Этика. Этика якҷавоба. оидаои тилоии (заррини) ахло аз назари Конфутсий$B) ончиро ки ба худ намеписанд ба дигарон низ написанд
Скачать 46.13 Kb.
|
@1. Қоидаҳои тилоии (заррини) ахлоқӣ аз назари Конфутсий?$B) ончиро ки ба худ намеписандӣ ба дигарон низ написанд; @2. Этикет-одоб чист?$B) меъёри муқарраршудаи рафтор; @3. Омўзиши кадом илм ва фанни таълимӣ инсонро накўтар ва муназзамтар намуда, худшиносии ахлоқии шахсиятро инкишоф дода, дар ў эҳсоси масъулияти шахсиро барои ба камол расонидани ахлоқи хеш бедор намуда, муносибати эҷодкоронаи ўро нисбати мушкилоти ахлоқӣ таълим медиҳад?$C) этика; @4. «Рафтореро, ки ба худат раво намебинӣ ба дигарон низ раво мадор» -ин гуфтор ба ки таалуқ дорад?$E) Конфутсий; @5. Ахлоқ ҳамчун соҳаи ҳаёти маънавии инсон ва ҷомеа, ҳамчун соҳаи маданияти маънавӣ мавзўи омўзиши кадом илмро ташкил медиҳад?$D) этика; @6. Мафҳуми некӣ чист?$C) категорияи асосии илми ахлоқ буда, ифодагари ахлоқу одоби мусбӣ мебошад; @7. Афкори ахлоқии тоисломии мардуми форсу тоҷик дар кадом дин инъикос ёфтааст?$E) зардуштия; @8. Бадӣ чист?$B) мафҳуми бадӣ яке аз категорияҳои асосии илми ахлоқ буда ифодагари ахлоқу одоби манфӣ мебошад; @9. Сарчашмаи ахлоқ аз назари натуралистон-табиатгароён?$B) омилҳои табиӣ; @10. Назарияи марксистии ахлоқро нишон диҳед:;$C) ахлоқ аз омилҳои иҷтимоӣ-таърихӣ вобаста аст; @11. Муҳимтарин вазифаи этика-ахлоқ аз назари ахлоқшиносон?$A) вазифаи танзимнамоӣ; @12. Вазифаҳои ахлоқ дар ҷомеа аз чи борат аст?$C) ба танзимдарории рафтору кирдор ва муносибатҳои ҷамъиятии одамон; @13. Мафҳуми «гуманизм» - ҳамчун яке аз категорияҳои муҳимми ахлоқӣ чи маъно дорад?$C) инсондўстӣ; @14. Мафҳуми «эгоизм» ҳамчун категорияи ахлоқӣ чи маъно дорад?$D) худбинӣ, худпарастӣ; @15. Шакли шуури ҷамъиятиро, ки воқеияти иҷтимоиро ба воситаи механизми афкори умум ва эътиқодоти шахсӣ инъикос менамояд, яъне тарзу дараҷаи зисту зиндагии одамонро ба таври махсус дар доираи тасаввуроту андешаҳои одамон дар бораи некию бадӣ, принсипу меъёрҳо, арзишҳо акс менамояд, нишон диҳед;$D) ахлоқ; @16. «Бунёди тарбият ҳунар, ойинҳо, мусиқӣ ва шеър аст» ин суханон ба кадоме аз ин мутафаккирони зерин таалуқ доранд?$A) Конфутсий; @17. Мафҳуми «гедонизм» чи маъно дорад?$C) лаззатгароӣ; @18. Асари ахлоқии «Захират-ул-мулук» таълифи кадоме аз ин мутафаккирони форсу тоҷик мебошад?$C)Алии Ҳамадонӣ; @19. Калимаеро, ки хусусияти асосии фалсафаи давраи Эҳё ба ҳисоб рафта, моҳияти ахлоқӣ дорад ва барои ифодаи мафҳумҳои «инсондўстӣ, раҳмдилӣ» истифода мешавад, нишон диҳед;$D)гуманизм; @20. Тартиби муқарраршудаи одобу рафтор ба кадом мафҳум ифода мешавад?$C)этикет; @21. Мафҳуми «Жен», ки ҷавҳари донишҳои фалсафӣ-ахлоқии Конфутсиро ташкил медиҳад, дар таълимоти ў чиро ифода мекунад?$D)инсондўстӣ; @22. Кадоме аз ин таълимотҳои зерин ҳамчун системаи танзимнамоӣ-меъёрнокӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун маҷмуи меъёрҳо, принсипҳо ва урфу одатҳо баромад менамояд, ки одамон дар фаъолияти амалии ҳаёти ҷамъиятии хеш онҳоро ба роҳбарӣ мегиранд ва ба инобат нагирифтани ин меъёру принсипҳо метавонад, ки ба вайрон шудани муносибатҳои байниҳамдигарии аҳли ҷомеа оварда расонад?$B)ахлоқ; @23. Меъёри асосии ахлоқ аз назари прагматизм?$A)кушиши инсон ба манфиатҷўӣ; @24. Ибораи «хизмати беғаразона» ба кадом мафҳуми ахлоқӣ таалуқ дорад?$C)алтруизм; @25. Ибораи худбинӣ, худписандӣ, худпарастӣ дар илми этика бо кадом мафҳум ифода шудааст?$D)эгоизм; @26. Муносибатҳои ахлоқии одамонро дар соҳаҳои фаъолияти онҳо ба танзим медарорад:;$C)этикаи касбӣ; @27. «Адолат ин созишномаест, ки тибқи он на ба касе зиён расон, на аз касе озор бин ва на озорро тахаммул кун» ин суханон ба кадом файласуфи зерини Юнони бостон таалуқ доранд?$D)Эпикур; @28. Кадоме аз ин файласуфони зерин дар ҳикмати амалӣ тарафдори гедонизми ахлоқӣ буда, фалсафаи ў бо номи фалсафаи лаззат машҳур аст?$E)Эпикур; @29. Аз байни ҳамаи динҳое, ки инсоният умуман дар таърихи ҳаёти худ пайравӣ намудааст ё имрўз пайравӣ менамояд, кадом дин ба масоили ахлоқӣ бештар таваҷҷўҳ зоҳир намудаасту дар он мавқеъ, мақом ва риояи меъёру талаботҳои ахлоқӣ дар муайян намудани диндории шахс нақши ҳалкунандаро бозидааст?$B)зардуштия; @30. Аз категорияи адолат кадом фазилатҳо мебароянд?$B)ҳикмат, иффат, шуҷоат; @31. Ба воситаи адолат кадом шаклҳои шуури ҷамъиятӣ бо якдигар алоқаманд мегарданд?$D)ахлоқ ва ҳуқуқ; @32. Мафҳумҳои куллие, ки бо мурури замон ва паҳнои таърих мақому аҳамияти худро гум намекунанд, онҳо маxмўи дастовардҳои фарҳангӣ, фалсафӣ, сиёсӣ иxтимоӣ, иқтисодӣ буда, новобаста аз гузашти айём ва давраҳои таърихӣ, дар ҳамаи давру замонҳо аҳамияти худро пурра нигоҳ дошта, мавқеи кўҳнашавӣ надоранд –чӣ ном доранд?$E)арзиш; @33. Кадоме аз мутафаккирони зерин калимаи этикаро барои ифодаи ахлоқи ҳамидаи инсони истифода бурда, асарҳояшро низ бо ҳамин ном таълиф намудааст?$B)Арасту; @34. Арзишҳо вобаста ба дарбаргириии соҳа ва мавзуъот, инчунин хусусиятҳо: ба арзишҳои фалсафӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва ғайра тақсим мешаванд. Арзишҳои ахлоқӣ дар дохили кадом арзишҳо омўхта мешаванд?$A) дар дохили арзишҳои фалсафӣ; @35. Аз категорияҳои ахлоқӣ кадомашон шаклҳои нисбатан умумии баҳодиҳии ахлоқӣ мебошанд, ки байни амалҳои ахлоқӣ ва беахлоқӣ фарқ мегузоранд?$D)некӣ ва бадӣ; @36. Категорияи ахлоқие, ки ҳамаи рафтору аъмолеро, ки мазмуну моҳияти мусбӣ ва ахлоқӣ доранд муттаҳид намуда, амалҳои ахлоқиро аз беахлоқӣ ҷудо менамояд ва дар муқобили бадӣ меистад, муайян кунед;$B)некӣ; @37. Яке аз сифатҳои инсонӣ, ки ахлоқ ва рафтори фардро муайян мекунад, вобастагии шахсро ба шахс, оила, коллектив ва чамъият ифода мекунад, мухаббати ўро ба халқу Ватан зоҳир намуда, бо дигар категорияхои ахлок: дўстӣ, ростӣ, самимият зич алоқаманд мебошад, кадом аст?$C)садоқат; @38. Дар афкори ахлоқии мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ кадом категорияи ахлоқӣ ҳамчун хислати нек ва муҳимми инсонӣ тараннум шудааст?$E)адолат; @39. Муҳаббат ҳамчун категорияи ахлоқӣ чӣ маъно дорад?$A)муҳаббат ҳиссиёти ахлоқию эстетикӣ, майлу рағбати беандоза нисбат ба шахс, ҷомеаи инсонӣ, фикру ақида, амал, дилбастагӣ, муносибати байни инсонҳо, ки ба манфиат ва рақобати тарафйн асос ёфтааст мебошад; @40. Кадоме аз категорияҳои ахлоқӣ асоси мустаҳакамии никоҳ ва муносибатҳои оилавӣ, бақои насл ва сарчашмаи илҳому қаҳрамонист?$D)муҳаббат; @41. Меҳр, шафқат, вафо, дўстӣ, ростӣ, бахт, адолат, виxдон, шараф, некӣ, бадӣ, зиштӣ, палидӣ ба доираи масъалаҳои кадом таълимот дохил шуда, дар маҷмўъ категорияҳои ин таълимотро ташкил мекунанд?$A)ахлоқӣ; @42. Файласуфи бузурги олмонӣ Фридрих Нитше кадоме аз ин шахсиятҳои зеринро «нахустин пайѓамбари ахлоқи башарb» номидааст?$E)Зардушт; @43. Масъалаи асосии кадом илм иборат аз фаҳми некию бадӣ, адолату беадолатӣ, ҳаққу ноҳақӣ буда, мақсади асосии он идораи муносибати дуруст ва хайрхоҳонаи одамон аст?$C)ахлоқ; @44. Илмеро, ки аз системаи танзимнамоӣ-меъёрӣ иборат буда, ҳамчун маҷмуи меъёрҳо, принсипҳо ва урфу одатҳо баромад менамояд ва рафтору кирдори амалии одамонро ба танзим медарорад нишон диҳед:;$B)ахлоқ; @45. «Инсондустӣ», «Ҳадди васат», «Ҳусни тафоҳум» асоси таълимоти ахлоқии кадоме аз ин мутафаккирони зерин ба ҳисоб мераванд?$C)Конфутсий;@46.Дар таърихи илму фарҳанг кадоме аз ин файласуфон асосгузори илми ахлоқ шинохта шуда, бори аввал этикаро ҳамчун илми мустақилу новобаста аз фалсафа пешниҳод карда, онро тобиши илмӣ додаст?$C)Арасту; @47. Арзиш чист?$B)маҷмуи дастовардҳои фарҳангӣ, фалсафӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ки новобаста аз гузашти айём ва давраҳои таърихӣ, дар ҳамаи давру замонҳо аҳамияти худро пурра нигоҳ дошта, мавқеи кўҳнашавӣ надоранд; @48. Асосгузори этикаи ѓарбӣ кадоме аз ин мутафаккирон ба ҳисоб меравад?$C)Арасту; @49. Арзишҳо аз кадом ҷиҳат ва хусусиятҳояшон ба арзишҳои фалсафӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тақсим мешаванд?$A)вобаста ба дарбаргирии соҳа, мавзуот ва хусусияташон; @50. Дар илми ахлоқ идеализми ахлоқӣ гуфта чиро дар назар доранд?$B)арзишҳои ахлоқиро ғалат маънидод кардан, аз маънии воқеияш дур рафтан; @51. Қоидаи «Заррини ахлоқӣ»-ро, ки Конфутсий пешниҳод кардааст, нишон диҳед;$D) «Рафтореро, ки ба худат раво намебинӣ ба дигарон низ раво мадор»; @52. Волоияти арзиши ахлоқӣ дар чи зоҳир мегардад?$C)ба зиндагии воқеӣ-заминӣ сару кор доштани он; @53. Кадоме аз ин шахсиятҳоро файласуфи олмонӣ Нитше «Нахустин пайғомбари ахлоқи башарӣ» донистааст, ки масъулият ва ҳувияти ахлоқӣ-фарҳангиро бар душ гирифта, барои саодати ҷомеа ва наҷот бахшидани он аз нопокиву палидӣ саъю кушиш намудааст?$A)Зардушт; @54. Зардушт кадоме аз ин мафҳум ё категорияҳои ахлоқиро сарчашмаи ҳамагуна некиву накуӣ дар ҷаҳон пиндошта, ақида дошт, ки ҳаргоҳ ки он ба поён расад инсон хоҳад мурд?$D)бузургманишӣ-андешаи нек; @55. Зардушт дар орзуи сохтани чигуна ҷаҳон буд?$B)ҷаҳоне, ки дар он хирад ва маърифат пешгом ва бузургманишиву инсонсолорӣ, шахсиятпарастӣ(персонализм)фардгароӣ (индивидуализм)ва башардўстӣҷавҳари зиндагиро ташкил дода бошад; @56. Тибқи таълимоти зардуштӣ зиндагии одамӣ бар пояи ду қутби азалӣ қарор дорад, ки аввалӣ хушбахтиву беҳрўзӣ ва дувумӣ бадбахтиву бадрўзиро ба бар доранд. Онҳо кадоманд?$D)некманишӣ ва дижманишӣ; @57. Категорияи ахлоқие, ки ифодакунандаи арзиши мусбӣ мебошад, нишон диҳед?$A)некӣ; @58. А. Шопенгауэр кадом амалҳоро худхоҳона ва ғайриахлоқӣ медонад?$D)ҳама навъи рафторҳое, ки барои ба даст овардани хайри шахсӣ анҷом дода мешаванд; @59. Кадоме аз ин файласуфони зерини дунёи қадим асарҳои бунёдӣ доир ба илм ахлоқ эҷод карда, дар таърихи фалсафа ҳамчун асосгузори илми этика шинохта шудааст?$B)Арасту; @60. Аз рўи кадом омилҳо нишонаҳои шахсиятро муайян менамоянд?;$A)Нерўмандии фикрии шахсият, тавоноии амалии шахсият, фазилат ва тарбияти шахсият; @61. Намудҳои зебоиро номбар кунед?$A) Зебоии моддӣ, зебоии рўҳӣ (ақли) , зебоии ҷисмӣ, зебоии ҳунарӣ, зебоии мутлақ; @62. Илми эстетика дар кадом аср ва аз ҷониби кӣ ҳамчун илм пешниҳод карда шудааст?$D) Асри XIX аз ҷониби Баумгартен; @63. Маънои луғавии мазҳака чист?$B) шухӣ, хушҳолӣ, масхарабозӣ, хандаовар; @64. Бузургтарин миниётуранигорони форс-тоҷик киҳо ҳастанд?$C) Камолидин Беҳзод, Муҳаммад Муроди Самарқанди, Исои Самарқандӣ; @65. Дар таълимоти эстетикии Арасту мафҳуми мимесис чӣ маъно дорад?$C) Ба вуҷуд овардан; @66. Асосгузори илми эстетика кист?$A)А.Г.Баумгартен; @67. Объекти омузишии илми эстетика чист?$A) Зебоишиносӣ; @68. Истилоҳи эстетика кадом маъноро ифода менамояд?$A) Муносибат ба ҳиссиёт ё эҳсосот; @69. Эстетика ҳамчун илм дар кадом аср зуҳўр намуд?$A) Дар нимаи 2-юми асри ХIХ; @70. Эстетика ҳамчун илм дорои кадом вазифаҳо аст?$A) Маърифатӣ, ояндабинӣ ва ғ; @71. «Эстетика назарияи санъати озод аст». Ин сухан ба кӣ таалуқ дорад?$B) А.Баумгартен; @72. Эстетика таълимот дар бораи «Идеяи зебо» аст. Суханони зерин ба кӣ таалуқ доранд?;$B) Ф.Ничше; @73. Аввалин маротиба категорияхои зебоӣ ва олӣ (баланд) -ро кадом мутафаккир аз якдигар ҷудо намудааст?$C) И.Кант; @74. Зебои чист?$A) Зебоӣ категорияи эстетикиест, ки арзишҳои нодиру олии эстетикиро тавсиф медиҳад; @75. Кадоме аз ин мафҳумҳои зерин ба категорияи эстетикӣ дохил намешаванд?;$E) некӣ; @76. Зебоиро аз рўи кадом омилҳо муайян менамоянд?$A)Мувофиқатнамои,баробарӣ,рангорангӣ,хушоҳангӣ ва ғ; @77. Истилоҳи эстетика чӣ маъно дорад?$B) Ҳисиёт; @78. Доираҳои муносибатҳои эстетикӣ кадомҳоянд?$A) Зебоӣ, санъат; @79. Категорияхои эстетикиро муайян намоед?$C) Зебоӣ, зиштӣ, олӣ, фоҷиа, мазҳака; @80. Кадоме аз ин кишварҳо ватани санъати классикии Аврупо ба ҳисоб меравад?$A)Италия; @81. Намудҳои санъатро муайян намоед?$B) Адабиёт, театр, архитектура, санъат; @82. Эстетика чиро меомēзад?$D) Муносибати санъат бо воқеият, инъикоси воқеият дар санъат; эҷодиёти бадеӣ, ошкор намудани Қонунҳо – Қонунҳое, ки таоми намудҳои санъатро идора менамояд; @83. Назарияи зебоиро кӣ кор карда баромадааст?$C) А. Баумгартен; @84. Предмети эстетика ин:$C) Олам ва тамоми рангорангии эстетикии он, ки барои инсоният пурарзиш аст; @85. Мафҳуми эстетикаро аввалин маротиба кӣ истифода намудааст?$B) А. Баумгартенд; @86. Принсипи «Зебогии ҳақиқӣ – ин гувоҳии ҳикмати илоҳист» - хусусияти хоси кадом ҷаҳонбинист?$C) ҷаҳонбинии асримиёнагӣ; @87. Санъат чист?$A) Натиҷаи фаъолияти инсон, ки дар маърифати маънавӣ-амалии олам таҷассум меёбад;@88. Афродита олиҳаи ишқу зебоии кадоме аз ин кишварҳои бостон мебошад?$C) Юнони қадим;@89. Истилоҳи рамзро шарҳ диҳед ?$A) Образи бадеие, ки кадом як идеяро ифода мекунад;@90. Истилоҳи идеалро шарҳ диҳед ?$B) Намунаи комили кадом як объект, зуҳурот, ҳодиса ва раванде, ки шахси алоҳида ё гурēҳи одамон эътироф намудаанд,;@91. Кадоме аз ин файласуфони зерин асосгузори эстетика ҳамчун илми мустақил эътироф шудааст?$D) Баумгартен;@92. Истилоҳи «катарсис» чӣ маъно дорад?$D) Мафҳуме, ки ба рўҳи инсон таъсир расонидани ҳунар(санъат) -ро инъикос менамояд; @93. Моҳияти категорияи «фоҷиа»- ро шарҳ диҳед?$D) Моҳияти муборизаи бераҳмонаи нав бо кўҳна, шахс бо ҷомеа, ки ба фоҷиа анҷом меёбад; @94. Санъати минётураи тоҷик дар кадом асрҳо ташаккул ёфт?$A) Асрҳои ХIV- ХV; @95. Кадоме аз ин намунаҳои санъати меъморӣ ба замони сомониён тааллуқ доранд?$A) Мақбараҳои Сомониён, Аламбардор, Арабато, Бонуи Моҳон; @96. Кадоме аз ин файласуфони Юнони бостон Худоро зебоии кулл донистааст?$C) Арасту; @97. Категоряҳои «Мутаносиб ва номуносиб»- ро ба кадоме аз ин илмҳои зерин хос медонанд?$E) Эстетика; @98. «Одам оламро бо қонуни зебоӣ меофарад» ин сухан ба кадом файласуфи муосири зерин таалуқ дорад?$A) Карл Маркс; @99. Категоряҳои умумии эстетикиро нишон диҳед ?$A) зебоӣ зиштӣ, шаҳомат разилӣ, ҳамоҳангӣ ғайриҳамоҳангӣ, фоҷиа ва мазҳака; @100. Категоряҳоимахсуси эстетикиро нишон диҳед ?$E) Зебоӣ ва зиштӣ, Шаҳомат ва разилӣ, Ҳамоҳангиӣ ва ғайри ҳамоҳангӣ, Фоҷиа ва мазҳака; @101. Кадоме аз файласуфони зерин гуфтааст: «Эстетика фалсафаи ҳунар-санъат аст»?$A) Гегел; @102. Образи бадеи гуфта чиро мефаҳмед?$B) Шакли тафаккури бадеӣ; @103. Кадоме аз илмҳои зерин xаҳони маънавии одамро оро медиҳад, ўро илҳом бахшида, рўҳбаланд магардонад ва дар тафаккури инсонӣ майлу хоҳиши зебоиро парваронида, табиати хуфтаи зебоипарастии одамиятро бедор мекунад ва ба сўи тамаддуни воло ҳидоят месозад?$B)эстетика; @104. Ҷараёнҳои муосири ҳунарӣ кадомҳоянд?$E)Модернизм, романтизм, натурализм, сентиментализм; @105. Маънои луғавии мазҳака чист?$B) шухӣ, хушҳолӣ, масхарабозӣ, хандаовар; @106. Мавзўи омўзиши эстетика тибқи таълимоти донишмандони антиқа, асрҳои Миёна, давраи Эҳё иборат аст аз;$C) зебоӣ ва ҳунар; @107. Намудҳои театрро номбар кунед?$A) Операвӣ, драмавӣ, мазҳакавӣ, лухтак; @108. «Зебоипарастӣ ва зебоиписандӣ худ фалсафа мебошад» - ин суханон ба кадом донишманди зерин таалуқ доранд?$E) Белинский; @109. Таълимоти фалсафие, ки қонуниятҳои зебоии олами моддӣ ва маънавиро аз лиҳози фалсафӣ меомўзад, нишон диҳед;$C) эстетика; @110. Эстетика бо кадоме аз ин илмҳо алоқамандии зич дорад?$C) фалсафа, этика, педагогика, антропология, психология, онтология; @111. Ба эстетикаи асримиёнагӣ кадом мафкура бештар таъсир мерасонд?$A) дин ва илоҳиёт; @112. Ба эстетикаи давраи Маорифпарварӣ кадом омилҳо таъсири қаввӣ расониданд?$C) сиёсат ва санъатшиносӣ; @113. Қадимтарин навъи ҳунари мисриён кадом буд?$A) меъморӣ; @114. Кадоме аз инҳо ба категорияҳои эстетикӣ дохил намешаванд?$B) некӣ, бадӣ, ҷаҳонбинӣ, хайр, саховат; @115. Категорияҳои эстетикӣ ба чанд гурўҳ тақсим мешаванд ва онҳо кадоманд?$C) ба ду гурўҳ: умумӣ ва махсус; @116. Киноматография – ҳамчун яке аз намудҳои санъат, яке аз соҳаҳои пурқудрати ҳаёти ҷомеа, ки барои бою ѓанӣ гардониданӣ маънавиёт, маърифату ҷаҳонбинии одамон нақши муассир дорад, кай арзи ҳастӣ кардааст;$C) охири асри 19; @117. Яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, ки воқеияти табиию ҷамъиятиро ба таври бадеию образнок инъикос мекунад, кадом аст?$B) санъат; $E) ҳуқуқ; @118. Се шакли санъат, ки ҳамдигарро пайдарҳам иваз менамоянд аз назари Гегел кадомҳоянд?$B) рамзӣ, классикӣ, романтикӣ; @119. Кадоме аз мутафаккирони зерин санъатро ба се шакл: рамзӣ, классикӣ, романтикӣ ҷудо кардааст?$D) Гегел; @120. Истилоҳи «Эстетика»-ро кадоме аз ин донишмандони зерин тобиши илмӣ дода, ба илм ворид кардааст?$A) Баумгартен; $E) Белинский; @121. Кадоме аз инҳо ба категорияи эстетика таалуқ надорад?$C) маърифат; @122. Аз мафҳумҳои зерин кадомаш категорияи эстетика ба ҳисоб меравад?$C) мазҳака; @123. Аз мафҳумҳои зерин кадомаш категорияи эстетика ба ҳисоб меравад?$B) адолат; @124. Кадоме аз ин шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ҳамчун категорияи асосии эстетика маҳсуб мешавад?$E) санъат; @125. Илмеро, ки масъалаи омўзиш ва категорияҳои асосии он «зебогӣ» ва «зиштӣ» мебошад, нишон диҳед;$A) эстетика; @126. Ба таҳлили зебогии эҷодиёти бадеӣ кадом илми махсус машѓул мешавад?$B) санъатшиносӣ; @127. Мазҳака ва фоҷиа категорияҳои кадом илми зерин ба ҳисоб мераванд?$D) эстетика; @128. Аз категорияҳи зерин кадомаш ба категорияҳои эстетикӣ таалуқ надорад?$B) ҳикмат; @129. Эстетика ин илм дар бораи:$E) санъат; @130. Муҳимтарин масъалаи эстетикӣ ин масъалаи арзиши ……… ба ҳисоб меравад?$B) арзиши зебогӣ; @131. Арзишҳои зебогӣ дар доираи кадом илм омухта мешаванд?$B) эстетика; @132. Этетик чист?$C) таълимоти иҷтимоиес, ки мавзўи омўзиши он ҳиссиёти зебоипарастӣ, зебоишиносӣ ва масъалаҳои марказии он зиштиву зебогӣ мебошад; @133. Шуури эстетикӣ иборат аст аз:$A) ҳиссиёт; @134. Шакли шуури эстетикиро нишон диҳед:$C) ҳиссиёт; @135. Категорияҳои асосии эстетикаро нишон диҳед:$C)зебогӣ, зиштӣ, фоҷиа, мазҳака, шаҳомат, разолат; @136. Кадоме аз ин унсурҳо дар илми эстетика-зебоишиносӣ мавқеи марказиро ишѓол мекунад?$A)санъат; @137. Муҳимтарин категорияҳои эстетикӣ;$E) зебогӣ ва зиштӣ; @138. Истилоҳи юнонии эстетика чӣ маъно дорад?$C) ҳискунанда, ҳиссиёт; @139. Эстетика бо кадоме аз ин қисматҳои фалсафа ва илм робитаи зич дорад?$C) онтология; @140. Муҳимтарин, асоситарин вазифаи санъат аз назари Арасту ин:$A) вазифаи иҷтимоӣ; @141. Муҳимтарин предмети санъат барои Суқрот ин:$C) инсон; @142. Санъат аз назари Гегел ин:$A) яке аз шаклҳои олии таҷассумёбии идеяи мутлақ аст; @143. Асос ва моҳияти санъат аз назари Арасту ин:$C) мимесис-эҷод кардан, тақлид кардан; @144. Вазифаи санъат аз назари Афлотун ин:$D) муттаҳидсози ҷомеа, тарбияи шаҳрвандон; @145. Мафҳуми «Катарсис» дар эстетика чӣ маъно дорад?$B) покиза кардан тавассути ранҷу азоб ё ҳаҷву ханда; @146. Мафҳуми эстетики «Мимесис» чӣ маъно дорад?$A) эҷод кардан, тақлид кардан; @147. Илмеро, ки мавзўи омўзиши он ҳисси зебоипарастӣ, зебогӣ, зебоишиносӣ аст нишон диҳед? $C) эстетика; @148. Баумгартен асосгузори кадоме аз ин илмҳои зерин ба ҳисоб меравад?$D) эстетика; @149. Назари донишманди рус Белинский дар мавриди фалсафаи ҳунар чи гуна буд?$A) Зебоиписандӣ ва зебоипарастӣ худ фалсафа аст; @150. Се давраи асосии инъикоси санъатро аз назари Гегел нишон диҳед?$A) Адабӣ, фолклорӣ, асотирӣ; @151. Андешаҳои эстетикии Арасту бештар дар кадом асарҳояш инъикос ёфтаанд?$A) «Поэтика», «Риторика», «Политика»; @152. Образ чист?$A) Образ ин тасвири конкретӣ ва дар айни замон умумият додашудаи ҳодисаҳои табиат, ки ба воситаи тахаюл эҷод гардида, аҳамияти эстетикӣ доранд; @153. Гегел чанд давраи асосии инъикоси санъатро нишон додааст?$A) 3; @154. Давраҳои асосии инъикоси санъатро, ки Гегел нишон додааст, кадомҳоянд?$A) Символикӣ, классикӣ, романтикӣ; @155. Кадоме аз ин файласуфони зерин давраҳои инъикоси санъатро ба се давра: рамзӣ, классикӣ ва романтикӣ ҷудо кардааст?$D) Гегел; @156. Дар зери мафҳуми фалсафаи амалӣ ё ҳикмати амалӣ кадом илм дар назар дошта мешавад?$C)ахлоқ; @157. Асоси фалсафаи Ибни Мискавейҳро чи ташкил мекард?$C)ҳикмати амалӣ, ахлоқ; @158. Истилоҳи «Морал» чи маъно дорад?;$A)калимаи лотинӣ буда, маънои хулқу атвор, парастиш, ҳамдардӣ ва меҳр варзидан ба дигаронро дорад; @159. «Бар кас маписанд ҳар он чӣ бар худ намеписандӣ»?;$C)Конфутсӣ; @160. «Адолат созишномаест, ки тибқи он на ба касе зиён расон, на аз касе озор бин ва на озорро таҳаммул кун». Ҳикмати зерин ба қалами кадоме аз ин донишмандон тааллуқ дорад?$B)Эпикур; @161. Муаллифи асари «Чунин гуфт Зардушт» кист?;$D)Ф.Нитше; @162. Ахлоқи носирӣ асари кадоме аз ин мутафаккирон мебошад?$D)НасриддиниТусӣ; @163. Меҳрубонӣ чист?$A)меҳрубонӣ муҳимтарин арзиши ахлоқиест, ки дўстдорӣ, ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмии аъзоёни ҷомеаро таъмин менамояд; @164. Яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, ки маҷмуи меъёр ва қоидаҳои асосии муносибати байни ҳамдигарӣ, оилавӣ ва ҷамъиятии одамонро ба танзим медарорад нишон диҳед:;$C)ахлоқ; @165. Илми этика ба кадоме аз ин илмҳо алоқамандии зич дорад?$C)фалсафа, сиёсат, дин, иқтисодиёт, ҳуқуқ; @166. Сохтори илми ахлоқ иборат аст аз?$B)шуури ахлоқӣ, рафтор ва фаъолияти ахлоқӣ, муносибати ахлоқӣ; @167. Вазифаҳои илми ахлоқро номбар кунед?$B)танзимнамоӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ, баҳогузорӣ, иртиботӣ, арзишӣ-муайянкунӣ; @168. Ба сифати арзишҳои ахлоқӣ чӣ баромад менамояд?$A)Арзишҳои ахлоқӣ мафҳумҳои ниҳоят муҳим ва аввалиндараҷа ба ҳисоб мераванд, ба монандӣ: хайр, вафо, меҳр, некӣ, виҷдон, адолат ва ғ; @169. Асарҳои машҳури ахлоқии «Этикаи бузург» ва «Этикаи Никомах» ба қалами кадоме аз ин мутафаккирон таалуқ доранд?$E)Арасту; @170. Дар Юнони бостон мафҳуми этос дар ибтидо кадом маъноро ифода менамуд?$C)ҷои зист, лонаи паранда ва хонаи ҳайвонотро; @171. Тибқи таълимотҳои динӣ сарчашмаи ахлоқ чи маҳсуб мешавад?$B)Худо; @172. Бо номҳои кадоме аз ин шахсиятҳои зерин ахлоқи динӣ вобастагӣ дорад?$E)Маркс, Энгелс, Буддо, Августини муқаддас, Фомаи Аквинӣ; @173. Кадоме аз ин файласуфони зерин асосгузори илми этика ба ҳисоб меравад?$B)Арасту; @174. Истилоҳи этика кадом маъноро ифода менамояд?$A)Хулқ; @175. Дарку эҳсоси масъулияти ахлоқии шахс барои рафтору кирдори худ дар назди худаш бо кадом категорияи ахлоқӣ ифода карда мешавад?$A)виҷдон; @176. Ҳуҷҷате, ки қоидаҳои рафтору кирдори шаҳрвандон дар он аз тарафи давлат дарҷ гардидаанд?$B)қонун; @177. Объекти омўзиши илми этика чист?$A)ахлоқ; @178. Кодекси ахлоқии Шоҳ Ҳамураппӣ дар кадом давлат ва дар кадом давра тартиб дода шуда буд?$E)Асри ХХI-и то мелод дар Бобил; @179. Кадоме аз ин императорони Чини Қадим поягузори кодекси ахлоқии замони хеш буд?$C)Фуҳӣ; @180. Муаллифи асари панду ахлоқии «Насиҳатнома» кист?$D)Кайковус; @181. Рукнҳои ахлоқии зардуштия кадомҳоянд?$C)Гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек; @182. Буддоия дорои чанд рукни ахлоқӣ аст?$C)8-рукн; @183. Яке аз рукнҳои муҳимтарин ва яке аз ҷавҳарҳои асосӣ дар баробари аҳкому ақида дар ҳама динҳо чӣ ба ҳисоб меравад?$B)Ахлоқ; @184. Муаллифи асари панду ахлоқии «Насиҳат-ул-мулук» кист?$C)Ғаззолӣ; @185. Истилоҳи «Нирвана» чӣ маъно дорад?$A)Нирвана калимаи санакрит буда, маънои хомўшавӣ, сардшуданро дорад; @186. Таълимотеро, ки масъалаи марказии онро некиву бадӣ ташкил мекунанд, нишон диҳед?$C)этика; @187. Асар ё рисолаи «Китоб-ун-нафс»-ро, ки фарогири масоили фалсафӣ, ахлоқӣ ва навъҳои сегонаи нафс аст, кадоме аз ин мутафаккирони зерин таълиф намудааст?;$C)И.Сино; @188. Арзишҳои ахлоқи фазиларо муайян намоед?$C)Некӣ, ростӣ, муҳаббат; @189. Кадоме аз ин унсурҳо сохтори этикаро ташкил мекунанд?$E)шуури ахлоқӣ, рафтори ахлоқӣ ва меъёру муносибатҳои ахлоқӣ; @190. Адолат чист?$A)Адолат тавсифномаи муносибатҳои инсонӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ аст, ки муносибатҳои байни одамонро танзим намуда, арзишҳои иҷтимоиро тақсим менамояд; @191. Мафҳумҳои Хайр ва Шар бештар дар кадом асарҳои қадимаи Шарқ ифода ёфтаанд?$A)Авесто; @192. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ кадоме аз ин нафарон образу идеали ростӣ, хайру адолат муаррифӣ шудааст?$E)Сиёвуш; @193. Мафҳуми «Қарз» ҳамчун категорияи ахлоқӣ чиро ифода мекунад?$B)қарз масъулияти фардии инсон аст, ки ўро ба иҷрои амал ва ҳадафҳои ниҳоӣ водор месозад; @194. Муаллифи асари ахлоқии «Тазҳиб-ул-ахлоқ» кист?;$A)Ибни Мискавайҳ; @195. Ахлоқ-этика ҳамчун фанни махсус бори аввал аз ҷаниби кадоме аз ин донишмандон мавриди омўзиш қарор гирифтааст?;$B)Арасту; @196. Асари «Рисола дар ахлоқ» ки, саршори масоили ахлоқист ба қалами кадоме аз ин мутафаккирони форс-тоҷик таалуқ дорад?$A)Ибни Сино; @197. Этика чист?$B)этика таълимоти фалсафист, ки предмети омузиши он ахлоқ ва масъалаи марказии он некиву бадӣ мебошад; @198. Маъруфтарин ахлоқнигори Чини қадимро, ки таълимоти ў дар фарҳанги аврупо бо номи «Қоидаи тиллоии ахлоқ» муаррифӣ мешавад, нишон диҳед;$C)Конфутсий; @199. Урфу одат, меъёрҳои рафтору кирдор, ки аз насл ба насл мегузаранд, чи ном доранд?$D)анъана; @200. «Пиндори нек», «Гуфтори нек», «Рафтори нек» - шиорҳои ахлоқии кадом таълимоти динӣ-фалсафӣ ба ҳисоб мераванд?$D)Зардуштия; @201. Ба фазилатҳои сегонаи ахлоқии: ҳикмат, иффат, шуҷоат кадом қувваҳои гуногуни нафсии инсон мансубанд?$A)хирад, ғазаб, шаҳват; @202. Файласуфи экзистенсиалист Ж.П. Сартр дар кадом навъи озодӣ инсонро соҳибихтиёр медонад?;$A)озодии маънавӣ; @203. Яке аз масъалиҳои муҳимтарини ахлоқро, ки он бевосита бо озодии маънавӣ, иродаи шахсият масъулиятшиносии ў алоқаманд аст, нишон диҳед?$D)озодӣ ва масъулияти шахс; @204. Кадоме аз ин таърифҳо дуруст аст?;$C)ахлоқ ҷавҳари инсоние мебошад, ки муносибати ҷомеаро танзим мекунад; @205. Ҳикмат, шуҷоат, иффат, адолат, масъулият, уҳдадорӣ категорияҳои кадом илм маҳсуб мешаванд?$C)ахлоқ; @206. Мавзўи омўзиши илми этика чист?$B) мавзўи омўзиши илми этика ахлоқ ва хулқу одоби инсонӣ мебошад; @207. «Писар бояд писар, падар бояд падар ва шоҳ бояд шоҳ бошад» ҳикмати зерин ба кӣ тааллуқ дорад?$B)Конфутсий; @208. Кадоме аз инҳо яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, маҷмўи меъёр ва қоидаҳои асосии муносибати байни ҳамдигарӣ, оилавӣ ва ҷамъиятии одамон мебошад?$C)Ахлоқ; @209. «Садоқат» ҳамчун категорияи ахлоқӣ аз кадом калима гирифта шудааст ва чӣ маъно дорад?$A)аз калимаи арабӣ гирифта шуда маънояш дўстии самимӣ мебошад; @210. Истилоҳи машҳуру маъруфи фалсафӣ, динӣ, ахлоқии санскритиро, ки ифодакунандаи маънои хомўшшавӣ, сардшавӣ, рўҳонишавӣ мебошад, нишон диҳед?$B) «Нирвана»; @211. Истилоҳи «Жен» чӣ маъно дорад?$A)Инсондўстӣ, инсонгароӣ; @212. Арзишҳои ахлоқӣ дар доираи кадом арзишҳо омўхта мешаванд?$A)арзишҳои фалсафӣ; @213. Этика ҳамчун илм чиро меомўзад?$C)ахлоқ ва хулқу одоби инсониро меомўзад; @214. Нахустин мутафаккире ки этикаро ҳамчун илми мустақилу новобаста аз фалсафа пешбарӣ кард, муайян намоед;$B)Арасту; @215. Фазилати олӣ ва мутлақ барои Кант - ин?$A)риоя ва иҷрои қонунҳои ахлоқӣ; @216. Асоси таълимоти Зардуштро дар қатори ахлоқи нек кадом сифатҳои дигари инсонӣ ташкил медиҳанд?$C)бузургманишӣ, инсонсолорӣ, шахсиятпарастӣ (персонализм) ва фардгароӣ (индивидуализм); @217. Кадоме аз ин шаклҳои шуури ҷамъиятӣ бо ахлоқ робитаи нисбатан зич доранд?$C)ҳуқуқ; @218. Қадимтарин шакли шуури ҷамъиятиро, ки бо пайдоиши инсони ҷамъиятӣ ба вуҷуд омада, қариб ҳама гуна муносибатҳо, ҳатто нигоҳ, тарзи баёни фикр, тарзи иҷрои амал ва ѓайра, ки аз он бархурдор мебошанд, нишон диҳед?$B)Ахлоқ; @219. Ахлоқ объекти омўзиши кадом илм қарор гирифтааст?$C)Этика; @220. Кадом андарзи Суқрот бештар ҷанбаи ахлоқӣ дорад?$A)«Худро бишнос»; @221. Арзишҳоро аз рўи кадом хусусиятҳояшон муайян менамоянд?$A)аз рўи мазмун, аз рўи мазмунҳои зоҳиршавии дурудароз, инкорнашаванда ва ба эҳтиёҷоти инсон ҷавобгў будани он; @222. Кадоме аз файласуфони зерин лаззатро қиёси неку бад дониста аст?$D)Эпикур; @223. Асоси предмети этикаро таълимот дар бораи чӣ ташкил мекунад?;$D) предмети этикаро табиати ахлоқ хамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ва ниҳоди махсуси ҷомеа, нақш ва мақоми ахлоқ дар ҷомеа, конуниятҳои инкишофи тасаввуротҳои ахлоқӣ, ки инъикоскунандаи шароитҳои моддии ҳаёти ҷамъиятии одамон мебошанд, ташкил менамояд; @224. Қоидаҳо ва меъёру принсипҳои ахлоқи таалуқ доранд ба..?$D)ба ҳамаи одамон; @225. Дар зери мафҳуми «меъёрҳои ахлоқӣ» чӣ дар назар дошта шудааст?;$C)меъёрҳои иҷтимоии танзимкунандаи рафтори инсонҳо дар ҷомеа, муносибати инсон ба инсонҳои дигар, ба ҷомеа ва худи инсон; @226. Категорияҳои асосии илми этикаро нишон диҳед?;$B)некӣ, бадӣ, виҷдон, масъулият, беинсофӣ, дурўғгўӣ, зулм, ситам, хиёнат, вафо, меҳрубонӣ, хушбахтӣ, саодатмандӣ; @227. Эпикур лаззатро ба чанд қисм ҷудо менамояд ва онҳо кадоманд?$A)2-қисм: лаззати моддӣ ва маънавӣ; @228. Манфиати шахсии худро аз манфиати дигарон боло донистан, дар илми ахлоқ бо кадом мафҳум ифода карда мешава?$A)эгоизм; @229. Дар доираи маданияти Аврупои ѓарбӣ бештар ба кадом меъёрҳои ахлоқӣ диққат дода мешавад?$C)адолат, хайру некӣ, манфиат; 230. Этикаи даврони Эҳё дорои чигуна принсип ва хусусият аст?$C)инсондўстӣ; @231. Кадоме аз ин вазифаҳои зерин ба вазифаи илми ахлоқ дохил намешавад?$D)методологӣ; @232. Кадоме аз ин маорифпарварон зимни барраси масоили ахлоқӣ дар асараш "Худо ва одамон" навиштааст: - «Агар Худо намебуд, вайро мебоист бофта баровард". Ё худ "ман мехохам, ки додситони ман, хизматгори ман, ҳатто зани ман ба Худо боварӣ дошта бошанд: ба назари ман дар чунин холат моро камтар ғорат ва фиреб мекунанд»?$B)Волтер; @233. Аз мафҳумҳои зерин кадоме ба категорияҳои асосии илми ахлоқ дохил намешаванд?$C)ҷаҳонбинӣ, ҳастишиносӣ, равоншиносӣ; @234. «Амал ва рафтори инсонӣ, ки лаззатовар набошад ахлоқӣ нест» ин назария ба кадом мактаб ва ҷараёни ахлоқӣ таалуқ дорад?$A)мактаби эпикуриён; @235. Ахлоқи то исломии араб дорои кадом хусусият буд?;$C)хусусияти ҷоҳилона; @236. Мафҳуми «морал» ба маънои ахлоқ аввалин маротиба аз ҷониби кадоме аз ин донишмандон истифода шуд?$B)Ситсерон; 237. Деонтология чиро меомўзад?$D)деонтология як бахши этика буда, таълимот дар бораи проблемаҳои ахлоқу одоб мебошад; @238. Этика ҳамчун илм чанд марҳилаи рушду инкишофи таърихиро паси сар кардааст?$C)5 марҳила: ахлоқи давраи тотаърихӣ, ахлоқи атиқӣ, ахлоқи асримиёнагӣ, ахлоқи давраи замони Нав, ахлоқи муосир; @239. Мафҳуми морал чиро ифода мекунад?$A)калимаи лотинӣ буда бо мафҳуми этика ва ахлоқ ҳаммаъно мебошад; @240. Дар таърихи илму фалсафа кадом файласуф бори аввал мафҳуми этикаро ҳамчун илме, ки ахлоқ ва рафтору кирдорро меомўзад, истифода намудааст?$B)Арасту; @241. Кадоме аз ин категорияҳои ахлоқӣ яке аз мавзуоти xавҳариест, ки ҳам дар илми фалсафа, ҳам дар ахлоқшиносӣ ва ҳам зебоишиносӣ хеле муҳим ҳисобида мешавад?$D)адолат; 242. Се арзиши муҳими ахлоқиро нишон диҳед:$C)меҳрубонӣ, ростӣ, адолат; @243. Ба сифати арзишҳои ахлоқӣ чӣ баромад менамояд?$A)Ба сифати арзишҳои ахлоқӣ мафҳумҳои: «хайр, вафо, меҳр, некӣ, виҷдон, адолат ва ғ.»; @244. Кадоме аз ин шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ва инистути иҷтимоӣ вазифаи ба танзим даровардани рафтори одамонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ иҷро мекунад?$C)ахлоқ; @245. Кадоме аз ин мутафаккирони асримиёнагии Шарқ этикаро фалсафаи амалӣ ҳисобида, аз ҷумла навиштааст: «Фалсафа ба фалсафаи назариявӣ ва амалӣ тақсим мегардад. Қисми амалии фалсафа ахлоқи ҳамидаро таълим медидад, вай хулқу атвори одамонро ба танзим дароварда, ба онҳо чӣ тавр гузаронидани ҳаёти хешро меомузонад!»?$C)Насриддини Тусӣ; @246. Хусусияти муҳимтарини муносибатҳои ахлоқиро чи ташкил медиҳад?$A) Хусусияти муҳимтарини муносибатҳои ахлоқиро рафтору кирдори одамони махсус ташкил медиҳад; @247. Масъалаи асосии кадоме аз ин илмҳо иборат аз фаҳми некию бадӣ, адолату беадолатӣ, ҳаққу ноҳақӣ буда, мақсади асосии он идораи муносибати дуруст ва хайрхоҳонаи одамон аст?$C)этика; @248. Арзиши ҳақиқии зиндагӣ дар чӣ зоҳир мегардад?$B)ҳикмати амалӣ; @249. Илмеро, ки ба саволи чи гуна дуруст бояд зиндагӣ кард ҷавобгў буда, предмети омузиши он ахлоқу одоб мебошад нишон диҳед?$E)этика; @250. Таълимоти махсуси ҷамъиятиро, ки мавзўи баҳси он ахлоқ ва масъалаи марказии он некӣ ва бадӣ мебошад нишон диҳед?$C)этика (ахлоқ); @251. Асоси таълимоти ахлоқии ҷаянияро чи ташкил мекунад?$A)ба чизе зарару озор нарасонидан; @252. Асоси таълимоти ахлоқии мактаби фалсафии Ҳинди қадим чорвака-локаятаро чи ташкил мекунад?$D)лаззатгароӣ, ҳаловат ва айшу ишратпарастӣ; @253. Озодӣ ва мустақилият, қарз ва масулият хайрхоҳӣ ва одамият, саховат ва садоқат, шаъну шараф, дўстии беѓаразона, меҳру муҳаббати инсонӣ – ин мафҳумҳо ҳамчун арзиш ва категорияҳои муҳимми кадом илм ба ҳисоб мераванд?$B)арзиш ва категорияҳои ахлоқӣ; @254. Се мафҳуми асосии ахлоқии таълимоти динӣ-фалсафии конфутсиячигиро нишон диҳед?$A)инсондустӣ, ҳадди васат, ҳусни тафоҳум; |