Главная страница

Макиавелли. Макиавелли (1469 1517) мутафаккир ва сиёстмадори


Скачать 23.5 Kb.
НазваниеМакиавелли (1469 1517) мутафаккир ва сиёстмадори
Дата17.02.2019
Размер23.5 Kb.
Формат файлаdoc
Имя файлаМакиавелли .doc
ТипДокументы
#67865

Макиавелли (1469 - 1517) - мутафаккир ва сиёстмадори

Итолиё, муаллифи асархои «Малик», «Мулехизахо оид ба дахаи

аввали Тит Ливий», «Таърихи Флоренсия» ва дигар мебошад.

Мутафаккир масоили сиёсату давлатро бидуни чахонбинии динй

ва усули динй, дар робита бо инкишофи чомеа тахлил намуда, ба хулоса меояд, ки пешрафти давлат, тагйири шаклхои давлат

бидуни хам конунхои динй ва хам хохиши инсон ба вукуъ пайвасга,

раванди айниву мукаррарист. Ба андешаи у, дин нуфузи воло

дошта наметавонад, калисои католикй наметавонад мамлакатро муттахид намояд. Мавсуф муътакид аст, ки дин метавонад одамонро мутеъ гардонад ва ё сифатхои хуби шахрвандонро тарбия кунад.

Мутафаккир хам илми давлатшиносй ва хам ахлокро бидуни ахлок, омухта, акида пешкаш мекунад, ки сиёсат ва хокимияти сиёсй падидахои гайриахлокй мебошанд. Ба андешаи мавсуф, идораи давлат хокимияти тавоной сиёсиро металабад. Асоси

хокимиятро, якум, конунхои хуб , ва дуввум, лашкар ташкил

медиханд. Аз ин ру, кудрат ва тавоноии хокимияти давлатй,

талоши сарвари давлаг бахри таъмини кудрати давлат, истифода аз хама усулхои имконпазири кудратй дар ин самт химоя мешаванд.

Макиавелли ба илми сиёсй истилохи « lo stato» - давлатро ворид мекунад. Давлат чун дастгохи идоракунии одамон ва чомеа, ягона сохибикунандаи салохияти хокимиятй тавсиф мешавад. Дастгохи давлатй аз сарвари давлат, мансабдорон, мушовирон ва мансабдорони дигари давлатй иборат дониста мешавад.

Ба андешаи мавсуф, хокимитяи сиёсй танхо ба дастгохи давлат

мутааллик аст. Хамаи мансабдорони давлатй чун хидматгузорони сарвари давлат арзёбй мешаванд, зеро кудрат ва тавоной мансуб ба сарвари давлат аст. Сарвари давлат бо иродаи хеч кас вобаста буда наметавонад, худаш мустакилона хокимиятдорй мекунад.

Мутафаккир чун пуштибони кудрати волои сарвари давлат хама гуна шакл ё имконияти ширкати халкро дар идораи давлат рад мекунад. Дар ин замина гояи «халк - сарчашмаи хокимияти

давлатй» сарфи назар мешавад. Ба андешаи мавсуф, халк танхо

объекта хокимият ва идоракунии давлатй буда, мавриди хар гуна

дахолат ба рафтору иродааш карор мегирад. Халк «оммаи

худсар», «авом» номида мешавад. Таъкид мешавад, ки сарвари

давлат «парастори халк» буда,

вазифадор аст дар давлат суботу амониро таъмин намояд. Ин

суботу амонй пеш аз хама химояи халкро аз хар гуна «горати

мансабдорон» дар назар дорад. Мутафаккир муътакид аст, ки

тартибу амнияти одамон ва чомеа хар кадар хубтар таъмин

бошад, пас нуфузи сарвари давлат ва хокимияташ хамон кадар

афзоиш меёбад .

Гамхории сарвари давлат дар хакки одамон, ба андешаи

Макиавелли, то андозаест, ки халк хамеша, дар хамаи лахзахои

зиндагй зарурати хокимияти сарварро эхсос намояд. Аз ин ру,

накуии сарвари давлат бояд хисса ба хисса, вале бардавом сурат

гирад. Бо ин рох боварии мардумро нигох доштан мумкин аст.

Мутафаккир муътакид аст, ки «нафрат ва адовати раият» барои

сарвари давлат хатари калон доранд. Таъкид мешавад, ки кинаву

нафрати халк хам барои сарвари давлат ва хам барои худи халк

хатаровар аст, зеро дар ин холат раият аз боварии сарвари давлат баромада, худро гирифтори бесарусомонй ва бенизомй

мегардонад.

Ба андешаи Макиавелли, сарвари давлат бояд хамеша халкро

зери итоаташ нигох дорад Барои ин аз ду васила мебояд

истифода бурд:

1) « мухаббат»ба малик;

2) « тарсу д харос» азмалик.

Таъкид мешавад, ки агарчанде истифодаи якчояи хар ду васила

хубтар аст, вале ба хар хол дар холати tnapcy вахм нигох доштани

раият хубтар аст. Аз ин ру, истифодаи васеи «тахдиди чазо» чун усули маъкули сиёсатварзй химоя мешавад. Мавсуф муътакид

аст, ки дар тарсу харос нигох, доштани халк кафолати он аст, ки

одамон хамеша зери итоат ва фармони сарвари сиёсй карор

мегиранд. Аз ин хотир, истифодаи чазохои вазнин раво дониста

мешавад. Таъкид мешавад, ки душманони хокимияти давлатиро

несту нобуд бояд кард.

Ишора ба он мешавад, ки дар холати татбики чазо сарвари

давлат салохияти беинтихо дорад. Хатто андеша пешкаш

мешавад, ки сарвар «берун аз таъкиботи судй карор дорад». Бо ин

андешааш Макиавелли сарвари давлатро ба он даъват мекунад,

ки аз хакки чазо бехарос истифода барад. Тибки андешаи дигари

мавсуф, иродаи сарвари сиёсй воло буда, аз хеч кас вобаста

нест, махдуд намешавад ва бар кулли авом хукмфармост.

Чунин муносибати Макиавелли ба халк аз он сарчашма мегирад ,

ки мутафаккир ба халк бо хисси нобоварй, чун «тудаи авом»

муносибат мекунад. Одамон, ба кавли мавсуф, табиатан

«мавчудоти худбин ва кинадор», «ношукр ва сустирода»

мебошанд, «майл ба дуруягиву фиреб», «хирси мол» доранд, аз

хар гуна хатар «мехаросанд».

Чунинанд андешаву гояхои Макиавелли. Ба андешаи мухаккикон,

мутафаккири итолиёй аз гояхои замони Эхё, махсусан аз акидахои

инсоншиносии ин мафкураи нав истифода намебарад, аз чумла аз

хусуси хукуку озодихои фардии шахсе, имконот ва кудрати шасхе

харф намезанад. Ба мутафаккир чунин андеша тааллук дорад:

«Халки фосик сохиби озодй гашта, онро бо як мушкилии зиёд метавонад нигох дорад ‏».

Дар вокеъ, Макиавелли танхо аз хокимияти тавоной давлатй, аз

салохияту нуфузи воло ва номахдуди сарвари давлат пуштибонй мекунад. Хатто короли Пруссия Фридрихи Бузург бахри фош

намудани сирру асрори андешахои, ба кавлаш «чинояткоронаи»,

Макиавелли асари хешро бо номи «Анти-Макиавелли» зери

тахрири Волтер интишор мекунад.

(Таърихи афкори сиёси, сахфаи 240)


написать администратору сайта