Главная страница

Шпаргалка. Ахтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил. Ахтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи


Скачать 0.85 Mb.
НазваниеАхтарони адаб 37 айати мушовара ва таририяи
АнкорШпаргалка
Дата15.09.2021
Размер0.85 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлаАхтарони адаб 37 - Абдулкодири Бедил.docx
ТипДокументы
#232339
страница26 из 35
1   ...   22   23   24   25   26   27   28   29   ...   35

Ҷуз ба хомӯшӣ нагардад шамъ бо сарсар тараф.

Офиятҳо дар ҷаҳони бетамизӣ ҷамъ буд,

Кард одам гаштанат охир ба гову хар тараф.

Гар замин, гар осмон, ҳайрони найранги дил аст,

Шӯхии ин нуқта афтодаст бо дафтар тараф.

Қатра ку? Гавҳар кадом? Афсуни худбинӣ балост,

Ҷумла дарёем, агар ин уқда гардад бартараф.

Бедил, азбас шаш ҷиҳат ҷӯши баҳори ғафлат аст,

Сабзаи хобида меболад чу мижгон ҳар тараф.

* * *

Бар худ аз сози шукуфтан кай гумон дорад ақиқ?

Дархури номат табассум дар даҳон дорад ақиқ.

Ҷойи он дорад, ки бошад боби дандони тамаъ,

Нисбати дурӣ ба лаъли дилбарон дорад ақиқ.

Баски беоб аст ин саҳрои шуҳратэътибор,

Рӯзу шаб нақши нигин зери забон дорад ақиқ.

Содагӣ доруламони бетамизон будааст,

Ҳалқаҳои домро хотам гумон дорад ақиқ.

Айби мо рангинхаёлон маънии борики мост,

Арзи нуқсон то диҳад, аз раг забон дорад ақиқ.

Ҳар касе то хок гардидан ба ранге бисмил аст,

Хуни ранге дар фусурданҳо равон дорад ақиқ.

Ҳирс ҳар ҷо ғолиб афтад, бар ҷигар дандон фишор,

Дар ҳуҷуми ташнагиҳо имтиҳон дорад ақиқ.

Ҳар кӣ мебинӣ, ба қадри шуҳрат аз худ рафтааст,

Суди номе ҳам ба таҳсили зиён дорад ақиқ.

Бе ҷигар хӯрдан муяссар нест поси эътибор,

Обрӯ дар мавҷи хуни дил ниҳон дорад ақиқ.

Эътибороти ҷаҳон пур бенасақ406 афтодааст,

Ҷонканиҳо баҳри номи дигарон дорад ақиқ.

Хуни дилро дар бисоти дида ранге дигар аст,

Обрӯ дар хотам афзунтар зи кон дорад ақиқ.

Лаъли ёр аз баҳри муштоқон табассумпарвар аст,

Оби борике ба завқи ташнагон дорад ақиқ.

Маҳви лаълатро фусурдан низ оби зиндагист,

Ҳамчу дил, то ранги хуне ҳаст, ҷон дорад ақиқ.

Нест, Бедил, ковиши айём бар дилхастагон,

Дар шикасти худ ҳамон хатти амон дорад ақиқ.
* * *

Эй муждаи дидори ту чун ид муборак,

Фирдавс ба чашме ки туро дид, муборак.

Ҷон додаму хоки сари кӯйи ту нагаштам,

Бахт ин қадар аз ман написандид муборак.

Дар нарди вафо бурд ҳамин бохтанӣ буд,

Манҳус407 ҳарифе, ки нафаҳмид муборак.

Ҳар соя ки гум гашт, расонанд ба нураш,

Гардидани ранги кӣ нагардид муборак?

Эй бехирадон, ғарраи иқбол мабошед,

Давлат набувад бар ҳама ҷовид муборак.

Субҳи тараби боғи муҳаббат дами теғ аст,

Бисмиллаҳ, агар захм тавон чид, муборак.

Жӯлидагии мӯйи сарам чатри фароғест,

Маҷнуни маро сояи ин бед муборак.

Бар бом ҳилолабруи ман қибланамо шуд,

К-аз ҳар тараф омад хабари «Ид муборак!»

Дил қонеъи шавқест, ба ҳар ранг ки бошад,

Доғи ту ба мо, ҷом ба Ҷамшед муборак.

Дар ишқ яке буд ғаму шодии Бедил,

Бигрист, саодат шуду хандид, муборак.
* * *

Дар назарҳо маъниям гул мекунад ғайрат ба чанг,

Хомаам дорад мидод408 аз маҳзари доғи паланг.

Сози офоқ аз навоҳои шикасти дил пур аст,

Дар садои кӯҳ як миност лабрези таранг.

Бениқобӣ инқадарҳо барнамедорад ҷамол,

Ҳар сафоеро ки дидам, мекунад эҷоди занг.

Ҳар қадар мино ба санг ояд дар ин номусгоҳ,

Хиҷлати изҳор аз рӯйи парӣ шустаст ранг.

Дил фазое дошт пеш аз дастгоҳи мовуман,

Хонаи оина тимсоли нафасҳо карда танг.

Аз ҳадиси кинаҷӯ эмин набояд зистан,

Ҳар куҷо дам мезанад, дуди дигар дорад туфанг.

Аз мудорои фалак мумкин мадон ороми халқ,

Хоб ку, гар баҳри оҳу пӯст андозад паланг?

Маҳрами дарди дили мо кас дар ин куҳсор нест,

Бар садои нотавонон сина молидаст санг.

Рангҳо дорад саводи сурмаи чашми бутон,

Килки наққошон садаф гул карда дар хоки Фаранг.

Фаҳми ҳукмандозии шасти қазо осон магир,

Дар таҳи боли парӣ ин ҷо паре дорад хаданг.

Бо тааммул машварат дар кори ҳақ ҷустан хатост,

Домани фурсат кам афтодаст дар дасти диранг.

Бедил, ин ҷо офатимдод аст саъйи офият,

Фикри соҳил метарошад киштӣ аз коми наҳанг.
* * *

Магӯ, паёми вафо ҷаста-ҷаста дорад ранг,

Ҳазор нома ба хатти шикаста дорад ранг.

Ба оламе ки хаёли ту мекунад ҷавлон,

Ғубор ҳам чу шафақ даста-даста дорад ранг.

Ҳавои водии шавқи ту баски гулхез аст,

Чу шамъ хор ба по гар шикаста, дорад ранг,

На гул шиносаму не ғунча, ин қадар донам,

Ки ҷилваи ту ба дилҳои хаста дорад ранг.

Ҳавас ҳазор гулу лола, гӯ, ба ҳам сояд,

Кафат ҳамон зи ҳинои набаста дорад ранг.

Бурун нарафта зи худ сайри худ чӣ имкон аст?

Шарор дар гираҳи ранги ҷаста дорад ранг.

Тарабпарастӣ, аз афсурдагӣ баро, Бедил,

Ки шуъла низ зи по нонишаста дорад ранг.

* * *

Боз о, ки бе ҷамолат тӯфон шикаста бар дил,

Ту бор баста бар ноз, мо даст баста бар дил.

Сарви ту дар чӣ гулшан дорад хироми ишрат?

Чун доғ нақши поят сад ҷо нишаста бар дил.

Аз оҳи беасар ҳам мамнуни илтифотем,

К-аз яъс омад охир ин тири ҷаста бар дил.

Натвон ба ҷаҳд бурдан ғалтонӣ аз гуҳарҳо,

Оворагӣ иноне дигар гусаста бар дил.

Шабнам ба боғи ҳасрат дидор мепарастад,

Афтодаам ба роҳат оина баста бар дил.

Афсӯси ин ду дам умр, к-аз яъс боядам зад

Дар ҳар нафас кашидан теғе дудаста бар дил.

Чун ашки шамъ, Бедил, дур аз бисоти васлаш

Оташ фишонда бар сар, мино шикаста бар дил.

* * *

Ба ранге яъс ҷӯшидаст бо дил,

Ки дард ояд, агар гӯям: Биё, дил.

Ҷамолат мақсади чашм аст, ку чашм?

Ғамат боби дил аст, аммо куҷо дил?

Саропо нола меҷӯшем чун мавҷ,

Тапиш хун кард дар ҳар узви мо дил.

Даройи корвони дашти яъсем,

Чӣ созад, гар нанолад бенаво дил?

Суроғи мо ғубори боли анқост,

Ба ранги рафта дорад нақши по дил.

Зи ашку оҳи муштоқон мапурсед,

Ҳуҷуми бисмил аст аз дида то дил.

Зи парвози нафас ғофил мабошед,

Чу шабнам реша дорад дар ҳаво дил.

Зи хоки мо қадам фаҳмида бардор,

Мабодо, бишканӣ дар зери по дил.

Дар ин маҳфил касе муҳтоҷи кас нест,

Ҳамин кори дил афтодаст бо дил.

Гирифторам, гирифторам, гирифтор,

Намедонам, нафас дом аст ё дил?

Ба сурат бедилем, аммо ба маънӣ

Бувад чун ашк сар то пойи мо дил.

* * *

Захми теғе зи ту бардоштаам ҳамчу ҳилол,

Решаворе ба назар коштаам ҳамчу ҳилол.

Қонеъам з-ин чаманистон ба раги барги гуле,

Аз табассум лабе анбоштаам ҳамчу ҳилол.

Оқибат саркашиям саҷдафурӯшиҳо кард,

Дар дами теғ сипар доштаам ҳамчу ҳилол.

Нашавад арзи камолам калафи чеҳраи аҷз,

Дар бағал оина нагзоштаам ҳамчу ҳилол.

Сақфи кӯтоҳи фалак маърази раъноӣ нест,

Аз хамидан алам афроштаам ҳамчу ҳилол,

Нотавонӣ чӣ қадар ҷавҳари қудрат дорад.

Осмон бар мижа бардоштаам ҳамчу ҳилол,

Бедил, аз ҳастии ман побарикоб аст намуд,

Шомро ҳам саҳар ангоштаам ҳамчу ҳилол.

* * *

Зи ман умрест, мегардад ҷудо дил,

Надонам, бо кӣ гардид ошно дил?

Зи ҳарфи ишқ хоро мегудозад,

Ману розе, ки натвон гуфт бо дил.

Ба фикри новаки абрӯкамоне

Чу пайконам гиреҳ аз сина то дил.

Ба уммеди парӣ минопарастем,

Зи шавқат кард бар мо нозҳо дил.

Нафас оинаро зангори яъс аст,

Зи ҳастӣ бохт уммеди сафо дил.

Ба ранги лола нақди дигарам нест,

Магар аз доғ хоҳад хунбаҳо дил.

Тапишгумкарда ашке нотавон чашм,

Гираҳболида оҳе норасо дил.

Саботе нест бунёди нафасро,

Ҳубоби мо чӣ бандад бар ҳаво дил?

Мазан, эй бехабар, лофи муҳаббат,

Мабодо, об гардад аз ҳаё дил.

Дар он маъраз, ки ҷӯшад шӯри маҳшар,

Қиёмат ҳам ту хоҳӣ буд ё дил.

Ҳарифон, аз нишони ман мапурсед,

Хаёле доштам, гум гашт бо дил.

Фусурдан, Бедил, аз бедардиям нест,

Чу мавҷи гавҳарам дар зери по дил.

* * *

Гар кунад товуси ҳайратхонаи асбоб гул,

Дастгоҳи ранги ӯ бинад ҳамон дар хоб гул.

Эй баҳор, аз худфурӯшони дукони ранг бош,

Бедимоғонем мо, ин ҷо надорад боб гул.

Аз худам ёди ҷамоли майфурӯше бурдааст,

К-аз табассум ҷамъ дорад бо шароби ноб гул.

Ҷуз хамӯшӣ барнатобад маҳфили таслими ишқ,

Аз чароғи кушта ин ҷо мекунад одоб гул.

Офатэҷод аст сози зиндагӣ, ҳушёр бош,

Аз тароват хона дорад дар раҳи селоб гул.

Файзи хомӯшӣ ба боди лабкушуданҳо мадеҳ,

Эй зи худ ғофил, ҳамин дар ғунча дорад об гул.

Гулшани доғем, аз нашвунумои мо мапурс,

Дар баҳори мо зи оташ мешавад сероб гул.

Мӯйи чинӣ гар ба сомони сафедӣ мерасад,

Шоми мо ҳам метавонад чидан аз маҳтоб гул.

Беқарори ишқ ҳаргиз рӯйи ҷамъият надид,

Ҷуз парешонӣ накард аз нолаи бетоб гул.

Ғарраи ишрат машав, к-ин навбаҳори умрном

Ноумединакҳат асту матлабиноёбгул.

Эй ғаниматҷилва, фурсат парфишони ваҳшат аст,

Ранге аз табъи ҳавас хандидаӣ, дарёб гул.

Маънии равшан ба чандин печутоб омад ба каф,

Кард, Бедил, гавҳари мо аз дили гирдоб гул.

* * *

Гашт бар дили маъюс васлҷӯ шудан мушкил,

Пунба дид: бо оташ рӯбарӯ шудан мушкил.

Сад шикаст агар ҷӯшад, дил фано намехоҳад,

Ранг будан осон аст, лек бӯ шудан мушкил.

Саҷдаи қабули ишқ рабти ҷабҳа бо хок аст,

Бе чунин таяммумҳо бовузӯ шудан мушкил.

Решаи нафас ҳарчанд бар фалак сар афрозад,

Қобили самар чун субҳ з-ин нумӯ шудан мушкил.

Шубҳаи висоле ҳаст, варна, то абад ин ҷост

Халқи ҳеҷро бе ӯ мовуту шудан мушкил.

Ишқ сад ҷунун пардохт, лек бо ҳавас кам сохт,

Бар табиати мард аст сифлахӯ шудан мушкил.

Зоҳид, аҳли ҷаннатро ҷурду мурд409 мегӯянд,

Бе тароши риш аз ту содарӯ шудан мушкил.

Бигзарем аз ин дарё, сар агар қадам гардад,

Маҳрами шино ин ҷо бекаду шудан мушкил.

Улфати нафас оташ, ғайрати фано саркаш,

Сохтан ба худ душвор, пеши ӯ шудан мушкил.

Оҳ, як тааммулвор сар ба ҷайб кам бурдем,

Мавҷро дар ин дарё шуд фурӯ шудан мушкил.

Сайди ҳукми тақдирӣ, сар ба пеши по афкан,

Гардани заифонро нест мӯ шудан мушкил.

Дил ба дарз хурсанд аст, чорааш мафармоед,

Захмро, намебинӣ, чун руфӯ шудан мушкил.

Охир аз дили маъюс гашт бар мани Бедил

Узрхоҳи як олам орзу шудан мушкил.

* * *

Метавон дар боғ дид аз синаи афгори гул,

К-ин гуландомон чӣ миқдоранд дар озори гул.

Гар табассум з-ин адо чинад бисоти ғунчааш,

Медарад минқори булбул хандаи саршори гул.

Эй ситамгар, бар дуруштӣ нози раъноӣ мачин,

Дар назарҳо мехалад, ҳарчанд бошад хори гул.

Фурсати нашвунумо айёри410 ин бозича411 аст,

Ранг то пар мекушояд, мебарад дастори гул.

Хонавайрон аст ин ҷо, то ба худ ҷунбад насим,

Хишт чинад то куҷо бар рангу бӯ меъмори гул?

Паҳлуи ҳиммат макун фарши бисоти эътибор,

Махмали кимхоб дорад давлати бедори гул.

Бояд аз дил то ба лаб чандин гиребон чок зад,

Кори осоне мадон хандидани душвори гул.

Боғи имкон дарсгоҳи узри бесармоягист,

Ранг ку, то гардише иншо кунад паргори гул?

Ғафлати бедард пур беибратам бурд аз чаман,

Нолаи дил дошт бӯ дар бистари бемори гул.

Мо ба фикри моя афтодему кор аз даст рафт,

Рангу бӯ савдои муфте буд дар бозори гул.

Мебарад хоби баҳори нозам аз ёди хаташ,

Бе фусуне нест, Бедил, сояи девори гул.

* * *

Мекунад дарси раме аз рангу бӯ такрор гул,

Бо ҳама бедаступоӣ нест пур бекор гул.

Ғунчаҳо аз ҷӯши дилтангӣ гиребон медаранд,

Варна, ин гулшан надорад як табассумвор гул.

Ҳамчу шабнам боядат ҳайрат ба доман карду бас,

Ин чаман дорад ба қадри дидаи бедор гул.

Офият муфт аст, агар дар забти худ кӯшад касе,

Чун парешон шуд, нагардад ҷамъ дигар бор гул.

Бӯи дарде метаровад аз мизоҷи навбаҳор,

Дар ғубори ранг дорад нолаи бемор гул.

Ваҳшате мебояд, асбобе дигар даркор нест,

Ҳар қадар з-ин боғ доман чидаӣ, бардор гул.

Тарзи равшанмашрабон бегона аз ороиш аст,

Шамъро мушкил, ки гардад зинати дастор гул.

Ин қадар захм ошёни новаки бедоди кист?

Орзу чидаст аз дил то лаби сӯфор гул.

Улфати асбоб манъи шавқи ваҳшатпеша нест,

Садди роҳи бӯ намегардад ба сад девор гул.

Булбули мо бехабар бар шуълаи овоз сӯхт,

Бедил, ин ҷо дошт аз ранг оташе ҳамвор гул.

* * *

Навбаҳор орад ба имдоди мани бемор гул,

То ба ҷойи ранг гардонам ба гирди ёр гул.

Дар гулистоне, ки шарм оинадори нози ӯст,

Маҳви шабнам мешавад аз шӯхии изҳор гул.

Боғбон, аз даври гардони чаман ғофил мабош,

То каям дар дида бошад рахнаи девор гул?

Аз хамӯшӣ пардадори шӯхии ҳусн аст ишқ,

Мекунад булбул ниҳон дар ғунчаи минқор гул.

То нафас боқист, бояд хасми роҳат буду бас,

Ҳам зи бӯйи хеш дорад дар гиребон хор гул.

Рангу бӯ номаҳрами файзи баҳори нестист,

Хоки роҳе бошу аз ҳар нақши по бардор гул.

Гар зи асрори баҳори ишқ бӯе бурдаӣ,

Ғайри доғу захму ашку обила машмор гул.

Бар бисоти ғунчахуспон гар расӣ, оҳиста бош,

Мешавад аз ҷунбиши набзи нафас бедор гул.

Ин ҳадис аз шамъ равшан шуд, ки дар базми вафо

Доғ дорад зеби дил чун зинати дастор гул.

Ҳосили ин боғ бар доман гаронӣ мекунад,

Чун сипар бар пушт бояд бастанат ночор гул.

Ҷилва дар пеш аст, ташвише дигар иншо макун,

Ҳар куҷо бошад, ҳамон бо ранг дорад кор гул.

Шӯхии нашвунумоҳо баски шабнампарвар аст,

Сабза чун мижгони Бедил карда гавҳарбор гул.

* * *

Вуфури мол ба таъкиди хиссат аст далел,

Кушоди даст намехоҳад остини тавил.

Шарар чӣ бол тавонад кушуд дар дили санг?

Чароғ дидаи мӯр аст дар саройи бахил.

Ба қуввати ҳашам аз ҷодаи адаб магузар,

Салои коми наҳанг аст кӯча додани сел.

Зи саркашон ба бузургӣ фурӯтанӣ ғалат аст,

Чӣ мумкин аст, хамидан расад ба гардани фил?

Ғазаб ба ҷуръати таслим барнамеояд,

Ҳаёст оташи Намрудро зи вазъи Халил.

Румузи ишқ сазовори хушкмағзон нест,

Нафас ба ҳавсалаи най намешавад таҳлил,

Қади хамида ба сад эҳтиёҷ доғам кард,

Чӣ гадяҳо ки нафармуд сози ин занбил!

Ба сурху зард манозед зери чархи кабуд,

Ки ҷома ҳар чӣ бувад, мотамист дар хуми нил.413

Ба ҳар хаёл қаноатгар аст марҳумӣ,

Кашед сурма ба чашми парӣ зи сояи мил.

Ҳавас бизоати мавҳуми мо чӣ арз диҳад?

Мубарҳан414 аст аз иҷмоли зарраҳо тафсил.

Хабар зи дил нагирифтӣ, касе чӣ чора кунад?

Ки шишаест ба тоқи тағофулат таҳвил.

Адабғубори хамӯшист корвони ҳубоб,

Нуҳуфтаем ба забти нафас даройи раҳил.

Чу шамъ хирасари фурсатему з-ин ғофил,

Ки чин баланд гирифтаст домани таъҷил.

Талоши илму адаб муғтанам шумар, Бедил,

Макаш хумори шаробе, ки ақлрост музил.

* * *

Аз иззату хорӣ на умедест, на бимам,

Ман гавҳари ғалтони худам, ашки ятимам.

Дил нест бисоте, ки фузулӣ расад он ҷо,

Тури адабам, сурмаи овози Калимам.

Ҳарчанд сару барги матоъе дигарам нест,

З-ин гарди нафас қофилаи мулки азимам.

Аз неъмати бехост ба куфрон натавон зад,

Муҳтоҷ наям, лек карим аст каримам.

Аз сояи гумгашта маҷӯед сиёҳӣ,

Шустанд ба сарчашмаи хуршед гилемам.

Болидани ман то надарад ҷомаи офоқ,

Бориктар аз риштаи таҳқиқи ҷасимам.415

Чашме накушудам, ки ба захме натапидам,

Умрест, чу ибрат ба ҳамин кӯча муқимам.

Бо теғ тараф гаштаам аз дасти саломат,

Чун шамъ ба ҳар ҷо сари хеш аст ғанимам.416

Бе дарди саре нест саҳар низ дар ин боғ,

Сандалбаҷабин мевазад аз дур насимам.

Чун хӯшаи гандум чӣ диҳам арзи табассум?

Аз хок паёмовари дилҳои дунимам.

Бедил, наям имрӯз хиҷолаткаши ҳастӣ,

Чун чарх сарафкандаи адвори қадимам.

* * *

Эй наргисат ҳаёкадаи сулҳу ҷанг ҳам,

Сози ғизол роми ту, хашми паланг ҳам.

Дунболаҳои абруят аз дил гузаштааст,

Меояд аз камони ту кори хаданг ҳам.

Танҳо на даф зи ҳалқабагӯшони базми туст,

Дорад саре ба фикри суҷуди ту чанг ҳам.

Рангинии либос чӣ миқдор дилкаш аст,

Гул кардааст ин ҳавас аз табъи санг ҳам.

Аз огаҳӣ ба мағзи хирад ҷамъ кардаем

Кайфияте, ки нест дар авҳоми банг ҳам.

Зону задан зи хасм, мапиндор, оҷизист,

Пайдост ин адо дами кин аз туфанг ҳам.

Эй хиссатат уқубати ҷовид, ҳуш дор,

Бадтар зи қабр мефишурад чашми танг ҳам.

Роҳест роҳи умр, ки худ қатъ мешавад,

Васли фано шитоб надорад, диранг ҳам.

Аҷзест дар мизоҷи таҳайюрсиришти ман,

К-аз хеш рафтанам нашикастаст ранг ҳам.

Дар коргоҳи ишқ саломат чӣ мекунад?
1   ...   22   23   24   25   26   27   28   29   ...   35


написать администратору сайта