Бавуудои ва инкишофи афкори фалсафии хали тоик дар замонои
Скачать 32.8 Kb.
|
2. Мавзўи 2 Бавуљудои ва инкишофи афкори фалсафии халқи тољик дар замонҳои Қадим Нақша: 1. Хусусиятҳои асосии афкори фалсафаи халқи тољик дар замонҳои қадим 2. Фалсафаи Зардуштия. 3. Фалсафаи Монавия. 4. Фалсафаи Маздак. 5. Фалсафаи Зарвония ва Даҳрия. Мақсади дарс: Шинос намудани донишљўён бо таърихи фалсафаи халқи тољик дар замонҳои қадим, хусусан бо равияҳои динӣ – фалсафии зардуштия, монавия, маздакия ва зарвония. Дар бораи сегонаи ахлоқии Зардушт «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» сухан ронда, дар рўҳияи ҳақиқат парварӣ ва ифтихор ба ниёгон тарбия намудани донишљўён. Мафҳумҳои асосӣ: Авесто. Аша, некӣ, бадӣ, санавият, Аҳуромаздо, Аҳриман, дуализм, Аржанг, Инљили Монӣ, баробарии молумулкӣ, зарвония, даҳрия. Воситаҳои таълим: плакатҳо, схема, воситаҳои техникӣ. Алоқамандӣ бо фаннҳои дигар: Таърихи фалсафа, Таърихи халқи тољик, Таърихи адабиёти тољик. 1. Хусусиятҳои асосии афкори фалсафаи халқи тољик дар замонҳои қадим Афкори фалсафии халқи тољик дар қарнҳои VII - VI пеш аз милод ташаккул ёфта, дар тўли садсолаҳо чанд марҳалаи такомулу инкишофро аз сар гузаронидааст. Бо пайдоиши таълимоти Зардушт афкори фалсафии халқи тољик оғоз меёбад. Дар қарни сеюми мелодӣ таълимоти фалсафию динии Монӣ арзи вуљуд мекунад, ки он аз рўи гуфти тадқиқотчиён гўё синтези таълимоти зардуштия, навафлотуния, насрония ва таълимоти ҳиндувон буд. Дар асри чоруми мелодӣ талимоти фалсафӣ, динӣ ва иљтимоии Маздаки Бомдод ба миён меояд, ки ин барои оламиён таълимоте буд тамоман нав, дар он Маздак аввалин бор дар таърихи инсоният таълимотро дар бораи баробарии иқтисодию иљтимоии одамон ба миён мегузорад. Ҳар сеи ин таълимот, таълимоти динӣ – фалсафӣ буданд, ки ба санавият (духудои, ду асос доштан) асос ёфтаанд. Хусусияти умумии тафаккури ин мактабҳои динӣ – фалсафӣ дар он буд, ки онҳо на танҳо масъалаҳои динӣ-ахлоқиро инчунин масъалаҳои онтологӣ, масъалаи шуур, масъалаи инсон, масъалаҳои гносеологӣ, масъалаҳои љомеашиносӣ, эстетикӣ ва дигар масъалаҳои фалсафиро аз нуқтаи назари дин ва ахлоқ дида мебаромаданд. 2. Фалсафаи Зардуштия Талимоти динӣ – фалсафии «Зардуштия». Зардушт кӣ буд? Зардуштия таълимоти динӣ - фалсафиии халқҳои тољику форс аст. Асосгузори ин равияи динӣ – фалсафӣ Зардушт ё ба қавли аврупоиён Заратуштра (Зороастр) мебошад. Тадқиқотҳои гузаронидаи олимони муосири мо исбот менамояд, ки Зардушт шахси таърихӣ аст, вале солҳои зиндагии ў аниқ маълум нест, олимон аз асри XVII то асри VII - и то мелодро даврони зиндагии Зардушт меҳисобанд. Масалан тарљумон ва тафсиркунандагони «Гот»-ҳо ва Авасто Иброҳими Пури Довуд ва Алӣ Акбари Љаъфарӣ асри XVII - и то мелодро, таърихшиноси бостонии Юнон Ксанф ва тадқиқотчии тољик профессор Ҳ. Ҳ. Мўминљонов асри XI - и то мелодро, Фирдавсӣ ва академик Б. Ғафуров асри VII - и то мелодро даврони зиндагии Зардушт меҳисобанд. Мувофиқи ахбороти сарчашмаҳо ва «Гот»-ҳо, ки ба қалами худи Зардушт таалуқ дорад, ў аз авлоди машҳури Спитама буда, падарашро Парушасп ва модарашро Доғду меномидаанд. Зардушт то синни 30-солагӣ дар ватанаш илм омўхта, баъди он даъвои пайғамбарӣ менамояд. Зодгоҳи Зардуштро Эрони ғарбӣ меҳисобанд, дар ватанаш ў ба таъқиботу бадбинии рўҳониёни мазҳаби маздоясно дучор шуда, аз он љо ба Балх, ба пойтахти кишвар меояд. Таълимоти ўро шоҳ Гуштосп меписандад ва баъди 2-соли зиндагии Зардушт дар Балх Гуштосп мазҳаби Зардуштияро дини давлатӣ эълон мекунад. Китоби Муқаддаси дини Зардуштия чӣ ном дошт? Китоби муқаддаси зардуштия «Авасто» аст. Таърихи китобати он аниқ маълум нест, вале аз рўи ахбороти сарчашмаҳо форсӣ маълум аст, ки дар ибтидоъ он аз 21 китоб иборат буда, дар замони шоҳон Гуштосп ва Доро дар рўи 1200 порчаи чарми гов бо хатти зар навишта шуда будааст. Авасто дар ду нусха китобат шуда, бо фармони шоҳон як нусхаи онро дар оташкадаи «Истахр», дигарашро дар хазинаи шоҳон, дар Ганљи Шопикон нигоҳ медоштанд. Як нусхаи қадимаи «Авасто» дар натиљаи Тахти Љамшедро оташ задани Искандари Мақдунӣ сўхт. Нусхаи дигарро Искандар аз Истахр оварда амр кард, ки он чие, ки ба нуљум, тиб ва умуман илм мансуб аст ба юнонӣ тарљума шавад. Пас аз тарљума нусхаи дуюмро ҳам бисўхтанд. Ин воқеа соли 332 то милод ба амал омада буд. Бинобарин Авасто тахминан дар байни асрҳои V –VI - и пеш аз милод китобат шудааст. Матни ҳозираи китоби «Авасто» дар замони Сосониён барқарор карда шуда, дар ҳамон замон китобат шудааст. Қисми назми он, ки дар шакли сурудҳо, дуоҳо дар хотири мўбидон буд, дар аҳди Ардашери Бобакон аз тарафи онҳо барқарор карда шуд, қисми насрии он, ки аз фалсафа, нуљум, тиб ва дигар илмҳои иборат буд, аз хотир рафт ва бебозгашт гум шуд. Баъд аз истилои араб аз Авасто танҳо порчаҳои зерин: Ясно, Яшт, Видевдод, Виспарад ва Хурда Авасто боқӣ монданд. Барои пурратар таҳқиқ кардани Авасто осори мўбадони Зардуштӣ «Минўи хирад», «Бундаҳишн», «Динкард», «Шиканд гумоник вичар», «Ардирофнома» аҳмияти хосса доранд. Масъалаи ҳастӣ дар фалсафаи Зардушт чӣ мақом дорад? Зардуштия бешубха дин аст, вале дар китоби муқаддаси он - «Авасто» масъалаҳое мављуданд, ки мазмуни амиқи фалсафӣ доранд ва хоси фалсафаанд. Яке аз масъалаҳои басо муҳими фалсафӣ, ки дар Авасто оварда шудааст масъалаи онтологӣ – ҳастӣ мебошад. Дар Ясно ва Готҳо, ки ба қалами худи Зардушт таалуқ доранд исбот мешавад, ки олам ду мабдаъ, ду љавҳар дорад ва онҳо зидди якдигаранд. Аз љавҳари аввал бинои пуршукўҳи ҳастӣ: замину осмон, равшанию хубӣ, нуру оташ, обу хок, набототу ҳайвоноти аҳлӣ ва дигар мавчудоти фоидаовар падид омадаанд ва онро нерўи нек Аҳуро-Маздо ба вуљуд овардааст. Аз љавҳари дуюм кулли мављудоти бад аз қабили мору гаждум, ҳашароти зараррасон, даррандагон, торикию бадию зулмат, касофату фалокат ва ғайра падид омадаанд, ки ҳамаи онҳо махлуқоти офаридаи нерўи бадӣ Аҳриман мебошанд. Мувофиқи космология зардуштия ҳамаи олам аз се зина иборат мебошад. Зинаи болои олами нуронист ва дар он љо љаннати Ахуро-Маздо љойгир аст; дар олами поёнии бошад, олами бадию зулмот, олами Аҳриман дўзах љойгир шудааст; замин бошад шакли сферавӣ дошта, дар байни ин ду олам муаллақ мебошад. Инсон ва дониши ў дар фалсафаи Зардушт чӣ гуна мақом дорад? Муборизаи байни некию бадӣ, байни Ахуро-Маздо ва Аҳриман аз офариниши олам то ҳол давом дорад. Зардуштиён ба он ақидаанд, ки некӣ дар охир ғолиб меояд. Аҳуро-Маздо инсонро барои мубориза бар зидди бадӣ офаридааст. Инсон худ сирати нек дошта, ёрдамчии Аҳуро-Маздо дар муборизаи зидди Аҳриман мебошад. Инсон дар муборизаи зидӣ некию бадӣ иштирок намуда, дар интихоби худ озод аст. Ў метавонад худ роҳи нек ё бадро интихоб намояд ва ба рафтору кирдори худ љавобгў бошад. Агар ў некиро интихоб кунад, бо роҳи росту равшан равад, бар зиддӣ бадӣ мубориза барад, ҳақиқатро ҳимоя намояд, хушбахту хушрўзғор мегардад ва сазовори љаннат мешавад. Баракс агар бо роҳи Аҳриман равад бадбахту бемору бадрўзғор мешавад, касофату фалокат ҳамсафари доими ў мегардад. Инсон дар интихоби байни некию бадӣ озод аст, маҳфуми сарнавишт, тақдир, фатализм дар зардуштия вуљуд надорад. Инсон соҳиби ақлу хирад аст. Ақл, хирад, дониш ва меҳнатдўстӣ ўро бо роҳи равшан ба сўи некӣ равона месозад. Инсон бояд пайваста илм омўзад, аз асрори олам хабардор бошад. Ба ақидаи зардуштиён инсон ба хиради худ такя намуда, метавонад оламро омўзад ва бо дониши худу меҳнати худ заминро ба гулистон табдил диҳад, донишу хирад ба ў имконият медиҳанд, ки дар ҳақиқат озодазода бошад ва бо роҳи некӣ равад. Аз ин рў олам барои инсон ба дараљае донисташаванда аст. Моҳияти таълимоти иљтимоию ахлоқии Зардушт аз чӣ иборат аст? Ҳар як таълимот танҳо дар он сурат пазируфта мешавад, ки агар талаботу дархости маънавӣ ва мафкуравии замон ва инчунин ниёзҳои иљтимоию иқтисодии љомеаро ба назар гирад. Зардшутия ба ин хусусиятҳо соҳиб буд, ки дар тўли 1400 сол дини расмии халқҳои эронинажод гашт. Иљтимоиёти зардуштия маҳз ҳаминро тақозо мекунад. Фазилати олитарини инсон, мувофиқи таълимоти Зардушт, меҳнатдўстӣ аст, зироаткорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ беҳтарин, олитарин ва писандидатарин шакли меҳнати љомеа аст. Ҳар як зардуштӣ вазифадор буд, ки дар зироаткорию боғдорӣ, чорводорию ободии маконаш саҳмгузор бошад, бо меҳнати худ боигари љамъиятро афзун намояд. Танбалӣ, гарданғафсӣ, дурўғгўи, фитнаю фиреб, бадтарин хусусияти инсон буда камбағалию фасодро ба вуљуд меорад. Камбағалӣ ғазаби худо аст, камбағал одами хубу хушахлоқ шуда наметавонад. Зардушт одамро ба меҳнату илмомўзию ҳунаромўзӣ ва эљодкорӣ даъват намуда, бекорию зўҳду гўшанишиниро инкор менамояд. Зардушт ба масъали сохтори иљтимоӣ ва давлату давлатдорӣ диқати зиёд додааст. Табақабанди ҳайати иљтимои љомеа дар даврони Зардушт чунин аст: Мавқеи аввалро мўбадон ишғол менамоянд, дар љои дуюм љанговарон меистанд, мавқеи сеюмро кишоварзон ва чорумро пешаварон ишғол менамоянд. Ду табақаи аввала аз додани андоз озод аст. Андоз ки асоси иқтидори давлат аст, ба дўши ду табақаи поёнӣ бор мешавад. Аз табақа ба табақа гузаштан қатъиян манъ аст. Ҳамаи шуғлҳои табақавӣ меросӣ мебошанд. Ин сохт, ки онро каставӣ меноманд то омадани Зардушт дар Эрон ҳукмрон буд. Оила асоси љамъият аст. Ҳар касе, ки ба оиладоршавии шахси дигар сабаб мешавад, савоби беандозаро мегирад. Зан - модар, шахси муқаддас, нигаҳдорандаи чароғи хонадон аст. Дар давлатдорӣ Зардушт љонибдори ҳокимияти шоҳӣ мебошад. Шоҳ бояд одил бошад, зардуштия шоҳони одилу додгустарро тарафдорӣ намуда, золимонро сахт маҳкум мекунад. Ахлоқи зардуштия ба рўи се асл қарор гирифтааст, ки ин пиндори нек гуфтори нек ва рафтори нек аст. Он бар зиддӣ пиндори зишт, гуфтори зишт ва рафтори зишт мебошад.Ростӣ, ҳақиқатљўи зиннати инсон аст, дурўғ душмани ўст. Самимияту ростгўи ин тарозуест, ки инсон рафтори худро дар он бар мекашад. Ҳамин тариқа зардуштияи ибтидоӣ љаҳонбинии санавӣ мебошад. Азбаски Авасто дар тўли таърих борҳо китобат шудааст ва дар қисмати нави он санавият ба ваҳдоният наздик мебошад, вале дар ин љо иштибоҳ нест, зеро ба ақидае худи Зардушт тарафдори ваҳдоният аст, ба хулосаи мантиқие, ки аз ин нукта бармеояд: - дар охир ғолибияти некӣ ногузир аст, Аҳриман нобуд карда мешавад, санавият ба охир мерасад ва ваҳдонияти куллии Аҳуро-Маздо таъмин карда мешавад. 3. Фалсафаи Монавия Моҳияти таълимоти динӣ – фалсафии Монӣ аз чӣ иборат аст? Монавия таълимоти динӣ – фалсафиест, ки аз Ҳиндустон то Рум паҳн шуда, аз рўи маълумоти Берунӣ тарафдорони зиёдеро пайдо кардааст. Аз рўи ахбороти сарчашмаҳои зардуштӣ номи аслии Монӣ Крику, (дар баъзе сарчашмаҳо Шуриаш) падараш Фотак ва модараш Нўшит будааст. Сарчашмаҳои исломии арабӣ ўро Зиндиқ бинни Ҳуммат меноманд. Монӣ тахминан солҳои 216-225 дар Мадоин таваллуд шуда, солҳои 273-278 дар Гундишопур ба қатл расонида шудааст. Монӣ яке аз донишмандтарин одамони замони худ буда, ба ғайр аз забони модариаш, забонҳои суриёнӣ, юнонӣ ва ҳиндиро медонист. Бо дин ва фалсафаи юнониён, ҳиндуҳо, насрониён ва зардуштия хеле хуб шинос буд, ки инро мо аз асарҳояш ва таълимоти диниаш дида метавонем. Дар 26-солагиаш, дар маросими ба тахт нишастани Шопури 1 худро пайғамбар эълон намуд ва ҳамон вақт асари худ «Шопуракан» - ро, ки дар он ақидаҳои динӣ-фалсафии ў баён шуда буданд, навишта ба малик Фирўз бародари шоҳ пешкаш намуд. Таълимоти ў ба Шопур хуш омад ва ў ба Монӣ иљозати тарғиботи таълимоташро дод, ин бошад душманию бадбинии мўбадони зардуштиро ба вуљуд овард. Монӣ на танҳо шахси донишманд инчунин воизи хушсухан ва нависандаю рассоми пурмаҳорат буд, ки аз ин хусусиятҳояш асарҳои ў «Шопуракан», «Кефалийя», «Инљили Монӣ» ва «Аржанг» шаҳодат медиҳанд. Дар таълимоти динӣ – фалсафии ў таъсири фалсафаи ҳиндувон (Аљивика, Љайния, Буддоия), фалсафаи зардуштия, навафлотуния, таъсири динҳои яҳудиён ва насрония мушоҳида карда мешавад. Монӣ гўё аз таълимотҳои динӣ - фалсафӣ гулчинӣ кардааст, яъне беҳтарин љиҳатҳои ин таълимотҳоро ба дини худ дохил намудааст. Моҳияти таълимоти Монӣ дар чист? ва он аз дигар талимотҳои динӣ-фалсафӣ чӣ фарқ дорад? Агар дар зардуштия нур ва зулмот офаридаи ду қувваи рўҳонии баҳам зид Аҳуро – Маздо ва Аҳриман бошад, дар дини монавия нур ва зулмот чун қувваҳои мустақил, чун офаридагор баромад мекунанд. Санавияти Монӣ дар он аст, ки ду олам: олами нуру сафо ва олами торикию зулмот вуљуд доранд. Ин оламҳо холӣ не балки дар олами нурони арвоҳҳои нек дар олами зулмот рўҳҳои нопоку девҳо маскунанд, ки онҳоро нуру зулмот офаридаанд. Рўҳу модда ба ҳам зид буда, рўҳ офаридаи нур ва модда бошад офаридаи зулмот аст. Худо ба фаҳмиши монавиён олами нур аст. Некию дониш нур буда, торикию љаҳолат зулмот аст. Байни ин ду олам олами нур ва зулмот муборизаи доимӣ меравад. Тани инсон моддӣ буда, рўҳи ў нуронист. Монавия барои расидан ба камолот, зўҳду тақво, гўшанишинӣ беникоҳиро тарғиб менамояд. Оиладорӣ, никоҳ, тавлиди фарзанд кори зишту бад ҳисобида мешавад. Сарватмандӣ, истеҳсоли неъматҳои моддӣ кори бад аст. Монавия чун љайнизм ахимса (накуштани ягон мављудоти зинда, аз он љумла ҳашароту мору каждум) нахўрдани ғизоҳои ҳайвонӣ, бекорию бенаслию гўшанишиниро тарғиб менамояд. 4. Фалсафаи Маздак Моҳияти таълимоти иљтимоӣ – фалсафииМаздак аз чӣ иборат аст? Маздакия таълимоти динӣ – фалсафӣ ва иљтимоиест, ки дар асри V - и мелодӣ ба вуљуд омадааст. Дар бораи Маздак асосгузори ин таълимот ахбороти кофӣ вуљуд надорад, маълумотҳои мављуда ҳам аксаран пурзиддият ва душманона мебошанд. Сарчашмаҳои зардуштӣ ва арабӣ таълимоти Маздакро зарароварона ва бединона ҳисобидаанд, ахбороти сарчашмаи зардуштиён «Шиканд гумоник вичар», олимони асримиёнагӣ Ибни Надим, Саолибӣ ва Низомулмулк мисоли ин ақида шуда метавонанд. Танҳо Фирдавсӣ ва Берунӣ ба Маздак баҳои ҳаққонӣ дода, ўро шахси неку бомаърифат шуморидаанд. Маздак пури Бомдод соли 460 мелодӣ таваллуд шудааст. Ў аз муғҳои бузурги Нишопур буда, аз рўи суханони Фирдавсӣ шахси донишманду парҳезгор, одами неку бомурувват будааст. Таълимоти ў аз динҳои Зардушту Монӣ сарчашма гирифта, дар айни замон фалсафаи ў хусусан қисми иљтимоиаш аз фалсафаи онҳо фарқи калон дорад. Маздак тарғиби таълимоти худро дар давраи шоҳ Қубоди Сосонӣ (483-531) оғоз намуда, шоҳро ба мазҳаби худ гардонд. Ў вазиру дабири шоҳ Қубод буд. Мувофиқи ахбороти сарчашмаҳо љангҳои пайдарпаи сосониён бо империяи Рим, андозҳои сершуморе, ки барои бурдани ин љангҳо зарур буданд аҳолиро хонахароб кард. Ба замми он дар Эрон ҳафт сол паи ҳам хушксолӣ шуд, ки он дарди мардумонро даҳчанд кард. Ғаллаеро, ки аз хориљ бо фармони шоҳ оварда мешуд бозоргонону амалдорон аз они худ мекарданд, дар натиља дар мамлакат гуруснагӣ ва муромурии одамон сар шуд. Маздак, ки вазири шоҳ буд иљозати ўро гирифта, ғаллаи анборҳои давлатиро ба гуруснагон тақсим менамояд ва мардумро даъват мекунад, ки ғаллаю амволи бузургону бозаргононро ғорат намоянд. Дар мамлакат шўру ғавғои бузурге ба вуљуд меояд. Маздак баробарии молумулкӣ ва табақавии одамонро эълон намуда, таълимоти динӣ-фалсафии худро пешниҳод менамояд. Моҳияти таълимоти фалсафӣ – иљтимоии Маздак аз чунин нуктахо иборат буд: - Худованд тамоми одамонро якхела ва баробар офаридааст, моликият ва боигарӣ бояд ба ҳама баробар таалуқ дошта бошад, бечорагон, камбағалан ва гуруснагон набояд вуљуд дошта бошанд. - Воситаҳои рўзғор, хўрокворию боигариро худованд офаридааст, то, ки бандагонаш баробар аз он истифода баранд, ягон шахс набояд имтиёзи махсус ва боигарии изофагӣ дошта бошад. - Ҳар як фард бояд ҳамон қадар моликияту боигарӣ дошта бошад, ки барои рўзгузарониаш кифоят кунад. Бузургону бозаргонон ноҳақ ба боигарии зиёд соҳибӣ кардаанд, ин боигариро аз дасти онон кашида гирифта ба нодорон тақсим кардан лозим аст ва ин корро мо ба назорати худ мегирем. Даҳ ҳазор дурустдонон тарафдорони Маздак ин вазифаро ба ўҳдаи худ гирифтанд, тақсими амвол сар шуд, аъёну ашрофи Эронро воҳима зер кард, ва онҳо бар зидди Маздак ва тарафдоронаш муборизаро пуршиддат карданд. Онҳо Маздак ва маздакиёнро ба ҳамаи љиноятҳо гунаҳкор медонистанд, аз љумла эълон карданд, ки маздакиён занонро умумӣ эълон карда, асоси оиларо, ки муқаддас аст вайрон карданӣ ҳастанд. Аъёну ашрофи Эрон ва писари хурдии шоҳ Қубод бо ёрии ҳайтолиён шоҳ Қубодро аз тахт сарнагун карданд, шўриши халқӣ пахш карда шуд ва Маздак бо тарафдоронаш ба қатл расонида шуданд. 5. Фалсафаи Зарвония ва Даҳрия Моҳияти Фалсафаи моддагароёнаи Зарвония аз чӣ иборат аст? Љараёни фалсафие, ки дар таърихи фалсафаи тољик бо номи «Зарвония» маълум аст, дар ибтидои асрҳои миёна дар натиљаи ба бўҳрон гирифтор шудани дини зардуштӣ ба миён омадааст. Он дар ибтидоъ чун дигар равияҳои фалсафӣ характери динӣ дошт. Зарвон аз забони қадимаи форсии миёна чун «замони бекарон» тарљума мешуду бо «хронос» - и юнониён ҳаммаъно буд. Зарвония љараёни фалсафӣ – маърифатпарварӣ дар таърихи фалсафаи форсу тољик ҳисоб мешавад. Зарвониён замони бекаронро нахустасоси олам ҳисоб мекарданд ва дар аввал ба он рўҳияи динӣ – ирфонӣ медоданд. Дертар зарвониён ба сўи моддагароӣ ва ҳатто бехудоӣ майл карданд. Аз таълимоти онҳо то замони мо чизе омада нарасидааст, дар бораи мављудоти онҳо ҳарифону рақибони маънавии онҳо хабар медиҳанд, масалан дар китоби мўбадони зардуштӣ «Шиканд гумоник вичар» омадаст, ки зарвониён бехудо буданд ва ягон маросими диниро иљро намекарданд. Ба ақидаи зарвониён «зарвана», яъне замони бекарон, замони мутлақ, асоси олами моддиро ташкил медиҳад ва зиддияти қувваҳои мутақобила, неку бад, нуру зулмот дар ҳамин замони мутлақ ба вуљуд меояд ва олам ба фикри онҳо моддӣ буда, ашёҳои олам зуҳури моҳияти зарвон аст Зарвониён мувофиқи ахбори сарчашмаҳо ба худо, љаннату дўзах, зиндашавии баъди марг эътиқод надоштанд ва онро афсонаи бофтаи мўбадон меҳисобиданд. Таъсири зарвонияро дар фалсафаи форсу тољик, дар замони баъдина ҳам мушоҳида кардан мумкин аст. Он дертар бо номи «Даҳрия» то асри даҳуми мелодӣ маълум буд. |