|
_диплом_Хочиев_Алишер[1]. Донистан зарур аст!
Донистан зарур аст! Мувофиқи маълумотҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ аз бемориҳои муфтхӯрон дар дунё беш аз 4,5 млрд одамон зарар дидаанд. Ин ҳатто на ҳар як инсон , балки зиёдтар! Дар давлатҳои ташаккул ёфтаистода нишондиҳандаҳои паҳншавии онҳо нисбат ба аҳолии кишварҳои тараққикарда зиёдтар мебошанд,ки таъсири сатҳи ҳаёт ва шароитҳои маиширо ба ин зараррасонҳо исбот мекунад.
Хусусияти бемори - Рӯдаи ғафс қисми интиҳоии системаи ҳозимаи инсон ба ҳисоб меравад ва асосан барои нигоҳдории пасмондаҳои ғизоӣ ва реабсорбсияи об ҷавоб медиҳад. Аммо танҳо як қисми витаминҳо фурӯ бурда шудаанд , аммо дар рӯдаи ғафс хӯҷаинҳои бактерияҳои фоидаовар бисёр мебошанд,ки ба ҳазмшавии пасмондаҳои хӯрок ҷавобгар мебошанд. Маҳз таъсири ҳамин бактерияҳо пасмондаҳои хӯрокаро ба наҷосат табдил медиҳанд. Аммо, муҳити рӯдаи ғафс барои муфтхӯрон муҳити оптималии зистро таъмин менамоянд, ки тӯли дурудароз аломатҳои бемориро ба амал намеоранд. Ҷамъшавии партовҳо дар рӯдаи ғафс барои организм зарарнок аст. Ин ҳолат бештар хатарнок мебошад , агар рӯда бо муфтхӯрон иллатнок гардида бошад.
Муфтхурони рудаи гафс
Намуди муфтхурон
патогенез - Аз тухмхои инвазияшудаи фурўбурда дар рўдахо, кирмакхо берун мешаванд, онхо ба мўякхо мегузаранд, дар ин чо инкишоф меёбанд ва инкишоф ёфта, пас аз 5-10 рўз аз нав ба ковокии рўда даромада, ба рўдаи ѓафс мефароянд. Аз лахзаи сироятнокшавїито хоричшавии тухми модинахои чавон ќариб як мох мегузарад. Пухта расидани намудхои болиѓ дар давоми 1-2 мох ба амал меояд.
Аломатҳои бемориии рудаи гафс - бемадории музмин; - вайроншавии иштиҳо, хурӯҷҳои гуруснамонии сахт; - аз ҳад зиёд хориҷшавии оби даҳон ; - вайроншавии шоҳроҳи меъдаву рӯда (“нороҳати дар шикам”, дардҳо, газҳосилшавии зиёд, қабзиятҳо ва дарунравиҳо, таъғирёбии наҷосат ва дигарҳо); - дардҳо дар мушакҳо ва буғумҳо, реаксияҳои аллергикӣ, астмаи бронхиалӣ; - резиши пӯст, экзема, дерматозҳои хоришдор, камхунӣ; -пастшавии таъсирнопазирӣ, бемориҳои бактериалӣ ва вирусии бисёр; - аз ҳад фаъолнокшавӣ дар бачагон; - афсурдаҳолӣ, пурҳаяҷонӣ ва дигар вайроншавиҳои системаи асаб; - бисёр бедоршавӣ, хусусан байни соатҳои 2 ва 3 \и шабона; - душвориҳои бо вазни бадан алоқаманд буда, хароб ё фарбеҳ шудан мушкил;
РОҲҲО ВА УСУЛҲОИ СИРОЯТ - хусусиятҳои хоси гелминтҳо мавҷудиятии силсилаи инкишоф ба ҳисоб меравад, вақте ки барангезанда дар тӯли ҳаёти худ ба шакливазкунӣ дучор мегардад. дар як қатор ҳолатҳо гелминтҳо натанҳо “аз як хона ба дигараш мекӯчанд” (муҳити зистро иваз мекунанд) балки мавҷудияти худро таъғир медиҳанд. Кӯшиш мекунем, дар якчанд мисолҳо бодиққат ба ин муҳоҷирони бе шиносномаву беқайд(ва ҳатто бе сабти ҷои зист), ба гардишкунии онҳо дар табиат ва мавҷудоти дараҷаи баланд (яъне ба инсон), ҳамчун манбаи беморӣ аҳмият диҳем.
энтеробиоз Ба қатори гелминтозҳои бештар паҳншудаи инсон энтеробиоз мансуб аст. (кирмҳои рӯда). - Кирмҳои рӯда дар қисми поёнии рӯдаи борик ва қисми ибтидоии рӯдаи ғафс муфтхӯрӣ мекунанд. Модинаҳо ба рӯдаи рост фаромада, фаъолона аз маъқад берун мебароянд , тухмҳояшонро дар гирди он гузошта, нобуд мешаванд.
Аскаридоз - барои сироятёбӣ аз аскаридоз шароитҳои иқлимии муайян зарур мебошанд. Тухмҳои инкишофнаёфтаи аз тарафи инсони бемор хориҷ гардида бояд пухта расад, барои ин бошад хок ва ҳароратҳои муайян заруранд. Дар ақиби давраи Қутбӣ низ сироятшавӣ имконпазир аст, агар аз бозор сабзавотҳои ифлоси аз замини Калон овардаро харидорӣ намуда онро ношуста истеъмол намоем (ки аз он ҷумла бе риояи реҷаи ҳароратӣ нигоҳ дошта шудааст). Варианти дуюм – ҳамон сабзавотҳо, аммо аз гармхонаи шахсӣ , ки дар он ҷо хок бо пасафкандҳои инсонӣ пору зада мешавад (бо мақсади сарфаи пору).
Шистосоматоз Шистосомозҳо - ин гелминтозҳо мебошанд,ки аз тарафи трематодҳои ҷинсашон гуогун ба амал оварда мешаванд: Schistosoma haematobium, S. mansoni, S. interalatum, S. Japonicum Сироятёбии одамон хангоми кори хонаги ва хочагии кишлок, хангоми истифодаи оби ифлосшуда бо (дар вакти шустани дастон, чомашуи)ба амал меояд. Кирмхои калон дар рагхои хунгарди одамон зиндаги карда, тухм мегузоранд ва ба ситемаи иммунии организм зарар мерасонанд. Ду намуди шистосомоз: намуди рудаги ва узвхои таносулу роххои пешоббарор мавчуд аст. Хусусияти хоси бемори хун дар шоша (гематурия) мебошад.
шистосоматоз - Энтеробиоз – намуди аз ҳама паҳншудатарини гелминтоз мебошад,ки сироятёбии организми инсонро аз кирми рӯда дар бар мегирад. Беморӣ тасвири клиникии пурраро дорад ва метавонад аз инсони сироятнок ба шахси сиҳат новобаста аз ҷинс ва синну сол интиқол ёбад.
таъсири механикии муфтхӯрон ба организми хӯҷаин хеле гуногуншакл аст ва бисёрии вақт сабаби асосии мушкилиҳои ҷиддӣ мегарданд. таъсири дардовари гелминтҳо ба организми хӯҷаин дар рақобат баҳри моддаҳои ғизоӣ Таъсири заҳриву аллергени (Баъзеи гелминтҳо дар ҷараёни фаъолияти ҳаётии худ моддаҳои махсус хориҷ мекунанд,ки токсоидҳо номида мешаванд ва заҳрҳои сахттаъсир ба ҳисоб мераванд.)
ПАДИДАҲОИ ИНВАЗИЯҲОИ КИРМИ РӮДА - Давраи аввал бо марҳилаҳои кирмакшавӣ ва инкишофёбии гелминтҳо вобаста мебошанд. Он нисбатан дурудароз нест ва бо давомнокии гардиш \ аз мӯҳлати ба макроорганизм фаромадан то ворид шудан ба ҷоли зисти доимӣ муайян карда мешавад
- Яке аз падидаҳои бештар дучоршаванда ва муайянкунандаи аллергия– зиёдшавии миқдори эозинофилҳои лейкоситҳо дар хуни периферӣ мебошанд, ки ҳангоми тадқиқотҳои муқаррарӣ ошкор мегарданд. Бо усулҳои биокимиёвӣ пастшавии миқдори умумии сафедаҳои хун ва таъғирёбии таркиби он, баландшавии иммуноглобулинҳо , хусусан синфи Е ро ошкор кардан мумкин аст.
Аломатҳои пайдошавии муфтхӯр дар организми инсон Диарея. Кирмҳои муфтхӯр компонентҳои ҳормониро ҳосил мекунанд,ки онҳо ба талафоти хлориди натрий мусоидат мекунанд ва ин ба дарунравӣ оварда мерасонад. Қабзият. Кирмҳои калон қобилияти маҳкам кардани роҳи рӯдаро то ногузарандагии пурра доранд. Метеоризм. Муфтхӯрон ба варамкунии шикам оварда мерасонанд,ки газҳосилкуниро зиёд мекунад. Харобшавии босуръат. Таъсири кирмҳои паразитарӣ ба мубодилаи моддаҳо, ки ба пастшавии иштиҳо ва вайроншавии системаи ҳозима оварда мерасонад. Аллергия. Ҳангоми барангезиши девораҳои рӯда ба хун ғизои ҳазмнашуда ворид мешавад, ки дараҷаи эозинофилҳоро зиёд мекунад ва сабаби илтиҳоб дар бофтаҳо мегардад. Камхунӣ. Камхунии нокифоягии оҳан ҳангоми ба организми инсон фаромадани миқдори зиёди муфтхӯрон пайдо мегардад. Ғичирросзании дандонҳо. Мумкин ҳамаи модарон аҳамият дода бошанд,ки шабона бачагони хурд бо дандонҳояшон ғичиррос мезананд. Ин маънои онро дорад,ки дар организми ӯ кирм пайдо гаштааст. Доғҳо дар пӯст. Дар беморе, ки ба гелминтоз гирифтор шудааст, экземаҳо,дерматит, доначаҳо ё папилломаҳо пайдо шуданаш мумкин аст. Барангезиши асаб. Муфтхӯрон ба системаи асаб номусоид таъсир расонида, онро вайрон мекунанд.
Меъёрҳои диагностикӣ Аз бемор таҳлили умумии пешоб, наҷосат ва хун гирифта мешавад. Дар раванди тадқиқотҳои лабораторӣ мавҷуд будан ё набудани кирми рӯда маълум мегардад. Чунин хулоса бо ёрии таъғирёбии таркиби асосии кимиёвии маоди биологӣ гузаронида мешавад. Баъд таҳлили хун ба мавҷудияти антителаҳо ва антигенҳо гузаронида мешавад, ки онҳо ҳангоми ворид шудани муфтхӯрон ба организм ҳосил мешаванд. Томографияи магнитиву резонансӣ ва ташхиси ултрасадо гузаронида мешаванд. Ин амалиётҳо ёрӣ мерасонанд,ки ҷои маҳдудшавии кирмҳо ошкор гарданд. Ҳангоми зарурият ташхис ба мавҷудияти гиҷҷаҳо супорида мешавад. Барои ин ба сӯрохии маъқад тасмачаи махсусро ба монанди скотч мегузоранд ва зери микроскоп мушоҳида мекунанд.
Муҳим! Пайдоиши аломатҳои бемориро асос намуда худсарона ба табобат шурӯъ намудан қатъиян манъ аст. Танҳо меъёрҳои ташхиси илмӣ барои ошкор намудани барангезандаи бегона ёрӣ расонанд.
Принсипҳои умумии табобати инвазияҳои кирми рӯда Декарис. Моддаи фаъол – левамизол. Ба ғайр аз нобуд кардани гелминтҳо , дорувории додашуда, ба системаи иммунии инсон таъсири муфид мерасонад. Пирантел ё Гелминтокс. Ҷузъи таъсиркунандаи он – пирантела памоат. Вермокс, Вормил, Мебекс – дорувориҳои зидди гелминтӣ дар асоси мебандазол.
Пешгирии бемори ҳангоми хӯрокхӯрӣ истифода бурдани танҳо мева ва сабзавотҳои шуста ё термикӣ коркардшуда, доимӣ шустани дастон бо собун, пешгирӣ намудани ифлосшавии хок аз наҷосат, ҳатман ҷӯшонидани обе,ки аз обанбор гирифта шудааст муоина намудани аҳолӣ ва табобати ҳамаи беморон, ки дар онҳо инвазия дида мешавад, ободонии санитарии гирду атроф, ки дар он ҷо ҳоҷатхонаҳо ҷойгир шудаанд дар вақти идҳои шаҳрӣ ҳатман бояд биотуалетҳо гузошта шаванд. Бояд ба амалиётҳои безараркунӣ бо ёрии антисептикҳои мувофиқ дучор карда шаванд.
Воситаҳои халқӣ барои халосӣ ёфтан аз муфтхӯрон - Донаҳои тухми каду -Барои тайёр намудани он як стакан тухми тару тозаи каду зарур аст, ки онро якҷоя бо пӯчоқаш майда мекунанд. Ба омехтаи тайёркардашуда як қошуқ асал ва камтар дорчин ҳамроҳ кардан зарур аст. Ҳамаи онро хуб омехта карда як шаб мегузорем.
- Сирпиёз- 5 адад дандончаи сирпиёзро гирифта , бо воситаи асбоби майдакунак майда мекунанд. Массаи тайёршударо ба стакани шир ҳамроҳ карда шабона мегузоранд. Шираи тайёршударо ду маротиба дар як рӯз истифода мебаранд (пагоҳӣ ва бегоҳ).
- Марҳам аз қаҳзак (бальзам из хрена) Дар шароити хонагӣ аз қаҳзак марҳам тайёр кардан мумкин аст. Ин васила имкон медиҳад,ки ҳатто аз ҳамаи ҷонварҳои муфтхӯри ҷиддӣ раҳоӣ ёбем. Барои тайёр намудани он якчанд поячаҳои қаҳзак зарур аст, ки онро бояд аз хок тоза карда , шуста хушк мекунанд. Пӯстлохашро тоза кардан зарур нест. пӯстлохашро майда реза мекунанд (даврашакл ё чоркунҷа) ва ба банкаҳо мегузоранд.
Тарзҳои беҳтарини табобат барои ҳуқнакунӣ
Рахмат ба диккататон! |
|
|