Главная страница
Навигация по странице:

  • Вобаста ба чӣ фарсоиши ҷисмонӣ ба вуҷуд меояд

  • Асосан сармоя дар кадом шаклҳо мавҷуд буда метаванад

  • Раванди паи ҳам ва аз як шакл ба шакли дигар табдил ёфтани сармояро чӣ меноманд

  • Кадом шаклҳои фарсоиши сармояи асосиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд

  • Хароҷоти мутлақро аввалин маротиба ки истифода намудааст

  • Хароҷотҳоро Маркс ба кадом гуруҳҳо ҷудо намудааст

  • Аз тарафи кадом олим хароҷоти алтернативӣ пешниҳод шудааст

  • Хароҷоти муқоисавӣ бори аввал аз ҷониби кӣ пениҳод карда шудааст

  • Андозаи харҷи энергияе, ки организми инсон дар раванди меҳнатӣ дар як воҳиди вақт сарф мекунад чӣ номида мешавад

  • Кадом олим омӯзиши хароҷотро бо таҳлили истисмори қувваи кории кироя, ки дар арзиш ва хароҷот инъикос меёбад, вобаста медонад

  • Кадоме аз ин мактабҳо назарияи хароҷотҳои трансаксиониро пешниҳод намудаанд, ки нақши асосиро дар соҳаи муомилот иҷро менамояд

  • Хароҷотҳои доимӣ (fixed costs) чист

  • Хароҷотҳои доимӣ ва хароҷотҳои тағирёбанда кадом шакли хароҷотро ташкил менамояд

  • назария. +Наз.икт. к-1_микро(точ)2019. Назарияи итисод чиро меомзад


    Скачать 92.32 Kb.
    НазваниеНазарияи итисод чиро меомзад
    Анкорназария
    Дата11.10.2021
    Размер92.32 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла+Наз.икт. к-1_микро(точ)2019.docx
    ТипДокументы
    #245545
    страница5 из 7
    1   2   3   4   5   6   7

    Кадоме аз ин ба фондҳои гардон дохил мешавад?

    $A) биноҳои асосӣ;

    $B) дастгоҳу таҷҳизотҳо;

    $C) воситаҳои нақлиёт;

    $D) иншоотҳо;

    $E) ашёи хом, сузишворӣ, масолеҳ;

    @228.

    Сармояи гардон ин:

    $A) он қисми сармояи корхона, ки дар ҷараёни истеҳсолот пурра истифода мешавад;

    $B) он қисми сармояи корхона, ки арзишаш қисм ба қисм ба маҳсулоти тайёр гузаронида мешавад;

    $C) қисми сармояи маҳсулдеҳи корхона, ки дар ҷараёни истеҳсолот пурра истифода шуда арзишаш ба маҳсулоти тайёр гузаронида мешавад;

    $D) сармояи маҳсулдеҳ мебошад;

    $E) қисми сармояи корхона, ки ба хурдашавӣ дучор мегардад;

    @229.

    Кадоме аз ин ба сармояи гардон дохил мешавад:;

    $A) дастгоҳҳо;

    $B) таҷҳизотҳо;

    $C) ашёи хом;

    $D) биноҳои асосӣ;

    $E) мошинҳо;

    @230.

    Вақти истеҳсол вақте мебошад, ки:

    $A) вақти воситаҳои истеҳсолот дар шакли захираҳои истеҳсолӣ будан;

    $B) вақти ба ҳам пайваст намудани омилҳои истеҳсолот;

    $C) вақти танаффусҳои меҳнатӣ дар раванди истеҳсолот;

    $D) вақте, ки баъзе аз предмет ва воситаҳои меҳнат зери таъсири равандҳои табиӣ қарор мегиранд;

    $E) восита ва предметҳои меҳнат дар доираи истеҳсолот банд мебошанд;

    @231.

    Асосан вақти муомилот ин:;

    $A) даврае мебошад, ки предмет ва воситаҳои меҳнат бевосита дар раванди муомилот мебошанд;

    $B) вақте мебошад, ки предмет ва воситаҳои меҳнат мустақиман дар ҷараёни истеҳсолот банд мебошанд;

    $C) ин ҷараён ҳамчун вақти кори давраи бевоситаи тавлиди неъматҳои моддӣ мебошад;

    $D) давомнокии ин давра аз характери истеҳсолот ва тавлиди маҳсулот вобаста мебошад;

    $E) фосилаи муайяни ба корхона ворид гаштани олот, асбобу анҷом, сузишворӣ ва ғайра мебошад;

    @232.


    Вобаста ба чӣ фарсоиши ҷисмонӣ ба вуҷуд меояд?

    $A) беқурбшавии фондҳои асосӣ ва паст шудани арзиши онҳо;

    $B) дар натиҷаи афзоиши ҳосилнокии меҳнат;

    $C) дар натиҷаи пайдоиши техника ва технологияи пуриқтидортар;

    $D) дар натиҷаи беист истифодабарӣ ва дар зери таъсири офатҳои табиӣ фондҳо барои истифодаи оянда корношоям мегарданд;

    $E) ҷавоби дуруст вуҷуд надорад;

    @233.

    Дар назарияи иқтисодӣ фарсоиши маънавӣ гуфта:;

    $A) фарсоишест, ки дар натиҷаи беист истифодабарии фондҳо ба вуҷуд омадааст;

    $B) фарсоишест, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ ба вуҷуд омадааст;

    $C) фарсоишест, ки дар натиҷаи фаъолияти сармоя дар мавсими корӣ ба вуҷуд омадааст;

    $D) корношоям шудани фондҳо мебошад;

    $E) беқурбшавии фондҳои асосӣ ва паст шудани арзиши онҳо дар натиҷаи ба вуҷуд омадани технологияи пуриқтидортар;

    @234.

    Сармояи амалкунанда ин:;

    $A) зиёдшавии суммаи фондҳои гардонро бар ӯҳдадориҳои қарзии кӯтоҳмуддат меноманд;

    $B) зиёдшавии суммаи ӯҳдадориҳои қарзии кӯтоҳмуддатро бар суммаи фондҳои гардон меноманд;

    $C) зиёдшавии сармояи мавҷударо меноманд;

    $D) камшавии суммаи фондҳои гардонро меноманд;

    $E) ҳолатеро меноманд, ки суммаи сармояи гардон ва суммаи уҳдадориҳои қарзии кӯтоҳмуддат баробаранд;

    @235.

    Фонди истеҳлок ин:

    $A) маблағҳои пулиест, ки барои хариди корхона сарф карда мешавад;

    $B) маблағҳоест, ки барои таъмиру азнавсозии фондҳои асосӣ равона карда мешавад;

    $C) маблағҳоест, ки барои пардохти дивиденд сарф карда мешавад;

    $D) маблағҳоест, ки барои дарёфти қуваи корӣ сарф карда мешавад;

    $E) маблағҳоест, ки барои пешгирии муфлисшавии корхона сарф карда мешавад;

    @236.

    Сухани сармоя ин маблағҳои муайяни пулӣ ва молхои тайёр, ки хамчун натичаи истисмор ва азхудкунии сармоядори сурат мегирад ба кӣ таалуқ дорад?

    $A) К. Маркс;

    $B) Ф. Энгелс;

    $C) П. Самуэлсон;

    $D) Ф. Кэне;

    $E) А. Смит;

    @237.


    Асосан сармоя дар кадом шаклҳо мавҷуд буда метаванад?

    $A) молӣ ва пулӣ;

    $B) нархӣ ва ғайринархӣ;

    $C) пулӣ ва бозорӣ;

    $D) доимӣ ва тағирёбанда;

    $E) самаранок, ҳақиқӣ ва моддӣ;

    @238.

    Он қисми сармояи маҳсулдеҳи корхона, ки дар раванди истеҳсолот иштирок намуда арзиши худро қисм ба қисм ба маҳсулоти тайёр мегузаронад чӣ номида мешвад?

    $A) сармояи доимӣ;

    $B) сармояи тағирёбанда;

    $C) сармояи охирин;

    $D) сармояи асосӣ;

    $E) сармояи гардон;

    @239.


    Раванди паи ҳам ва аз як шакл ба шакли дигар табдил ёфтани сармояро чӣ меноманд?

    $A) гирдгардиши сармоя;

    $B) сармояи хариду фурӯш;

    $C) сармояи бебозгашт;

    $D) сармояи чархзананда;

    $E) сармояи ривоҷёфтаи гардишнок;

    @240.


    Кадом шаклҳои фарсоиши сармояи асосиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд?

    $A) фарсоиши ҷисмонӣ ва руҳӣ;

    $B) фарсоиши ҷисмонӣ ва ақлӣ;

    $C) фарсоиши ҷисмонӣ ва маънавӣ;

    $D) фарсоиши моддӣ ва маънавӣ;

    $E) фарсоиши ҳақиқӣ ва қалбакӣ;

    @241.

    Мафҳуми масорифотро муайян намоед:

    $A) маҷмӯи сарфиятҳо барои истеҳсоли мол;

    $B) натанҳо сарфиятҳо, балки ҷараёни баҳодиҳии онҳост;

    $C) шакли бо пул ифодаёфтаи сарфиётҳоро меноманд;

    $D) ҳисобу китоби пешакӣ ташаккулёфтаи хароҷот аст;

    $E) раванди воқеии ташаккули хароҷот аст;

    @242.


    Хароҷоти мутлақро аввалин маротиба ки истифода намудааст?

    $A) Д. Рикардо;

    $B) А. Смит;

    $C) К. Маркс;

    $D) Ф. Визер;

    $E) Р. Коуз;

    @243.


    Хароҷотҳоро Маркс ба кадом гуруҳҳо ҷудо намудааст?

    $A) доимӣ ва тағирёбанда;

    $B) трансаксионӣ;

    $C) аён ва ноаён;

    $D) истеҳсолӣ ва муомилотӣ;

    $E) муқоисавӣ;

    @244.


    Аз тарафи кадом олим хароҷоти алтернативӣ пешниҳод шудааст?

    $A) А. Гобсон;

    $B) Ф. Энгелс;

    $C) Р. Коуз;

    $D) К. Эроу;

    $E) Д. Рикардо;

    @245.

    Мафҳуми хароҷоти трансаксиониро муайян намоед:

    $A) хароҷот барои харидани ашёи хом аст;

    $B) хароҷот барои иҷораи биною иншоот аст;

    $C) хароҷот барои бастани шартномаҳо ва гузаронидани гуфтушунидҳо аст;

    $D) хароҷот барои борҷомабандист;

    $E) хароҷот барои реклама аст;

    @246.

    Кадом мактаби иқтисодӣ мафҳуми хароҷоти трансаксиониро ворид намудааст:

    $A) мактаби меркантилизм;

    $B) мактаби кейнсионӣ;

    $C) мактаби физиократҳо;

    $D) мактаби неоинститутсионализм;

    $E) мактаби классикӣ;

    @247.

    Хароҷоти ноаён ҳангоми баҳодиҳии муҳосибӣ чигуна ҳисоб карда мешавад:

    $A) ба воситаи смета;

    $B) ба воситаи бақайдгирии хароҷотҳо;

    $C) ба ҳисоб гирифта намешавад;

    $D) қисман ҳисоб карда мешавад;

    $E) чунин хароҷот мавҷуд нест;

    @248.

    Хароҷоти доимӣ хароҷотест, ки:

    $A) вобаста ба тағирёбии даромад тағир меёбад;

    $B) вобаста ба тағирёбии истеҳсолот тағир меёбад;

    $C) новобаста аз тағирёбии истеҳсолот ба вуҷуд меояд;

    $D) ҳангоми пардохти музди кор тағир меёбад;

    $E) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;

    @249.

    Ба кадом шакли хароҷот музди кори роҳбарият ва маъмурияти корхона дохил мешавад:

    $A) хароҷоти алтернативӣ;

    $B) хароҷоти муқоисавӣ;

    $C) хароҷоти доимӣ;

    $D) хароҷоти тағирёбанда;

    $E) хароҷоти умумӣ;

    @250.

    Мафҳуми хароҷоти тағирёбандаро муайян намоед:

    $A) хароҷотест, ки ҳангоми баҳодиҳии бухгалтерӣ ба вуҷуд меояд;

    $B) хароҷотест, ки ҳангоми баҳодиҳии иқтисодӣ ба вуҷуд меояд;

    $C) хароҷотест, ки онро соҳибкор идора карда наметавонад;

    $D) хароҷотест, ки аз ҳаҷми истеҳсолот вобаста нест;

    $E) хароҷотест, ки вобаста ба ҳаҷми истеҳсолот ва фурӯш тағйир меёбад;

    @251.

    Кадоме аз ин ба хароҷоти алтернативӣ дохил намешавад:

    $A) хароҷот вобаста ба беҳтарин ва қулайтарин имконияти аз даст додаи корхона оиди истифодаи захираҳо;

    $B) имконияти аз ду варианти мавҷуда истифодабарӣ;

    $C) хароҷоти аён ва ноаёни корхона;

    $D) хароҷоти расмии корхона;

    $E) хароҷоти интихобӣ ва пулии корхона;

    @252.

    Хароҷоти интиҳоӣ ин:

    $A) мустақиман бо тавлиди маҳсулоти иловагӣ вобаста мебошад;

    $B) хароҷот барои як воҳиди маҳсулот аст;

    $C) ҳамчун таносуби хароҷоти тағирёбанда ва ҳаҷми маҳсулоти тавлидгардида муаян карда мешавад;

    $D) ҳамчун таносуби хароҷоти доимӣ ва ҳаҷми маҳсулоти тавлидгардида муаян карда мешавад;

    $E) ҳамчун хароҷоти миёнаи корхона барои истеҳсолот муаян карда мешавад;

    @253.

    Формулаи дурусти хароҷоти умумиро муаян намоед:

    $A) VC+FC=TC;

    $B) AFC=TFC / Q;

    $C) ATC=TC/ Q;

    $D) MC =TC +TVC ;

    $E) MC =AVC+TVC;

    @254.

    Дар нуқтаи хароҷотҳои миёнаи минималӣ хароҷотҳои интиҳоӣ бояд:;

    $A) зиёдтар нисбат ба хароҷотҳои миёна бошанд;

    $B) камтар нисбат ба хароҷотҳои миёна бошанд;

    $C) бо хароҷотҳои миёна баробар бошанд;

    $D) ба ҳадди ақал баробар бошанд;

    $E) хароҷотҳои интиҳоӣ ба тарафи рост зиёд шавад;

    @255.

    Ҳангоми дарёфти ҳаҷми оптималии фурӯши фирма кадоме аз ин хароҷот ба ҳисоб гирифта намешавад:;

    $A) хароҷоти бухгалтерӣ;

    $B) хароҷоти миёнаи тағирёбанда;

    $C) хароҷотҳои интиҳоӣ;

    $D) хароҷотҳои доимӣ;

    $E) хароҷотҳои трансаксионӣ;

    @256.

    Дар назарияи иқтисодӣ хароҷоти миёнаи умумӣ ин:

    $A) ҳамчун ҳиссаи тақсимгардидаи хароҷоти умумӣ ба миқдори истеҳсоли молҳо муаян карда мешавад;

    $B) ҳамчун таносуби хароҷоти доимӣ ва ҳаҷми маҳсулоти тавлидгардида муаян карда мешавад;

    $C) ҳамчун ҳосили ҷамъи хароҷотҳои доимӣ ва тағирёбанда муаян карда мешавад;

    $D) ҳамчун таносуби хароҷоти тағирёбанда ба ҳаҷми маҳсулоти тавлидгардида муаян карда мешавад;

    $E) ҳамчун таносуби хароҷот ба воҳиди иловагии маҳсулот муаян карда мешавад;

    @257.

    Агар бо зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолот AVC кам шавад, пас:;

    $A) МС ҳам бояд зиёд бошанд;

    $B) TFC ҳам бояд кам шаванд;

    $C) ТС ҳам бояд кам шаванд;

    $D) АТС бояд аз AVC пасттар бошанд;

    $E) МС бояд аз AVC пасттар бошанд;

    @258.

    Нишондиҳандаи ҳосилнокӣ ин:

    $A) муносибати миқдори маҳсулоти истеҳсолшуда аз тарафи низоми мазкур дар вақти муаян ба миқдори захираҳои истифодашуда барои истеҳсоли маҳсулот дар ҳамин вақт;

    $B) муносибати байни маҳсулоти истеҳсолшуда ва хароҷотҳои доимист;

    $C) муносибати байни миқдори маҳсулоти истеҳсолшуда ва хароҷоти тағирёбанда аст;

    $D) муносибати байни миқдори маҳсулоти истеҳсолшуда ва хароҷоти интиҳоист;

    $E) муносибати байни маҳсулоти истеҳсолшуда ва нархи фурӯши он аст;

    @259.

    Ченакҳои асосии ҳосилнокиро ҷудо намоед:;

    $A) коэффитсиенти оморӣ ва индекси динамики ҳосилнокӣ;

    $B) коэффитсиенти шиддатнокӣ ва ҳосилнокӣ;

    $C) коэффитсиенти оморӣ ва математикӣ;

    $D) коэффитсиенти нархи молҳо;

    $E) ченаки хароҷот ва даромад;

    @260.

    Аз тарафи кадом олим мафҳуми хароҷоти муқоисавӣ пешниҳод шудааст:;

    $A) А. Смит;

    $B) Д. Рикардо;

    $C) К. Маркс;

    $D) Р. Коуз;

    $E) К. Эрроу;

    @261.


    Хароҷоти муқоисавӣ бори аввал аз ҷониби кӣ пениҳод карда шудааст?

    $A) К. Маркс;

    $B) Д. Рикардо;

    $C) А. Смит;

    $D) Ф. Визер;

    $E) Арасту;

    @262.

    Масорифотҳое, ки мустақиман дар раванди истеҳсолотот оиди тавлиди неъматҳову хадамот истифода карда мешаванд кадом шакли хароҷот ба ҳисоб меравад?

    $A) хароҷотҳои трансаксионӣ;

    $B) хароҷотҳои алтернативӣ;

    $C) хароҷоти муомилот;

    $D) хароҷоти муқоисавӣ;

    $E) хароҷоти истеҳсолӣ;

    @263.

    Муайян намоед, ки намояндагони кадом мактаби иқтисодӣ хароҷотро ҳамчун ҳодисаи психологӣ, ки дар мояи манфиатнокии интиҳоӣ қарор дорад тавсиф мекунанд:

    $A) Марксистӣ;

    $B) Классикӣ;

    $C) Маржиналистӣ;

    $D) Неоклассикӣ;

    $E) Монетаристӣ;

    @264.


    Андозаи харҷи энергияе, ки организми инсон дар раванди меҳнатӣ дар як воҳиди вақт сарф мекунад чӣ номида мешавад?

    $A) шиддатнокии меҳнат;

    $B) ҳосилнокии меҳнат;

    $C) шуғли пурра;

    $D) сарфакунии меҳнат;

    $E) шиддати асаб;

    @265.

    Муайян намоед, ки кадоме аз инҳо ҳамчун омили таъсирасонандаи ҳосилнокии меҳнат ҳисобида намешавад:;

    $A) омилҳои самаранокӣ;

    $B) омилҳои дохилӣ;

    $C) омилҳои модди-техникӣ;

    $D) омилҳои ташкилӣ;

    $E) омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ;

    @266.


    Кадом олим омӯзиши хароҷотро бо таҳлили истисмори қувваи кории кироя, ки дар арзиш ва хароҷот инъикос меёбад, вобаста медонад?

    $A) К. Маркс;

    $B) П. Самуэлсон;

    $C) Р. Коуз;

    $D) А. Смит;

    $E) Ҷ. Кейнс;

    @267.

    Кадом мактаби иқтисодӣ назарияи субъективии хароҷоти имкониятҳои алтернативиро пешниҳод намудааст, ки мувофиқи он манфиатнокии ҳақикии хароҷоти моли мазкурро ҷамъият метавонад ба таври дигар низ истифода намуда, аз ҳамон хароҷот манфиатнокии пештараро соҳиб гардад?

    $A) меркантилизм;

    $B) марксизм;

    $C) монетаризм;

    $D) физиократҳо;

    $E) австриягӣ;

    @268.

    Кадом мактаби иқтисодӣ хароҷотҳои инсониро пешниҳод намудаанд, ки тавассути шароитҳои меҳнатӣ ва қобилияти кори коргар муайян мегардад?

    $A) меркантилизм;

    $B) марксизм;

    $C) монетаризм;

    $D) физиократҳо;

    $E) институтсионалистӣ;

    @269.


    Кадоме аз ин мактабҳо назарияи хароҷотҳои трансаксиониро пешниҳод намудаанд, ки нақши асосиро дар соҳаи муомилот иҷро менамояд?

    $A) меркантилизм;

    $B) марксизм;

    $C) монетаризм;

    $D) физиократҳо;

    $E) неоинститутсионализм;

    @270.

    Кадом шакли хароҷот ин суммаи маблағҳоест, ки вобаста ба самти қулайтари истифодаи захираҳо равона шуда, имконияти ба даст овардани манфиати бештарро нишон медиҳад?

    $A) хароҷотҳои трансаксионӣ;

    $B) хароҷотҳои алтернативӣ;

    $C) хароҷоти муомилот;

    $D) хароҷоти муқоисавӣ;

    $E) хароҷоти истеҳсолӣ;

    @271.

    Хароҷотҳои ноаён ин:

    $A) суммаи маблағҳоест, ки вобаста ба самти қулайтари истифодаи захираҳо равона сохта, имконияти ба даст овардани манфиати бештар мавҷуд аст;

    $B) масорифотҳои ҳақиқии омилҳои истеҳсолот барои истеҳсоли ҳаҷми муайяни маҳсулоти бо нархҳои харидашаванда мебошад;

    $C) хароҷотҳои интихобӣ барои истифодаи мустақилонаи захираҳои худӣ мебошад;

    $D) хароҷоти доимӣ ва тағйирёбанда аст;

    $E) хароҷотҳое мебошад, ки аз ҳаҷми истеҳсолот вобаста нестанд;

    @272.


    Хароҷотҳои доимӣ (fixed costs) чист?

    $A) суммаи маблағҳоест, ки вобаста ба самти қулайтари истифодаи захираҳо равона сохта, имконияти ба даст овардани манфиати бештар мавҷуд аст;

    $B) масорифотҳои ҳақиқии омилҳои истеҳсолот барои истеҳсоли ҳаҷми муайяни маҳсулоти бо нархҳои харидашаванда мебошад;

    $C) хароҷотҳои интихобӣ барои истифодаи мустақилонаи захираҳои худӣ мебошад;

    $D) хароҷотест, ки вобаста ба мавсим меъёри он тағйир намеёбад;

    $E) хароҷотҳое мебошад, ки аз ҳаҷми истеҳсолот вобаста нестанд;

    @273.

    Хароҷотҳои тағирёбанда (variadle costs) ин:

    $A) суммаи маблағҳоест, ки вобаста ба самти қулайтари истифодаи захираҳо равона сохта, имконияти ба даст овардани манфиати бештар мавҷуд аст;

    $B) хароҷотҳое мебошад, ки аз ҳаҷми истеҳсолот вобаста мебошанд;

    $C) хароҷотҳои интихобӣ барои истифодаи мустақилонаи захираҳои худӣ мебошад;

    $D) хароҷотест, ки вобаста ба мавсим меъёри он тағйир меёбад;

    $E) хароҷотҳое мебошад, ки аз ҳаҷми истеҳсолот вобаста нестанд;

    @274.


    Хароҷотҳои доимӣ ва хароҷотҳои тағирёбанда кадом шакли хароҷотро ташкил менамояд?

    $A) хароҷоти трансаксионӣ;

    $B) хароҷоти алтернативӣ;

    $C) хароҷоти муомилот;

    $D) хароҷоти муқоисавӣ;

    $E) хароҷоти умумӣ;

    @275.

    Муайян намоед, ки кадоме аз мактабҳои иқтисодӣ фоидаро ҳамчун маҳсули табиӣ дар соҳаи кишоварзӣ меҳисобиданд:;

    $A) меркантилизм;

    $B) марксизм;

    $C) монетаризм;

    $D) физиократҳо;

    $E) маржинализм;

    @276.

    Кадоме аз ин ба вазифаҳои фоида дохил мешавад:;

    $A) баҳисобгирӣ;

    $B) банақшагирӣ;

    $C) тақсимкунӣ ва ҳавасмандгардонӣ;

    $D) ҳавасмандгардонию назоратӣ;

    $E) молиякунонӣ;

    @277.

    Мафҳуми фоидаи иқтисодӣ ин:;

    $A) фарқи байни маблағи аз ҳисоби фурӯш ба даст омада ва суммаи хароҷот, истеҳлок ва музди кор;

    $B) қисми даромади корхона, ки баъди хориҷ намудани хароҷоти беруна боқӣ мемонад;

    $C) маблағе, ки баъди хориҷ намудани ҳамаи хароҷотҳо боқӣ мемонад;

    $D) маблағе, ки баъди супоридани андозҳо боқӣ мемонад;

    $E) маблағе, ки баъди хориҷ намудани ҳиссаи истеҳлок боқӣ мемонад;

    @278.

    Муайян намоед, ки кадоме аз омилҳои дар поён овардашуда ба омилҳои фоида тааллуқ надорад:;

    $A) омилҳои бавуҷудоваранда;

    $B) омилҳои баҳам таъсиркунанда;

    $C) омилҳои тақсимот;

    $D) омилҳои истифодабарӣ;

    $E) омилҳои ҳавасмандгардонӣ;

    @279.

    Омилҳои бавуҷудоварандаи фоидаро муайян намоед:;

    $A) суръати гардиши воситаҳои гардон;

    $B) истеъмол (пардохти дивиденд, фоиз, кӯмаки моддӣ);

    $C) андоз ва меъёри андоз;

    $D) даромад аз фурӯши молу хизматҳо;

    $E) андӯхт (тарақиёти илмӣ ва истеҳсолӣ);

    @280.

    Дар назарияи иқтисодӣ фоидаи балансӣ ин:;

    $A) фарқи байни маблағҳои аз фурӯш ба дастомада ва суммаи хароҷотҳои моддӣ, хароҷоти истеҳлок ва музди кор;

    $B) фарқи байни даромад ва хароҷот;

    $C) фарқи байни хароҷотҳои нақлиётӣ ва хароҷоти интиҳоӣ;

    $D) фарқи байни хароҷоти бухгалтерӣ ва иқтисодӣ;

    $E) фарқи байни даромади фирма, ки баъди руйпӯш намудани хароҷотҳои берунӣ боқӣ мемонад;

    @281.

    Фоидаи монополӣ дар кадом ҳолат ба даст оварда мешавад:;

    $A) агар соҳибкор яккаҳукмрон бошад ва бозорро назорат карда тавонад, инчунин ҳангоми баланд будани нарх арзаро кам намуда тавонад;

    $B) дар ҳолати ворид намудани техника ва технологияи нав;

    $C) дар ҳолати баланд шудани нарх;

    $D) дар ҳолати паст шудани нарх;

    $E) дар ҳолати бисёр истеҳсол кардани молу хизматҳо;

    @282.

    1   2   3   4   5   6   7


    написать администратору сайта