Курсовая на таджикском. Азимов Ш. Донишкадаи итисод ва савдои донишгои давлатии тиоратии тоикистон
Скачать 2.48 Mb.
|
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН Факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ Кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ «Ба ҳимоя иҷозат дода мешавад» Мудири кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ н.и.ф-м., дотсент Шарипов А.Қ. ___________________ «____» ___________2020с. КОРИ КУРСӢ аз фанни “Системаи идоракунии базаи маълумот” дар мавзӯи “Лоиҳакашии модели БМ дар мисоли МТМУ №1 ш. Истаравшан” Иҷрокунанда: донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 250112 (т) Азимов Шарифҷон Роҳбар: Раҳмонова М. Хуҷанд – 2019 М У Н Д А Р И Ҷ АСАРСУХАН 3 БОБИ 1. ИСТИФОДАИ СИБМ ACCESS 4 1.1. Таъинот ва имкониятҳои асосии Access 4 1.2. Интерфейси СИБМ MS Access 2010 5 1.3. Лоиҳакашии базаи маълумот 7 БОБИ 2. ЛОИҲАКАШИИ БМ-И МТМУ №1 Ш. ИСТАРАВШАН 10 2.1. Лоиҳакашии модели БМ дар мисоли МТМУ №1 ш. Истаравшан 10 2.2. Тартиб додани ҷадвалҳо ва алоқамандкунии онҳо 11 2.3. Схемаи маълумоти БМ “Мактаб” 17 2.4. Тартиб додани форма 20 2.5. Тартиб додани дархост 24 ХУЛОСА 28 АДАДБИЁТ 30 САРСУХАНҲангоми ҳаҷми калон информатсия, ҷустуҷӯ ва ҷамъбастӣ маълумоти лозима, ки ба таври дастӣ иҷро карда мешавад, ҷараёни хеле мураккаб ва сарфаи вақти зиёдро талаб менамояд. Бо тараққиёбии техника ва пайдошавии таъминоти барномавии нав ба нав имконияти ғункунӣ, коркард, навкунӣ ва умуман автоматикунонии ҷои корӣ зиёд мегардад. Проблемаи асосии солҳои пешин дар он буд, ки барои навиштани ҳисобот аз якчанд ҷадвалҳо маълумотро ҷустуҷӯ, баъд онро ба ҷадвали дигар рӯйбардор намуда ҳисобот тартиб медоданд. Бо пайдошавии системаи идоракунии базаи маълумотҳои (СИБМ) муосир ин проблема ҳалли худро ёфт. Акунун, барои ғункунӣ, таҳрир, ҳисоб баробаркунӣ ва баровардани ҳисоботҳо ҳеҷ мушкили нест. бо пахши як ду тугмачаи барнома ҳамаи амалҳои номбаршуда иҷро мегарданд. Дар кори курсии мазкур барои автоматикунонии ҷараёни фаъолияти таълим СИБМ Access истифода шудааст. MS Access барномае мебошад, ки ба маҷмӯи системаи идоракунии базаи маълумот (СИБМ) дохил мешавад. Системаи идоракунии базаи маълумот Microsoft Access, барои сохтан ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани базаи маълумот, инчунин барои дастрас намудани информатсияи зарурӣ, пешбинӣ шудааст. Объекти тадқиқот муассисаи таҳсилоти умумии №1 ш. Истаравшан ба ҳисоб меравад. Предмети тадқиқот ҷараёни таълим дар МТМУ №1 ш. Истаравшан. Мақсади иҷрои кори курсӣ автоматикунонии ҷараёни таълим бо истифода аз СИБМ Access ба ҳисоб меравад. Барои ноил шудан ба ин мақсад чунин вазифаҳо иҷро карда шуданд: Тадқиқоти соҳаи предметӣ; Лоиҳакашии базаи маълумот барои МТМУ №1; Омӯхтани объектҳои асосии СИБМ Access; Тартиб додани объектҳои асосии соҳаи предметӣ дар СИБМ Access; Тартиб додани формаи асосӣ барои идора намудани БМ. БОБИ 1. ИСТИФОДАИ СИБМ ACCESS1.1. Таъинот ва имкониятҳои асосии AccessБазаи маълумот (БМ) – ин маҷмӯи интегриронидашудаи маълумотҳои алоқаманд. Одатан, базаи маълумот барои як соҳаи предметӣ, ташкилот ё вазифаи амалии мушаххас тартиб дода мешавад. Барои осон шудани кор бо базаи маълумот системаи идоракунии базаи маълумот (СИБМ, аббревиатура бо забони англисӣ DBMS – Database Management System) истифода бурда мешавад. СИБМ – пакети маъсуси барномаҳо бо имкониятҳои дохилкунӣ, ҷустуҷӯ, нигоҳдорӣ, пуркунӣ, таҳрири маълумот, ташкили ҳисобот ва ҷавоб ба дархости истифодабарандагон аз база. Ҳамчунин, СИБМ таъмини пуррагӣ ва ҷойивазкунии маълумотро таъмин ва ҳамчунин, ба қадри имкон истифодаи онҳоро дар дигар барномаҳои беруна имконпазир мегардонад. Айни замон бисёре аз комплексҳои барномавии иқтисодӣ ва маълумоту ахбордиҳӣ дар асоси татбиқи ин ё он СИБМ амали гардонида шудааст. MS Access – яке аз СИБМ-ҳои машҳур барои компютерҳои фардӣ ба шумор меравад. Он ҳамчун системаи хизматрасонии базаи маълумоти релятсионӣ бо оболочкаи графикӣ шинохта шудааст. Маълумот дар ин гуна базаҳо дар намуди як ё якчанд ҷадвал, бо сабти яктипа нигоҳ дошта мешаванд. Системаи хизматрасонӣ дар худ дохилкунии маълумот ба КФ, интихоби маълумот аз рӯи ягон аломат (критерия ё параметрҳо), табдилдиҳии сохтори маълумот ва баровардани маълумот, ҳангоми иҷрои ягон вазифа дар намуди ҷадвал ё ягон намуди қулай барои аз назар гузаронии истифодабаранда. MS Access имконияти тартиб додани объектҳои муттаҳид ва гузоштани робитаи пурраи маълумотро дорад. MS Access дар худ гузоштани OLE-объектовҳоро (Object Linking and Embedding) дар чорчӯбаи муҳити Windows имкон медиҳад. Зери мафҳуми пуррагии маълумот, системаи қоидаҳои Microsoft Access, ки ҳангоми тағйир додани маълумоти яке аз объектҳо, ба таври автоматӣ ин тағйирот ба ҳамаи объектҳои бо ҳам алоқаманд буда ворид гардад ва базаро аз хориҷкунӣ ё тағйироти тасодуфӣ эъмин дорад. Ба ҳайати пакети MS Access ҳамчунин, якқатор барномаҳои махсусгардонида шуда, барои ҳалли масъалаҳои алоҳида истифода мешаванд (Мастерҳо) дохил мешавад. 1.2. Интерфейси СИБМ MS Access 2010Тарзҳои ба кор андохтани MS Access: 1) менюи Пуск → Все программы → Microsoft Office→ Microsoft Access 2010; 2) ба кор андохтани файл бо номи иловагии *.accdb, *.accdw, *.accde, *.accdt, *.accdr, *.mdw. 3) менюи Пуск → Выполнить → msaccess. Баъди ба кор андохтани MS Access дар экран равзанаи муколамавии Access бо номи MICROSOFT ACCESS дар сатри сарлавҳа пайдо мегардад (расми 1.2.1.). Расми 1.2.1. Равзанаи муколамавии Access Аз ин равзана яке аз амалҳои пешниҳод шударо, интихоб намудан лозим аст: 1) кушодани базаи маълумоти мавҷуда; 2) тартиб додани базаи маълумоти нав (холӣ); 3) тартиб додани базаи маълумот бо ёрии Шаблонҳои пешниҳод шуда. Барои тартиб додани базаи маълумоти холӣ аз равзанаи муколамавии Доступные шаблоны сатри зеринро бояд интихоб намуд Новая база данных ва дар равзанаи муколамавии Новая база данных: 1. Дар сатри Имя файла гузоштани номи базаи маълумот. 2. дар охири сатри Имя файла пахш намудани аломати Папка ва интихоби папкае, ки дар он нигоҳдории базаи маълумот пешниҳод карда мешавад. 3. Пахши тугмачаи Создать. Элементи асосии интерфейси истифодабарандаи MS Access 2010 ба намуди намуди Лента омадааст, ки он дар намуди лентаи гурӯҳҳо дар болои ҳар як замимаи Office гузошта шудааст (расми 1.2.2). Расми 1.2.2. Лентаи меню Лентаи идоракунӣ дорои вкладкаҳо мебошад. Ба таври ҷорӣ онҳо 6-то: Файл, Главная, Создание, Внешние данные, Работа с базами данных ва Надстройки. Ҳар як вкладка бо намуди амали иҷрокунанда вобаста мебошад (расми 1.2.3). Дар қисми болоии равзанаи Access панели дастрасии зуд (панель быстрого доступа) ҷойгир аст. Ба таври ҷорӣ дар панели дастрасии зуд чаҳор тугмачаи идоракунӣ ҷойгир аст. Соҳаи навигатсия (область навигации), дар қисми чапи равзанаи Access ҷойгир аст. Он барои нишон додани гурӯҳи объектҳои дар базаи маълумот кушода шуда, ва ҳамчунин барои гузариш аз як объек ба объекти дигар. Барои кушодани гурӯҳи объектҳо бояд, тугмачаи пахш намуд. Идоракунии объектҳо аз фармонҳои лентаи меню ва фармонҳои менюи контекстӣ сурат мегирад. Расми 1.2.3. Элементҳои интерфейси MS Access 2010 Дар соҳаи корӣ ҳамаи объектҳои фаъоли базаи маълумот айён мегардад. Сатри ҳолат, дар сарҳади поёнии равзанаи Access ҷойгир буда, дар он тугмачаҳо барои гузаштан ба реҷаҳои гуногуни кор бо объектҳои фаъол ҷойгир аст. 1.3. Лоиҳакашии базаи маълумотПеш аз тартиб додани объектҳои базаи маълумот, ба монанди ҷадвал, форма ва ҳисобот бояд, лоиҳаи он коркард карда шавад. Таъиноти асосии лоиҳа — интихоби роҳи дуруст ва пайрави кардан бо он то амалигардонии лоиҳа. Базаи маълумот объекти бисёр ҳам мураккаб буда, ҳангоми дуруст тартиб додани лоиҳаи он, вақти коркардро кӯтоҳ менамояд. Надоштани фикри аниқ оиди сохтори базаи маълумот, ба он оварда мерасонад, ки ҳар бор объектҳои базаи маълумот, ба монанди форма. отчетҳо таҳрир ва аз дигар сохта шаванд. Мақсаднок аст, агар лоиҳакашии базаи маълумотро аз шарҳи мухтасари соҳаи предметӣ, пайдо кардани тасаввурот оиди ҳуҷҷатҳои соҳаи предметӣ, таҳлил кардани сохтори соҳаи предметӣ ва дигар амалиётҳои ба базаи маълумот вобастаро гузаронида баъд, ба тасвир кардани эскизи объектҳо шурӯъ кардан лозим аст. Эскизи объектҳо барои гирифтани натиҷаи дилхоҳ ва муайян намудани алоқа байни объектҳо хизмат мерасонад. Ҳангоми тартиб додани эскиз бояд ба саволҳои зерин ҷавоб дод: Кадом маълумотҳо кор мекунем? Кадом маълумотҳо дар ҷадвал нигоҳ дошта мешаванд? Кадом тип ва хосиятҳоро маълумоти ҳар як майдон дошта бошад? Кадом ҷавдалҳо бо якдигар алоқаманд карда мешаванд? Нақшаи ниҳоӣ бояд дар худ, шарҳи мухтасари ҳамаи ҷадвалҳо (номи майдон, типи маълумот ва хосиятҳои он) ва ҳамчунин, алоқа байни онҳо дошта бошад. Лоиҳакаши зинаҳои тартиб додани лоиҳаи базаи маълумотро аз консепсия то амалигардонии реалӣ ба ҳисоб мегирад. Тадқиқи соҳаи предметӣ ва тасвияти (формулировка) шартҳои асосӣ. Дар ин зина рӯйхати ҳамаи форма ва ҳисобот, ки ба истифодабарандагони базаи маълумот зарур аст. Таҳлили маълумот. Ташкили номгӯи ҳамаи элементҳои маълумотҳо, ки таркиби форма ва ҳисоботҳо дохил мешаванд. Гурӯҳбанди намудани маълумотҳои мавҷуда аз рӯи сохтори соҳаи предметӣ. Муайян намудани мавҷудияти алоқа байни элементҳои базаи маълумот. Муайян намудани калиди муносибатҳои аввала ва такрорӣ (беруна). Ташкили майдонҳои маълумот дар ҷадвалҳо, бо назардошти чаҳор қоида нормализатсия: Қоидаи 1. Ҳар як майдони ҷадвал бояд як намуди информатсия яктипа дошта бошад. Ин қоида маънои онро дорад, ки бояд аз маълумоти такроршаванда озод ва ҷудо намудани таркиби майдон ба элементҳои алоҳидаи маълумот. Қоидаи 2. Ҳар як ҷадвал бояд идентификатори уникалӣ ё калиди аввала дошта бошад, ки он мумкин аст аз як ё якчанд майдон иборат бошад. Қоидаи 3. Ҷадвал набояд дар худ маълумоти ба объект таалуқ надоштаро нигоҳ дорад. Қоидаи 4: Мустақилии майдонҳо. Ин қоида маънои онро дорад, ки имконияти тағйир додани қимати дилхоҳ майдон бе таъсир ба маълумоти дигар майдонҳо мавҷуд аст. Натиҷаи зинаи 3-юм бояд гурӯҳи ҷадвалҳо бо назардошти қоидаи нормализатсия бошад. Дар ин зина алоқа байни ҷадвалҳо гузошта мешавад. БОБИ 2. ЛОИҲАКАШИИ БМ-И МТМУ №1 Ш. ИСТАРАВШАН 2.1. Лоиҳакашии модели БМ дар мисоли |
Ҷадвал | Номи майдон | Типи маълумот | Эзоҳ |
Муаллимон | Рақами табелӣ | Текстовый | Калидӣ |
| ФИО | Текстовый | |
| Маълумот | Текстовый | |
| Вазифа | Текстовый | |
Синф | Рақами гурӯҳ | Текстовый | Калидӣ |
| Миқдор | Числовой | |
| Холи гузариш | Числовой | |
Хонандагон | Рақми гурӯҳ | Текстовый | Калидӣ |
| № хонанда | Текстовый | Калидӣ |
| ФИО | Текстовый | |
| Таваллуд | Дата – время | |
| Суроға | Текстовый | |
| Холи гузариш | Числовой | |
Фанҳо | Коди фан | Текстовый | Калидӣ |
| Номи фан | Текстовый | |
| Соат | Числовой | |
| Лексия | Числовой | |
| Амалӣ | Числовой | |
| Чоряк | Числовой | |
| Барнома | Поле MEMO | |
Омӯзиш | № синф | Текстовый | Калидӣ |
| Коди фан | Текстовый | Калидӣ |
| № табелӣ | Текстовый | Калидӣ |
| Намуди дарс | Текстовый | Калидӣ |
| Соат | Числовой | |
Пешрафт | № синф | Текстовый | Калидӣ |
| № хонанда | Текстовый | Калидӣ |
| Коди фан | Текстовый | Калидӣ |
| № табелӣ | Текстовый | Калидӣ |
| Намуди дарс | Текстовый | Калидӣ |
| Баҳо | Числовой | |
Аз равзанаи асосии Access фармони меню СозданиеКонструктор таблиц интихоб намуда, барои ҷадвали Муаллимон чунин майдонҳоро тартиб додан лозим аст (2.2.1).
Расми 2.2.1. Ҷадвали Муаллимон дар реҷаи конструктор
Майдони РҶ (рақами табелӣ)-ро калидӣ кардан зарур аст. Барои ин майдонро интихоб намуда, аз вкладкаи конструктор тугмачаи “Ключевое поле”-ро пахш намуда мешавад. Чи хеле ки типи маълумоти майдон матнӣ аст, қимати майдонро дастӣ ворид кардан лозим аст.
Ба боқимонда майдонҳо ФИО, маълумот ва вазифа типи маълумоти матнӣ гузошта мешавад. Қиматҳои ин майдонҳоро низ дастӣ ворид карда мешаванд. Баъди пур кардани майдонҳо хосияти онҳоро муайян кардан лозим.
Ҷадвали муаллимонро якбора бо маълумот пур кардан ба мақсад мувофиқ аст. Барои ин ба сарлавҳаи соҳаи кории конструктор менюи контекстиро даъват карда, фармони Сохранить-ро пахш намудан лозим. Баъд ба реҷаи Режим таблицы гузашта, ба ҷадвал маълумот ворид кардан лозим (расми 2.2.2).
Расми 2.2.2. Ҷадвали Муаллимон
Дар ҷадвали Муаллимон маълумот оиди рақами табелӣ, ному насаб, зинаи маълумот ва вазифаи ишғолкардаи муаллимон дохил карда мешавад.
Бо ҳамин роҳ, ҷадвали “Фанҳо” тартиб дода мешавад. Дар расми 2.2.3 ҷадвали Фанҳо дар реҷаи конструктор ва дар расми 2.2.4 реҷаи ҷадвал.
Расми 2.2.3. Ҷадвали Фанҳо дар реҷаи конструктор
Расми 2.2.4. Ҷадвали Фанҳо
Дар ҷадвали Фанҳо маълумот оиди коди фан, номи фанҳои аз тарафи муаллимон дар синфи мушаххас хондашаванда, намуди машғулиятҳо (лексия, амалӣ), миқдори соати дарси гузашташаванда дар як чоряк, миқдори марҳила, яъне чоряки таҳсил ва барномаи кории фан ворид карда мешавад.
Акнун ҷадвали “Синф”-ро тартиб додан лозим аст. Боз аз равзани асосии БМ фармони меню СозданиеКонструктор таблиц интихоб намуда, чунин майдонҳоро тартиб додан лозим аст (2.2.5).
Расми 2.2.5. Ҷадвали Синф дар реҷаи конструктор
Баъди сабт намудани сохтори ҷадвали Синф, он бо маълумот пур карда мешавад. Ҷадвали омода гаштаи Синф (расми 2.2.6).
Расми 2.2.6. Ҷадвали Синф
Дар ҷадвали Синф маълумотҳо оиди рақами гурӯҳ, яъне синфҳои 10 ва 11, миқдори талаба дар синфи мушаххас, холи гузариш аз як синф ба синфи дигар дохил карда мешавад.
Баъди тартиб додани ҷадвалҳои муаллимон, фанҳо, синфҳо, ки инҳо нисбат ба дигар ҷадвалҳо алоқамандии наздик доранд, ба тартиб додани ҷадвлаҳои хонандагон, омӯзиш ва пешрафт, ки инҳо ҳам нисбатан ба якдигар алоқамандии наздик доранд шурӯъ карда лозим аст.
Тартиб додани Ҷадвали хонандагон дар реҷаи конструктор (расми 2.2.7).
Расми 2.2.7. Ҷадвали Хонадагон дар реҷаи конструктор
Ҷадвали Хонандагон дар реҷаи ҷадвал (расми 2.2.8).
Расми 2.2.8. Ҷадвали Хонандагон
Дар ҷадвали Хонандагон маълумот оиди рақами синфи таҳсилкарда истодаи талабагон, рақами талаба дар мактаб, ному насаби талаба, соли таваллуд, суроға ва холи гузариши талабагон дохил карда мешавад.
Баъди тартиб додани ҷадвали хонандагон бояд, ҷадвали омӯзиш тартиб дода шавад (расми 2.2.9 ва 2.2.10).
Расми 2.2.9. Ҷадвали Омӯзиш дар реҷаи конструктор
Расми 2.2.10. Ҷадвали Омӯзиш
Ҷадвали омӯзиш барои алоқаманд кардани синф, фанни омӯзишӣ, муаллими дарсдиҳанда, намуди машғулият ва чанд соат фанни мушаххас гузашта мешавад пешбини шудааст.
Ҷадвали охирони БМ ин ҷадвали пешрафт мебошад. Чун ҷадвалҳои пешина ин ҷадвалро бо конструктор (расми 2.2.11) тартиб дода, маълумотҳоро дохил кардан лозим аст (расми 2.2.12).
Расми 2.2.11. Ҷадвали Пешрафт дар реҷаи конструктор
Расми 2.2.12. Ҷадвали Пешрафт
Ҷадвали мазкур барои муайян кардани пешрафти ҳар як талаба аз фанни мушаххас ва намуди машғулият пешбини шудааст. Дар ҷадвал майдонҳои рақами синф, барои муайян намудани синфи талаба, рақами хонанда, барои муайян намудани рақами тартибии талаба дар мактаб, коди фан, барои муайян кардани фанни омӯзишии талаба, рақами табелӣ, барои дохил кардани коди муаллими дарсдиҳанда, намуди машғулият, барои машғулияти гузаронидаи муаллим ва баҳои гузоштаи муаллим ба талаба конкретӣ оварда шудаанд.
Дар зинаи аввали коркарди БМ “Мактаб”, танҳо ин ҷадвалҳоро тартиб дод. Хуб мешуд, ки ба пур кардани кардани ҷадвалҳо бо маълумот баъди алоқаманд кардани ҷадвалҳо шурӯъ кардан лозим аст.
2.3. Схемаи маълумоти БМ “Мактаб”
Барои автоматикунонии ҷараёни таълим дар мактаб бояд ҷадвалҳои тартиб дода шударо бо ҳам алоқаманд намуд. Барои алоқаманд намудани ҷадвалҳо аз меню Работа с базами данных, гурӯҳи Отношения, пиктограммаи Схема данных-ро пахш кардан лозим аст. Дар натиҷа равзанаи соҳаи кории Схема данных пайдо мешавад. Барои алоқаманд намудани ҷадвалҳо бояд, онҳоро ба соҳаи кории равзанаи “Схема данных” илова намуд лозим аст (расми 2.3.1).
Равзанаи иловакунии ҷадвал
Баъд аз илова намудани ҷадвалҳо ба алоқаманд намудани онҳо шурӯъ намудан лозим. Пеш аз алоқаманд намудан бояд, алоқаи ҷадвалҳоро муайян намуд.
Муайян намудани алоқа бо калиди оддӣ. Алоқаманд намудани ҷадвалҳои СИНФ ва ХОНАНДАГОН бо истифода аз калиди оддӣ.
Барои ин майдони РГ-и ҷавдали асосии СИНФ-ро бо муш кашола намуда, ба майдони РГ-и ҷадвали тобъи ХОНАНДАГОН мегузорем. Равзанаи “Изменение связей” кушода мешавад, ки дар сатри “Тип отношения” навиштаҷоти “один-ко-многим” пайдо мегардад. Агар пунктҳои Обеспечение целостности данных, Каскадное обновление связанных полей ва Каскадное удаление связанных записей интихоб шуда бошанд, он гоҳ ҳангоми тағйир додани маълумоти як ҷадвал ба таври автоматӣ маълумоти ҷадвали алоқаманд низ тағйир меёбад (расми 2.3.2).
Расми 2.3.2. Равзанаи Изменение связей барои
ҷадвалҳои СИНФ ва ХОНАНДАГОН
Агар ҷавдалҳои СИНФ ва ХОНАНДАГОН пешаки дуруст ва бе хато тартиб дода шуда бошанд, он гоҳ байни ҷадвалҳо алоқа пайдо шуда, онҳо бо аломати 1:∞ ишора карда мешаванд (расми 2.3.3).
Расми 2.3.3. Равзанаи Схемаи маълумот
Амалиёти зерин барои дигар намуди ҷадвалҳо иҷро каддар мешавад: СИНФ→ОМӮЗИШ (калид РГ), ФАНҲО→ОМӮЗИШ (калид КФ), МУАЛЛИМОН→ОМӮЗИШ (калид РҶ).
Муайян намудани алоқа бо калиди таркибӣ. Муайян намудани алоқа байни ҷадвалҳои ХОНАНДАГОН→ПЕШРАФТ, ки онҳо бо воситаи калиди таркибии которые связаны по составному ключу РГ+РД. Барои ин аз ҷадвали асосии ХОНАНДАГОН ҳар ду майдонро интихоб намуда, бо воситаи муш ҳар ду майдонро ба майдони РГ-и ҷадвали тобеъи ПЕШРАФТ гузоштан лозим аст.
Дар равзанаи “Изменение связи” (расми 2.3.4) барои майдони калидии РД-и ҷадвали асосии ТАБЛИЦА/ЗАПРОС майдони мувофиқро аз ҷадвали тобъеӣ СВЯЗАННАЯ ТАБЛИЦА/ЗАПРОС интихоб намудан лозим аст. Дар равзана реҷаи “Обеспечение целостности данных” ва дигар параметрҳои алоқаро интихоб намудан шарт аст.
Расми 2.3.4. Равзанаи Изменение связей барои
ҷадвалҳои ХОНАНДАГОН ва ПЕШРАФТ
Бо ҳамин тарз алоқа байни ҷадвалҳои ОМӮЗИШ→ПЕШРАФТ (калиди таркибии алоқа – РГ+КФ+РҶ+НМ) тартиб дода мешавад.
Тафтиши коршоямии схемаи маълумот ва дастгирии пуррагии маълумот дар БМ, ҳангоми тартиб ва истифодабарии форма, дархост, ҳисобот ва ҳамчунин ҳангоми ворид кардани тағйирот ба ҷадвалҳо маълум мегардад.
2.4. Тартиб додани форма
Формаи якҷадвала. Барои тартиб додани формаи якҷадвала аз соҳаи объектҳо ҷадвали ФАНҲО-ро интихоб намуда, аз меню Создание Форма-ро пахш кардан зарур аст. Формаи ФАНҲО дар гурӯҳи объектҳои Формы пайдо мегардад. Формаи ФАНҲО барои дохил кардани маълумот ба ҷадвали ФАНҲО лозим аст.
Кори фаромни “Форма” бо кушода шудани формаи ФАНҲО дар экран анҷом меёбад. Баъди кушода шудани формаи ФАНҲО ба реҷаи конструктор ворид гашта, намуди зоҳирии формаро барои қулай будани кор тағйир медиҳем. Дар расми 2.4.1. формаи ФАНҲО баъди тағйир додан нишон оварда шудааст.
Расми 2.4.1. Формаи ФАНҲО
Формаи таркибӣ. Тартиб додани формаи таркиби барои ҷавдалҳои СИНФ ва ХОНАНДАГОН. Сарчашмаи ҳуҷҷати чунин форма “Рӯйхати талабагони синф” ба шумор меравад. Аз ин ҳуҷҷат якбора ду ҷадвал пурбор карда мешаванд.
Барои қулай шудани дохилкунии маълумот аз ҳуҷҷат, дар форма қисми асосӣ бо реквизити синфҳо ва формаи тобеъи (подчиненная форма) бо сабти рӯйхати талабагон пешбини шудаанд. Номи формаи тобеъиро ХОНАНДАГОН ПОДЧИНЕННАЯ ФОРМА гузошта мешавад.
Барои тартиб додани формаи таркибӣ бо ёрии Мастер форм аз меню СозданиеМастер форм пахш намудан лозим аст. Дар натиҷа равзанаи Создание форм кушода мешавад (расми 2.4.2).
Расми 2.4.2. Интихоби майдонҳо барои форма
Дар равзанаи кушода шуда, аз рӯйхати Таблицы и запросы ҷадвали СИНФ-ро интихоб намуда, аз рӯйхати Доступные поля майдонҳои лозима ба тарафи Выбранные поля бо пахши тугмачаи гузаронида мешаванд (расми 2.4.2). Боз барои формаи тобеъ аз рӯйхати Таблицы и запросы ҷадвали ХОНАНДАГОН-ро интихоб карда, чун пештара майдонҳои ин ҷадвалро ба соҳаи Выбранные поля илова намуда, пахши тугмачаи Далее.
Баъди пахши Далее равзанаи макети ояндаи форма кушода мешавад (расми 2.4.3).
Расми 2.4.3. Интихоби варианти пайвастшавии формаи тобеъ
Чи хеле, ки дар расми 2.4.3 омадааст, дар қисми болои макет майдонҳои формаи асосӣ – Синф_РГ, Миқдор, Синф_ХолГ, дар қисми поён, майдонҳои формаи тобеъ – Хонандагон_РГ, РД, ФИО, СолиТаваллуд, Суроға, Хонандагон_ХолГ аён аст. Пахши тугмачаи Далее.
Дар равзанаи оянда намуди зоҳирии формаи тобеъро Ленточный интихоб кардан лозим аст. Пахши тугмачаи Далее.
Дар равзанаи охирон ба формаи таркибии – СИНФ ва формаи тобеъ – ХОНАНДАГОН ПОДЧИНЕННАЯ ФОРМА ном гузоштан лозим аст. Пахши тугмачаи Готово (расми 2.4.4).
Расми 2.4.4. Окно ввода имен форм и выбора дальнейших действий мастера
Монанди ҳамин, бо истифодаи чаҳор ҷадвали боқимонда – СИНФ, ОМӮЗИШ, ФАНҲО ва МУАЛЛИМОН формаи бисёр ҷадвалӣ тартиб дода мешавад (расми 2.4.5 ва 2.4.6).
Расми 2.4.5. Форма бисёр ҷадвалаи Омӯзиш дар реҷаи конструктор
Расми 2.4.5. Форма бисёр ҷадвалаи Омӯзиш дар реҷаи форма
2.5. Тартиб додани дархост
Тратиб додани дархости интихобии якҷадвала (запрос на выборку).
Дар мисоли ҷадвали ФАНҲО дархости интихобии якҷадвала тартиб дода мешавад.
Истифодаи амалҳои мантиқӣ бо интихоби шарт.
Бигзор фанеро интихоб намуд, ки шумораи соатҳои хондашаванда 100 буда, дорои лексия ва ҳамчунин, интихоби фане, ки шумораи умумии соатҳо 150 ва шумораи чорякҳо на зиёда ду бошанд.
Натиҷа бояд, номи фан (НФ), шумораи умумии соатҳои фан (Соат), шумораи соатҳои лексионӣ (Лек) ва шумораи чоряк (ММ) дошта бошад.
Барои тартиб додани дархост дар реҷаи конструктор аз меню Создание пиктограммаи Конструктор запросов-ро пахш намудан лозим аст.
Баъди пахши пиктограмма равзанаи дархости интихобӣ (запрос на выборку) дар реҷаи конструктор Запрос1 ва равзанаи муколамавии Добавление таблицы пайдо мегардад. Аз равзанаи муколамавӣ ҷадвали ФАНҲО-ро бо пахши тугмачаи Добавить интихоб кардан лозим аст.
Ҷадвали илова шуда дар соҳаи схемаи маълумоти дархост айён мегардад (расми 2.5.1).
Расми 2.5.1. Равзанаи конструктори дархости интихобӣ
бо амалҳои мантиқӣ
Аз равзанаи конструктор (расми 2.5.1) майдонҳои НФ, Соат, Лек ва ММ-ро аз ҷадвали ФАНҲО ба сутуни бланки дархост ба сатри Поле кашола карда мегузорем.
Шарти масъалаи дар боло зикршударо бо ифодаи мантиқии зерин маънидод кардан мумкин аст:
(СОАТ<=100 AND ЛЕК<>0) OR (СОАТ>150 AND ММ<3)
Дар ин ҷо ЛЕК<>0 (шумораи лексияҳо набояд ба 0 баробар бошад).
Тратиб додани дархости интихобии бисёр ҷадвала.
Технологияи тартиб додани дархости интихобии бисёр ҷадвала дар мисоли гирифтани маълумот оиди пешрафти талабагон.
Дархост дар асоси якчанд ҷадвалҳои алоқаманд.
Бигзор, талаб карда мешавад, ки маълумот оиди баҳои гирифтаи талабагон аз фанҳои мушаххас ба намуди ҷадвал бароварда шавад. Натиҷа бояд, ному насаби талаба, номгӯи фанҳои супорида ва баҳоро дар бар гирад.
Барои тартиб додани ин гуна дархост, аз пиктограммаи Конструктор запросов-и менюи Создание истифода бурдан мақсаднок аст.
Тартиб додани схемаи маълумоти дархост
Аз равзанаи Добавление таблицы ҷадвалҳоро интихоб намудан лозим:
ХОНАНДАГОН – барои ҷудо намудани ному насаби донишҷӯ аз майдони ФИО;
ПЕШРАФТ – барои муайян кардани коди фанҳое (майдони КФ), ки талаба аз он имтиҳон супоридааст, ҷудо кардани баҳо аз фанни мушаххас (аз майдони БАҲО).
ФАНҲО – барои ҷудо намудани номгӯи фан (аз майдони НФ) аз рӯи коди фан (КФ)-и ҷадвали ПЕШРАФТ.
Дар равзанаи конструктори дархост (2.5.2) схемаи маълумот бо ҷадвалҳои иловашуда инъикос карда шудааст. Байни ҷадвалҳо ба таври автоматӣ алоқаи лозима гузошта шудааст:
ЯК-бисёр аҳмията (одно-многозначная) алоқа байни ҷадвалҳои ХОНАНДАГОН ва ПЕШРАФТ бо калиди таркибии РГ+РД бо назардошти схемаи маълумоти пешаки тартиб дода шуда.
Алоқа-муттаҳид (связь-объединение) байни ПЕШРАФТ ва ФАНҲО барои он ки номи майдон (КФ) ва типи маълумоти ин ҷадвалҳо якхела мебошанд.
Расми 2.5.2. Равзанаи дархост оиди пешрафти талабагон
бо схемаи маълумоти тартиб дода шуда
ХУЛОСА
Access – ин на танҳо СИБМ-и бузург, чандир ва содда дар истифодабарӣ, балки система барои коркарди замимаҳои базаи маълумот. Ба қатори воситаи бузурги Access воситаҳои коркарди объектҳо – мастерҳо дохил мешаванд, ки онҳоро барои тартиб додани ҷадвал, дархост, намудҳои гуногуни форма ва ҳисоботҳо истифода мебаранд.
Дар Microsoft Access мастерҳо барои гузаронидани таҳлили сохтори маълумот, воридоти ҷадвалҳои электронӣ ва маълумотҳои матнӣ, баланд бардоштани зудии кори замима, тартиб ва ҷурсозии яке аз бист намуди замимаҳо бо истифодаи шаблонҳои дохилӣ ёрӣ мерасонанд. Барои пурра автоматикунонии кори замима, барои алоқамандкунии маълумот бо форма ва ҳисоботҳо макросҳоро истифода бурдан мумкин аст. Бисёр замимаҳоро бе истифодаи навиштани коди барномавӣ тартиб додан мумкин аст. Вале ҳангоми дар ҳақиқат тартиб додани замимаи мураккаб, забони барномасозии Visual Basic–ро истифода бурдан мумкин аст.
Системаҳои идоракунии базаи маълумот имконияти коркард ва якҷоякунии ҳаҷми калони информатсия, ҳамчунин ба хелҳо ҷудокунӣ, интихоб бо критерияҳои махсус ва ғайраро фароҳам меоварад.
Барои истифодабарӣ ва идоракунии БМ формаи нахустин бо тугмачаҳои идоракунанда тартиб дода шудааст.
БМ аз панҷ ҷадвал барои нигоҳдории маълумотҳои ба объект тааллуқ дошта сохта шудааст. Барои нигоҳдорӣ, дохилкунӣ ё таҳрири маълумоти дар ҷадвалҳо ҷойгиршуда форма тартиб дода шудаанд. Формаҳо имконияти ҷудо кардани маълумот аз як ё якчанд ҷадвалро доранд.
Аз равзанаи БМ бо ҳамаи объектҳо кор кардан мумкин аст. Барои аз назаргузаронии объектҳои типи муайян вкладкаи заруриро интихоб кардан лозим аст. Бо ёрии тугмачаҳои идоракунанда объекҳои мавҷударо кушодан тағйир додан ва объектҳои нав тартиб додан мумкин аст.
БМ коркардшуда ҷараёни таълимро тез ва самаронок мегардонад. Аз як тараф интерфейси қулай имконияти зуд ёфтани объекти муайянро фароҳам оварда, аз истифодабарандагон доштани малакаи махсуси корӣ дар компютерро талаб наменамояд. Аз дигар тараф интерферси БМ зуд дарёфтани маълумоти заруриро имкон медиҳад.
БМ коркардшуда барои автоматонии ҷараёни таълим дар МТМУ №1 шаҳри Истравшан пешниҳод карда шуд ва барои озмоиш пешкаш карда шуд.
АДАДБИЁТ
Microsoft Access 2000. Шаг за шагом: Практическое пособие / Пер. с англ. – М.: ЭКОМ, 2000. – 352 с.
Акишкин А.М., Федорова Г.В. Основы программирования на персональных ЭВМ. М.: Экономическое образование, 1996. – 27 стр.
Азимбоев А., Исаев Р.С., ... Базаи маълумот (комплекси таълимӣ-методӣ). – ДДТТ, Душанбе 2013 с, 110 саҳ.
Бакаревич Ю.Б., Пушкина Н.В. Самоучитель Microsoft Access 2002. – СПб.: БХВ-Петербург, 2002. – 720 с.
Бакаревич Ю.Б., Пушкина Н.В. Самоучитель Microsoft Access 2002. – СПб.: БХВ-Петербург, 2002. – 720 с.
Бекаревич Ю., Пушкина Н. Самоучитель Microsoft Access 2000. – СПб.: БХВ – Санкт-Петербург, 2007. – 480 стр.
Вейскас Д. Эффективная работа с Microsoft Access 2. С. – Петербург: «Питер Пресс», 1996. – 856 стр.
Глушаков С.В. – Microsoft Access 2007: Теория баз данных
Гурвиц Г.А. – Microsoft Access 2007 БХВ-Петербург
Документация по Microsoft Access 2007.
Епанешников А., Епанешников В. Практика создания приложений в ACCESS 2007 Диалог-МИФИ, 2009
Информатика. Базовый курс / Под ред. С.В. Симоновича.– СПб.: Питер, 2001. – 640 с.