Главная страница

Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи


Скачать 0.85 Mb.
НазваниеАхтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
АнкорШпаргалка
Дата15.09.2021
Размер0.85 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлаАхтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил.docx
ТипДокументы
#232339
страница4 из 35
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   35

Дар ҳақи инсофи абнои замон

Доди таҳсин медиҳад дашноми мо.

Бар ҳарифон аз хамӯшӣ ғолибем,

Гар набошад баҳси мо илзоми мо.

З-ин чаман тасвири субҳе гул накард

Бенафастар аз ҳавои боми мо.

Дархури ризқи муқаддар зиндаем,

Решаи ин дона дорад доми мо.

Фақр моро шуҳраи офоқ кард,

Кӯс зад дар бенигинӣ номи мо.

Барнамеояд зи ташвиши кусуф

Офтоби кишвари айёми мо.

Нури маънӣ аз тасаннуъ бохтем,

Хона торик аст аз гулҷоми7 мо.

Ғайри рам дар корвони барқ нест,

Як хат аст оғоз то анҷоми мо.

Нома бар боли таҳайюр бастаем,

Бар кӣ хонад бекасӣ пайғоми мо?

То фалак боз аст дарҳои қабул,

Оҳ аз бесабрии иброми мо!

Ҳар тараф чун ашк, Бедил, медавем,

То куҷо белағзиш афтад гоми мо?

* * *

Бо ҳама афсурдагӣ муфти тамошоем мо,

Мавҷҳо дорад парӣ, чандон ки миноем мо.

Рангҳо гул кардаем, аммо дар оғӯши адам,

Байзаи товус зери боли анқоем мо.

Манзили мо маҳмили мо, саъйи мо афтодагист,

Ҳамчу ашк аз корвони лағзиши поем мо.

Бехудӣ умрест аз дил мекашад рахти нафас,

То буруни худ ҷаҳоне дигар ороем мо.

Нардбони чоки дил то қасри гардун бурдан аст,

Чун саҳар аз хеш осон барнамеоем мо.

Гӯшаи ороми дигар аз куҷо ёбад касе,

Чун нафас, дар хонаи дил ҳам намепоем мо.

Имтиёзи васлу ҳиҷрон дурбоши кас мабод,

Оҳ аз ин ғафлат, ки бо ӯ низ танҳоем мо.

Сарфаи кӯшиш надорад ёди умри рафта ҳам,

Фурсат аз каф меравад, то даст месоем мо.

То ба ҳиммат бигзарем, аз ҳар чӣ меояд ба пеш,

Ҳамчу фурсат якқалам дисози фардоем мо.

Бе ҳузуре нест истиқболи азхудрафтагон,

Саҷда гардӣ, гар бидонӣ бо кӣ меоем мо.

Шӯхии осори маънӣ бе иборат мушкил аст,

Фоштар гӯем, ӯ ҳам ӯст, то моем мо.

Бемуҳобо кист, Бедил, аз сари мо бигзарад?

Чун шикасти обила як қатра дарёем мо.

* * *

Ба аҷзе, ки дорӣ, қавӣ кун миёнро,

Ба ҳикмат нагардондаанд осмонро.

Равон бош ҳамдӯши беихтиёрӣ,

Балад гир рафтори реги равонро.

Нафас, гар ҳама мавҷи гавҳар барояд,

Зи дасти гусастан нагирад инонро.

Дар ин анҷуман нокасӣ қадр дорад,

Зи касби адаб садр кун остонро.

Ба арзи ҳунар лаб кушудан нашояд,

Зи чидан маёшӯб ҷинси дуконро.

Чӣ дом аст дунё? Чӣ ном аст уқбо?

Ту меъморӣ ин хонаҳои гумонро

Касе бори дунё набурдаст бар сар,

Зи таслим бӯсест санги гаронро.

Ба ваҳми таайюн8 рамид аз ту роҳат,

Зи парвоз пар додаӣ ошёнро.

Ба меъроҷи давлат макаш ранҷи ботил,

Каҷиҳост дар ҳар қадам нардбонро.

Тунукмояи фақр дорад саодат,

Ҳумо гир бемағзии устухонро.

Зи лафз ошно шав ба мазмуни нозук,

Камар ҳалқа кардаст мӯйи миёнро.

Ҳисобест дар иттифоқи ду ҳамдам,

Ададҳост воҳид забону даҳонро9.

Зи худдории мост маҳрумии мо,

Бурун ронда хушкӣ зи дарё каронро.

Тамизе нашуд маҳви ин наргисистон,

Надидан кушудаст чашми ҷаҳонро.

Сару кори дунё аён аст, Бедил,

Мукаррар макун мунфаил имтиҳонро.

* * *

Бар санг зад замона зи бас сози ошно,

Дар сурма гард мекунад овози ошно.

Имрӯз нест қобили тафриқу имтиёз

Анҷоми кори душману оғози ошно.

Гар сайқале ба кор барад саъйи иттифоқ,

Дил мехарошад оинапардози ошно.

То кай дар ин бисот зи афсуни илтифот

Бар рӯйи шамъ бӯса занад гози ошно?

Доди кушоди кор тазаллум10 куҷо барад?

Зад ҳалқа бастагӣ ба дари бози ошно.

Гар муддаои дил ду нафас орамидан аст,

Дому қафас хуш аст зи парвози ошно.

Бишнав навои неку бад аз дуру дам мазан,

Най нола доштаст зи дамсози ошно.

Чанги қазост даҳр, амонгоҳи халқ нест,

Гунҷишкро чӣ суд зи шаҳбози ошно?

Миннаткаши такаллуфи ахлоқ кас мабод,

Бегонаам зи хеш, ҳам аз нози ошно.

Аз ҳар чӣ дам занӣ, ба хамӯшӣ ҳавола кун,

Ин анҷуман пур аст зи ғаммози ошно.

Мактуби ишқ қобили иншо касе наёфт,

Бурдем сар ба муҳри адам рози ошно.

Бедил, ба ҳарфу савти ҳам овора гашт халқ,

Оҳ аз фусуни ғӯл ба овози ошно!

* * *

Баҳр мепечад ба мавҷ аз ашки ғампарварди мо,

Чарх мегардад дуто дар фикри бори дарди мо.

Гар ба майдони риёзат каҳрабо даъвӣ кунад,

Коҳ гирад дар даҳан11 аз шарми ранги зарди мо.

Дур набвад, гар камони сайди дилҳо зеҳ кунад,

Ҳамадои абруйи нозест байти фарди мо.

Медиҳад бӯйи гиребони саҳар мавҷи насим,

Метавон донист ҳоли дил зи оҳи сарди мо.

Ҳамчу най, дар ҳар нафас дорем нақди нолае,

Эй ҳавас, ғофил мабош аз ганҷи бодоварди мо.

Мо – сабукрӯҳон зи қайди шашдари12 тан фориғем,

Муҳраи озоди дил дорад бисоти нарди мо.

Гар диҳад сад бор гардун хоки оламро ба бод,

Нашканад ошуфтагӣ ранге ба рӯйи гарди мо.

Дӯш бо теғи табассум рафтӣ аз базму ҳанӯз

Шӯр берун медиҳад захми намакпарварди мо.

Дар саводи ҳайрат аз ёди ҷамолат бехудем,

Рӯзу шаб хоби саҳар дорад дили шабгарди мо.

Нест, Бедил, ҷуз навои қулқули минои май

Ҳеҷ кас дар маҳфили хуниндилон ҳамдарди мо.
* * *

Ба меҳри модари гетӣ макаш ранҷи умед ин ҷо,

Ки хунҳо мехурад, то шир мегардад сафед ин ҷо.

Муқими норасоӣ бош пеш аз хок гардидан,

Ки саъйи ҳар ду олам чун арақ хоҳад чакид ин ҷо.

Муҳит аз ҷунбиши ҳар қатра сад тӯфон ҷунун дорад,

Шикасти ранги имкон буд, агар як дил тапид ин ҷо.

Гудози нестӣ аз интизорам барнамеорад,

Зи хокистар шудан гул мекунад чашми сафед ин ҷо.

Зи сози улфатоҳанги адам дар пардаи гӯшам

Навое мерасад, к-аз бехудӣ натвон шунид ин ҷо.

Дар ин меҳнатсаро оинаи ашки ятимонам,

Ки дар бедаступоӣ ҳам маро бояд давид ин ҷо.

Кабоби хомсӯзи оташи ҳасрат диле дорам,

Ки ҳар ҷо бенавое сӯхт, дудаш сар кашид ин ҷо.

Ниёзи саркашони ҳусн ошӯбе дигар дорад,

Камингоҳи тағофул шуд, агар абрӯ хамид ин ҷо.

Тапишҳои нафас аз пардаи таҳқиқ мегӯяд,

Ки то аз худ асар дорӣ, нахоҳӣ орамид ин ҷо.

Баланд аст онқадарҳо ошёни аҷзи мо, Бедил,

Ки бе саъйи шикасти болу пар натвон расид ин ҷо.
* * *

Бар тоқ неҳ табахтури13 ҷоҳу ҷалолро,

Чинӣ салом кард ба як мӯ сафолро.

Олам зи дастгоҳи бақо туъмаи фаност,

Чун шамъ реша мехурад ин ҷо ниҳолро.

Пур гаштану тиҳӣ шудан аз хеш оламест,

Оина кун уруҷу нузули ҳилолро.

Бар шишаҳои соат агар ворасидаӣ,

Дарёб гарди қофилаи моҳу солро.

Маҳкуми ҳирсу поси маротиб – чӣ мумкин аст?

Бо шарм кор нест забони суолро.

Тасвири ҳусну қубҳи ҷаҳон то кашидаанд,

Бар ранг дидаанд муқаддам зуголро.

Ёрон, дар ин чаман ба такаллуф тараб кунед,

Ин ҷо ҳизоб ҳам шаби идест золро.

Товуси мо агар на парафшони нози ӯст,

Ранги паридаи кӣ чаман кард болро?

Дар дарсгоҳи сунъ зи таътили мо мапурс,

Бо шуғли хома нисбати хушкест нолро.

Маҳ шуд ҳазор бор ҳилолу ҳилол бадр,

Дидем вазъи олами нақсу камолро.

Хоро ҳарифи саъйи заифон намешавад,

Сад кӯча аст дар буни дандон хилолро.

Шояд хате ба нам расад аз лавҳи сарнавишт,

Ҷаҳдест бо ҷабин арақи инфиолро.

Бедил, ба сурма нисбати ҳар кас дуруст нест,

Мижгон шумурдан аст забонҳои лолро.


* * *

Ба даъват ҳам касеро кас намегӯяд: биё ин ҷо,

Салои14 нон шикастан гашт бонги осиё ин ҷо.

Агар бо ин нигуниҳост хони ҷуд сарпӯшаш,

Зи вазъи тоҷ бар кашкӯл мегиряд гадо ин ҷо.

Фалак дар хок пинҳон кард яксар сурати одам,

Мусаввир гардае мехоҳад аз мардумгиё ин ҷо.

Иёри рабти улфат дигар аз ёрон кӣ мегирад?

Сару гардан чу ҷому шиша аст аз ҳам ҷудо ин ҷо.

Ҷаҳон номунфаил гул кард, асар ҳам мавқеъе дорад,

Арақворе ба рӯйи кас намешошад ҳаё ин ҷо.

Зи бемағзӣ шукӯҳи салтанат шуд нанги канносӣ,

Ба ҷойи устухон гуҳ хурда мегардад ҳумо ин ҷо.

Кӣ меорад паёми дӯстони рафта з-ин маҳфил?

Магар аз нақши пое бишнавем овози по ин ҷо.

Ғубори субҳ дидӣ, шарм дор аз сайри ин гулшан,

Зи ибрат хок бар сар карда меояд ҳаво ин ҷо.

Агар дар табъи ғайрат нанги изҳори ғараз бошад,

Кафи по мекунад саркӯбии дасти дуо ин ҷо.

Тараб умрест бо сози кудурат барнамеояд,

Сиёҳӣ пештоз афтод аз ранги ҳино ин ҷо.

Равам, дар кунҷи танҳоӣ замоне вокашам, Бедил,

Ки аз дилҳои пур дар базми суҳбат нест ҷо ин ҷо.

* * *

Ба шабнаме субҳи ин гулистон нишонд ҷӯши ғубори худро,

Арақ чу селоб аз ҷабин рафту мо накардем кори худро.

Зи поси номуси нотавонӣ чу сояам ногузири тоқат,

Ки ҳар чӣ з-ин корвон гарон шуд, ба дӯшам афканд бори худро.

Агар дилат занги кин зудояд, хилофи хулқат ба пеш н-ояд,

Сафои оина шарм дорад, ки хурда гирад дучори худро.

Ба умри мавҳум фикри фурсат фузуд сад бешу кам зи ғафлат,

Ту гар иёри амал нагирӣ, нафас чӣ донад шумори худро?

Қадам ба сад дашту дар кушодӣ, зи нола дар гӯшҳо фитодӣ,

Инон ба забти нафас надодӣ табиати найсавори худро.

Зи шарми ҳастӣ қадаҳ нигун кун, димоғи мастӣ ба ваҳм хун кун,

Ту, эй ҳубоб, аз тараб чӣ дорӣ? Пур аз адам кун канори худро.

Баландии сар ба ҷайби пастӣ шуд эътибори ҷаҳони ҳастӣ,

Чароғи ин базм то саҳаргоҳ зинда дорад мазори худро.

Ту шахси озоди парфишонӣ, қиёмат аст ин, ки ғунча монӣ,

Фусурд худдорият ба ранге, ки санг кардӣ шарори худро.

Ба хеш агар чашм мекушудӣ, чу мавҷи дарё, гиреҳ набудӣ,

Чӣ сеҳр кард орзуи гавҳар, ки ғунча кардӣ баҳори худро?

Видоъи ороиши нигин кун, зи шарм домони ҳирс чин кун,

Мазан ба санг аз ҷунуни шуҳрат чу номи анқо виқори худро.

Бадар зан аз муддао чу Бедил, зи улфати ваҳми пуч бигсил,

Ба остони умеди ботил хиҷил макун интизори худро.

* * *

Буд бемағз сари тундхурӯши мино,

Имшаб аз бода ба ҷо омада ҳуши мино.

Вақти он шуд, ки ба дарюза15 шавад сархуши ноз

Косаи доғи ман аз пунбаи гӯши мино.

Зиндагӣ гардани моро ба хами аҷз кашид,

Бода зуннори вафо баст ба дӯши мино.

То нафас ҳаст, ба дил замзамаи шавқ расост,

Кам насозад асари бода хурӯши мино.

Эй қадаҳ, гӯш шаву муждаи мастӣ дарёб,

Гарми лутфест кунун лаъли хамӯши мино.

Мекашад ҷилваи лаъли ту ба кайфияти май

Оби ҳасрат зи лаби хандафурӯши мино.

Чашму дил зеби гирифтории савдои ҳаманд,

Хатти ҷом аст ҳамон ҳалқаи гӯши мино.

Ҳама ҷо ҷилвафурӯш аст дил, аз дида мапурс,

Ҷоми ин базм нуҳуфтанд ба ҷӯши мино.

Қулқуле роҳзани гӯш шуду ҳуш намонд,

В-арна сад ранг наво дошт хурӯши мино.

Дили ушшоқ зи офат натавон бозхарид,

Парфишон аст шикаст аз бару дӯши мино.

Бедил, андар қадаҳи бода назар кун ба ҳубоб,

То чӣ дорад нафаси обилапӯши мино.

* * *

Бувад сармашқи дарси хомушӣ борикбиниҳо,

Зи мӯ ангушти ҳайронӣ ба лаб доранд чиниҳо.

Маро аз заъфи парвоз аст қайди ошён, варна,

Нафас гирам чу бӯйи ғунча аз хилватгузиниҳо.

Ниёзи ман уруҷи нашъаи нозе дигар дорад,

Сипеҳровозаам бар остонат аз заминиҳо.

Дили раморзу мушкил шавад маҳбуси навмедӣ,

Ки санг ин ҷо шарар мегардад аз ваҳшаткаминиҳо.

Нафас дуздиданам шуд боиси ҷамъияти хотир,

Ба дом афтод сайди матлабам аз домчиниҳо.

Ғубори фақр занги саркаширо мешавад сайқал,

Сиёҳӣ мебарад аз шуъла хокистарнишиниҳо.

Ба шӯхӣ омад аз бедастгоҳӣ эҳтиёҷи ман,

Дарозӣ кард даст охир зи кӯтаҳостиниҳо.

Хурӯши аҳли ҷоҳ аз хиффати идрок мебошад,

Тунукзарфист яксар иллати фарёди чиниҳо.

Тариқи дилрабоӣ як ҷаҳон найранг мехоҳад,

Ба ҳусни маҳз натвон пеш бурдан нозаниниҳо.

Магар аз фикри уқбо бозгардам, то ба хеш оям,

Ки аз худ сахт дур афтодаам аз пешбиниҳо.

Дуто гаштем дар андешаи як саҷда пешонӣ,

Ба роҳи дӯст хотам кард моро бенигиниҳо.

Дами теғ аст, Бедил, роҳи борики сухансанҷӣ,

Забони хома ҳам шақ дорад аз ҳарфофариниҳо.

* * *

Биё, хуршеди маъниро бибин аз равзани мино,

Ки ёди субҳи содиқ медиҳад хандидани мино.

Зи зуҳди хушки зоҳид нест боке сайри мастонро,

Ки эмин аз хазон бошад баҳори гулшани мино.

Зи номи май забонам масту бехуд дар даҳон афтад,

Нигоҳам ранги май пайдо кунад аз дидани мино.

Масеҳи вақт агар кас бодаро хонад, аҷаб набвад,

Ки ҳар дам бода ҷони тоза бахшад дар тани мино.

Саломат якқалам дар маркази санг аст, агар донӣ,

Шикасти яъс мепечад ба худ болидани мино.

Видоъи маъният аз лаб кушуданҳост, эй ғофил,

Парӣ гардад парешон охир аз хандидани мино.

Сиришти мову мино, гӯӣ, аз як хок шуд, Бедил

Ки моро дил ба тан механдад аз хандидани мино.

* * *

Биё, ки ҷоми мурувват диҳем ҳавсаларо,

Ба сояи кафи по парварем обиларо.

Ба водие, ки тааллуқ далели кӯшишҳост,

Зи бори дил ба замин хуфта гир қофиларо.

Зи соҳиби амал озодагӣ чӣ имкон аст?

Дар ин бисот гаронхезиест ҳомиларо.

Зи инқилоби ҳаводис бузурге эмин нест,

Ба табъи куҳ асар афзунтар аст зилзиларо.

Муҳаббат аз ману ту ранги имтиёз гудохт,

Тарию об сазовор нест фосиларо.

Ба каҷадоии ҳусни тағофулат нозам,

Ки ёди ӯ кулаҳи ноз мекунад гиларо.

Чу субҳ, як-ду нафас муғтанам шумар, Бедил,

Макун далели қиёмат чу зоҳидон чиларо.

* * *

Поси кори худ набошад соҳиби тадбирро,

Даст бар қайди садо мушкил бувад занҷирро.

Нафъ з-ин бозор натвон бурд бе ҷинси фиреб,

Эй ки судандешаӣ, сармоя кун тазвирро.

Нест осон роҳ бар қасри иҷобат16 ёфтан,

Эҳтиёте кун каманди нолаи шабгирро.

Содадил аз кибри дониш туршрӯӣ мекашад,

Ҷавҳар ин ҷо чини абрӯ мешавад шамшерро.

Бенавоӣ бин, ки дар ҳамрозии дарси ҷунун

Сурма шуд бахти сиёҳам ҳалқаи занҷирро.

Дар биёбони таҳайюр нам зи чашми мо махоҳ,

Бениёз аз ашк медон дидаи тасвирро.

Вазъи мардум ғафлати моро қависармоя кард,

Хоби мо афсона фаҳмид он ҳама таъбирро.

Дар муҳаббат доғдори кӯшиши беҳосилам,

Барқи оҳи ман намесӯзад магар таъсирро.

Нақши ҳастӣ сархати лавҳи хаёле беш нест,

Ҳам ба чашми баста бояд хонд ин таҳрирро.

Нағмаи қонуни ваҳдат бар ту нозишҳо кунад,

Гар ба ранги тори соз аз бам надонӣ зерро.

Он қадар яъсам шикаст охир, ки чун бунёди ранг

Қатъ кард обу гили ман улфати таъмирро.

Ростбозонро зи ҳукми каҷсириштон чора нест,

Бо камон, Бедил, итоат лозим омад тирро.

* * *

Пеши он чашми сухангӯ мавҷи май дар ҷомҳо

Чун забони хомушон печида сар дар комҳо.

Ранги хубиро зи чашми ӯ саботе дигар аст,

Равғани тасвир дорад ҳусн аз ин бодомҳо.

Мавҷи дарёро тапидан рақси айши зиндагист,

Бисмили ӯро ба беоромӣ аст оромҳо.

Аз мазоқи17 ноз агар ғофил набошад коми шавқ,

Метавон сад бӯса лаззат бурдан аз дашномҳо.

Чун хати паргор, агар мақсад далели аҷз нест,

Пойи оғоз аз чӣ мебӯсад сари анҷомҳо?

Аз гирифтории мо бо ишқ зебе дигар аст,

Боли мурғон мешавад мижгони чашми домҳо.

Шуҳраи олам шудан мушкил бувад бе дарди сар,

Рӯзу шаб чин бар ҷабин дорад нигин аз номҳо.

Сахт душвор аст қатъи роҳи иқлими адам,

Ҳамчу пайки умр бояд аз нафас зад гомҳо.

Мақсади ваҳшатхиромони нафас фаҳмиданист,

Бе суроғе нестанд ин бӯйигулэҳромҳо.

Нашъаи айше ки дорад ин чаман, хамёза18 аст,

Бар пари товус мебандам бароти ҷомҳо.

Ҳеҷ кас дар олами иқбол фориғбол нест,

Рахш натвон тохтан, Бедил, ба пушти бомҳо.

* * *

Пеши тавонгарманишон паҳлуи лоғар макушо,

Даст ба ҳар даст мадеҳ, чашм ба ҳар дар макушо.

То зи яқинат ба гумон чашм напӯшанд хасон,

Банди ниқоби саҳарат дар сафи шабпар макушо.

Ҳиммати тамкинназарат нест кам аз мавҷи гуҳар,

Ҷайби ҳаё то надарӣ, хок шаву пар макушо.

То нафитад шамъсифат оташи ғорат ба сарат,

Дар бари маҳфил зи миёнат камари зар макушо.

Оби рухи кас наравад ҷуз ба тақозои ҳавас,

Шиша тиҳӣ гир зи май ё лаби соғар макушо.

Гар ба худ афтад нигаҳат, пашм надорад кулаҳат19,

Нанги калӣ то накашӣ, дар ҳама ҷо сар макушо.

Лаб ба ҳам ор аз манумо, ваъзу баён пур масаро,

Пушту рухи ин ду варақ таҳ куну дафтар макушо.

Мотами ҳам дар назар аст анҷумани ибрати мо,

Чашме агар боз кунӣ, бе мижаи тар макушо.

Эй нафасат субҳи азал, бо абадат чист ҷадал?

Як сарат аз ришта бас аст, он сари дигар макушо.
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   35


написать администратору сайта