Главная страница
Навигация по странице:

  • Ҳамчун илм назарияи иқтисодӣ чиро меомӯзад

  • Мафҳуми калимаи иқтисодиёт (ойкономия) чиро мефаҳмонад

  • Кадоме аз мафҳумҳои овардашуда ба вазифаҳои назарияи иқтисодӣ дохил намешавад

  • Ба усулҳои омӯзиши назарияи иқтисодӣ дохил намешавад

  • Кадоме аз инҳоро вобаста ба хусусиятҳои иҷтимоӣ, ба қонунҳои иқтисодӣ дохил намудан мумкин нест

  • Ф. Кене, А. Тюрго ва В. Мирабо асосгузорони кадом мактаби иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд

  • Ба мактаби классикон кадоме аз ин мутафаккирон таалуқ надорад

  • Экономикс чи гуна илм аст

  • Равияи неоклассикӣ дар шароити имруза инчунин дар кадом қисмҳо омӯхта мешавад

  • Монетаризм чи гуна назария аст

  • Мафҳумҳои иқтисодӣ чист

  • Кадом вазифаи назарияи иқтисодӣ имконияти муайяннамоии бартариҳо ва камбудиҳои шаклҳои гуногуни истеҳсолотро таъмин менамояд

  • Кадоме аз инҳо мувофиқи назарияи маржиналисти ба омилҳои истеҳсолот дохил намешавад

  • Ба воситаҳои меҳнат кадоме аз номбаршудагон дохил намешавад

  • Ба таркиби захираҳои иқтисодӣ кадоме аз инҳо дохил намешавад

  • Ба кадом намуди захираҳои иқтисодӣ заводу фабрикаҳо дохил мешаванд

  • Ба кадом намуди захираҳои иқисодӣ мутахассисони соҳаи биология дохил карда мешавад

  • Маҷмӯи воситаҳои пулие, ки ҷамъият барои истеҳсолот равона месозад ба кадом намуди захираҳои иқтисодӣ дохил мешавад

  • Аз нуқтаи назари истеҳсолот Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом гурӯҳи кишварҳо дохил мешавад

  • назария. +Наз.икт. к-1_микро(точ)2019. Назарияи итисод чиро меомзад


    Скачать 92.32 Kb.
    НазваниеНазарияи итисод чиро меомзад
    Анкорназария
    Дата11.10.2021
    Размер92.32 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла+Наз.икт. к-1_микро(точ)2019.docx
    ТипДокументы
    #245545
    страница1 из 7
      1   2   3   4   5   6   7

    @1.


    Назарияи иқтисодӣ чиро меомӯзад?

    $A) Назарияи иқтисодӣ фанни иқтисодиест, ки муносибатҳои одамонро дар таркиби иқтисодиёт ва хусусиятҳои инкишофи муносибатҳои одамонро меомузад;

    $B) Назарияи иқтисодӣ фанни ҷамъиятиест, ки муносибатҳои одамоноро дар раванди такрористеҳсоли васеъ дар ҳолати маҳдудияти захираҳо ва номаҳдуд будани талаботҳои одамон меомӯзад;

    $C) Назарияи иқтисодӣ фанни заруриест, ки муносибатҳои одамоноро дар раванди истеҳсолот дар ҳолати номаҳдуд будани захираҳо ва маҳдуд будани талаботҳои одамон меомӯзад;

    $D) Назарияи иқтисодӣ илмест, ки дар бораи чи тавр аз тарафи одамон истифода намудани захираҳои маҳдуди истеҳсолиро бо истифода аз бозор, пул, нарх ва сиёсати давлати дар ҳама давру замон меомӯзад;

    $E) Назарияи иқтисодӣ илемст, ки дар бораи чи тавр аз тарафи давлат ва одамон истифода намудани захираҳои таббииро вобаста ба мувозинати маҷмӯи тақозо ва маҷмӯи арза меомӯзад;

    @2.


    Ҳамчун илм назарияи иқтисодӣ чиро меомӯзад?

    $A) қонунҳои иқтисодӣ ва муносибатҳои бозориро;

    $B) истифодаи захираҳои маҳдуди моддиробо мақсади афзун намудани фоиданокии давлат;

    $C) истифодаи захираҳои маҳдуди ғайримоддиро;

    $D) истифодаи захираҳои маҳдудро дар ҳолати талаботҳои номаҳдуд;

    $E) истифодаи канданиҳои фоиданокро дар шароити такрористеҳсоли васеъ бо истифода аз пул ва фоизи қарз;

    @3.


    Мафҳуми калимаи иқтисодиёт (ойкономия) чиро мефаҳмонад?

    $A) калимаи чинӣ буда, маънояш маърифат мебошад;

    $B) калимаи юнонӣ буда, қоидаҳои хоҷагидориро мефаҳмонад;

    $C) калимаи русӣ буда, маънояш хонасозӣ аст;

    $D) калимаи фаронсавӣ буда, маънояш сарфакорӣ аст;

    $E) калимаи ҷопонӣ буда, маънояш пулёбӣ мебошад;

    @4.


    Кадоме аз мафҳумҳои овардашуда ба вазифаҳои назарияи иқтисодӣ дохил намешавад?

    $A) азнавтақсимкунӣ;

    $B) маърифатӣ;

    $C) амалия;

    $D) методологӣ;

    $E) танқидӣ;

    @5.


    Ба усулҳои омӯзиши назарияи иқтисодӣ дохил намешавад?

    $A) усули индуксия;

    $B) усули дедуксия;

    $C) усули риёзӣ;

    $D) усули оморӣ;

    $E) усули молиявӣ;

    @6.


    Кадоме аз инҳоро вобаста ба хусусиятҳои иҷтимоӣ, ба қонунҳои иқтисодӣ дохил намудан мумкин нест?

    $A) қонунҳои махсус;

    $B) қонунҳои хос;

    $C) қонунҳои тағирёбанда;

    $D) қонунҳои умумӣ;

    $E) қонунҳои умумӣ, хос ва махсус;

    @7.

    Кадом қисми назарияи иқтисодӣ, ки проблемаҳои иқисодиро дар сатҳи давлат меомӯзад:;

    $A) мезоиқтисод;

    $B) микроиқтисод;

    $C) макроиқтисод;

    $D) мегаиқтисод;

    $E) метаиқтисод;

    @8.

    Ба объектҳои омӯзиши мегаиқтисод дохил мешавад:;

    $A) тақозою арзаи бозорӣ;

    $B) рушди иқтисодӣ ва бӯҳрони иқтисодӣ;

    $C) музди кор ва фоида;

    $D) содироти сармоя ва қувваи корӣ;

    $E) КАС ва таркиби он;

    @9.

    Кадом қисми назарияи иқисодӣ, ки соҳаҳои алоҳида ва иқтисоди ноҳияҳои кишварро меомӯзад:;

    $A) мезоиқтисод;

    $B) микроиқтисод;

    $C) макроиқтисод;

    $D) мегаиқтисод;

    $E) метаиқтисод;

    @10.

    Мафҳуми иқтисод (ойкономия) аввалин маротиба аз тарафи кӣ истифода шудааст?:;

    $A) Эйнштейн;

    $B) Геспод;

    $C) Арасту;

    $D) Афлотун;

    $E) Суқрот;

    @11.

    Назарияи асосии А. Смитро дар ташаккулёбии илми иқтисод муайян намоед:;

    $A) сарчашмаи ягонаи арзиш меҳнати коргар мебошад, ки асоси даромади синфҳои гуногунро ташкил медиҳад;

    $B) сарчашмаи афзоиши маҳсулот, истеҳсолоти моддӣ дар хоҷагии қишлоқ аст, ки дар он ҳам меҳнат ва ҳам саноат самаранок истифода мешаванд; дар саноат, ки танҳо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ коркард карда мешавад, меҳнат маҳсулнок нест;

    $C) боигарии ҷамъият маҳсулоти истеҳсолшудае мебошад, ки талаботҳои ҷамъиятро қонеъ мегардонад;

    $D) моликияти хусусӣ сарчашмаи пайдоиши истисмор гардида, ба рушди иқтисодӣ халал мерасонад;

    $E) кам кардани дахолати давлат ба иқтисод ва худтанзимшавии бозор дар асоси нархҳои озоди аз тақозою арза вобастабуда;

    @12.


    Ф. Кене, А. Тюрго ва В. Мирабо асосгузорони кадом мактаби иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд?

    $A) мактаби марксизм;

    $B) мактаби меркантелизм;

    $C) мактаби физиократҳо;

    $D) мактаби классикони иқтисоди сиёсӣ;

    $E) мактаби монетаризм;

    @13.

    Дар таърихи афкори ҷамъият аввалин мактаби иқтисодӣ – ин:;

    $A) марксизм;

    $B) меркантелизм;

    $C) физиократҳо;

    $D) классикони иқтисоди сиёсӣ;

    $E) монетаризм;

    @14.

    Намояндагони кадом мактаби иқтисодӣ ақида бар он доштанд, ки арзаю тақозо унсурҳои гуногуншакли механизми бавуҷудории нарх ба ҳисоб мераванд?

    $A) марксизм;

    $B) меркантелизм;

    $C) физиократҳо;

    $D) неоклассикӣ;

    $E) монетаризм;

    @15.

    Кадом мактаби иқтисодӣ боигарии ҷамъиятро дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ махсусан дар истеҳсолоти кишоварзӣ мебинад:;

    $A) мактаби марксизм;

    $B) мактаби меркантелизм;

    $C) мактаби физиократҳо;

    $D) мактаби классикони иқтисоди сиёсӣ;

    $E) мактаби монетаризм;

    @16.

    Ба асосгузори мактаби физиократҳо кадоме аз ин дохил мешавад;

    $A) Ҷ. С. Милл;

    $B) Вилям Петти;

    $C) Ж. Б. Сей;

    $D) Франсуа Кенэ;

    $E) Т. Малтус;

    @17.


    Ба мактаби классикон кадоме аз ин мутафаккирон таалуқ надорад?

    $A) Ҷ. С. Милл;

    $B) Вилям Петти;

    $C) Ж. Б. Сей;

    $D) Т. Малтус;

    $E) Франсуа Кенэ;

    @18.


    Экономикс чи гуна илм аст?

    $A) илмест, ки дар бораи чӣ тавр аз тарафи одамон ва ҷамъият бо мурури замон тавассути пул ва ё бидуни он сарчашмаҳои захираҳои нодири истеҳсолотро интихоб карда, онҳоро бо усули алтернативӣ масраф намуда, барои истеҳсоли молҳои гуногун, тақсиму истеъмоли онҳо дар замони ҳозира ва оянда истифода мебаранд, маълумот медиҳад;

    $B) илми ҷамъиятиест, ки муносибатҳои одамоноро дар раванди такрористеҳсоли васеъ дар ҳолати маҳдудияти захираҳо ва номаҳдуд будани талаботҳои одамон меомӯзад;

    $C) илмест заруриест, ки муносибатҳои одамоноро дар раванди истеҳсолот дар ҳолати номаҳдуд будани захираҳо ва маҳдуд будани талаботҳои одамон меомӯзад;

    $D) илмест, ки дар бораи чи тавр аз тарафи одамон истифода намудани захираҳои маҳдуди истеҳсолиро бо истифода аз бозор, пул, нарх ва сиёсати давлати ҳам дар замони имрӯза ва ҳам дар замони гузашта новобаста аз шакли моликият дар ҳама давру замон меомӯзад;

    $E) илм оиди қонунҳои хоҷагидорӣ мебошад;

    @19.

    Дар назарияи иқтисодӣ ақидаи сиёсати иқтисодие, ки дар маҳдуд кардани воридоти молҳои хориҷӣ ба бозори миллӣ ва ҳавасманд намудани афзоиши содироти мол ба хориҷа, ки боиси инкишофи иқтисодии мамлакат мегадад ба кӣ таалуқ дорад?

    $A) Т. Менн;

    $B) А. Монкретен;

    $C) А. Смит;

    $D) К. Маркс;

    $E) А. Маршал;

    @20.

    Дар назарияи иқтисодӣ кадом аз намояндагони мактабҳои иқтисодӣ ҷамъиятро ба табақаҳои маҳсулдеҳ, бемаҳсул ва соҳибмулкон ҷудо кардааст;

    $A) Франсуа Кенэ;

    $B) Анн Робер, Жак Тюрго;

    $C) Дюпон де Немур;

    $D) Антуан де Монкретен;

    $E) Лаос Валрас;

    @21.

    Муайян намоед, ки ақидаи «Назарияи иқтисодӣ фанни ҷамъиятиест, ки роҳу усулҳои самаранок истифодабарии захираҳои маҳдуди иқтисодиро бо мақсади таъмини талаботи одамон дар ҳолати номаҳдуд будани онҳо меомузад» ба ки таалуқ дорад:;

    $A) Менгер;

    $B) Мактаби Марксистӣ;

    $C) Макконел ва Брю;

    $D) Самуэлсон;

    $E) Ф. Кенэ;

    @22.


    Равияи неоклассикӣ дар шароити имруза инчунин дар кадом қисмҳо омӯхта мешавад?

    $A) монетаризм ва неолиберализм;

    $B) монетаризм ва маржинализм;

    $C) марксизм ва протексионизм;

    $D) институтсионализм ва неоинститутсионализм;

    $E) марксизм ва неоинститутсионализм;

    @23.


    Монетаризм чи гуна назария аст?

    $A) назарияест, ки дар бораи чӣ тавр аз тарафи одамон ва ҷамъият бо мурури замон тавассути пул ва ё бидуни он сарчашмаҳои захираҳои нодири истеҳсолотро интихоб карда, онҳоро бо усули алтернативӣ масраф намуда, барои истеҳсоли молҳои гуногун, тақсиму истеъмоли онҳо дар замони ҳозира ва оянда истифода мебаранд, маълумот медиҳад;

    $B) илми ҷамъиятиест, ки муносибатҳои одамоноро дар раванди такрористеҳсоли васеъ дар ҳолати маҳдудияти захираҳо ва номаҳдуд будани талаботҳои одамон меомӯзад;

    $C) илмест заруриест, ки муносибатҳои одамоноро дар раванди истеҳсолот дар ҳолати номаҳдуд будани захираҳо ва маҳдуд будани талаботҳои одамон меомӯзад;

    $D) илмест, ки дар бораи чи тавр аз тарафи одамон истифода намудани захираҳои маҳдуди истеҳсолиро бо истифода аз бозор, пул, нарх ва сиёсати давлати ҳам дар замони имрӯза ва ҳам дар замони гузашта новобаста аз шакли моликият дар ҳама давру замон меомӯзад;

    $E) назарияест, ки асоси инкишоф ва танзими иқтисодро вобаста ба омилҳои пулӣ шарҳ медиҳад;

    @24.

    Кадом олими иқтисодӣ дар асарҳояш танзими давлатии иқтисоди миллиро тавассути таъсирасонӣ бо миқдори пули барои муомилот зарур ба тавварум, шуғли аҳолӣ ва мувозинати арзаю тақозо пешниҳод намудааст?

    $A) Франсуа Кенэ;

    $B) Ҷ. М. Кейнс;

    $C) Дюпон де Немур;

    $D) Антуан де Монкретен;

    $E) Лаос Валрас;

    @25.

    Предмети тадқиқоти кадом равияи иқтисодӣ соҳаҳои нави таҳлили иқтисодӣ, ба монанди назарияи хароҷоти трансаксионӣ ва назарияи иқтисодии ҳуқуқи моликияти Р. Коуз, назарияи интихоби иҷтимоии Ҷ. Бюкенин ва ғайраҳо ба ҳисоб меравад?

    $A) мактаби марксизм;

    $B) мактаби меркантелизм;

    $C) мактаби институтсионалистӣ;

    $D) мактаби классикони иқтисоди сиёсӣ;

    $E) мактаби монетаризм;

    @26.


    Қонунҳои иқтисодӣ чист?

    $A) фаҳмишҳои нисбатан умумиест, ки бо ёрии онҳо тарафҳои алоҳидаи муносибатҳои истеҳсолӣ омӯхта мешаванд;

    $B) робитаҳои доимӣ, устувор, ҳамешатакроршаванда ва аз якдигар вобастаи байни ҳодисаҳои иқтисодӣ мебошад;

    $C) меъёрҳои ҳуқуқиест ки аз тарафи давлат таҳия ва пешниҳод гардидааст;

    $D) фаҳмишҳои нисбатан умумиест, ки бо ёрии онҳо тарафҳои алоҳидаи муносибатҳои истеҳсолӣ омӯхта намешаванд;

    $E) қонунҳои табии мебошанд;

    @27.


    Мафҳумҳои иқтисодӣ чист?

    $A) фаҳмишҳои нисбатан умумиест, ки бо ёрии онҳо тарафҳои алоҳидаи муносибатҳои истеҳсолӣ омӯхта мешаванд;

    $B) робитаҳои доимӣ, устувор, ҳамешатакроршаванда ва аз якдигар вобастаи байни ҳодисаҳои иқтисодӣ мебошад;

    $C) робитаҳои доимӣ, устувор, ҳамешатакрорнашаванда ва аз якдигар вобаста набудаи байни ҳодисаҳои иқтисодӣ мебошад;

    $D) маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятиест, ки дар тамоми давраҳои инкишо ҷамъият ба вуҷуд меоянд;

    $E) мафҳумҳоест, ки бо истифода аз он бозор, пул, нарх ва сиёсати давлатиро ҳам дар замони имрӯза ва ҳам дар замони гузашта новобаста аз шакли моликият меомӯзанд ;

    @28.


    Кадом вазифаи назарияи иқтисодӣ имконияти муайяннамоии бартариҳо ва камбудиҳои шаклҳои гуногуни истеҳсолотро таъмин менамояд?

    $A) ояндабинӣ;

    $B) маърифатӣ;

    $C) амалия;

    $D) методологӣ;

    $E) танқидӣ;

    @29.

    Кадом услуби назарияи иқтисодӣ баръакси услуби индуксия имкон медиҳад, ки таҳлили ҳодиса аз назария оғоз ёфта, минбаъд он бо факту рақамҳо мустаҳкам карда шавад ?

    $A) абстраксияи илмӣ;

    $B) риёзиёт;

    $C) таҳлил ва синтез;

    $D) дедуксия;

    $E) таҷриба;

    @30.

    Агар дар нархи мол тамоюли пастравӣ дида шавад он гоҳ:

    $A) каҳхаттаи тақозо ба самти чап ба боло ҳаракат мекунад;

    $B) каҳхаттаи тақозо ба самти рост ва поён ҳаракат мекунад;

    $C) каҷхаттаи тақозо бетағйир мемонад;

    $D) афзоиши ҳаҷми тақозо ба назар мерасад;

    $E) ба моли мазкур камшавии ҳаҷми талабот ба назар мерасад;

    @31.

    Истеҳсолот ин:;

    $A) раванди ба вуҷуд овардани неъматҳои ғайримоддӣ дар тамоми давраҳои инкишофи ҷамъият мебошад;

    $B) раванди ба вуҷуд овардани неъматҳои моддӣ бо истифодаи техника ва ашёи хом мебошад;

    $C) рафти таъсиррасонии инсон ба табиат бо мақсади бавуҷудории нематҳои моддӣ ва хизматҳо мебошад, ки барои тараққиёти ҷамъият заруранд;

    $D) кӯшиши инсон барои ба даст овардани даромад, фоида ва музди кор, ки барои тараққиёти ҷамъият заруранд;

    $E) раванди ба вуҷуд овардани неъматҳои ғайримоддӣ дар низоми иқтисоди бозорӣ мебошад;

    @32.

    Истеҳсолотро вобаста ба таъиноти маҳсулоти тавлидшуда ба шаклҳои зерин ҷудо мекунанд;

    $A) истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот ва предметҳои истеъмолӣ;

    $B) истеҳсоли молҳои қиммат ва арзон;

    $C) истеҳсоли молҳои нав ва кӯҳна;

    $D) истеҳсоли молҳои хӯрока ва пӯшока;

    $E) истеҳсоли молҳои дӯконӣ ва бозорӣ;

    @33.


    Кадоме аз инҳо мувофиқи назарияи маржиналисти ба омилҳои истеҳсолот дохил намешавад?

    $A) замин;

    $B) меҳнат;

    $C) сармоя;

    $D) молия;

    $E) фаъолияти соҳибкорӣ;

    @34.

    Мувофиқи назарияи мактаби марксистӣ ба омилҳои истеҳсолот дохил мешавад:;

    $A) омилҳои моддӣ ва маънавӣ;

    $B) омилҳои моддӣ ва шахсӣ;

    $C) омилҳои маънавӣ ва шахсӣ;

    $D) омилҳои замин ва сармоя;

    $E) омилҳои мусбӣ ва манфӣ;

    @35.

    Дар назарияи иқтисодӣ амалиёти бошуурона ва мақсадноки одамон, ки тавассути он неъматҳоро ба даст оварда талаботҳои худро қонеъ мегардонад – ин:;

    $A) меҳнат;

    $B) предмети меҳнат;

    $C) воситаи меҳнат;

    $D) воситаи истеҳсолот;

    $E) музди кор;

    @36.

    Асосан чизҳое, ки меҳнати инсон бевосита ба он равона шудааст – ин:;

    $A) меҳнат;

    $B) предмети меҳнат;

    $C) воситаи меҳнат;

    $D) воситаи истеҳсолот;

    $E) музди кор;

    @37.

    Дар назарияи иқтисодӣ якҷояшавии воситаҳои меҳнат ва предметҳои меҳнат – ин:;

    $A) меҳнат;

    $B) предмети меҳнат;

    $C) воситаи меҳнат;

    $D) воситаи истеҳсолот;

    $E) меҳнати абстрактивӣ;

    @38.

    Чизҳое, ки тавассути он одамон ба предметҳои меҳнат таъсир расонида неъматҳову маҳсулотҳо тавлид мекунанд – ин:;

    $A) меҳнат;

    $B) предмети меҳнат;

    $C) воситаи меҳнат;

    $D) воситаи истеҳсолот;

    $E) меҳнати абстрактивӣ;

    @39.


    Ба воситаҳои меҳнат кадоме аз номбаршудагон дохил намешавад?

    $A) замин;

    $B) дастгоҳ;

    $C) арра;

    $D) мошин;

    $E) теша;

    @40.


    Ба предметҳои меҳнат кадоме аз номбаршудагон дохил мешавад?

    $A) замин;

    $B) дастгоҳ;

    $C) пул;

    $D) техникаҳои истеҳсолӣ;

    $E) қувваи корӣ;

    @41.


    Ба таркиби захираҳои иқтисодӣ кадоме аз инҳо дохил намешавад?

    $A) захираҳои моддӣ;

    $B) захираҳои меҳнатӣ;

    $C) захираҳои байналхалқӣ;

    $D) захираҳои табиӣ;

    $E) захираҳои молиявӣ;

    @42.


    Ба кадом намуди захираҳои иқтисодӣ заводу фабрикаҳо дохил мешаванд?

    $A) захираҳои моддӣ;

    $B) захираҳои меҳнатӣ;

    $C) захираҳои байналхалқӣ;

    $D) захираҳои табиӣ;

    $E) захираҳои молиявӣ;

    @43.


    Ба кадом намуди захираҳои иқисодӣ мутахассисони соҳаи биология дохил карда мешавад?

    $A) захираҳои табиӣ;

    $B) захираҳои меҳнатӣ;

    $C) захираҳои байналхалқӣ;

    $D) захираҳои моддӣ;

    $E) захираҳои молиявӣ;

    @44.

    Тарафҳои истеҳсолоти ҷамъиятиро муайян намоед:;

    $A) қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ;

    $B) қувваҳои истеҳсолкунанда ва воситаҳои истеҳсолот;

    $C) қувваҳои истеҳсолкунанда ва ҳукумат;

    $D) қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои ҷамъиятӣ;

    $E) муносибатҳои истеҳсолӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ;

    @45.


    Маҷмӯи воситаҳои пулие, ки ҷамъият барои истеҳсолот равона месозад ба кадом намуди захираҳои иқтисодӣ дохил мешавад?

    $A) захираҳои табиӣ;

    $B) захираҳои меҳнатӣ;

    $C) захираҳои байналхалқӣ;

    $D) захираҳои иттилоотӣ;

    $E) захираҳои молиявӣ;

    @46.


    Аз нуқтаи назари истеҳсолот Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом гурӯҳи кишварҳо дохил мешавад?

    $A) индустриалӣ;

    $B) хизматрасонӣ;

    $C) саноатӣ;

    $D) кишоварзӣ;

    $E) технологӣ;

    @47.

    Таркиби истеҳсолот тибқи ақидаи К. Маркс иборат аст, аз:;

    $A) моддӣ, ғайримоддӣ;

    $B) моддӣ, ғайримоддӣ ва хизматҳо;

    $C) ғайримоддӣ ва хизматҳо;

    $D) моддӣ ва хизматҳо;

    $E) моддӣ ва маънавӣ;

    @48.

    Ба давраҳои ҳаракати маҳсулоти ҷамъиятӣ кадоме аз инҳо хос нест:;

    $A) мубодила;

    $B) истеҳсол;

    $C) тақсимот;

    $D) ҷамъоварӣ;

    $E) истеъмол;

    @49.

    Кадом шакли истеҳсолот фаъолияти тавлидгарии ҳамон соҳаҳоеро дар бар мегирад, ки дар онҳо неъматҳо ва хизматҳо тавлид карда мешавад;

    $A) истеҳсолоти моддӣ;

    $B) истеҳсолоти ғайримоддӣ;

    $C) истеҳсолоти хадамотӣ;

    $D) истеҳсолоти маънавӣ;

    $E) истеҳсолоти самарабахш;

    @50.

      1   2   3   4   5   6   7


    написать администратору сайта