Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
Скачать 0.85 Mb.
|
Касе бори дунё набурдаст бар сар, Зи таслим бӯсест санги гаронро. Ҳамин тарзи баёнро дар байти дигари шоир низ дидан мумкин аст. Байт ин аст: Бедил, ин нақд ба тороҷи ғами нася мадеҳ, Кори имрӯз кун имрӯз, зи фардо фардо. Мисраи якуми байт мақолест, ки имрӯз ҳам дар шаклҳои «Нақдро ба нася набояд дод», «Нақдро мадеҳ, насяро бигир», «Нақде зи ҳазор нася беҳтар» дар байни мардум машҳур аст. Мисраи дувум мақолест, ки дар шакли «Кори имрӯзаро ба фардо магузор» то ҳол маълум мебошад. Дар ғазалиёти Бедил байтҳое низ мавҷуданд, ки дар онҳо ин ё он зарбулмасалу мақол ба шакли комил оварда нашуда, ба мазмуни он танҳо ишорае рафтааст. Аз ҷумла, дар ин байти шоир ишорае шудааст ба мазмуни мақоли машҳури «Ба доно ишораву ба нодон калтак». Ҳазар, эй ҳасуди ҷунунҳасаб, ки ба ҳукми огаҳии адаб Масале, ки Бедили мо занад ба ту, нест кам зи кутак задан. Байти зер мақоли «Агар дар хона кас аст, як ҳарф бас аст»-ро ба хотир меорад: Эй нола, хомуш, дар хона кас нест, Як ҳарф гуфтам, афсона кӯтоҳ. Аз хондани мисраи аввали байти дигар зарбулмасали «Замин сахту осмон баланд» ба ёд меояд: Хок пасту домани гардун баланд, Узри дасти кӯтаҳ овардем мо. Дар ғазалҳои Бедил ба мисраъҳое дучор омадан мумкин аст, ки ё зарбулмасаланду вариантҳои имрӯзаашон ба мо маълум нестанд, ё ин ки офаридаи худи шоиранду ба туфайли ҳаётӣ ва воқеӣ буданашон ба ҳукми зарбулмасалу мақол даромадаанд. Мисраъҳои дувуми абёти зайл мисоли ин фикр шуда метавонанд: Интихоби ин маслах қитъаҳои ҳамворест, Пушту сина то бошад, кас намехарад гардан. * * * Нест ба олами ҷунун гардиши ранги офият, Ҳеҷ кас аз бараҳнагӣ ҷома куҳан намекунад. * * * Ману савдои хубон, зоҳиду андешаи ризвон, Дар ин ҳасратсаро ҳар кас саре дорад, саре дорад. * * * Ҳиммат ба фикри ҳастӣ худро гиреҳ насозад, Ҳайф аст кисадӯзӣ бар нақди ройгоне. * * * Хиффати аҳли виқор аз бетамизиҳо махоҳ, Қатраро натвон нишондан дар тарозуи гуҳар. * * * Барнадорад даст зангор аз камини оина, Ҳар киро завқи тамошо беш, кулфат бештар. * * * Ҷуз аҷз, саъйи ноқис чизе намебарад пеш, Афтодан аст чун ашк атфолро давидан. * * * Кам нест шахси моро дар кисвати заифӣ Аз ришта доманиҳо ё остинӣ аз мӯ. * * * Даъвии козиб гувоҳ аз хеш пайдо мекунад, Чун забон шуд ҳарзагӯ, дорад қасам дар остин. * * * Кулфатшикори ғайратам аз оҳи беасар, Бар дил расад, чу тир хато гардад аз нишон. * * * Зи бедардӣ ҷаҳоне ғофил аст аз офият ин ҷо, Чӣ донад устухоннашкаста қадри мӯмиёиро? * * * Бар умеди васл мушкил нест қатъи зиндагӣ, Шавқи манзил мекунад наздик роҳи дурро. * * * Ҳеҷ кас туҳматнишони доғи бенафъӣ мабод, Чатри шоҳӣ гар набошӣ, сояи девор бош. * * * Ҳирс қонеъ нест, Бедил, варна, з-асбоби маош Он чи мо даркор дорем, аксараш даркор нест. * * * Ман намегӯям зиён кун ё ба фикри суд бош, Эй зи фурсат бехабар, дар ҳар чӣ бошӣ, зуд бош. * * * Санг ҳам бе интиқоме нест дар мизони адл, Бут шикастӣ, мустаидди оташи Намруд бош. * * * Пайдоии Ҳақ нанги далоил написандад, Хуршед на ҷинсест, ки ҷӯӣ ба чароғаш. * * * Чун ашки чашми ҳайрон бишкан қадам ба домон, То обрӯ нарезӣ, аз хона кам бурун о. * * * Ҳеҷ кас дар боргоҳи огаҳӣ мардуд нест, Софии оина бо габру мусулмон ошност. * * * Дархури ҷоҳ аст иброми фузулиҳои табъ, Симу зар чун беш шуд, мегардад афзун эҳтиёҷ. Истифодаи Бедил аз зарбулмасалу мақолҳо, аз як тараф, аз халқияти осори шоир хабар диҳад, аз тарафи дигар, дар тадқиқи сайри таърихии ин жанри фолклор судманд мебошад. Санъати дигаре, ки дар ғазалиёти Бедил мақоми назаррас дорад, таносуби сухан ё худ муроотунназир аст. Дар ин санъат шоир ба мақсади таъсирбахшу нишонрас баён кардани фикр дар шеър калима ва иборотеро интихоб менамояд, ки онҳо аз ҷиҳате, ё аз ҷиҳати маънӣ, ё аз ҷиҳати шакл, ба ҳам наздиканд, бо ҳам мутаносибанд. Барои мисол байти зерро аз назар мегузаронем. Суфу атлас ба назар тори таҳайюр дорад, Пинае чанд ки дар далқи гадо дӯхтаӣ. Дар ин байт калимаҳои «суф», «атлас», «тор», «пина» (дарбеҳ), «далқ» ва феъли «дӯхтан» бо ҳам мутаносиб буда, дар таъсир бахшидани фикри шоир мусоидат намудаанд. Мисоли дигар: З-ин чаман, Бедил на сарве ҷасту на шамшод руст, Аз хаёли қоматаш дуде ба сар дорад баҳор. Дар ин байт санъати таносуби сухан басо бамаврид истифода шудааст. Калимаҳои сарву шамшод, хаёлу қомат, дуд ва растану ҷастан бо ҳам мутаносиб омада, маънии байтро басо дилчасп ва гуворо намудаанд. Дар байти зер, танҳо дар мисраи аввали он, калимаҳои «хаёл», «қомат», «оҳ» ва «асо» бо ҳам дар таносуб омада, мисраъро мавзун ва хушоҳанг намудаанд. Эй хаёли қоматат оҳи заифонро асо, Бар рухат наззораҳоро лағзиш аз ҷӯши сафо. Дар байти зер калимаҳои Канъон, Юсуф, чоҳ ва таркиби «фурӯ рафтан» бо ҳам мутаносиб омада, таъсири суханро дучандон зиёд кардаанд: Ба Канъони ҳавас гарде надорад Юсуфи матлаб, Магар дар худ фурӯ рафтан кунад эҷоди чоҳ он ҷо. Санъати тамсил агар барои фаҳмидани маънои шеър мадад расонад, таносуби сухан дар кори беғалат хондану тасҳеҳ намудани матн мусоадат мекунад. Барои мисол байтеро аз назар мегузаронем: Дар тариқи нафъи худ кас нест муҳтоҷи далел, Бе асо роҳи даҳан маълум бошад кӯрро. Дар баъзе нусхаҳои хаттӣ ба ҷои калимаи «тариқ» калимаи «талош» сабт ёфтааст: «Дар талоши нафъи худ». Кадоме аз ин калимаҳо дуруст аст? Албатта, калимаи «тариқ». Зеро аз калимаҳои дигари байт калимае нест, ки бо калимаи «талош» мутаносиб бошад. Аммо калимаҳои мутаносиб бо калимаи «тариқ» зиёданд. Инҳо иборатанд аз калимаҳои «далел», «асо», «роҳ» ва «кӯр». Мисоли дигар. Дар нашри кобулии ғазалиёти Бедил байте аз як ғазал дар ин шакл омадааст: Эй бехабар, бикӯш, ки марди Худо шавӣ, Бингар, чӣ мешавӣ, агар аз худ ҷудо шавӣ. Тавре ки мебинем, байни мисраъҳои ин варианти байт иртибот ва таносуби маъноӣ дида намешавад. Дар мисраи аввал тарғиб шудааст, ки кӯшиш намо, ки марди Худо шавӣ, Мисраи дувум масъалаи тамоман дигарро баён намудааст. Яъне, нигоҳ кун, ки пас аз мурдан чӣ мешавӣ. Акнун варианти нусхаи Ромпурро мебинем: Эй бехабар, магӯ, ки чу мурдӣ, Худо шавӣ?! Дигар чӣ мешавӣ, агар аз худ ҷудо шавӣ. Дар байни мисраъҳои ин вариант иртибот ва таносуби маъноӣ вуҷуд дорад. Дар мисраи аввал гуфта мешавад, ки магӯ, ки пас аз мурдан ба Худо пайваст мешавӣ, яъне, рӯҳи ту ба рӯҳи мутлақ ҳамроҳ мешавад. Мисраи дувум ин маъниро идома дода, онро инкор мекунад ва мегӯяд: дониста бош, ки пас аз марг чизе намешавӣ, ҳар чӣ шавӣ, дар зиндагият мешавӣ. Пас, варианти саҳеҳи байт он аст, ки дар нусхаи Ромпур дарҷ гардидааст. Ғазалҳои ин маҷмӯа аз рӯи нашри кобулии девони Бедил интихоб ва таҳия шудаанд. Дар тасҳеҳи матн нусхаи хаттии ғазалиёти шоир, ки дар китобхонаи Ризо-Ромпури Ҳиндустон зери №3656 маҳфуз аст, низ истифода шудааст. Факсимили нусхаи мазкур ба кӯшиши шоир ва донишманди эронӣ Алиризои Қазва дар соли 2010 дар Теҳрон ба табъ расидааст. Бобобек РАҲИМӢ * * * Ба авҷи кибриё, к-аз паҳлуйи аҷз аст роҳ он ҷо, Сари мӯе гар ин ҷо хам шавӣ, бишкан кулоҳ он ҷо. Адабгоҳи муҳаббат нози шӯхӣ барнамедорад, Чу шабнам сар ба муҳри ашк меболад нигоҳ он ҷо. Ба ёди маҳфили нозаш саҳархез аст аҷзоям, Табассум то куҷоҳо чида бошад дастгоҳ он ҷо? Муқими дашти улфат бошу хоби ноз сомон кун, Ба ҳам меоварад чашми ту мижгони гиёҳ он ҷо. Хаёли ҷилвазори нестӣ ҳам оламе дорад, Зи ҷайби мо саре бояд кашидан гоҳ-гоҳ он ҷо. Хушо базми вафо, к-аз хиҷлати изҳори навмедӣ Шарар дар санг дорад парфишониҳои оҳ он ҷо. Ба саъйи ғайр мушкил буд з-ошӯби дуӣ растан, Саре дар ҷайби худ дуздидаму бурдам паноҳ он ҷо. Дил аз камзарфии тоқат набаст эҳроми овозе, Ба санг ояд магар ин ҷому гардад узрхоҳ он ҷо. Ба Канъони ҳавас гарде надорад Юсуфи матлаб, Магар дар худ фурӯ рафтан кунад эҷоди чоҳ он ҷо. Зи бас файзи саҳар меҷӯшад аз гарди саводи дил, Ҳама гар шаб шавӣ, рӯзат намегардад сиёҳ он ҷо. Зи тарзи машраби ушшоқ сайри бериёӣ кун, Шикасти ранги кас обе надорад зери коҳ он ҷо. Замингирам, ба афсуни дили бемуддао, Бедил, Дар он водӣ, ки манзил низ меафтад ба роҳ он ҷо. * * * Оинаи чандин табу тоб аст дили мо, Чун доғи ҷунун шуъланиқоб аст дили мо. Умрест, ки чун оина дар базми хаёлат Ҳасратнигаҳи як мижа хоб аст дили мо. Моему ҳамин мавҷи фиреби нафасе чанд, Сарчашма магӯед, сароб аст дили мо. Паймонаи мо пур шавад, он дам ки биболем, Дар базми ту ҳамзарфи ҳубоб аст дили мо. Оташ зану наззораи бебокии мо кун, Ҷуз сӯхтан охир ба чӣ боб аст дили мо?! Лаъли ту ба ҳарф омаду додем дил аст даст, Яъне, ба суоли ту ҷавоб аст дили мо. Мо ҷуръакаши соғари саршори гудозем, Шабнамсифат аз олами об аст дили мо. То чист саранҷоми шумори нафас охир? Умрест, ки дар пойи ҳисоб аст дили мо. Ҳасратсамари кӯшиши беҳосили хешем, Азбаски нафас сӯхт, кабоб аст дили мо. Дарё ба ҳубобе чӣ қадар ҷилва фурӯшад? Оинаи васлему ҳиҷоб аст дили мо. Сад санг шуд оинаву сад қатра гуҳар баст, Афсӯс, ҳамон хонахароб аст дили мо. То ҷунбиши тори нафас афсонатироз аст, Бедил, ба каманди раги хоб аст дили мо. * * * Аз ном агар нагзарӣ, аз нанг бурун о, Эй накҳати гул, андаке аз ранг бурун о. Олам ҳама аз боли парӣ оина дорад, Гӯ, шиша намудор шаву санг бурун о. З-ин арсаи аздод макаш нанги фусурдан, Гирам, ҳама тан сулҳ шудӣ, ҷанг бурун о. То шуҳрати вомондагият ҳарза набошад, Як обилавор аз қадами ланг бурун о. Оби рухи гулзори вафо вақфи гудозест, Хуне ба ҷигар ҷамъ куну ранг бурун о. То шиша наӣ, санг нишастаст ба роҳат, Аз хеш тиҳӣ шав, зи дили танг бурун о. Як лағзиши по ҷодаи тавфиқ талаб кун, Аз заҳмати чандин раҳу фарсанг бурун о. Ваҳшаткадаи мовуманат гарди хиромест, З-ин парда чӣ гӯям ба чӣ оҳанг бурун о? Афсурдагие нест ба авҳоми тааллуқ, Ҳарчанд шарар нестӣ, аз санг бурун о. Дар нолаи хомушнафасон маслаҳате ҳаст, Эй софии матлаб, нафасе занг бурун о. Зиндонии андӯҳи тааллуқ натавон зист, Бедил, дилат аз ҳар чӣ шавад танг, бурун о. * * * Асар дур аст аз ин ёрон ҳуқуқи ошноиро, Сару гардан магар зоҳир кунад дарди ҷудоиро. Зи бедардӣ ҷаҳоне ғофил аст аз офият ин ҷо, Чӣ донад устухоннашкаста қадри мӯмиёиро? Кашокашҳо нафасро аз тааллуқ барнамедорад, Зи ҳастӣ бигсалам, к-ин ришта дарёбад расоиро. Зи фикри мовуман ҷастан талоше тунд мехоҳад, Макун таклифи табъ ин мисраи зӯрозмоиро. Навое нест ғайр аз қулқули мино дар ин маҳфил, Нафас яксар раҳини шишасозон гашт ноиро. Кӣ медонад тааллуқ дар чӣ ғирбол уфтод обаш? Видоъи дом ҳам дар гиря меорад раҳоиро. Ба ҳар маҳфил ки бошӣ, бетаҳошӣ чашму лаб макшо, Ки тамкин тахта мехоҳад дукони беҳаёиро. Надорад зиндагӣ нанге чу ташҳири1 худороӣ, Бипӯш аз чашми мардум лаккаи рангинқабоиро. Тамаъ дар арзи ҳоҷат зиллате дигар намехоҳад, Кушоди чашм кард аз коса мустағнӣ гадоиро. Ба ҳар ҷо парфишон бошад нафас, сайди ҷунун дорад, Нишони пуч бисёр аст ин тири ҳавоиро. Тариқи амн сар кун, вазъи бекорӣ ғанимат дон, Ки хор аз дур мебӯсад кафи пойи ҳиноиро. Суҷуде мебарам, чун соя, дар ҳар дашту дар, Бедил, Ҷабин бардошт аз дӯшам ғами бедаступоиро. * * * Эй мурдаи такаллуф, аз кайфу кам бурун о, Гоҳе ба рағми дониш, девона ҳам бурун о. То аз гулат ҷуз исор ранге дигар нахандад, Сар то қадам, чу хуршед, дасти карам бурун о. Танзеҳ2 бениёз аст аз инқилоби ташбеҳ3, Гӯ, барҳаман, ду рӯзе маҳви санам бурун о. Сад шамъ з-ин шабистон дар худ зад оташу рафт, Эй хори пойи ҳиммат, з-ин сон ту ҳам бурун о. Дар арсаи таайюн4 бе ростӣ зафар нест, Ҳар ҷо ба ҷилва оӣ, бо ин алам бурун о. Шамъи бисоти ғайрат мапсанд доғи хиффат, Сарбозӣ он қадар нест собитқадам, бурун о. Чун ашки чашми ҳайрон бишкан қадам ба домон, То обрӯ нарезӣ, аз хона кам бурун о. Шарми ғурури аъмол обе назад ба рӯят, Эй инфиоли Кавсар, як ҷабҳа нам бурун о. Бори хаёли асбоб бар гардани ҳаё банд, То дӯш хам набинӣ, мижгон ба ҳам бурун о. Ашғоли шахси фитрат бе нафйи ваҳм саҳл аст, Чун хома чизе аз худ бо ҳар рақам бурун о. Бедил, зи қайди ҳастӣ саҳл аст нози ҷастан, Гар марди ихтиёрӣ, рав, аз адам бурун о. * * * Эй рустаи гулзорат з-он наргиси ҷодуҳо Соди қалами тақдир бо мисраи абрӯҳо. Натвон ба дили ушшоқ афсуни раҳоӣ хонд, З-ин силсила озоданд занҷирии гесӯҳо. Найранги талаб моро ин дарбадарӣ омӯхт, Қумрӣ ба бари сарв аст овораи кукуҳо. Бар ғунча ситамҳо рафт, то гул чаманоро шуд, Аз гарди шикасти дил рангест бар ин рӯҳо. Сайди ду ҷаҳон аз адл дар панҷаи иқбол аст, Парвоз намехоҳад шоҳини5 тарозуҳо. Гар лафз нагардад фош, маънӣ нашавад урён, Бепардагии ранг аст ошуфтагии бӯҳо. Хиссат зи карамкешон зулм аст ба дарвешон, Бар сабза дами теғ аст лабхушкии ин ҷӯҳо. Мо саҷдасириштонро ҷуз аҷз паноҳе нест, Уммеди расо дорем чун сар ба таҳи мӯҳо. Ҳар кас зи назарҳо ҷаст, аз хок бурун наншаст, Вомондаи ин саҳрост гарди рами оҳуҳо. Ин олами андӯҳ аст, ёрон, тараб ин ҷо нест, Ҷамъият агар хоҳед, пешонию зонуҳо. Қонеъсифатон, Бедил, бар моидаи қисмат Чун мавҷи гуҳар боланд аз хӯрдани паҳлӯҳо. * * * Эй баҳористони иқбол, эй чамансимо, биё, Фасли сайри дил гузашт, акнун ба чашми мо биё. Мекашад хамёзаи субҳ интизори офтоб, Дар хуморободи махмурон қадаҳпаймо биё. Баҳр ҳар сӯ рӯ ниҳад, амвоҷ гарди роҳи ӯст, Ҳар ду олам дар рикобат медавад, танҳо биё. Хилвати андеша ҳайратхонаи дидори туст, Эй калиди дил, дари уммеди мо бикшо, биё. Арзи тахсис6 аз фузулиҳои одоби вафост, Чун нигаҳ дар дида ё чун рӯҳ дар аъзо биё. Беш аз ин натвон ҳарифи доғи ҳирмон зистан, Ё маро аз худ бибар, он ҷо ки ҳастӣ, ё биё. Фурсати ҳастӣ надорад дастгоҳи интизор, Муфти имрӯзем, пас, эй ваъдаи фардо, биё. Рангу бӯ ҷамъ аст, дар ҳар ҷо чаман дорад баҳор, Мо ҳама пеши туем, эй ҷумла мо, бо мо биё. Васли муштоқон зи асбоби дигар мустағнӣ аст, Эҳтиёҷ ин аст, к-эй сомони истиғно, биё. Ку мақоме, к-аз шукӯҳи маъният лабрез нест? Ғафлат аст инҳо, ки Бедил гӯядат: ин ҷо биё. * * * Эй хаёли қоматат оҳи заифонро асо, Бар рухат наззораҳоро лағзиш аз ҷӯши сафо. Нашъаи сад хум шароб аз чашми мастат ғамзае, Хунбаҳои сад чаман аз ҷилваҳоят як адо. Ҳамчу оина ҳазорат чашми ҳайрон рӯ ба рӯ, Ҳамчу кокул як ҷаҳон ҷамъи парешон дар қафо. Теғи мижгонат ба оби ноз доман мекашад, Чашми махмурат ба хуни ток мебандад ҳино. Абруйи мушкинат аз бори тағофул гашта хам, Монда зулфи саркашат з-андешаи дилҳо дуто. Ранги холат сурма дар чашми тамошо мекашад, Гарди хаттат медиҳад оинаи дилро ҷило. Баста бар боли асират номаи парвози ноз, Хуфта дар хуни шаҳидат ҷӯши гулзори бақо. Аз сафои оразат ҷон мечакад гоҳи арақ, В-аз шикасти турраат дил медамад ҷойи садо. Лаъли хомӯшат гар аз мавҷи табассум дам занад, Ғунча созад дар чаман пироҳан аз хиҷлат қабо. Аз нигоҳат нашъаҳо болида ҳар мижгон задан, Дар хиромат фитнаҳо ҷӯшида бо ҳар нақши по. Ҳар куҷо завқи тамошоят барандозад ниқоб, Кист гардад як мижа бар ҳам задан саброзмо? Гар ҷамолат ом созад рухсати наззораро, Мардумак аз дидаҳо пеш аз нигаҳ гирад ҳаво. Охир аз худ рафтанам роҳе ба фаҳми ноз бурд, Сӯхтам чандон, ки бо хӯйи ту гаштам ошно. Умрҳо шуд дар ҳавоят боли аҷзе мезанад, То куҷо парвоз гирад Бедил аз дасти дуо? * * * Бо саҳар рабте надорад шоми мо, Фориғ аст аз соф дурди ҷоми мо. Дил ба тавфи хоки кӯе бастаем, Тукма дорад ҷомаи эҳроми мо. Гиря имшаб ҳасрати рӯйи кӣ дошт? Равғани гул рехт аз бодоми мо. Аз амал дилро мусаххар кардаем, Пухта меҷӯшад хаёли хоми мо. |