Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Бедил, аз оинаи мо ғайри адаб гул накунад, Хуни таҳайюр ба хаёл аз раги ҷавҳар макушо. * * * То ба кай дар парда дорам оҳи бетаъсирро? Аз видоъи орзу пар медиҳам ин тирро. Кулбаи Маҷнун, чу саҳро аз иморат фориғ аст, Бому дар ҳоҷат набошад хонаи занҷирро. Ранги зарди мо иёри қудрати ишқ асту бас, Ин тило бепарда дорад ҷавҳари иксирро. Мо таҳайюрпешагонро изтиробе дигар аст, Пар задан дар ранг хун шуд бисмили тасвирро. Осмон бо он каҷӣ шамъи бисоташ ростист, Ҳалқаи чашми камон наззора донад тирро. Кӯшиши бедаступоён аз асар навмед нест, Интизори дом охир мекашад нахчирро. Ҷисми кулфатхез дар зиндони таъмират гудохт, Аз шикастан қуфл кун ин хонаи дилгирро. Арзи ҳастӣ дар хумори инфиол афтодан аст, Гардиши ранг аст соғар маҷлиси тақсирро. Бисмили мо баски аз завқи шаҳодат метапад, Теғи қотил мешуморад фурсати такбирро. Ваҳшати Маҷнуни моро чора натвон ёфтан, Ҳалқа кард андешаи забти садо занҷирро. Нест дар бедории мавҳуми мо беҳосилон Он қадар хобе, ки кас заҳмат диҳад таъбирро. Пӯшиши ҳол аст, Бедил, сози ҳифзи обрӯ, Бениёмӣ мекунад беҷавҳар ин шамшерро. * * * Чандин димоғ дорад иқболи чоҳи мино, Бар арш метавон чид аз дастгоҳи мино. Растан зи ҷаври гардун бе майкашӣ муҳол аст, Дуздидаам зи мино сар дар паноҳи мино20. Даври фалак ҷунун кард, моро хиҷил баровард, Бар худ зи шарм бастем охир гуноҳи мино. То май расад ба соғар, бар ҳуши мо ҷунун зад, Юсуф парӣ баромад имшаб зи чоҳи мино. Зоҳид, ба базми мастон дигар ту чеҳра манмо, Шабҳои ҷумъа кам нест рӯзи сиёҳи мино? Бо ин дуруштхӯён бечора дил чӣ созад? Умрест бар сари кӯҳ афтода роҳи мино. Дилҳо пур аст, бо ҳам гар ҳарфу савт дорем, Қулқул дар ин мақом аст яксар гувоҳи мино. Бо дастгоҳи ишрат пур тавъам аст кулфат, Чашми таре нишастаст бар қоҳ-қоҳи мино. Шарми хумору мастӣ хун гашту сар наяфрохт, Охир нигун баромад аз сина оҳи мино. Нозукдилони ин базм омодаи шикастанд, Аз вазъи пунба, зинҳор, машкан кулоҳи мино. Поси риояти дил осон магир, Бедил, Бо ҳар нафас ҳисобест дар коргоҳи мино. * * * Чу ашк он кас, ки мечинад гули айш аз тапиданҳо, Бувад дилтанг, агар гавҳар шавад аз орамиданҳо. Зи бас ом аст дар ваҳшатсарои даҳр бетобӣ, Дили ҳар зарра дорад дар қафас чандин тапиданҳо. Маҷӯ овозаи шуҳрат зи оҳанги сабукрӯҳон, Садои боли мурғи ранг набвад дар париданҳо. Нигаҳ дар дидаи ҳайрони мо шӯхӣ намедонад, Ба ранги чашми шабнам дурди ин миност диданҳо. Дуто кардем охир хешро дар хидмати пирӣ, Расонидем бори зиндагонӣ то хамиданҳо. Зи равнақ боз мемонад, чу мино шуд зи май холӣ, Шикасти ранг зоҳир мешавад дар хун кашиданҳо. Маро аз печутоби гирдбод ин нукта шуд равшан, Ки дар роҳи талаб меъроҷи домон аст чиданҳо21. Зи қатъи улфати дилҳо ҳасуд осуда наншинад, Шавад хамёзаи миқроз афзун дар буриданҳо. Гудози дарди навмедӣ тамошое дигар дорад, Ба ранги ашки носурам назарбози чакиданҳо. Ҳубоб аз мавҷ ҳаргиз сарфаи тоқат намебинад, Зи боли мо гиреҳ во мекунад охир тапиданҳо. Зи ҳастӣ гар бурун тозӣ, адам дар пеш меояд, Дар ин водӣ мақоме нест ғайр аз норасиданҳо. Маҷӯ аз тифлхӯён фитрати озодагон, Бедил, Ба парвози нигаҳ кай мерасад ашк аз давиданҳо? * * * Ҳайф, к-аз ифлос навмедӣ фазояд мардро, Даст агар кӯтоҳ шуд, бар дил нашояд мардро. Аз таназзулҳост, гар дар олами озодагӣ Чини пешонӣ ба ёди доман ояд мардро. Чун табақҳои занон22 гулкарда гир осори нанг, Дар фусӯси молу зар гар даст сояд мардро. Ҷадвали обу23 хиёбони чаман манзури кист? Захми майдонҳо кашад, то дил кушояд мардро. Як тағофул мекунад саркӯбии сад кӯҳсор, Дар сухан мебояд аз ҷо дарнаёяд мардро. Домани Рустам таконад бар сари ин ҳафт хон24 Дасти ғайрат, то ғубор аз дил зудояд мардро. Дар мизоҷи дона омодаст таъсири замин, Ҳез кам пайдо шавад, гар зан назояд мардро. Ногузири рағбати иқбол бояд зистан, Ҷоҳи дунё сурати зан менамояд мардро. Ҷавҳари ғайрат дар ин майдон намемонад ниҳон, Теғ мегардад забону меситояд мардро25. Гар зи симу зар вафо хоҳӣ, ба хиссат ҷаҳд кун, Қаҳба26 маҳкум аст аз имсоке, ки пояд мардро. Бедил, ин дунё на имрӯз имтиҳонгаоҳ асту бас, То ҷаҳон боқист, зан меозмояд мардро. * * * Ҳайф аст, кашад саъйи дигар бодакашонро, Ёрон, ба хати ҷом бибандед миёнро. Мо софдилон саршикани табъи дуруштем, Бар санг тараҳҳум набувад шишагаронро. Ҳасрат ҳама дам сайди хами қомати пирист, Гул дар бари хамёза бувад шохи камонро. Ғафлат зи сарам боз нагардад, ки чу гавҳар Бо дида гиреҳ сохтаам хоби гаронро. Олам ҳама ёр аст, ту маҳҷуби27 хаёлӣ, Банд аз мижа бардор, яқин соз гумонро. Осударавон ҷодаи ташвиш надоранд, Манзил талабӣ, тарк макун забти инонро. Мову саҳар аз як ҷигари чок дамидем, Оҳе накашидем, ки нагрифт ҷаҳонро. Дидорпарастем, мапурс аз раму ором, Парвоз нигоҳ аст таҳайюрқафасонро. Дил ҷамъ кун, аз кашмакаши даҳр бурун о, К-ин баҳр дар оғӯши гуҳар рехт каронро. Гардун ҳама парвозу замин ҷумла ғубор аст, Манзил бинамоед иқоматталабонро. Сармоя чу субҳ аз ду нафас беш надоред, Беҳуда бар ин ҷинс мачинед дуконро. Бедил зи нафасҳо равиши умр аён аст, Нақши қадам аз мавҷ бувад оби равонро. * * * Ҳирс фурсатинтизору даври ранг аст осиё, Дил зи навбат ҷамъ кун, пур бедиранг аст осиё. Саъйи рӯзӣ бо балои беамон ҷӯшидан аст, Бештар дар гардиш аз боди туфанг28 аст осиё, Як надомат кори чандин донаи дил мекунад, Гар тавонӣ даст бар ҳам суд, нанг аст осиё. Аз манумо ҳар чӣ андӯзӣ, ниёзи нестист, Ошиқи ин хирмани офатбачанг аст осиё. Санг ҳам оинаи таҳқиқ сайқал мезанад, Умрҳо шуд, дар талоши рафъи занг аст осиё. То қиёмат гардиши афлок дар кор асту бас, Кас нафаҳмид ин, ки мегардад, чӣ ранг аст осиё? То нафас боқист, гирди ризқ мегардида бош, Об чун вомонад аз рафтор, ланг аст осиё. Зери гардун ноумеди амн то кай зистан? Донаҳо, з-ин ҷо бурун оед, танг аст осиё. Осмон ҳам то куҷо дар фикри мардум таг занад? Баски рӯзихор бисёр аст, данг аст осиё. Не заминат офиятгоҳ аст, не чархи баланд, Бо чӣ хоҳӣ тарф баст29, охир, дусанг аст осиё. Бедил, аз гардун саломат чашм натвон доштан, Алвидоъи дона гӯ, коми наҳанг аст осиё. * * * Дар талаб то чанд резӣ обрӯи комро? Як сабақ шогирди истиғно кун ин ибромро. Доғ будан дар хумори матлаби ноёб чанд? Пухта натвон кард аз оташ орзуи хомро. Магзар аз мавқеъшиносӣ, варна, дар арзи ниёз Беш аз оруғ аст нафрат оҳи беҳангомро. Мехиромад пешпеши дил тапишҳои нафас, Ваҳшат аз нахчир ҳам беш аст ин ҷо домро. Монеи сайри сабукрав пойи хоболуд нест, Боли парвоз аст зиндони нигинҳо номро. Дурии васлат ба қадри дастгоҳи ҷустуҷӯст, Қатъ кун ваҳму хиёли қосиду пайғомро. Ҳусни мутлақ доштам, худбиниям оина кард, Ин қадарҳо ҳам асар мебудааст авҳомро. Чун ғубори шишаи соат тасаллидушманем, Аз мизоҷи хоки мо ҳам бурдаанд оромро. Зиндагӣ то кай ҳалоки Каъбаву дайрат кунад? Беҳ, ки аз дӯш афканӣ ин ҷомаи эҳромро. Аз тағофул то нигоҳи чашми хубон фарқ нест, Нашъа якранг аст ин ҷо дурду софи ҷомро. Ҳалқаи он зулф равнақ аз ғубори дил гирифт, Дуди оҳи сайди мо шуд сурма чашми домро. Кай равад фикри мазаррат аз мизоҷи аҳли кин? Мор натвонад ҷудо аз заҳр дидан комро. Арзи маънӣ дигару изҳори сурат дигар аст, Бедил, аз оина натвон хост вазъи ҷомро. * * * Дар безарӣ зи ҷабҳаи ахлоқ чин кушо, Ҳарчанд остин гираҳ орад, ҷабин кушо. Аз соилон дареғ нашояд табассумат, Гирам, кафат тиҳист, лаби офарин кушо. Оби ҳаёти ҷӯи ҷасад ҷавҳари сахост, Роҳи таровише чу зуруфи гилин кушо. Мунъим агар зи тангии хулқ аст нози ҷоҳ, Чиндортар зи нақши нигин остин кушо. Гар лаззат аз маоли ҳаловат набурдаӣ, Боре зи ашки шамъ сари ангубин кушо. Афсонаҳои Бежану Рустам ба тоқ неҳ, Гар марди қудратӣ, дилат аз банди кин кушо. Ҳайф аст табъи мард зи ғайбат қафо хурад30, Мижгон ба ҳам неҳу назари ҷумлабин кушо. Боғу баҳор ташнаи сайри тағофулест, Ёрон, ҳазар кунед зи ҳези суринкушо. Аз нақби санг нақши нигин фатҳи боб ёфт, Эй номҷӯ, ту ҳам раҳи зери замин кушо. Таҳқиқ ҳар қадар диҳадат муҳлати нафас, Гавҳар ба сӯзани нигаҳи вопасин кушо. Бедил, ба ҳар чӣ азм кунӣ, васл мақсадест, Ин ҷо нишонаҳост, ту шаст аз камин кушо. * * * Шафақ дар хуни ҳасрат метапад аз дидани мино, Ақиқ обе равон мегардад аз хандидани мино. Ҷигарҳо бар замин мерезад аз каф рафтани соғар, Диле дар зери по дорад ба сар ғалтидани мино. Бинол аз дарди ғафлат он қадар, к-аз худ бурун оӣ, Ба қадри қул-қул аст аз хеш доман чидани мино. Суроғи айш аз ин маҳфил маҷӯ, к-аз ҷӯши дилтангӣ Садои гиря печидаст бар хандидани мино. Тунуксармоя аст он дил, ки шуд осудагӣ созаш, Ба бемағзӣ далеле нест ҷуз хобидани мино. Ба саъйи бехудӣ қулқулнавои сози найрангам, Шикасти ранг дорад ин қадар нолидани мино. Руунат дар мизоҷи майпарастон раҳ намеёбад, Чӣ имкон аст аз таслим сар печидани мино? Назокат ҳам дар ин маҳфил ба каф осон намеояд, Гудози санг мехоҳад ба худ болидани мино. Бисоти ноз чидам, ҳар қадар к-аз худ бурун рафтам, Пурӣ болид дархӯрди тиҳӣ гардидани мино. Хамӯшӣ чанд? Табъи аҳли маънӣ тоза кун, Бедил, Ба махмурон ситам дорад нафас дуздидани мино. * * * Айш донад дили саргашта парешониро, Нохудо бод бувад киштии тӯфониро. Ашк дар ғамкадаи дида надорад қимат, Аз буни чоҳ барор ин маҳи канъониро. Ишқ набвад ба иморатгарии ақл шарик, Сел аз каф надиҳад санъати вайрониро. Аз хату зулфи бутон тозадалел аст, ки ҳусн Карда чатри бадан асбоби парешониро. Бор ёбӣ чу ба хоки дари соҳибназарон, Чини домони адаб кун хати пешониро. Резиши ашки надомат зи сияҳкориҳост, Лозим аст абри сияҳ қатраи найсониро Зери гардун натавон ғайри касофат андӯхт. Нохуну мӯст расо мардуми зиндониро. Лофи озодагӣ аз аҳли фано нозебост, Домани чида чӣ лозим тани урёниро? Ҷоҳил аз ҷамъи кутуб соҳиби маънӣ нашавад, Нисбате нест ба шероза сухандониро. Нафаси сӯхта бояд ба тапиш равшан кард, Нест шамъе дигар ин анҷумани фониро. Натавон ёфт аз он ҷилваи беранг суроғ, Магар оина кунӣ дидаи қурбониро. Бозгаште набувад пойи талабро, Бедил, Сели мо нашнавад афсуни пушаймониро. * * * Ишқ агар дар ҷилва орад партави мақдурро31, Аз гудози дил диҳад равған чароғи Турро. Бениёзӣ баски муштоқи лиқои аҷз буд, Кард холи рӯи худ дасти Сулаймон мӯрро. Аз фалак бе нола коми дил намеояд ба даст, Шаҳд хоҳӣ, оташе зан хонаи занбӯрро. Аз шикасти дил чӣ ишратҳо, ки бар ҳам хурду рафт, Мӯйи чинӣ шом ҷӯшонд аз саҳар фағфурро. Орзуманди туро сайри гулистон офат аст, Накҳати гул теғ бошад соҳиби носурро. Сӯхтан дар ҳар сифат манзури ишқ афтодааст, Машраби парвона аз оташ надонад нурро. Софу дурде нест дар хумхонаи таҳқиқ, лек Дор боло бурд шӯри нашъаи Мансурро. Гар диле дорӣ, ту ҳам хун созу соҳибнашъа бош, Май шудан махсус набвад донаи ангурро. Дар тариқи нафъи худ кас нест муҳтоҷи далел, Бе асо роҳи даҳан маълум бошад кӯрро. Хушнамо набвад ба пирӣ арзи андоми шабоб, Лофи гармӣ сард бошад накҳати кофурро. Бар умеди васл мушкил нест қатъи зиндагӣ, Шавқи манзил мекунад наздик роҳи дурро. Нағма ҳам дар нашъапаймоӣ қиёмат мекунад, Мавҷи май тор аст, Бедил, косаи танбӯрро. * * * Ақбае дигар набошад рӯҳи аз тан растаро, Нест бими сӯхтан дуди зи оташ ҷастаро. Шиква аз гардун далели тангдастиҳои мост, Нола дар парвоз бошад тоири парбастаро. Интизоми офият аз олами касрат махоҳ, Бесабот аст эътибори рангу бӯ гулдастаро. Ҳамчу сарв озодагонро қайди улфат ростист, Хатти мистар дом бошад мисраи барҷастаро. Аз забони чарбу нарми халқ дорам ваҳшате, К-аз даҳони шер нашносам даҳони пистаро. Аз шикастан дил намеафтад зи чашми эътибор, Кас намехоҳад таҳи по шишаи бишкастаро. Мавҷ чун бо якдигар ҷӯшид, гавҳар мешавад, Дил тавон гуфтан нафасҳои ба ҳам пайвастаро. Ғунчаҳо дар бистари захми ҷигар осудаанд, Эй насим, оташ мазан дилҳои улфатхастаро. Ҷавҳари ворастагон мушкил, агар монад ниҳон, Роҳ дар чашм аст гарди бар замин наншастаро. Бо каломи обдорат кай расад лофи гуҳар? Бедил, ин ҷо эътиборе нест ҳарфи бастаро. * * * Фусуни ҷоҳ узри ланг созад парфишониро, Ба ғалтонӣ расонад об дар гавҳар равониро. Чу гул дар субҳи пирӣ мекашӣ хамёзаи ҳасрат, Макун, эй ғунча, сарфи хоб шабҳои ҷавониро. Набояд ростӣ аз чархи каҷрав орзу кардан, Мабодо, бо хадангиҳо бадал созад камониро. Чӣ дорӣ аз вуҷуд, эй зарра, ғайр аз ваҳми парвозе? Адам бошу ғанимат дор хуршедошёниро. Ғуруру фитнаҳо дар сар, суҷуду офият дар бар, Замин то метавон будан махоҳед осмониро. Шуд аз мавҷи нафас равшан, ки баҳри кишти омолат Зи мӯ бориктар обест ҷӯйи зиндагониро. Лаби захмам ба мавҷи хун намедонам, чӣ меҷӯяд? Магар теғи ту дарёбад забони безабониро. Сабукрӯҳӣ, чу ранги ошиқон, дорад иёри ман, Ҳама гар зар шавам, бар хеш напсандам гарониро. Чаманпардози дидорам, зи ҳайрат чашми он дорам, Ки чун товус, дар оина гирам парфишониро. Ба мазмуни китоби офият то ворасӣ, Бадил, Ба ранги соя равшан кун саводи нотавониро. * * * Кардаам сармашқи ҳасрат сарви мавзуни туро, Нола мехонам баландиҳои мазмуни туро. Шомпарварди ғамам, бо субҳи иқболам чӣ кор? Тирабахтӣ сояи бед аст Маҷнуни туро. Хокҳои ин чаман мебоядам бар сар задан, Баски гул пӯшид нақши пойи гулгуни туро. Сози маҳшар гашт офоқ аз ғубори ҳасратам, Дар найи мижгон чӣ фарёд аст маҳзуни туро? Шӯри истиғно бурун аз пардаҳои аҷз нест, Риштаи мо сахт печидаст қонуни туро. Фаҳми яктоист барқи эътибороти дуӣ, Умрҳо шуд, хондаам бар хеш афсуни туро. Ҳар чӣ мебинам, суроғе аз хаёлат медиҳад, Ҳар ду олам як сари зонуст Маҷнуни туро. Эй дили девона, сабре, к-аз сувайдо чора нест. Дидаи оҳу фурӯ бурдаст ҳомуни туро. Бедил, озодӣ гар истиқболи оғӯшат кунад, Он қадар во шав, ки натвон баст мазмуни туро. * * * Куҷо алвони неъмат з-ин бисот осон шавад пайдо, Ки Одам аз биҳишт ояд бурун, то нон шавад пайдо. Тамизи лаззати дунё ҳам осон нест, эй ғофил, Чу тифлон, хун хӯрӣ як умр, то дандон шавад пайдо Саҳар то шом бояд так задан чун офтоб ин ҷо, Ки хушкоре32 ба чашми ҳирс аз ин анбон шавад пайдо. Саҳоби кишти мо сад раҳ шикофад чашми гирёнаш, Ки гандум як табассум бо лаби хандон шавад пайдо. Талоши мавҷ дар гавҳар шудан уммеди он дорад, Ки гарди соҳиле з-ин баҳри бепоён шавад пайдо. Ҷунун ҳам ҷаҳдҳо бояд, ки домонаш ба чанг афтад, Дарӣ сад пираҳан, то пайкари урён шавад пайдо. Уюб ояд бурун, то гул кунад ҳусни камол ин ҷо, Калаф бепарда гардад, то маҳи тобон шавад пайдо. Парешон аст аз беилтифотӣ субҳаи улфат, Зи дил бастан магар ҷамъияти ёрон шавад пайдо. Амон хоҳ аз газанди халқ дар гармихтилотиҳо, Ки ақраб бештар дар фасли тобистон шавад пайдо. Бинои ваҳшати ин куҳнаманзил ибрате дорад, Ки соҳибхона гар пайдо шавад, меҳмон шавад пайдо. Зи пайдоӣ ба номи маҳз чун анқо қаноат кун, Фароғ ин ҷо касе дорад, к-аз ин унвон шавад пайдо. Чу субҳ он беҳ, ки гум бошад касе дар гарди маъдумӣ, Вагар пайдо тавонад гашт, болафшон шавад пайдо. Дар ин саҳро ба вазъи Хизр бояд зиндагӣ кардан, Нагардад гум касе, к-аз мардумон пинҳон шавад пайдо. Ҳарифи гавҳари ноёб набвад саъйи ғаввосон, Магар ин коми дил аз ҳиммати мардон шавад пайдо. |