҳли қабр, Бедил, бенафас бошӣ, хуш аст,

То набандад риштаат бар сози Маҷнун эҳтиёҷ.
* * *

Мабод чашмаи шавқи маро фусурдани мавҷ,

Чу ашк арзи гуҳар дидаам ба домани мавҷ.

Ҷаҳон зи ваҳшати ман ранги амн мебозад,

Муҳит бисмили яъс аст аз тапидани мавҷ.

Адаб зи тинати саркаш маҷӯ ба осонӣ,

Хамидааст ба чандин шикаст гардани мавҷ.

Кушоди кори гуҳар сахт мушкил аст ин ҷо,

Бурида медамад аз чанги баҳр нохани мавҷ.

Зи хеш рафтаӣ, андешаи каноре ҳаст,

Бағал кушода зи дарё бурун давидани мавҷ.

Фасодҳо ба таҳаммул156 салоҳ мегардад,

Сипар зи теғ кашидаст орамидани мавҷ.

Забон ба ком кашидан фусуни иззат дошт,

Дамид қатраи мо гавҳар аз шикастани мавҷ.

Чу аҷз даст ба сарриштаи нафас задаем,

Шунидаем, шиканпарвар аст домани мавҷ.

Нафас масӯз ба забти инони ваҳшати умр,

Ниёзи барқи зи худ рафтанест хирмани мавҷ.

Димоғи сайри муҳити ман об шуд, ё Раб,

Хати шикаста дамад аз баёзи гардани мавҷ.

Хамӯш, Бедил, агар роҳат орзу дорӣ,

Ки ҳаст камнафасӣ монеи тапидани мавҷ.

* * *

Аз кавокиб гул фишонад чарх дар домони субҳ,

Офтоб оина корад дар раҳи ҷавлони субҳ.

Ботини пирон фурӯғободи чандин огаҳист,

Файз дорад гавҳарӣ аз ганҷи бепоёни субҳ.

Нур соҳибравнақ аз гарди касоди зулмат аст,

Куфри шаб аз куҳнагиҳо тоза кард имони субҳ.

Гоҳи хомӯшӣ нафас оинаи дил мешавад,

Суди хуршед аст, ҳар ҷо гул кунад нуқсони субҳ.

Дастгоҳи нозам аз саъйи ҷунун омодааст,

Дорам аз чоки гиребон нусхаи тӯфони субҳ.

Фатҳи бобе охир аз чоки дилам гул карданист,

Сояи чашми сафеде ҳаст бар Канъони субҳ.

Бехудисармояи номусгоҳи ваҳшатам,

Метавон дод аз шикасти ранги ман товони субҳ.

Маҳви анҷомам, димоғи157 сайри оғозам куҷост?

Бар фурӯғи шамъ кам дӯзад назар ҳайрони субҳ.

Он чи оғозаш фано бошад, зи анҷомаш мапурс,

Метавон тӯмори имкон хондан аз унвони субҳ.

Чанд бояд буд дар ибратсарои рӯзгор

Туҳматолуди нафас чун пайкари беҷони субҳ?

Нусхаи шамъам, ки аз барҷастагиҳои хаёл

Мақтаам бартар гузашт аз матлаи девони субҳ.

Марги аҳли сӯз бошад ҳарфи сарди носеҳон,

Шамъро теғ аст, Бедил, ҷунбиши домони субҳ.

* * *

Бозам аз файзи ҷунун омода шуд сомони субҳ,

Медиҳад чоки гиребон дар кафам домони субҳ.

Аз гудози пайкарам таъмири имкон кардаанд,

Осмон дудест аз хокистари тобони субҳ.

Фатҳи боби файз дар рафъи таваҳҳум159 хуфтааст,

Аз шикасти ранги шаб во мешавад мижгони субҳ.

Дар ҷунун вазъи гиребонам тамошо карданист,

Ҳамчу захми дил намак дорад лаби хандони субҳ.

Ин қадар хуни шаҳидон дар дами шамшери туст,

Ё шафақ дорад ба каф сарриштаи домони субҳ?

Мо ба кулфат қонеъем, аммо зи бас камфурсатӣ

Шоми мо ҳам мезанад паймонаи даврони субҳ.

Неъмате бар рӯи хони умри камфурсат куҷост?

Ҳамчу шабнам даст мешӯяд зи худ меҳмони субҳ.

То нагардад косаат пурхун ба ранги офтоб,

Осмон мушкил, ки дар пешат гузорад нони субҳ.

Тухми шабнам решаи ибрат дар ин гулшан давонд,

Ханда тамъам медамад бо резиши дандони субҳ.

То ба кай хоҳад ҳавас гарди хаёл ангехтан?

Дар нафас руфтаст фурсат арсаи ҷавлони субҳ.

Тарки ғафлат шоҳиди иқболи файзи мо бас аст,

Чашм агар аз хоб во шуд, нест ҷуз бурҳони субҳ.

Ҳар куҷо арзи нафас доданд, ҷинси бод буд,

Ғайри вочидан чӣ дорад чидани дуккони субҳ?
1   ...   7   8   9   10   11   12   13   14   ...   35


написать администратору сайта