Сири тичорат. Замони ба тичорат шуруъ кардани ман коргузории бонки хануз хам аломатхои зиёди низоми шуравиро дошт
Скачать 21.94 Kb.
|
Сири тичорат Замони ба тичорат шуруъ кардани ман коргузории бонки хануз хам аломатхои зиёди низоми шуравиро дошт. Тавре ки арз шуд, дар низоми шурави бонкхо тамоми раван- ди тавлиду масрафро назорат мекарданд ва хисобро байни тавлидкунандаву масрафкунанда баробар. Тавлидкунанда метавонист дар Точикистон бошад, масрафкунанда дар Сибир. Хамдигарро дидану донистани онхо хатми набуд. Ба тавлидкунанда аз боло накша фиристода мешуд ва у тибки накша колои тавлидкардаашро бор карда, ба сурогаи масрафкунанда мефиристод. Асноди борро ба бонк месупорид ва бонк маблаги уро мепардохт. Бонкхо низоми Хисоббаробаркунии байнишуъбави (МФО) доштанд, ки аз шуъбаи он муштари дархости маблаг карда, хисобро баробар мекарданд. Санаде, ки байни шуъбахои бонкхо радду бадал мешуд, ёддошти фармоиш (мемориальный ордер) ном дошт. Дар холи каму зиёд будани таносуб, бонкхо метавонистанд худашон мустаким хисобро баробар кунанд ва муштариро дар чараён гузоранд. Вакте ки ман ба тичорат огоз кардам, гайр аз хохиши пул кор кардан, дигар хеч донишу малака дар ин соха надоштам. Китобчае, ки Музаффар ба ман дода буд, гайр аз намунаи оиннома ва аснод барои сабти ширкат, намунахои карордоду асноди дигаррро хам дошт ва хеле кутоху фахмо навишта шуда буд, ки ба ман хеле кумак мекард. Дар муддати як соли аввал кори дурусте аз дастам наомад. Чанд кораки хурду резе кардам, ки суди ончунони надоштанд. Вале ман рахорах корро меомухтам ва хамеша дар кофтукови рохкор будам. Он замон ман хеле ба пул ниёз доштам. Оиладор шуда будам, дар хонаи ичора икомат мекардам, таъмини рузгор ниёз ба харч дошт. Хеле мехостам, ки хонае бихарам ва зиндагиро сару сомон бахшам. Рузе аз рузхои бахори соли 1992 дар назди шуъбаи бонк дустонро, ки хама мисли ман точири навкор буданд, вохурдам. Хар кас ба хамдигар пешниходи харидуфуруш мекард. Як марде, ки каблан надида будам, ба ман гуфт, ки барояш дар катор теъдоди зиёди мили охан бор шудаасту ба наздики хохад расид. Ман, ки чанд руз пеш раиси як корхонаи сохтмониро дида будам ва медонистам, ки у ин молро ниёз дорад, ба ин пешниход марок зохир кардам ва дар бораи андоза ва микдори мил пурсидам. У хавобаландона эълон кард, ки баъд аз ду хафта ду вагони хафтодупанчтоннаги барояш ворид мешавад. Арзиши хар тон се хазор рубл мебошад ва гумон намекард ман ин маблагро дошта бошам. Ман вокеан пул надоштам, вале чои онро медонистам. Ман андозаи он милхоро низ мушаххас кардам ва фавран рафта ба он раиси корхонаи сохтмони пешниход кардам. Нархи хар тоннаро чор хазор эълон намудам. Вале барои эхтиёт ба у гуфтам, ки мухлати тахвил додани мил ба анбораш чор хафта хохад буд. Раис сармухосибашро даъват кард ва гуфт, ки бо ман карордод бандад ва маблаги он як саду панчох тоннаро, ки шашсад хазор рубл мешуд, ба хисоби бонкии ман гузаронад. Тавофук кардем, ки дар холи ичро накардани ин муомила дах дар сад чарима хохам пардохт. Хамин тавр, аввалин карордоди бузурги тичории ман хеле зуд ва сода баста шуд. Фавран баргашта, он мардро пайдо кардам ва бо у низ карордод бастам, ки як саду панчох тонна милро аз у ба нархи се хазори мехарам, мухлати тахвили бор ду хафта аст ва дар холи ичро накардан, у бист фоиз чарима хохад пардохт. Ба хисоби ман, агар ин муомила анчом мешуд, ман як саду панчох хазор сум ба даст меовардам. Дар холи ичро нашуданаш, хатто агар пули корхонаи сохтмониро бо чаримааш баргардонам хам, як чизе ба ман мемонд. Бо харду тараф карордодхоро бастам, аз пули ба хисоби бонкиям воридшуда кисми фурушандаро, ки чорсаду панчох хазор мешуд, ба хисобаш гузарондам ва бо хаячон интизори рузи омадани бор шудам. Вакте ки мухлати омадани вагонхо наздик шуд, хис кардам, ки он мард ахдашро ичро кардани нест. Ба дурушти бо ман сухбат мекард: «Овардани бор осон аст, магар? Интизор шав, хар вакт ки омад, худам ба ту хабар медихам!» гуфта дуг зад. Ман ба у фахмондани шавам, ки мухлати дар карордод нишон- додашуда ду хафта аст, бо асабоният чавоб медод. Раиси он шуъбаи бонк марди хубе буд. Чи тавре зикр кар- дам, ман бо у робитаи дусти доштам. Назди у рафтам ва ка- зияро хикоя кардам ва асноду карордодро нишон додам. У аз мухосиботи бонк хохиш кард, ки чузъиёти хисобхои моро биёранд. Вакте чузъиётро оварданд ва карордодро хонд, дид, ки вокеан ман рост гуфтаам. Аз хисоби ширкати ман ба хисоби он ширкат маблаги гуфтаам гузаштааст. У ба ман кафолат дод, ки агар он нафар дар рузи ваъдакардааш бори маро тахвил надихад, пулхои маро бо чаримааш аз хисоби у ба хисоби ман бармегардонад. Ман пушти хубе пайдо кардам. Вакте фахмидам, ки он мард нияти ичро кардани карордодро надоштааст, ба назди раиси корхонаи сохтмони рафтам ва казияро шарх до- дам. Ба у гуфтам, ки агар бор наёяд, ман маблагро бо чаримааш бармегардонам. У бо истехзо ба ман гуфт: Фикр карди кори дунё осон аст? Ту хануз кудаки, дигар ба ин корхо машгул нашав ва сари дигаронро хам гаранг накун! Ин харфаш ба ман сахт расид ва ман ба у гуфтам, ки то мухлати тавофук хануз ду хафтаи дигар хаст ва ман саъй ме- кунам вазифаамро ичро кунам. Ихтиёрат, – гуфт у бо лабханд. Аз утоки у мисли «гурбаи аз об кашида» берун омадам. Ба иловаи аз даст рафтани фоида, шармандаги эхсос мекардам, ки ахди худро натавонистам ичро кунам. Ёдам омад, ки Фозил ном як дустам ба афгонхо оханолот мефурухт. Уро пайдо карда, хохиш кардам, ки ба ман мили охан ёфта дихад, омода будам, ки хеч суде надошта бошам, вале карордодро ичро кунам. Чинси оханолоте, ки Фозил дошт, ба дарди ман намехурд. Вале у ба ман нафаронеро шинос кард, ки тичораташон оханолот буд. Онхо микдори камтаре тайёр доштанд, вале ваъда доданд, ки агар ман бо пули накд бихарам, хар теъдодеро бароям пайдо мекунанд. Он шаб хобам набурд, хеле норохат будам. Субхи рузи дигар, ки мухлати духафтаина буд шуд, ман дар назди бонк хозир шудам, вале аз он мард дарак набуд. Ба назди раиси бонк даромадам ва арз кардам, ки мухлат расид, вале он мард на танхо борро тахвил надод, балки худаш хам нопайдост. Раиси бонк бо котеъият ба кормандонаш фармон дод, ки пулро бо чаримааш ба хисоби ман баргардонанд. Ман бо ёрии кормандони бонк асноди такозои хаттии бозгашти маблагро пур кардам ва бонк маблаги такозоро ба хисоби ман рехт. Хини ичрои ин супориш, он мард пайдо шуд ва маро гирифта, ба назди раис бурд ва хохиш кард, ки барояш чанд руз мухлат дихем, то борро тахвил дихад. Раис ба у гуфт, ки пул ба хисоби ман рехта мешавад ва агар дар се руз борро тахвил дихад, маблаг ба хисобаш баргардонда хохад шуд. Он мард баъди се руз мурочиат накард, вале ман базуди дар авчи кор афтодам ва уро комилан фаромуш кардам. Бояд зикр кунам, ки он замон бонкхо нав аз низоми шурави берун омада буданд ва бисёре аз усули кори он низом хануз хам роич буд, ки дархости баргардондани пул яке аз хамонхо буд ва бонкхо дар хисоббаробаркунии байни муштариён хеле салохият доштанд. Хамин тавр, дастхои ман барои муомилаи нав боз шуданд. Як микдор пулро аз бонк накд гирифта, ба назди он шинос- хои нав шитофтам ва бо онхо хар тоннае 2500 суми тавофуки шифохи кардам, ки ин барои ман суди бештар дошт. Онхо ба кор сар карданд ва хар руз ба корхонаи сохтмони 10-15 тон мил месупурданд. Кори ман гирифтани омор аз анбордори корхонаи сохтмони ва кашондани пули накд ба онхо буд. Хануз мухлат нарасида, ман ба анбори корхонаи сохтмони бештар аз ваъдаам мили охан супурдам. Раиси корхона бо ман ба пурраги хисобро баробар кард ва бо раисони корхонахои сохтмонии дигар шинос кард. Ман корро ба хамин минвол давом дода, маблагхои калонеро сохиб шудам. Тичорати маводи сохтмони хуб пеш мерафт, вале акли кунчкови ман ба сохаи хеле фарох рох ёфта буд. Ман гайр аз кунчкови, табиатан одами хеле бекарор хам хастам. Хамин хозир хам, ки ин сатрхоро менависам, худамро аз харакат базур нигох медорам. Чисми ман бояд хамеша дар харакат бошад. Дар аввалхои кор, ки ба тичорати колои сохтмони машгул шудам, табиист, ки бо одамони зиёде хамкори мекардам. Бо онхо сухбат мекардам ва ба тарзи кору тачрибаашон ошно ме- шудам, доим дар суроги роххои дигари тичорат хам будам, ки корро бехтар пеш бибарам. Аз ин сабаб пайваста дар харакату кофтуков будам, агар бо корхонае ё сохибкоре хамкор шавам, шеваи кори он ва роххои хамкории бештар бо онхоро барраси мекардам. Шабу руз дар харакат будам. Борхо шудааст, ки руз дар Душанбе кор мекардам, шаб бо мошин ба рох баро- мада, худамро ба Хучанд мерасондам, дар мошин мехобидам, рузи дигар дар Хучанд кор мекардам ва шаби баъди боз ба Душанбе баргашта, рузи дигарро хам аз даст намедодам. Рузхои истирохат ва идро бад медидам. Ончунон сар ба кор фуру бурда будам, ончунон бо шавк кор мекардам, ки як лахза хам орому карор надоштам. Кор торафт васеъ мешуд ва ман ба танхои ба хамаи корхо намерасидам, аз ин сабаб мувофики ниёз корманд мегириф- там. Назрулло ном дусте доштам, ки маро бо як хамсинфи мактабияш бо номи Исмоил шинос карда буд. Ин Исмоил ча- вони тануманд ва хузарб буд. У риш монда мегашт, ки намуди зохирияшро хеле муассир нишон медод. Бар хилофи намуди зохирияш, Исмоил фарди сода, самимиву нек аст. Ана хамин Исмоилро ман ба хайси ронанда ва хизматчии хамакора ба кор гирифтам, ки солиёни дароз ёрдамчии хубу содики ман шуд. |