назария. +Наз.икт. к-1_микро(точ)2019. Назарияи итисод чиро меомзад
Скачать 92.32 Kb.
|
Шарти якуми гирифтани фоидаи максималии фирма, бояд чӣ гуна бошад? $A) бояд маблағҳои ниҳоии бадастомада ба хароҷотҳои ниҳоӣ баробар бошанд; $B) бояд маблағҳои ниҳоии бадастомада аз хароҷотҳои ниҳоӣ зиёд бошанд; $C) бояд суммаи ҳамаи даромадҳо ва суммаи ҳамаи хароҷотҳо ба ҳамдигар баробар бошанд; $D) бояд суммаи даромадҳо аз суммаи хароҷотҳо зиёд бошанд; $E) хароҷотҳои ниҳоӣ паст шуда фоида зиёд мешавад; @283. Тавассути кадом унсурҳо азхудкунии фоидаи монополӣ амалӣ гардонида мешавад: $A) нархи монополӣ, буҷаи давлатӣ ва низоми молиявӣ; $B) нархи монополӣ ва кам кардани арза; $C) зиёд кардани арза ва баланд бардоштани нарх; $D) афзоиш додани тақозо; $E) маҳдудкунии фаъолияти рақибон; @284. Мафҳуми даромади корхона ин: $A) суммаи маблағҳои пулиест, ки корхона дар як муддати муайяни вақт ба даст меорад; $B) маҷмӯи воситаҳоест, ки корхона онро соҳибӣ мекунад; $C) маҷмӯи молу хизматҳоест, ки ба бозор пешниҳод шудааст; $D) маҷмӯи маблағҳоест, ки аз фурӯши саҳмияҳо ба даст омадааст; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд; @285. Кадом омилҳо ба ҷараёни ташаккулёбии нобаробарии даромад таъсир мерасонанд: $A) меросхӯрӣ; $B) хусусигардонии моликият; $C) самти ғайриқонунии даромад; $D) аз нав тақсим кардани даромад ба манфиати сарватмандон; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд; @286. Суммаи маблағе, ки коргар ба ивази меҳнат ва адои хизмат мегирад - ин: $A) тӯҳфа аз тарафи корхона аст; $B) музди кор аст; $C) нафақа аст; $D) мукофотпулӣ аст; $E) маблағи яквақта барои дастгирии молиявии коргар аст; @287. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди ақали музди кор аз ҷониби ки муайян карда мешавад:; $A) Вазорати меҳнат; $B) Бонки миллӣ; $C) Ҳукумат; $D) Маҷлиси олӣ; $E) Президент; @288. Дар ҶТ ҳадди ақали музди кор чанд сомониро ташкил медиҳад:; $A) 400-сомонӣ; $B) 350-сомонӣ; $C) 180-сомонӣ; $D) 500-сомонӣ; $E) 250-сомонӣ; @289. Ставкаи таруфа ин: $A) ҳуҷҷатест, ки тибқи он ҳаққи меҳнат аз рӯи воҳидҳои вақт муайян карда мешавад; $B) ҳуҷҷатест, ки таносуби андозаи музди корро вобаста ба ихтисос ва мураккабии кор муайян мекунад; $C) нормаи муайянест, ки вобаста ба он музди кор муқаррар карда мешавад; $D) дар худ разрядҳои таруфаи ҳар як касбу ихтисосро дар бар мегирад; $E) ҳуҷҷатест, ки дар он маълумоти мухтасар оиди корҳои иҷрошаванда оварда шудааст; @290. Дар назарияи иқтисодӣ музде, ки ба коргар мувофиқи вақти кори иҷронамуда ва дараҷаи тахассуснокӣ дода мешавад - ин:; $A) музди кори прогрессивӣ мебошад; $B) музди кори корбайъ мебошад; $C) музди кори иловагӣ (мукофотӣ) мебошад; $D) музди кори вақтбайъ мебошад; $E) музди кори асосӣ мебошад; @291. Мафҳуми фоизи қарз ин:; $A) даромади соҳибони амвол мебошад; $B) даромади соҳибони замин мебошад; $C) даромади соҳибони сармояи пулӣ мебошад; $D) даромад аз фаолияти соҳибкорӣ мебошад; $E) даромади ҳамаи субьектҳои иқтисодӣ мебошад; @292. Дар назарияи иқтисодӣ кадоме аз мафҳумҳои овардашуда ба омилҳои фоиз дохил мешавад:; $A) қарордод оиди маблағгузорӣ; $B) қарордод оиди пасандоз; $C) қарордод оиди муттаҳидшавии бонкҳо; $D) қарордод оиди интишори қоғазҳои қимматнок; $E) қарордод оиди пешниҳоди қарз; @293. Агар меъёри фоиз аз рӯи нишондиҳандаи арзишӣ (пулӣ) ҳисоб карда шавад, пас онро; $A) меъёри номии фоиз меноманд; $B) меъёри ҳақиқии фоиз меноманд; $C) меъёри пулии фоиз меноманд; $D) меъёри ставкаи фоиз меноманд; $E) меъёри сармояи қарзӣ меноманд; @294. Муайян намоед, ки кадом мактаби иқтисодӣ фоидаро ҳамчун ташкили арзиши иловашуда дар соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ шарҳ додааст: $A) Марксистӣ; $B) Классикӣ; $C) Маржиналистӣ; $D) Неоклассикӣ; $E) Монетаристӣ; @295. Кадом шакли фоида ин фарқи байни даромад аз ҳисоби фурӯш ва суммаи масоирифоту истеҳлоку музди кор мебошад? $A) фоидаи балансӣ; $B) фоидаи иқтисодӣ; $C) фоидаи соф; $D) фоидаи бухгалтерӣ; $E) фоидаи шахсӣ; @296. Ба омилҳои истифодабарии фоида дохил намешавад? $A) истеъмолот; $B) сармоягузорӣ; $C) андӯхт; $D) гардиши воситаҳои гардон; $E) эҳтиёҷоти иҷтимоӣ; @297. Дар назарияи иқтисодӣ мувофиқи консепсияи кадом мактаби иқтисодӣ музди кор дар асоси тақозо ва арза ба қобилияти ба меҳнат доштаи инсон муқаррар карда мешавад? $A) Марксистӣ; $B) Классикӣ; $C) Маржиналистӣ; $D) Неоклассикӣ; $E) Монетаристӣ; @298. Муайян намоед, ки кадоме аз инҳо ба омилҳои ба ҳам таъсиркунандаи фоида дохил намешаванд? $A) гардиши воситаҳои гардон; $B) дараҷаи фоизи қарз; $C) эҳтиёҷоти иҷтимоӣ; $D) меъёри андозҳо; $E) арзиши асли; @299. Дар кадом қисми назарияи иқтисодӣ истеҳсолоти агросаноатӣ омӯхта мешавад:; $A) микроиқтисод; $B) макроиқтисод; $C) мегаиқтисод; $D) мезоиқтисод; $E) дар ҳамаи қисмҳои назарияи иқтисодӣ; @300. Кадом мактаби иқтисодӣ ақида бар он доштанд, ки фоида дар натиҷаи хариду фурӯши мол ба вуҷуд омада, сарчашмаи он тиҷорати берунӣ мебошад; $A) Марксистӣ; $B) Классикӣ; $C) Маржиналистӣ; $D) Неоклассикӣ; $E) Меркантелистӣ; @301. Кадом назария фоидаро аз нуқтаи назарияи иҷтимоӣ ва омилҳои берунииқтисодӣ яъне ғамхорӣ оиди беҳдошти шароити зисти аҳолӣ шарҳ додааст? $A) Марксистӣ-Ленинӣ; $B) Институтсионалӣ - сотсиологӣ; $C) Маржиналистӣ-интиҳоӣ; $D) Неоклассикӣ; $E) Меркантелистӣ; @302. Кадом шакли фоизи қарз бо назардошти таваррум (инфлятсия) ҳисоб карда мешавад? $A) фоизи қарзи номиналӣ; $B) фоизи қарзи ҳақиқӣ; $C) фоизи қарзи доимӣ; $D) фоизи қарзи тағйирёбанда; $E) фоизи қарзи имтиёзнок; @303. Мувофиқи кадом консепсия музди кор мувофиқи арзиши неъматҳое муқаррар карда мешавад, ки барои нигоҳдории коргар ва оилаи он зарур мебошад? $A) Марксистӣ; $B) Институтсионалӣ; $C) Маржиналистӣ; $D) Неоклассикӣ; $E) Меркантелистӣ; @304. Мувофиқи кадом консепсия музди кор дар асоси тақозою арзаи меҳнат ва қобилияти меҳнатии инсон муқаррар карда мешавад? $A) Марксистӣ; $B) Институтсионалӣ; $C) Маржиналистӣ; $D) Неоклассикӣ; $E) Меркантелистӣ; @305. Музди кори мувозинатӣ дар кадом ҳолат ба вуҷуд меояд? $A) вобаста ба нарх ва арзиш; $B) дар ҳолате, ки рақобати озод дар корхона таъмин аст; $C) вобаста ба такмили ихтисос ва қобилияти корӣ; $D) дар ҳолати ҷубронкунии даромад вобаста ба таваррум; $E) дар ҳолати мувозинати тақозо ва арзаи меҳнат; @306. Кадом шакли музди кор ин маҷмӯи неъматҳо ва хизматҳое мебошад, ки бар ивази маблағҳои бадастоварда харидорӣ кардан мумкин аст? $A) музди кори прогрессивӣ; $B) музди кори корбайъ; $C) музди кори иловагӣ (мукофотӣ); $D) музди кори номиналӣ; $E) музди кори ҳақиқӣ; @307. Қисми мезоиқтисод чиро меомӯзад:; $A) иқтисоди корхонаҳоро; $B) иқтисоди соҳаҳоро; $C) иқтисоди миллиро; $D) иқтисоди ҷаҳонро; $E) иқтисоди хоҷагиҳои хонаводагиро; @308. Соҳаи кишоварзӣ соҳаест, ки: $A) ба истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввала машғул аст; $B) ба истеҳсоли маҳсулоти дувуминдараҷа машғул аст; $C) воситаҳои истеҳсолотро истеҳсол менамояд; $D) маҳсулоти хоҷагиҳои хонаводагиро коркард менамояд; $E) соҳаест, ки ба фурӯш машғул аст; @309. Комплекси агросаноатӣ ин: $A) муттаҳидкунии тамоми омилҳои истеҳсолот мебошад; $B) муносибати байни омилҳои истеҳсолот мебошад; $C) ҳамгироии байни саноат ва соҳаи кишоварзӣ мебошад; $D) муносибат оиди истифодаи замин ва равона намудани сармоя; $E) ин муносибатҳои истеҳсолии байни қувваи коргарӣ ва воситаи истеҳсолот мебошад; @310. Мувофиқи назарияи иқтисоди сиёсии марксистӣ муносибатҳои кишоварзӣ ба вуҷуд меояд: $A) байни феодал ва деҳқон; $B) байни феодал, иҷорагирандаи замин ва деҳқон; $C) байни иҷорагир ва коргари кироя; $D) байни деҳқон ва коргари кироя; $E) байни давлат ва иҷорагирандагони замин; @311. Ба муносибатҳои кишоварзии капиталистӣ чунин хислатҳо хос нест:; $A) мавҷуд будани моликияти хусусӣ; $B) табдил ёфтани замин ба обьекти хариду фурӯш; $C) истисмор кардани деҳқонон ва коргарони соҳаи кишоварзӣ; $D) тафриқашавӣ ва муфлисшавии деҳқонон; $E) нест кардани моликияти хусусӣ ва ҳамагуна шаклу намудҳои он нисбат ба замин; @312. Дар соҳаи кишоварзӣ кадом намуди ташкили соҳибкорӣ афзалият дорад: $A) соҳибкории тиҷоратӣ; $B) ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ; $C) ташкили хоҷагии деҳқонӣ-фермерӣ; $D) ташкили муассисаҳои хурди қарзӣ; $E) ташкили корхонаи хурди тухмитайёркунӣ; @313. Дар назарияи иқтисодӣ ҳамгироии агросаноатӣ гуфта: $A) ба ҳам муттаҳидшавии соҳахои кишоварзиро бо саноат ифода мекунад; $B) аз ҳам ҷудо шудани соҳаҳои кишоварзӣ ва саноатро ифода мекунад; $C) раванди махсусгардонии истеҳсолоти агросаноатиро ифода мекунад; $D) имконияти рушди соҳаҳоро ифода мекунад; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд; @314. Ба раванди эҳё ва ташаккули ҳамгироии агросаноатӣ чӣ замина мегузорад? $A) мустақилияти молистеҳсолкунандагон; $B) инкишофи муносибатҳои истеҳсолӣ; $C) тақсимоти ҷамъиятии меҳнат; $D) инкишофи истеҳсолоти молӣ; $E) вобастагии соҳаҳо аз ҳамдигар; @315. Кадоме аз ин ба ҳавзаи КАС дохил намешавад:; $A) соҳаи чорводорӣ; $B) соҳаи боғдорӣ; $C) соҳаи саноат; $D) корхонаҳои нақлиётӣ; $E) муассисаҳои хурди қарздиҳӣ; @316. Ҳамгироии амудӣ ин: $A) тарзи ба ҳам пайваст шудани соҳаҳои ба ҳамдигар алоқаманд мебошад; $B) тарзи ба ҳам пайваст кардани соҳаҳое, ки ба ҳамдигар алоқманд нестанд; $C) тарзи ҳамгироӣ ҳамчун иттиҳоди кооперативии корхонаҳои хурд; $D) тарзи муттаҳидсозии корхонаҳое, ки маҳсулоти хоҷагии қишлоқро коркард менамоянд; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд; @317. Аз ҷониби кадом олим мафҳуми агробизнес пешниҳод шудааст:; $A) Ҷ. Девис ва Р. Голдберг; $B) Т. Малтус; $C) А. Маршалл; $D) Н. Дуглас; $E) Ҷ. Кейнс; @318. Тибқи қонуни Ҷ Т дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ фонди замин аз ҳисоби кадом заминҳо сурат мегирад? $A) аз ҳисоби заминҳои серҳосил; $B) аз ҳисоби заминҳои баъди ислоҳоти хоҷагии қишлоқ озод монда; $C) аз ҳисоби киштзорҳои бекорхобида, заминҳои кам арзиш ва истифоданашуда; $D) аз ҳисоби заминҳои мусодиракардашуда; $E) аз ҳисоби заминҳои камҳосил; @319. Барномаи ислоҳоти иқтисодии комплекси кишоварзӣ чунин масъаларо дар бар нагирифта аст: $A) ҳалли масъалаи иҷтимоию иқтисодии хоҷагии қишлоқ; $B) аз нав тарҳрезӣ намудан; $C) муайян намудани самтҳои асосии сармоягузорӣ; $D) такмил додани муносибатҳои хоҷагидорию заминдорӣ; $E) озод намудани хоҷагидорон аз супоридани андоз; @320. Мафҳуми ҳамгироии уфуқии агросаноатӣ - ин: $A) ҳамчун иттиҳоди кооперативии корхонаҳои хурд, ки дар фазои ягонаи технологии сикли умумии истеҳсол ва фурӯши маҳсулот амал мекунанд; $B) ҳамчун тарзи ба ҳам пайваст шудани соҳаҳои ба ҳам алоқаманд; $C) ҳамчун тарзи муттаҳидшавии корхонаҳои коркади маҳсулоти хоҷагии қишлоқ; $D) муттаҳидшавии соҳаҳоро вобаста ба мавқеи ҷуғрофиашон ифода мекунад; $E) тарзи ба ҳам пайваст кардани соҳаҳое, ки ба ҳамдигар алоқамандӣ надоранд; @321. Истифодаи бемӯҳлат ба заминистифодабарандагони зайл дода намешавад: $A) корхонаи кишоварзӣ; $B) ташкилоти ҷамъиятию динӣ; $C) корхонаю муассисаҳо ва ташкилоти саноатӣ, нақлиёт ва дигарҳо; $D) барои эҳтиёҷи мудофиа; $E) барои корхонаҳои хориҷӣ; @322. Ба истифодаи меросии якумра, замин ба шахсони воқеӣ ва коллективҳои шаҳрвандон дода мешавад, барои ташкилӣ: $A) хоҷагиҳои деҳқонӣ; $B) корхонаҳои саноатӣ; $C) корхонаҳои нақлиётӣ; $D) корхонаҳои савдо; $E) муассисаҳои динӣ; @323. Кадоме аз ин ба таркиби соҳаи КАС дохил намешаванд:; $A) соҳаҳои саноатие, ки барои хоҷагии қишлоқ воситаҳои истеҳсолот тайёр мекунанд; $B) худи соҳаи хоҷагии қишлоқ, ки бевосита маҳсулот истеҳсол менамояд; $C) соҳаҳое, ки маҳсулоти хоҷагии қишлоқро аз нав коркард мекунанд; $D) зерсохтори истеҳсолии хоҷагии қишлоқ, ки нигоҳдошт, хизматрасонии моддию техникӣ ва то ба истеъмолкунанда расонидани маҳсулоти хоҷагии қишлоқро дар бар мегирад; $E) соҳаҳое, ки ба рекламаи молу хизматҳои соҳаи кишоварзӣ машғуланд; @324. Аз дигар омилҳои истеҳсолот фарқи замин ҳамчун омили истеҳсолот дар чист: $A) маҳдудияти арза; $B) такрористеҳсоли озод; $C) миқдори нишондиҳандаи сабтшуда буда, афзоиш намеёбад; $D) натиҷаи меҳнати одам аст; $E) аз нав истеҳсоли он номумкин аст; @325. Муайян намоед, ки кадоме аз ин консепсияҳо тарафдори он ҳастанд, ки сарчашмаи ҳамаи даромадҳо, инчунин рентаи замин, маҳсулоти иловашуда ба ҳисоб меравад: $A) марксистӣ; $B) неоклассикӣ; $C) кейнсионӣ; $D) классикии иқтисоди сиёсӣ; $E) физиократҳо; @326. Муайян намоед, ки кадоме аз инҳо ба категорияҳои фонди замин дохил намешаванд: $A) заминҳои нуқтаҳои аҳолинишин; $B) заминҳои саноат; $C) заминҳои иловагӣ; $D) заминҳои истироҳатгоҳҳо; $E) заминҳои мамнӯъгоҳҳо; @327. Дастгирии КАС аз ҷониби давлат дар кадоме аз ин самтҳо нисбатан қулайтар мебошад: $A) сармоягузорӣ ба хоҷагии деҳқонӣ барои тадбирҳои маблағталаб; $B) дастгирии дараҷаи нарх ба маҳсулоти хоҷагии қишлоқ; $C) дастгирӣ ва сармоягузории соҳаҳои инфраструктураи хоҷагии қишлоқ; $D) таъмин кардани назорат ва бехатарии соҳаҳои КАС; $E) ҳамаи самтҳои номбаршуда; @328. Ба заминҳои аҳмияти кишоварзидошта кадоме аз инҳо дохил мешавад: $A) заминҳое, ки дар он корхонаҳои саноатӣ ҷойгиранд; $B) заминҳои нуқтаҳои аҳолинишин; $C) хоҷагиҳои деҳқонӣ; $D) хоҷагиҳои ҷангал; $E) роҳҳо; @329. Замин ба кадом шакли моликият дохил мешавад? $A) моликияти давлатӣ; $B) моликияти хусусӣ; $C) моликияти муштарак; $D) моликияти коллективӣ; $E) моликияти омехта; @330. Ба хислатҳои муносибатҳои кишоварзии низоми амрӣ кадоме аз инҳо хос нест: $A) нест кардани моликияти хусусӣ ва ҳама гуна шаклу намудҳои он нисбат ба замин; $B) манъ шудани фурӯши замин; $C) мавҷуд будани моликияти хусусӣ ба замин; $D) вусъат ёфтани идораи мутамарказ; $E) таи солҳои аввал мавҷуд набудани ҳисоби хоҷагӣ; @331. Монополияи моликияти хусусӣ кадом шакли рентаро ба вуҷуд меорад: $A) рентаи тафриқавиро; $B) рентаи мутлақро; $C) рентаи тафриқавии тартиби 1-ро; $D) рентаи тафриқавии тартиби 2-ро; $E) рентаи иқтисодиро; @332. Монополияи хоҷагидорӣ ба замин: $A) рентаи тафриқавиро ба вуҷуд меорад; $B) рентаи мутлақро ба вуҷуд меорад; $C) рентаи иқтисодиро ба вуҷуд меорад; $D) иҷорапулӣ ба заминро ба вуҷуд меорад; $E) ҳамаи намудҳои рентаро ба вуҷуд меорад; @333. Аз заминҳои ҳосилнок кадом намуди рента гирифта мешавад:; $A) рентаи тафриқавии тартиби 1; $B) рентаи тафриқавии тартиби 2; $C) рентаи тариқавии тартиби 1 ва 2; $D) рентаи иқтисодӣ; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд; @334. Мафҳуми рента ин: $A) даромад аз моликият мебошад; $B) даромад аз фурӯши қоғазҳои қимматнок мебошад; $C) даромад аз хариди қоғазҳои қимматнок мебошад; $D) даромад аз ҳисоби замин мебошад; $E) даромад аз фаъолияти миёнаравӣ мебошад; @335. Ба кадом шакли даромад рента дохил мешавад:; $A) даромади меҳнатии қонунӣ; $B) даромади меҳнатии ғайриқонунӣ; $C) даромади ғайримеҳнатии қонунӣ; $D) даромади ғайримеҳнатии ғайриқонунӣ; $E) даромади соф; @336. Асосан сабаби бавуҷудоии рентаи тафриқавӣ ин: $A) монополияи моликияти хусусӣ ба замин; $B) мавҷудияти гуногунии ҳосилхезӣ ва ҷойгиршавии замин; $C) маҳдудияти замин; $D) монополия ба замин ҳамчун объекти хоҷагидорӣ; $E) хоҳиши моликон оиди ба даст овардани фоидаи баландтар; @337. Асосан сабаби мавҷудияти рентаи мутлақ ба замин – ин: $A) монополияи хоҷагидорӣ ба замин; $B) монополияи моликияти хусусӣ ба замин; $C) мавҷудияти ҳархелаи сифати замин; $D) маҳдудияти замин; $E) мавқеи ҷуғрофии замин; @338. Мафҳуми рентаи иқтисодӣ ин: $A) даромад аз замин ва моликияти хусусӣ; $B) зиёдшавии даромад нисбати арзиши алтернативии он; $C) фарқи даромад аз замини ҳосилхез ва камҳосил; $D) даромадест, ки ҳангоми самаранок истифодабарии қитъаи замин ба даст оварда шудааст; $E) даромадест, ки истифодабарандаи замин мегирад; @339. Ба гирифтани рентаи тафриқавии тартиби 2 кадоме аз усулҳои номбаршуда тааллуқ надорад:; $A) равона кардани маблағҳои иловагӣ барои истеҳсолот; $B) баландбардории ҳосилнокии хок; $C) истифодабарии бовусъати биотехника; $D) истифодабарии навъҳои серҳосили растанӣ ва тухмӣ; $E) гирифтани рента аз заминҳои табиатан ҳосилхез; @340. Мафҳуми квазирента ин: $A) даромади иловагие мебошад, ки дар натиҷаи такмил додани агротехника ва бо таври ташдид истифода кардани замин ба вуҷуд меояд; $B) даромади иловагие мебошад, ки аз заминҳои нав ба истифодадодашуда ба даст оварда мешавад; $C) даромадест, ки аз ҳамаи заминҳо гирифта мешавад; $D) даромадест, ки аз ҳисоби кам кардани хароҷоти боркашони гирифта мешавад; $E) рентае мебошад, ки моликони замин ба ивази комёбу нодир будани маҳсулотҳои аз он гирифташуда ба даст меоранд; @341. Асосан нархи замин чӣ гуна муайян карда мешавад:; $A) нархи замин=андозаи рента /бузургии фоизи сармояи судхурӣ; $B) нархи замин+андозаи рента; $C) нархи замин+бузургии фоизи сармояи судхурӣ; $D) нархи замин=рентаи тафриқавӣ; $E) ҷавобҳои дар боло оварда шуда нодурустанд; @342. Мафҳуми кадастраи замин ин:; $A) ҳуҷҷатест, ки дар он тамоми маълумот оиди замин қайд карда шудааст; $B) ҳуҷҷатест, ки нархи заминро муайян мекунад; $C) ҳуҷҷатест, ки ҳангоми ба иҷора додани замин тартиб дода мешавад; $D) ҳуҷҷатест, ки ҳангоми таҳлили таркиби хок ва ҳосилнокии замин тартиб дода мешавад; $E) ҳуҷҷатест, ки сифати замин дар он қайд карда шудааст; @343. Ба унсурҳои низоми баҳодиҳии замин дохил намешавад:; $A) маълумоти кадастри бақайдгирӣ оиди меъёри ҳуқуқӣ ва тавсифи сифатии қитъаҳои замин; $B) маълумотҳои аз сарчашмаҳои ғайр ҷамоварӣ намуда оиди қарордодҳо оиди замин ва маълумот оиди бозори замин ва дигар намуди амволи ғайриманқул; $C) баҳодиҳии кадастрии арзиши замин бо нархгузории минтақаҳо ва қитъаҳои замин; $D) харитаҳои кадастрӣ ва регистҳои арзиши замин; $E) маълумот оиди арзиши заминҳои кишоварзӣ; @344. Кадоме аз ин омилҳо ба бузургии арзиши қитъаи замин таъсир мерасонанд:; $A) мавқеи ҷуғрофӣ; $B) дараҷаи тараққиёти хизматрасонии маданию маишии аҳолӣ; $C) шароити инженерию геологии сохтмон ва сатҳи осеби минтақа аз офатҳои табиӣ; $D) шароити иқлим; $E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд; @345. Хусусиятҳои фарқкунандаи рента ва иҷорапулиро муаян намоед:; $A) рента ва иҷорапулӣ ба ҳамдигар баробаранд; $B) иҷорапулӣ ба рентаи тафовутнок ва мутлақ баробар аст; $C) рента - пардохт барои истифодабарии замин аст, иҷорапулӣ - пардохт барои истифодабарии амвол аст; $D) иҷорапулӣ ба ғайр аз рента боз маблағи истифодаи сармоя дар намуди иншооти мавҷударо дарбар мегирад; $E) иҷорапулӣ дар худ маблағи рентаро низ дохил менамояд; @346. Мафҳуми рентаи монополӣ ин:; $A) рентаест, ки аз истеҳсоли маҳсулотҳои нодир гирифта мешавад; $B) рентаест, ки вобаста ба гузоштани нархи монополӣ гирифта мешавад; $C) даромадест, ки аз ҳисоби маҳдуд кардани фаъолияти дигар хоҷагидорон гирифта мешавад; $D) бузургии он ба рентаи мутлақ баробар аст; $E) бузургиаш ба рентаи тафовутӣ баробар аст; @347. Муайян намоед, ки кадоме аз шаклҳои рента аз заминҳои сунъӣ ҳосилнок кардашуда гирифта мешавад:; $A) рентаи мутлақ; $B) рентаи тафриқавӣ; $C) рентаи тафриқавии -1; $D) рентаи тафриқавии-2; $E) рентаи иқтисодӣ; @348. Моҳияти методи баҳодиҳӣ аз рӯи хароҷот дар он аст, ки:; $A) арзиши бозории қитъаи заминро ҳамчун фарқи арзиши бозории он бо дарназардошти беҳтаргардонӣ ва минуси хӯрдашавӣ муайян мекунад; $B) тавассути он тамоми хароҷотҳо оиди фурӯш муайян карда мешавад; $C) дар принсипи интизорӣ асос меёбад; $D) ин метод дар ҳамон ҳолат истифода карда мешавад, ки агар бозори замин амал намояд; $E) тавассути он қитъаҳои замин ба серҳосил ва камҳосил ҷудо карда мешавад; @349. |