Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Хаёлоти парӣ бе шиша нақши тоқи нисён кун, Муҳол аст ин, ки ҳар ҷо ҷисм гум шуд, ҷон шавад пайдо. Тамошогоҳи ибрат по ба доман сайр мехоҳад, Нигаҳ мебояд ин ҷо тавъами мижгон шавад пайдо. Радифи бори дунё ранҷи уқбо сохтан, Бедил, Зи гову хар намеояд, магар инсон шавад пайдо. * * * Гар даме бӯси кафат гардад муяссар теғро, То абад рагҳои гул болад зи ҷавҳар теғро. Аз кудурат барнамеояд мизоҷи кинаҷӯ, Бештар дорад ҳамин зангор дар бар теғро. Эй ки дорӣ сайри гулзори муҳаббат дар хаёл, Боядат аз шавқ зад, чун сабза ба сар теғро. Айш хоҳӣ, сайди офат шав, ки монанди ҳилол Чарх абрӯ мекунад бар чашми соғар теғро. Пардаи найранги тӯфон буд шавқи бисмилам, Хунам охир кард бозуи шиновар теғро. То магар якбора гардад қатъ кори ҳастиям, Чун дами миқроз мехоҳам дупайкар теғро. Мавҷи тӯфон мезанад ҷӯйи ба дарё муттасил, Ҷавҳари дигар бувад дар дасти Ҳайдар теғро. Ҳар киро дил аз ғубори кинаҷуӯиҳо тиҳист, Мекашад ҳамчун ниём осуда дар бар теғро. Дил ба уммеди талофӣ метапад, аммо куҷост Он қадар захме ки хобонад ба бистар теғро? Бедил, аз ҳар мисраам мавҷи назокат мечакад, Кардаам рангин ба хуни сайди лоғар теғро. * * * Мехурад хун нафас андар дили ғампешаи мо, Ҷавҳари теғ бувад хору хаси бешаи мо. Баски чун шамъ ба ғам нашвунумо ёфтаем, Шуъларо мавҷи тароват шумурад решаи мо. Сахтии даҳр зи сабри дили мо зинҳорист, Об шуд тоқати санг аз ҷигари шишаи мо. Қадди хамгашта ҳамон нохуни Фарҳоди ғам аст, Саъйи беҷост ба ҷуз ҷонканӣ аз тешаи мо. Шуғли расвоию мастурии аҳвол балост, Кош, ороиши бозор диҳад пешаи мо. Шӯри занҷири ҷунун аз нафаси мо пайдост, Накҳати зулфи кӣ печида бар андешаи мо? Чашми уммед надорем зи кишти дигарон, Дили мо донаи мо, нолаи мо решаи мо. Хомушиҳо сабақи мактаби бетобӣ нест, Якқалам нола бувад машқи найи бешаи мо. Нашъаи машраби берангӣ аз он софтар аст, Ки шавад мавҷи парӣ дурди таҳи шишаи мо. Бедил, аз фитрати мо қасри маонист баланд, Поя дорад сухан аз курсии андешаи мо. * * * Назар бар каҷравон аз ростон беш аст гардунро, Ки хотам бештар дар дил нишонад нақши ворунро. Шаҳидам, лек медонам, ки ишқи офиятдушман Чу ёқутам ба оташ мебарад ҳар қатраи хунро. Дар оғӯши шиканҷи доми улфат роҳате дорам, Хаёли зулфи Лайлӣ сояи бед аст Маҷнунро. Гар аз шӯри ҳаводис огаҳӣ, сар дар гиребон кун, Ҳисори офият ҷуз хум намебошад Фалотунро. На танҳо ағниёро чарх бармегирад аз пастӣ, Замин ҳам луқмаҳои чарб донад ҷинси Қорунро. Шуури ҷисм занҷирест дар роҳи сабукрӯҳон, Ки чун хат нақш бандад, пойи рафтан нест мазмунро. Дил аст он тухми найранге, ки баҳри ҷустуҷӯи ӯ Ҷигар сӯрох-сӯрох аст нуҳ ғирболи гардунро. Ба қадри кӯшиши ишқ аст наъли ҳусн дар оташ, Садои тешаи Фарҳод маҳмезест Гулгунро. Хаёли мосиво фарш аст дар ваҳдатсарои дил, Даруни хеш дорад хонаи оина берунро. Ҳаводис муждаи амн аст, агар дил ҷамъ шуд, Бедил, Гуҳар афсона донад шӯриши амвоҷи ҷайҳунро33. * * * Нест бо ҳуснат маҷоли гуфтугӯ оинаро, Сурма мерезад нигоҳат дар гулӯ оинаро. Ғайри ҷавҳар дар тамошои хати наврустаат Мекунад сад орзу дар дил нумӯ оинаро. Хотами фӯлодро аз ранги гул бандад нигин, Он ки бо он ҷилва созад рӯбарӯ оинаро. Сурати ҳолам парешонтар зи ҷӯши ҷавҳар аст, Ёди гесӯи кӣ кард ошуфтагӯ оинаро? Гар чунин шармат нигаҳро маҳви мижгон мекунад, Рафта-рафта мебарад ҷавҳар фурӯ оинаро. То расад доғе ба каф, сад шуъла мебояд гудохт, Ёфт Искандар ба чандин ҷустуҷӯ оинаро. Дар тапишгоҳи таманно бе камоле нест сабр, Арзи ҷавҳар шуд шикасти орзу оинаро. Дил агар дар ҷаҳд кӯшад, муфти эҳроми сафост, Ҳам ба қадри сайқал аст оби вузӯ оинаро. Ҳусну қубҳи мост ин ҷо боиси радду қабул, Варна, як чашм аст бар зишту накӯ оинаро. Роҳати дил хоҳӣ, аз арзи камол озод бош, То зи ҷавҳар нашканӣ дар дида мӯ оинаро. Сурати бемаънии ҳастӣ надорад имтиҳон, Акси гул наззора кун, аммо мабӯ оинаро. Софии дил ҳам гиребончокии роз асту бас, Ку ҳуҷуми занг, то гардад руфӯ оинаро? Эй басо дил, к-аз таҳайюр хок бар сар кардааст, Ҳар куҷо хокистаре ёбӣ, биҷӯ оинаро. Хоксориҳост, Бедил, равнақи аҳли сафо, Мекунад хокистар афзун обрӯ оинаро. * * * Ҳарчанд гаронӣ бувад асбоби ҷаҳонро, Чун най ба хамидан накашад нолакашонро. Бетоби ҷунун дар ғами асбоб набошад, Дил зоди раҳи шавқ бувад реги равонро. Бедории ман, шамъсифат лофи забонист, Дорам зи хамӯшӣ ба камин хоби гаронро. Офоқ фусунанҷумани шӯри хамӯшист, Ҳайратлагани шамъи забон соз даҳонро. Эмин натавон буд зи ҳамвории золим, Дар ростӣ афзунии захм аст синонро. Бунёди каҷандеш шавад сахт зи таҳдид, Аз банди қавӣ муҳра макун пушти камонро. Мумсик нашавад қобили имони хисосат, То нашмарад ангушти шаҳодат лаби нонро. Моро ба ғами ишқ ҳамон ишқ илоҷ аст, Маҳтоб бувад пунбаи носур катонро. Хат файзи баҳоре дигар аз ҳусни ту дорад, Ҷӯши раги гул мекунад ин шуъла духонро34. Вақт аст кунун, к-аз асари хуни шаҳидон Шамшери ту ёқут кунад санги фасонро. Ишратҳаваси рафтани рангам, чӣ тавон кард? Карданд баҳори чамани шамъ хазонро. Бошад, ки сар аз манзили мақсуд барорем, Чун ҷода дар ин дашт фикандем инонро. Бедил, нафасат хун макун аз ҳарзадароӣ, Таҳрики забон нештар аст ин раги ҷонро. * * * Ҳар куҷо таслим бандад дар миён шамшерро, Мекунад, чун мавҷи гавҳар безабон шамшерро. Саркашӣ вақфи35 тавозуъ кун, ки бар гардун ҳилол Мекунад гоҳе сипар, гоҳе камон шамшерро. То ба худ ҷунбӣ, сипарафкандаи хокию бас, Гӯ, биёвезад ғурур аз осмон шамшерро. Бисмилоҳангони таслимат муҳайё кардаанд Ҷабҳаи шавқе, ки донад остон шамшерро. Ҳусн то сар дод абрӯро ба қатли ошиқон, Қабза кард ангушти ҳайрат дар даҳон шамшерро. Гашт аз хоби гарон чашмат ба хуни мо далер, Мекунад бебоктар санги фасон шамшерро. Зоил аз зинат нагардад ҷавҳари мардонагӣ, Қабзаи зар аз буриш монеъ мадон шамшерро. Бисмили мавҷи майам, захмам ҳамон хамёза аст, Дар лаби соғар кун, эй қотил, ниҳон шамшерро. Навбаҳори ишратам, Бедил, ки бо ин лоғарӣ Хуни сайдам кард шохи арғавон шамшерро. * * * Аз хомушӣ мапурсу зи гуфтори андалеб, Сад ғунчаву гул аст ба минқори андалеб. Мову диле ба сина зи доғи хаёли дӯст Тарроҳи ошёнаи гулдори андалеб. Номаҳраме, ки аз адаби ишқ ғофил аст, Дорад иҳонати36 гул аз инкори андалеб. Бе ёр, ҷойи ёр нишони қиёмат аст, Бо боғ дар хазон нафитад кори андалеб. Дарди сари тазаллуми улфат куҷо барад? Гар зери бол ҳам надиҳад бори андалеб. Аз дурбоши ғайрати хубон ҳазар кунед, Гул хорҳо нишонда ба озори андалеб. Оини дилбарӣ ба чӣ рангаш нишон диҳанд? Шохи гуле, ки нест қафасдори андалеб. Бӯйи гулам буруни чаман доғ мекунад Аз нолаҳои дар паси девори андалеб. Ман низ беҳавас наям, аммо надод ишқ Парвонаро димоғи37 сару кори андалеб. Шояд насиби дарде аз аҳли вафо барам, Бастам дили дуним ба минқори андалеб. Болини хоби гул ҳама ранги шикаста буд, Оҳ аз надомати пари бекори андалеб. Бедил, баҳори ишрати ушшоқ нола аст, Имсол низ мегузарад пори андалеб. * * * Аз равонӣ дар таҳайюр ҳам асар медорад об, Гар ҳама оина бошад, дарбадар медорад об. Содадилро ихтилоти пучмағзон роҳат аст, Сандале аз каф38 ба рафъи дарди сар медорад об. Кам зи мунъим нест касби иззати дарвеш ҳам, Бештар аз лаъл хоки хушк бармедорад об. Нест азхудрафтаро андешаи поси қадам, Чун равон шуд, кай ба пеши по назар медорад об? Ҳастии ориф ба қадри дастгоҳи нестист, Аз гудози хеш дорад, баҳр агар медорад об. Ҷавҳар аз оина натвонад қадам берун задан, Мавҷро ҳамчун нигаҳ дар чашми тар медорад об. Золимонро дастгоҳ орад пайи касби фасод, Машқи хунрезӣ кунад, то нештар медорад об. Аз ҳаводис нест коҳиш тинати огоҳро, Заҳмати судан набинад, то гуҳар медорад об. Софтабъон инфиол аз сози ҳастӣ мекашанд, Бе тариҳо нест, то аз худ асар медорад об. То адам аз ҳастии мо қосиде даркор нест, Ҳам ба қадри рафтани худ номабар медорад об. Фақри соҳибҷавҳар осори камоли иззат аст, Теғ дар ҳар ҷо тунук шуд, бештар медорад об. Бода бар ҳар табъ мебахшад ҷудо хосияте, Бедил, андар ҳар замин таъми дигар медорад об. * * * Аз сари мастӣ набуд имшаб хитобам бо шароб, Бедимоғӣ шиша зад бар санг, гуфтам: ё шароб. Базми имконро бувад ғавғои ҳастӣ то ба кай? Чанд хоҳад буд, охир, ҷӯши як мино шароб? Даври ваҳме метавон тай кард чун авроқи гул, Соғари ин базм ранг асту шикастанҳо шароб. Маст то махмури ин майхона муҳтоҷ асту бас, Ваҳми банг аст, ин ки гӯӣ дорад истиғно шароб. Умрҳо будем махмури самандармашрабе, Нест аз инсоф, агар резӣ ба хоки мо шароб. Беқаророни талаб сар то қадам кайфиятанд, Мекунад эҷод аз ҳар узви худ дарё шароб. Соғари базми хаёлам наргиси махмури кист? Меравам мастона аз худ, хӯрдаам гӯё шароб. Субҳ аз хамёза охир ҷоми шабнам мезанад, Ҳасрати махмурам аз худ мекунад пайдо шароб. Хуншудансарманзилем, аз ҷустуҷӯи мо мапурс, Ток медонад, чиҳо дар пеш дорад то шароб. Баҳри манъи майкашиҳо муҳтасиб даркор нест, Бедил, охир риъша39 мебандад ба дасти мо шароб. * * * Имшаб зи сози мино гарм аст ҷои мутриб, Кӯк аст қулқули май бо нағмаҳои мутриб. Дарюза чашм дорем аз косаҳои танбӯр, Дар ҳаққи мо баланд аст дасти дуои мутриб. Сад ранг оҳи ҳасрат печидаем дар дил, Ин тордон ниёз аст аз мо ба пои мутриб. Кайфияти баму зер мафҳуми анҷуман нест, Дар парда то чӣ бошад манзури рои мутриб? З-он чеҳраи арақнок ҳайрони ҳарфу савтем, Ҳар ҷост тарсадое40, дорад ҳаёи мутриб. Шӯри лаби ту моро нагзошт дар дили хок, Оташ ба найситон зад охир ҳавои мутриб Номаҳрамони айшанд бегонагони соқӣ, В-аз дард бенасибон ноошнои мутриб. Ҳарчанд восароянд сад раҳ таронаи ҷоҳ, Ин ағниё надоранд файзи ғинои мутриб. То мо хамӯш будем, шавқи ту бенафас буд, Аз най баланд гардид шӯри навои мутриб. Узри димоғи мастон масмӯъи41 ҳеҷ кас нест, Ё Раб, ки гесуи чанг афтад ба пои мутриб. Қонун ба захма нозон, даф аз тапонча хандон, Бар сози мо фитодаст яксар балои мутриб. Бедил, кӣ раҳм мекард бар сахтҷонии мо, Нохун агар намебуд зӯрозмои мутриб? * * * Боз дар гулшан зи хешам мебарад афсуни об, Дар назар тарзи хироме дорам аз мазмуни об. Шӯриши амвоҷи ин дарё хурӯши базми кист? Нағмаи тар мефишорад мағзам аз қонуни об. Барнамедорад дурандагӣ тинати равшандилон, Дар раги мавҷаш ҳамон об аст ранги хуни об. Ҳамчу шабнам ашки мо оинаи оҳ асту бас, Бар ҳаво хатм аст ин ҷо ваҳшати Маҷнуни об. Шуд арақ шабнамтирози гулситони шарми ёр, Ин гуҳар буд интихоби нусхаи мавзуни об. Орзу гар ташнаи рафъи ғубори ҳасрат аст, Бо вуҷуди теғи ӯ натвон шудан мамнуни об. Нест сайри олами найранг ҷойи дам задан, Ишқ дарёҳои оташ дораду ҳомуни об, Маънии осудагӣ нақши тилисми хомушист, Бар ман аз мавҷи гуҳар шуд равшан ин мазмуни об. Табъам аз ошуфтагӣ доми сафое дигар аст, Дархури амвоҷ бошад ҳусни рӯзафзуни об. Қулзуми имкон нами мавҷи саробе ҳам надошт, Ташнагиҳо кард моро ин қадар мафтуни об. Ваҳдат аз худдории мо туҳматолуди дуист, Акс дар об аст, то истодаӣ беруни об. Софтабъонанд, Бедил, бисмили шавқи баҳор, Ҷодаи рагҳои гул дорад суроғи хуни об. * * * Бе латофат нест, аз бас ваҳшатоҳанг аст об, Гар дари роҳат занад, ҳамчун гуҳар, санг аст об. Фитнатӯфон аст арзи ранги бӯйи ин чаман, Дар тилисми хок, ҳайронам, чӣ найранг аст об? Нашъаи равшандилӣ пур бехумор афтодааст, Аз сафои табъ доим шиша дар чанг аст об. Чун гиребонгир шуд ёри мувофиқ, душман аст, Гар бипечад дар гулӯ, бо теғ ҳамсанг аст об. Бо гудози яъс аз худ рафтанам дил мебарад, Нағмагӣ дорад чакидан, ҳар куҷо чанг аст об. Маҳмили мо-оҷизон бар дӯши лағзиш бастаанд, Сад қадам аз мавҷ агар пайдо кунад, ланг аст об. Дурии марказ ҷаҳонерост таклифи низоъ, То ҷудо аз санг шуд, бо шуъла дар ҷанг аст об. Бе кудурат нест дар касрат сафои ваҳдатам, То ба гулшан роҳ дорад, сарфи сад ранг аст об. Обрӯ натвон ба пеши нокасон чун шамъ рехт, Эй тамаъ, шарме, ки ин ҷо шуъла дар чанг аст об. Хонадорӣ доғи кулфат мекунад ворастаро, Дар дили оина, Бедил, сарбасар занг аст об. * * * Тоби зулфат соя овезад ба тарфи офтоб, Хатти мушкинат шикаст орад ба ҳарфи офтоб. Дида дар идроки оғӯши хаёлат оҷиз аст, Зарра кай ёбад канори баҳри ҳарфи офтоб? Биният он мисраи олист, к-аз андози ҳусн Дахли нозаш дорад ангуште ба ҳарфи офтоб. Зулмати моро фурӯғи нури ваҳдат ҷозиб аст, Соя охир меравад аз худ ба тарфи офтоб. Дар арақ эъҷози ҳусни ӯ тамошокарданист, Шабнами гул мечакад он ҷо зи зарфи офтоб. Баски иқболи ҷунуни мо баланд афтодааст, Метавон урёнии мо кард сарфи офтоб. Ҳар куҷо бо меҳри рухсори ту лофи ҳусн зад, Ҳам зи партав бар замин афтод ҳарфи офтоб. Мо адамсармоягонро лофи ҳастӣ нодир аст, Зарра ҳайрон аст бар вазъи шигарфи офтоб. Баски дар наззораи меҳри ҷамоли ӯ гудохт, Мавҷи шабнам мезанад имрӯз барфи офтоб. Ҷонфишониҳост, Бедил, дар тамошои рухаш, Чун саҳар кун нақди умри хеш сарфи офтоб. * * * То занад фоли гуҳар, бетобиоҳанг аст об, Наъл дар оташ ба ҷустуҷӯи ин ранг аст об. Ҳарфи арбоби насиҳат бар дили гарм офат аст, Шиша чун дар оташ афтад, бар сараш санг аст об. Пайкари таслими мо чанги бисоти айши мост, Чун ба пастӣ мешавад моил, хушоҳанг аст об. Қомати хамгашта чун мавҷ аз хурӯши дил гудохт, Аз садои дилхароши сози мо чанг аст об. Мекунад дар худ тамошои баҳористони ранг, Аз барои сархушӣ дар табъи гул банг аст об. Доми андӯҳ аст моро, ҳар чӣ ҷуз озодагист, Мансаби гавҳар агар бахшанд, дилтанг аст об. Аз сароби эътибор ин ҷо диле хуш мекунем, Варна, аз оинаву гавҳар ба фарсанг аст об. Аҷзи пирӣ ҷуръатамро дар арақ хобондааст, Нағма аз шарми заифиҳои ин чанг, аст об. Кист аз кайфияти касби латофат бигзарад? Дар мақоми шишасозиҳо дили санг аст об. Зиндагӣ аз ваҳму ваҳм аз зиндагӣ болидааст, Олами об аст бангу олами банг аст об. З-ин чаман як барг ҷуз болу пари парвоз нест, Бехабар шерозабанди нусхаи ранг аст об. Чашмаи Хизрам ба ёд омад, арақ кардам зи шарм, Ташнаи теғи фаноро ин қадар нанг аст об. То нафас дорӣ, ба базми синасофон нагзарӣ, Эй ба ҷуръат муттаҳам, оина дар чанг аст об. Аз куҷо ёбад касе, Бедил, суроғи хуни ман? Дар дами шамшери нозаш сахт беранг аст об. * * * Чун писта нест дар ғами он рангипонбалаб, Дандоншикастае, ки фишорад забон ба лаб. Айши висолу завқи канор орзуи кист? Моему ҳарфи бӯсе аз он остон ба лаб. Субҳи табассуме ба тааммул дамондаем З-он гарди хат, ки нест чу ҳарфаш нишон ба лаб. Роҳе ба дарди беасарӣ қатъ кардаем. Ҳамчун сипандам, обила дорад фиғон ба лаб. Азбаски имтиҳонкадаи ваҳми ҳастиям, Ояд нафас чу оинаам ҳар замон ба лаб. Ушшоқ то ҳадиси вафоро забон диҳанд, Чун шамъ медавад ҳама аҷзояшон ба лаб. Халқе ба ҳарфу савт фишурдаст пойи ҷаҳд, Роҳе чу хома меравад ин корвон ба лаб. Бе хомушӣ гум аст сари риштаи сухан, Бандӣ забон ба ком, ки ёбӣ даҳон ба лаб. Дилкӯби фитрат аст ҳадиси сабуксарон, Чун пунба номи кӯҳ наёяд гарон ба лаб. Хоҳӣ, нафас фурӯ кашу хоҳӣ, ба нола кӯш, Ҷавлони умрро накашад кас инон ба лаб. Серӣ зи хони чарх касеро ба ком нест, Дорад ҳилол ҳам лабе аз ҳарфи нон ба лаб. Саъйи заифи халқ ба ҷое намерасад, Гар марди қудратӣ, нафасатро расон ба лаб. |