Главная страница

Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи


Скачать 0.85 Mb.
НазваниеАхтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
АнкорШпаргалка
Дата15.09.2021
Размер0.85 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлаАхтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил.docx
ТипДокументы
#232339
страница32 из 35
1   ...   27   28   29   30   31   32   33   34   35

То куҷоҳо хоби чашми посбон хоҳам шудан?

Мекашам умрест, Бедил, хиҷлати нашвунумо,

Дар арақ монанди шамъ охир ниҳон хоҳам шудан.

* * *

Ёди абрӯи каҷе зад ба дили мо нохун,

Мавҷ шуд баҳри ҷигарковии дарё нохун.

Саъйи тардастии мутриб чӣ қадар пурзӯр аст,

Мешикофад ҷигари санг дар ин ҷо нохун.

Ғунчае нест, ки авроқи гулаш дар бар нест,

Ҳар гиреҳрост ба сад ранг муҳайё нохун.

Сурати қадди дуто ҳалли муаммои фаност,

Уқда боз аст кунун, кардаам иншо нохун.

Бетамизон ҳама ҷо қобили беруни даранд,

Барканор аст зи ҳангомаи аъзо нохун.

Худсариҳо чӣ қадар ҳарзаталош аст ин ҷо,

Медавад рӯ ба ҳаво бо сари бепо нохун.

Беҳисӣ баски дар ин шӯразамин коштаанд,

Мӯю дандон дамад аз пайкари мо ё нохун?!

Халқи бекор зи бас шефтаи сархорист,

Ҳамчу ангушт нишондаст ба сарҳо нохун.

Гираҳи ришта дигар, уқдаи маънӣ дигар аст,

Чӣ хаёл аст, кунад ҳалли муаммо нохун?

Мавҷи ин баҳр фурӯмондаи сунъи гуҳар аст,

Нест дил бастаи коре, ки кунад во нохун.

Ғофил аз нашвунумо нест камини офот,

Сар буридан накунад қатъи вафо бо нохун.

Ҷавҳари коркушоӣ алами эҳсонҳост,

Мекунад дасти баланд аз ҳама боло нохун.

Бедил, аз давлати дунон ба тағофул бигузар,

Ҳеҷ накшояд, агар сар кашад аз по нохун.

* * *

Баски ёди қоматат бар бод дод аҷзои сарв,

Нолаи қумрӣ шуд охир қадкашиданҳои сарв.

Чидани доман дар ин гулшан гули озодагист,

Кист, то фаҳмад забони офиятимои сарв?

Матлаби озодагиҳо пур баланд афтодааст,

Оламе хам шуд ба фикри бори нопайдои сарв.

Боғбонон қадри озодӣ надонистанд, ҳайф,

Нола боистӣ дар ин гулшан нишондан ҷои сарв.

Бодаро дар домани мино баҳоре дигар аст,

Об дорад обрӯ, то меравад дар пои сарв.

Шуълаи идрок хокистаркулоҳ афтодааст,

Нест ғайр аз боли қумрӣ пунбаи минои сарв.

Баски мавзунон зи шарми қоматат гаштанд об,

Сурати фаввора бояд рехт аз аҷзои сарв.

Ин қадар раъно намеболад ниҳоли ин чаман,

Сояи нахли кӣ афтодаст бар болои сарв?

Пой дар занҷиру дарси гуфтугӯ озодагӣ?

Бедил, ин сатри такаллуф нест ҷуз иншои сарв.

* * *

Баски рашки қомати ӯ сӯхт сар то пои сарв,

Мавҷи қумрӣ рехт аз хокистари аҷзои сарв.

Пайкари озодию бори таҷаммул туҳмат аст,

Якқалам дасти тиҳӣ мерӯяд аз аъзои сарв.

Нолаи озод улфатпарвари занҷир нест,

Тавқи қумрӣ то куҷо холӣ намояд ҷои сарв?

Нахвати озодагӣ дуди димоғи кас мабод,

Як раги гардан намоён аст сар то пои сарв.

Нолаи дарде тароватобёри дил нашуд,

Ин чаман беоб монд аз норасоиҳои сарв.

Шӯри ҳусн аз сози ишқаш бишнаву хомӯш бош,

Ку-куи қумрист ин ҷо қулқули минои сарв.

Рангу бӯям қобили ташрифи озодӣ набуд,

Аз такаллуф дӯхтанд ин ҷома бар болои сарв.

Сифр дар маънӣ алифҳоро яке даҳ мекунад,

Тавқи қумрӣ мефазояд қадри истиғнои сарв.

Хок бар сар карда ишқу пой дар гил монда ҳусн,

Гар баҳор ин ранг дорад, ҳайфи қумрӣ, вои сарв!

Барнамедорад нуҳуфтан ҷавҳари озодагӣ,

Домани барчида пӯшидаст сар то пои сарв.

Бедил, охир хок мегардад дар ин ҳирмонсаро

Орази рангини гул то қомати раънои сарв.

* * *

Чу сиришк бесарупоиям қадаме назад ба ҳавои ту,

Ки ҳазор обила дар арақ нагудохтам зи ҳаёи ту.

Ба хироми фитна мадеҳ инон, ки мабод чун дили ошиқон

Ба таранги шиша занад ҷаҳон зи шикасти ранги ҳинои ту.

Ҳиҷил аст ҳиммати паркушо, ки ба фурсате барад илтиҷо,

Дили чок мекашад аз нафас саҳар интизори дуои ту.

Чамани вафокадаи карам накашад хиҷолати ин ситам,

Ки чу ғунча коса ба каф ниҳад зи дили шикаста гадои ту.

Ба сабот агар ҳама хам расад, манумо ба рабти адам расад,

Набарӣ гумон, ки ба ҳам расад лаби ман зи ҳарфи санои ту.

Зи сухан хурӯши ту ҷилвагар, зи хамӯшӣ оҳи ту пардадар,

Ба кадом замзама сар кашад мутаҳаййири манумои ту?

Зи фасонаи манию туӣ чӣ фурӯшам оинаи дуӣ?

Ба тааммуле нашудам гиреҳ, ки набуд банди қабои ту.

Агар аз туам, чӣ талаб кунам? Вагар ин манам, чӣ тараб кунам?

Ҳама инфиоли фузулиям, чи фанои ман, чи бақои ту.

Чӣ ҷунун? Ба худ такутози ман. Чӣ хато? Нишебу фарози ман,

Чӣ ҷаҳим? Ғафлати сози ман. Чӣ биҳишт? Ёди лиқои ту.

Ба чӣ ранг сурати хуни ман надарад ниқоби ҷунуни ман?

Ки ба оби оина шустааст асари ҳино кафи пои ту.

На ба дил зи аҷзи расо расам, на ба рамзи оина ворасам,

Ба куҷо расам, ки ба ҷо расам мани ғофил аз ҳама ҷои ту?

Чу саҳар ба олами ҷилваат хиҷилам зи туҳмати зиндагӣ,

Нафасе ки доштам, об шуд зи ҳиҷоби оинаҳои ту.

Мани Бедилу сафи инсу ҷон, дили хок то сари осмон

Ба фидои ту, ба фидои ту, ба фидои ту, ба фидои ту!


* * *

Гоҳ рӯй дар хокам, гоҳ ҷабҳа бар зону,

З-ин саре ки ман дорам, нест бехабар зону.

Ин қаламрави андӯҳ коргоҳи роҳат нест,

Ҳар кӣ фикри болин кард, ёфт зери сар зону.

Як мижа ба сад ибрат шарм чашми мо накшуд,

Ҳалқавор таҳ кардем бар ҳазор дар зону.

Гул дамидаем, аммо рангу бӯ пушаймонист,

Буд ғунчаи моро олами дигар зону.

З-ин талоши подаргил ку раҳу куҷо манзил?

Ҳамчу шамъ паймудем шом то саҳар зону.

Дил адабгаҳи ноз аст, даъвии ҳавас кам кун,

Боядат задан чун мавҷ пеши ин гуҳар зону.

Шӯхии тамиз аз мо вазъи амн напсандид,

Варна, санги ин куҳсор буд сар ба сар зону.

Бастаам камар умрест бар ҳаловати таслим,

Банд-банди ман дорад ҳамчу найшакар зону.

Узри тоқат аст ин ҷо қадрдони ҷамъият,

Пой то наёрад хам, нест дар назар зону.

Фикри сарнавишти ман то куҷо тариҳо дошт?!

То ҷабин ба ёд омад, гашт чашми тар зону.

Шаб зи кулфати асбоб шиква пеши дил бурдам,

Гуфт: Барнамедорад дарди сар, магар зону.

То ба кай ҳавастозӣ? Чанд ҳарзапардозӣ?

Тоирон, раҳо кардед зери болу пар зону.

Машқи маъниям, Бедил, бар табоеъ осон нест,

Сар фурӯ намеорад фикри ман ба ҳар зону.


* * *

Мунфаилам, бар кӣ барам ҳоҷати хеш аз бари ту,

Эй қадамат бар сари ман, чун сари ман бар дари ту.

Оинаи кавну макон ҳайрати сайри чаман аст,

Соғари ранги ду ҷаҳон ҳасрати гирди сари ту.

Тоби ҷамоли ту зи кас рост наёяд ба ҳавас.

Ҳалқаи гесӯи ту бас чашми тамошогари ту.

Маҳрами он лаъл нашуд коми таманнои касе,

Ғайри табассум кӣ барад чошнӣ аз шаккари ту.

Ранги ту ошуфта чу гул дар чамани орзуят,

Мавҷи ту ғалтон чу гуҳар дар талаби гавҳари ту.

Субҳ барад то ба куҷо поя зи қатъи нафасаш,

Во нашавад з-ин ҳавасе чанд раҳи манзари ту.

Нуҳ фалак аз гардиши сар гашта ба хамёза самар496

Туҳмати зарфи кӣ кашад бодаи бесоғари ту?

Саъйи талаб бесарупо, ҷодаи таҳқиқ расо.

Субҳасифат обилаҳо хуфта буруни дари ту.

Хатти ҳисоби манумо роҳ кушояд зи куҷо?

Сифр наёмад ба назар нуктае аз дафтари ту.

Бедил аз афсуни сухан булбули боғи чӣ гулӣ?

Ранги чаман мешиканад бӯи баҳор аз пари ту.
* * *

Маҳи нав менамояд имшабам аз осмон абрӯ,

Қадаҳ каҷ карда меояд ишоратҳои он абрӯ.

Таолаллаҳ, чӣ нақши дилфиреб аст ин, намедонам,

Ки ҷавҳар дар дами теғ аст ё ноз андар он абрӯ?

Ба ин андоз дар андешаи сайди кӣ метозад?

Ки умре шуд, ҳамон афкандааст аз каф инон абрӯ.

Ишорат маҳви ҳайрат кун, ки дар базми тамошояш

Ба ранги моҳи нав дар чашм мегардад ниҳон абрӯ.

На гулшан наргисе дорад, на дарё мавҷ меорад,

Ба олам фитна мекорад ҳамон чашму ҳамон абрӯ.

Чаро дар хоку хун наншонадам, дарде ки ман дорам?

Чу тир афкандааст аз хеш дурам он камонабрӯ.

Харобӣ мекунам, таъмири нозе дар назар дорам,

Зи бахти тираи ман вусмае мехоҳад он абрӯ.

Зи ғафлат шикваҳо пардохтам, аммо нафаҳмидам,

Ки хубонро тағофул гӯш мебошад, забон абрӯ.

Ҷаҳонеро таҳайюрбисмили нози ту мебинам,

Намедонам, чӣ теғ аст ин, ки дорад дар миён абрӯ?

Ба ёди чини абрӯи ту дарё ҳам зи амвоҷаш

Шикасте мекашад бар дӯши чандин корвон абрӯ.

Ишорат ҳам ба имои хаёлаш барнамеояд,

Агар бар авҷи истиғно набошад нардбон абрӯ.

Ба вазъи саркашӣ лутфи тавозуъ дидаам, Бедил,

Ба чашми маслаҳат теғам, ба арзи имтиҳон абрӯ.

* * *

Намегӯям, ба ишратгоҳи Маҷнун ҷаҳдпаймо рав,

Ғубори хонумон лахте497 бирӯб аз дил, ба саҳро рав.

Ҷаҳоне мекашад бар дӯши фурсат бори нокомӣ,

Ту ҳам имрӯз биншин дар сари ин роҳу фардо рав.

Намебояд сипанди миҷмари афсурдагӣ будан,

Ба пастӣ поймолӣ, андаке бо нола боло рав.

Чу овози ҷарас таҷриди498 озодӣ ғанимат дон,

Бурун з-ин корвонҳо домани худ гиру танҳо рав.

Паёми ёр меояд, кунун нанг аст худдорӣ,

Арақворе ба ҳасрат об кун дилрову аз ҷо рав.

Талоши гавҳари ноёб ҷаҳде тунд мехоҳад,

Агар мардӣ, ба ғаввосӣ зану беруни дарё рав.

Дар ин маҳфил ба навмедӣ чӣ лозим зиндагӣ кардан?

Ду рӯзе ҳар чӣ пеш ояд, тараб кун ё зи дунё рав.

Ниҳоли гулшани иқбол пур маъкус499 меболад,

Ба ранги шамъ, сар чандон ки афрозӣ, таҳи по рав.

Ҷунуни ҳирс ҳамвазъи қаноат барнамеояд,

Тасаллидушманӣ, чун умри муфлис дар таманно рав.

Мабош аз дастгоҳи ҳиммати аҳли фано ғофил,

Ҳама гар пашша бошӣ, чун пар афшондӣ, ба анқо рав.

Ғубори ман зи ҳад бурдаст иброми замингирӣ,

Мабодо, ишқ фармояд, ки бархез, аз дари мо рав.

Ба табъи дӯстон ёдат гаронӣ мекунад, Бедил,

Ба домони фаромӯшӣ бизан дасту зи дилҳо рав.

* * *

Барорад гарам оташи дил забона,

Шавад гарди боли самандар замона.

Кушоям гар аз бехудӣ шасти оҳе,

Кунам қуббаи чарх занбӯрхона.

Ба сад лофи ворастагӣ сайди хешам,

Набурдаст парвозам аз ошёна.

Чароғи адабгоҳи базми хаёлам,

Намеболад аз оташи ман забона.

Дар ин дашт халқе зи худ рафт, аммо

Надонист сарманзиле ҳаёт ё на.

Фалак нақши номи кӣ хоҳад нишондан

Ба ин хотами саднигин дар миёна?

Садафвор то як гуҳар ашк дорӣ,

Аз ин осиёҳо маҷӯ обу дона.

Ду рӯзе к-аз ин мовуман масти нозӣ,

Ба хоби адам гуфта бошӣ фасона.

Кафи пучмағзӣ, макун фикри дарё,

Ки ҳар ҷо туӣ, нест ғайр аз карона.

Қиёматхурӯш аст бунёди имкон,

Аз ин сози найранг инсон тарона.

Дамидаст аз оби манӣ мушти хоке

Ба сад сахтҷонӣ чу санг аз масона500.

Муҳол аст парвозат аз доми зулфаш,

Агар ҷумла тан бол гардӣ чу шона.

Ба пирӣ кашидем ранҷи ҷавонӣ,

Саҳар мекунад гул хумори шабона.

Агар гашти боғ асту гар сайри саҳро,

Равонем аз худ ба чандин баҳона.

Ғубори ҷасад чашмбанд аст, Бедил,

Чу деворат афтод, саҳрост хона.

* * *

Бар шуъла то чанд нозидани коҳ?

Дар давлати тез маргест ногоҳ.

Сад нақс дорад сози камолат,

Чандин ҳилол аст пешу паси моҳ.

Дар фикри хешем, озодагӣ ку?

Моро гиребон афканда дар чоҳ.

Ё Раб, чӣ сеҳр аст афсуни ҳастӣ?

Аз ҳеҷ будан кас нест огоҳ.

Бар ғафлати халқ хиффат мачинед,

Мағрури ноз аст оинаи шоҳ.

Дил сайди ишқ аст, маҳкуми кас нест,

Ал-ҳукму ли-л-лоҳ ва-л-мулку ли-л-лоҳ501.

Умре тапидем, то хок гаштем,

Фарсангҳо дошт ин як қадам роҳ.

Аз субҳи ин боғ шабнам чӣ дорад?

Ҷуз маҳмили ашк бар ноқаи502 оҳ.

Бар табъи озод зулм аст улфат,

То умр боқист, узр аз нафас хоҳ.

Эй нола, хомӯш, дар хона кас нест,

Як ҳарф гуфтем, афсона кӯтоҳ!

Бедил, чӣ гӯям аз яъси пирӣ?

Чун шамъам аз субҳ рӯз аст бегоҳ.

* * *

Ба ту нақши суҳбати мо чӣ қадар баҷо нишаста,

Ту ба нозу мо дар оташ, ту ба хобу мо нишаста.

Сару барги ҷуръати дил ба адаб чаро насӯзад?

Ки сипанд ҳам ба базмат зи тапиш ҷудо нишаста.

Чӣ қиёмат аст, ё Раб, ба ҷаҳони бениёзӣ,

Ки зи ғайб то шаҳодат ҳама ҷо гадо нишаста?

Чи ниҳон, чи ошкоро, набарӣ хаёли ваҳдат,

Ки зи дида то дил ин ҷо ҳама мосиво503 нишаста.

Марав, эй нигаҳ, ба гулшан, ки ба рӯйи ҳар гул он ҷо

Зи ҳуҷуми чашми шабнам арақи ҳаё нишаста.

Чу адӯ занад дузону, нахурӣ фиреби аҷзаш,

Ки ба қасди ҷон туфанге ба сари дупо нишаста.

Ҳама имшабат муҳайё, ту дар интизори фардо,

Нигаҳе, ки нақши ваҳмат зи амал504 куҷо нишаста?

Ба раҳе, ки барқтозон ҳама нақши пойи ланганд,

Ба куҷо расида бошам мани беасо нишаста?

Ба ҳазор хун тапидам, ки ба обила расидам,

Чӣ қадар баланд чинад сари зери по нишаста?

Ҳаваси кулоҳи шоҳӣ зи сарат барор, Бедил,

Ба чӣ нозад устухоне, ки бар ӯ ҳумо нишаста?

* * *

Паре мефишон, эй тааллуқбаҳона,

Ба дил чун нафас бастаӣ ошёна.

Дар ин арса зинҳор мафроз гардан,

Ки тири балоро нагардӣ нишона.

Гар аз сози бисмил асар бурда бошӣ,

Тапиш нест дар набзи дил бетарона.

Дили мову доғе зи савдои ишқат,

Сару саҷдаворе аз он остона.

Дар ин дашт ҷавлони бемақсади мо

Ба ҷуз шавқи манзил надорад баҳона.

Аз ин баҳр ворастан имкон надорад,

Маҷӯед бе хок гаштан карона505.

Мапурсед аз анҷому оғози зулфаш,

Дароз аст сарриштаи ин фасона.

Баҳор аст, эй майкашон, нашъатозе,

Ҷунун дорад аз бӯи гул тозиёна.

Сиришки ниёзам, наме аҷзсозам,

Чӣ сон гардам аз хоки кӯят равона?

Дили хаста, он гоҳ савдои зулфат,

Бинолам ба носурии захми шона.

Ба навмедиям хок шуд арзи ҷавҳар

Чу шамшер дар қабзаи мӯриёна506.

Садоест печида бар сози ҳастӣ,

Чӣ дорад ба ҷуз нола занҷирхона?

Фусурдему аз хеш рафтем, Бедил,

Чу ранг оташи мо надорад забона.


* * *

Тори пироҳани ҳаёст нигоҳ,

Косаи чашмро садост нигоҳ.

Ҳайрати оина замингирист,

Мижа то нест, беасост нигоҳ.

Шабнами ман ба васли гул чӣ кунад?

Ки зи чашми тарам ҷудост нигоҳ.

Ҳама офоқ наргисистон аст,

Чашм, гӯ, боз шав, куҷост нигоҳ?

Бетамизӣ тамизҳо дорад,

Кӯрро масҳи507 дасту пост нигоҳ.

Нест нақше буруни пардаи хок,

Ҳайрат аст ин, ки бар ҳавост нигоҳ.

Ҳосили мо дар ин тамошогоҳ

Интиҳо ҳайрат, ибтидост нигоҳ.

Мижаи баста ошёни ғаност,

Варна, ҳар ҷо расад, гадост нигоҳ.

Фитратат пойдаррикоби ҳавост,

Гар туро бар пари ҳумост нигоҳ.

Касрати ҷилва муфти диданҳо,

Гар кунад аҳвалӣ, баҷост, нигоҳ.

Шамъи фонуси интизори туем,

Гарди парвози ранги мост нигоҳ.

Зиндагӣ сози ҷилвамуштоқист,

Шамъро риштаи бақост нигоҳ.

Баски олам баҳори ҷилваи ӯст,

Бар рухи ӯст, ҳар куҷост нигоҳ.

Бедил, аз ҷилва қонеъам ба хаёл,

Чӣ тавон кард, норасост нигоҳ.
* * *

Дар шиканҷи иззатанд арбоби ҷоҳ,

Оби гавҳар барнамеояд зи чоҳ.

Нахвати шоҳӣ даҳони аждар аст,

Шамъро дармекашад охир кулоҳ.

Умрҳо шуд, метапад бе рӯи дӯст

Чун раги ёқут дар хунам нигоҳ.

Дар хаёлаш маҳв шуд осори ман,

Ин катонро шуст охир нури моҳ.

Дар адабгоҳи хами абрӯи ӯ

Моҳи нав дорад забоне узрхоҳ,

Хонаи Маҷнуни мо ҳам дуд дошт,

Равзани чашми ғизолон шуд сиёҳ.

Шуълаи моро дар ин офатсаро

Ҷуз ба хокистар намебошад паноҳ.

Ноумедӣ дастгоҳи зиндагист,

Тору пуди кисвати субҳ аст оҳ.

Шарм дор, эй саркаш, аз лофи ғурур,

Нест боли шуълаат ҷуз барги коҳ.

Боғу бустон пур мукаррар мешавад,

Ҷониби дил ҳам нигоҳе гоҳ-гоҳ.

Дар тамошохонаи оинаам

Мешавад ҷавҳар, чу месӯзад нигоҳ.

Ишқро бар нақси истеъдоди ман

Гиряи абр аст бар ҳоли гиёҳ.

Мегудозад шамъу аз худ меравад,

К-эй ба худ вомондагон, ин аст роҳ.

Дам мазан, Бедил, агар соҳибдилӣ,

Маҳрами оинаро куфр аст оҳ.

* * *

Зоҳидо, донишнасиби қисмати мубҳам508 наӣ,

Ҳасрати фирдавс то кай? Он қадар одам наӣ.

Зарра то хуршед лабрез аст аз истеъдоди хос,

Бешият ин бас, ки дар ҳар ранге аз худ кам наӣ.

Аз ҳарифон зарф мехоҳад хароботи яқин,

Ҷом бисёр аст, аммо кас чӣ созад? Ҷам наӣ.

Дар мизоҷат ҷавҳари таслим натвон ёфтан,

Гардани шамъӣ, ки ҳарчанд об гардӣ, хам наӣ.

Меҳрварзӣ дар ҳақи халқ эҳтироз аз кина аст,

Гар камини захм кам дорӣ, кам аз марҳам наӣ.

Даъвии ҳастист, к-охир хам ба дӯшат мекашад,

Дар каминат сернигунӣ чист, гар мулзам509 наӣ?

Анҷуманро хилвати таҳқиқи ӯ фаҳмидан аст,

Гар ту ин ҷо нестӣ, ҳуше, ки он ҷо ҳам наӣ.
1   ...   27   28   29   30   31   32   33   34   35


написать администратору сайта