Главная страница

сохтмон дар даври истиклолият. маколаи нав. Касби сохтмонч дар ама давру замон пуршараф буд ва мемонад


Скачать 27.97 Kb.
НазваниеКасби сохтмонч дар ама давру замон пуршараф буд ва мемонад
Анкорсохтмон дар даври истиклолият
Дата12.01.2021
Размер27.97 Kb.
Формат файлаdocx
Имя файламаколаи нав.docx
ТипДокументы
#167320


Касби сохтмончӣ дар ҳама давру замон пуршараф буд ва мемонад.
Ба шарофати заҳматҳои бинокорон, симои шаҳру деҳоти мамлакатамон дигаргун гашта, шаҳракҳои нави ҳозиразамон, иншооти саноатию иҷтимоӣ қомат меафрозанд.
Фаъолияти касбии ҳамаи сохтмончиён рӯз ба рӯз афзуда истодааст. Технологияҳои нави истеҳсоли конструксия ва маводи сохтмонии замонавӣ коркард шуда истодаанд.
Корҳои арзишманду бузурге дар коркарди базаи методии сохтмонӣ идома доранд. Меъёрҳои нархгузорӣ дар асоси ягона ва босифат беҳтар гардида, тадбиқи бозёфтҳои илмӣ дар соҳаи сохтмон ба роҳ монда мешаванд.
Имрӯзҳо маҷмааҳои истиқоматии дорои ҳузуру ҳаловати ҷавобгӯй ба талаботи муосир, иншооти таълимӣ, тандурустӣ, варзишӣ ва иншооти дигари иҷтимоӣ бо сифати баланд ба истифода дода мешаванд.
Малакаи касбӣ, обутоби зиндагӣ, анъанаҳои меҳнатӣ дар ҳамбастагӣ бо истеҳсолот ва сатҳи техникии комплекси сохтмонӣ имконият медиҳанд, ки сифатро баланд бардошта, бехатарии сохтмон ва зиндагии бароҳату рӯзгори ободи шаҳрвандонро таъмин намоянд.
Дар амалӣ шудани нақшаҳои бунёдкориву созандагӣ ҳиссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст ва ҳамеша соҳаи мазкурро воқеан, ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дастгирӣ мекунанд. Бо дастгирии бевоситаи Ҷаноби Олӣ ҳамасола дар саросари мамлакат бинову иншооти азиму муҳим сохтаву ба истифода дода мешаванд, ки ҳамаи онҳо ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд.
Имрӯз мо дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар сарорсари ҷумҳурӣ садҳо иншоот сохта ба истифода дода мешаванд. Ин албатта, аз сохтмончиён заҳмати асил талаб мекунад ва маҳз бо меҳнати онҳо амалӣ мегардад.
Бо боварии комил гуфта метавонам, ки қобилият, дониш, имконияти маънавӣ ва касбии сохтмончиёну меъморон пурра барои беҳбудии мардум ва рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.


Бузургтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири асри бистум Истиқлолияти давлатист. Давлатдории миллӣ бунёд гардид, дар кулли соҳоти кишвар пешравиҳо ба назар расид ва дар замони ҷаҳонишавиии ақидаҳои солим Тоҷикистон тавонист худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Ин усул дар мағз – мағзи сиёсати давлатии мо ҷой гирифт ва ҳамин буд, ки эътибор ва шаъни миллӣ оҳиста – оҳиста дар сатҳи ҷаҳон Тоҷикистонро дар мувофиқат бо суннатҳои ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои азалии моро эҳё кард. Ба ин маънӣ, метавон гуфт, дастоварди азими миллати тоҷик дар тӯли ҳазор соли охир бунёди давлатдории миллӣ ва мақоми ҷаҳониро дарёфт кардани он мебошад. Ин дар қиболи худ, дар ояндаи наздик навгониҳои дигареро низ дар сатҳи шукуфоӣ ва пешрафти мамлакат дар худ дорад.

Пуштибониву эҳё ва дифоъ аз арзишҳои асили миллӣ, дарвоқеъ, дифоъ аз манфиатҳои навъи башар ва дифоъ аз арзишҳои умумиинсонист. Ба ин далел, сиёсати пешгирифтаи Раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон чун паёмҳои таърихӣ ва кунунии тоҷикон ба мардуми олам дар сатҳи сиёсати ҷаҳонӣ мӯҷиби пазироӣ, дастгирӣ ва тарғибу таблиғ қарор гирифт.

Андешаи сиёсии ҳар миллат, бахусус, миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддун аз ҷузъиёт ва унсурҳои сершумор ва дорои тамоюлоти мафкуравӣ таркиб меёбад. Ба ҳам омадани ақидаҳо дар замони глобализатсия, инкишофи муносибатҳо бо давлатҳои дуру наздики хориҷӣ аз масъалаҳои калидии ҳамкориҳои ҳасанаи кишвари мо ба оламиён аст. Худи он, ки давлати моро бештар аз сад мамлакат ба расмият шинохтаву бо кулли онҳо робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву сиёсиро барқарор намудаем, ин худ далели эътиқодмандии кулли давлатҳои ба мо дӯсту ҳамсоя ва ҳамақида аст. Яъне, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълон доштани сиёсати дарҳои кушода тавонист ҷаҳониёнро бо худ ҷалб созад ва дар баробари ин, ба муносибатҳои мухталифи байни давлатҳо таҳким бахшад. Беҳуда нест, ки дар моддаи 1 – и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноанд». Акнун суоле пеши рӯ меояд, ки Истиқлолият ба мо чӣ дод?

Бояд гуфт, ки таърихи мардуми шарифи тоҷик аз воқеаҳо ва таҳаввулоти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ саршор аст ва муҳимтарини онҳо, албатта, ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки он ҳар сол рӯзи 9 – уми сентябр бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Имсол ҳам чун солҳои пешин солгарди истиқлолияти давлатии мо дар шаҳру ноҳияҳо, дар ҳамаи гӯшаю канори мамлакатамон бо ҳашамати хоса таҷлил мегардад ва табиист, ки дар ҷаласаву ҷамъомадҳо ва суҳбатҳои идона дастовардҳои беназири солҳои истиқлолият ва ҳамчунин, масоили ҳалношуда ва вазифаҳои оянда мавриди гуфтугӯ ва баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Бидуни шубҳа, муваффақиятҳои мо дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ бисёр ва назаррасанд. Дар солҳои сипаригардидаи истиқлолият бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёде таҳкурсии давлати мо гузошта шуд, корҳои азими ободониву созандагӣ оғоз ёфт, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории он ба самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ табдил гардид, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва бо ҳамин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мақсади асосиии давлат ва ҳукумат мебошад.

Дастовардҳои миллати тоҷик ва тамоми сокинони ҷумҳурии мо дар солҳои истиқлолияти давлатӣ хеле бузургу баҳснопазиранд ва ҳамаи ин, пеш аз ҳама, натиҷаи саъю кӯшиш ва талошҳои беҳамтои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон , шароити осоишта, сулҳу Ваҳдат, амният, ягонагии мардуми меҳнатдӯсту заҳматкаши кишвари мо – Тоҷикистон аст, ки онро ҳар фарди ҷомеа ба хубӣ эҳсос менамояд.

Маълум, ки бе доштани донишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва пешрафти илму техника ба дастовардҳои дилхоҳ ноил гардидан хеле душвор аст. Аз ин рӯ, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ фикру зикри зимомдорони давлат аз пайи аҳамияти ҷиддӣ додан ба омӯзиш ва парвариши кадрҳо равона гардид. Дар ин росто Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол ба комёбиҳо муваффақ гардида истодааст. Дар 32 муассисаи таҳсилоти олии кишвар донишҷӯён ба омӯзиши асосҳои илм машғуланд. Ҳамчунин, дар чанд шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳуриамон филиалҳои чунин донишгоҳу донишкадаҳо бо дарбаргирии шогирдон ба онҳо сабақ меомӯзанд. Имрӯз Тоҷикистон бештар ба мутахассисони соҳаи иқтисоду бонкдорӣ, риёзӣ, тиббӣ ҳуқуқ, муносибатҳои байналмилалӣ эҳтиёҷ дорад. Як қисми ҷавонони баҳуши кишвар пас аз супурдани имтиҳонҳо таҳсил дар мамолики хориҷиро ихтиёр менамоянд, ки боиси аҳсан ва хурсандист, зеро он ихтисосҳое, ки дар мо вуҷуд надорад, дар натиҷаи хониш ва азбар кардани ин соҳаҳо онҳо метавонанд ба Ватани худ баргашта, ба халқу Ватани хеш хизмат намоянд. Имрӯз дар макотиби олии хориҷӣ бештар аз ду ҳазор нафар донишҷӯ сабақ меомӯзанд. Алъон донишҷӯёни мо дар Россия, ҶИЭ, Қазоқистон, Украина, Белорус, Малайзия, Туркия ва ғайра таҳсили илм карда истодаанд. Ҷомеа бояд ба ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба маҳфилҳои илмиву озмунҳои фаннӣ диққати ҷиддӣ диҳанд, то ки онҳо барои муаррифии истеъдоди худ дар дохил ва хориҷи мамлакат имконияти бештар пайдо намоянд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба ҷавонон имкон медиҳад, ки худро бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардонда, дар истеҳкоми соҳаҳои гуногуни мамлакат, аз он ҷумла сохтмон ва меъморӣ нақши калидӣ бозанд. Барои ин, тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд ва танҳо хоҳиш, дилбастагӣ ва ташаббус лозим, ки ба ҳадафҳои ниҳоии худ бирасем. Ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имконият медиҳад, ки вобаста ба сатҳи таълим ва тарбияи фарзандон бетараф набошем. Мақсаду мароми қонуни мазкур ҳам пурзӯр намудани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи онҳо ва дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Чунонки Президенти мамлакат таъкид намудаанд, «Давлату Ҳукумати кишвар масъалаи бо донишҳои мукаммалу муосир мусаллаҳ гардондани хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, касбомӯзони донишгоҳу коллеҷҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатро вазифаи доимӣ ва аввалиндараҷаи фаъолияти худ медонад». Воқеан ҳам, ҳамаи масъалаҳо ба кадрҳо вобастагии зич дорад. Маҳз кадрҳо метавонанд дар таҳкими ҳамаи соҳаҳои кишвар саҳми муносибу бештаре гузоранд. Аз ин рӯ, тӯли даҳ – понздаҳ соли охир аҳамияти бештар додан ба таҷдиду сохтмони мактабҳо фоли нек аст. Зеро барои муваффақ шудан ба донишҳои назариву амалӣ, пеш аз ҳама, доштани шароити хуб аз ҳама муҳим аст. Агар ба ҳамаи ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ диҳем, мебинем, ки он аз файзу баракати истиқлол аст. Истиқлоле, ки ҳамеша касро ба сӯйи созандагиҳо раҳнамун месозад. Истиқлолияти давлату миллат аст, ки сабаби пойдории давлатҳо мегардад. Ба таъкид Президенти давлатамон «Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ гирифтори тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Дар давоми 24 соли Истиқлолияти давлатӣ ба аксари дастовардҳо ноил гардидем, ки соҳаи сохтмон аз ҳамин ҷумла аст. Бино сохтан, ободу зебо гардондани диёр, кори хайр ва пурифтихор аст. Ҳоло дар ҳамаи гӯшаву канори ҷумҳуриамон кори сохтмон дар авҷ аст. Дар ин бобат махсусан, пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе намунаи ибрат мебошад. Ҳар гоҳ, ки аз кӯчаву хиёбонҳои ободу зебои шаҳр гузар кунем, қатор – қатор биноҳои пурҳашаматро дида, диламон аз хурсандӣ лабрез мешавад ва фикр мекунем, ки ҳатман рӯзе мерасаду он боз ҳам ба таври шинохтанашаванда обод мегардад.

Бояд афзуд, ки ҳар сол дар сатҳи олӣ таҷлил шудани рӯзи Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон ва ба ҷашни умумихалқӣ табдил ёфтани он гувоҳ аз он медиҳад, ки аҳамияташ чӣ қадар бузургу беҳамтост. Маҳз ҳамин истиқлолият ва ваҳдату ягонагии миллат барои мардуми мо шароити мусоиди кору фаъолият ва зиндагии хурсандонаро муҳайё кардааст ва онро бояд акнун ҳар кадоми мо қадршиносӣ намоем. Яъне, ҳар кас бояд қоидаву қонунҳоро риоя намуда, ба касбу кори хеш машғул шавад, барои беҳбудии зиндагии аҳли оила, таълиму тарбияи фарзандон, мутахассисони бомаҳорату донишманд ва шахсиятҳои хушодобу хушахлоқ, созандагони лоиқи ҳаёти ояндаи ҷомеа шудани онҳо азму талош намояд.




Маҳз бо кӯшишу ғайрати беандозаи сохтмончиён мо тавонистем ободкориҳои имрӯзаро бо чашми худ бубинем. Ин ҳама аз файзу баракат ва саховати бинокорони асили рӯзгор сарчашма мегирад.

Агар дар бораи пешрафти ин ё он соҳа сухан гуфтанӣ бошем, ба зеҳни мо фавран он андеша бармехӯрад, ки дар ин ё он мавзеъ чӣ гуна ободкориҳо ба назар мерасанд. Одатан, шаҳракҳо, минтақаҳои начандон калонро устодони моҳиру ҳунармандони зодгоҳ ё маҳалли зисташон обод нигоҳ дошта меоянд. Имрӯз агар ба пойтахти кишварамон нигарем, бе душворӣ мушоҳида менамоем, ки биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳҳои ҳамвор, хиёбону гулгаштҳои зебоманзар ба он ҳусни дигар зам намудаанд. Бахусус, тайи 24 –соли Истиқлолияти давлатӣ Ватани азизи мо бакуллӣ симои худро тағйир дод.

Дар ин байн на танҳо пойтахт, балки дар тамоми навоҳии кишварамон дигаргуниҳои мусбии хушҳолкунанда ба амал омаданд. Биноҳои хуштарҳу замонавӣ, ки дорои ҳамагуна имкониятҳои васеи иҷтимоианд, чашми ҳар бинандаро мерабоянд.

Ҳеҷ ободкорӣ худ аз худ пайдо нагардида ва ягон комёбӣ бе заҳмату ранҷ ба амал нахоҳад омад. Дар амалӣ шудани нақшаҳои бунёдкориву созандагӣ ҳиссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст ва ҳамеша соҳаи мазкурро воқеан, ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дастгирӣ мекунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумӯъи соҳаи сохтмон, беҳтар гаштани сифати бунёди иншооти таъиноти гуногун, истифодабарии меъмории миллию замонавӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами давлатҳои дигар, ба тартиб даровардан ва риояи қатъии қоидаҳои шаҳрсозӣ, тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа, пурқувват гардонидани базаи моддию техникии ширкату ташкилоти сохтмонӣ ғамхории пайваста зоҳир намуда истодааст.

Албатта, барои пешрафту тараққиёт ва ободии кишвар пеш аз ҳама суботи устувори сиёсиву иҷтимоӣ зарур аст ва аз мову шумо, сарфи назар аз сатҳи мансаб, касбу кор, инчунин аз ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар, ки дар вуҷуди худ нангу номуси миллӣ дошта, ободии ватани хешро мехоҳад, тақозо мегардад, ки оромиву суботи сиёсии ҷомеаро боло гузошта, ҳамеша барои ҳифзи онҳо азму талош намояд.

Ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ сохтмони иншооти зиёд идома дорад ва дар арафаи ҷашни 30-солагии соҳибистиқлолии кишвар ба истифода супорида хоҳанд шуд.

Таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамраъйӣ имкон дод, ки Ҳукумати мамлакат барои татбиқи барномаҳои мушаххаси рушди соҳаҳои энергетика, сохтмон, нақлиёту коммуникатсия, саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт шурӯъ намояд. Бахусус, ҳадафҳои стратегии соҳаҳои энергетика, роҳсозиву коммуникатсия ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат моро ба сӯи ояндабинӣ ва ояндасозӣ ҳидоят намуд, ки дар ин самт мо дар давоми солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

Бо боварии комил гуфта метавонам, ки дониш, имконоти маънавӣ ва касбии сохтмончиёну меъморон пурра барои беҳбудии халқ ва рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешавад.



Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пешрафти рушду нумӯи худро ҷиҳати бунёди давлати навин интихоб намуда, роҳбарияти ҳукумати ҷумҳурӣ муносибати худро ба куллӣ ба мероси бойи таърихӣ тағйир дода, оид ба эҳёи анъана ва сунатҳои миллии ниёгонамон, ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангию меъморӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла дар рушди санъати меъморӣ, ки бо ғояҳои нави маънавии муосир асоснок шудааст ва тибқи қонунгузориҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ бо дарназардошти имконоти мавҷуда ба роҳ мондани робитаҳои васеи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ дигаргуниҳои бузурги ҳавасмандии миқёсӣ амалӣ шуда истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда роҷеъ ба ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ фазои мусоид фароҳам оварда шуда, даҳҳо лоиҳаҳои сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ амалӣ карда шуда истодаанд, ки корҳои анҷом дода шуда, ба рушди соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ ва шаҳрсозӣ мусоидат намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ковишҳои мутахассисону олимон ва манбаъҳои хаттӣ шаҳодат медиҳанд, ки таърихи рушди ҷамъияти инсоният дар ҳамаи давру замонҳои ташаккул дар ёдгориҳои меъморӣ инъикос меёбад ва ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, меъмор дар ҷомеа мавқеи махсус ва масъулияти баланд дорад, дар рушду нумуи иқтисодиёти кишвар нақши муҳимро мебозад.

Дар натиҷаи бо фармоишгарон ба роҳ мондани ҳамкориҳои нави иҷтимоӣ дар соҳаи меъморӣ, сохтмонӣ ва шаҳрсозӣ бо истифодаи маводу маснуоти масолеҳи анъанавӣ ва муосир ба пуррагӣ муносибати лоиҳакашон ва меъморонро дар самти фаъолияти хеш дигаргун намуда, ба онҳо фаъолияти озод барои амалӣ намудани фикру ақида ва ғояҳояшон шароити мусоиди эҷодӣ фароҳам оварда шуда истодааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки қисми зиёди лоиҳакашону меъморони тоҷик роҳи худро ҷустуҷӯ намуда истодаанд, ки дар саҳми мазкур хатоиҳо ва мушкилотҳо низ ҳастанд, лекин бояд хотирнишон кард, ки таи солҳои истиқлолият дар ҷодаи ба даст овардани чеҳраҳои миллӣ қадамҳои устувор гузошта шудаанд.

Алҳол лоиҳакашону меъморон вазифаи асосии худро дар ҷустуҷӯи воситаҳои нави бунёди симои иншооти муосир бо инъикоси анъанаҳои маънавии қадимаи миллӣ мешуморанд. Аз ин лиҳоз тибқи имконоту воситаҳои мавҷуда ва истифодаи маводу масолеҳи муосир, барои эҳёи анъанаҳои меросии меъмории миллӣ, таҷрибаи бойи меъморон, сохтмончиён, кандакорон, гаҷкорон ва наққошони тоҷик, ки омили асосӣ мебошанд, мувофиқи мақсад аст, ки бо дарназардошти он, ки 93 фоизи ҷумҳуриро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, инчунин шароити мураккаби геологӣ-кӯҳӣ, зилзилаҳои баланд ва хокҳои лағжанда қарор дорем фаъолияти эҷодии худро амалӣ намоянд.

Аз ин, лиҳоз ҷиҳати ободонии кишвар, сараввал корҳо аз барқарор намудани робитаҳои доимии дохили кишвар оғоз гардиданд, дар натиҷа тӯли солҳои истиқлолият дар сохтмон, азнавсозӣ, барқарор ва таҷдиди роҳҳои мошингард ва оҳан корҳои назаррас иҷро шуда, дар самти мазкур корҳо идома доранд, ки омили асосӣ барои интиқоли маводу масолеҳи сохтмонӣ ба иншооти бунёдшаванда буда, ба пешрафти соҳаи меъморӣ, сохтмонӣ ва шаҳрсозӣ мусоидат менамояд.

Мавриди зикр аст, ки иҷрои корҳои лоиҳакашӣ ва бунёди биною иншооти гуногун ба афзоиши истеҳсолоту иқтисодиёт ва рушди шаҳрҳо мусоидат мекунанд.

Айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ бунёд, азнавсозӣ, барқарорсозии иншооти таъиноти гуногун бо суръат ҷараён доранд, ки дар натиҷа симои меъмории деҳаю шаҳраку шаҳрҳо хеле зебо гардидаанд, аз ҷумла дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе тӯли солҳои истиқлолият бо лоиҳаҳои таҳия намудаи меъморон ва лоиҳакашони тоҷик иншооти боҳашамат, аз ҷумла “Маҷмааи меъмории Исмоили Сомонӣ”, “Китобхонаи миллӣ барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб, иншооти бошукӯҳ “Маркази фарҳангӣ фароғатӣ Сомониён (Тахти Наврӯз) дар хиёбони И.Сомонӣ” бо истифодаи анъанаҳои меъмории миллию муосир ва нақшу нигори хоса, дарвозаҳои даромадгоҳи боғҳои А.Рӯдакӣ” ва “Ирам” бо санъати волои меъмории анъанавӣ ва муосир, “Чойхонаи миллӣ дар боғи Ирам”, “Маркази савдои муосир Пойтахт-90 дар кӯчаи меҳнат”, биноҳои истиқоматии баландошёна бо истифодаи ҷузъҳои анъанавии меъмории шарқӣ ва ғарбӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар натиҷа айни ҳол симои меъморию бадеии пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шудааст.

Инчунин тибқи лоиҳаҳои намунавии бо истифодаи ҷузъҳои меъмории анъанавӣ таҳия намудаи меъморони тоҷик дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёди ҳамагуна иншоот бо суръат ҷараён доранд, аз ҷумла манзилҳои истиқоматии баландошёнаи 9,10,11,12,14, 16 ва 26 ошёна дар шаҳрҳои Ваҳдат, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хорӯғ, Турсунзода ва шаҳраки Ҳисор, ки симои меъморию бадеии шаҳру ноҳияҳоро рангинтар шудаанд.

Илова бар ин дар натиҷаи бунёд ва ба истифода супоридани нерӯгоҳи барқии обии бо барқ таъминкунии ҷумҳурӣ хеле беҳтар шудааст, ки ин омили муҳим низ ба рушди соҳаи шаҳрсозӣ, фаъолияти ташкилоту ширкатҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ маводу масолеҳи сохтмони мусоидат менамояд.

Дар даврони истиқлолият таваҷҷӯҳи хоса ба бунёд, азнавсозӣ ва таҷдиди иншооти варзишӣ зоҳир карда мешавад, аз ҷумла варзишгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳо бунёд гардида ва алҳол варзишгоҳ барои 20 ҳазор ҷойи нишаст дар маркази ноҳияи Ҳисор дар арафаи анҷомёбист ва сохтмони калонтарин варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Ваҳдат бо суръат ҷараён дорад, ки онҳо барои рушди минбаъдаи варзиш ва солимии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонони ҷумҳурӣ мусоидат хоҳанд кард, вале таъкид кардан ба маврид аст, ки оид ба таҳияи лоиҳаҳои хуштарҳу муосир лоиҳакашон ва меъморонро зарур аст, ки дар ин самт бозомӯзӣ намуда, дониш ва фаъолияти эҷодии худро баланд бардошта, бо дарназардошти истифодаи оқилонаи замин лоиҳаҳои ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ таҳия намоянд.

Омили дигари мусоидаткунанда ба соҳаи шаҳрсозӣ ин рушди соҳаи маориф солҳои 2001-2014 дар ҷумҳурӣ анқариб 1600 мактабҳои таҳсилоти миёна ба талаботҳои муосир ҷавобгӯй сохта шудааст, ки ин омили муҳими беҳбудии сифати таълиму тарбия ва дониши талабагон мегардад. Инчунин сохта мавриди истифодабарӣ қарор додани бинои нави панҷошёнаи факултаи сохтмони Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Душанбе ба тарбияи кадрҳо ва пешрафти соҳаи сохтмон ва меъморӣ низ мусоидат намуда истодааст.

Доир ба барқарорсозӣ, таҷдид ва тармими ҳифзи мероси ниёгон корҳои зиёде идома ва ба анҷом расонида шудаанд, аз ҷумла шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент, маҷмааи қалъаи Хуҷанд дар шаҳри Хуҷанд қалъаи Муғдар шаҳри Истаравшан, мамнунгоҳи таърихию фарҳангии Хулбук дар ноҳияи Восеъ, ёдгории буддоии аҷинатеппа дар ноҳияи Вахш барқарорсозӣ, таҷдид ва тармим карда шудаанд.

Омили дигари рушди соҳаи шаҳрсозӣ ин эҳёи анъанаҳои миллӣ мебошад, ки дар самт низ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд, тибқи лоиҳаҳои таҳия намудаи меъморону лоиҳакашони тоҷик, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин чойхонаи миллӣ ва инчунин чойхонаҳои миллӣ бо гаҷкорӣ, кандакории дару сутунҳо ва ороиши рангоранги сақфи биноҳо дар аксари шаҳру ноҳияҳо аз ҷумла Исфара, Истаравшан, Хуҷанд, Кӯлоб, Панҷакент, ва марказҳои ноҳияҳои Ашт, Бохтар, Б.Ғафуров, Балҷувон, Данғара, Мастчоҳ, Шаҳристан, Шаҳринав, Фархор, Файзобод, шаҳракҳои Ғарму Комсомолобод ва дигар шаҳру ноҳия сохта ва мавриди истифода қарор доранд, инчунин дар аксари шаҳру ноҳияҳо масҷидҳо бо истифодаи маводҳои сохтмонии анъанавӣ ва муосир бунёд ва азнавсозӣ гардиданд,ки бунёди иншооти зикргардида мактаби омӯзиши эҳёи анъанаҳои миллии кандакорӣ ва гаҷкорӣ буда, симои бадеӣ ва меъмории шаҳру ноҳияҳо рангинтар шудаанд.

Қобили зикр аст, ки омили асосии пешрафти меъморӣ ва шаҳрсозӣ рушди бунёди (базаи) истеҳсоли маводу масолеҳи сохтмонӣ, ки асоси соҳаи сохтмон ба ҳисоб меравад мебошад, ки тули солҳои истиқлолият бештар аз 100 (сад) корхонаҳои истеҳсоли хишт, асфалт, рег, қуму шағал, аз ҷумла, дар ноҳияи Ҳисор корхонаи истеҳсоли хишт “Корвони аср” бо иқтидори 320 ҳазор дона хишт дар як шабонарӯз, корхонаи сементбарорӣ дар ноҳияи Ёвон бо иқтидори 1 (як) миллион тонна семент дар як сол, дар ноҳияи Б.Ғафуров корхонаи коркарди шағал ва асфалтобетон бо иқтидори 320 ҳазор тонна дар як соат ва дигар корхонаҳо омили асосии рушду нумуи бунёди (базаи) соҳаи сохтмонӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва иқтисодиёти кишвар мебошанд.

Хотирнишон кардан ба маврид аст, ки роҷеъ ба эҳёи анъанаҳои қадимаи шаҳрдории шарқӣ дар даромадгоҳҳои ҳудуди вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дарвозаҳои рамзӣ сохта шудаанд, вале баъзеи онҳо ба талаботи шаҳрдорӣ ва шаҳрсозии муосир пурра ҷавобгуй нестанд ва ин самт лоиҳакашон ва меъморонро зарур аст, ки минбаъд лоиҳаҳои хуштарҳу таваҷҷуҳангез таҳия намуда ба фармоишгарон пешниҳод намоянд.

Доир ба сохтмон ва барқарорсозии иншооти фарҳанги корҳои муайян иҷро гардиданд, аз ҷумла тибқи лоиҳаҳои таҳиянамудаи меъморон ва лоиҳакашони тоҷик қасрҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои Данғара, Дарвоз, Ҷаббор Расулов ва амфитеатр дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров бунёд шуда, дар дигар шаҳру ноҳияҳо бунёд ва азнавсозӣ иншооти фарҳангӣ идома доранд, лекин на ҳамаи иншоот бо истифодаи пурраи анъанаҳо ва ҷузъҳои меъмории миллӣ сохта шудаанд ва ин самт меъморон ва лоиҳакашони тоҷикро зарур аст, ки бозомӯзӣ намуда, малакаи касбии худро баланд бардошта, лоиҳаҳои хуштарҳу зебо таҳия намоянд.

Бунёдкориҳо, созандагиҳо ва ободониҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар даврони истиқлолият шуда, дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ шудаанд ба пешрафт, рушди босуботи иқтисодиёт ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ, маънавиёт ва эҳёи фарҳанги меъморӣ, сохтмонӣ ва шаҳрдории кишвар мусоидат намуда истодаанд.

Дар хотима бояд ёдовар шуд, ки манбаъҳои хатӣ, таҷрибаи бойи ниёгони мо ва панду ҳикматҳои шаҳсиятҳои ирфонӣ шаҳодат медиҳанд, ки меъёрии асосии баҳодиҳии фаъолияти эҷодии меъмор ва маҳорати касбии он, ин таҳияи лоиҳа, сохта ва мавриди истифода қарор додани иншоот ҳисобида мешавад, аз ин лиҳоз алҳол мувофиқи мақсад аст, ки меъморон ва лоиҳакашон ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои хуштарҳи иншоот бо дарназардошти таҷрибаи бойу ғании фарҳанги сохтмонии ниёгон ва дастовардҳои муосир ба роҳ монда, лоиҳаҳои хуштарҳу муосири инфиродӣ, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна, иншооти маъмурӣ ва фарҳангӣ таҳия намуда, бунёди онҳоро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.


Кумита барои соли 2018 дар назди худ вазифаҳои мушаххас гузоштааст, ки ҷиҳати рушди соҳаи сохтмон ва меъмории ҷумҳурӣ, ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизи мо ва баланд бардоштани санъати меъморию шаҳрсозӣ равона хоҳад шуд.

Тӯли ин муддат дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон амалҳои созанда, сулҳу суботи комил ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон, аз ҷумла ваҳдати миллӣ вусъат ёфта, барои идомаи раванди рушди босуботи мамлакат заминаҳои устувор гузошта шуданд.

Сайфулло Суннатӣ аз рӯзномаи «Садои мардум» оид ба таваҷҷуҳи Кумита ба лоиҳаҳои нав ва омилҳои энергиясамаранокӣ суол дод ва посухи он ин буд, ки «Мо тибқи супориш барои гарминигаҳдории хонаҳо меъёр омода намудаем. Ҳангоми гузаронидани ташхис ҳам ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир мегардад ва лоиҳаҳое, ки шиносномаи энергктикӣ надоранд, аз экспертиза намегузаранд».
Хабарнигори ҳафтаномаи «Дайджест-пресс» Равшан Меликшоевро намои зоҳирии бинову иншоот нигарон намудааст. Ў гуфт, ки оё имкони дар биноҳои нав барои коста нашудани намо ва зиннати зоҳирии онҳо ҳавотозакунакҳо ва антенаҳо якмаром дар мавқеи муайян ва ба чашм ноаён ҷойгир карда шаванд. Саволи дигараш ин буд, ки чаро дар баъзе иншооти истифодашуда, шабакаҳои гармидиҳӣ фаъол нест?
Ба суоли ин хабарнигор Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. чунин посух гуфт, ки «- Дар ҳудуди шаҳри Душанбе ягон иншооти бе шабакаи гармидиҳӣ қабул намешавад.Агар мушоҳида карда бошед, дар биноҳои нав алакай ин мушкилот бартараф шудааст, яъне ҳавотозакунакҳо ва антенаҳо дар ҷойҳои ноаён насб шудаанд.


хонаҳои шароиташон вазнин ва ба талабот ҷавобгӯ набударо тахриб намуда, ба ҷои онҳо хонаҳои замонавии баландошёна созад. Тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе то соли 2040 ҳудуди Душанбе васеъ шуда, имкони ҷойгиркунии иншоот бо тамоми инфрасохтораш ва бо ҳузуру ҳаловати беҳтар ва замонавитар пайдо мегардад.

Боиси хушнудист, ки нуфузу обрӯи сохтмончиёни кишвар ва касби бинокор сол ба сол баланд гардида истодааст. Чунки тамоми биноҳои беҳтарину мондагор, шаҳрҳои зебо ва иншооти бузурги меъморӣ - мактабу донишгоҳҳо, беморхонаҳову истироҳатгоҳҳо, қасрҳои бошукӯҳи фарҳанг, варзишгоҳҳо, хонаҳои замонавӣ, кохҳои дилрабо, меҳмонхонаву китобхонаҳо ва садҳо иншооти дигари иҷтимоиву фарҳангӣ бо дастони пурэъҷози ҳамин бинокорон бунёд шудаанд.
Имрӯз дар сар то сари мамлакат бунёди иншооти нави замонавӣ бомаром идома дорад. Сохтмончиён танҳо дар як соли охир садҳо бино бунёд намудаанд, ки ин саҳми арзанда дар рушди иқтидори иқтисодии кишвар ва ободии Ватанамон мебошад.
Корҳои сохтмону ободонӣ дар иншооте, ки ба истифода додани онҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба муносибати ин ҷашни фархунда ба нақша гирифта шудаанд, зери назорати мутахассисони кумита қарор дошта, маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Мутахассисони кумита дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сифати корҳои сохтмон ва риояи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозиро дар 1169 иншоот таҳти назорат қарор доданд.

Кумита дар асоси нақшаи корӣ барои соли равон бо мақсади ба танзим даровардани раванди корҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо семинар - машварат баргузор намуд. Тибқи нақшаи корӣ, мутахассисони кумита ҷиҳати ба роҳ мондани назорати ҳолати риоя ва амалӣ намудани нақшаҳои генералӣ рафти корро дар шаҳру ноҳияҳои ….. санҷиданд. Натиҷаҳои санҷиш барои ислоҳи кор, пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо ва минбаъд роҳ надодан ба камбудиҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ирсол гардида, рафти ислоҳи камбудиҳо таҳти назорат гирифта шуд.
Қобили зикр аст, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалию минтақавӣ гардидааст.
Бо талошҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гулрезу зебо гардида, иморатҳои боҳашамати навбунёд, гулу буттаҳои зебои ороишӣ, фаввораҳо ва чароғҳои ранга ба шаҳр куллан ҳусни тоза бахшидаанд.
Мо, сохтмончиён, раванди созандагиву бунёдкориро минбаъд низ ҳадафи асосии худ қарор дода, барои истифодаи самараноки ҳамаи воситаву захираҳои мавҷуда ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободии диёр ва таҳкими имкониятҳои воқеии кишварамон талош хоҳем кард.
Итминони комил дорам, ки сохтмончиёни мамлакат минбаъд низ бо сарбаландӣ аз уҳдаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебароянд ва барои боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани маҳбубамон саҳми муносиб мегузоранд.


написать администратору сайта