ЗАМСИТОН 2. Замистон, рятро дидан намехоам!!!
Скачать 14.61 Kb.
|
Замистон, рӯятро дидан намехоҳам!!! Боди сарди замистонӣ ситораҳои роҳгумзадаи барфро акнун аз осмонҳои бениҳоят дур рӯи замини ман, ки гирёну нолону танҳост, фуруд меорнд. Ман аслан дуст надорам то дарро барот кушоям, ва ин ҳам гуноҳи ман нест! Ман омаданатро ҳоло ҳам барвақт ё умуман нолозим мешуморам, замистон! Аз сабабе, ки халқи ман меҳмондӯстдор аст, мекӯшам то гарм истиқболат гирам. Аммо, эй барф, эй зимистон! Шояд дигар кишварҳо ё мардуми болоии ман туро хуб пешвоз бигиранд. Онҳо бо ту ва бо палтои сефеду ҳукумроният кайҳо боз одат кардаанд. Шакке нест, ки бо омадани ту дар лабони дуструёнашон табассум пайдо шавад. Шояд тифлони онҳо кайҳост палтову дастпӯшу чатр низ харидаанд то баҳри хушдилии худ аз ту одамбарфӣ бисозанд. Шояд сардтарин рӯзҳои ҳукумронии туро дар қасрҳои гарму замонавиашон ба хушӣ пушти сар кунанд. Ин ҳама сари қудрат будани туро танҳо онҳо метавонанд ба шодӣ истиқбол гиранд. Оё инро дарк мекунӣ? Лутфан чизи дигарро низ ба инобат гир!! Мардуми муҳоҷиру бесарпаноҳи ман дар баробари ҳамин қадар рӯзҳои сарду бераҳмонаи ту боре ҳам лаб во накардаанд, аммо.... Шояд барои аксари мардуми ман акнун рӯзи сиёҳ шурӯъ шуда, ё кайҳост! Охир медонӣ, бо зарае аз сархалониат ба ин сарзамин куҳе аз мушкилиҳо ба сари мардумам меборад. Барқамро хомуш мекунанд, нархи бозорамро ба осмон мерасонанд, тикаи нони тифламро ду ним мекунан! Шояд дар ин ҳама зарае аз гуноҳи ту набошад, аммо маҷбурам, ки ба сари ту бораш кунам, чун ман ягон мансабдору ҳукуматдори интиқодпараст надорам ва ҳар нафаре, ки зери лаб мушкилеро бозгӯ кард дар чашми ҳама бо либоси хоинона намоён мегарадад, пас лутфан қабул кун!! Шумори зиёди кӯдаконам туро дӯст намедоранд. Ту бо омаданат ҳамаро ба ларза меорӣ, ба истисноӣ (....) Шояд гармтарин рӯзат барои кӯдаке, ки ҳоло падараш аз мулки ғарибӣ маблағи хариди либоси гармро барош нафиристодааст, сиёҳтарину сардтарин рӯз бошад. Шояд бо ин рӯзҳои сардат ба сари занҳое, ки дар мардикор занон рӯз то шаб ҷон мекананд мушкилии дигар зам кунӣ. Кафшҳои даридаву ба дод омадаи кӯдаконам дигар таҳамули ин ҳама рӯзҳои сарду дардоваратро надоранд. Сарватмандони ман зиёданд, аммо медонӣ? Ҳоло дар ин хок касе дасти касеро гирифтан намехоҳад. Раҳми бародар ба бародар намондааст. Пас, аз он, ки гуфтам туро дуст надорам аз ман маранҷ, чун акнун аҳволро аз ман дида хуб медонӣ. ЭМОМАЛӢ САЙИДЗОД |