Главная страница

назария. +Наз.икт. к-1_микро(точ)2019. Назарияи итисод чиро меомзад


Скачать 92.32 Kb.
НазваниеНазарияи итисод чиро меомзад
Анкорназария
Дата11.10.2021
Размер92.32 Kb.
Формат файлаdocx
Имя файла+Наз.икт. к-1_микро(точ)2019.docx
ТипДокументы
#245545
страница2 из 7
1   2   3   4   5   6   7

Якҷояшавии воситаҳои истеҳсолот ва қувваи кориро чӣ меноманд?

$A) қувваҳои истеҳсолкунанда;

$B) истеҳсолоти моддию маънавӣ;

$C) муносибатҳои истеҳсолӣ;

$D) давраҳои ҳаракати маҳсулоти ҷамъиятӣ;

$E) одамони меҳнаткаш;

@51.

Ба унсурҳои асосии раванди меҳнат дохил намешавад:;

$A) ашёи меҳнат;

$B) олоти меҳнат;

$C) предметҳои меҳнат;

$D) воситаҳои меҳнат;

$E) натиҷаи меҳнат;

@52.

Талабот ин:;

$A) маҷмуи мол ва хизматҳое мебошад, ки ба бозор барои фурӯш пешниҳод гардидааст;

$B) рафти таъсиррасонии инсон ба табиат бо мақсади бавуҷудории нематҳои моддӣ ва хизматҳо мебошад, ки барои тараққиёти ҷамъият заруранд;

$C) кӯшиши инсон барои ба даст овардани даромад, фоида ва музди кор, ки барои тараққиёти ҷамъият заруранд;

$D) раванди ба вуҷуд овардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ дар низоми иқтисоди бозорӣ мебошад;

$E) ин эҳтиёҷи фарди алоҳида, гурӯҳи иҷтимоӣ ё ҷамият ба пуррагӣ ба ягон чизе мебошад, ки барои нигоҳдории фаолияти зист зарур аст;

@53.

Дар зери мафҳуми захираҳои иқтисодӣ:;

$A) рафти таъсиррасонии инсон ба табиат бо мақсади бавуҷудории нематҳои моддӣ ва хизматҳо мебошад, ки барои тараққиёти ҷамъият заруранд;

$B) тамоми мол ва хизматҳое мебошад, ки дар ҳамчун ашёи хом дар раванди истеҳсолот истифода мешавад;

$C) маҷмӯи унсурҳои гуногуни истеҳсолот мебошад, ки дар ҷараёни тайёр намудани неъматҳои моддӣ ва маънавӣ истифода карда мешавад;

$D) тамоми канданиҳои фоиданокдар шакли баҳодиҳии молиявӣ фаҳмида мешавад;

$E) чизҳоест, ки барои инсон заруранд;

@54.

Мақсади асосии истеҳсолот дар ҳамаи давру замон ин:;

$A) моли истеҳсолшударо фурухта, пул кор кардан;

$B) тиҷорат намудан;

$C) пешрафти иктисодиёти давлат;

$D) қонеъсозии талаботҳо;

$E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@55.


Кадоме аз инҳо ба таркиби захираҳои иқтисодӣ дохил намешавад?

$A) захираҳои моддӣ;

$B) захираҳои байналхалқӣ;

$C) захираҳои меҳнатӣ;

$D) захираҳои иттилоотӣ;

$E) захираҳои молиявӣ;

@56.

Мафҳуми иқтисодии моликиятро муайян намоед:;

$A) ҳуқуқи дарихтиёрдорӣ ва самаранокии неъматҳо;

$B) ҳуқуқи самаранокӣ ва манфиатдории объектҳо;

$C) ҳуқуқи соҳибӣ, истифодабарӣ ва дарихтиёрдории амвол;

$D) ҳуқуқи дарихтиёрдорӣ, манфиатнокӣ ва самаранокии неъматҳо;

$E) ҳуқуқи манфиатдорӣ, соҳибӣ ва истифодабарӣ;

@57.


Мафҳуми моликият аввалин маротиба дар кодекси кадом император дарҷ гардидааст?

$A) Юстиниана;

$B) Сезар;

$C) Екатерина;

$D) И. Мақдунӣ;

$E) Петри I;

@58.

Мувофиқи ақидаи олимони Ғарб моликият – ин:;

$A) муносибати ҷамъият нисбат ба воситаҳо;

$B) ҳуқуқи самаранокӣ ва манфиатдории объектҳо;

$C) ҳуқуқи соҳибӣ, истифодабарӣ;

$D) муносибати инсон нисбат ба чиз;

$E) ҳуқуқи манфиатдорӣ, соҳибӣ ва истифодабарӣ;

@59.

Дар назарияи иқтисодӣ муносибатҳои моликият ин:;

$A) муносибати ҷамъият нисбат ба воситаҳо;

$B) муносибати объективию субъективӣ;

$C) муносибати инсон нисбат ба чиз;

$D) ҳуқуқи самаранокӣ ва манфиатдории объектҳо;

$E) ҳуқуқи соҳибӣ, истифодабарӣ;

@60.


Ба сифати объекти моликият кадоме аз инҳо баромад намекунад?

$A) шароитҳои моддии истеҳсолот;

$B) муноқишаҳои раванди истеҳсолот;

$C) неъматҳои моддӣ;

$D) воситаҳои истеҳсолот;

$E) предметҳои истеъмолӣ;

@61.


Ба сифати субъекти моликият кадоме аз инҳо баромад намекунад?

$A) воситаҳои истеҳсолот;

$B) инсон;

$C) ассотсиатсияҳо;

$D) коллективҳои меҳнатӣ;

$E) намояндагони давлат;

@62.


Ба сифати роҳҳои пайдо намудани ҳуқуқи моликият кадоме аз инҳо дохил намешавад?

$A) дар асоси зӯроварӣ;

$B) дар асоси розигӣ;

$C) дар асоси хариду фурӯш;

$D) дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ;

$E) дар асоси қаллобӣ;

@63.


Ба объекти моликияти хусусӣ кадоме аз инҳо инҳо дохил намешаванд?

$A) хоҷагиҳои хонагӣ;

$B) корхонаҳои хусусии расмӣ;

$C) боигарии қишри замин;

$D) корхонаҳои хусусии ғайрирасмӣ;

$E) ҳамаи намудҳои молу мулки хусусӣ ва ё пасандозҳои шахсӣ;

@64.


Кадом шакли низоми иқтисодӣ дар мояи анъанаҳои таърихӣ, миллӣ ва урфу одатҳои қавмҳои гуногун ба роҳ монда мешавад?

$A) иқтисоди суннатӣ;

$B) иқтисодӣ омехта;

$C) иқтисоди бозорӣ;

$D) иқтисоди амрӣ;

$E) иқтисоди фармон-фармоӣ;

@65.


Р. Коуз чанд унсурҳои ҳуқуқи моликиятро муайян намудааст?

$A) 11 унсури «дастаи ҳуқуқ»;

$B) 3 унсури «дастаи ҳуқуқ»;

$C) 2 унсури «дастаи ҳуқуқ»;

$D) 3 дастаи ҳуқуқи моликият;

$E) 2 дастаи ҳуқуқи моликият;

@66.


Ба унсурҳои ҳуқуқи моликият, ки Р. Коуз пешниҳод намудааст, дохил намешавад?

$A) ҳуқуқи идоракунӣ;

$B) ҳуқуқи гирифтани даромад;

$C) ҳуқуқ ба бехатарӣ;

$D) ҳуқуқи истифода;

$E) ҳуқуқи мерос нагузоштан;

@67.

Ҳуқуқи назорати захираҳои иқтисодӣ ва неъматҳо аз тарафи шахсон ва ё гурӯҳи одамон – ин:;

$A) моликияти давлатӣ;

$B) моликияти хусусӣ;

$C) моликияти коллективӣ;

$D) моликияти зеҳнӣ;

$E) молкияти омехта;

@68.

Дар назарияи иқтисодӣ моликияти хусусиро ба шаклҳои зерин ҷудо мекунанд:;

$A) моликияти хусусии содда ва мураккаб;

$B) моликияти хусусии ғайриқонунӣ ва ғайримеҳнатӣ;

$C) моликияти хусусии қонунӣ ва меҳнатӣ;

$D) моликияти хусусии меҳнатӣ ва ғайримеҳнатӣ;

$E) моликияти хусусии меҳнатӣ ва компютерӣ;

@69.

Ҳуқуқи назорати захираҳои иқисодӣ ва неъматҳо аз тарафи мақомотҳои ҳокимияти маҳаллӣ – ин:;

$A) моликияти давлатӣ;

$B) моликияти хусусӣ;

$C) моликияти мунисипалӣ;

$D) моликияти зеҳнӣ;

$E) моликияти омехта;

@70.


Ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба кадом шакли моликият дохил мешавад?

$A) моликияти давлатӣ;

$B) моликияти хусусӣ;

$C) моликияти мунисипалӣ;

$D) моликияти зеҳнӣ;

$E) моликияти коллективӣ;

@71.


Ба объекти моликияти зеҳнӣ дохил карда намешавад?

$A) илм;

$B) Ноу-Хау;

$C) таблиғ;

$D) номи фирмавӣ;

$E) барномаҳои компютерӣ;

@72.


Дар назарияи иқтисодӣ кадоме аз ин низомҳои иқтисодӣ ҳамчун капитализми муосир ҳисобида мешавад?

$A) иқтисоди суннатӣ;

$B) иқтисодӣ омехта;

$C) иқтисоди бозорӣ;

$D) иқтисоди амрӣ;

$E) иқтисоди фармон-фармоӣ;

@73.

Мавриде, ки қарорҳои иқтисодӣ аз тарафи худи субъектҳои иқтисодӣ қабул гардад, пас сухан дар бораи кадом намуди низоми иқтисодӣ меравад?

$A) иқтисоди бозорӣ;

$B) иқтисоди анъанавӣ;

$C) иқтисоди суннатӣ;

$D) иқтисоди амрӣ;

$E) иқтисоди фармон-фармоӣ;

@74.

Дар ҳолате, ки иқтисодиёти кишвар, ки дар раванди гузариш аз як низоми иқисодӣ ба низоми дигари иқисодӣ қарор дошта бошад, пас ин ҳолат чӣ ном дорад?

$A) иқтисоди бозорӣ;

$B) иқтисоди анъанавӣ;

$C) иқтисоди суннатӣ;

$D) иқтисоди даргузар;

$E) иқтисоди фармон-фармоӣ;

@75.


Ба усулҳои ғайридавлатигардонии моликият ҳисобида намешавад?

$A) харидани корхонаҳои давлатӣ аз тарафи коллективҳои меҳнатӣ;

$B) фурӯхтани моликияти давлатӣ тавассути музояда (ауксион);

$C) харидани корхонаҳои давлатӣ, ки ба иҷора дода шудаанд;

$D) табдил додани корхонаҳои давлатӣ ба ҷамъиятҳои саҳомӣ;

$E) харидани корхонаҳои давлатӣ аз коллективҳои меҳнатӣ;

@76.


Дар шароити низоми иқтисоди бозорӣ кадоме аз ин шаклҳои моликият хос нест?

$A) моликияти хусусӣ;

$B) моликияти хориҷӣ;

$C) моликияти муштарак;

$D) моликияти давлатӣ;

$E) моликияти коллективӣ;

@77.

Дар назарияи иқтисодӣ кадом шакли низоми иқтисодӣ дар асоси гуногуншаклии моликият ва мустақилияти иқтисодӣ асос меёбад:;

$A) низоми иқтисоди бозорӣ;

$B) низоми иқтисоди амрӣ;

$C) низоми иқтисоди суннатӣ;

$D) низоми иқтисоди омехта;

$E) низоми иқтисоди амрӣ-фармонфармоӣ;

@78.

Низоми муносибатҳои иқтисодии ҷамъиятро дар пайвастагӣ бо қувваҳои истеҳсолӣ ва бо идоракунии иқтисодиёти ҷамъият чӣ меноманд;

$A) моликияти давлатӣ;

$B) нархи мувозинатӣ;

$C) низоми иқтисодӣ;

$D) моликияти коллективӣ;

$E) унсурҳои иқтисодӣ;

@79.

Ба дараҷаи инкишофу ташаккули низомҳои иқтисодӣ кадоме аз ин омилҳо наметавонад таъсир расонад;

$A) омилҳои иҷтимоию маданӣ;

$B) омилҳои самарабахш;

$C) омилҳои истеҳсолию иқтисодӣ;

$D) омилҳои инсонӣ;

$E) омилҳои табиӣ;

@80.

Дар асоси кадом принсип моликияти хусусӣ ба роҳ монда мешавад:;

$A) озодии комил;

$B) кафолати мутлақи ҳуқуқ барои фаъолият;

$C) бехатарию дастгирӣ;

$D) ҳавасмандкунонии сармоягузорӣ;

$E) ҳамаи принсипҳои номбаршуда;

@81.


Хоҷагидории ҷамъиятӣ ба кадом шаклҳо ҷудо мешавад?

$A) хоҷагидории молӣ ва ғайримолӣ;

$B) хоҷагидории натуралӣ ва молӣ;

$C) хоҷагидории инфиродӣ ва коллективӣ;

$D) хоҷагидории хонагӣ (оилавӣ) ва давлатӣ;

$E) хоҷагидории натуралӣ ва табиӣ;

@82.

Ба заминаи асосии ба вуҷуд омадани хоҷагидории молӣ дохил мешавад:;

$A) пайдо шудани моли махсус;

$B) ба миён омадани шикор ва моҳидорӣ;

$C) тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва мустақалияти молистеҳсолкунанда;

$D) ба миён омадани пулҳои қоғазӣ;

$E) тақсимоти замин;

@83.

Мол – ин:;

$A) моли махсус, ки роли эквиваленти умумиро мебозад;

$B) неъматест, ки табиат ба мо медиҳад;

$C) маҳсулотест, ки танҳо аз мағоза харидорӣ мешавад;

$D) маҳсулотест, ки барои мубодила ва қонеъ гардонидани талаботи дигарон пешниҳод мешавад;

$E) чизест, ки тавассути пул харидорӣ мешавад;

@84.


Мол кадом хусусиятҳоро дорост?

$A) арзиши истеъмолӣ ва арзиши мубодилавӣ;

$B) арзиш ва нарх;

$C) истеҳсолшаванда ва истеъмолшаванда;

$D) истеҳсолот ва истеъмолот;

$E) қонеъ гардонидани талабот ва даромад овардан;

@85.

Меҳнати зарурии ҷамъиятӣ, ки дар мол таҷассум меёбад – ин:;

$A) мол ба ҳисоб меравад;

$B) нарх аст;

$C) пул меноманд;

$D) ҳамчун маҳсулот сурат мегирад;

$E) арзиш аст;

@86.


Назарияи арзиш аввалин маротиба аз тарафи кӣ пешниҳод гардидааст?

$A) Ф. Энгелс;

$B) А. Смит;

$C) В. Петтӣ;

$D) Ф. Аквински;

$E) П. Самуелсон;

@87.

Дар ҳолате, ки барои истеҳсоли мол, маҷмӯи меҳнати ҷисмонӣ ва фикрӣ масраф гардад, пас сухан дар бораи кадом намуди меҳнат меравад?

$A) меҳнати ҳосилнок;

$B) меҳнати шиддатнок;

$C) меҳнати конкретӣ;

$D) меҳнати абстрактивӣ;

$E) меҳнати ҷамъиятӣ;

@88.


Таносуби ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшударо вобаста ба воҳиди вақти сарфшуда чӣ меноманд?

$A) ҳосилнокии меҳнат;

$B) шиддатнокии меҳнат;

$C) меҳнати конкретӣ;

$D) меҳнати абстрактивӣ;

$E) меҳнати ҷамъиятӣ;

@89.

Дар назарияи иқтисодӣ ҳосилнокии меҳнат гуфта:;

$A) меҳнати бошиддатро меноманд;

$B) истеҳсоли дастиро меноманд;

$C) тавлиди молро дар мамлакат меноманд;

$D) таносуби ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшударо вобаста ба воҳиди вақти сарфшуда;

$E) сарфи маҳсулотро дар як воҳиди вақт меноманд;

@90.

Ифодаи пулии арзиши мол – ин:;

$A) мол;

$B) арзиш;

$C) пул;

$D) маҳсулот;

$E) нарх;

@91.

Кадом назария пайдоиши пулро ҳамчун натиҷаи қарордоди байни одамон меҳисобиданд:;

$A) таҳаввулотӣ;

$B) рафтори молӣ;

$C) натуралӣ;

$D) ратсионалистӣ;

$E) умумӣ;

@92.

Чизҳое, ки ягон талаботи инсонро қонеъ мегардонанд ин:;

$A) мол;

$B) арзиш;

$C) неъмат;

$D) пул;

$E) маҳсулот;

@93.


Ба зинаҳои пайдоиши пул дохил намешавад?

$A) зинаи ташаккулёфтаи арзиш;

$B) зинаи нодирии арзиш;

$C) зинаи соддаи арзиш;

$D) зинаи мукаммали арзиш;

$E) зинаи сода ва мукаммали арзиш;

@94.


Пулҳои қоғазӣ аввалин маротиба кай ва дар куҷо пайдо шудаанд?

$A) асри V дар Ҷопон;

$B) асри VIII дар Юнон;

$C) асри IX дар Юнон;

$D) асри XII дар Хитой;

$E) асри X дар Рим;

@95.


Ба вазифаи пул кадоме аз инҳо дохил намешавад?

$A) пулҳои ҷаҳонӣ;

$B) воситаи ғункунӣ;

$C) воситаи сарфакунӣ;

$D) воситаи пардохт;

$E) воситаи муомилот;

@96.


Воҳиди пули ҷаҳониро кадоме аз инҳо ташкил медиҳад?

$A) доллари амрикоӣ;

$B) евро;

$C) фунт стерлинг;

$D) юани чинӣ;

$E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;

@97.


Ба вазифаҳои нарх кадоме аз инҳо дохил намешавад?

$A) танзимкунӣ;

$B) озодии иқтисодӣ;

$C) ҳавасмандкунӣ;

$D) азнавтақсимкунӣ;

$E) мувозинати арзаю тақозо;

@98.


Дар кишвари мо нархи қувваи барқ ба кадом намуди нархҳо дохил мешавад?

$A) нархи шартномавӣ;

$B) нархи психологӣ;

$C) нархи давлатӣ;

$D) нархи танзимшаванда;

$E) нархи мавсимӣ;

@99.

Амалишавӣ ва тағирёбии нархи бозорӣ дар асоси ҳавасмандии харидору фурӯшанда, ки бидуни субъекти маҷбуркунанда, қарор қабул мекунанд – ин:;

$A) дараҷаи нарх;

$B) нархи мувозин;

$C) нархи шартномавӣ;

$D) механизми нарх;

$E) тағироти нарх;

@100.


Муайян намоед, ки маҳсули кадом шакли хоҷагии ҷамъиятӣ танҳо барои истеъмоли истеҳсолкунанда метавонад кифоя бошаду бас?

$A) хоҷагии бозорӣ;

$B) хоҷагии давлатӣ;

$C) хоҷагии фармонфармоӣ;

$D) хоҷагии суннатӣ;

$E) хоҷагии натуралӣ;

@101.

Кадом хусусияти мол дар таносуби муайяни миқдорӣ бо молҳои дигар бояд иваз шуда тавонад:;

$A) арзиши истеъмолӣ;

$B) арзиши мубодилавӣ;

$C) арзиши таносубӣ;

$D) арзиши миёна;

$E) арзиши пулӣ;

@102.

Кадом хусусияти мол асосан манфиятнокии неъматҳо ва хусусияти хоси онҳоро, ки қодир аст ин ё он ниёзу эҳтиёҷи мардумро қонеъ гардонад мефаҳмонад:;

$A) арзиши истеъмолӣ;

$B) арзиши мубодилавӣ;

$C) арзиши таносубӣ;

$D) арзиши миёна;

$E) арзиши пулӣ;

@103.


Дар амалияи ҷамъиятӣ кадом вазифаи пул дар шакли пули ҳақиқӣ баромад карда, аз хизматрасонӣ ба муомилотро ифода мекунад?

$A) ченаки арзиш;

$B) воситаи муомилот;

$C) воситаи андӯхт;

$D) воситаи пардохт;

$E) пулҳои ҷаҳонӣ;

@104.


Оиди ташаккули нарх дар шароити ҳозира кадом равияҳоро истифода менамоянд?

$A) равияи доимӣ ва таъғирёбанда;

$B) равияи тавлидотӣ ва таклифотӣ;

$C) равияи тақозова арза;

$D) равияи нархи ва пулӣ;

$E) равияи бозорӣ ва тавлидотӣ;

@105.

Намояндагони кадом мактаби иқтисодӣ ақида бар он доранд, ки нархи мол бо манфиатнокии он ва баҳои инфиродии харидор муайян мегардад?

$A) классикӣ;

$B) марксистӣ;

$C) неоклассикӣ;

$D) кейнсионӣ;

$E) маржиналистӣ;

@106.

Кадом шакли нарх бидуни дахолати мақомоти давлатӣ дар асоси таъсиррасонии мутақобилаи тақозо ва арзаи молҳо дар муҳити рақобатӣ ба вуҷуд меоянд?

$A) нархҳои озод;

$B) нархҳои танзимшаванда;

$C) нархҳои тақозо;

$D) нархҳои арза;

$E) нархҳои музоядавӣ;

@107.

Ақидаи «Бозор ҷоест, ки дар онҷо муносибати харидорону фурӯшандагон озод буда, нархҳо озод ва зуд муқаррар мешаванд» ба кӣ тааллуқ дорад?

$A) О. Курно;

$B) Р. Коуз;

$C) А. Орлов;

$D) В. Леонтев;

$E) А. Монкретен;

@108.


Муайян намоед, ки кадоме аз инҳо аз мафҳуми бозор шаҳодат намедиҳанд?

$A) ҷои фурӯши чакана, майдони бозорӣ;

$B) ҷое, ки фақат фурӯшандагон ҳузур доранд;

$C) ҷои хариду фурӯш;

$D) маҷмӯи муносибатҳо оиди хариду фурӯш;

$E) ҷое, ки харидору фурӯшанда ҳамдигарро меёбанд;

@109.

Муносибати иқтисодии байни истеҳсолкунандаю истеъмолкунанда оиди ҳаракати натиҷаи меҳнат, ки на барои истеъмоли шахсӣ, балки барои истеъмоли ҷамъиятӣ пешниҳод мешавад – ин:;

$A) харид;

$B) фурӯш;

$C) қарздиҳӣ;

$D) мубодила;

$E) муомилот;

@110.

Қонуни тақозои бозорӣ дорои вобастагиест, ки:

$A) тағирёбии шароити истеъмолкунандаро инкос мекунад;

$B) тағирёбии омилҳои тақозоро нишон медиҳад;

$C) вобастагии байни ҳаҳми тақозо ба мол ва нархи моли мазкурро ифода мекунад;

$D) вобастагии омилҳои истеҳсолотро инкос мекунад;

$E) вобастагии тақозоро танҳо дар омилҳои ғайринархӣ нишон медиҳад;

@111.

Муносибати миёнаравии фаъолияти одамон, ки дар самти хариду фурӯш сурат мегирад – ин:;

$A) хизматрасонии холдингӣ;

$B) хизматрасонии тиҷоратӣ;

$C) хизматрасонии миёнаравӣ;

$D) хизматрасонии истеъмолӣ;

$E) хизматрасонии истеҳсолӣ;

@112.

1   2   3   4   5   6   7


написать администратору сайта